Душанбе 10 декабр 2018 мелодӣ баробар бо 2 рабеъ-ул-сони 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

     
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чиҳилу чаҳорум
Мавзӯъ:

Ихтилофи мусалмонон (6)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар ҷаласаи қабли рӯшан шуд ки ба таври ҳатм Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бидуни васият дар бораи чанду чуни ҳукумат баъд аз худ аз дунё нарафта, балки таъаллуқи он ба итрат ва аҳли байти худро бо сароҳат баён фармуда ва ин баёни ӯ илова бар ақли салим, бо Қуръони карим низ ҳамоҳанг аст. Устозунал Мансур дар идома ва ба унвони ҷамъбандии ин баҳси бисёр муҳим мефармояд:)

Ин ба он маъност ки аҳли байти он Ҳазрат, бар пояи Қуръон (бо таваҷҷуҳ ба ояи Татҳир, ояи Маваддат ва бархӣ оёти дигар), суннати қатъӣ (бо таваҷҷуҳ ба аҳодисе монанди ҳадиси мутавотири Сақалайн) ва ҳукми ақл (бо таваҷҷуҳ ба далоили ақлии мутаъаддиде ки дар зайли оёт ва дар зайли ҳадиси Сақалайн табйин шуд), ба айн ва кулли Ислом (ки илм ва амал ба он ду бо таваҷҷуҳ ба мабоҳиси <<Зарурат ва имкони бозгашт ба Ислом>> барои найл ба саъодат ва рафъи мушкилоти моддӣ ва маънавии мусалмонон зарурӣ аст) олим ва омиланд (яъне ҳам илм доранд ва ҳам амал мекунанд); Чароки пиростагӣ аз ҳар гуна нопокӣ (дар ояи Татҳир), ба маънои пиростагӣ аз ҳар ақида ва амали хилофи Ислом аст (ки нопокии ҳақиқӣ маҳсуб мешавад) ва рӯшан аст ки пиростагӣ аз ҳар ақида ва амали хилофи Ислом (ҳар чанд ҷанбаи амалӣ дорад), бидуни илм ба айн ва кулли Ислом мумкин нест (бо таваҷҷуҳ ба инки инсон наметавонад ба ақида ва амале ки барои ӯ маҷҳул аст мултазим бошад). Аз инҷо дониста мешавад ки аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (ба иқтизои илм ва амалашон ба айн ва кулли Ислом) сазовортарини мусалмонон ба ҳукумат бар онон (дар муқойиса бо соири саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин ва уламо) ҳастанд; Чароки чунин пиростагӣ ва илме (дар ин андоза ва ба сурати мансус), барои касе ҷуз онон иддаъо нашуда ва (ба фарз ки иддаъо ҳам шуда бошад) ба исбот нарасидааст (яъне касе аз уммат иддаъо накардааст ки касе аз саҳоба, тобеъин, атбоъи тбеъин ва уламо ҷуз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ҳар гуна нопокӣ пироста шуда ва ба ҳамаи Ислом олим аст ва агар фарзан касе дар оянда ҳам иддаъо кунад, иддаъои ӯ аз тариқи китоби Худо ва суннати мутавотир ва дар рӯшанойии ақли салим қобили исбот нест. Албатта мумкин аст ривоёти дигаре дар бораи бархӣ саҳоба расида бошад, монанди ривояти «لَوِ ٱسْتَخْلَفْتُ أَحَداً عَن غَيرِ مَشوَرَةٍ لَٱسْتَخْلَفْتُ ٱبْنَ أُمِّ عَبْدٍ» [Муснади Аҳмад, ҷ1, с95; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с49]; Яъне <<Агар мехостам касеро бидуни машварат халифа қарор диҳам, ибни Умми Абд [Абдуллоҳ ибни Масъуд] ро халифа қарор медодам>> Ва ривояти «إِنّي لا أَدْرِي ما قَدْرُ بَقائي فيكُمْ فَٱقْتَدُوا بِاللَّذِينَ مِن بَعدِي -وَ أَشارَ إِلىٰ أَبي بَكرٍ وَ عُمَر- وَ ٱهْتَدُوا بِهَدْيِ عَمّارٍ وَ ما حَدَّثَكُمُ ٱبْنُ مَسْعُودٍ فَصَدِّقُوهُ» [Муснади Аҳмад, ҷ5, с385; Сунани Тирмизӣ, ҷ5, с333]; Яъне <<Ман намедонам чи муддат миёни шумо боқӣ мемонам, пас ба касоне ки баъд аз ман ҳастанд иқтидо кунед –ва ба Абубакр ва Умар ишора кард– ва аз равиши Аммор пайравӣ кунед ва ҳар чи ибни Масъуд бароятон гуфт тасдиқаш кунед>>, вале ин қабил ривоят аз як сӯ воҳид ва ғайри яқинӣ ва аз сӯӣ дигар бисёр заъиф ва мутаноқиз ҳастанд; Ҳамчунонки ба унвони намуна, ровии аслии ин ду ривоят, як нафар ба номи Абдулмалик ибни Умайр аст ки аз дӯстдорони банӣ Умая ва душманони аҳли байт буд ва бо ин васф, наметавон ба ривояти ӯ дар баробари ривояти мутавотир ва машҳури Сақалайн эътино кард; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки амал ба ривояти ӯ мумкин набудааст; Чароки ба унвони намуна, Абдуллоҳ ибни Масъуд мӯътақид буд ки сураи Фалақ ва Нос аз Қуръон нестанд, бал сирфан дуъое аз дуъоҳои Паёмбар ҳастанд ки набояд дар мусҳаф навишта шаванд ва аз ин рӯ, он дуро аз мусҳафҳои худ пок мекард [Нигоҳ кунед ба: Мусаннафи Ибни Абӣ Шейба, ҷ8, с194; Муснади Аҳмад, ҷ5, с129], дар ҳоле ки ин ду сура яқинан аз Қуръон ҳастанд ва бо ин васф, возеҳ аст ки ҳар чи ӯ барои мардум мегуфт қобили тасдиқ набуд то Паёмбар ба он амр фармуда бошад ва Аммор низ аз касоне буд ки баъд аз Паёмбар, ҳозир ба байъат бо Абубакр ва Умар нашуд, балки хоҳони байъат бо Алӣ шуд ва бо ин васф, пайравӣ аз равиши ӯ мусталзими адами иқтидо ба Абубакр ва Умар буд ки дар ривоят ба он амр шудааст! Инҳо шавоҳиди рӯшане бар он аст ки ин қабил ривоёт, сохтагӣ ва дурӯғ ҳастанд ва аз Паёмбар содир нашудаанд ва табъан наметавонанд бо китоби Худо ва суннати қатъии Паёмбар муъориза кунанд) ва тардиде нест ки (агар наҳваӣ аз пиростагӣ ва илм барои касоне ҷуз аҳли байт монанди бархӣ саҳоба собит бошад низ) ҳар кас пиростатар ва олимтар аст, ба ҳукумат бар дигарон сазовортар аст (ва аҳли байт бо таваҷҷуҳ ба далоъили мазкур, аз дигарон пиростатар ва олимтар ва дар натиҷа сазовортар ҳастанд); Чунонки Худованд фармудааст: «أَفَمَنْ يَهْدِي إِلَى الْحَقِّ أَحَقُّ أَنْ يُتَّبَعَ أَمَّنْ لَا يَهِدِّي إِلَّا أَنْ يُهْدَىٰ ۖ فَمَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ»;[1] <<Оё касе ки ба ҳақ роҳ менамояд сазовортар аст ки пайравӣ шавад ё касе ки роҳ наменамояд магар онки роҳнамоӣ шавад! Шуморо чи мешавад чигуна ҳукм мекунед?!>> (Ҳамчунонки аъиммаи аҳли байт ба табаъи илми бештари худ, ҳамвора роҳнамои соири мардум будаанд ва ҳеҷ гоҳ тавассути соири мардум роҳнамойи нашудаанд; Ҳамон тавр ки дар бархӣ ривоёти расида дар бораи онон омадааст: «فَلا تَقَدَّمُوهُمْ فَتَهْلِکُوا وَ لا تُعَلِّمُوهُمْ فَإِنَّهُمْ أَعْلَمُ مِنْکُمْ» [Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул Кабир, ҷ3, с66 ва ҷ5, с167]; <<Бар онон пешӣ наҷӯйед ки ҳалок мешавед ва ба онон наёмӯзед ки онон аз шумо олимтаранд>> Ва ин ношӣ аз як қоъидаи уқалоӣ ва мутаъориф аст ки «أهلُ البيتِ أدری بما في البيت»; <<Аҳли хона ба ончи дар хона аст донотаранд>> ва бо ин васф, комилан табиъӣ аст ки аҳли хонаи Паёмбар бо афкор, ақвол ва афъоли Паёмбар ошнотар бошанд; Хусусан Алӣ ибни Абӣ Толиб ки аз замони кӯдакӣ дар хонаи Паёмбар зиндагӣ мекард ва таҳти таълим ва тарбияти падаронаи он Ҳазрат қарор дошт ва табъан пеш аз дигарон Ислом оварда буд ва беш аз дигарон бо суннати он Ҳазрат ошно шуда буд, то ҳадде ки он Ҳазрат бинобар ривоятӣ мутавотир ва машҳур фармуд: «أَنا مَدینةُ ٱلعِلْمِ وَ عليٌّ بابُها فَمَنْ أَرادَ ٱلْمَدِینةَ فَلْیَأتِها مِنْ بابِها» [Сунанул Тирмизӣ, ҷ5, с301; Мустадракул Ҳоким, ҷ3, с126; Ал-Мӯъҷамул Кабир Табарӣ, ҷ11, с55]; Яъне <<Ман шаҳри илм ҳастам ва Алӣ дарвозаи он аст, пас ҳар кас мехоҳад ба шаҳр дарояд бояд аз дарвозаи он дохил шавад>>; Чунонк муроҷиъати хулафо ва саҳоба хусусан Умар ибни Хатоб ба ӯ ва муроҷиъати уламо ва фақиҳо хусусан Абу Ҳанифа ба аъиммаи авлоди ӯ машҳур ва мутавотир аст) Ва (Худованд) фармудааст: «قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ»;[2] <<Бигу оё касоне ки илм доранд ва касоне ки илм надоранд, баробаранд?! Бегумон танҳо хирадмандон дар меёбанд>>! (Бо ин васф, дигарон бо аҳли байти Паёмбар баробар нестанд, то чи расад ба инки аз онон бартар бошанд! Аз ҳамин ҷиҳат, мо барои ҳамаи асҳоби Паёмбар ба далили инки он Ҳазратро дар адои рисолат ва мубориза бо душманонаш ёрӣ карданд эҳтиром қоъил ҳастем, ҳамон тавр ки барои ҳамаи аъиммаи муслимин хусусан Абу Ҳанифа, Молик, Шофеъӣ ва Ибни Ҳанбал ба далили ҳусни ният ва хадамоти илмишон эҳтиром қоъил ҳастем, вале ҳеҷ як аз онҳо дар илм ва таҳорат бо аҳли байти Паёмбар баробар намедонем ва аз касоне ки қодир ба дарки аъламият ва аҳаққияти аҳли байри Паёмбар нестанд таъаҷҷуб мекунем ки чигуна чунин воқеъияти возеҳеро дар намекунанд! Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ҳеҷ як аз саҳобаи киром худро аз аҳли байти Паёмбар афзал намедонистанд ва аъиммаи муслимин ҳам навъан ба аъламият ва аҳаққияти онон эътироф доштанд. Ҳоло агар ман бархӣ суханони расида аз саҳоба ва аъиммаи муслимин дар бораи аъламият ва аҳаққияти аҳли байти Паёмбарро нақл кунем, мумкин аст бархӣ афроди айбҷӯ ва баҳонагир бо ман муҷодила кунанд ва бигӯянд ки инҳо хабари воҳид аст ва собит нест, дар ҳоле ки маҷмӯъи онҳо бо ҳам ба ҳадди тавотур мерасад ва мавзеъи салафи солеҳ дар қиболи аҳли байти Паёмбарро нишон медиҳад ва ошкор мекунад ки онҳо филҷумла ҳисоби аҳли байти Паёмбарро аз ҳисоби дигарон ҷудо медонистанд. Ҳоло иддаи ҷоҳили мутаъассиб ва мунҳариф пайдо шудаанд ки вақте мо ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар даъват мекунем тавре бо мо бархурд мекунанд ки гӯйи ба сӯӣ чанд нафар яҳудӣ ва насронӣ даъват мекунем! Касоне ки маълум нест нутфаяшон ба чи тартибе мунъақид шудааст ё бо чи луқмаҳойе парвариш ёфтаанд моро ба сабаби даъват ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар мушрик меноманд! Инно Лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун! Оё даъват ба сӯӣ Зайд ва Амр ва Бакр тавҳид аст ва даъват ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар ширк?! Оё касоне ки ба сӯӣ ҳукумати Абубакр Бағдодӣ ё фалон охунди камсавод дар Эрон даъват мекунанд муваҳҳид ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки ба сӯӣ ҳукумати Маҳдии оли Муҳаммад даъват мекунад мушрик аст?! Ин қазовати аҷиб ва муҳайирул уқул бар чи асосе ва бо чи мантиқе анҷом мешавад?! Оё касоне ки чунин қазовати ваҳшатноке мекунанд хиҷолат намекашанд?! Хиҷолат ки намекашад ҳеҷ, он қадар аҳмақ ва бешараф ҳастанд ки аз мавзеъи боло ҳам сухан мегӯянд ва хурдтарин тардиде дар дурустии қазоваташон ба худ роҳ намедиҳанд! Шумо бубинед ки чи андоза аз устозунал Мансур мутанафир ва хашмгин ҳастанд ва чи андоза бар зидди эшон лаҷанпароканӣ мекунанд! Дар ҳоле ки ҷурми эшон танҳо даъват ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар ба ҷои дигарон аст ва суханашон танҳо ин аст ки зоҳир сохтани Маҳдӣ ба дасти мардум мумкин ва зарурӣ аст! Ҷурми эшон он аст ки дар китоби худ аз Алӣ ва Ҳасан ва Ҳусейн ва Фотима ном бурда ва ёди Маҳдиро зиёда кардааст! Ҷурми эшон он аст ки гуфтааст дигаронро дар радифи инҳо қарор надиҳед ва дорои вилоят ва ихтиёроти инҳо надонед! Ту агар хабар надошта бошӣ гумон мекунӣ ин китобро барои яҳудиҳо ё шайтонпарастҳо навишта ки чунин нафрат ва хашмеро боис шудааст, на барои касоне ки худро мусалмон ва баъзан шиъаи аҳли байти Паёмбар мешуморанд!!! Читавр мумкин аст касе ҳубби Паёмбарро дар дил дошта бошад, вале маҳбубтарин афрод дар назди ӯ ки Алӣ ва Фотима ва Ҳасан ва Ҳусейн будандро дӯст надошта бошад ва аз касе ки ҳаққи онҳоро ёдоварӣ кардааст безор бошад?! Читавр мумкин аст касе худро аҳли суннати Паёмбар ё шиъаи аҳли байти Паёмбар бидонад, вале даъват ба сӯӣ фарзанди поки Паёмбар ва бозмондаи аҳли байти ӯро инҳироф ё ширк таъбир кунад?! Магар чунин таноқузе мумкин аст?! Уф бод бар ҷуссаҳои хабисе ки аз хашм ва нафрат нисбат ба заминасози зуҳури Маҳдӣ пур шудаанд ва аз ҳеҷ шарорате бар зидди ӯ худдорӣ намекунанд! Эй бархӣ аз аҳли суннат! Чаро ба маҳзи инки номи аҳли байти Паёмбаратонро дар ин китоб мебинед онро китоби золла мепиндоред ва нависандаашро такфир мекунед?! Магар намедонед ки номи аҳли байти Паёмбаратон дар китоби Худо омадааст?! Оё китоби Худо ҳам китоби золла аст ва оварандааш мушрк?! Ба ростӣ чаро аз аҳли байти Паёмбаратон ваҳшат доред?! Чаро аз даъвати Мансур ба сӯӣ аҳли байти Паёмбаратон нохурсанд ва хашмгин ҳастед?! Шумо ки дар тӯли тарихи худ, бо ҳар золим ва фосиқ ва саффоке байъат кардаед ва ҳамин ҳоло ҳам дар байъати гургҳо ва хирсҳо ҳастед, чаро аз байъат бо Маҳдӣ кароҳат доред?! Оё Маҳдиро аз инҳо бадтар мепиндоред?! Эй бархӣ аз аҳли ташаюъ! Шумо чаро аз даъвати Мансур ба сӯӣ аҳли байти Паёмбаратон метарсед?! Шумо ки худатонро дӯстдорони аҳли байти Паёмбаратон медонед?! Шумо чаро дар душманӣ бо эшон аз дигарон сибқат гирифтаед?! Ба хотири интиқоди эшон аз як назарияи фақиҳӣ навпайдо ва инҳирофӣ таҳти унвони вилояти мутлақаи фақиҳ?! Оё ин мавзӯъ он қадар барои шумо аҳмият пайдо кардааст ки ба хотираш даъвати эшон ба сӯӣ аҳли байти Паёмбаратонро нодида мегиред ва аз он ҳимоят намекунед?! Оё ба хотири ҳимоят аз ҳукумати фақиҳ, аз ҳукумати Маҳдӣ ҳимоят намекунед?! Уф бод бар шумо ки то ин андоза кӯтоҳбин ва кӯрдил шудаед! Ё шояд ба хотири он аст ки эшон заннро ҳуҷҷут надониста ва бар вуҷуби таҳсили илм таъкид фармудааст, дар ҳоле ки пеш аз эшон Худо ин корро карда ва ба рӯшанӣ фармудааст: «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ» [Юнус/ 36]; <<Ҳароина зан чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>> Ва фармудааст: «وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ ۚ» [Исроъ/ 36]; <<Ва аз чизе ки ба он илм надорӣ пайравӣ накун>>! Дигар чи чизе дар китоби эшон ҳаст ки шуморо ба душманӣ бо эшон во доштааст?! Пас вой бар шумо ки худ гумроҳ ҳастед ва роҳнамои худро гумроҳ мешуморед! Эй алҳи олам! Аз зуҳури Маҳдӣ натарсед ва пешгирӣ накунед; Чароки он барои ҳамаи шумо хайр аст ва адолатро барои ҳамаи шумо ба армуғон меоварад. Пас беҳуда натарсед ва кӯмак кунед ки замина барои зуҳури ӯ фароҳам шавад. Агар ҳам мӯмак намекунед дасти кам музоҳимат накунед ва бигзоред мо ин корро анҷом диҳем. Ба Худо қасам ҳазрати Мансур метавонад ин корро анҷом диҳад агар шумо бигзоред. Пас ин андоза сангандозӣ накунед ва фазоро ториктар насозед! Ин андоза таблиғоти сӯъ накунед ва мардумро аз ин бузургвор натарсонед! Ин андоза айбҷӯйи накунед ки бикӯшед як калима ё як ҷумла аз китоби гаронсанги эшон биёбед ва бо ҳазор тақатиъ ва таҳриф ва печондан ва тобондан, маънои нодуруст ва дилхоҳи худатонро аз он берун бикашед то шояд мардумро фиреб бидиҳед! Инҳо корҳои дурусте нест ва фоидае барои шумо надорад. Агар дин доред ки дин иҷозаи чуин корҳоеро намедиҳад ва агар дин надоред дасти кам дар дунёи худ озода бошед! Муроди устозунал Мансур аз ҳамаи калимот ва ҷумалоташон дар ин китоб комилан рӯшан аст ва мо ҳам машғули рӯшантар кардани онҳо барои умуми мардум ҳастем ва бо ин васф, таҳриф ё печондани калимот ва ҷумалоти эшон маъно надорад. Мегӯйед аз фалон калима ё ҷумлаи эшон дар китоб, фало маънои нодуруст бардошт мешавад, дар ҳоле ки худ медонед эшон он маъноро қасд накарда ва қоъил ба он нест ва бо калима ё ҷумлаи дигаре дар китоб онро сариҳан нафй фармудааст, вале бо ин ҳол аз рӯӣ шарорат ва шайтанат ба он калима ё ҷумлаи дигар ишора намекунед ва бар бардошти нодурусти худ аз ҳамон калима ё ҷумла исрор меварзед! Возеҳ аст ки нияти шумо аз ин корҳои ғайри содиқона хайр нест, балки танҳо дар пайи фиреби мардум ҳастед! Дар ҳоле ки агар Худованд хоста бошад ки мардумро ҳидоят кунад, шумо қодир ба гумроҳ кардани онон нестед ва бо ин корҳои зишт танҳо оқибати худатонро хароб мекунед! Лизо тавзиҳи мо ба шумо ин аст ки дар мазеъи худ нисбат ба Мансури Ҳошимии Хуросонӣ таҷдиди назар кунед ва ба ҷои душманӣ бо эшон, ба дӯстӣ бо эшон рӯй оваред. Эшон дӯсти хубе барои шумо ва барои ҳар мусалмоне дар ҷаҳон аст, агар оқил бошед. Ҳатто ҳокимони шумо ҳам бояд эшонро дӯсти худ бидонанд ва даст аз инод ва мубориза бо эшон бардоранд то ин рувзанаи умеде ки ба рӯӣ мустазъафони ҷаҳон гушуда шудааст бо худхоҳӣ ва ҳамоқати онон мусдавид нашавад.

Билҷумла устозунал Мансур баъд аз табйини далолати оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотир бар баргузидагии хондони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мефармояд:) Оре инсоф он аст ки баргузидагии хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои хилофати Худованд дар замин ва таълими мусалмонон (ки бинобар ақл ва шаръ собит шуд), аз возеҳтарин мабонии Ислом аст (дар инҷо эшон баргузидагии хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро аз <<Мабонии Ислом>> мешуморад ва зоҳиран муродаш аз он мабонии амалии Ислом монанди намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ аст, на мабонии назарии он монанди тавҳид ва Набувват; Чароки он ҳазрат адами эътиқод ба хилофат ва марҷаъияти илмии хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро куфр намедонад, балки залолат медонад; Бо таваҷҷуҳ ба инки он сирфан оёти Қуръон нест, балки мустанбат аз оёти Қуръон аст ва дар назари эшон адами эътиқод ба мустанбат аз оёти Қуръон муҷиби хуруҷ аз Ислом намешавад. Бо ин ҳол, аз онҷи ки далолати оёти Қуръон бар муқаддамот ва муқтазиёти хилофат ва марҷаъияти илмии итрат ва аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам яъне таҳорати онон аз ҳар риҷс ва вуҷуби маваддати онон, дар ҳадди сароҳат аст, онро аз возеҳтарин мабонии Ислом шумурда) ва (зимнан таъкид фармудааст ки он) ба ҳеҷ рӯе чизи ғариб ё ҷадиде нест (ҳар чанд барои бештари мусалмонон ғариб ё ҷадид ҷилва мекунад. Дар инҷо устозунал Мансур баъд аз исботи баргузидагии хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар бунёди оёт ва ривоёти мутавотир, ба пешинаи баргузидагии хонадони Паёмбарон мепардозад то исбот фармояд ки он на танҳо чизи ғариб ё аҷибе нест, балки идомаи як раванди тарихӣ ва равияи Илоҳӣ аст); Чароки банои Худованд (аз Одам то Хотам алайҳи салом) ҳамвора бар гузиниши хонадони Паёмбаронаш ва фарзандони онон буда ва ин ба манзалаи суннати Ӯ дар умматҳои гузашта аст (ки ҳеҷ гоҳ тағйир намепазирад); Чунонки аз он хабар дода ва фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَىٰ آدَمَ وَنُوحًا وَآلَ إِبْرَاهِيمَ وَآلَ عِمْرَانَ عَلَى الْعَالَمِينَ؛ ذُرِّيَّةً بَعْضُهَا مِنْ بَعْضٍ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ»;[3] <<Ҳароина Худованд Одам ва Нуҳ ва хонадони Иброҳим ва хонадони Имронро бар ҷаҳониён баргузидааст; Фарзандоне ки бархе аз бархӣ дигаранд ва Худованд шунавоӣ доност>>! (Дар ин ояи муборака, Худованд аз баргузидагии хонадони Иброҳим ва хонадони Имрон ва истимрори ин баргузидагӣ дар миёни зуррия ва фарзандони онҳо –яке баъд аз дигарӣ– хабар медиҳад ва рӯшан аст ки ин силсила то рӯзи қиёмат тадовум дорад.) Бо ин васф, рақобати мардум бо хонадони Паёмбарон ва фарзандони онон, дар ҳеҷ уммате (аз умматҳои гузашта) ҷойиз набуда ва танҳо дар ин уммат буда ки ҷойиз шумурда шуда (яъне бо таваҷҷуҳ ба шавоҳид ва мадорики тарихии мавҷуд, ҳеҷ гоҳ дар умматҳои гузашта аксарияти пайравони Паёмбарон бо хонадон ва фарзандони Паёмбарон рақобат ва ҳатто душманӣ намекарданд ва танҳо дар ин уммат буда ки чунин бидъате дар ин сатҳ шакл гирифта) ва ин аз аҷибтарин бидъатҳо аст; Зеро рақобати мусалмонон (бар сари қудрат) бо касоне ки Худованд ононро (бинобар насси китоби худ ва Паёмбараш) баргузида ва бартари дода ва воситае дар таълим ва татбиқи (яъне иҷрои) Ислом сохта, бемаъност (яъне ғайри уқалойи ва ғайри қобили тавҷиҳ аст) ва ҳасодат ба онон чизе ҷуз ҳамоқат нест; Чунонки Худованд дар ин бора фармудааст: «أَمْ يَحْسُدُونَ النَّاسَ عَلَىٰ مَا آتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ ۖ فَقَدْ آتَيْنَا آلَ إِبْرَاهِيمَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَآتَيْنَاهُمْ مُلْكًا عَظِيمًا»;[4] <<Ё ба ин мардум бар чизе ки Худованд аз фазли худ ба онон додааст, ҳасад меварзанд! Чи онки Мо ба оли Иброҳим китоб ва ҳикмат додаем ва ононро ҳукуматӣ бузург бахшидем>>! (Устозунал Мансур алиф ва лом дар «النَّاسَ» ро алиф ва ломи аҳд донистааст, ба қаринаи зейли оя ки дар бораи оли Иброҳим аст ва ба далили инки мусалламан онон ба ҳамаи мардум ҳасад намеварзанд, балки ба бархӣ аз мардум ҳасад меварзанд ва онон бо таваҷҷуҳ ба зейли оя, оли Иброҳим ҳастанд.) Рӯшан аст ки тафаззули Худованд бар оли анбиё (ба маънои бархӣ аз аҳли байт ва хонадони онон), як қоъидаи ом ва собит аст; (Албатта мумкин аст касе ишкол кунад ки ин як қоъидаи ом ва собит нест; Чароки ҳамсар ва писари Нӯҳ алайҳи салом бинобар сариҳи Қуръон аз кофирон буданд ва табъан мавриди тафаззули Худованд қарор надоштанд, вале ин ишкол ба ҳеҷ ваҷҳ ворид нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки мурод аз тафаззули Худованд бар оли анбиё, тафаззули Ӯ ба ҳамаи аҳли байт ва хонадони онон бидуни истисно нест, бал тафаззули хосси Ӯ ба бархӣ аз аҳли байт ва хонадони онон аст ки қоъидатан ом ва собит аст ва шомили Нӯҳ алайҳи салом ҳам мешавад; Чунонки Худованд дар Қуръон аз хонадони Ӯ низ пеш аз соири мӯъминон ва аҳли наҷот ёд карда ва фармудааст: «قُلْنَا احْمِلْ فِيهَا مِنْ كُلٍّ زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ وَأَهْلَكَ إِلَّا مَنْ سَبَقَ عَلَيْهِ الْقَوْلُ وَمَنْ آمَنَ ۚ» [Ҳуд/ 40]; <<Гуфтем ки дар он [киштӣ] аз ҳар гунае як ҷуфт бардор ва ҳамчунин, хонадонатро ба истиснои касе ки қаблан дар бораи ӯ ваъда дода шуд ва касонеро ки имон оварданд>> Ва фармудааст: «فَاسْلُكْ فِيهَا مِنْ كُلٍّ زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ وَأَهْلَكَ إِلَّا مَنْ سَبَقَ عَلَيْهِ الْقَوْلُ مِنْهُمْ ۖ» [Мӯъминун/ 27]; <<Пас дар он аз ҳар чизе як ҷуфт савор кун ва ҳамчунин хонадонатро магар касе аз ононро ки сухан дар бораи ӯ гузашт>>; Лизо машҳур аст ки халифаи Нӯҳ алайҳи салом писараш Сом буд.) Ҳамчунонки ба унвони намуна, илова бар оли Иброҳим ки бо унвони <<Аҳли байт>>, раҳмат ва баркоти худро бар онон қарор дода ва фармудааст: «رَحْمَتُ اللَّهِ وَبَرَكَاتُهُ عَلَيْكُمْ أَهْلَ الْبَيْتِ ۚ إِنَّهُ حَمِيدٌ مَجِيدٌ»;[5] <<Раҳмати Худо ва баркоти Ӯ бар шумо аҳли байт бод; Чароки Ӯ сутудаи бузургвор аст>>, аз тафаззули худ бар оли Яъқуб (ки ду бор дар Қуръон аз онон ёд карда ва фармудааст: «وَيُتِمُّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكَ وَعَلَىٰ آلِ يَعْقُوبَ» [Юсуф/ 6]; <<Ва то неъматашро бар ту ва бар оли Яъқуб комил кунад>> Ва фармудааст: «يَرِثُنِي وَيَرِثُ مِنْ آلِ يَعْقُوبَ ۖ» [Марям/ 6]; <<То [он фарзанд] вориси ман ва вориси оли Яъқуб шавад>>), оли Лут (ки чаҳор бор дар Қуръон аз онон ёд карда ва фармудааст: «إِلَّا آلَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمْ أَجْمَعِينَ» [Ҳаҷ/ 59]; <<Магар оли Лут ки наҷот диҳандаи ҳамаи онон [ба истиснои ҳамсараш] ҳастем>> Ва фармудааст: «فَلَمَّا جَاءَ آلَ لُوطٍ الْمُرْسَلُونَ» [Ҳаҷ/ 61]; <<Пас чун фиристодагони Мо ба назди оли Лут омаданд>> Ва фармудааст: «قَالُوا أَخْرِجُوا آلَ لُوطٍ مِنْ قَرْيَتِكُمْ ۖ إِنَّهُمْ أُنَاسٌ يَتَطَهَّرُونَ» [Намл/ 56]; <<Гуфтанд оли Лутро аз шаҳратон берун кунед; Зеро онон гӯрӯҳе покиза ҳастанд>> Ва фармудааст: «إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ حَاصِبًا إِلَّا آلَ لُوطٍ ۖ نَجَّيْنَاهُمْ بِسَحَرٍ» [Қамар/ 34]; <<Мо бар онон тӯфони шин фиристодем магар оли Лут ки дар саҳаргоҳе наҷоташон додим>>), оли Имрон (ки як мартаба дар Қуръон аз онон ёд карда ва фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَىٰ آدَمَ وَنُوحًا وَآلَ إِبْرَاهِيمَ وَآلَ عِمْرَانَ عَلَى الْعَالَمِينَ» [Оли Имрон/ 33]; <<Ҳароина Худованд Одам ва Нӯҳ ва оли Иброҳим ва оли Имронро бар ҷаҳониён баргузид>>), оли Мусо, оли Ҳорун (ки як бор дар Қуръон аз онон дар канори ҳам ёд карда ва фармудааст: «أَنْ يَأْتِيَكُمُ التَّابُوتُ فِيهِ سَكِينَةٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَبَقِيَّةٌ مِمَّا تَرَكَ آلُ مُوسَىٰ وَآلُ هَارُونَ تَحْمِلُهُ الْمَلَائِكَةُ ۚ» [Бақара/ 248]; <<Барои шумо тобутро меоварад ки дар он оромише аз Парвардигоратон ва бозмондаи аз чизе аст ки оли Мӯсо ва оли Ҳорун бар ҷой гузоштанд ва фариштагон онро ҳамл мекунанд>>) ва оли Довуд (ки як бор дар Қуръон аз онон ёд карда ва фармудааст: «اعْمَلُوا آلَ دَاوُودَ شُكْرًا ۚ وَقَلِيلٌ مِنْ عِبَادِيَ الشَّكُورُ» [Сабаъ/ 13]; <<Эй оли Довуд! Шукр ба ҷой оваред ва андаке аз бандагонам шукр гузоранд>>), ёд карда (ва дар ҳамаи ин маворид аз оли анбиё ба некӣ ёд карда ва аз тафаззули худ бар онон хабар дода) ва бо ин васф, тафаззули Ӯ бар оли Муҳаммад ки (бинобар адиллаи ақлӣ ва шаръӣ) беҳтарини анбиёъи Ӯст, табиъӣ балки авло аст; (Лизо бисёр нодон ва гумроҳ ҳастанд касоне ки ин оёти фаровон дар бораи тафаззули Худованд бар оли анбиёро мебинанд, вале тафаззули Худованд бар оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки беҳтарини анбиёи Ӯстро инкор ё истибъод мекунанд ва сохтау пардохтаи равофиз мепиндоранд!) Ҷудои аз он ки оли Муҳаммад (ба иқтизои Исмоъилӣ буданашон), дар асл ҷузъӣ аз оли Иброҳим ҳастанд ва Худованд аз бақоъи ҳукумати худ дар (миёни) онон ба унвони (танҳо) аъқоб  ва зурияи поки он Ҳазрат (ки баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун боқӣ мондаанд ва аз покишон хабар дода шуда), хабар дода ва фармудааст: «وَجَعَلَهَا كَلِمَةً بَاقِيَةً فِي عَقِبِهِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ»;[6] <<Ва онро калимаи мондагор дар миёни фарзандонаш қарор дод, бошад ки онон руҷӯъ кунанд>> (Бинобарин, ҳамакнун ҳам бояд аҳди Худованд дар миёни фарзандони ӯ бошад то ваъдаи Худованд хилоф нашуда бошад) Ва фармудааст: «وَجَعَلْنَا فِي ذُرِّيَّتِهِ النُّبُوَّةَ وَالْكِتَابَ»;[7] <<Ва набувват ва китобро дар зурияи ӯ қарор додим>> (Лизо баъд аз хатми Набувват, хилофат ва китоб дар зурияи ӯ қарор дорад ки ҳамон <<Китобаллоҳ ва итратӣ аҳли байтӣ>> аст) Ва фармудааст: «وَإِذِ ابْتَلَىٰ إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ ۖ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا ۖ قَالَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي ۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ»;[8] <<Ва ҳангоме ки Иброҳимро Парвардигораш бо калимоте озмуд, пас чун онҳоро комил кард, фармуд: Ман туро барои мардум имом қарор медиҳам! Гуфт: Ва аз фарзандонам?! Фармуд: Аҳди Ман ба золимон намерасад>>, ба ин маъно ки ба поконашон (яъне фарзандони поки Иброҳим) мерасад ва рӯшан аст ки аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам танҳо касоне аз фарзандони мавҷуди Иброҳиманд ки Худованд аз покии онон (дар ояи Татҳир) хабар додааст. (Бинобарин, ба муҷиби дуъои Иброҳим ва иҷобати машрути Худованд, аҳди Худованд ба мардонӣ пок ва одил аз аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам расида ва онон барои мардум имом қарор дода шудаанд ва ин мафҳуми сухани Худованд дар Қуръон аст ва чизе нест ки шиъа онро дуруст карда бошад. Аз ин рӯ, ҷои таъаҷҷуб ва таъассуф дорад ки бархӣ афроди ҷоҳил ва мутаъассиб эътиқод ба Илоҳӣ будани имоматро эътиқоди равофиз ва ҳатто ширк мепиндоранд, дар ҳоле ки имомат дар Қуръон ба рӯшанӣ Илоҳӣ аст ва аслан имомати ғайри Илоҳӣ дар он тоғут дониста шудааст; Зеро ин Худованд аст ки касеро барои мардум имом қарор медиҳад ва ба ӯ мефармояд: «إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا ۖ» [Бақара/ 124]; <<Ман туро барои мардум имом қарор медиҳам>> Ва дигарон ҳаққе надоранд ки касеро имом қарор диҳанд ва агар ин корро бикунанд худро шарики Худованд гирифтаанд ва ин акси таваҳҳуми афроди ҷоҳил ва мутаъассиб аст; Чунонки яке аз инҳо чанд рӯзи пеш бо камоли вақоҳат ба ман гуфт: Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мушрик аст! Гуфтам: Ба чи далил?! Гуфт: Ба ин далил ки имоматро ба амри Худованд медонанд! Субҳаналлоҳ! Касе ки имоматро ба амри Худованд медонад мушрик аст ва ту ки имоматро ба амри Худованд намедонӣ, балки ба амри Зайд ва Амр ва Бакр медонӣ муваҳҳидӣ?! Чунин нест, балки шайтон туро фиреб дода ва ширку тавҳидро дар назарат ҷобаҷо кардааст; Зеро Худованд дар китоби худ имоматро ба амри худ донисата ва фармудааст: «وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا» [Анбиё/ 73]; <<Ононро имомоне қарор додим ки ба амри Мо раҳбарӣ мекунанд>> Ва имомоне ки ба амри Ӯ раҳбарӣ намекунандро «أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ۖ» [Қасас/ 41]; <<Имомоне ки ба сӯӣ оташ даъват мекунанд>> донистааст; Ҳамчунонки имоматро аҳди худ шумурда ва бар золимон ҳаром карда ва ба Иброҳим бахшида ва то абад дар зуррияи поки ӯ қарор додааст! Бо ин ҳисоб, бубинед чи балое бар сари ин уммат омадааст ки тавҳиди холисро ширк ва ширки холисро тавҳид мепиндоранд ва усваи муваҳҳидони ҷаҳонро мушрик мехонанд! Инно Лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун!)

Бо ин васф, рӯшан аст ки даъват ба сӯӣ ҳокимияти онон (яъне ҳокимияти итрати ва аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки устозунал Мансур ба сӯӣ он даъват мекунад), даъват ба сӯӣ ҳеҷ мазҳабе (монанди мазҳаби шиъа аз он ҳайс ки як мазҳаб аст) шумурда намешавад (ҳар чанд мумкин аст аҳли ташаюъ ҳам назарӣ наздик ба ин дошта бошнад), бал даъват ба сӯӣ Исломӣ асил ва комил аст ки аз иқтизоъоти қатъии ақлӣ ва шаръӣ (яъне оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотир) бархоста ва (ин ҳокимияти итрат ва аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) танҳо тариқи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон аст. Ҳамчунонки ман ба таври ҳатм, як шиъа ё суннӣ ба маънои мусталаҳ (яъне ба маънои ройиҷ дар замони кунунӣ) нестам (ибтидо шиъаро зикр мекунад ба далили инки мумкин аст бо таваҷҷуҳ ба даъваташ ба сӯӣ ҳокимияти итрат ва аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бештар муттаҳам ба шиъа будан шавад ва мефармояд <<Ба маънои мусталаҳ>> яъне ройиҷ дар замони кунунӣ, то шомили шиъаи ҳақиқӣ ба маънои пайрави ростини итрат ва аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва суннии ҳақиқӣ ба маънои пайрави ростини суннати Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нашавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки он ҳазарт ба таври  ҳатм як шиъаи ҳақиқӣ ва як суннии ҳақиқӣ аст, ҳар чанд тафовутҳои фаровоне бо шиъаён ва сунниёни истилоҳӣ дорад ва ба ҳамин далил, гоҳе ҳеҷ як аз он ду ӯро аз худашон намедонанд ва гоҳе ҳам ҳар ду ӯро аз худашон медонанд), вале намунае (яъне мисдоқе ё улгуйе) аз як мусалмони ҳақгароям (яъне ҳақмеҳвар ва на мазҳабмеҳвар) ки ба сӯӣ Ислом (ва на ба сӯӣ мазҳаби шиъа ё мазҳаби тасаннун) даъват мекунам ва дар ин замина ба Иброҳим алайҳи салом иқтидо меварзам ки Худованд (ӯро мутаъаллиқ ба асли Ислом ва на мутаъаллиқ ба ҳеҷ як аз ду мазҳаб дониста ва) дар бораи ӯ фармудааст: «مَا كَانَ إِبْرَاهِيمُ يَهُودِيًّا وَلَا نَصْرَانِيًّا وَلَٰكِنْ كَانَ حَنِيفًا مُسْلِمًا وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ»;[9] <<Иброҳим на яҳудӣ ва на масеҳӣ буд, вале ҳақгароӣ мусалмон буд ва аз мушрикон набуд>>! (Истишҳод ба ин ояи шарифа метавонад истишҳод ба он бошад ки нисбати ду мазҳаб аҳли суннат ва аҳли ташаюъ ба Ислом монанд нест яҳудият ва масеҳият ба дини Иброҳим алайҳи салом аст; Зеро ҳамон тавр ки яҳудият ва масеҳият дар асл ҳамон дини Иброҳим алайҳи салом буданд ва сипас дучори тафовут ва инҳироф шуданд, ду мазҳаби аҳли суннат ва аҳли ташаюъ низ дар асл ҳамон Ислом буданд ва сипас ҳар кадом дар ҷиҳотӣ мухталиф дучори тафовут ва инҳироф шуданд, то ҳадде ки имрӯз ҳеҷ як аз он ду намоёнгари комили Ислом нест. Бинобарин, устозунал Мансурро наметавон ва намебойист ба хотири даъват ба сӯӣ ҳокимияти итрат ва аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам як шиъа ба маънои ройиҷ донист ва наметавон ва намебойист ба хотири таъкид бар лузуми эҳтироми саҳоба ва интиқод аз инҳирофот ва бидаътҳои шиъа ва адами истинод ба манобеъи онон дар ин китоб, як суннии ба маънои ройиҷ донист, балки ӯро танҳо метавон ва мебойист як мусалмон аз синхи ҳамон мусалмонони садри Ислом донист ки ҳанӯз шиъа ё суннии мусталаҳ номида нашуданд ва унвоне ҷуз мусалмон надоштанд.) Ин дар ҳоле аст ки касоне аз мусалмонон дар сарзаминҳои Исломӣ монанди Ироқ, Сурия, Афғонистон ва Эрон, (бо иноят ва пӯшишҳои мухталиф) ба сӯӣ ҳокимияти худ (ба ҷои ҳокимияти итрат ва аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) даъват мекунанд ва рӯёъи хилофати Исломи (ё ҳокимияти худ бар ҷаҳони Ислом) ро дар сар мепарваронанд! Бе гумон онон дар залолатӣ ошкоранд; Зеро чунонки (қаблан) рӯшан шуд, ҳокимият барои Худованд аст ва ҳокимияти онон (бидуни амри Худованд ва ниёбат аз ҷониби Ӯ), агарчи бо ҳусни ният (масалан ба қасди иқомаи Ислом) бошад, хилофати Исломӣ шумурда намешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки (ҳусни ният барои ин амри хатир кофӣ нест, балки ниёз ба амри Худованд ва интисоб аз ҷониби Ӯст, дар ҳоле ки) Худованд ононро аз ҷониби худ мансуб накарда ва мусалмононро ба пайравӣ аз онон фармон надодааст ва онон худ ба ин воқеъият, воқиф ва мӯътарифанд (яъне онон худ иддаъо намекунанд ки Худованд шахсан ононро ба сурати муъаян аз ҷониби худ мансуб карда ва аз мусалмонон хостааст ки аз онон итоъат кунанд). Бо ин васф, тасарруфоти онон дар замин (хоҳ ба маънои ишғоли он ва хоҳ ба маънои тағйири он) ва марзбандиҳое ки (бар асоси манофеъи мавҳуми худ) дар он мекунанд, удвонӣ (яъне ғайри машрӯъ ва таҷовузкорона) аст; Чароки замин барои Худованд аст ва онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад (яъне ба халифааш) арзонӣ медорад; Чунонки фармудааст: «إِنَّ الْأَرْضَ لِلَّهِ يُورِثُهَا مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ»;[10] <<Ҳароина замин барои Худованд аст, онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад мерос медиҳад ва оқибат барои парҳезкорон аст>>; Ҳамчунонки дороиҳои умумӣ (монанди кӯҳҳо ва ҷангалҳо ва дарёҳо ва маъданҳо ва чоҳҳои нафт) барои Худо ва гумоштаи Ӯст ва касе ҳаққи ҳаёзати онҳо бидуни изнашонро надоранд ва табъан барои онон (яъне Худо ва гумоштаи Ӯ) ҷойиз аст ки онҳоро аз таҳти ҳаёзати дигарон хориҷ кунанд; Чунонки ба рӯшанӣ фармудааст: «يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْأَنْفَالِ ۖ قُلِ الْأَنْفَالُ لِلَّهِ وَالرَّسُولِ ۖ»;[11] <<Аз ту дарбораӣ нафлҳо мепурсанд, бигу нафлҳо барои Худо ва Паёмбар аст>> Ва фармудааст: «وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يُسَلِّطُ رُسُلَهُ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ»;[12] <<Ва аммо Худованд Паёмбаронашро бар ҳар кас ки бихоҳад мусаллат мекунад ва Худованд бар ҳар чизе тавоност>>! (Ин сухани устозунал Мансур ба маънои он аст ки ҳаққи хориҷ сохтани заминҳо ва доройиҳои умумӣ аз таҳти ҳаёзати ҳокимони феълӣ, барои Маҳдӣ ва ёрони ӯ мҳфуз аст ва табъан ҳар замоне ки битавонанд ин корро анҷом медиҳанд.)

Аз инҷо дониста мешавад ки ҳеҷ як аз ҷунбишҳо ва ҳукуматҳои феълӣ дар ҷаҳони Ислом, машруъият надорад (чароки истиқроъи ҳеҷ як аз онҳо аз шарти эшон барои машрӯъият бархурдор нест) ва танҳо роҳи мусалмонон барои бозгашт ба Ислом (ба маънои иқомаи он пас аз изоъааш), рӯй гирифтан аз онҳо (яъне аз ин ҷунбишҳо ва ҳукуматҳои ғайри Исломӣ) ва заминасозӣ барои ҷунбиш ва ҳукумати касе аз аҳли байти Паёмбар аст ки Худованд ӯро (ба воситаи насси Паёмбараш ва оятӣ баййина) аз ҷониби хеш мансуб карда ва ба пайравиаш фармон дода ва ин коре аст ки (пеш аз ҳар чиз) бо шинохти ӯ ҳосил мешавад ва шинохти ӯ, чунонки ба хости Худованд (дар бахши <<Шинохти Ислом>>) хоҳем гуфт, мумкин аст.

(Худованд ин роҳнамо ва муъаллими бузургро барои мо ҳифз кунад ва саломти ва тӯли умр ато фармояд.

والسّلام عليکم و رحمت الله)

↑[1] . Юнус/ 35.

↑[2] . Зумар/ 9.

↑[3] . Оли Имрон/ 33 ва 34.

↑[4] . Нисоъ/ 54.

↑[5] . Ҳуд/ 73.

↑[6] . Зухруф/ 28.

↑[7] . Анкабуд/ 27.

↑[8] . Бақара/ 124.

↑[9] . Оли Имрон/ 67.

↑[10] . Аъроф/ 128.

↑[11] . Анфол/ 1.

↑[12] . Ҳашр/ 6.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Барои шунидани савти дарси чиҳилу чаҳорум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?