Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чиҳилу ҳафтум
Мавзӯъ:

Ҳокимияти ғайри Худованд (3)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли бо нусуси мутаъаддиди Қуръони карим ва далоили мутқани ақли салим собит шуд ки вилоят дар Ислом мунҳасир ба Худованди азим аст.) Рӯшан аст ки инҳисори вилоят ба Худованд, ба ин маъност ки вилоят (ба маънои султа бар умури дигарон), танҳо аз Худованд нашъат мегирад ва Худованд, диҳандаи он (ба ҳар кас аз бандагони худ) аст (ки мехоҳад ва ин нуктаи бисёр муҳимме аст ки бар хавориҷ пӯшида монд ва аз ин рӯ, пиндоштанд ки инҳисори вилоят ба Худованд, яъне ҳеҷ башаре мутлақан ҳаққи ҳокимият ва султа бар умури дигаронро надорад, дар ҳоле ки чунин бардоште маҳзи сафсата аст ва хоста ё нохоста ба ҳарҷу марҷ меанҷомад, ҳар чанд гунаи оноршизми динӣ аз синхи тасаввуроти Лев Толстой [д.1910м] нависандаи номдори русӣ бошад ки ҳар ҳокимеро фоқиди машрӯъияти ҳукумронӣ бар мардум медонист ва шоъиорона мӯътақид буд ки беҳтар аст муҳаббати Худованд бар мардум ҳукумронӣ кунад! Дар ҳоле ки рӯшан аст ҳеҷ гоҳ муҳаббати Худованд бар ҳамаи мардум ҳоким намешавад ва ҳамеша гурӯҳе аз онон ҳастанд ки муҳаббати дунёро дар дил мепарваронанд ва ба ситам ва ифсод дар замин мепардозанд ва қаҳран бояд яке аз касоне ки муҳаббати Худованд бар онон ҳоким аст дорои ҳокимият бошад то битавонад ин гурӯҳ аз мардумро маҳор кунад ва аз ситам ва ифсод дар замин боз дорад ва ӯ касе аст ки Худованд аз ҳукумати муҳаббаташ бар ӯ хабар дода ва ӯро намояндаи худ дар замин донистааст. Бинобарин, ақидаи маъқул ва мӯътадил он аст ки ҳар касе ҷуз ӯ бар дигарон султа пайдон кунад, тоғут шумурда мешавад) ва бар ин асос, гирифтани валийе ҷуз Ӯ ба маънои қабули вилояти касе аст ки Худованд ӯро аз назди худ вилояте надодааст (хоҳ ӯ худаш иқрор дошта бошад ки Худованд ӯро аз назди худ вилояте надодааст, монанди аксарияти ғолиби авлиёъи кунунӣ дар ҷаҳон ки муддаъии интисоб аз ҷониби Худованд нестанд ва ба пуштивонаи раъйи аксарияти мардум ё зӯри худ ҳукумат мекунанд ва хоҳ бидуни далилӣ илмовар муддаъии вилояте аз ҷониби Худованд бошад, монанди чанд нафар аз уламои шиъа дар чанд даҳаи охир ки вақте толиби ҳукумат шуданд ва диданд дар Ислом, ҳукумати касе ки Худованд ӯро аз ҷониби худ мансуб накарда, тоғут аст, муддаъии интисоб аз ҷониби Худованд шуданд; Чунонки гӯйи интисоб аз ҷониби Худованд ба иддаъост ва ҳар кас худро мансуб аз ҷониби Худованд бишуморад, ҳатман рост мегӯяд! Ё гӯйи интисоб аз ҷониби Худованд ба доштани миқдорӣ маълумоти ноқис ва ғайри яқинӣ дар бораи дин аст ва ҳар кас аз назари худаш ё бархӣ мардум «Фақиҳ» маҳсуб шавад, дорои «Вилояти мутлақ» аз ҷониби Худованд аст! Шабеҳи мантиқи бархӣ муддаъиёни дурӯғини имомат ва Маҳдавият ки бо таҳаккуми аҳмақонае мегӯянд ин амрро касе ҷуз соҳибаш иддаъо намекунад! Дар ҳоле ки ба бедоҳати ақл, иддаъо наметавонад далили бар иддаъо бошад ва далил бар иддаъои интисоб дар Ислом маълум аст ва он мӯъҷиза бо шароити мӯътабари ақлӣ ё насси қатъӣ бар ъайн аст ки ҳамаи мансубон аз ҷониби Худованд доштаанд ва ин муддаъиёни дурӯғин вилоят ва имомат надоранд ва наметавонанд ҳам дошта бошанд; Чароки вилоят ва имомат дар Ислом танҳо барои Паёмбар ва дувоздаҳ халифааш аз Қурайш собит шуда ва барои дигарон чизе ҷуз итоъат аз онон собит нашудааст; Лизо инҳо агар аз фарти заҳмат худро бикушанд ҳам наметавонанд вилоят ва имомати худ аз ҷониби Худовандро исбот кунанд! Ҳамчунонки бо сафсата ва авомфиребии аҷибе мегӯянд ки далили мо барои мансуб будан аз ҷониби Худованд илмамон аст, дар ҳоле ки илм як мақулаи нисбӣ аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَفَوْقَ كُلِّ ذِي عِلْمٍ عَلِيمٌ [Юсуф/ 76]; «Ва болотар аз ҳар соҳиби илме олиме аст» Ва бо ин васф, танҳо Худованд медонад ки кадом як аз мардум дар ҷаҳон «Аълам» аст ва табъан танҳо Худованд метавонад ӯро ба мардум муъаррифӣ кунад ва муъаррифии Ӯ ба мардум танҳо аз тариқи мӯъҷиза бо шароити мӯътабари ақлӣ ё насси қатъӣ бар ъайн мумкин аст ва аз инҷо дониста мешавад муддаъиёни вилоят ё имомат аз ҷониби Худованд бо истинод ба олим буданашон, дар залолӣ баъид ва ошкоранд ва бо ин истинодашон танҳо аз ҷоҳил будани худ парда бар медоранд); Чунонки ба рӯшанӣ фармудааст: ﴿اتَّبِعُوا مَا أُنْزِلَ إِلَيْكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ وَلَا تَتَّبِعُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ ۗ قَلِيلًا مَا تَذَكَّرُونَ;[1] «Аз чизе пайравӣ кунед ки аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шуд ва аз авлиёъе ҷуз Ӯ пайравӣ накунед! Андаке панд мегиред»! (Яъне аз валийе пайравӣ кунед ки Парвардигоратон бароятон табйин кардааст ва аз авлиёъе ҷуз Ӯ пайравӣ накунед, вале андаке аз шумо ин ҳақиқатро мепазиранд; Чунонки тарих гувоҳӣ медиҳад ҳамеша бештари мардум аз ғайри валийи Худованд пайравӣ кардаанд ва ҳанӯз ҳам бо вуҷуди ҳамаи табаъот ва латмоти ин кор ба он идома медиҳанд ва даъвати устозунал Мансур ба пайравӣ аз валийи Худованд ва тарки пайравӣ аз авлиёъи дигарро дарк намекунанд ва ба сухра мегиранд!)

Бо ин васф (ки рӯшан шуд қабули вилояти касе ки Худованд ӯро аз назди худ вилояте надода ҳаром аст, рӯшан мешавад ки), байъат дар Ислом, ихтисос ба Худованд дорад («Байъат» дар истилоҳ ба маънои паймон бастан ва таъаҳҳуди шаръӣ барои итоъат аз касе аст ва ихтисоси он ба Худованд яъне паймон бастан ва таъаҳҳуди шаръӣ барои итоъат аз Худованд машрӯъият ва эътибор дорад) ва байъат бо ғайри Ӯ (хоҳ саҳобӣ бошад ва хоҳ тобеъӣ ва хоҳ унвони подшоҳ дошта бошад ва хоҳ унвони раъиси ҷумҳур ё ҳатто халифа), ҷойиз нест (ва ин мурод аз иборати зебои «Ал-Байъату Лиллоҳ» аст ки бар рӯӣ парчами устозунал Мансур навишта шудааст ва бино бар бархӣ ривоёти аҳли байт, бар рӯӣ парчами имом Маҳдӣ алайҳи салом низ навишта хоҳад буд; Ба ин маъно ки байъат ҷуз шойистаи Худованд нест; Чароки ҳукумат танҳо шойистаи Ӯст) ва ҳар кас ғайри Ӯ ки бо ӯ байъат шавад (бо ҳар ақида ва амале ки дошта бошад), тоғут аст (агарчи ақида ва амали хубе дошта бошад) ва табъан (бо таваҷҷуҳ ба қоъидаи табиъӣ ва уқалоӣ ки қаблан табйин шуд,) байъат бо Худованд, аз тариқи байъат бо касе таҳаққуқ меёбад ки Худованд ба байъат бо ӯ амр карда; Чунонки масалан ба байъат бо Паёмбараш амр карда ва ба ҳамин эътибор фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ يُبَايِعُونَكَ إِنَّمَا يُبَايِعُونَ اللَّهَ يَدُ اللَّهِ فَوْقَ أَيْدِيهِمْ ۚ فَمَنْ نَكَثَ فَإِنَّمَا يَنْكُثُ عَلَى نَفْسِهِ ۖ وَمَنْ أَوْفَى بِمَا عَاهَدَ عَلَيْهُ اللَّهَ فَسَيُؤْتِيهِ أَجْرًا عَظِيمًا;[2] «Ҳроина касоне ки бо ту байъат мекунанд танҳо бо Худованд байъат мекунанд; Дасти Худованд бар рӯӣ дастҳои онҳост; Пас ҳар кас байъат шиканӣ кунад танҳо ба зиёни худ байъат шиканӣ мекунад ва ҳар кас ба паймоне ки бо Худованд бастааст вафо кунад ба ӯ подоши бузурге хоҳад дод»! (Ин оя сариҳи дар он аст ки байъат бо Паёмбар байъат бо Худованд маҳсуб мешавад, ба эътибори онки Худованд ба байъат бо ӯ амр кардааст ва бо ин васф, байъат бо ҳар касе ки Худованд мустақиман ё аз тариқи Паёмбараш ба байъат бо ӯ амр кардааст, байъат бо Худованд маҳсуб мешавад; Монанди байъат бо Маҳдӣ алайҳи салом ки Паёмбар ӯро дар ривоёти мутавотир, халифаи Худованд ва имоми мусалмонон дониста ва монанди байъат бо заминасози зуҳури ӯ ва соҳиби парчамҳои сиёҳи Мансури Хуросонӣ ки Паёмбар дар ривоёти мутавотир ба байъат бо ӯ амр карда ва фармудааст: «فَأْتُوهُ فَبایِعُوهُ وَلَوْ حَبْواً عَلَی الثِّلْجِ»; «Ба сӯӣ ӯ бишитобед ва бо ӯ байъат кунед, агарчи чаҳор дасту по бар рӯйи барф» ки албатта ба эътибори даъвати ӯ ба сӯӣ байъат бо Маҳдӣ алайҳи салом аст ва ба ҳамин далил, дар бархӣ ривоёти дигар омадааст: «فَإِنَّهُ خَلِیفَةُ اللّهِ الْمَهْدِيُّ»; «Чароки ӯ халифаи Маҳдии Худованд аст» Ё омадааст: «فَإِنَّهُ خَلِیفَةُ الْمَهْدِيِّ»; «Чароки ӯ халифаи Маҳдӣ аст» ва дар ривоёти мутавотири охирулзаминӣ ба байъат бо аҳаде ҷуз ин ду нафар яъне Маҳдӣ ва Мансури Хуросонӣ амр нашудааст;) Ҳамчунонки байъат бо дигарон, ба эътибори онки Худованд ба байъати бо онон амр накардааст, байъат бо шайтон шумурда мешавад ва қабули вилояти он малъуни матруд ба ҷои вилояти Худованд аст (Мефармояд: «Малъуни матруд», ба далили инки Худованд шайтонро лаънат кард ва фармуд: ﴿لَعَنَهُ اللَّهُ [Нисоъ/ 118] ва ӯро тард кард ва фармуд: ﴿فَاخْرُجْ مِنْهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٌ [Ҳиҷр/ 34]; «Аз инҷо берун рав ки ту ронда шудаи»); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّمَا سُلْطَانُهُ عَلَى الَّذِينَ يَتَوَلَّوْنَهُ وَالَّذِينَ هُمْ بِهِ مُشْرِكُونَ;[3] «Ҳукумати ӯ танҳо бар касоне аст ки вилояти ӯро пазируфтаанд ва ӯро шарик қарор медиҳанд» Ва фаомудааст: ﴿وَمَنْ يَتَّخِذِ الشَّيْطَانَ وَلِيًّا مِنْ دُونِ اللَّهِ فَقَدْ خَسِرَ خُسْرَانًا مُبِينًا;[4] «Ва ҳар кас шайтонро ба ҷои Худованд валии худ бигирад бегумон зиёнӣ ошкор кардааст» (Бинбарин, ҳукумати касе ки Худованд ӯро аз ҷониби худ барои ҳукумт мансуб накарда, ҳукумати шайтон аст ва сар фуруд овардан дар баробари он шайтонпарастӣ аст;) Ҳамчунонки (Худованд) авлиёъӣ ҷуз Худовандро «Авлиёъи шайтон» номида ва фармудааст: ﴿فَقَاتِلُوا أَوْلِيَاءَ الشَّيْطَانِ ۖ إِنَّ كَيْدَ الشَّيْطَانِ كَانَ ضَعِيفًا;[5] «Пас бо авлиёъи шайтон биҷангед; Ҳароина найранги шайтон заъиф аст» Ва ононро «Ҳизби шайтон» номида ва фармудааст: ﴿اسْتَحْوَذَ عَلَيْهِمُ الشَّيْطَانُ فَأَنْسَاهُمْ ذِكْرَ اللَّهِ ۚ أُولَئِكَ حِزْبُ الشَّيْطَانِ ۚ أَلَا إِنَّ حِزْبَ الشَّيْطَانِ هُمُ الْخَاسِرُونَ;[6] «Шайтон бар онон истило ёфт пас ёди Худоро фаромушашон кард; Онон ҳизби шайтонанд; Огоҳ бошед ки ҳизби шайтон ҳамоно зиёнкоронанд» (бубинед чигуна Худованд дар ин оёт аз султа, вилоят ва ҳокимияти шайтон сухан мегӯяд ва нақши ӯ дар кантрол ва мудирияти пайравонашро ифшо менамояд. Устозунал Мансур ба шевойи табйин мекунад ки ин султа, вилоят ва ҳокимияти шайтонӣ, дар султа, вилоят ва ҳокимияти касоне таҷаллӣ ёфтааст ки бидуни изни Худованд дар ҳоли кантрол ва мудирияти ҷаҳон ҳастанд) Ва (Худованд) ононро «Ҷунди иблис» номида ва фармудааст: ﴿وَجُنُودُ إِبْلِيسَ أَجْمَعُونَ;[7] «Ва лашкариёни иблис ҳамагӣ»; Балки ононро «Фарзандони ӯ» (хоҳ ба маънои фарзандони фикрӣ ва хоҳ ба маънои фарзандони воқеъии ӯ) номида ва фармудааст: ﴿أَفَتَتَّخِذُونَهُ وَذُرِّيَّتَهُ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِي وَهُمْ لَكُمْ عَدُوٌّ ۚ بِئْسَ لِلظَّالِمِينَ بَدَلًا;[8] «Оё пас ӯ ва фарзандонашро авлиёъе ҷуз Ман мегиред дар ҳоле ки онон душмани шумо ҳастанд?! Бад ҷойгузине барои золимон аст»; Балки ононро худи «шаётин» (инсӣ ва ҷиннӣ) номида ва фармудааст: ﴿إِنَّهُمُ اتَّخَذُوا الشَّيَاطِينَ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ مُهْتَدُونَ;[9] «Ҳароина онон шаётинро авлиёъе ҷуз Худованд гирифтанд, дар ҳоле ки мепиндоштанд ҳидоят ёфтаанд» (авлиёъе ҷуз Худованд ҳокимоне ҳастанд ки бидуни изни Худованд ҳукумат мекунанд ва Худованд дар ин оя ононро шаётин номидааст ва аз инҷо дониста мешавад ки ҳар ҳокими ғайри маъзун аз ҷониби Худованд шайто аст, агарчи ба сурати инсон бошад) Ва фармудааст: ﴿إِنَّا جَعَلْنَا الشَّيَاطِينَ أَوْلِيَاءَ لِلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ;[10] «Ҳароина Мо шаётинро авлиёъи касоне қарор додем ки имон намеоваранд»! (Албатта рӯшан аст ки ин қарор додан бар хилофи қарор додани хулафоъи Худованд дар замин, қарор додани ташриъӣ нест, балки қарор додани таквинӣ ва тақдирӣ аст; Ба ин маъно ки мо таквинан ва тақдиран, кофиронро во гузоштем то шаётинро ҳокимони худ қарор диҳанд, ҳамон тавр ки мефармояд мо ононро гумроҳ кардем, ё мефармояд агар мо намехостем гумроҳ намешуданд, ё мефармояд агар мо мехостем ҳидояташон мекардем ва инҳо ҳама ба маънои нақши табиъии Худованд ба унвони холиқ ва мудаббири онон дар умурашон аст, беонки мунофӣ бо нақши иродӣ ва ихтиёрии онон бошад.)

Аз инҷо дониста мешавад ки (бино бар истиқроъи том ва баррасии маврид ба маврид,) ҳокимони кунунӣ дар замин (аъам аз кофир ва мусалмон ки ҳеҷ як мӯъҷиза ва нассӣ ъайне бар худ надоранд), ба эътибори онки аз ҷониби Худованд гумошта нашудаанд, дониста (монанди бархӣ ҳокимони мустакбир ва шайтонпараст) ё нодониста (монанди сойири ҳокимон ки худ намедонанд чи хабар аст), аз ҷониби шайтон гумошта шудаанд ва ҳукумати онон дар ростои таҳаққуқи султаи ӯ бар ҷаҳон аст (то авомир ва манвиёти Ӯ дар он иҷро шавад ва кор ба ҷойе бирасад ки ӯ аз соя берун оёд ва ба таъбири устозунал Мансур дар идома, ошкоро дида ва парастиш шавад). Ҳамчунонки (илова бар ҳокимони кунунӣ дар замин,) касоне аз мусалмонон дар сарзаминҳои Исломӣ (монанди доъиш, толибон ва гурӯҳҳои вобаста ба он ду) ки ин рӯзҳо майдонро (аз халифаи Худованд) холӣ ва фурсатро (барои гирифтани ҷойи ӯ) муғтанам ёфтаанд ва ба пуштивонаи мақодирӣ оҳан (яъне силоҳ ки ғолибан аз кофирон тӯфа гирифтаанд) ва шуморе ки ба гирдашон ҷамъ шудаанд (хоҳ аз мунофиқони кӯрдил ва хоҳ аз ҷавонони сафиҳ ва беиттилоъ), мусалмононро ба байъати бо хеш (ба ҷойи байъат бо халифаи Худованд дар замин) фаро мехонанд ва худро (монанди Абу Бакри Бағдодӣ) халифа ё (монанди раҳбари толибон) амири онон меноманд, бар чизе (аз ҳақ) нестанд ва хоста ё нохоста (баста ба инки дасташон дар дасти кофирони шарқ ва ғарб бошад ё набошад), ба шайтон хидмат мекунанд (ва ин далили сода ва рӯшане дорад); Чароки Худованд ононро барои ин кор нагумошта ва фармон надода (ва лобуд барои ин кор далиле дошта) аст ва онон (яъне муддаъиёни хилофат ва имомати Исломӣ) худ ба ин ҳақиқат, воқиф ва муътарифанд (мефармояд: «Воқиф ва мӯътарифанд», зеро чи бисёр касоне ки воқифанд, вале эътироф намекунанд); Ҳамчунонки гумошта ва фармондори Худованд дар замин (яъне имом Маҳдӣ алайҳи салом ки баъдан дар бораи ӯ сухан мегӯяд), бо вуҷуди онон ва фармоне ки бар замин меронанд, қодир нест ки ба ҳукумат даст ёбанд ва (бо истифода аз имконоти ношӣ аз ҳукумат) Исломро чунонки (воқеъан) ҳаст таълим ва татбиқ намоянд (хоҳ аз ин ҷиҳат ки ҳар ҳукумате аз ҷумла ҳукумати онон ба сурати табиъӣ монеъ аз шаклгирии ҳукумати дигарӣ дар қалаврави худ аст ва аз тамомият ва иқтидори худ сиёнат мекунад ва хоҳ аз ин ҷиҳат ки онон бахши умдае аз неруӣ инсонӣ, низомӣ ва иқтисодӣ мусалмононро дар ихтиёри худ нигоҳ доштаанд ва аз дастраси халифаи Худованд дар замин хориҷ кардаанд) ва ин муҳимтарин мақсуди шайтон (аз эҷод ва тавсиъаи ин вилоятҳо, хилофатҳо ва иморатҳои бадалӣ ва шибҳа Исломӣ) аст; Чароки шайтон, ҳамвора дар садди муъориза бо Худованд (хусусан аз тариқи муқобила ба мисл) буда (ба ин тартиб ки дар муқобили вилояти Ӯ вилоят ва дар муқобили хлофати Ӯ хилофат ва дар муқобили иморати Ӯ иморат дуруст кунад; Ҳамчунонки ҳатто дар бораи Маҳдии Ӯ ҳам Маҳдиҳои худашро дуруст мекунад то Маҳдавиятро монанди вилоят, хилофат ва иморати Исломӣ лувс кунад); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ الشَّيْطَانَ كَانَ لِلرَّحْمَنِ عَصِيًّا;[11] «Ҳароина шайтон барои Раҳмон исёнгар будааст» Ва ин муъоризаро (дар ҳавзаи ҳокимият) аз тариқи нафйи (назарӣ ва амалӣ) ҳокимияти Худованд (бо корҳое аз қабили ташкик дар вуҷуди Ӯ ё инкори алоқааш ба сиёсат ё ғайри амалӣ нишон додани ҳокимияташ ва талош барои пешгирӣ аз қувват ёфтани неруҳои вафодор ва алоқаманд ба Ӯ) ва исботи (назарӣ ва амалии) ҳокимияти худ ба ҷои он (бо корҳое аз қабили тарвиҷи сикулорисм ва ҷаҳонисозии демукросӣ ва динситезии он таҳти унвони фиребандаи «Мардумсолории динӣ»), пай гирифтааст то ба заъми худ (на инки лузуман битавонад), султаи бар ҷаҳонро (дасти кам то ҷойе ки ба одамиён марбут мешавад) аз дасти Худованд хориҷ кунад ва дар дасти худ қарор диҳад (чи андоза аҳмақ аст ин ҷонвар ки савдои муъориз бо холиқи худро дар сар мепардозанд!); Чароки танҳо як нафар метавонад султаи бар ҷаҳонро дар даст гирад ва ӯ ё Худованд аст ё шайтон ва султаи ҳар ду бар ҷаҳон мумкин нест (бо таваҷҷуҳ ба инки аҳкоми он ду бо ҳам тазод доранд ва иҷтимоъи ду зид бо ҳам муҳол аст ва бо таваҷҷуҳ ба инки гуфтаанд: Ду подшоҳ дар як иқлим намегунҷанд) ва ҳар як аз он ду ки султаи бар ҷаҳонро дар даст гирад, аҳкоми худро бар он ҷорӣ месозад ва монеъ аз иҷроӣ аҳкоми дигарӣ бар он мешавад (агар Худованд бошад, аҳкоми ҳакимона ва одилонаи худро бар ҷаҳон ҷорӣ месозад ва монеъ аз иҷрои аҳкоми шайтонӣ бар он мешавад ва агар шайтон бошад, аҳкоми золимона ва куфромези худро бар ҷаҳон ҷорӣ месозад ва монеъ аз иҷрои аҳкоми Илоҳӣ бар он мешавад). Султаи ҳар як аз он ду бар ҷаҳон низ ҳангоме таҳаққуқ меёбад ки касе аз ҷониби яке аз он ду (ба унвони халифаи Худованд ё халифаи шайтон) бар он султа биёбад ва ба амри яке аз он ду ҳукм биронад (халифаи Худованд «Маҳдӣ» ва халифаи шайтон «даҷҷол» номида мешавад). Аз ин рӯ, Худованд аз як сӯ ва шайтон аз сӯӣ дигар дар талошанд ки ҳар як нафари худ (яъне фарди баргузида ва мавриди таъйиди худ) ро бар ҷаҳон муставлӣ созанд ва дар ин маърака (яъне ҷабҳаи ҷанги ҷаҳонӣ), мардумон ҷунуди он ду ҳастанд (бархӣ ҷунуди Худованд ва бархӣ ҷунуди шайтон) ки ба табаъи он ду бо якдигар дар танозуъанд; Бисёрӣ аз онон (ки аксарияти мардуми ҷаҳонро ташкил медиҳанд), дониста (монанди «Мағзуби алайҳим») ё нодониста (монанди «Золлин»), ҷунуди шайтон ҳастанд ки барои ҳокимияти ӯ бар ҷаҳон (аз тариқи заминасозӣ барои ҳокимияти халифааш даҷҷол) мекӯшанд ва андаке аз онон (монанди устозунал Мансур ва ёрони махсусаш), ҷунуди Худованд ҳастанд ки барои ҳокимияти Ӯ бар ҷаҳон (аз тариқи заминасозӣ барои ҳокимияти халифааш Маҳдӣ) мекӯшанд ва албатта (ба иқтизои ақаллият будан ва дар ҳарос буданашон аз аксарияти мардум) бисёр гумном ва ношиносанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا يَعْلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَ;[12] «Ва ҷунуди Парвардигоратро ҷуз Ӯ намешиносад»! Дар ин миён, шайтон ин пири корозмуда (бо таваҷҷуҳ ба инки умри чанд ҳазор сола дорад ва аз таҷрибаи беназире дар душманӣ бо инсон бархурдор аст), барои пирӯзӣ бар Худованд ва дастёбӣ ба султаи бар ҷаҳон, аз аҳруми сиёсат, монанди аҳруми фарҳанг ва иқтисод, баҳра гирифта (бо таваҷҷуҳ ба инки ба таври куллӣ чаҳор аҳрум барои султа бар ҷаҳон вуҷуд дорад: Аҳруми фарҳанг, аҳруми иқтисод, аҳруми сиёсат ва аҳруми низомӣ ки албатта мубтанӣ бар сиёсат ва иқтисод аст ва ба ҳамин далил, онро дар арзи он зикр нафармудааст) ва дар пайи ҳазорон сол талош, (саранҷом дар ду қарни ахир) мувафақ ба тарроҳӣ ва эҷоди низоми фарогир ва мунсаҷам дар замин шуда ки дар болотарин сатҳи худ (яъне дар раъси ҳирам султа), мубтанӣ бар мудирияти ӯ ва фориғ аз мудирияти Худованд аст. Ин низоми фарогир ва мунсаҷами ҷаҳонӣ, монанди як ҳирам аст ки шайтон дар раъси он қарор гирифта ва табъан кулли соҳаи он, таҳти ишроф ва султаи ӯст (беҳуда нест ки як чашми болои як ҳирам, намоди шайтонпарастон ва фромосониҳост). Дар ин мавқеъият, ӯ мумкин аст ҳар ҳукмро ба сурати мустақим ва ҷудогона таъйин накунад (мефармояд «Мумкин аст» барои инки имкон дорад дасти кам дар бархӣ мавори ин корро ҳам анҷом диҳад), вале (қадри мутаяққан ин аст ки) дастгоҳе (яъне чархаи сиёсӣ ва низоми хабисе) ро тавлид кардааст ки ба сурати худкор ва бидуни ниёз ба мубоширати ӯ, ҳокимони дилхоҳи ӯро тавлид мекунад ва дар хидмати ӯ қарор медиҳад; Ҳамчунонки сарватмандон ва донишмандони дилхоҳи ӯро тарбият мекунад ва дар хидмати ӯ қарор медиҳад (манзур аз «Донишмандон» дар инҷо аъам аз донишмандони динӣ ва донишмандони таҷрибӣ аст). Дар чунин чархае, касе ки мавриди ризояти шайтон ва дар хидмати аҳдофи ӯ нест, одатан (яъне ба сурати оддӣ ва табиъӣ) ба ҳокимият даст намеёбад; Ҳамчунонки ба сарват ва шӯҳрати чандоне намерасад; Зеро софиҳои шайтонии мутаъаддиде ки дар сутуҳи мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъбия шудааст, иҷозаи чунин кореро намедиҳад ва ба сурати комилан табиъӣ, ҳар унсури ноҳамоҳангеро дур мекунад ва ба ҳошия меронад, дар ҳоле ки ба сурати комилан оддӣ, ҳар унсури ҳамоҳангеро ҷазб мекунад ва ба мизони ҳамоҳангиаш мавриди ҳимоят қарор медиҳад (бубинед ки чигуна устозунал Мансур ин чарха ва низоми шайтониро ифшо мекунад ва наҳваи амалкарди онро ташриҳ мефармояд!). Ин аст ки ба тадриҷ (дар тӯли ду қарн ё ҳатто чанд даҳа), арсаи ҷомеъа, аз Худопарастон холи ва аз шайтонпарастон пур мешавад (ва ин раванди шум ба ҳамин тартиб идома пайдо мекунад), то ҳангоме ки ҳукумати ҷаҳонии шайтон ба масобаи воқеъияте бар рӯӣ замин таҳаққуқ ёбад ва бидуни нигаронӣ (аз ифшо шудан ва рӯйгардонии мардум), ниқобҳои гуногуни худро канор занад ва ошкоро (яъне ба унвони «Ҳукумати шайтон») ба расмият шинохта шавад, то ҷойе ки ҳамагон дар баробараш ба хок афтанд ва онро бо ангушт нишон диҳанд ва бигуянд: Зинда бод ҳукумати сарварамон шайтон! (Субҳоноллоҳ! Ин мунтаҳои орзуи шайтон аст ки устозунал Мансур аз он парда бар доштааст! ﴿فَاعْتَبِرُوا يا أُولِي الْأَبْصَار [Ҳашр/ 2]; «Пас ибрат бигиред эй соҳибони басиратҳо»!) Аз инҷо дониста мешавад ки душмании шайтон бо инсон, (бар хилофи тасаввури бархӣ аз мардум,) як душмании намодин ва ғайри воқеъӣ нест ва (бар хилофи тасаввури бештари онон,) ба васваса кардани ӯ барои анҷоми корҳои зишти фардӣ (монанди дурӯғ гуфтан ва ғайбат кардан ва ҳақорат додан ва зино кардан) маҳдуд намешавад (ҳар чанд қатъан инҳоро низ дар бар мегирад ва эҳтимолан арозил ва авбоше аз шаётинро барои ин кор гумоштааст, вале чи басо бузургони шаётин ба ин кор намепардозанд ва машғули корҳои муҳимтаре дар ҳавзаи умумӣ ҳастанд; Чароки душманӣ бо инсон маҳдуд ба ин сатҳ нест), бал як душмании айнӣ ва тамом аёр аст ки шуъуни мухталифи иҷтимоъи (аъам аз сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ) ро дар бар мегирад ва ба сӯӣ аҳдофи палиди ӯ ҷиҳат медиҳад (бояд таваҷҷук дошт ки ин арзёбии устозунал Мансур ба ҳеҷ ваҷҳ бузургнамоии нақши шайтон дар мудирияти ҷаҳонӣ нест, бал хабар аз воқеъияти ъайнӣ ва тарсноке аст ки аз як сӯ мубтанӣ бар шавоҳиди маҳсуси виҷдонӣ ва аз сӯӣ дигар мубтанӣ бар каломи Худованд аст); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿تَاللَّهِ لَقَدْ أَرْسَلْنَا إِلَى أُمَمٍ مِنْ قَبْلِكَ فَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ الْيَوْمَ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ;[13] «Ба Худо савганд ба сӯӣ умматҳоӣ пеш аз ту фиристодаем, пас шайтон аъмолашонро барояшон зиннат дод, пас ӯ имрӯз сарпарасти онон аст ва барои онон азобӣ дарднок аст» (дар ин оя Худованд хабар медиҳад ки имрӯз валии мардум ва сарпарасти онон шайтон аст ва ин вилоят ва сарпарастӣ пас аз он барои Ӯ ҳосил шуда ки аъмоли умматҳои пешинро барояшон зинат дода ва ин шоҳиди сидқе бар каломи устозунал Мансур аст ки мефармояд: «Шайтон ин пири корозмуда, ... дар пайи ҳазорон сол талош, мувафақ ба тарроҳӣ ва эҷоди низомӣ фарогир ва мунсаҷам дар замин шуда ки дар болотарин сатҳи худ, мубтанӣ бар мудирияти ӯ ва фориғ аз мудирияти Худованд аст.») Ва (Худованд) хитоб ба ӯ фармудааст: ﴿وَاسْتَفْزِزْ مَنِ اسْتَطَعْتَ مِنْهُمْ بِصَوْتِكَ وَأَجْلِبْ عَلَيْهِمْ بِخَيْلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكْهُمْ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ وَعِدْهُمْ ۚ وَمَا يَعِدُهُمُ الشَّيْطَانُ إِلَّا غُرُورًا;[14] «Ва ҳар кас аз онон ки тавонистиро бо овози худ барангез ва савора ва пиёдаи худро бар зидди онон ҷалб кун ва дар дороиҳо ва наслҳояшон шарик шав ва ваъдаяшон бидеҳ ва шайтон ҷуз барои фиреб ваъдаяшон намедиҳад»! (Дар ин оя низ Худованд аз вуҷуди лашкариёнӣ савора ва пиёда барои шайтон ва мушорикати ӯ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва неруи инсонӣ хабар медиҳад. Хулоса) Ин (расидан ба ҳокимияти алании ҷаҳонӣ) барномае аст ки шайтон дунбол мекунад ва ҳомиёни инсӣ ва ҷиннияш, дар ростои он кор мекунанд (яъне ҳам ҳомиёне аз инсон дорад ва ҳам ҳомиёне аз ҷин ки аз рӯӣ ақида ё тамаъ ё тарс барои он кор мекунад), вале рӯшан аст ки Худованд барномаи худашро (барои расидан ба ҳокимияти алании ҷаҳонӣ) дорад ва барномаи Ӯ (ба иқтизои олимтар будан ва қодиртар буданаш) дақиқтар ва санҷидатар аст; Чунонки фармудааст: ﴿وَيَمْكُرُونَ وَيَمْكُرُ اللَّهُ ۖ وَاللَّهُ خَيْرُ الْمَاكِرِينَ;[15] «Онон барнома мерезанд ва Худованд барнома мерезад ва Худованд беҳтарини барномарезон аст» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا;[16] «Худованд ба кори худаш расанда аст, фақат барои ҳар чизе андозае қарор додааст»! (Бинобарин, пирӯзии ниҳойи дар ин пайкори ҷаҳонӣ барои Худованд аст, ҳар чанд бо муъодилоти мо ва бо лиҳози зуруфи замониямон, бисёр тӯл бикашад.)

Ҳосил (мабҳаси «Ҳокимияти ғайри Худованд») онки бештари мусалмонон, дар асари бетаваҷҷуҳӣ ба (худи) Ислом ва таваҷҷуҳи беш аз ҳад ба (аъмоли) бархӣ мусалмонони нахустин (ки интизор доранд ба Ислом омилтар буда бошанд, вале лузуман набудаанд), дасти Худовандро аз қарор додани халифа ва эъмоли ҳокимияташ дар замин баста донистаанд (ба ин маъно ки пиндоштаанд мумкин ё амалӣ нест ки Ӯ ин корро анҷом диҳад); Монанди яҳудиён ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿وَقَالَتِ الْيَهُودُ يَدُ اللَّهِ مَغْلُولَةٌ ۚ غُلَّتْ أَيْدِيهِمْ وَلُعِنُوا بِمَا قَالُوا ۘ بَلْ يَدَاهُ مَبْسُوطَتَانِ يُنْفِقُ كَيْفَ يَشَاءُ;[17] «Ва яҳудиён гуфтанд ки дасти Худо баст аст! Дастонашон баста бод ва ба хотири чизе ки гуфтанд лаънат шаванд! Балки ду дасти Худо боз аст ҳар гуна ки мехоҳад мебахшояд»! (Чи андоза амиқ аст дарки устозунал Мансур аз нуқоти инҳирофи уммат ва хостгоҳи он! Бал инсоф он аст ки дарки ӯ аз онҳо фаротар аз ҳадди табиъӣ аст! Мефармояд истибъоди ҷъли халифа дар замин барои эъмоли ҳокимияти Худованд, рӯйкардӣ яҳудӣ аст ки ба маҳдуд кардани қудрати Худованд ва нақши Ӯ дар идораи ҷаҳон боз мегардад;) Ҳамчунонки (бештари мусалмонон аз баъди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун) бовар ёфтаанд барои таҳаққуқи ҳукумати Исломӣ ба Худованд ниёзе надоранд (яъне лозим нест ки Худованд ҳокимро таъйин кунад то ҳукумати Исломӣ шакл бигирад), бал ин Худованд аст ки барои он ба онон ниёзманд аст (яъне онҳо бояд ҳокимро таъйин кунанд то ҳукумати Исломӣ мумкин шавад); Монанди яҳудиён ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿لَقَدْ سَمِعَ اللَّهُ قَوْلَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ فَقِيرٌ وَنَحْنُ أَغْنِيَاءُ ۘ سَنَكْتُبُ مَا قَالُوا;[18] «Ҳароина Худованд сухани касонеро ки гуфтанд Худованд ниёзманд аст ва мо бениёзем, шунид! Чизеро ки гуфтанд хоҳем навишт»! (Субҳоноллоҳ! Пас дар вароъи беэътиқодӣ ба нақши Худованд дар ҷаъли халифа, ду нигариши яҳуди қарор дорад: Яке инки дасти Худованд баста аст ва наметавонад шахсан ҳокимро таъйин кунад: ﴿يَدُ اللَّهِ مَغْلُولَةٌ Ва дигарӣ инки барои ин кор ба мардум ниёз дорад ва онон ҳастанд ки ҳарфи охир дар бораи ҳокимро мезананд: ﴿إِنَّ اللَّهَ فَقِيرٌ وَنَحْنُ أَغْنِيَاءُ! Аз инҷо дониста мешавад ки муддатҳост ҷаҳонбинии яҳудӣ бар ин уммат ҳоким шудааст!) Аз ин рӯ, чун (тавассути устозунал Мансур ин олими муваҳҳид ва хайрхоҳ) ба сӯӣ ҳокимияти Худованд фаро хонда мешаванд, ба расми муғолита мегуянд ки вуҷуди ҳокиме дар замин зарурӣ аст (ингор ки устозунал Мансур фармудааст вуҷуди ҳокиме дар замин зарурӣ нест! Ин яке аз гунаҳои ройиҷ ва музҳики муғолита аст ки ба он «Муғолитаи паҳлавонпанба» мегӯянд; Ба ин маъно ки муғолита кунанда муддаъое ки тавони онро надорад во мегузорад ва як муддаъои суст ва ғалат ки тавони нақди онро дорад ба тарафи муқобил нисбат медиҳад ва ба ҷойи нақди муддаъои ӯ, ба нақди ин муддаъои суст ва ғалат мепардозад ва бо ин шева, ингор ба ҷойи рӯёрӯйи бо паҳлавони воқеъӣ ки тавони рӯёрӯйи бо ӯро надорад, як паҳлавони панбаи месозад ва онро бар замин мезанад! Дар инҷо низ муддаъои устозунал Мансур зарурати вуҷуди ҳокиме аз ҷониби Худованд дар замин аст, вале касоне ки тавони нақди ин муддаъои Қуръонӣ ва бурҳонии эшонро надоранд, муддаъои дигаре мабнӣ бар адами зарурати вуҷуди ҳокиме дар заминро ба эшон нисбат медиҳанд ва ба нақди он ба ҷойи нақди муддаъои эшон мепардозанд! Вонгаҳе ин ҷоҳилон мепиндоранд ки танҳо худ аз зарурати вуҷуди ҳокиме дар замин огоҳӣ доранд); Гуйи ки Худованд аз ин зарурат огоҳ нест (ва аз ин рӯ, барои он тадбире наяндешидааст) ва онҳоянд ки аз он огоҳӣ ёфтаанд (ва табъан бояд кӯтоҳии Худовандро ҷуброн кунанд ва барои он тадбире бияндешанд); Чунонки фармудааст ﴿قُلْ أَتُنَبِّئُونَ اللَّهَ بِمَا لَا يَعْلَمُ فِي السَّمَاوَاتِ وَلَا فِي الْأَرْضِ;[19] «Бигӯ оё Худовандро ба чизе огоҳ месозед ки дар осмонҳо ва дар замин огоҳ нест?!» Ва фармудааст: ﴿أَمْ تُنَبِّئُونَهُ بِمَا لَا يَعْلَمُ فِي الْأَرْضِ أَمْ بِظَاهِرٍ مِنَ الْقَوْلِ;[20] «Ё Ӯро ба чизе огоҳӣ медиҳед ки дар замин огоҳӣ надорад ё ба гуфторӣ сатҳӣ?!» (Ин «Гуфтори сатҳӣ» ки дар зоҳир бисёр файласуфона ба назар мерасад ва дар ботин комилан туҳӣ ва номарбут аст, таъкид бар зарурати вуҷуди ҳокиме дар замин аст ки гӯйи Худованд аз он хабар надошааст ва инон ҳастанд ки Ӯро аз он хабар медиҳанд); Дар ҳоле ки бегумон Ӯ аз зарурати вуҷуди ҳокиме дар замин огоҳтар аст ва ба ҳамин сабаб, дар замин ҳокиме қарор додааст! (Яъне зарурати вуҷуди ҳокиме дар замин далолат дорад бар инки замин ҳеҷ гоҳ аз ҳокиме аз ҷониби Худованд холӣ нест ва ҳамвора дастрасӣ ба ӯ барои мардум мумкин аст) Вале онҳо (бо ин муғолитаи аҷиб ва сахиф ки наметавонанд бидуни ҳокм бошанд) ҳокими Ӯ дар заминро тарк мекунанд ва ба ҳокимони худ дар он рӯй меоваранд; Гӯйӣ ки Ӯ (яъне Худованд) тавоноӣ ҳукумат дар онро надорад (ва дасташ баста аст) ва онҳо ҳастанд ки тавоноияшро доранд! (Яъне худашонро қодир ва Худовандро оъҷиз мепиндоранд! ﴿سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى عَمَّا يصِفُونَ [Анъом/ 100]; «Ӯ муназзаҳ ва бартар аз чизе аст ки тавсиф мекунанд»!)

Ба ин тартиб, бештари мусалмонон, ҳукумати худро ҷойгузини ҳукумати Худованд сохтаанд (яъне ба ҷойи Худопарастӣ, ба худпарастӣ рӯй овардаанд ки бадтарин навъи ширк аст; «Ҳар қабилае ки байнӣ беҳтар зи хадпарастӣ»!) ва инро ба масобаҳи ҷузъӣ аз фарҳанги Исломии худ пазируфтаанд (то ҳадде ки бо густохии аҷибе худро намояндагони Исломи ноби Муҳаммадӣ мепиндоранд ва ҳукумати худро ҳукумати Исломӣ лақаб медиҳанд) ва дифоъ аз он ба хотири шабоҳаташ ба кори бархӣ мусалмонони нахустинро лозим донистаанд (яъне мунтаҳои ҳуҷҷаташон ин аст ки мусалмонони нахустин ҳамин тавр ба ҳукумат расиданд ва ҳамин тавр ҳукумат карданд) ва ҳар гуна таҷдиди назар ва ислоҳ дар бораи он бар пояи яқиниёти ақлӣ ва шаръиро ба маънои беэҳтиромӣ ба салаф ва хуруҷ аз суннат ва ҷамоъат пиндоштаанд (чунонки имрӯз устозунал Мансурро муттаҳам мекунанд ки бо даъват ба сӯӣ ҳокимияти Худованд, дар воқеъ ба ҳокимияти бархӣ саҳоба таъна мезанад ва бо номашрӯъ шумурдани ҳукуматҳои мубтанӣ бар раъйи марду, дар ҳақиқат ҳукуматҳои бархӣ саҳобаро номашрӯъ мешуморад! Дар ҳоле ки устозунал Мансур танҳо ҳукми куллии Ислом дар ин бораро баён карда ва ба сурати мушаххас ҳокимияти бархӣ саҳобаро қасд накарда, балки аз онон бо ҳусни зан ва эҳтироми комил ёд карда ва ҳокимияти онон бидуни изни Худованд ва Паёмбарашро ношӣ аз саҳв ё ғафлат ё нисёни онон донистааст; Бо таваҷҷуҳ ба инки эшон ҳеҷ алоқае ба боз кардани парвандаи ҳокимияти бархӣ саҳоба надорад; Зеро ин чизе буда ки гузаштааст ва ҳеҷ як аз афроди дахил дар он зинда нестанд то битавон ононро бозҷӯйи ва маҳкум кард ва дар бораи онон ҳукмӣ одилона содир намуд ва бо ин васф, боз кардани парвандаи он корӣ бефоида ва зиёнбор аст. Акнун бояд ба парвандаи касоне расидагӣ кард ки зиндаанд ва бо ташаббус ба ҳукумати бархӣ саҳоба, барои худ ҳукумат сохтаанд ва ба авомфиребӣ ва ифсод дар замин рӯй овардаанд); Дар ҳоле ки аз ончи гузашт рӯшан шуд, ҳукумат танҳо барои Худованд аст ва инсонҳо дар он шарики Ӯ нестанд ва мусалмон касе аст ки аз Ислом табаъият кунад на аз мусалмонони нахустин ва табаъияти аз Ислом, беэҳтиромӣ ба онон ва хуруҷ аз суннат ва ҷамоъат нест (ҳамон тавр ки мухолифати фуқаҳои мазоҳиб бо бархӣ дидгоҳҳои хулафоъ ба далили иҷтиҳодашон бар бунёди Қуръон ва суннат, шойеъ аст ва кори баде маҳсуб намешуд) ва рӯшар аст ки (аввалан) онон (яъне мусалмонони нахустин) аз хато маъсум набудаанд ва (сониян) иддаъои исмат низ надоштаанд (балки дар бисёрӣ аз маворид ба иштибоҳоти худ иқрор доштаанд; Монанди Умар ибни Хаттоб ки байъат бо Абу Бакрро корӣ насанҷида ва шитобзада медонист ва аз такрори он тавассути ояндагон наҳй мекард [нигоҳ кунед ба: Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ5, с441; Мусаннафи Ибни Абӣ Шейба, ҷ7, с615 ва ҷ8, с570; Муснади Аҳмад, ҷ1, с55; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ8, с25; Насоъи, Ал-сунанул Кубро, ҷ4, с272 ва манобеъи фаровони дигар]) ва (солисан) аз мусалмонон нахостаанд ки Исломро ба хотири пайравӣ аз онон, раҳо кунанд, балки (худашон дар ҳадди тавон саъй кардаанд ки ба Ислом амал кунанд ва аз мусалмонон низ хостаанд ки ҳамин корро анҷом диҳанд ва ба ҳамин далил,) чи басо агар имрӯз мебуданд ва ин тазаккури манро мешуниданд, (бо таваҷҷуҳ ба ошкор шудани авоқиби хатояшон дар тӯли қарнҳои гузашта) хатои худро ислоҳ мекарданд (ва ба ҷуброни он бо бозгашт ба ҳокимияти Худованд мепардохтанд); Чароки бисёришон аз амри ба маъруф ва наҳй аз мункар (яъне ин коре ки устозунал Мансур анҷом медиҳад) кароҳат надоштанд ва (филҷумла) агар касе (монанди ин олими бузургвор) ҳаққро (дар шаройитӣ назири кунунӣ ё дар бораи мавзӯъоти мухталиф) ба онон мегуфт, мепазируфтанд (ин ҳусни зан ба мусалмонони нахустин аст ки кори бисёр хубе аст ва устозунал Мансур мехоҳад онро ба мусалмонони кунунӣ таълим диҳад то аз ин ҳама нафрат ва адоват дар миёни онон коста шавад) ва бо ин васф, пайравони онон (яъне пайравони мусалмонони нахустин) ба ин кор (яъне пазириши ҳақ ва амри ба маъруф ва наҳй аз манкар) аз онон сазовортаранд (чароки вақти онон бо собиқа ва фазилаташон, интиқодпазир буданд ва тазаккури хайрхоҳонаро мепазируфтанд, пайравонашон ки худро дуни онон мешуморанд ба тариқи авло бояд интиқодпазир бошанд ва тазаккури хайрхоҳонаро бипазиранд, вале афсӯс ки ғолибан ин гуна нестанд ва худро комил ва бе айбу нуқсон мепиндоранд ва посухи омирони ба маъруф ва ноҳиёни аз мункар ва хайрхоҳонро бо тавҳин ва такфир медиҳанд.

Худованд гӯши дили ин мардумро боз кунад то сухани ҳаққи устозунал Мансурро бишнаванд ва даст аз якдандагӣ ва ъинод бардоранд ва худашонро беш аз ин дар бадбахтӣ ва гумроҳӣ нигоҳ надоранд ва ҳар чи зудтар ба сӯӣ ҳокимияти Худованд бозгарданд.

والسّلام عليکم و رحمت الله.)

↑[1] . Аъроф/ 3.
↑[2] . Фатҳ/ 10.
↑[3] . Наҳл/ 100.
↑[4] . Нисоъ/ 119.
↑[5] . Нисоъ/ 76.
↑[6] . Муҷодила/ 19.
↑[7] . Шуъароъ/ 95.
↑[8] . Каҳф/ 50.
↑[9] . Аъроф/ 30.
↑[10] . Аъроф/ 27.
↑[11] . Марям/ 44.
↑[12] . Муддасир/ 31.
↑[13] . Наҳл/ 63.
↑[14] . Исроъ/ 64.
↑[15] . Анфол/ 30.
↑[16] . Талоқ/ 3.
↑[17] . Моъида/ 64.
↑[18] . Оли Имрон/ 181.
↑[19] . Юнус/ 18.
↑[20] . Раъд/ 33.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси чиҳилу ҳафтум инҷоро клик кунед.