Ҷумъа 19 апрел 2019 мелодӣ баробар бо 13 шаъбон 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Нақдҳо ва баррасиҳо

Нақдҳо ва баррасиҳо дар бораи
Код Шумора Мавзӯъ ва матни нақд Нависандаи нақд Тарихи нақд Таълиқ
44
Шинохти Ислом
Навид Сатторӣ 01/12/2017
43
Куллиёт
Паёмаи фаврӣ. Лутфан ин паёми бандаро дар асраъи вақт ба шахси оқойи Хуросонӣ бирасонед. Ин ҷониб дар иттилоъти сипоҳи [Эрон] кор мекунам, вале аз тарафдорони ин олими бузугрвор ҳастам ва наҳзати эшонро наҳзати бар ҳақ медонам ки ин шоъ Аллоҳ ба зуҳури ҳазрати Маҳдӣ аҷҷалаллоҳу таъоло фараҷул шариф мунҷар хоҳад шуд. Ҳатман то ҳоло фаҳмидаед ки ин низом ба ҳеҷ ваҷҳ зарфияти қабули даъвати эшонро надорад, балки ҷараёни эшонро сирфан аз зовияи амниятӣ баррасӣ мекунад ва танҳо чизе ки ба он аҳмият намедиҳад мабонии илмӣ ва ормони Исломии эшон аст! Лозим аст ҳасби таклифи шаръии худам, ба иттилоъи шумо бирасонам ки бино бар иттилоъи дақиқи ин ҷониб, сипоҳ пеш аз расад ва баррасии комили наҳзати оқойи Хуросонӣ ба ин ҷамъбандӣ расида ки наҳзати эшон муҳимтарин чолиши фарҳангӣ ва таҳдиди амниятӣ барои низом дар ояндаи наздик аст; Лизо бо таваҷҷуҳ ба ҷиддият, умқ, таъсиргузоӣ ва рушди сариъи ин наҳзат дар муддатӣ кӯтоҳ, тасмим гирифтааст ки то поёни соли ҷории шамсӣ, оқойи Хуросониро дар яке аз кишварҳои шарқӣ ёфта ва терор кунад. Барои ин манзур, як тими амалиётӣ дар кишвари ... ва шаҳри ... фаъол шуда ва дар ҳоли ҷустуҷӯ ба дунболи маҳалли иқомаи эшон аст. Маъмурияти ин тим, ёфтани эшон ва сипас талош барои рабудан ва интиқоли эшон ба Эрон ва дар сурати адами имкони ин кор, терори эшон бидуни сару садост. Ин тасмиме аст ки дар радаҳои болои низом гирифта шуда ва қарор аст ҳаддиаксар то иди [наврӯз] иҷроӣ шавад. Албатта тадобири дигаре ҳам барои муқобила бо наҳзати эшон дар дохил андешида шуда; Масалан аз бархӣ афроди ҳавзаӣ муртабит бо сипоҳ хоста шуда ки матолиберо дар радди афкори эшон омода кунанд то дар сурати лозим мунташир шавад ва шойеоътеро барои тахриби бештари ин ҷараён ва ҳуввияту савобиқи оқойи Хуросонӣ байни мардум интишор диҳанд. Лизо тавсиаи ман ба шумо ин аст ки аз ҳар назар омода ва ҳушёр бошед ва аз ин олими бузургвор муҳофизат кунед; Чароки тавтиъаи азиме бар зидди шумо тадорук дида шуда ва фитнаи бузурге дар роҳ аст. Саломи ин ҷонибро ба аллома бирасонед ва аз эшон бихоҳед ки барои ман дуъо кунанд.
Ношинос 12/10/2017
42
Куллиёт
Оё ҳазрати Мансури Ҳошимӣ умеде ба амалӣ шудани наҳзати худ дорад? Наздиктарин давлат ба ақойид ва боварҳои вай, ҳамин Эрон аст ки ба қавли шумо ҳокимонаш сухани ҳазрати Мансурро шунида, мунтаҳии вуқуъе ба он намениҳанд! Ҳол дар мақоми баъд аз адами таъсири калом, эшон қоъил ба ҷиҳод бо онҳо аст, дар ҳоле ки чи бисёр эътирозоте ки дар мавриди умури мухталиф ба ҳукумат шуда ва ҳамаи онҳо шикаст хӯрдаанд. Ҳол ин вазъи Эрон аст, сойири кишварҳо мин ҷумла Арабистон ки душмантарини ҳукуматҳо аст ва зуҳур бояд онҷо иттифоқ бияфтад бимонад. Савол инки оё Худо ва имом роҳӣ беҳтар ва осонтар барои зуҳур мутасаввир нестанд? Мо тоза ба ҳукумати Эрон дар ҳифзи амнияти имом, ҳусни занн дорем, шумо ки надоред чигуна дар муқобили ин ҳама ҳукумат, метавонед умеде дошта бошед? Ба назар агар имдоди ғайбии Худо ва кӯмаки Ӯ барои зуҳур набошад, умеде ба наҳзат нест; Чун коре аз ин наҳзат бар намеояд. Кадом кор?
Маҳдии Торамӣ 19/08/2017
41
Меъёр ва мавонеъи шинохт
Маҳдии Торамӣ 31/07/2017
40
Куллиёт/ Мавонеъи бозгашт ба Ислом
Бародарони мӯҳтарам! Суханро кӯтоҳ мегӯям. Мо мусалмон ва шиъаи аҳли байт ҳастем ва луқмаи ҳалол хӯрдаем ва медонем ки даъвати оқои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ имом Маҳдӣ ҳақ аст. Мушкили мо бо эшон се чиз аст: Аввал инки эшон бо танҳо ҳукумати шиъа дар ҷаҳон ки дар баробари Амрико ва Исроъил истодааст мухолифат дорад ва онро номашрӯъ медонад, дар ҳоле ки бояд дар канори ин ҳукумат қарор мегирифт ва аз он ҳимоят мекард. Дуввум инки эшон оятуллоҳ Хоманаи валии амри мусалмонони ҷаҳонро дар канори Абубакр Бағдодӣ раҳбари тераристҳо ном бурда ва ин ҳам тавҳин ба эшон аст ва ҳам ниҳояти беинсофӣ аст. Низоми мо ҳар айбе дошта бошад қобили муқойиса бо низомҳо ва гурӯҳҳои дигар нест. Шумо мутмаъин бошед ки агар низоми мо аз эшон ҳимоят накунад ҳеҷ низоми дигаре дар дунё аз эшон ҳимоят нахоҳад кард. Севвум инки эшон баланд шуда ва рафтааст сари кӯҳҳо ва дар манотиқи дурафтодаи Афғонистон ва Тоҷикистон ва худашро аз мардум пинҳон кардааст ва тасвиру мушаххасоташро мунташир намекунад то ҳама ӯро бишносанд ва битавонанд бо ӯ иртибот бигиранд ва ҳарфашро бишнаванд, дар ҳоле ки як раҳбари инқилобӣ ва муслеҳ набояд ин тавр амал кунад; Чун ин боъиси бадгумонӣ ба ӯ ва аз даст рафтани фурсатҳо мешавад. Мушкили мо бо эшон ин се маврид аст, вагарна мо бо соири ақойид ва ҳарфҳои эшон мушкиле надорем ва онҳоро бисёр маъқул ва ҷолиби таваҷҷуҳ ҳам медонем ва ҳатто инкор намекунем ки эшон мумкин аст ҳамон саййиди Хуросонии мавъуд бошад. Вассалом
Ношинос 06/07/2017
39
Мавонеъи бозгашт ба Ислом
Иброҳим Намозӣ 30/05/2017
38
Куллиёт
Дар ҳоли мутолеъа ҳастам, аммо чанд пурсиш бароям ҳодис шудааст ки посухи оҷил металабад. Якум. Шеваи нақли матолиб аз эшон аст ки ишора дорад ба маҷолисати афрод бо эшон ва ҳаводисе ки муҷиби гуфтугӯ шуда ... бо ӯ ки ривоят карда читавр ривояташ ба китоб мунтақил шудааст? Масалан ахбарно фалони инна саъалул Мансур ... ин чигуна аст? Лутфан ба таври мукфӣ посух диҳед. Оё ин гуфтугӯ аз замони қадим аст ё ҷадид? Мухбир ба ки гуфта ва ... Дуввум. Инки матолибро ки шарҳ карда ва иртиботи шореҳ ~ва нависандаи матн чигуна аст? Гӯй инки матн ҳам он худи эшон нест ривоят аз эшон аст басон ойина дар ойина ... читавр аст моҷаро? Рӯшан аст ки фаҳс аз санадият ва иттисол ва тариқи иттисол аст ва як кунҷковии ғаризӣ нест. Севвум. Бархӣ аз ҷонибдорон дар фесбук бо овардани матолиби эшон ба мубоҳиса ва мудофиъа мепардозанд ва кор ба мушоҷира ва беодобӣ ва ... мекашад ва бар нигоранда комилан ошкор шуд ки фиҷумла инон лоиқи бардоштани борӣ ба ин сангинӣ нестанд. Касе метавонад доияи дифо аз ақойиди ҳаққеро дошта бошад ки мароҳиле аз сайр ва сулук гузаронда бошад ва бидонад миқдори пешравӣ дар мухотабат афроди гуногун дар мизони ақл ва пазириш чиқадар аст ва ба нармӣ дар ин кор дарояд ва андоза нигоҳ дорад ва ба ҷунуди ҷаҳл паноҳ наёварад. Инон бо изн дар ин кор шудаанд чаро нозоранд? Беизн омадаанд ки ваҷҳи дигаре дорад. Сухани охир. Табиъӣ аст агар ин дастгоҳ ҳақ аст набояд аз ман мутавақеъ бошад ки ба ин содагӣ таъйиди ҷараён кунам. Пурсиши ман таҳқиқи сирф ва орӣ аз ҳар таъйид аст. و علی الله التکلان.
Насрин 11/04/2017
37
Куллиёт
Ин ҷониб муддате аст ки китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ро мутолеъа кардаам ва бо наҳзати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ошно шудаам ва онро саршор аз ақлоният ва эътидол ёфтаам, то ҳадде ки шуғламро ба хотири муғойираташ бо бархӣ фармойишҳои эшон раҳо кардаам ва ба дунболи шуғли дигаре мегардам, вале ахиран дар ҷомеъа бо афрод ва гурӯҳҳои мухталифе бархурд мекунам ки муддаъии иртибот бо аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва намояндагоне аз тарафи дафтари эшон ҳастанд, дар ҳоле ки ҳарфҳо ва корҳояшон бо чизҳое ки дар сайти шумо мебинам созгорӣ надорад! Ман ба хотири иртиботи зиёде ки бо маҳофили мазҳабӣ дар чанд шаҳри Эрон дорам муталеъ шудам ки дар ин шаҳрҳо ҳам авзоъ ба ҳамин минвол аст ва чунин афрод ва гурӯҳое пайдо шудаанд ва машғули фаъолиятанд. Дар ҳамин шаҳре ки ман зиндагӣ мекунам зане ҳаст ки худашро дар иртибот бо ҳазрати Фотима алаҳо салом медонад ва мегӯяд ки ман суъолотамро аз эшон мепурсам ва бо ин иддаъо ба сӯӣ аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ даъват мекунад! Каси дигаре ҳам ҳаст ки маъруф ба истихора гирифтан аст ва бо ин ҳол, худашро намояндаи эшон муъаррифӣ мекунад ва маҷолисе баргузор мекунад, дар ҳоле ки истихора гирифтан аз назари аллома мӯътабар нест! Касонеро ҳам суроғ дорам ки гаройишҳои Қуръонӣ ё ахборӣ доранд ва ба бархӣ саҳоба ё уламо ё масъулин иҳонат мекунанд ва бо ин ҳол, худашонро ҳомии аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мешуморанд, дар ҳоле ки эшон то ҷойе ки ман донистаам ҳам бо гаройишҳои Қуръонӣ мухолиф аст ва ҳам бо гаройишҳои ахборӣ ва иҳонат ба саҳоба ё уламо ё масъулинро ҷойиз намедонад! Аз бархӣ дӯстонам дар шаҳрҳои дигар ҳам шунидаам ки бархӣ афрод муддаъии каромат ва иртибот бо имом Маҳдӣ ва рӯъёҳои содиқа, эшонро саййиди хуросонӣ меноманд ва худашонро дар иртибот бо эшон муъаррифӣ мекунанд! Лизо бардошти ман ин аст ки ахиран ҳарфу ҳадисҳои зиёде дар шаҳрҳои мухталиф дар бораи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба роҳ афтода ва афроду гурӯҳҳои зиёде бо иддаъои иртибот бо эшон ё намояндагӣ аз эшон, дар ҳоли фаъолиятанд ва иддаеро ба даври худ ҷамъ мекунанд! Суъоли ман ин аст ки шумо то чи андоза дар ҷараёни ин афрод ва гурӯҳҳо ҳастед ва то чи андоза корҳо ва ҳарфҳои ононро таъйид мекунед?
Қаюмӣ 18/03/2017
36
Меъёр ва мавонеъи шинохт
Ризо Розӣ 19/11/2016
35
Меъёр ва мавонеъи шинохт
Ризо Розӣ 19/11/2016
34
Шинохти Ислом
Муҳаммад Юсуф 06/11/2016
33
Меъёр ва мавонеъи шинохт
Ризо Розӣ 01/10/2016
32
Куллиёт
Доввуд Каримӣ 11/09/2016
31
Шинохти Ислом
Маҳдия 31/08/2016
30
Шинохти Ислом
Маҳдия 31/08/2016
Рафтан ба
коди
Ибтидо/123/Интиҳо
Рафтан ба
саҳифаи
Донлуди маҷмӯъаи нақдҳо ва баррасиҳо
Нақдҳо ва баррасиҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?