Душанбе 10 декабр 2018 мелодӣ баробар бо 2 рабеъ-ул-сони 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

     
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чиҳилу шашум
Мавзӯъ:

Ҳокимияти ғайри Худованд (2)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли рӯшан шуд ки машрӯъияти шаклгирии хилофат бо байъати аҳли ҳаллу ақд ё васияти ҳокими пешин ё ғалаба бар дигарон, ба эътирофи ҳамаи мусалмонон аз Ислом нашъат нагирифта, балки аз гуфта ва кардаи бархӣ мусалмонони гузашта нашъат гирифтааст, дар ҳоле ки ба баёни устозунал Мансур <<Мусалламан маншаъи ақидаи мусалмонон, Ислом аст ва Ислом иборат аз гуфта ва кардаи Худо ва Паёмбари Ӯст, на гуфта ва кардаи дигарон, ҳар чанд бисёр мӯҳтарам ва муъаззам бошанд>>. Эшон дар табйини бештари ин қоъидаи бисёр муҳим мефармояд:)

Аз инҷо дониста мешавад ки истинод дар бораи мабнои ҳокимият дар Ислом, монанди истинод дар бораи мабнои сойири ақойид ва аъмол, бояд ба худи Ислом (яъне Қуръон ва суннат) бошад, на гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ аз мусалмонон! (Аҷиб аст ки бештари мусалмонон ин қоъидаро дар бораи сойири ақойид ва аъмол қабул доранд, вале дар бораи мабнои ҳокимият дар Ислом қабул надоранд; Ба ин наҳв ки мепиндоранд ҳукми ҳама чиз дар Қуръон ва суннат омадааст ва ҷойе барои эъмоли раъй дар бораи чизе нест, магар ҳокимият ки дар бораи он ҳукме дар Қуръон ва суннат наёмадааст ва ногузир бояд барои шинохти чанду чуни он ба раъйи бархӣ мусалмонони нахустин истинод кард! Ба иборати дигар, онҳо мепиндоранд ки Ислом барои ҷузъитарин умури онҳо аз қабли таваллуд то баъди марг аҳкоме вазъ карда, вале барои ҳукумат бар онҳо ҳукме вазъ накарда ва онро ба худи онҳо вогузоштааст ва лизо онҳо бояд бубинанд ки фалон саҳобӣ чигуна ба ҳукумат расида ё фалон тобеъӣ бо чи касе байъат карда ё фалон фақиҳ ва мутакаллим чи шуруте барои халифа пешниҳод намудааст то аз ҳамон тақлид кунанд! Ин дар ҳоле аст ки агар касе ба раъйи як саҳобӣ ё тобеъӣ ё фақиҳ ё мутакаллим истинод кунад то ҷузъияти амалӣ барои намоз ё вузуҳ ё ҳаҷ ё ҳатто истинҷоъро исбот намояд, бисёрӣ аз инҳо аз ӯ намепазиранд ва мегӯянд ки фалон саҳобӣ ё тобеъӣ ё фақиҳ ё мутакаллим мӯҳтарам аст, вале раъяш дар бораи ин мавзӯъ ҳуҷҷат нест ва бояд дар бораи он ба Қуръон ва суннат муроҷиъа кард. Бо ин ҳол, вақте навбат ба ҳукумат мерасад Қуръонро пушти сарашон меандозанд ва суннатро зери пояшон мегузоранд ва мегӯянд ки фалон саҳобӣ ин тавр кард ё фалон тобеъӣ он тавр кард ва аз онҳо бипурсӣ ки Қуръон ва суннат дар ин бора чи ҳукме доранд, монанди аҳмақҳо мегӯянд ки ҳеҷ ҳукме надоранд ва ё мегӯянд ки ҳукм кардаанд аз ҳар кас бар шумо ҳукм меронад итоъат кунед, агарчи золим бошад!!! Ин гуна Худованд ҳар ҷоҳили муқаллид ва мутаъассибро гумроҳ мекунад! Дар ҳоле ки мавзӯъи ҳукумат аз меҳваритарин ва ҳассостарин мавзӯъот барои ҳар уммате аст; Зеро ҳеҷ уммате дар тӯли тарих ба ҳалокат нарасидааст магар ба сабаби зулм ва фасоди ҳокимонашон; Чунонки Худованд худ ба ин ҳақиқат таваҷҷуҳ дода ва пайравии ақвоми гузашта аз ҳокимонашон ба ҷои пайравӣ аз хулафоъи Ӯро иллати суқут ва инҳитоти онҳо дониста ва ба унвони намуна фармудааст: «قَالَ نُوحٌ رَبِّ إِنَّهُمْ عَصَوْنِي وَاتَّبَعُوا مَنْ لَمْ يَزِدْهُ مَالُهُ وَوَلَدُهُ إِلَّا خَسَارًا» [Нуҳ/ 21]; <<Нуҳ гуфт Парвардигоро! Онҳо аз фармони ман сар печиданд ва аз касе пайравӣ карданд ки мол ва фарзандонаш ҷуз бар забони ӯ наяфзуд>> Ва фармудааст: «وَتِلْكَ عَادٌ ۖ جَحَدُوا بِآيَاتِ رَبِّهِمْ وَعَصَوْا رُسُلَهُ وَاتَّبَعُوا أَمْرَ كُلِّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ» [Ҳуд/ 59]; <<Ва ин Од буд ки оёти Парвардигорашро инкор кард ва паёмбаронашро нофармонӣ намуд ва фармобардори ҳар ҷаббори саркаше шуд>> Ва фармудааст: «وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا وَسُلْطَانٍ مُبِينٍ ۝ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَاتَّبَعُوا أَمْرَ فِرْعَوْنَ ۖ وَمَا أَمْرُ فِرْعَوْنَ بِرَشِيدٍ» [Ҳуд/ 96 ва 97]; <<Ва ҳароина Мӯсоро бо оёти худ ва ҳуҷҷатӣ ошкор фиристодем ба сӯӣ Фиръавн ва дастаи ӯ, пас аз фармони Фиръавн пайравӣ карданд, дар ҳоле ки фармони Фиръавн дуруст набуд>>; Ҳамчунонки ҳокимони умматҳоро омили гумроҳӣ ва ҳалокати онҳо дониста ва фармудааст: «وَقَالُوا رَبَّنَا إِنَّا أَطَعْنَا سَادَتَنَا وَكُبَرَاءَنَا فَأَضَلُّونَا السَّبِيلَا» [Аҳзоб/ 67]; <<Ва гӯянд Парвардигоро! Мо аз ҳокимон ва бузургонамон итоъат кардем, пас онҳо моро гумроҳ карданд>> Ва фармудааст: «وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا فِي كُلِّ قَرْيَةٍ أَكَابِرَ مُجْرِمِيهَا لِيَمْكُرُوا فِيهَا ۖ وَمَا يَمْكُرُونَ إِلَّا بِأَنْفُسِهِمْ وَمَا يَشْعُرُونَ» [Анъом/ 123]; <<Ва ин гуна дар ҳар сарзамине бузургони гуноҳкорашро қарор додем то дар он макр кунанд, дар ҳоле ки ҷуз ба худ макр намекунанд ва намефаҳманд>> Ва фармудааст: «وَبَرَزُوا لِلَّهِ جَمِيعًا فَقَالَ الضُّعَفَاءُ لِلَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا إِنَّا كُنَّا لَكُمْ تَبَعًا فَهَلْ أَنْتُمْ مُغْنُونَ عَنَّا مِنْ عَذَابِ اللَّهِ مِنْ شَيْءٍ ۚ قَالُوا لَوْ هَدَانَا اللَّهُ لَهَدَيْنَاكُمْ ۖ سَوَاءٌ عَلَيْنَا أَجَزِعْنَا أَمْ صَبَرْنَا مَا لَنَا مِنْ مَحِيصٍ» [Иброҳим/ 21]; <<Ва ҳамагӣ барои Худованд ошкор мешаванд, пас зуъафо ба касоне ки бузургӣ ҷустанд мегӯянд мо пайравони шумо будем, пас оё шумо чизе аз азоби Худоро аз мо бар мегиред?! Мегӯянд агар Худо моро ҳидоят мекард шуморо ҳидоят мекардем, бароямон яксон аст ки бетобӣ кунем ё тоб оварем, бароямон роҳи гурезе нест>>! Ин оёт ва оёти мушобаи дигар дар Қуръон, ҳамагӣ бар нақши ҳокимон дар залолат ва ҳалокати ҷавомеъ таъкид доранд ва бо ин васф, мумкин нест ки Ислом аз як сӯ чунин нақши муҳим ва сарнавиштсозе барои ҳокимон қоъил бошад ва аз сӯӣ дигар ҷавомеъро дар интихоби онҳо озод гузошта бошад; Зеро агар ҷавомеъро дар интихоби онҳо озод гузоштааст, дигар манъо надорад ки онҳоро ба сабаби пайравӣ аз онҳо ва дучор шудан ба бадбахтӣ ва ҳалокат некуҳиш кунад! Ин гувоҳи дигаре бар он аст ки Ислом ҳаргиз дасти ҷавомеъро дар интихоби ҳокимон боз нагузоштааст. Ба ҳамин далил, касоне ки аз илм насибе доранд ва таслими ҳақ ҳастанд ва нисбат ба мазоҳиби худ таъассубе намеварзанд, содиқона иқрор мекунанд ки назари машҳури мусалмонон дар ин бора саҳиҳ нест ва Ислом дар бораи таъйини ҳоким монанди соири ақойид ва аъмол барнома дорад ва онро ба худи мардум вогузор накардааст, вале касоне ки аз илм насибе надоранд ва ба ҷои он дар тақлид ва таъассуб фуру рафтаанд, сухани аксариятро мисли тӯтӣ такрор мекунанд ва мегӯянд: Худованд моро дар бораи таъйини ҳукумат ба худамон вогузоштааст! Мо аз ин бародарон ва хоҳарони ғофил хоҳиш мекунем ки аз хоби ғафлат бедор шаванд ва сухани ҳаққӣ устозунал Мансурро бипазиранд ва даст аз худраъйи ва худсарӣ дар бораи ҳукумат бардоранд ва таслими амри Худованд ва Паёмбараш бишаванд. Ҳол суъол ин аст ки амри Худованд ва Паёмбараш дар бораи ҳукумат чист ва барномаи Ислом барои таъйини ҳоким кадом аст? Ин суъоли бисёр муҳимме аст ки устозунал Мансур дар идома ба он посух медиҳад ва бо баёнӣ бисёр мунаққаҳ ва қотеъ мефармояд:) Ин дар ҳоле аст ки ҳокимият дар Ислом ба ду гуна аст ва гунаи севвуме надорад; Яке ҳокимияти Худованд ва дигарӣ ҳокимияти тоғут (<<Тоғут>> дар луғат бар вазни <<Фоъил>> ё <<Фаъалут>> аз решаи <<Тоғӣ>> ба маънои бисёр туғён кунанда ва саркаш аст ки дар китоби Худованд бар ҳар маъбуде ҷуз Худованд итлоқ шудааст); Аммо ҳокимияти Худованд (дар рӯшантарин таърифе ки метавон аз он ироъа дод), ҳокимияти касе аст ки ба амри Худованд ҳукумат мекунад; Монанди ҳокимияти оли Иброҳим алайҳи салом ки Худованд дар бораи онон фармудааст: «وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا»;[1] <<Ва ононро пешвоёне қарор додем ки ба амри мо ҳидоят мекунанд>> (ба қайди <<Ба амри мо>> диққат кунед) Ва аммо ҳокимияти тоғут (дар рӯшантарин таърифе ки метавон аз он ироъа дод), ҳокимияти касе аст ки бидуни амри Худованд ҳукумат мекунад; Монанди ҳокимияти оли Фиръавн ки Худованд дар бораи онон фармудааст: «وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ۖ»;[2] <<Ва ононро пешвоёне қарор додем ки ба сӯӣ оташ даъват мекунанд>> (бидуни қайд <<Ба амри мо>>)! Ба ин тартиб, ҳокимияти касоне ки Худованд ӯро барои он гумошта (яъне мансуб карда), ҳокимияти Худованд ва ҳокимияти касе ки Худованд ӯро барои он нагумошта (яъне мансуб накарда), тоғут аст ва ин қоъидае аст ки ба ғоят сода ва баййин аст. (Алҳаққу алинсоф ҳамин тавр аст ва то кунун касе мабнои машрӯъияти сиёсӣ дар Исломро то ин андоза сода ва баййин таъриф накардааст. Бо ин мабнои устозунал Мансур ки муххи Исломи ноби Муҳаммадӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, мизони машрӯъияти ҳамаи ҳокимиятҳои гузашта, ҳол ва ояндаи дунё маълум мешавад ва ҷойе барои фирор ё пинҳон шудани ҳеҷ як аз онҳо боқӣ намемонад; Ҳамчунонки маълум мешавад ҳокимиятиҳои тоғут дар ҳоли ҳозир ду даста ҳастанд; Дастаи аввал ҳокимиятиҳои кофир ё мунофиқ ки аслан ба вуҷуди Худованд бовар надоранд ё агар бовар доранд мӯътақид ба ҷудойии дин аз сиёсат ҳастанд ва мепиндоранд ки изни Худованд барои ҳокимият бемаъност ва машрӯъияти ҳокимият аз авомили дигарӣ монанди раъйи мардум нашъат мегирад ва табъан дар тоғут будани онҳо ҳеҷ шак ва шубҳае нест ва дастаи дуввум ҳокимиятҳои мусалмон ки зоҳиран ба вуҷуди Худованд бовар доранд, вале <<Изни хоссе>> ро аз ҷониби Ӯ барои ҳокимият зарурӣ ва чи басо мумкин намедонанд ва мӯътақиданд ки Ӯ ба моли худ оташ зада ва ба ҳокимияти умуми мусалмонон ё умуми Қурайш ё умуми фуқаҳо бар асоси раъйи аксарият ё хубрагони мардум <<Изни ом>> додааст ва табъан тоғут будани ин даста низ возеҳ аст; Зеро бинобар мабнои устозунал Мансур, ҳокимият дар Ислом танҳо барои Худованд аст ва Ӯ ҳокимияти худро ба ҳароҷ нагузошта, балки аз тариқи халифааш дар замин эъмол кардааст ва халифааш дар замин як шахси куллӣ ва ғайри муъаййан нест, бал як шахси ҷузъӣ ва муъаййан аз оли Иброҳим ва оли Муҳаммад алайҳи салом аст ки –монанди ҳамеша– бо нас ё мӯъҷиза шинохта мешавад ва бо ин васф, <<Изни омми>> Худованд ба ҳокимияти умуми мусалмонон ё умуми Қурайш ё умуми фуқаҳои аслӣ дар Ислом надорад ва як дурӯғи бузур аст. Инки дар ривоёт омада, хилофат дар Қурайш аст ба маънои он нест ки ҳар як аз Қурайши метавонад халифа бошад; Зеро бисёрӣ аз Қурайш золим ва фосиқ ҳастанд ва қатъан салоҳияти хилофатро надоранд ва бо ин васф, иддаъои онки ҳамаи онон метавонанд халифа бошанд, бо усул ва қавоъиди Исломи созгор нест. Бегумон мурод аз будани халифа дар Қурайш он аст ки Худованд афроде аз ин хонадонро барои хилофт баргузида ва таъйин кардааст, на фақат ба далили онки аз ин хонадон ҳастанд, бал ба далили инки дар асари наздиктар буданашон ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, олимтарин афрод ба суннати он Ҳазрат ва табъан қодиртарин афрод ба таълим ва иқомаи он дар ҷаҳон ҳастанд ва бо ин васф, аз дигарон ба хилофат сазовортаранд. Аз инҷо дониста мешавад ҳар касе ҷуз ин афрод аз Қурайш ки Худованд ононро барои ҳукумат барнагузида ва таъйин кардааст ба ҳукумат даст ёзад, тоғут маҳсуб мешавад, агарчи Қурайшӣ бошад ва аксарияти мардум ё хубрагони онон ӯро интихоб карда бошанд.)

Бинобар ин қоъида, ормони ҳамаи Паёмбарон (яъне чизе ки барои он мабъус шудаанд ва талош кардаанд ва баъзан ба шаҳодат расидаанд), таҳаққуқи ҳокимияти Худованд (аз тариқи ҳокимияти халифаи Ӯ) ва нафйи ҳокимияти тоғут (ба маънои ҳокимияти дигарон) буда; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَسُولًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ ۖ»;[3] <<Ва ҳароина дар ҳар уммате Паёмбареро барангехтем ки Худовандро бипарастид ва аз тоғут бипарҳезед>> Ва табъан ормони Паёмбари хотам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ (монанди сойири Паёмбарон) ҳамин будааст; (Ҳол як ҷоҳиле ногаҳон аз роҳ нарасад ва нагӯяд ки чаро ҳамаи Паёмбарон ба дунболи ҳукумат будаанд! Зеро рӯшан аст ки онҳо монанди дигарон ба дунболи ҳукумат набудаанд то аз он сӯъи истифода кунанд ва барои худашон сарват ва лаззате фароҳам созанд, бал ба иқтизои исмат ва иртиботашон бо Худованд танҳо дар пайи дини холис ва иҷрои комили аҳкоми Худованд ва наҷоти мардум аз асорати золимон ва расонадни онҳо ба саъодати дунё ва охират будаанд ки бидуни ҳукумат мумкин нест; Ҳамчунонки бар хилофи дигарон тавонойии ин корро доштаанд ва дар мавориди маъдуде ки тавфиқи ҳукуматро пайдо кардаанд беҳтарин даврони зиндагии башарро рақам задаанд ва чеҳраи зебои адолатро ба ӯ нишон додаанд. Аз инҷо дониста мешавад ки матолибаи ҳукумат барои касоне бад аст ки салоҳият ва иҷозаи онро надоранд, вагарна барои хулафоъи Худованд ки салоҳият ва иҷозаи онро доранд, бисёр баҷо ва зарурӣ аст ва лутфе нисбат ба мардум маҳсуб мешавад; Лизо «فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ»; <<Аз Худо битарсед ва аз ман итоъат кунед>> Яке аз даъватҳои меҳварӣ ва муштараки ҳамаи Паёмбарон буда ки ба унвони намуна танҳо дар сураи Шӯроъ 8 бор аз забони Паёмбарони мухталиф ривоят шуда; Чароки итоъат аз онон итоъат аз Худованд ва мазҳури ҳокимияти Ӯ будааст.) Бо таваҷҷуҳ ба инки пазириши ҳокимият дар Ислом, аз масодиқи парастиш аст (чароки парастиш ба маънои фармонбардорӣ аст ва пазириши ҳокимият ба маънои фармонбардорӣ дар умури умумӣ аст ва бо ин васф, пазириши ҳошимият аз масодиқи парастиш маҳсуб мешавад; Ҳамчунонки ҳокимият танҳо шоистаи Худованд аст ва бо ин васф, пазириши он аз Ӯ ва адами пазириши он аз ғайри Ӯ муқтазои тавҳид аст) ва (аз ин рӯ) ҳар кас ҳокимияти касе ҷуз Худовандро бипазирад, дар воқеъ тоғутро парастиш карда (ва мушрик) аст (чунонки устозунал Мансур дар мабҳаси <<Шинохти Ислом>> яке аз ақсоми тавҳидро <<Тавҳид дар ҳокимият>> донистааст); Монанди яҳудиён ки (дар бархӣ адвори торихи худ, ҳокимияти Румиён ё бархӣ ақвоми мушрик ва ба таври куллӣ ҳокимоне ҷуз хулафоъи Худовандро пазируфтанд ва аз ин рӯ,) Худованд дар бораи онон фармудааст: «قُلْ هَلْ أُنَبِّئُكُمْ بِشَرٍّ مِنْ ذَٰلِكَ مَثُوبَةً عِنْدَ اللَّهِ ۚ مَنْ لَعَنَهُ اللَّهُ وَغَضِبَ عَلَيْهِ وَجَعَلَ مِنْهُمُ الْقِرَدَةَ وَالْخَنَازِيرَ وَعَبَدَ الطَّاغُوتَ ۚ أُولَٰئِكَ شَرٌّ مَكَانًا وَأَضَلُّ عَنْ سَوَاءِ السَّبِيلِ»;[4] <<Бигӯ оё шуморо ба сазоӣ бадтар аз он назди Худованд хабар бидиҳам?! Касе ки Худованд ӯро лаънат кард ва бар ӯ хашм гирифт ва аз ӯ бузина ва хук сохт ва ӯ тоғутро парастид! Онон ҷойгоҳи бадтаре доранд ва аз роҳ гумроҳтаранд>>! Ҳамчунонки Худованд бандагони парҳезкори худро ба иҷтиноб аз парастиши тоғут сутуда ва фармудааст: «وَالَّذِينَ اجْتَنَبُوا الطَّاغُوتَ أَنْ يَعْبُدُوهَا وَأَنَابُوا إِلَى اللَّهِ لَهُمُ الْبُشْرَىٰ ۚ فَبَشِّرْ عِبَادِ»;[5] <<Ва касоне ки аз тоғут парҳез карданд ки онро бипарастанд ва ба сӯӣ Худованд рӯй оваранд, барои онон муждагонӣ аст; Пас мужда бидеҳ бандагонамро>>! Бо ин васф, куфри ба тоғут (ба маънои адами эътиқод ба машрӯъияти ҳукумати касе ки ба амри Худованд ҳукумат намекунад) лозимаи имон ба Худованд (ба маънои шарти он) аст (ҳамчунонки дар Қуръон пеш аз имон ба Худованд зикр шуда) ва касе ки ҳокимияти тоғутро гардан наниҳода (яъне напазируфтааст, ҳар чанд ӯро ба хотираш таҳти фишор, таъқиб ва таъзиб қарор диҳанд) ва ҳокимияти Худовандро пазиро шуда (ҳар чанд мусталзими хатарот ва мушкилоти фаровоне бошад), ба Исломи асил ва комил, роҳ ёфтааст; Чунонки Худованд дар бораи ӯ фармудааст: «فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِنْ بِاللَّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ لَا انْفِصَامَ لَهَا ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ»;[6] <<Пас ҳар кас ба тоғут кофир шавад ва ба Худованд имон оварад, ҳароина ба ресмони устуворе чанг зада ки гусастагӣ надорад ва Худованд шунавоӣ доност>>! Аз ин рӯ, таҳокум (яъне ҳукумат бурдан) ба тоғут ба маънои қабули ҳокимияти касе ки Худованд ӯро (аз тариқи мӯъҷиза ё насси қатъӣ ва ъайнӣ) нагумошта, ҳеҷ гоҳ дар Ислом ҷойе надошта ва ҳамвора аз дасисаи шайтон (барои гумроҳ кардани инсонҳо) нашъат гирифтааст; Чунонки Худованд фармудааст: «يُرِيدُونَ أَنْ يَتَحَاكَمُوا إِلَى الطَّاغُوتِ وَقَدْ أُمِرُوا أَنْ يَكْفُرُوا بِهِ وَيُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُضِلَّهُمْ ضَلَالًا بَعِيدًا»;[7] <<Мехоҳанд ки ба тоғут ҳукумат баранд, дар ҳоле ки фармон дода шуданд ки ба он куфр варзанд ва шайтон мехоҳад ки ононро ба гумроҳии дуре дучор кунад>>! Ҳамчунонки муқотила дар роҳи тоғут ба маънои ҷангидан барои таҳаққуқи ҳокимияти касе ки Худованд ӯро нагумошта, кори кофирон аст ва кори мусалмонон, ҷуз ҷангидан дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд нест (бинобарин, касоне ки инқилобҳо карданд ва хунҳо доданд то ҳокимияти касе ҷуз халифаи Худованд дар замин таҳаққуқ ёбад, ғалат карданд ва кофир шуданд, ҳар чанд бо таваҷҷуҳ ба инки иддаъои мусалмонӣ доштанд, мунофиқ маҳсуб мешуданд ва касоне ки ҳамакнун дар ҳоли ҷангидан дар Ироқ, Шом, Афғонистон, Покистон ва ҷоҳои дигар ҳастанд то ҳукумати касе ҷуз халифаи худовандро эҷод ё ҳифз кунанд, ғалат мекунанд ва мунофиқ ҳастанд ва бояд ба Ислом бозгарданд); Чунонки фармудааст: «الَّذِينَ آمَنُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ الطَّاغُوتِ فَقَاتِلُوا أَوْلِيَاءَ الشَّيْطَانِ ۖ إِنَّ كَيْدَ الشَّيْطَانِ كَانَ ضَعِيفًا»;[8] <<Касоне ки имон доранд дар роҳи Худованд меҷанганд ва касоне ки кофиранд дар роҳи тоғут меҷанганд; Пас бо авлиёъи шайтон биҷангед! Ҳароина найранги шайтон заъиф аст>>! (Бо ин васф, чаро бояд касе ки ба Худованд имон дорад, барои эҷод ё тасбити ҳукумати касе биҷангад ки Худованд ӯро барои ҳукумат нагумоштааст?! Охир ин чи ҳамоқате ва чи зулме ба худ ва фарзандони худ аст?! Чаро касоне ки ба Худованд имон доранд, дар роҳи эҷоди ҳукумати Ӯ намеҷанганд?! Аз инҷо дониста мешавад ки имони онон ба Худованд воқеъӣ нест.) Оре, ормони Ислом ин аст ки калимаи кофирон фурудаст ва калимаи Худованд бартар бошад (яъне дар ҳамаи ҷо Худованд ҳоким ва кофирон маҳкум бошанд); Чунонки Худованд фармудааст: «وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُوا السُّفْلَىٰ ۗ وَكَلِمَةُ اللَّهِ هِيَ الْعُلْيَا ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ»;[9] <<Ва каломи касоне ки куфр варзидандро поён қарор дод ва калимаи Худованд он болотар аст ва Худованд изатмандӣ ҳаким аст>>; Ба ин маъно ки дасти болотар дар ҷаҳон барои Худованд аст; Чунонки фармудааст: «وَلِلَّهِ الْمَثَلُ الْأَعْلَىٰ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ»;[10] <<Ва барои Худованд намудори болотар аст ва Ӯ иззатманди ҳаким аст>> Ва фармудааст: «وَلَهُ الْمَثَلُ الْأَعْلَىٰ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ»;[11] <<Ва барои Ӯ намудори болотар дар осмонҳо ва замин аст ва Ӯ иззатманди ҳаким аст>>! (Намудор дар луғат ба маънои шохис, гувоҳ, мазҳур, қонун, ҳуҷҷат ва нақша аст ва устозунал Мансур онро муъодили <<Масал>> дар ин ояи шарифа донистааст. Бо ин васф, беҳтарин шохис, гувоҳ, мазҳур, қонун, ҳуҷҷат ва нақша барои Худованд аст ва табъан касонеро ёрои муъориза бо Ӯ нест ва ҳамагон бояд бартарӣ ва раёсати Ӯро ба расмият бишносанд.)

Ба илова, рӯшан аст ки вилоят дар Ислом (ба маънои қаймумат ва султа бар амри дигарон), танҳо барои Худованд аст; Чунонки фармудааст: «وَمَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَالٍ»;[12] <<Ва ононро ҷуз Ӯ ҳеҷ волийе нест>> Ва фармудааст: «وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَلِيًّا»;[13] <<Ва Худованд ба унвони валӣ кофӣ аст>> Ва фармудааст: «أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ»;[14] <<Оё намедонӣ ки Худованд, ҳукумати осмонҳо ва замин барои Ӯст ва шуморо ҷуз Худованд ҳеҷ валийе ва пуштибоне нест>>; (Инҳо оёти Қуръон аст ки тавассути устозунал Мансур –ин мунодии ҳақ ва эҳёгари тавҳид– ёдоварӣ мешавад ва бар мухтас будани вилоят ба Худованд далолат дорад; Ҳамчунонки ақл низ монанди шаръ, вилоятро мухтасси ба Худованд медонад;) Чароки танҳо Ӯ ба иқтизои илми комили (худ ба ниёзҳои ҳол ва ояндаи инсон) ва қудрати беназираш (бар таъмини ҳамаи онҳо), салоҳияти вилоят (яъне қаймумат ва султа бар умури ӯ) ро дорад (бо таваҷҷуҳ ба инки қабули қаймумат ва султаи Худованд, аз як сӯ ҳаққи табиъии Ӯ ба унвони олим ва қодири мутлақ ва ба унвони холиқ ва розиқи инсон аст ва аз сӯӣ дигар қатъан ба саъодати инсон меанҷомад, бар хилофи қабули қаймумат ва султаи ғайри Ӯ ки чизе ҷуз зиллат ва бардагӣ нест ва инсонро ба сӯӣ бадбахтӣ ва табоҳӣ суқут медиҳад ва муҳимтарин омили нобудии умматҳо аст) ва бо ин васф, гирифтани валийе ғайри Ӯ ҷойиз нест (чароки ғайри Ӯ ба сабаби маҳдуд будани имл ва қудраташ, ҳатто агар хайрхоҳ бошад, қодир ба ҳидоят ва мудирияти саҳиҳ ва комили инсон нест, чи расад ба инки ғолибан хайрхоҳ ҳам нест ва танҳо бар мабнои худхоҳӣ сиёсат меварзад), балки (гирифтани валийе ғайри Худованд) ширк шумурда мешавад (ки зулмӣ азим ва нобахшиданӣ аст); Чунонки фармудааст: «أَمِ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ ۖ فَاللَّهُ هُوَ الْوَلِيُّ وَهُوَ يُحْيِي الْمَوْتَىٰ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ»;[15] <<Ё ғайри Ӯ авлиёъе мегиранд?! Дар ҳоле ки Худованд аст ки валӣ аст ва Ӯ мурдагонро зинда мекунад ва Ӯ бар ҳар чизе тавононст>> (инки танҳо Ӯ мурдагонро зинда мекунад ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност, далили он аст ки танҳо Ӯ валӣ аст ва набояд ғайри Ӯ авлиёъе бигиранд) Ва фармудааст: «قُلْ أَغَيْرَ اللَّهِ أَتَّخِذُ وَلِيًّا فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَهُوَ يُطْعِمُ وَلَا يُطْعَمُ ۗ قُلْ إِنِّي أُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ أَوَّلَ مَنْ أَسْلَمَ ۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُشْرِكِينَ»;[16] <<Бигӯ: Оё ғайри Худованд валийе бигирам?! Дар ҳоле ки Ӯ офаринандаи осмонҳо ва замин аст ва Ӯ мехуронад ва ба Ӯ хуронда намешавад! Бигӯ: Ман фармон дода шудаам ки нахустин мусалмон бошам ва ҳаргиз аз мушрикон набош>> (инки халқ ва ризқи мавҷудод танҳо дар дасти Худои бениёз аст далиле барои он аст ки гирифтани валийе ғайри Ӯ маъқул нест, балки ширк шумурда мешавад ва ба ҳамин далил, мефармояд: <<Ва ҳаргиз аз мушрикон набош>>) Ва фармудааст: «قُلْ مَنْ رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ قُلِ اللَّهُ ۚ قُلْ أَفَاتَّخَذْتُمْ مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ لَا يَمْلِكُونَ لِأَنْفُسِهِمْ نَفْعًا وَلَا ضَرًّا ۚ قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الْأَعْمَىٰ وَالْبَصِيرُ أَمْ هَلْ تَسْتَوِي الظُّلُمَاتُ وَالنُّورُ ۗ أَمْ جَعَلُوا لِلَّهِ شُرَكَاءَ خَلَقُوا كَخَلْقِهِ فَتَشَابَهَ الْخَلْقُ عَلَيْهِمْ ۚ قُلِ اللَّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ»;[17] <<Бигӯ чи касе Парвардигори осмонҳо ва замин аст?! Бигӯ Худо! Бигӯ оё бо ин васф, ғайри Ӯро авлиёъи худ мегиред ки барои худ суд ё зиёнеро молик нестанд?! Бигӯ оё кӯр ва бино баробаранд?! Ё торикӣ ва нур яксонанд?! Ё барои Худованд шариконе қарор додаанд ки офаринише монанди офариниши Ӯ доранд пас офариниш бар онон муштабаҳ шудааст?! Бигӯ Худованд офаринандаи ҳар чиз аст ва Ӯ ягонаи чира аст>> (дар ин оя низ далили ихтисоси вилоят ба Худованд, ихтисоси рубубият ва хилқат ба Ӯ ва молик набудан ва кӯр будан ва торик будани ғайри Ӯ дониста шуда) Ва фармудааст: «أَفَحَسِبَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنْ يَتَّخِذُوا عِبَادِي مِنْ دُونِي أَوْلِيَاءَ ۚ إِنَّا أَعْتَدْنَا جَهَنَّمَ لِلْكَافِرِينَ نُزُلًا»;[18] <<Оё касоне ки кофир шуданд пиндоштанд ки бандагони Манро ҷуз Ман авлиёе гирифтанд?! Ҳароина Мо ҷаҳаннамро барои фуруди кофирон фароҳам сохтаем>>! (Ин оя низ сарҳи дар он аст ки қабули қаймумат ва султаи ҳеҷ як аз бандагони Худованд ҷойиз нест, балки вежагии кофирон аст ва ба ҷаҳаннам мунтаҳӣ мешавад;) Ҳамчунонки аз пайомад гирифтани авлиёъе ҷуз Ӯ хабар дода ва фармудааст: «اللَّهُ وَلِيُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا أَوْلِيَاؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ إِلَى الظُّلُمَاتِ ۗ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ»;[19] <<Худованд валийи касоне аст ки имон овардаанд, ононро аз торикӣ ба нур хориҷ мекунад ва касоне ки кофиранд авлиёъашон тоғут аст, ононро аз нур ба торикӣ хориҷ мекунанд, онон ҳамгинони оташанд ва дар он ҷовидон хоҳанд буд>> (бинобарин, қабули вилояти Худованд ба хуруҷ аз зулумот ба сӯӣ нур ва қабули вилофти ғайри Ӯ ба хуруҷи аз нур ба зулумот ва оташи абадӣ меанҷомад) Ва фармудааст: «مَثَلُ الَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ أَوْلِيَاءَ كَمَثَلِ الْعَنْكَبُوتِ اتَّخَذَتْ بَيْتًا ۖ وَإِنَّ أَوْهَنَ الْبُيُوتِ لَبَيْتُ الْعَنْكَبُوتِ ۖ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ»;[20] <<Масали касоне ки ғайри Худованд авлиёъе гирифтанд масали анкабут аст ки хонае гирифта бошад, дар ҳоле ки сусттарини хонаҳо хонаи анкабут аст агар бидонанд>>! (Бинобарин, низоми сиёсӣ мубтанӣ бар вилояти ғайри Худованд, монанди хонаи анкабут суст, мутазалзил ва дар маърази суқут аст ва бо ин васф, ҳамаи низомҳои сиёсии кунунӣ ки ба амри Худованд ташкил нашудаанд, маҳкум ба завол ҳастанд ва бояд мунтазири нобудӣ бошанд, агарчи ҳамаи муъодилоти моддӣ ва зоҳирӣ аз иқдору бақоъи онҳо ҳикоят дошта бошад. Ин ваъдаи Худованд ва суннати Ӯст ва тардиде нест ки ваъдаи Худованд тахаллуф намепазирад ва суннати Ӯ тағйир намеёбад ва бо ин васф, мӯъминон набояд фиреби зоҳири фиребандаи онҳоро бихуранд. Ба умеди онки ҳар чи зудтар шоҳиди суқути ин низомҳои тори анкабутӣ ва қудратҳои пӯшолуе дар ҳар нуқтаи ҷаҳон бошем ва таҳаққуқи ваъда ва суннати Худованд дар зуҳури ҳукумати халифааш дар заминро бо чашми худ бубинем.

والسّلام عليکم و رحمت الله)

[1]. Анбиёъ/ 73.

↑[2]. Қасос/ 41.

↑[3]. Наҳл/ 36.

↑[4]. Моъида/ 60.

↑[5]. Зумар/ 17.

↑[6]. Бақара/ 256.

↑[7]. Нисоъ/ 60.

↑[8]. Нисоъ/ 76.

↑[9]. Тавба/ 40.

↑[10]. Наҳл/ 60.

↑[11]. Рум/ 27.

↑[12]. Раъд/ 11.

↑[13]. Нисоъ/ 45.

↑[14]. Бақара/ 107.

↑[15]. Шуро/ 9.

↑[16]. Анъом/ 14.

↑[17]. Раъд/ 16.

↑[18]. Каҳф/ 102.

↑[19]. Бақара/ 257.

↑[20]. Анкабут/ 41.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Барои шунидани савти дарси чиҳилу шашум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?