Душанбе 16 сентябр 2019 мелодӣ баробар бо 16 муҳаррам 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

   
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чиҳилу ҳаштум
Мавзӯъ:

Омезиш бо милал ва фарҳангҳои ғайри Исломӣ (1)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарсҳои қабли рӯшан шуд ки устозунал Мансур роҳи ҳалли ҳамаи мушкилоти мусалмононро бозгашти онон ба Исломи холис ва комил медонад, вале пайдост ки ин кори осоне нест; Чароки мавонеъӣ бар сари роҳи он вуҷуд дорад; Мавонеъӣ ки дар воқеъ сабаби изоъаи Ислом пас аз даргузашти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун шудааст. Дуто аз ин мавонеъ <<Ихтилофи мусалмонон>> ва <<Ҳокимияти ғайри Худованд>> буд ки устозунал Мансур баён фармуд ва мо шарҳ кардем, аммо монеъи)

3 . Омезиш бо милал ва фарҳангҳои ғайри Исломӣ

(Аст ки устозунал Мансур бо нигоҳи нофизи худ онро расад кардааст ва дар борааш мефармояд:) Яке дигар аз асбобои адами иқомаи Ислом пас ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (то кунун) омезиши (фикрӣ ва фарҳангии) мусалмонон бо милал (яъне ойинҳо ё ақвом бо таваҷҷуҳ ба инки миллат дар асл ба маънои ойин аст вале истеъмолаш дар маънои қавм ғалаба пайдо карда) ва фарҳангҳои ғайри Исломӣ буда ки (албатта ихтисосе ба мусалмонони пеш аз Паёмбарашон надошта, балки) сабаби муштараке барои адами иқомаи дин пас аз ҳамаи Паёмбарон будааст (яъне пайравони Паёмбарони гузашта низ пас аз даргузашти Паёмбаронашон, бо милал ва фарҳангҳои дигар омезиш пайдо карданд ва ба ҳамин сабаб, аз иқомаи дин бозмонданд); Чунонки ба унвони намуна, пас аз Мӯсо алайҳи салом пайравонаш рафта рафта (дар тӯли чанд даҳа ва қарн) таъолими ӯро аз ёд бурданд ва бо ақвоми кофир муъошират намуданд ва ба мурури замон аз фарҳанги куфромези онон таъсир пазируфтанд (дар ҳоле ки Худованд дар оёти фаровоне аз Таврот, ононро аз ин кори муҳлик бар ҳазар дошта буд ва ба унвони мисол фармуда буд: <<Ба шеваи сарзамини Миср ки дар он сокин будед рафтор мекунед ва на ба шеваи сарзамини Канъон ки шуморо бадонҷо мебарем. Бар тибқи фаройизи онон гом мезанед>> [Ловиён/ 18:3] ва фармуда буд: <<Чун ба сарзамине ки Яҳува худоятон ба шумо медиҳад даройед, набояд одоб ва русуми кароҳатовари ақвоми онҷоро биёмӯзед>> [Тасния/ 18:9] ва фармуда буд: <<Мабодо бо ин қавмҳо ки дар миёни шумо боқӣ мондаанд даромехта, номи худоёнашонро бихонед ва ё ба онҳо савганд хуред ва ононро ибодат карда, дар баробарашон саҷда кунед>> [Юшаъ/ 23:7], вале пайравони Мӯсо алайҳи салом пас аз ӯ ин ҳушдорҳои ҷиддӣ ва мукаррарро аз ёд бурданд ва ба таъбири устозунал Мансур <<Бо ақвоми кофир муъошират намуданд ва ба мурури замон аз фарҳанги куфромези онон таъсир пазируфтанд>>) ва корро ба ҷойе расонданд ки худоёни ононро парастиданд ва дар замони Илёси Паёмбар алайҳи салом барои Баъл бути Канъониён (ки қавме дар наздикӣ онон буданд) саҷда карданд; Чунонки Худованд аз қавли он Паёмбар хитоб ба онон фармудааст: «أَتَدْعُونَ بَعْلًا وَتَذَرُونَ أَحْسَنَ الْخَالِقِينَ»;[1] <<Оё Баълро мехонед ва беҳтарини офаридагоронро во мегузоред?!>> (Ҳамчунонки дар Таврот низ аз ин инҳирофи тадриҷии онон пас аз Мӯсо ва халифааш Юшаъ алайҳи салом хабар дода шуда ва омадааст: <<Он насл низ ҳамагӣ ба падарони худ пайвастанд ва баъд аз онҳо насли дигаре бархостанд ки на Худовандро мешинохтанд ва на аз корҳойе ки ӯ барои Исроъил карда буд, огоҳӣ дошанд. Бинобарин, ончиро ки дар назари Худованд бад буд ба ҷо оварданд ва Баълҳоро ибодат карданд. Эшон Яҳува худойи падаронашонро ки ононро аз сарзамини Миср берун оварда буд тарк гуфтанд ва худоёни ғайрро аз миёни худоёни ақвоми пиромунашон пайравӣ карда, онҳоро парастиш намуданд ва хашми Худовандро барафрухтанд. Пас хашми Худованд бар Исроъил афрухта шуд ва эшонро ба дасти тороҷгарон супурд ки тороҷашон карданд ва эшонро ба душманони пиромунашон фурӯхт, ба гунае ки дигар наметавонистанд дар баробари душманони худ бойистанд>> [Доварон/ 2:10-14]. Ин саргузашти пайравони Мӯсо алайҳи салом буд). Пас аз Исо алайҳи салом низ пайравонаш, бо ангезаи раҳоӣ аз озори Румиён (ки бар сарзамини Фаластин истило доштанд ва бо таҳрики яҳудиён ва барои ҳифзи иқтидори худ, масеҳиёнро дастгир ва шиканҷа мекарданд) ва (бо ангезаи) ҷалби ҳимояти онон (ки гумон мекарданд барои густариши ойинашон ба он ниёз доранд) ва таҳти таъсири таъолими Пулус (бо номи воқеъии <<Шоъули>>) ки як яҳудии зидди масеҳ буд (ва аз ҳеч кӯшише барои дастгирӣ ва куштани масеҳиён фуругузори намекард, вале ногаҳон дар чархишӣ ногаҳонӣ ва аҷиб иддаъо кард ки масеҳӣ шудааст ва шурӯъ ба таблиғи ақойидӣ ширкомез ва сахиф бо номи масеҳият кард ки ба зудӣ ба хотири шабоҳатҳои бисёраш бо ақойиди Румиёни бутпараст бо истиқболи онон рӯ ба рӯ шуд ва ба қироъати расмӣ аз ин дин мубаддал гашт ва аз ин рӯ, метавон ин марди машкукро бунёгузори масеҳияти кунунӣ донист. Пулус ки ҳаргиз Исо алайҳи саломро мулоқот накарда буд, бо иддаъои мулоқоти ӯ дар хоб ва мукошифа, худро расули ӯ муъаррифӣ кард ва ба мухолифат бо расулони воқеъии ӯ яъне ҳавориюн пардохт ва бар хилофи таъолими ӯ қоъил ба улуҳияти ӯ шуд ва эълом кард ки дар масеҳият ҳама чиз ҳалол аст ва хатна кардан ҷойиз нест, балки бо вақоҳати тамом эълом кард ки ба ҳеч ваҷҳ набояд ба шариъат пойбанд буд; Чароки имон ба масеҳ барои наҷот кофӣ аст! Чунонки дар номаи худ ба Ғалотиён, ононро ба хотири амал ба аҳкоми шариъат маломат кард ва навишт: <<Эй Ғалотиёни нодон! Магар касе шуморо ҷоду кардааст? Магар ин шумо набудед ки вақте марги Масеҳро бароятон ташриҳ кардам, он чунон маҷзуби он шудед ки ингор ҳамон мавқеъ Масеҳро дар баробари чашмонатон ба салиб кашида буданд?! Фақат мехоҳам инро бидонам: Оё бо амал ба аҳкоми шариъат буд ки тавонистед руҳи поки Худоро дарёфт кунед?! Албатта ки на. Шумо вақте руҳи Худоро ёфтед ки ба ончи гӯш додед имон овардед. Чаро фикратонро ба кор намеандозед? Шумо ки қаблан бо амал ба аҳкоми шариъат ба ҷойе нарасидед, чаро фикр мекунед ҳоло бо он метавонед масеҳиёни руҳонитаре бошед?!>> [Ғалотиён, 3]. Албатта рӯшан аст ки Ғалотиён нодон буданд ва фикр худро ба кор намеандохтанд, вагарна ба чунин даҷҷоле иҷоза намедоданд ки то ин ҳад бепарда бар зидди шариъати Худованд сухан бигӯяд ва ба сӯӣ ибоҳигаройи ва хурофот даъват кунад ва номи онро ҳам <<Руҳи поки Худо>> бигзорад! Ҳамон тавр ки масеҳиёни баъдӣ монанди онон нодон буданд ва фикри худро ба кор наяндохтанд ва натавонистанд тафовути фоҳиши ин турраҳот бо таъолими нуронӣ ва мутаҳҳари Исо алайҳи саломро дарк кунанд! Шояд замонӣ муносибтар аз ин пайдо нашуд ки гуфторе аз устозунал Мансур дар ин бораро нақл кунам.

Як рӯз субҳ ба маҳзари эшон рафтам ва шунидам ба бархӣ аз аҳли хона мефармояд: «لَقَدْ بِتُّ عَلیٰ فِراشِي مُتَفَکِّراً أَتَعَجَّبُ مِنْ أَقْوامٍ لَبَسَ اللّهُ عَلَیْهِمْ عُقُولَهُمْ حَتّیٰ أَضَلَّهُمْ شاؤُولُ بَنِي إِسْرائِیلَ -یَعْنِي بُولُسَ وَ شاؤُولُ صَغِیرٌ بِالْعِبْرانِیَّةِ»; <<Дишабро дар бистари худ бо тафаккур субҳ кардам; Мутаъаҷҷиб будам аз ақвоме ки Худованд ақлҳояшонро бар онон пӯшонида то ҷойе ки Шуъоли банӣ исроъил ононро гумроҳ кард –яъне Пулус ва Шуъоли дар забони Арабӣ ба маънои кӯчач аст>>!

Аз чизе ки гуфтам рӯшан мешавад ки ин тафаккур ва таъаҷҷуби устозунал Мансур бедалил набудааст; Чароки таъолими Пулус аз ҳар ҷиҳат номаъқул ва возеҳул бутлон буд ва бо ин васф, набояд то ин андоза бо иқболи мардум дар ҷаҳон мувоҷеҳ мешуд! Вале мутаъассифона мувоҷеҳ шуд ва онон <<Таҳти таъсири таълими Пулус ки як яҳудии зидди Масеҳ буд>>), таъолими он Паёмбарро аз ёд бурданд (дар инҷо нуктаи дигаре ҳам ба зеҳн мерасад ва он ин аст ки дар бораи шахсияти Пулус миёни мунтақидони ӯ ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале навъан мӯътақид ҳастанд ки ӯ масеҳӣ буда, дар ҳоле ки мумкин аст аз гуфтори устозунал Мансур бардош шуд ки ӯ масеҳӣ набуда, бал <<Як яҳудии зидди Масеҳ>> буда ки танҳо аз рӯӣ нифоқ тазоҳур ба масеҳият кардааст то баъд аз бенатиҷа будани таъқиб ва шиканҷаи масеҳиён, ақойид ва аъмоли ононро аз дарун ба ибтизол бикашад ва нобуд кунад. Ба ҳар ҳол, онон <<Таҳти таъсири таблиғоти Пулус ки як яҳудии зидди Масеҳ буд, таълими он Паёмбарро аз ёд бурданд>>) ва ба Румиёни бутпараст наздик шуданд ва аз андешаҳои ширкомези онон (ки нуфузи бисёре дар он замон ва макон доштанд) таъсир пазируфтанд ва таслиси онон (яъне эътиқодашон ба солусе бо таркиби <<Жупитер>>, <<Морс>> ва <<Кринус>> ё <<Куворинус>>) ро ҷойгузини тавҳиди Исо алайҳи салом сохтанд (ин ҷойгузине ба сурати расмӣ дар авоили қарни чаҳоруми милодӣ ва пас аз он воқеъ шуд ки усқуфе ба номи Ориюс эълом кард ки <<Писар>> яъне Исо аввалин ва комилтарин махлуқ аст ва чун мутаъохар аз <<Падар>> яъне Худо аст, пеш аз онки ба вуҷуд ояд, вуҷуд надошта ва бо ин васф, парастиши ӯ, парастиши як инсон ва муқаддамаи бутпарастӣ аст. Ба дунболи ин эътиқод, муҷодилот миёни масеҳиён боло гирифт, то инки ҳудуди 300 усқуф ба даъвати Қастантин нахустин қайсари масеҳӣ, дар шаҳри Нуқаяи Осиёи сағир дар соли 325 милодӣ шӯройе ташкил доданд ва эътиқод ба улуҳияти Исло алайи саломро бо аксарияти қотеъ тасвиб карданд ва назари Ориюсро мардуд донистанд ва ӯро такфир намуданд! Ин ба маънои он аст ки эътиқод ба улуҳияти Исо алайҳи салом ҳудуди се қарн пас аз он ҳазрат ба дастури Қайсари Руми ва тавассути шӯрое таъйин шуда тавассути ин шахс тасвиб ва тарвиҷ шуд ва ба ҳамин далил, устозунал Мансур бар нақши Румиён дар инҳирофи масеҳиён токунун мефармояд.

Аммо суъоли муҳим ин аст ки оё чунин инҳирофоти азиме ихтисоси ба ду уммати пешин дошта ё дар уммати мо низ воқеъ шудааст?! Ривоёти мутавотире аз Паёмбари Ислом расидааст ки ин уммат низ гом ба гом ва ваҷаб ба ваҷаб дар пайи умматҳои гузашта яъне яҳудиён ва масеҳиён хоҳанд рафт, то ҷойе ки агар онон ба сӯрохи сусморе ворид шуда бошанд, ин уммат ҳам ба он ворид хоҳад шуд [нигоҳ кунед ба: Муснади Аҳмад, ҷ2, с327 ва 450; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ4, с144; Саҳеҳул Муслим, ҷ8, с57; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1322; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с135]! Лизо посухи устозунал Мансур ба ин суъоли ҳувлангез, мусбат аст. Эшон мефармояд:). Бадин сон, пас аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ пайравонаш ба роҳи гузаштагон рафтанд (яъне аз роҳе ки он ҳазрат барояшон тарсим фармуда буд мунҳариф шуданд; Хусусан дар қазияи хилофат ки дар мабҳаси <<Ихтилофи мусалмонон>> ва <<Ҳокимияти ғайри Худованд>> табйин фармуд) ва ба дунболи футуҳоти худ дар сарзаминҳои кофирон (монанди Форс ва Рум), бо ақвоми мушрик ва аҳли китоб даромехтанд (аҳли китобро аз мушрикон ҷудо фармудааст ба хотири инки дар китоби Худованд аз ҳам ҷудо шудаанд; Чунонки ба унвони намуна, фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ وَالْمُشْرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ أُولَٰئِكَ هُمْ شَرُّ الْبَرِيَّةِ» [Баййина/ 6]; <<Касоне аз аҳли китоб ки кофир шуданд ва мушрикон дар оташи ҷаҳаннам ҷовидон мемонанд, онон бадтарини махлуқотанд>>) ва (хоста ё нохоста) аз фарҳанги онон таъсир пазируфтанд ва муъаллифаҳоӣ (яъне бахшҳойе) аз фарҳанги Исломиро фаромӯш карданд. Ба илова, касоне аз мушрикон ва аҳли китоб ки таҳти таъсири таблиғот ё ҷангҳои мусалмонон Ислом оварданд (бо таваҷҷуҳ ба инки бархӣ бо рағбат ва бархӣ бо кароҳат Ислом оваранд), ҳаргиз натавонистанд ҳамаи ақойид ва аъмоли (ғайри Исломӣ) гузаштаи худро (ба таври комил) раҳо кунанд (ҳамчунонки бисёрӣ аз мусалмонон бархӣ ақойид ва аъмоли ҷоҳилиятро раҳо накарданд ва танҳо пӯшишӣ Исломӣ бар он пӯшонданд) ва хоста (дар мавориде ки бо кароҳат Ислом оварданд) ё нохоста (дар мавориде ки бо рағбат Ислом оварданд), осоре аз онро бо худ нигоҳ доштанд ва ба наслҳои пас аз худ интиқол доданд. Ба илова, касоне аз онон ки ба тозагӣ Ислом оврда буданд, вале ҳамчунон таҳти таъсири ақойид ва аъмоли пешини худ буданд, дар замони Умар ва Усмон (ки бештарин футуҳот дар сарзаминҳои ғайри Исломӣ таҳаққуқ ёфт ва сели яҳудиён ва масеҳиён ва зартуштиёни тоза мусалмон ба миёни мусалмонон сарозер шуд) ва низ ҳокимони Умавӣ ва Аббосӣ (ки бо шеваи мутафовите ба ин раванд идома доданд ва шиддат бахшиданд), ба даруни ҳокимияти мусалмонон нуфуз карданд (яъне ба маносиби сиёсӣ даст ёфтанд ва ба мушовирон ва вазирон ҳокимони мусалон табдил шуданд) ва (ба тадриҷ бо истифода аз нуфузи худ дар миёни мусалмонон) ақойид ва аъмоли худро бо ақойид ва аъмоли онон омехтанд (хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки бисёрӣ аз мусалмонон ба онон ҳусни зан ва эътимод доштанд ва ононро босаводтар ва кордидатар аз худ тасаввур мекарданд); То ҷойе ки китобҳои ҳадисии мусалмонон, аз қисаҳо ва устураҳои яҳудиён ва масеҳиён (маъруф ба <<Исроъилиёт>>), оканда шуд ва гузоришҳои мағлут (яъне таҳриф шуда) ва макзуби (яъне беасоси) онон аз Таврот ва Инҷил, мабнои тафсири Қуръон қарор гирифт; (Аҷиб аст ки мусалмонон дар садаҳои нахустини Исломӣ ҳеч шинохти саҳиҳ ва воқеъбинонае аз манобеъи яҳудӣ ва масеҳӣ надоштанд ва мепиндоштанд ки ҳар ҳодисае аз ҳаводиси ин уммат дар Таврот ва Инҷил пешбинӣ шудааст ва ҳамин ба яҳудиён ва масеҳиёни тоза мусалмон маҷол медод то дидгоҳҳои шахсии худ дар бораи ҳаводиси Исломиро ба нақл аз Таврот ва Инҷил баён кунанд; Чунонки ба унвони мисол, аз Каъбул Аҳбор дар замони Умар ривоят шудааст ки ба ӯ пеш аз маҷрӯҳ шуданаш гуфт: Эй амирул мӯъминин! Васият кун; Чароки ту то се рӯзи дигар мемирӣ! Умар гуфт: Туро ба Худо оё номи манро дар Таврот меёбӣ?! Гуфт: На, вале нишонаҳо ва авсофатро меёбам [Торихул Табарӣ, ҷ3, с264; Ибни Асокир, Торихул Мадинатул Димишқ, ҷ44, с408]! Ҳамчунин, аз ин яҳудии тоза мусалмон дар замони ҳукумати Умавиён бар Шом ривоят шудааст ки мегуфт сифати Паёмбари Ислом дар Таврот чунин омадааст: «مَولِدُهُ بِمَکَّةَ وَ مُهاجَرُهُ بِطَیْبَةَ و مُلْکُهُ بِالشّامِ»; <<Маҳалли таваллуди ӯ Макка ва маҳалли ҳиҷрати ӯ Мадина ва маҳалли ҳукумати ӯ Шом аст>> [Сунани Дорамӣ, ҷ1, с5; Ҳоким, Ал-Мустадрак, ҷ2, с622; Исбаҳонӣ, Далоилул Набавия, ҷ4, с1322]! Беҳуда нест ки ҳикоят шудааст як бор Амр ибни Ос дар ҳоле ки савор бар марбае буд аз назди Каъбул Аҳбор убур кард. Дар ин ҳангом пойи маркабаш лағзид ва наздик буд ки ӯро бар замин бизанад. Пас ӯ хитоб ба Каъбул Аҳбор ки шоҳиди ин ҳодиса буд гуфт: Эй Каъб! Оё дар Таврот меёбӣ ки пойи маркаби ман мелағзад?! Каъб посух дод: На, вале дар Таврот меёбам ки марде дар фитна кашида мешавад ҳамон тавр ки хар дар банд кашида мешавад [Ибни Шозон, Ал-Изоҳ, с87]! Ҳамчунин, ҳикоят шудааст ки Муҳаммад ибни Абӣ Ҳузйфа ва Каъбул Аҳбор дар замони Усмон савори киштӣ шуданд. Пас Муҳаммад ба Каъб гуфт: Васфи ин киштии моро дар Таврот чигуна меёбӣ?! Каъб гуфт: Эй Муҳаммад! Тавротро масхара накун; Чароки Таврот китоби Худованд аст! Сипас гуфт: Ман васфи ин киштимонро дар Таврот намеёбам, вале дар он меёбам ки марде аз Қурайш бо як дандони каҷ ба фитна кашида мешавад тавре ки хар ба банд кашида мешавад [Ибни Шейба, Торихул Мадина, ҷ3, с1118]! Рӯшан аст ки Муҳаммад ибни Абӣ Ҳузайфа ва Амр ибни Ос ҳеч як Тавротро масхара намекарданд, бал Каъбул Аҳборро масхара мекарданд ки барои ҳар ратбу ёбасе хабаре аз Таврот ҳикоят мекард ва бо ин шева, авоми мусалмонро фиреб медод!) Балки кор аз инҷо (яъне аз нашри дидгоҳои ғайри Исломии онон дар миёни мусалмонон) фаротар рафт ва ба ҷойе расид ки дидгоҳои Исломситезонаи онон низ (ки нишон диҳандаи буғз ва кинаи онон нисбат ба Ислом ва Паёмбари он буд) ба мӯътабартарин китобҳои мусалмонон дохил шуд ва (ба табаъи ин китобҳо) мабнои Исломшиносии онон қарор гирифт; Чунонки ба унвони намуна, ривоёти мутаъаддиде аз яҳудиён (яъне ҳовии ақойиди онон ҳар чанд тавассути мусалмонон нақл шудаанд) ба китоби саҳеҳи Бухорӣ роҳ ёфта ки ошкоро мунтабиқ бо ақойиди онон ва муғойир бо ақойиди мусалмонон аст (албатта дар китобҳои дигар ҳам роҳ ёфта, вале аз саҳиҳул Бухорӣ ном бурдааст ба ин далил ки бештари мусалмонон онро тофтаи ҷудо бофта медонанд ва мепиндоранд ки дар он чунин ривоёте нест, дар ҳоле ки ҳаст). Чунонки ба унвони намуна, дар он ривояте роҳ ёфта ки муддаъӣ аст як яҳудӣ, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро аз вуҷуди ангуштоне барои Худованд огоҳ карда ва ба тасдиқ ва эъҷоб водоштааст,[2] (устозунал Мансур матни ин ривоятро дар ҳомиши китоб оварда ва маънои он ин аст ки як яҳудӣ ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам омад ва гуфт: Эй Муҳаммад! Худованд осмонҳоро бар рӯйи як ангушт ва заминҳоро ба рӯйи як ангушт ва кӯҳҳоро ба рӯйи як ангушт ва дарёҳоро бар рӯйи як ангушт ва халойиқро бар рӯйи як ангушт нигоҳ медорад ва сипас мегӯяд: Ман подшоҳам! Пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хандид то ҳадде ки дандонҳояш намоён шуд ва сипас тиловат фармуд: <<Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд>>! Он гоҳ Бухорӣ дар табйини иллати хандаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят кардааст ки гуфт: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз боби эъҷоб ва тасдиқи сухани яҳудӣ хандид!!) дар ҳоле ки мусалламан Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (ба иқтизои Паёмбарӣ ва иртиботаш бо Худованд) аз он яҳудӣ ба Худованд донотар буд ва ҳаргиз вуҷуди чунин ангушт барои Худовандро тасдиқ ва таҳсин накарда, бал дар асли ривоят омада ки баъд аз шунидани сухани он яҳудӣ фармудааст: «وَمَا قَدَرُوا اللَّهَ حَقَّ قَدْرِهِ»;[3] <<Худовандро чунонки сазовор аст нашинохтанд>> Ва ин зоҳир дар такзиби сухани ӯст! (Зеро ба маънои он аст ки сухани ӯ ношӣ аз ноошнойи бо Худованд будааст ва бо ин васф, маълум нест ки чаро Бухорӣ мекӯшад сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро воруна тафсир кунад ва ин тавр ҷилва диҳад ки он Ҳазрат таҳти таъсири як яҳудӣ қарор гирифтааст! Албатта бархӣ уламои огоҳ ривоят ва бардошти ӯро напазируфтанд; Чунонки ба унвони намуна Қуртубӣ гуфтааст: <<Инҳо ҳама сухани яҳудӣ аст ва онҳо мӯътақид ба таҷсим ва вуҷуди ҷавореҳ барои Худованд ҳастанд, ҳамон тавр ки ғулоти мушаббаҳа аз ин уммат мӯътақид ба он ҳастанд ва хандаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба хотири таъаҷҷуб аз ҷаҳли яҳудӣ будааст... аммо сухани касе ки <аз боби эъҷоб ва тасдиқи сухани яҳуди> ро афзуда беарзиш аст; Чароки он аз сухани ровӣ аст ва он ботил аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чизи муҳолро тасдиқ намекунад ва ин авсоф дар ҳаққи Худованд муҳол аст>> [нигоҳ кунед ба: Ибни Ҳаҷар, Фатҳул Борӣ, ҷ13, с336], вале мутаъассифона бисёрӣ дигар аз мусалмонон ки муқаллидони чашму гӯш бастаи Бухорӣ ҳастанд ва ба ақлоният дар фаҳми ривоёт эътиқоде надоранд, бо истинод ба ҳамин ривоят ва бардошти ӯ мегӯянд: Худованд панҷ ангушт дорад [ба унвони намуна, нигоҳ кунед ба: Масоъили ибни Боз, ҷ1, с37], дар ҳоле ки мӯътақиданд барои Ӯ дуто даст аст ва бо ин васф, лобуд мепиндоранд ки дар як даст се ангушт ва дар дасти дигар ду ангушт дорад! «سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ»!) Ба илова, дар он ривояти ғарибе (яъне номаъқул ва мухолиф бо қоъидае) роҳ ёфта ки (ҳамсадо бо яҳудиён) муддаъӣ аст Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз Паёмбарони яҳуд афзал набудааст, балки Мӯсо алайҳи салом ва ҳтто Юнус ибни Мато алайҳи салом аз ӯ афзал будаанд ва ҳар кас ӯро аз онон афзал шуморад, дурӯғ гуфтааст,[4] (устозунал Мансур се намуна аз ин ривоёти ғарибро дар ҳомиши китоб оварда ва маънои онҳо ин аст ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: <<Манро аз Мӯсо беҳтар надонед; Чароки мардум дар рӯзи қиёмат аз ҳуш мераванд ва ман ҳам бо онон аз ҳуш меравам, пас нахустин касе ҳастам ки ба ҳуш меоям, пас мебинам ки Мӯсо домани аршро гирифтааст! Пас намедонам оё аз касоне буда ки аз ҳуш рафтанд ва пеш аз ман ба ҳуш омада ё аз касоне буда ки Худованд [дар Қуръон ононро] истисно карда [яъне аслан аз ҳуш нарафта] аст>> Дар ҳоле ки фарқе намекунад ва дар ҳар ду сурат афзал мешавад!! Такаббур ва ҳасодати яҳудиён нисбат ба Паёмбари Ислом дар ин ривоят пӯшида нест ва ҷолиб аст ки ровии он Абу Ҳурайра аст ва ӯ иртиботи наздике бо Каъбул Аҳбори яҳудӣ дошта ва муттаҳам ба ахзи ривоёте аз ӯ будааст! Ҷолибтар онки дар ибтидои ин ривоят омадааст; Як мусалмон дар низоъ бо як яҳудӣ гуфт: <<Қасам ба Худойе ки Муҳаммадро бар ҷаҳониён баргузид>> ва он яҳудӣ бо таъна ба ӯ гуфт: <<Қасам ба Худойе ки Мӯсоро бар ҷаҳониён баргузид>>, пас он мусалмон ба ҷӯш омад, то ҳадде ки ба он яҳудӣ силӣ зад! Пас он яҳудӣ ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам омад ва аз он мусалмон шикоят кард, вале бино бар иддаъои Абу Ҳурайра он Ҳазрат ҳақро ба яҳудӣ дод ва сухани мазкурро гуфт! Албатта ин яҳудигаройи дар ривоёти Абу Ҳурайра мунҳасир ба ин як маврид нест; Чроки Бухорӣ мавориди дигареро низ аз ӯ ривоят кардааст; Монанди ривояти дигаре аз Ӯ ки дар он омадааст: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: <<Барои бандае шойиста нест ки бигӯяд ман беҳтар аз Юнус ҳастам>>!! Ва дар ривояти севвум ӯ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам омадааст: <<Ҳар кас бигӯяд ман аз Юнус беҳтарам дурӯғ гуфтааст>>!!) Дар ҳоле ки рӯшан аст ҳамаи мусалмонон (аз аҳли байт ва саҳоба ва тобеъин ва атбоъи тобеъин ва фуқаҳоъи мазоҳиб), он Ҳазратро аз ҳамаи Паёмбарони пешин афзал мешуморанд (Чунонки ривояти мутавотире аз онон бо ин мазмун расидааст ва табъан бино бар ин ривоят ҳамаи онон дурӯғ мегӯянд ва танҳо Абу Ҳурайра рост мегӯяд, дар ҳоле ки баъид аст худи Бухорӣ ҳам ба ин лозим мултазим бошад! Вонгаҳе ин сухани устозунал Мансур метавонад ба маънои он бошад ки ҳар кас Паёмбаре аз Паёмбарони гузаштаро аз Паёмбари Ислом афзал бидонад мусалмон нест, балки мунофиқ маҳсуб мешавад); Чароки афзалияти он Ҳазрат аз мусалламот ва чи басо заруриёти Ислом аст (аз <<Мусалламоти>> Ислом аст ба далили инки навъи мусалмонон дар бораи он иттифоқи назар доранд ва аз <<Заруриёти>> Ислом аст ба далили инки ба рӯшанӣ аз бисёрӣ оёти Қуръон дониста мешавад, фориғ аз онки лозимаи ақлӣ хотамияти ӯст; Чунонки бархӣ асотиди фозил дар пойгоҳи иттилоърасонии устозунал Мансур дар посух ба пурсише дар бораи бартарии вуҷудӣ Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармудаанд:

<<<Бартарии вуҷудӣ>> ба маънои гиромитар будани назди Худованд, қатъан барои он Ҳазрат собит аст; Зеро он ҳазрат вопасин Паёмбари Худованд аст [Аҳзоб/ 40] ки дин ба воситаи ӯ комил ва неъмат ба воситаи ӯ тамом шудааст [Моъида/ 3] ва паёмбарони пешин барои ёрии ӯ паймон бастаанд [Оли Имрон/ 81] ва ба зуҳури ӯ башорат додаанд [Саф/ 6] ва авсофи ӯ ва пайравонашро ёд кардаанд [Фатҳ/ 29] ва пайравони худро ба итоъат аз ӯ амр намудаанд [Аъроф/ 157], то ҷойе ки итоъат аз Паёмбарони пешин ба ҷойи ӯ кифоят намекунад [Оли Имрон/ 85] ва гиромитар будан назди Худованд чизе ҷуз ин нест. Аз ин рӯ, Худованд фазли худро бар он Ҳазрат бузург шумурда [Исроъ/ 87] ва ӯро <<Кавсар>> ба маънои баҳраи фавқулода бахшида [Кавсар/ 1] ва ваъдаи <<Мақоми Маҳмуд>> [Исроъ/ 79] ва <<Фатҳи мубин>> [Фатҳ/ 1] ва <<Насри Азиз>> [Фатҳ/ 3] ва пирӯзӣ бар ҳамаи адён [Тавба/ 33] дода ва ҷинну инсро мухотаби ӯ сохта [Арраҳмон/ 33] ва ба пайравӣ аз ӯ барангехта [Аҳқоф/ 29] ва ҳазорон фариштаро барои ёрии ӯ нозил фармуда [Оли Имрон/ 124-126] ва ба баракати ӯ шаётинро аз наздик шудан ба осмон боз дошта [Ҷин/ 9] ва ӯро дар як шаб ба байтул Муқаддас [Исроъ/ 1] ва аз онҷо ба болотарин нуқта дар Биҳишт ки Сидре бар каронаи он рӯйида, расонда [Наҷм/ 14] ва бузургтарин нишонаҳои худро ба ӯ нишон дода [Наҷм/ 18] ва хулоса ба ӯ он қадар ато фармуда ки розӣ шудааст [Зуҳо/ 5] ... балки филҷумла уммати он Ҳазрат низ аз сойири умматҳо афзал аст; Зеро ба бахше аз дин илм дорад ва амал мекунанд ки онҳо ба он илм надоранд ва амал надоранд ва амал намекунанд ва рӯшан аст ки илм ба дин ва амал ба он мабнои фазилат дар Ислом аст; Чунонки Худованд фармудааст: «يَرْفَعِ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ ۚ» [Муҷодила/ 11]; <<Худованд дархости касоне аз шумо ки имон оварданд ва касоне ки илм дода шудандро боло мебарад>> Ва фармудааст: «إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ ۚ» [Ҳуҷарот/ 13]; <<Ҳароина гиромитарини шумо назди Худованд парҳезкортарини шумост>>. Аз ин рӯ, Худованд ба уммати он Ҳазрат фармудааст: «وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا ۗ» [Бақара/ 143]; <<Бадин сон шуморо уммати васат қарор додем то гувоҳоне бар мардум бошед ва Паёмбар гувоҳе бар шумо бошад>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки мурод аз <<Васат>> дар каломи Ӯ <<Афзал>> аст; Ба қаринаи «لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ»; <<То гувоҳоне бар мардум бошед>>  Ва ба қаринаи инки дар ояи дигар фармудааст: «قَالَ أَوْسَطُهُمْ أَلَمْ أَقُلْ لَكُمْ لَوْلَا تُسَبِّحُونَ» [Қалам/ 28]; <<Афзали онон гуфт: Оё ба шумо нагуфтам ки чаро [Худоро] тасбеҳ намегӯйед?!>> Ва фармудааст: «حَافِظُوا عَلَى الصَّلَوَاتِ وَالصَّلَاةِ الْوُسْطَىٰ» [Бақара/ 238]; <<Бар намозҳо ва [хусусан] намози васатӣ муҳофизат кунед>> ки далолат бар афзалияти намози аср ё субҳ ё зур бар сойири намозҳо аст. Ҳосил онки Паёмбари Ислом ба Паёмбарони гузашта ва уммати Ислом ба умматҳои гузашта фазилат дорад ва ба ҳамин далил, бар пайравони Паёмбарони гузашта аз умматҳои гузашта воҷиб аст ки аз Паёмбари Ислом пайравӣ кунанд ва ба уммати Ислом бипайванданд; Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: «فَإِنْ آمَنُوا بِمِثْلِ مَا آمَنْتُمْ بِهِ فَقَدِ اهْتَدَوْا ۖ وَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا هُمْ فِي شِقَاقٍ ۖ» [Бақара/ 137]; <<Пас агар ба монанди чизе ки шумо имон овардед имон оваранд, ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯй бартофтанд ҷуз ин нест ки дар инҳироф ҳастанд>> Ва ҳар хайре ҳаст дар Ислом аст.> [Пурсиш ва посухи 109].

Бале, инсоф он аст ки ақл ба лузуми афзалияти охарин Паёмбар ки пайравӣ аз ӯ то рӯзи қиёмат воҷиб аст далолат мекунад ва оёти Қуръон низ муъаяди ин далолати ақлӣ ҳастанд ва ҳар кас ба таъобири Қуръон дар бораи он Ҳазрат таваҷҷуҳ кунад ба афзалияти ӯ назди Худованд қатъ меёбад. Аз ин рӯ, дидгоҳи Бухорӣ, Абу Ҳурайра ва яҳудиён дар бораи он Ҳазрат дуруст нест); Ҳамчунонки (ин мазмун) ба фаровонӣ аз он Ҳазрат ривоят шудааст ки худро <<Саййди фарзандони Одам>> шумурда[5] (яъне фармудааст: «أَنا سَیِّدُ وُلْدِ آدَمَ وَلا فَخْرَ»; <<Ман сарвари авлоди Одам ва фахр намекунам>>. Ин маъно ба тавотур аз он Ҳазрат ва низ саҳоба ва аҳли байташ дар бораи ӯ ривоят шуда) ва фармудааст ки агар Мӯсо алайҳи салом зинда буд, ҷуз пайравӣ аз он Ҳазрат роҳе надошт![6] (Аҳли ҳадис бо асноди мухталиф аз чунин саҳобае монанди Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдуллоҳ ибни Собит ва Абу Қалоба ривоят кардаанд ки як бор Умар ибни Хаттоб бар мардӣ яҳудӣ гузашт ки таврот мехонад, пас соъате назди ӯ нишаст ва ба хондани ӯ гӯш супурд, то ҳадде ки таҳти таъсири он қарор гирифт ва аз он хушаш омад, пас ба ӯ гуфт: Оё метавонам аз рӯйи ин китоб бинависам?! Яҳудӣ гуфт: Бале, пас Умар рафт ва пӯсте барои худ харид ва баргашт ва пушту рӯйи онро аз Таврот пур кард ва сипас ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам омад ва гуфт: «يا رَسُولَ اللّهِ! إِنِّي مَرَرْتُ بِأَخٍ لِي مِنْ قُرَيْظَةٍ وَ كَتَبَ لِي جَوامِعَ مِنَ التَّوراةِ، أَفَلا أَعْرِضُها عَلَيْكَ؟»; <<Эй Расули Худо! Ман бар як бародаронам аз банӣ Қурайза гузаштам ва ӯ барои ман матолиби ҷомеъӣ аз Таврот навишт, оё бароят нахонам?!>> Ва сипас шурӯъ кард ба хондани он барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам! Пас он Ҳазрат ба ғазаб омад, то ҳадде ки ранги рӯяш мутағаййир шуд, дар ҳоле ки Умар сараш дар Таврот буд ва метаваҷҷеҳи он Ҳазрат набуд! Пас яке аз саҳоба ки ҳозир буд Тавротро аз дасти ӯ гирифт ва гуфт: «!ثَكَلَتْكَ أُمُّكَ يا ابْنَ الْخَطّابِ! مَسَخَ اللّهُ عَقْلَكَ؟! أَلا تَرىٰ ما بِوَجْهِ رَسُولِ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ؟»; <<Модарат ба азоят биншинад эй писари Хаттоб! Оё Худованд ақлатро масх кардааст?! Оё чизе ки бар чеҳраи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастро намебинӣ?!>>. Пас Умар сари худро боло овард ва ғазабро бар чеҳраи он Ҳазрат дид, пас гуфт: «أَعُوذُ بِاللّهِ مِنْ غَضَبِ اللّهِ وَ مِنْ غَضَبِ رَسُولِهِ رَضِينا بِاللّهِ رَبّاً وَ بِالْإسْلامِ دِيناً وَ بِمُحَمَّدٍ نَبِياً»; <<Ба Худо паноҳ мебарам аз ғазаӣи Худо ва аз ғазаби Паёмбараш! Худоро ба унвони рабби худ ва Исломро ба унвони дини худ ва Муҳаммадро ба унвони Паёмбари худ пазируфтам>>! Дар ин ҳангом Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: «وَالَّذِي نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ لَوْ بَدا لَكُمْ مُوسىٰ فَاتَّبَعْتُمُوهُ وَ تَرَكْتُمُونِي لَضَلَلْتُمْ عَنْ سَواءِ السَّبِيلِ وَلَوْ كانَ حَيّاً وَ أَدْرَكَ نُبُوَّتي ما وَسِعَهُ إِلّا اتِّباعِي -وَ فِي رِوایَةٍ أُخْریٰ- لَاتَّبَعَنِي، أَنْتُمْ حَظِّي مِنَ الْأُمَمِ وَ أَنا حَظُّكُمْ مِنَ النَّبِيِّينَ»; <<Ба касе ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст савганд ки агар Мӯсо барои шумо ошкор шавад, пас аз ӯ пайравӣ кунед ва манро вогузоред аз роҳи рост гумроҳ шудаед ва агар ӯ зинда буд ва набуввати манро дарк мекард ҷуз пайравӣ аз ман барои ӯ раво набуд –ва дар ривояти дигаре аст: – Бегумон аз ман пайравӣ мекард! Шумо саҳми ман аз умматҳо ҳастед ва ман саҳми шумо аз Паёмбаронам>> [барои ин ривояти бисёр муҳим, нигоҳ кунед ба: Мусаннафи Абдуррозиқ, ҷ6, с112 ва 113; Мусаннафи Ибни абӣ Шейба, ҷ6, с228; Муснади Аҳмад, ҷ3, с387 ва 470; Сунани Дорамӣ, ҷ1, с115]! Албатта алоқаи халифаи дуввум ба китоби <<Бародарони яҳудиаш>> аҷиб буд, вале аз он аҷибтар ин буд ки бо вуҷуди ғазаб ва тавбихи шадиди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба таври комил онро тарк накард ва бори дигар дар замони хилофаташ бо эътиноъ ба суханони Каъбул Аҳбор онро буруз дод ва албатта гӯё ба фарзандонаш низ интиқол ёфта буд; Чун дар манобеъ ривоят шудааст ки духтараш Ҳафса низ ки аз ҳамсарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд, як бор китобӣ яҳудӣ аз қиссаҳои Юсуф ки бар рӯйи китфе навишта шуда буд ва шояд аз дасти падараш гирифта будро ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам овард ва шурӯъ ба хонданаш барои он Ҳазрат кард! Пас рӯйи он Ҳазрат аз хашм сурх шуд ва сипас фармуд: «وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لَوْ أَتاكُمْ يُوسُفُ وَ أَنا فِيكُمْ فَاتَّبَعْتُمُوهُ وَ تَرَكْتُمُوني لَضَلَلْتُمْ»; <<Қасам ба касе ки ҷонам ба дасти Ӯст агар Юсуф ба назди шумо биёяд дар ҳоле ки ман миёни шумо ҳастам, пас аз ӯ пайравӣ кунед ва манро вогузоред гумроҳ шудаед>> [нигоҳ кунед ба: Мусаннафи Абдуррозиқ, ҷ6, с113]!) Бо ин васф, рӯшан нест ки ин гурӯҳ аз аҳли ҳадис, агар ба ростӣ Мӯсо алайҳи саломро аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бартар медонистанд, чаро ба ҷои шариъати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба шариъати Мӯсо алайҳи салом дохил намешуданд ва ба ҷои Қуръон аз Таврот пайравӣ намекрданд?! (Дар ҳоле ки ақл ба вуҷуби пайравӣ аз афзал ҳукм мекунад ва ҳукми шаръи низ ҳамин аст; Чунонки фармудааст: «وَاتَّبِعُوا أَحْسَنَ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَكُمُ الْعَذَابُ بَغْتَةً وَأَنْتُمْ لَا تَشْعُرُونَ» [Зумар/ 55]; <<Ва аз беҳтарин чизе ки аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шуд пайравӣ кунед пеш аз онки шуморо азоб ногаҳон бирасад дар ҳоле ки намедонед>>! Бо ин ҳисоб, агар Мӯсо алайҳи салом аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Таврот аз Қуръон беҳтар бошад, пайравӣ аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Қуръон бар хилофи ақл ва шаръ аст. Аз инҷо дониста мешавад ки ҳар Паёмбари улулазм ва соҳиби шариъате аз Паёмбарони пеш аз худ афзал будааст; Ба ин тартиб ки Нӯҳ алайҳи салом аз Паёмбарони пеш аз худ афзал будааст ва Иброҳим алайҳи салом аз Паёмбарони пеш аз худ аз ҷумла Нӯҳ алайҳи салом афзал будааст ва Мӯсо алайҳи салом аз Паёмбарони пеш аз худ аз ҷумла Иброҳим алайҳи салом афзал будааст ва Исо алайҳи салом аз Паёмбарони пеш аз худ аз ҷумла аз Мӯсо алайҳи салом афзал будааст ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз Паёмбарони пеш аз худ аз ҷумла аз Исо алайҳи салом афзал будааст ва ин нуктаи бадеъӣ аст ки аз баёни устозунал Мансур истифода мешавад. Бо ин ҳисоб, пурсиши устозунал Мансур пурсиши баҷойе аст ки чораи ин гурӯҳ аз аҳли ҳадис, ба ҷойи шариъати Ислом аз шариъати яҳуд пайравӣ намекунанд?!) Ҳар чанд онон дар амал, ин корро анҷом медоданд ва омузаҳои яҳудиро таъйид ва тарвиҷ мекарданд ва Қуръонро бар пояи чизе ки яҳудиён аз Таврот нақл мекарданд, тафсир менамуданд (намунаҳои фаровоне барои ин воқеъият вуҷуд дорад; Монанди ривояти Бухорӣ ва Муслим аз тариқи Абу Ҳурайра ки дар он омадааст: «خَلَقَ اللّهُ آدَمَ عَلیٰ صُورَتِهِ» [Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ7, с125; Саҳеҳул Муслим, ҷ8, с32]; <<Худованд Одамро ба сурати Худ офарид>>, дар ҳоле ки ин ъайни иборати мавҷуд дар Таврот аст ки мегӯяд: <<Худо инсонро ба сурати Худ офарид>> [Сафари пайдоиш, 1:27] Ва бар хилофи иборати Қуръон аст ки фармудааст: «لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ ۖ» [Шӯро/ 11]; <<Ҳеч чизе монанди Ӯ нест>> Ва монанди ривоёти дигаре ҳокӣ аз инки Худованд макони хоссе дорад ва аз ҷойе ба ҷои дигар меояд ва меравад, дар ҳоле ки бар хилофи оёти Қуръон ва мутобиқ бо гаройишҳои яҳудӣ аз Таврот аст ки масалан мегӯяд: <<Ва садои Худоро шуниданд ки дар хунукии рӯз дар боғ мехиромид>> [Сафари пайдоиш, 3:8] Ва монанди ривоёти дигаре ҳокӣ аз афзалияти Мӯсо алайҳи салом бар Расули Худо саллаллоҳ алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ақидаи яҳудиён аст ва қаблан ба он ишора шуд ва монанди ривоёти дигаре аз ин даст ки зикр ҳамаи онҳо дар инҷо намегунҷад); Бал бисёрӣ аз онон (хусусан дар садаҳои нахустини Исломӣ ба таъйид ва тарвиҷи амалии омӯзаҳои яҳудиён басанда намекарданд ва) муддаъӣ буданд ки Худованд дар ояи: «فَاسْأَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِنْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ»;[7] <<Аз аҳли зикр бипурсед агар намедонед>>, ба фарогирии дониш аз аҳли китоб амр карда (яъне муродаш ин будааст ки аз яҳудиён ва масеҳиён бипурсед агар намедонед);[8] Дар ҳоле ки ин тавҳҳумӣ ботил ва ифтироӣ хатарнок (бар Худованд) аст; Чароки Худованд борҳо аҳли китобро ба кетмони ҳақ ва талбиси он ба ботил мутаҳам карда[9] (ва ба унвони намуна, фармудааст: <<Ва ҳароина гурӯҳе аз онон ҳақро кетмон мекунанд дар ҳоле ки медонанд>> [Бақара/ 146]) ва аз дурӯғ бастани онон бар худ ва даст бурданашон дар китоб хабар дода (ва ба унвони намуна фармудааст: <<Пас вой бар касоне ки китобро бо дастони худ менависанд ва сипас мегӯянд ки ин аз ҷониби Худованд аст то онро ба баҳойи андак бифурӯшанд, пас вой бар онон ба сабаби чизе ки навиштанд ва вой бар онон ба сабаби чизе ки касб мекунанд>>)[10] ва аз дӯстӣ бо онон ва пайравӣ аз ойиншон бар ҳазар дошта (ва ба унвони намуна, фармудааст: <<Эй касоне ки имон овардед! Яҳудиён ва масеҳиёнро дӯсти худ нагиред, бархӣ аз онон дӯстони бархӣ дигаранд ва ҳар кас аз шумо ононро ба дӯстӣ бигирад ӯ аз онон аст, ҳароина Худованд гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад>>)[11] ва бо ин васф, муҳол аст ки ба фарогирии дониш аз онон амр карда бошад (чароки амр ба фарогирии дониш аз онон бо вуҷуди наҳй аз гирифтани онон ба дӯстӣ ва таъкид бар кетмонҳо ва талбисҳо ва таҳрифҳои онон дар дин, иҷтимоъи амр ва наҳйи Худованд дар мавзӯъи воҳид аст ки мумкин нест. Бале, пурсидан аз онон дар бораи ақойид ва аъмоли худашон ва на ақойид ва аъмоли мусалмонон ишколе надорад; Ба ин сурат ки аз онон пурсида шавад ба чи чизе бовар доштаанд ва ба чи чизе бовар надоштаанд ва чи корҳоеро анҷом додаанд ва чи корҳоеро анҷом надодаанд, то инҳирофоташон шинохта шавад ва аз саргузашташон ибрат гирифта шавад, на инки аз онон пурсида шавад ақидаи ҳақ чист ва амали саҳиҳи кадом аст ва Худованд чи чизе нозил кардааст ва мо бояд чи кор кунем ва муроди Худованд ҳамин аст дар ҷойе ки фармудааст: «وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَىٰ تِسْعَ آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ ۖ فَاسْأَلْ بَنِي إِسْرَائِيلَ إِذْ جَاءَهُمْ» [Исроъ/ 101]; <<Ва ҳароина Мӯсоро бо Нӯҳ нишонаи ошкор фиристодем, пас аз банӣ Исроъил бипурс ҳангоме ки ба наздашон омади>> яъне бипурс ҳангоме ки ба наздашон омади чигуна амал карданд ва мефармояд: «وَاسْأَلْهُمْ عَنِ الْقَرْيةِ الَّتِي كَانَتْ حَاضِرَةَ الْبَحْرِ إِذْ يَعْدُونَ فِي السَّبْتِ» [Аъроф/ 163]; <<Ва аз онон дар бораи қарияе бипурс ки наздики дарё буд ҳангоме ки дар рӯзи шанбе таъаддӣ мекарданд>> яъне бипурс ки оқибаташон чи шуд ва ин ҳар ду пурсише дар бораи саргузашти онон аст ки ҷанбаи ёдоварӣ ва муъохиза дорад на истифҳом. Бале, дар ояи дигаре фармудааст: «فَإِنْ كُنْتَ فِي شَكٍّ مِمَّا أَنْزَلْنَا إِلَيْكَ فَاسْأَلِ الَّذِينَ يَقْرَءُونَ الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِكَ ۚ» [Юнус/ 94]; <<Пас агар дар бораи чизе ки ба сӯят нозил кардем дар шакке ҳастӣ, пас аз касоне бипурс ки пеш аз ту китобро мехонданд>>, вале ин низ бар машрӯъияти муроҷиъаи мусалмонон ба аҳли китоб далолате надорад; Чароки аз як сӯ муроҷиъаи Паёмбар ба ононро дар сурати шакки дар Қуръон ҷойиз дониста, дар ҳоле ки мусалламан он ҳазрат шакки дар Қуръон надошта ва аз ин рӯ, ба онон муроҷиъа накардааст, балки чи басо аз ин оя дониста мешавад ҷуз касе ки шакки дар Қуръон дошта бошад аз аҳли китоб пурсиш намекунад ва аз сӯӣ дигар мумкин аст мурод аз «الَّذِينَ يَقْرَءُونَ الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِكَ ۚ»; <<Касоне ки пеш аз ту китобро мехонданд>> яҳудиён ва масеҳиён набошанд, балки Паёмбарони пеш аз он Ҳазрат бошанд; Чароки аз як сӯ, <<Хондани китоб>> дар Қуръон ба маънои таблиғи рисолати Худованд ва шаъни Паёмбарон дониста шуда; Чунонки масалан фармудааст: «وَقُرْآنًا فَرَقْنَاهُ لِتَقْرَأَهُ عَلَى النَّاسِ عَلَىٰ مُكْثٍ وَنَزَّلْنَاهُ تَنْزِيلًا» [Исроъ/ 106]; << Ва Қуръоне ки ҷудояш кардем то онро бар мардум бо даранг бихонӣ ва онро ба тадриҷ нозил кардем>> Ва аз сӯӣ дигар дар ҷойи дигар Паёмбарро ба пурсиш аз Паёмбарони пешин амр карда ва фармудааст: «وَاسْأَلْ مَنْ أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رُسُلِنَا أَجَعَلْنَا مِنْ دُونِ الرَّحْمَٰنِ آلِهَةً يُعْبَدُونَ» [Зухруф/ 45]; <<Ва аз Паёмбаронамон ки пеш аз ту фиристодем бипурс оё ба ҷуз Худованд худоёне қарор додем ки параситш мешаванд?!>> Ва ин маънойи бисёр муҳтамал аст, балки маънойи саҳиҳ ҷуз ин нест; Зеро пурсиши Паёмбар аз яҳудиён ва масеҳиёне ки мункари Қуръон ҳастанд дар сурати шакки дар Қуръон маъно надорад ва монанди ин аст ки бифармояд: Агар дар ростии Қуръон шак дорӣ аз касоне бипурс ки онро дурӯғ медонанд! Дар ҳоле ки чунин сухане аз ҷоҳилон ҳам содир намешавад, чи расад ба Аҳкамул Ҳокимин?! Бинобарин, пурсидан аз аҳли китоб дар Қуръон машрӯъ дониста нашудааст, магар барои ошнойи бо ақойид, аъмол ва саргузашти худи онон ба манзури ибрат гирифтан ва истифода дар иршод ва даъвати онон ба сӯӣ Ислом).

(Пас муроди Худованд аз <<Аҳли зикр>> наметавонад аҳли китоб бошад,) Балки чи басо (ба унвони қавитарин эҳтимол метавон гуфт) муроди Ӯ аз <<Зикр>> дар ин оя, Паёмбари Ӯст; Чунонки ба рӯшани он Ҳазратро <<Зикр>> номида ва фармудааст: «قَدْ أَنْزَلَ اللَّهُ إِلَيْكُمْ ذِكْرًا؛ رَسُولًا يَتْلُو عَلَيْكُمْ آيَاتِ اللَّهِ مُبَيِّنَاتٍ»;[12] <<Худованд ба сӯӣ шумо зикре фиристодааст: Расуле ки оёти рӯшангари Худовандро бар шумо мехонад>> (мефармояд <<Чи басо>> барои инки <<Зикр>> дар Қуръон ба маънои Қуръон ҳам омада; Чунонки фармудааст: «إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ» [Ҳиҷр/ 9]; <<Ҳароина мо худ зикрро нозил кардем ва мо худ онро пос медорем>> ва бо ин васф, <<Аҳли зикр>> метавонад ба маънои <<Аҳли Қуръон>> ҳам бошад; Ҷуз онки дар ин сурат маънои оя миқдоре мубҳам мешавад; Чароки мо дар миёни мусалмонон касеро таҳти унвони <<Аҳли Қуръон>> намешиносем ва маълум нест ки ба чи касоне метавон <<Аҳли зикр>> бигӯйем, дар ҳоле ки иҳола ба маҷҳул аз Худованд содир намешавад) Ва бо ин васф, (беҳтар он аст ки бигӯйем) <<Аҳли зикр>> касоне ҷуз аҳли Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нестанд ки (барои мусалмонон маълум ҳастанд ва тавассути Паёмбар муъаррифӣ шудаанд ва) Худованд ошкоро (дар ояи татҳир) аз таҳорати комили онон хабар дода (бо таваҷҷуҳ ба инки дар ин оя аз иродаи худ барои татҳири комили онон хабар дода ва дар оёти дигар хабар додааст ки иродаи Ӯ тахаллуф намепазирад) ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ (дар ҳадиси мутавотири Сақалайн ки қаблан табйин шуд) ба таъкид бар зарурати тамассук ба онон дар канори Қуръон, пой фишурда ва ин қавли роҷеҳӣ (дар муқойиса бо ду қавли гузашта) аст ки (дар манобеъи аҳли суннат) аз Алӣ ибни абӣ Толиб[13] ва Абу Ҷаъфари Боқир[14] нақл шудааст (ба ин тартиб ки фармуданд: «نَحْنُ أَهْلُ الذِّکْرِ»; <<Аҳли зикр мо ҳастем>>! Албатта ин сухан дар манобеъи аҳли ташаюъ низ ба фаровонӣ аз аҳли байт ривоят шуда, вале устозунал Мансур мутаъаммид аст ки дар ин бора ба манбеъи аҳли ташаюъ истиноде накунад; Чароки онон бо таваҷҷуҳ ба ташаюъашон ба ҷаъли ҳадис ба суди аҳли байт муттаҳам шудаанд ва ба ҳамин далил, устозунал Мансур аз истинод ба манобеъи онон барои табйини шаъни аҳли байт кароҳат дорад, дар ҳоле ки аҳли суннат аз чунин иттиҳоме ба дуранд ва ба ҳамин далил, истинод ба манобеъи онон вусуқ ва итминони бештаре барои ҳамагон эҷод мекунад); Вале гӯё касоне ки дар мактаби Умавӣ парвариш ёфтаанд (таҳти таъсири душмании Умавиён бо аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), пайравӣ аз яҳуд ва насороро бар пайравӣ аз аҳли байти Паёмбарошон тарҷеҳ медиҳанд (инно Лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун) ва аз бими ташаюъ ба сӯӣ куфр мегурезанд! (Яъне аз тарси инки мабодо бо эътиқод ба вуҷуби пурсиш аз аҳли байти Паёмбарашон шиъа пиндошта шаванд, ба вуҷуби пурсиш ва аҳли китоб мӯътақид мешаванд, дар ҳоле ки эътиқод ба вуҷуби пурсиш аз аҳли китоб куфр аст ё пурсиш аз онон ба куфр мекашонад ё мурод аз куф дар инҷо ҳамон яҳуд ва насорост ки инон ба сӯяшон мегурезанд.) Дар ҳоле ки рӯшан аст пайравӣ аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (танҳо мубтанӣ бар ин насси заннии Қуръонӣ нест, бал) мубтанӣ бар нусуси қатъии Қуръонӣ ва суннатӣ аст (ки пештар бо меҳварияти ояи Татҳир ва ҳадиси Сақалайн табйин шуд) ва бо ин васф, (пайравӣ аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ташаюъ ба маънои як мазҳаб (бо ҳамаи хусусиёти мусбат ва манфияш) маҳсуб намешавад (ҳар чанд ташаюъи аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба маънои луғавӣ ки иборат аз пайравии онон аст маҳсуб мешавад; Чунонки Иброҳим алайҳи саломро шиъаи Нӯҳ алайҳи салом ба маънои пайрави ӯ дониста ва фармудааст: «وَإِنَّ مِنْ شِيعَتِهِ لَإِبْرَاهِيمَ» [Софот/ 83]; <<Ва ҳароина аз шиъаи ӯ Иброҳим буд>>), бал монанди иқомаи намоз ва пардохти закот, аз муқтазиёти Исломи асил ва комил аст (Чароки монанди он ду мубтанӣ бар далили қатъӣ аз Қуръон ва суннат аст, агарчи бисёри мусалмонон ба сабаби мавонеъи шинохт бо он ошнойи надошта бошанд

Ин дарс то ҳаминҷо кофӣ аст; Чароки нукоти бисёре дар он гуфта шуд. Ҳар чанд мабоҳис ба ҳам пайваста аст, вале боқӣ бимонад барои ҷаласаи баъд ин шоъ Аллоҳ

والسلام عليکم و رحمت الله.)

↑[1] . Соффот/ 125.

↑[2] . Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ8, с174: إنّ يهودياً جاء إلى النّبيّ صلّی اللّه علیه و آله و سلّم فقال: يا محمّد! إنّ اللّه يمسك السّماوات على إصبع والأرضين على إصبع والجبال على إصبع والشجر على إصبع والخلائق على إصبع ثم يقول: أنا الملك! فضحك رسول اللّه حتّى بدت نواجذه ثم قرأ: «وما قدروا اللّه حقّ قدره»! قال يحيى بن سعيد: و زاد فيه فضيل بن عياض عن منصور عن إبراهيم عن عبيدة عن عبد اللّه: فضحك رسول اللّه تعجّباً وتصديقاً له!!

↑[3] . Анъом/ 91.

↑[4] . Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ3, с88: قال النّبي صلّی اللّه علیه و آله و سلّم: لا تخيّروني على موسى فإنّ النّاس يصعقون يوم القيامة فأصعق معهم فأكون أوّل من يفيق فإذا موسى باطش جانب العرش فلا أدري أكان فيمن صعق فأفاق قبلي أو كان ممّن استثنى اللّه!! صحيح البخاري، ج5، ص193: عن أبي هريرة رضي اللّه عنه عن النّبي قال: ما ينبغي لعبد أن يقول أنا خير من يونس!! صحيح البخاري، ج، ص31: عن أبي هريرة رضي اللّه عنه عن النبي قال: من قال أنا خير من يونس بن متى فقد كذب!!

↑[5] . Нигоҳ кун ба: Абдурразоқ, Ал-Мусаннаф, ҷ3, с183; Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ7, с417 ва 430; Муснади Аҳмад, ҷ2, с540 ва ҷ3, с2 ва ҷ5, с388; Муснади ибни Роҳивей, ҷ1, с227; Саҳеҳ Муслим, ҷ7, с50; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1440; Сунани абӣ Довуд, ҷ2, с407; Сунанул Тирмизӣ, ҷ4, с370; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ2, с605.

↑[6] . Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ6, с228; Муснади Аҳмад, ҷ3, с338; Муснади абӣ Яъло, ҷ4, с102; Ибни Ҳаҷар, Фатҳул борӣ, ҷ13, с438.

↑[7] . Наҳл/ 43 ва Анбиёъ/ 7.

↑[8] . Ба унвони намуна, нигоҳ кун ба: Табарӣ, Ҷомиул баён, ҷ14, с144; Наҳҳос, Маъонеул Қуръон, ҷ4, с68; Ибни абӣ Заманайн, Тавсири ибни Заманайн, ҷ2 ,с 404; Роғиби Исфаҳонӣ, Ал-Муфрадот, с179; Саълабӣ, Ал-Кашву вал баён, ҷ6, с18 ва 270 ва манобеъи дигар.

↑[9] . «وَإِنَّ فَرِيقًا مِنْهُمْ لَيَكْتُمُونَ الْحَقَّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ» (Бақара/ 146).

↑[10] . «فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ يَكْتُبُونَ الْكِتَابَ بِأَيْدِيهِمْ ثُمَّ يَقُولُونَ هَٰذَا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ لِيَشْتَرُوا بِهِ ثَمَنًا قَلِيلًا ۖ فَوَيْلٌ لَهُمْ مِمَّا كَتَبَتْ أَيْدِيهِمْ وَوَيْلٌ لَهُمْ مِمَّا يَكْسِبُونَ» (Бақара/ 79).

↑[11] . «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الْيَهُودَ وَالنَّصَارَىٰ أَوْلِيَاءَ ۘ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَمَنْ يَتَوَلَّهُمْ مِنْكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ» (Моиъда/ 51).

↑[12] . Талоқ/ 10 ва 11.

↑[13] . Табарӣ, Ҷомеъул баён, ҷ17, с8; Саълабӣ, Ал-Кашвул вал баён, ҷ6, с270; Қуртубӣ, Ал-Ҷомеъул аҳкомул Қуръон, ҷ11, с272.

↑[14] . Табарӣ, Ҷомеъул баён, ҷ14, с145; Ибни Касир, Тафсирул Қуръонул Азим, ҷ2, с591.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Барои шунидани савти дарси чиҳилу ҳаштум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?