Чоршанбе 16 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 17 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

   
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чиҳилу нуҳум
Мавзӯъ:

Омезиш бо милал ва фарҳангҳои ғайри Исломӣ (2)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Ин рӯзҳо мушкилоти бузурге домани мусалмонони ҷаҳонро гирифтааст ва ҳар рӯз ҳам бар ҳаҷми онҳо афзуда мешавад ва агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, ҳалокати ин уммат ҳатмӣ аст, ҳамон тавр ки умматҳои гузашта нахуст ба чунин рӯзҳойе расиданд ва сипас ҳалок шуданд, дар ҳоле ки бояд аз оқибати умматҳои гузашта ибрат бигирем ва ибрат аз он ин аст ки бидонем ин ҳама гуноҳ ва зулм ва ҷанг ва ҷиноят ва фитна ва тафриқа дар уммати Ислом, бидуни кайфар намемонад; Чун суннати Худованд аст ки ҳар уммате ба чунин роҳе қадам бигзорад ба азоби Ӯ дучор шавад; Хоҳ азобӣ осмонӣ ва ногаҳонӣ ва хоҳ азобӣ заминӣ ва тадриҷӣ. Беҳикмат нест ки устозунал Мансур дар чунин бурҳаи ҳассосе аз тарихи Ислом зуҳур фармудааст то мусалмонони ҷаҳонро аз азоби Худованд бим диҳад ва ба пешгирӣ аз он бо <<Бозгашт ба Ислом>> даъват кунад; Чунонки дар номае хитоб ба онон навиштааст:

<<То он гоҳ ки навбат ба Маҳдӣ расид ва қиёмат наздик шуд ва дилҳо сахт гардид. Пас Худованд бандае аз бандагоншаро аз ҷойе ки офтоб медамад барангехт, бо ҳикмат ва андарзи неку то аҳди Ӯро ба ёди онон оварад ва ононро ба сӯӣ халифааш дар замин аз итрат ва аҳли байти Паёмбараш даъват кунад, бошад ки онон бозгарданд ва он банда ман ҳастам. Пас даъватамро иҷобат кунед ва ба сӯӣ Маҳдӣ бозгардед, то гуноҳонатон омӯрзида шавад ва корҳотон сомон ёбад, пеш аз онки рӯзе бар шумо бирасад ки бар Од ва Самуд ва қавми Нӯҳ расид.>> [Номаи ёздаҳум].

Инки фармудааст: <<Пеш аз онки рӯзе бар шумо бирасад ки бар Од ва Самуд ва қавми Нӯҳ расид>>, суханӣ газзоф нест, балки ҳушдорӣ ҷиддӣ мубтанӣ бар дарки авзоъи кунунии ҷаҳони Ислом аз як сӯ ва суннатҳои ғайри қобили тағйири Худованд аз сӯӣ дигар аст ва бо ин васф, бояд аз он тарсон ва мутанаббеҳ шуд. Аммо роҳи наҷоти мусалмонон аз ин оқибати ҳувлнок чист? Қаблан рӯшан шуд ки устозунал Мансур, танҳо роҳи наҷоти мусалмонон аз азоби Илоҳӣ ва убури онон аз бӯҳронҳои мавҷудро бозгашташон ба Ислом медонад ва муродаш аз он иқомаи Ислом ба сурати холис ва комил барканор аз ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббар ва хурофагароӣ аст. Албатта рӯшан аст ки ҳар касе дар ҷаҳон, Исломи холис ва комилро ба наҳвае таъриф мекунад; Суннӣ ба наҳве, шиъа ба наҳве, балки ба даҳ гуна, вале таърифи устозунал Мансур бар хилофи таърифи дигарон, мубтанӣ бар усули муштарак ва далоили яқинӣ аст, на усули мазҳабӣ ва далоили заннӣ ва ин тафовутӣ ҷавҳарӣ ва маззиятӣ мунҳасир ба фард аст ки даъвати эшонро ба даъвати қобили қабул барои ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табдил кардааст. Шумо ба вузуҳ мушоҳида мефармойед ки ин бузургвор дар даъвати худ танҳо аз оёти Қуръон ва ривоёти мутавотири Набавӣ ва қавоъиди рӯшани ақлӣ баҳра мегирад ва аз ҳар гуна истинод ба ривояти воҳид ва аҳодиси махсуси ба як мазҳаб ва ё қиёс ва истеҳсон мепарҳезад ва ин рӯйкарде аст ки мо назире барои он дар кулли ҷаҳони Ислом намеёбем. Бо як баррасии истиқроъӣ метавонем сиҳҳати ин иддаъоро исбот кунем. Шумо ба сойири ҷараёнҳо ва наҳлаҳои фикрии мавҷуд дар ҷаҳони Ислом нигоҳ кунед. Мушоҳида мефармойед ки ҳар як аз онҳо бидуни истисно бар бунёди як асли ғайри мусаллам ва махсуси ба як мазҳаб ё бар бунёди як бардошт аз бархӣ ахбори воҳид шакл гирифтааст ва фаъолият мекунад. Ба унвони намуна, бархӣ аз онҳо бар бунёди як ривояти воҳид, номарбут ва махсуси ба шиъа, як низоми ариз ва тӯли сиёсӣ бо иддаъои вилояти мутлақа ва интисоб аз ҷониби Худовандро шакл додаанд ва мухолифони худро муҳориб ва муфсиди филарз мешуморанд ва мегиранд ва мебанданд ва мезананд ва ҳаср мекунанд ва бархӣ дигар бар асоси тақлид аз чанд саҳобӣ ва тобеъӣ ки як рӯйкарди мазҳабии махсуси ба аҳли суннат аст, барои худашон хилофат ташкил додаанд ва ҳазорон мусалмонро барои тасбит ва тавсиъаи он мекушанд ва овора мекунанд ва бархӣ дигар бо истинод ба як ривояти воҳид, заъиф ва махсуси ба шиъа то иддаъои Маҳдавият ва имомат пеш рафтаанд ва ҳар рӯз ҳам иддаъои ҷадидеро бар он меафзоянд ва иддаи бештареро ба доми худ гирифтор мекунанд ва бархӣ дигар бо истинод ба бардоштҳои завқӣ ва шоъиронаи худ аз дин, ирфонӣ ҷадид сохтаанд ва тарвиҷ додаанд ва ҳазорон инсони ҷоҳил ва эҳсосотӣ дар ҷаҳонро ба дунболи худ роҳ андохтаанд ва бархӣ дигар бидуни ҳеҷ далиле аз ақл ва шаръ ва танҳо бо ин мантиқи ноқис ва маъюб ки ҳукумати аксарият ҳамеша аз ҳукумати ақалият беҳтар аст, барои демокросӣ мубориза мекунанд ва молу ҷон мегиранд ва медиҳанд ва хулоса ҳар ҷараён ва наҳлае дар ҷаҳони Ислом, ба ҳамин тартиб бар бунёди як асли ғайри мусаллам ва махсуси ба як мазҳаб ё бар бунёди як бардошти шахсӣ ва ғайри бурҳонӣ, шакл гирифта ва машғули фаъолият аст. Дар ин миён, танҳо даъвати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба сӯӣ ҳокимияти имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки монанди офтоб дар миёнаи осмон медурахшад ва дар як уфуқи болотар ва дурдаст бар асоси яқинитарин ва мусалламтарин муъаллифаи Исломӣ шакл гирифтааст ва фаъолият мекунад ва аз ҳайси матонати мабно ва таҳорати рӯйкард, қобили муқоиса бо ҳеҷ як аз ҷараёнҳо ва наҳлаҳои мавҷуд нест. Ин ҳақиқати ошкор ва ғайти қобили инкоре аст ки ҳар мусалмони мутталеъ ва мунсифе дар ҷаҳон онро мушоҳида ва тасдиқ мекунад, ҳар чанд мунофиқоне ки дар манҷалоби куфр ва таъассуб фуру рафтаанд ва дигар аз шуъур ва виҷдон дар онҳо асаре намондааст, онро ҳошо мекунанд ва ба сухра мегиранд! Ба ростӣ чи касе ҷуз як мунофиқ ё сафиҳ, метавонад ин даъвати Илоҳӣ бо чунин мабнои ракин ва рӯйкарди мутаҳҳареро дар канори ин ҷараёнҳои воҳӣ ва наҳлаҳои кӯдакона қарор диҳад?! Бидуни шак ҳар  замонеро оқилоне аст ва оқилони замони мо, қадри ин даъвати Илоҳиро медонанд ва тамоюзи азими он аз ҷараёнҳо ва наҳлаҳои дигарро дар меёбанд ва аз боби ахз ба қадри мутаяққан, ба он ахз мекунанд то ба чизе ки Худованд ба онон ваъда додааст бирасанд; Чароки ваъдаи Худованд ҳақ аст ва ҳаргиз тахаллуф намепазирад, ҳар чанд бисёр сахт ва дур аз дастрас ҷилва кунад.

Аммо дар дарси қабли рӯшан шуд ки яке аз бузургтарин мавонеъи иқомаи Ислом пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, омезиши мусалмонон бо милал ва фарҳангҳои ғайри Исломӣ аст ки монеъӣ муштарак барои иқомаи дин пас аз ҳамаи Паёмбарони улулазм будааст. Ҳамчунин, рӯшан шуд ки яке аз муҳимтарин авомили ин омезиши фарҳангӣ, сели тозамусалмононе буданд ки бо фарҳангӣ яҳудӣ, масеҳӣ ва зартуштӣ равонаи ҷаҳони Ислом мешаванд ва бидуни онки ҳамаи ақойид ва аъмоли худро раҳо кунанд ба мавқеъиятҳои иҷтимоъӣ даст меёфтанд ва ҳатто дар дастгоҳи хилофат нуфуз мекарданд. Лизо устозунал Мансур дар идомаи ин баҳс мефармояд:) Ба ҳар ҳол, нақши аҳли китоб дар шаклгирии фарҳанги мусалмонон (пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), чи дар ҳавзаи сиёсат бо нуфузи касоне аз онон монанди оли Бармак (мунтасаб ба марде аз аҳли Балх бо номи <<Бармак>> ба маънои <<Раъис>>) ки пешинаи маҷусӣ доштанд (ин назари машҳур миёни тарихнигорон аст; Чунонки ба унвони намуна, Ибни Халлакони дар Вафаётул Аъён [ҷ6, с219] навиштааст: «وكانَ جَدُّهُمْ بَرْمَكُ مِنْ مَجُوسِ بَلْخَ وَ كانَ يَخْدِمُ النَّوبَهارَ وَ هُوَ مَعْبَدٌ كانَ لِلْمَجُوسِ بِمَدِينَةِ بَلْخَ تُوقَدُ فِيهِ النِّيرانُ وَ اشْتَهَرَ بَرْمَكُ الْمَذْكُورُ وَ بَنُوهُ بِسِدانَتِهِ»; <<Ва ҷадди онон Бармак аз маҷуси Балх буд ва Навбаҳорро хидмат мекард ва он маъбаде барои маҷус дар шаҳри Балх буд ки дар он оташ афрухта мешуд ва Бармаки мазкур ва писаронаш ба тавлияти он шӯҳрат доштанд>>; Ҳамчунонки Фирдавсӣ дар шоҳнома аз он ёд карда ва онро маъбадӣ бисёр муҳим барои <<Яздонпарастон>> дониста ва бо ишора ба Гаштосаби маҷусӣ навиштааст: <<Ба Балх гузин шуд барон навбаҳор/ ки яздон парастон бадон рӯзгор/ марон ҷойро доштандӣ чунон/ ки мӯр Маккаро тозиёни ин замон>>! Ба илова, абул Ҳавли Ҳимярӣ низ дар ҳаҷв фазли ибни Яҳё ибни Холиди Бармакӣ <<Навбаҳор>> ро як <<Оташкада>> донистааст [нигоҳ кунед ба: Ёқути Ҳамавӣ, Мӯъҷамул балдон, ҷ5, с308] ва аз инҷо дониста мешавад назарияи шуморе ки ахиран бо истинод ба решаи сонскрит калимаи <<Бармак>> эҳтимол додаанд ки Бармакиён будойи буда бошанд, саҳиҳ нест; Ҳамчунонки назарияи бархӣ дигар ки ононро маҷусиёнӣ будойи шуда пиндоштаанд низ баъид аст. Ба ҳар ҳол, онон бо пешинаи маҷусӣ) дар дастгоҳи ҳукумати Умавӣ ва Аббосӣ (нуфуз карданд; Ба ин тартиб ки ҷуз онон Бармак дар давраи Абдулмалик ибни Марвони Умавӣ [д.86қ] ё Ҳишом ибни Абдулмалики Умавӣ [д.125қ] ба Димишқ омад ва дар дарбори Умавиён муқарраб шуд. Холид писари Бармак ба Абул Баромак низ мавриди эҳтироми Умавиён хусусан фарзандони Абдулмалик, Ҳишом ва Муслима буд. Бо ин ҳол, ӯ пас аз фаъол шудани ҷараёни Аббосӣ, ба ҳомиёни Аббосиён мулҳақ шуд ва бо ҷамъоварии пул барои онҳо дар давраи даъвати пинҳонияшон ва низ ширкат дар саркӯби мухолифонашон дар Тувс ба фармони Абу Муслими Хуросонӣ ба соли 130қ ва муҷоб кардани ҳукмрони Табаристон ба ҳаводорӣ аз қиёми онҳо ба соли 131қ ва бархӣ хадамоти дигар, эътимоди комили онҳоро ба худ ҷалб кард. Лизо Сафоҳ нахустин халифаи Аббосӣ [д.136қ] идораи умури ғаноъимро ба ӯ вогузошт. Ба илова, ӯ бо вуҷуди худдорияш аз пазириши унвони вазири ба хотири эътиқод ба бадямин будани он, амалан ҳамаи корҳои вазирро анҷом медод. Аз ин рӯ, бархӣ манобеъ аз ӯ бо унвони вазир ёд кардаанд) ва (устозунал Мансур низ аз) тасаддии муносиби бисёр муҳимме монанди вазорат (тавассути ӯ ва фарзандонаш ёд фармудааст; Чунонки вазорати Мансури Аббосӣ [д.158қ] низ аз ҷумла маносибе буд ки дар соли 136қ ба Холид вогузор шуд ва ӯ як солу анде ӯҳдадори он буд то инки Абу Аюби Сулаймон ибни Ваҳаби Муриёнӣ, нахустин вазири Мансур, ба қасди дур кардани Холид аз пойтахт ва тасаддии мансуби ӯ, пешниҳоди эътои вилояти Форс ба Холидро дод ва Холид чандин сол бар Форс ҳукм ронд. Дигар шахсияти барҷастаи оли Бармак Яҳё буд ки дар соли охири ҳукумати Мансури Аббосӣ вилояти Озорбойҷонро бар ӯҳда дошт ва аз сӯӣ Маҳдии Аббосӣ [д.169қ] масъули тарбият ва таълими Ҳорун шуд ва баъдҳо нақшаӣ басазо дар ба тахт нишондани ӯ эйфо кард. Ҳорун ҳам ба поси ин хадамот дар соли 170қ бо бахшидани мӯҳри хеш ба ӯ, ҳукми ӯро дар саросари қаламрави ҳукуматаш нофиз сохт, ба гунае ки умури ҳукуматӣ бо тадбири Яҳё, муқтадиртарин вазир дар саросари давраи Аббосиён, шакл мегирифт. Илова бар ин, шайхи Муфид аз олимони бузури шиъа, Яҳёро ба дастдоштан дар гирифтории имом Мӯсо ибни Ҷаъфар маъруф ба Козим муттаҳам карда ва гуфтааст ки ба манзури рақобат бо Муҳаммад ибни Ашъас ва бо огоҳӣ аз шиъа будани вай, аз гирифторӣ мъайишатии Исмоъил ибни Алӣ, наводаи имом Содиқ сӯъи истифода кард ва бо додани ҳадоёйе, вайро ба бадгӯйи аз имом Мӯсо ибни Ҷаъфар назди Ҳорун тарғиб кард ва ҳамин ба дастгирӣ ва шаҳодати он ҳазрат анҷомид. Ҳамчунин, масмумият ва марги Идрис ибни Абдуллоҳ, поягузори силсилаи Идрисиён ҳам ба Яҳё нисбат дода шудааст. Ҷаъфар фарзанди ӯ ҳам аз дигар шахсиятҳои барҷастаи Бармакиён аст ки назди Ҳорун бисёр маҳбуб буд. Сайтара ва нуфузи ӯ бар дасгоҳи хилофат назире надошт, то ҷойе ки Ҳорун вилояти бахши ғарбии қаламрави ҳукумат аз шаҳри Анбор то шимоли Офриқоро ба ӯ бахшид. Фазл фарзанди дигари Яҳё, ҳам илова бар доштани ҷойгоҳи вежа дар дастгоҳи хилофат, аз сӯӣ Ҳорун, тарбияти Амини Аббосӣ халифаи баъдиро ӯҳдадор шуд. Ҳамчунон дар соли 176қ вилояти бахши шарқии қаламрави Аббосиён аз Наҳравон то Туркистон ва Озорбойҷон ва Арманистон ба ӯ дода шуд. Аз инҷо маълум мешавад ки таъкиди устозунал Мансури бар нақши оли Бармак ва амсоли онҳо дар шаклгирии фарҳангӣ мусалмонон ва рақам хӯрдани таҳаввулоти сиёсии ҷаҳои Ислом чи андоза огоҳона ва баҷо будааст. Албатта эшон нақши тозамусалмонон дар шаклгирии фарҳанги мусалмононро ба ҳавзаи сиёсат маҳдуд намедонад, балки шомили ҳавзаи ақойид ва аъмоли Исломӣ ҳам медонад ва аз ин рӯ, мефармояд: <<Нақши аҳли китоб дар шаклгирии фарҳанги мусалмонон, чи дар ҳавзаи сиёсат бо нуфузи касоне аз онон монанди оли Бармак дар дастгоҳи ҳукумати Умавӣ ва Аббосӣ ва тасаддии муносиби бисёр муҳимме монанди вазорат>>) ва чи дар ҳавзаи ақида ва амал бо нуфузи касоне аз онон монанди Каъбул Аҳбор ки пешинаи яҳудӣ доштанд дар миёни аҳли ҳадис, барҷаста ва қобили таваҷҷуҳ будааст. (Қаблан ба намунаҳойе аз дастандозӣ Каъбул Аҳбор дар ақойид ва аъмоли мусалмонон ишора кардем. Ӯ ҳамон касе аст ки иддаъо мекард дар Таврот аз хилофати Умар хабар дода шуда ва омадааст ки Усмон мазлумона кушта мешавад [Ҳайсамӣ, Маҷмаъул завоъид, ҷ9, с65], дар ҳоле ки Таврот ҳамакнун вуҷуд дорад ва чунин чизе дар он нест! Ба илова, ӯ эҳтимолан нахустин касе аст ки ақида ба дидори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо Худоро миёни мусалмонон тарвиҷ дод ва гуфт: «إِنَّ اللّهَ عَزَّ وَ جَلَّ قَسَّمَ رُؤْيَتَهُ وَ كَلامَهُ بَيْنَ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ آلِهِ وَ مُوسىٰ فَرَآهُ مَرَّتَيْنِ وَ كَلَّمَهُ مُوسىٰ مَرَّتَيْنِ» [Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ2, с576]; <<Худои аззаваҷал рӯъяти худ ва каломи худро миёни Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Мӯсо тақсим кард, ба ин тартиб ки Ӯ ду бор Худоро дид ва Мӯсо ҳам ду бор бо Ӯ сухан гуфт>>! Албатта намунаҳои фаровоне барои нуфузи ин фард ва соири яҳудиён ва масеҳиёни тозамусалмон дар миёни ҳадисгароёни насли аввал вуҷуд дорад; Чунонки масалан ибни Ҳанбал [Муснади Аҳмад, ҷ2, с486] аз Абу Ҳурайра ривоят кардааст ки гуфт: <<Ба кӯҳи Тур рафтам ва Каъбул Аҳборро мулоқот кардам, пас бо ӯ нишастам ва ӯ манро аз Таврот ҳадис кард ва ман ӯро аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳадис кардам! Пас дар миёни чизе ки ӯро ҳадис кардам ин буд ки гуфтам: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Беҳтарин рӯзе ки офтоб дар он тулӯъ кард рӯзи ҷумъа аст, Одам дар он халқ шуд ва дар он ҳубут кард ва дар он тавбааш пазируфта шуд ва дар он аз дунё рафт ва дар он қиёмат бар по мешавад ва ҳеҷ ҷондоре нест магар инки рӯзи ҷумъа аз вақти субҳ то тулӯъи офтоб аз тарси қиёмат тасбиҳ мегӯяд магар ҷин ва инс ва дар он соъате аст ки ҳеҷ бандаи мусалмоне пеш намеояд ки дар он намоз бигзорад ва аз Худованд чизе бихоҳад магар инки ба ӯ ато мекунад, Каъб гуфт: Ин дар ҳар сол як бор аст! Гуфтам: На, балки дар ҳар ҷумъа аст! Дар ин ҳангом Каъб Тавротро хонд ва гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам рост гуфтааст! Абу Ҳурайра гуфт: Баъд аз он ман ба назди Абдуллоҳ ибни Салом [яҳудии тозамусалмони дигар] рафтам ва гуфтугӯям бо Каъб ва чизе ки дар бораи рӯзи ҷумъа гуфтамро барои Ӯ ҳикоят кардам ва гуфтам: Каъб гуфт ки ин дар ҳар сол як бор аст! Абдуллоҳ ибни Салом гуфт: Каъб дурӯғ гуфтааст! Гуфтам: Баъдан Каъб Тавротро хонд ва гуфт: Балки дар ҳар ҷумъа аст! Абдуллоҳ ибни Салом гуфт: Каъб рост гуфтааст>>! Дар инҷо зимни таъкид бар муроҷиъати муҳаддисоне монанди Абу Ҳурайра ба яҳудиёни тозамусалмон ва муҷолисат ва мубоҳисат бо онон, талвиҳан ва бидуни сару садо меъёри санҷиш ва ростиозмойии суханони Паёмбар ва омӯзаҳои Ислом, Таврот эълом мешавад! Ҳамчунонки Тирмизӣ [Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с260] дар бораи қироъати ояи «فِي عَيْنٍ حَمِئَةٍ» дар сураи Каҳф: <<Ривоят шудааст ки ибни Аббос ва Амр ибни Ос дар бораи қироъати ин оя бо ҳам ихтилоф карданд ва доварӣ дар бораи онро ба Каъбул Аҳбор супурданд>>! Аҷиб аст ки ду саҳобӣ барои огоҳӣ аз қироъати саҳиҳи як ояи Қуръон, ба як яҳудии тозамусалмон ва ноошно бо омӯзаҳои Исломи муроҷиъа мекунанд, на ба аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва на ба саҳобаи бузурги он Ҳазрат! Албатта аз он ду набояд таъаҷҷуб кард, вақте халифаи дуввум ва севвум ҳам таҳти таъсири ин фард қарор гирифтаанд ва то андозае ба ӯ майдон додаанд ки ӯро бар курсии ифтоъ ва марҷаъият нишондаанд; Чунонки ба унвони намуна, Байҳақӣ [Ал-Сунанул Кубро, ҷ5, с189] аз Атоъ ибни Ясор ривоят кардааст ки гуфт: <<Каъбул Аҳбор аз Шом ба ҳамроҳи гурӯҳе аз мардум дар ҳоли эҳром омаданд, то инки дар миёни роҳ гӯшти шутуреро ёфтанд, пас Каъб ба онон фатво дод ки онро бихуранд, пас чун ба назди Умар ибни Хаттоб омаданд, мавзӯъро барои ӯ зикр карданд, пас гуфт: Чи касе шуморо ба ин кор фатво дод? Гуфтанд: Каъб, гуфт: Ман ӯро амири шумо қарор додам то ҳангоме ки баргардед>>! Ин дар ҳоле аст ки асҳоби барҷаста ва огоҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хатари амсоли ин фард барои ҷомеъаи Исломиро дарк мекарданд ва мусалононро аз муроҷиъа ба онон боз медоштанд; Чунонки ба унвони намуна, машҳур аст ки рӯзе Усмон пурсид: Оё ҳоким [ишора ба худаш] метавонад аз байтул мол барои худаш моле бардорад ва ҳаргоҳ тавонист ба он боз гардонад?! Пас Каъбул Аҳбор ки назди ӯ ҳозир буд фатво дод: Ишколе надорад! Пас Абу Зар саҳобии сиддиқи Расули Худо саллаллоҳ алайҳи ва олиҳи ва саллам бо асояш бар синаи ӯ зад ва гуфт: «!یَابْنَ الْیَهُودِیَّیْنِ! أَتُعَلِّمُنا دِینَنا؟»; <<Эй яҳудизода! Оё ту динамонро ба мо меомӯзӣ?!>> [Билозарӣ, Ансобул Ашроф, ҷ5, 542]. Ҳамчунин, вақте амволи Абдурраҳамон ибни Авфро пас аз маргаш дар баробари Усмон қарор доданд ва кисаҳои зар миёни ӯ ва мардум ҳоъил шуд, Усмон гуфт: <<Ман барои Абдурраҳмон умеди хайр дорам; Чароки ӯ садақа медод ва меҳмоннавоз буд, ҳар чанд инҳоро аз худ бар ҷой гузошт>>! Дар ин ҳангом, Каъбул Аҳбор бо қотеъият сухани Усмонро тасдиқ кард ва дар ҳимоят аз Абдурраҳмон ибни Авф сухан гуфт. Пас Абу Зар бори дигар асои худро бар синаи ӯ фурд овард ва гуфт: <<Эй яҳудизода! Оё дар бораи марде ки мурда ва чунин амволе аз худ ҷой гузоштааст қотеъона мегӯйи ки Худованд ба ӯ хайри дунё ва охиратро додааст?!>> [Ибни Шабаҳ, Торихул Мадина, ҷ3, с1036; Байҳақӣ, Шаъбул Имон, ҷ3, с195; Масъудӣ, Муруҷуззаҳаб, ҷ2, с340; Қуртубӣ, Ал-Ҷомеъул Аҳкомил Қуръон, ҷ3, с417]. Ҳамчунонки борӣ дигар хитоб ба ӯ гуфт: «یَابْنَ الْیَهُودِيِّ! ما أَجْرَأَكَ عَلَی الْقَوْلِ فِي دِینِنا» [Масъудӣ, Муруҷуззаҳаб, ҷ2, с340]; <<Эй яҳудизода! Чи андоза дар сухан гуфтан дар бораи дини мо ҷарӣ ҳастӣ!>> Ва борӣ дигар бар сари ӯ фарёд кашид ва гуфт: «یَابْنَ الْیَهُودِيَّةِ! مَتیٰ کانَ مِثْلُكَ تَکَلَّمَ بِالدِّینِ؟! فَوَاللّهِ ما خَرَجَتِ الْیَهُودِیَّةُ مِنْ قَلْبِكَ» [Табарӣ, Ал-Мустаршид, с177; Муфид, Ал-Аъмолӣ, с164]; <<Эй яҳудизода! Аз кай то ҳоло амсоли ту дар бораи дин сухан мегӯянд? Ба Худо савганд ҳанӯз яҳудият аз қалбат берун нарафтааст>>! Ин нишон медиҳад ки Абу Зар разияллоҳу анҳу хатари амсоли ин фард барои Ислом ва муслиминро дарк мекард, ҳар чанд ба сабаби ин ҳушёрӣ тавассути Усмон ба Шом ва сипас Рабаза табъид шуд ва дар ғурбат аз дунё рафт. Илова бар ӯ, аз ибни Аббос низ рӯшангарии комиле дар ин бора расидааст ки метавон онро сухани охир дар ин бора донист. Бухорӣ [саҳиҳул Бухорӣ, ҷ8, с160] аз ӯ ривоят кардааст ки хитоб ба мусалмонон хусусан касоне монанди Умар, Усмон ва Абу Ҳурайра гуфт: «كَيْفَ تَسْأَلُونَ أَهْلَ الْكِتابِ عَنْ شَيءٍ وَ كِتابُكُمُ الَّذِي أُنْزِلَ عَلىٰ رَسُولِ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ أَحْدَثُ تَقْرَؤُنَهُ مَحْضاً لَمْ يَشُبْ وَ قَدْ حَدَّثَكُمْ أَنَّ أَهْلَ الْكِتابِ بَدَّلُوا كِتابَ اللّهِ وَ غَيَّرُوهُ وَ كَتَبُوا بِأَيْدِيهِمُ الْكِتابَ وَ قالُوا هُوَ مِنْ عِنْدِ اللّهِ لِيَشْتَرُوا بِهِ ثَمَناً قَلِيلاً أَلا يَنْهاكُمْ ما جاءَكُمْ مِنَ الْعِلْمِ عَنْ مَسْأَلَتِهِمْ لا وَاللّهِ ما رَأَيْنا مِنْهُمْ رَجُلاً يَسْأَلُكُمْ عَنِ الَّذِي أُنْزِلَ عَلَيْكُمْ»; <<Чигуна аз аҳли китоб дар бораи чизе суъол мекунед?! Дар ҳоле ки китобатон ки бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил шуда тоза аст ва онро беҳеҷ олойише мехонед ва кӯҳна нашуда ва шуморо хабар додааст ки аҳли китоб, китоби Худовандро табдил карданд ва тағйир доданд ва бо донстони худашон китобро навиштанд ва гуфтанд ки он аз назди Худованд аст то онро ба баҳойи андак бифурушанд! Оё чизе аз илм ки ба шумо расидааст шуморо аз муроҷиъа ба онон боз намедорад?! На ба Худо савганд, мо аҳаде аз ононро надидаем ки аз шумо дар бораи чизе ки бар шумо нозил шудааст суъол кунад>>! Ин ҳамон мавзӯъи ҳаққи асҳоби холиси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки тавассути Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло эҳёъ ва пайгирӣ мешавад, дар замоне ки гурӯҳҳойе аз мусалмонон таҳти таъсири макотиби тақотӣ ва муддаъиёни дурӯғин, шифта ва маҷзуби мутуни яҳудӣ ва масеҳӣ шудаанд ва аз омӯзаҳои онҳо монанди омӯзаҳои Исломӣ асар мегиранд; Бидуни таваҷҷуҳ ба онки дар миёни ин мутун ва омӯзаҳо инҳирофоти пинҳон ва ошкори фаровоне вуҷуд дорад ва бо ин васф, қарор додани онҳо дар канори мутун ва омӯзаҳои Исломӣ метавонад ба пайдоиши боварҳои нодуруст ва бидъатҳои хатарнок дар миёни мусалмонон бианҷомад ва ба истилоҳ бемориҳои яҳудиёнро ба мусалмонон интиқол диҳад!

والسلام علیکم و رحمت الله)

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Барои шунидани савти дарси чиҳилу нуҳум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?