Панҷшанбе 22 август 2019 мелодӣ баробар бо 20 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

   
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чиҳилу севвум
Мавзӯъ:

Ихтилофи мусалмонон (5)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар ҷаласаи қабли рӯшан шуд ки аз назари ақлӣ мумкин нест ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бидуни таъйини таклифи уммати худ дар бораи хилофат аз дунё рафта бошад ва иддаъои инки он Ҳазрат дар ин бора васияте накарда, монанди ин аст ки касе иддаъо кунад он Ҳазрат дар анҷоми вазифаи худ кӯтоҳӣ кардааст, дар ҳоле ки ҳеҷ мусалмоне чунин иддаъоеро намепазирад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба оёте аз китоби Худованд ки он Ҳазратро омил ба вазоифи худ муъаррифӣ карда ва масалан дар тавсифи он Ҳазрат фармудааст: «يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالْأَغْلَالَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ ۚ» [Аъроф/ 157]; <<Ононро ба маърифат амр мекунад ва аз мункар боз медорад ва чизҳои покро барояшон ҳалол ва чизҳои нопокро барояшон ҳаром менамояд ва борашон ва занҷирҳое ки бар онон будро аз онон бар медорад>> Ва фармудааст: «لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ» [Тавба/ 128]; <<Бегумон шуморо Паёмбаре аз худатон омада ки ҳар чи шуморо ба ранҷ меафканад бар ӯ душвор аст ва барои шумо дилсӯзӣ дорад ва ба мӯъминон рауф ва меҳрубон аст>> Ва бо таваҷҷуҳ ба инки васият кардан дар Ислом «حَقًّا عَلَى الْمُتَّقِينَ» [Бақара/ 180]; <<Ҳаққе бар гардани парҳезкорон>> шумурда шуда ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳам имоми парҳезкорон аст ва бо таваҷҷуҳ ба инки он Ҳазрат ба сурати ногаҳонӣ ва дар асари ҳодисаи ғайри мутараққиба аз дунё нарафт то фурсате барои адои ин ҳақ надошта ва қодир ба таъйини таклифи уммати худ дар бораи наҳваи ҳукумат пас аз худ набуда бошад, балки аз муддатҳо қабл нидои «إِنَّكَ مَيِّتٌ» [Зумар/ 30] ро шунида буд ва ба наздик будани марги худ воқиф буд ва асҳоби худро аз он хабар дода буд ва пеш аз марг низ муддате нисбатан тӯлонӣ дар бистари беморӣ буд ва бо асҳоби худ сухан мегуфт ва дар ҳамаи ин муддат метавонист дар бораи пас аз худ васият кунад. Албатта мумкин аст касе бигӯяд: Бинобар ривоёти мутавотир ва машҳур, он Ҳазрат дар мавоқеъӣ монанди панҷшанбеи охири умри худ ирода фармуд ки дар бораи пас аз худ васият кунад, вале бархӣ асҳоби ӯ монеъ шуданд ва ӯро ба ҳазёнгӯйи муттаҳам карданд ва ба ҳамин далил, он Ҳазрат натавонист ин корро анҷом диҳад, беонки битавон ӯро дар ин нотавонӣ муқассир донист, дар ҳоле ки ин сухани дурусте нест; Зеро рӯшан аст ки фурсати он Ҳазрат барои васият кардан маҳдуд ба панҷшанбеи охири умраш набуд ва он Ҳазрат метавонис дар мавоқеъи дигаре ин корро анҷом диҳад; Чароки бисту се соли фурсат дар даврони Паёмбарӣ ё дасти кам даҳ сол фурсат дар Мадина барои таъйини таклифи уммати худ дар бораи наҳваи ҳукумат пас аз он Ҳазрат кофӣ буда ва мумонеъати бархӣ асҳоби он Ҳазрат дар панҷшанбеи охири умри ӯ ё ҳатто пеш аз он дар вақти муъаррифии дувоздаҳ халифаи ӯ, ҳар чанд осори манфии фаровоне дошта, ба маънои нотавонии ӯ аз ин кор набудааст; Аз инҷо дониста мешавад ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо вуҷуди ҳамаи сангандозиҳо ва монеътарошиҳои бархӣ асҳобаш, ҳатман ин корро анҷом дода ва ба рӯшанӣ таклифи уммат дар бораи ҳукумат пас аз худ ва таъаллуқ ё адами таъаллуқи он ба аҳли байташро таъйин фармуда ва ин ҳақиқате аст ки бо муроҷиъа ба ривояти <<Сақалайн>> ошкор шуд; Ривояте ки бо камоли сароҳат ва вузуҳ, китоби Худо ва итрат ва аҳли байти Паёмбарро <<ما تَرَک>> ва халифаи он Ҳазрат пас аз ӯ муъаррифӣ карда ва тамассук ба он дуро зомини ҳидояти уммат то рӯзи қиёмат шумурдааст ва аз ҳайси санадӣ мутавотир ва ғайри қобили тардид маҳсуб мешавад, то ҳадде ки муҷодилаи бархӣ мутаъассибон дар бораи эътибори он ваҷҳе надорад.

Устозунал Мансур дар идома мефармояд:) Ҳамчунонки муҷодилаи онон дар бораи маънои он (монанди муҷодилаи онон дар бораи эътибори он ваҷҳе надорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки бархӣ мутаъассибон ки вазифаи худро на дифоъ аз Ислом, балки дифоъ аз мазоҳиби худ медонанд, ба муҷодила дар ин бора мепардозанд ва иддаъо мекунанд ки ин ривоят ҳар чанд аз ҳайси санадӣ мӯътабар аст, далиле бар хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва вуҷуби тамассук ба онон пас аз он Ҳазрат надорад! Ин дар ҳоле аст ки хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайи ва олиҳи ва саллам ва вуҷуби тамассук ба онон пас аз ӯ сариҳул алфоз ва ибороти ин ривоят аст ва муҷодилаи онон дар бораи он), бо вуҷуди вазоҳаташ (яъне возеҳ будани маънои он назар ба инки сариҳан итрат ва аҳли байти Паёмбарро дар канори китоби Худованд, ба унвони халифаи Паёмбар муъаррифӣ ва бар зарурати тамассук ба онон таъкид мекунад), (масодиқи) муҷодила дар бораи оёти Худованд баъд аз рӯшаноии он аст ки (гунаи бозӣ кардан бо дин ва табдил кардани каломи Худованд ва Паёмбараш маҳсуб мешавад ва дақиқан мушобаи кори банӣ исроъил аст ки Худованд дар бораи он фармудааст: «وَإِذْ قُلْنَا ادْخُلُوا هَٰذِهِ الْقَرْيَةَ فَكُلُوا مِنْهَا حَيْثُ شِئْتُمْ رَغَدًا وَادْخُلُوا الْبَابَ سُجَّدًا وَقُولُوا حِطَّةٌ نَغْفِرْ لَكُمْ خَطَايَاكُمْ ۚ وَسَنَزِيدُ الْمُحْسِنِينَ ۝ فَبَدَّلَ الَّذِينَ ظَلَمُوا قَوْلًا غَيْرَ الَّذِي قِيلَ لَهُمْ فَأَنْزَلْنَا عَلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا رِجْزًا مِنَ السَّمَاءِ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ» [Бақара/ 58 ва 59]; <<Ҳангоме ки гуфтем ба ин қария ворид шавед ва ҳар чи аз он мехоҳед озодона бихуред ва аз дарвоза курниш кунон ворид шавед ва бигӯйед: (Гуноҳонамонро) бирез то хатоҳоятонро биёмӯрзем ва некукоронро хоҳем афзуд; Пас касоне ки ситам карданд суханро ба чизе ҷуз ончи ба онон гуфта шуд баргардонданд, пас бар касоне ки ситам карданд азобе аз осмон нозил кардем ба сабаби инки фисқ меварзиданд>> Ва ин гурӯҳ аз мусалмонон низ сухани Паёмбари Худо дар бораи тамассук ба итрат ва аҳли байташро ба чизе ҷуз ончи ба онон гуфта шуд бар мегардонанд ва аз ин ҷиҳат, мустаҳаққи азобе аз осмон ҳастанд. Беҳуда нест ки дар ривоёти мутавотир ва машҳур омадааст ин уммат по ба пои умматҳои гузашта ҳаракат мекунанд ва дақиқан ба роҳи банӣ исроъил меравад, то ҳадде ки агар марде аз онон ба сӯрози сусморе дохил шуда бошад, марде аз инон низ ба сӯрохи сусморе дохил хоҳад шуд! Ба ҳар ҳол, табдил кардани каломи Паёмбар тавассути касоне ки иқрор доранд он каломи Паёмбар аст ва медонанд ки табдил кардани он муҷиби гумроҳии уммат хоҳад шуд,) куфр (яъне нифоқ) шумурда мешавад (бо таваҷҷуҳ ба инки чанд коре аз ҳеҷ мусалмоне сохта нест) ва Худованд дар бораи аҳлаш фармудааст: «وَيُجَادِلُ الَّذِينَ كَفَرُوا بِالْبَاطِلِ لِيُدْحِضُوا بِهِ الْحَقَّ ۖ وَاتَّخَذُوا آيَاتِي وَمَا أُنْذِرُوا هُزُوًا»;[1] <<Ва касоне ки куфр варзиданд ба ботил муҷодила мекунанд то бо он ҳаққро поюмол созанд ва оёти Ман ва чизе ки бим дода шудандро ба сухра гирифтанд>> (Мисдоқи <<Чизе ки бим дода шуданд>> гумроҳӣ пас аз Паёмбар буд ки ононро аз он бим дода ва фармуда буд: <<Модоме ки ба китоби Худо ва итрат ва аҳли байтам мутамассик шавед ҳаргиз пас аз ман гумроҳ нахоҳед шуд>>, вале бештари онон чизе ки бим дода шудандро ба мазоқ гирифтанд ва ба ботил муҷодила мекунанд то бо он фармони акиди Паёмбарро поюмол созанд) Ва фармудааст: «يُجَادِلُونَكَ فِي الْحَقِّ بَعْدَمَا تَبَيَّنَ كَأَنَّمَا يُسَاقُونَ إِلَى الْمَوْتِ وَهُمْ يَنْظُرُونَ»;[2] <<Бо ту дар бораи ҳақ пас аз онки рӯшан шуд муҷодила мекунанд, чунонки гӯйи ба сӯӣ марг кашонида мешаванд дар ҳоле ки тамошо мекунанд!>> (касе нагӯяд ки ин оёт дар бораи мушрикони Макка нозил шудааст ва рабте ба мусалмонони мункири хилофати итрат ва аҳли байт надорад; Чун рӯшан аст ки ин оёт ом ҳастанд ва ба шаъни нузули худ маҳдуд нестанд ва бо ин ҳисоб, шомили ҳар касе ки дар бораи ҳақ пас аз рӯшан шуданаш муҷодила мекунад мешавад. Инсон воқеъан метаъассиф мешавад барои касоне ки устозунал Мансурро ба истифода аз оёти номарбут ё ҳатто бехабарӣ аз шаъни нузули онҳо муттаҳам мекунанд ва мегӯянд ки оёти мавриди истиноди эшон рабте ба иддаъояшон надоранд! Гӯё ба назари ин ҷамоъати камсавод ва пуриддаъо бояд ояе сирфан дар шаъни як гурӯҳи хос нозил шуда бошад то битавон ба он истишҳод кард ва агар дар шаъни гурҳӣ дигар шабеҳи он гурӯҳ нозил шуда бошад, наметавон ба он истишҳод кард! Бо мантиқи инон лозим буд Худованд барои ҳар гурӯҳе то рӯзи қиёмат ба сурати худогона ояе нозил кунад то мо битавонем ҳукми ин гурӯҳро бо муроҷиъа ба Қуръон бишносем, дар ҳоле ки чунин кореро накардааст ва аз инҷо дониста мешавад ки бояд бо таваҷҷуҳ ба ҳамон оёти мавҷуд ҳукми мавзӯъоти мухталиро дарёбем. Дар ин оя ҳам Худованд касонеро некуҳиш мекунад ки дар бораи ҳақ пас аз рӯшан шуданаш муҷодила мекунанд, чунонки гӯйи ба сӯӣ марг кашонда мешаванд дар ҳоле ки тамошо мекунанд ва мисдоқи онон ҳамин касоне ҳастанд ки вақте даъвати ҳаққи устозунал Мансур ба сӯӣ итрат ва аҳли байти Паёмбарро мешунаванд, ба хашм меоянд ва ӯро ба ширк ва бидъат ва  рофизигарӣ муттаҳам мекунанд ва тавре вокуниш нишон медиҳанд ки гӯйӣ ба сӯӣ марг даъват шудаанд, ғофил аз онки Паёмбар худ ба сӯӣ итрат ва аҳли байташ даъват карда ва Мансури Ҳошимии Хуороснӣ танҳо даъвати он Ҳазратро ёдоварӣ карда ва бо ин васф, муттаҳам кардани ӯ ба ширк ва бидъат ва рофизигарӣ, дар воқеъ муттаҳам кардани Паёмбар ба он аст!) Ва фармудааст: «وَيَعْلَمَ الَّذِينَ يُجَادِلُونَ فِي آيَاتِنَا مَا لَهُمْ مِنْ مَحِيصٍ»;[3] <<Ва касоне ки дар бораи оёти Мо муҷодила мекунанд бидонанд ки ононро гурезе нест>>! (Бо ин васф, касоне ки дар бораи далолати ҳадиси қатъиул судур ва қатъиул далолаи Сақалайн бар хилофати итрат ва аҳли байти Паёмбар ва вуҷуби тамассук ба онон пас аз он Ҳазрат муҷодила мекунанд бояд бидонанд ки дар бораи оёти Худованд муҷодила мекунанд ва аз азоби Ӯ гурезе нахоҳанд ёфт; Пас бояд аз азоби Ӯ битарсанд ва ҳар чи зудтар аз мазоҳиб ва тақлиди ғалати худ ва таъассуб дар баробари ҳақ даст бардоранд ва ба сӯӣ китоби Худо ва итрат ва аҳли байти Паёмбараш бозгарданд то растгор шаванд ин шоъ Аллоҳ. Ба ҳар ҳол, вазифаи мо ҷуз тазаккур ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар нест ва онон ҳастанд ки бояд бо илтизом ба меъёри шинохт, бар мавонеъи шинохт ғалаба кунанд ва аз увҳоме ки умре аст дар он ғӯтаваранд, берун биёянад. Ин барои онон беҳта аст агар инсоф диҳанд.) Ба илова, рӯшан аст ки тардиди онон дар ин наси (қатъиул судур ва қатъиул далола), аз таъассуботи мазҳабӣ ва аҳвоъи нафсонии онон нашъат гирифтааст, на аз ишколӣ воқеъӣ дар санад ё матни он (ҳамчунонки ба аҳодисе ба маротиб заъифтар аз ин ҳадис вақте мувофиқ бо таъассуботи мазҳабӣ ва аҳвоъи нафсонии онон аст ахз мекунанд, вале дар бораи санад ва матни ин ҳадиси қатъиул судур ва қатъиул далола муҷодила мекунанд!); Зеро возеҳ аст ки санади ин нас, мутавотир ва матни он, маъқул (яъне воқиф бо ақл) ва мувофиқ бо нусуси қатъии Худованд (дар Қуръон) аст; Бал (мафоди ин ҳадис) ба рӯшани аз нусуси қатъии Худованд (дар Қуръон) дар бораи аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам лозим меояд ки кор (яъне шинохти ҳақ) ро осон ва сухан (дар бораи он) ро кӯтоҳ мекунад (бо таваҷҷуҳ ба инки Қуръон барои ҳар мусалмоне фаслул хитоб маҳсуб мешавад); Зеро Худованд дар китоби худ, ба рӯшанӣ аҳли байти он Ҳазратро ёд карда ва аз иродаи (хосси) худ барои татҳири онон аз ҳар гуна нопокӣ ки лозимаи васотати онон дар таълими айн ва кулли Ислом аст, парда бардошта (тавзеҳ онки ҳадиси мутавотири Сақалайн, аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро воситае дар таълими Исломи холис ва комил ба мардум пас аз он Ҳазрат муъаррифӣ карда ва лозимаи чунин нақше барои онон ин аст ки аз ҳар гуна нопокӣ ба маънои инҳироф аз китоби Худо ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам татҳир шуда бошанд то битавонанд таълими Исломи холис ва комил ба мардумро ба дурустӣ анҷом диҳанд ва ин лозимае аст ки Худованд дар китоби худ ба рӯшанӣ аз таҳаққуқи он хабар дода) ва фармудааст: «إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا»;[4] <<Ҷуз ин нест ки Худованд ирода дорад то ҳар нопокиро аз шумо аҳли байт бизудояд ва шуморо комилан пок гардонад>>! Рӯшан аст ки васияти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба пайравӣ аз онон дар канори Қуръон, аз малзумоти ҳамин татҳири Илоҳӣ аст (яъне чун онон аз ҳар гуна нопокӣ ба маънои ҷудоӣ аз Қуръон татҳир шудаанд, васияти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба пайравӣ аз онон дар канори Қуръон маъқул аст); Зеро пайравӣ аз касоне ки Худованд ононро покиза накарда ва аз покизагии онон хабар надода, мумкин аст ба олудагӣ ва нақзи пайравӣ аз Худованд бианҷомад ва бо ин васф, васият ба он, маъқул нест (бинобарин, пайравӣ аз касоне маъқул аст ки ду хусусиятро дошта бошанд: Яке инки субутан Худованд ононро аз ҳар гуна олудагӣ покиза карда бошад ва дигарӣ инки исботан Худованд аз покизагии онон хабар дода бошад); Дар ҳоле ки (ба ҳамон нисбат ки васият ба пайравӣ аз касоне ки Худованд ононро покиза накарда ва аз покизагии онон хабар надода, номаъқул ва норавост,) васият ба пайравӣ аз касоне ки Худованд ононро покиза карда ва аз покизагии онон хабар дода, ба ғоят санҷида ва судманд аст (чароки ба ҳукми ақл, бояд аз чунин касоне пайравӣ кард ва пайравӣ накардан аз чунин касоне сафоҳат ва фурумоягӣ аст); Бал маъқул нест ки ба пайравӣ аз чунин касоне, дар сурате ки вуҷуд дошта бошанд, васият нашавад (чароки вақте чунин касоне вуҷуд доранд ва пайравӣ аз онон то ин андоза барои мардум муфид ва пурбаракат аст, маъқул нест ки Паёмбари ҳаким ва хайрхоҳ ба пайравӣ аз онон васият накунад, дар ҳоле ки ба ҳар чизи муфид ва пурбаракате васият кардааст. Ин низ далили дигаре барои анҷоми васият тавассути Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст). Ҳамчунонки Худованд, (илова бар инки аз татҳири аҳли байти он Ҳазрат хабар дода,) маваддати ононро дар Ислом воҷиб сохта ва ба рӯшанӣ фармудааст: «قُلْ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَىٰ ۗ وَمَنْ يَقْتَرِفْ حَسَنَةً نَزِدْ لَهُ فِيهَا حُسْنًا ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ شَكُورٌ»;[5] <<Бигӯ ман аз шумо музде наметалабам магар маваддат ба наздиконамро ва ҳар кас кори хубе пеш гирад, барои ӯ дар он хубӣ меафзойем; Ҳароина Худованд омурзандаи сипосгузор аст>>![6] (Мумкин аст дар инҷо низ бархӣ аҳли таъассуб ки нисбат ба калимаи <<Аҳли байт>> ҳассосият пайдо кардаанд ва матраҳ шудани наздикони Паёмбарро ба маънои суст шудани мазоҳиби худ медонанд, ишкол кунанд ва бигӯянд ки чаро усдозунал Мансур «الْقُرْبَىٰ» яъне <<Наздикон>> дар ин ояи шарифаро ба маънои <<Наздикони Паёмбар>> донистааст? Лизо устозунал Мансур дар ҳомиши китоб ба ин ишкол посух дода ва мазмуни посухи эшон он аст ки зоҳир аз <<Наздикон>> дар ин ояи шарифа, наздикони Паёмбар аст; Чароки маваддати онон музди Паёмбар шумурда шуда ва ин танҳо дар суратӣ боҷ ва мутаносиб аст ки мурод аз онон, наздикони Паёмбар бошанд, на наздикони дигарон; Бо таваҷҷуҳ ба инки маваддат ба наздикони дигарон, иртиботе бо Паёмбар пайдо намекунад то музди он Ҳазрат шумурда шавад! Ба ҳамин далил, муфассирон низ «الْقُرْبَىٰ» ро ба маънои <<Наздикони Паёмбар>> донистаанд, вале бархӣ аз онон мурод аз ояро ин донистаанд ки умуми Қурайш ба унвони <<Наздикони Паёмбар>> мулоҳизаи қаробати худ бо он Ҳазратро бикунанд ва ба ин сабаб аз душманӣ бо он Ҳазрат даст бардоранд ва ба дӯстӣ бо он Ҳазрат рӯй биёваранд, дар ҳоле ки чунин маъное бисёр баъид аст, балки аслан бо китоби Худованд созгор нест; Чароки бинобар китоби Худованд, сирфи қаробат бо касе қатъи назар аз ҳаққонияти ӯ наметавонад сабаби даст бардоштан аз душманӣ бо ӯ ва рӯй овардан ба дӯстӣ бо ӯ бошад ва таъассуботи қавмӣ ҷойе дар Ислом надорад. Лизо рӯшан аст ки муроди Худованд аз ин оя, таъкид бар зарурати маваддат нисбат ба бархӣ наздикони Паёмбар ба масобаи музди он Ҳазрат аст. Ҳар чанд дар воқеъ маваддат нисбат ба онон барои шахси Паёмбар фоидае надорад ва танҳо ба суди худи мардум аст ва ба ҳамин далил, Худованд дар ояи дигар фармудааст: «قُلْ مَا سَأَلْتُكُمْ مِنْ أَجْرٍ فَهُوَ لَكُمْ ۖ» [Сабоъ/ 47]; <<Бигӯ он музде ки аз шумо талаб кардам барои худатон аст>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки маваддат нисбат ба наздикони поки он Ҳазрат, бинобар ҳадиси Сақалайн сабаби ҳидояти мардум мешавад ва ба ҳамин далил, Худованд дар ояи дигар фармуддаст: «وَمَا تَسْأَلُهُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ ۚ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِلْعَالَمِينَ» [Юсуф/ 104]; <<Ва ту аз онон музде талаб намекунӣ, он ҷуз тазаккуре барои ҷаҳониён нест>> Ва дар ояи дигар фармудааст: «قُلْ مَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِلَّا مَنْ شَاءَ أَنْ يَتَّخِذَ إِلَىٰ رَبِّهِ سَبِيلًا» [Фурқон/ 57]; <<Бигӯ ман музде аз шумо талаб намекунам, магар инки касе бихоҳад ба сӯӣ Парвардигораш роҳе бигирад>> Ва ин ба маънои он аст ки маваддат нисбат ба наздикони пони он Ҳазрат, мояи тазаккуре барои ҷаҳониён ва роҳе ба сӯӣ Худованд аст.) Ин дар ҳоле аст ки мусалламан вуҷуби маваддати онон, ки (филҷумла) мавриди иҷмоъи мусалмонон аст (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳамаи мазоҳиби Исломӣ дар маҷмӯъ онро қабул доранд), ношӣ аз таҳорати онон аз ҳар нопокӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд (дар китоби худ) аз маваддати душманони худ ва душманони мусалмонон боздошта ва фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاءَ تُلْقُونَ إِلَيْهِمْ بِالْمَوَدَّةِ»;[7] <<Эй касоне ки имон овардид! Душмани Ман ва душмани худро сарпарастоне нагиред ки ба онон маваддат варзид>> (дар ҳоле ки ба маваддати аҳли байти Паёмбараш амр карда) Ва аз ҳар гуна гароиш ба золимон боз дошта ва фармудааст: «وَلَا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ»;[8] <<Ва ба сӯӣ касоне ки зулм карданд нагаройед ки шуморо оташ мегирад ва барои шумо сарпарастоне ҷуз Худованд нест, он гоҳ ёрӣ нахоҳед шуд>> (дар ҳоле ки ба маваддати аҳли байти Паёмбараш амр карда ва рӯшан аст ки маваддат аз бузургтарин масодиқи гароиш аст)! Аз инҷо дониста мешавад ки душмании аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо Худованд ва мусалмонон ва низ судури зулм аз онон, мумкин нест; Зеро (аз як сӯ иҷтимоъи амр ва наҳйи Худованд муҳол аст ва аз сӯӣ дигар,) иродаи Худованд (бар татҳири аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) тахаллуф намепазирад; Чунонки фармудааст: «إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ»;[9] <<Кори Ӯ ҷуз ин нест ки чун чизеро ирода кунад танҳо ба он бигӯяд бош пас мебошад>> (тавзиҳ онки Худованд аз як сӯ фармуда ки ирода кардааст аҳли байти Паёмбарашро аз ҳар олойише татҳир кунад ва аз сӯӣ дигар фармудааст ки ҳаргоҳ чизеро ирода мекунад танҳо ба он мегӯяд бош, пас мебошад. Ҳосил ҷамъи ин ду сухани Ӯ он аст ки татҳири аҳли байти Паёмбараш аз ҳар олойише воқеъ шудааст. Албатта дар ин бора мулоҳизаи дигаре ҳам ҳаст ки баъдан табйин мефармояд) Ва рӯшан аст ки вуҷуби маваддати онон, бо имкони хуруҷи онон аз аҳлияти маваддат (аз тариқи душманӣ бо Худованд ва мусалмонон ё аз тариқи зулм) мунофот дорад (чун уқало то вақте эҳтимол медиҳанд ки Зайд душмани онон бишавад ё зулм кунад, ҳаргиз дӯстӣ бо ӯро бар дигарон воҷиб намекунанд, бал вақте ин корро мекунанд ки ба Зайд итминони комил дошта бошанд ва бидонанд ки ӯ ҳаргиз душмани онон намешавад ва зулм намекунад). Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд Паёмбари худро ба таълими онон пеш аз дигарон ё беш аз онҳо, амр карда ва фармудааст: «وَأَنْذِرْ عَشِيرَتَكَ الْأَقْرَبِينَ»;[10] <<Ва хешовандони наздиктаратро бим бидеҳ>> (дар ҳоле ки он Ҳазратро бо хитоб «وَأَنْذِرِ النَّاسَ» [Иброҳим/ 44] ба инзори умуми мардум амр карда ва хешовандони наздиктари он Ҳазрат низ аз умуми мардум ҳастанд ва бо ин васф, амри ҷудогона ба инзори онон ҷуз ба маънои таъкид нест ки далолат бар инзори бештар ё пештари онон дорад. Бубинеб устозунал Мансур чи андоза ба китоби Худованд мақрун ва муттасил аст ва ба чи дақоиқ ва зароифе аз он ки бар дигарон пӯшида мондааст таваҷҷуҳ медиҳад! Беҳуда нест ки душманони эшон яке аз айбҳои эшонро тамассуки беш аз ҳад ба Қуръон медонанд!!! ) Ва фармудааст: «وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِالصَّلَاةِ وَاصْطَبِرْ عَلَيْهَا ۖ»;[11] <<Ва аҳлатро ба намоз фармон деҳ ва бар он шакибоӣ кун>> (ва рӯшан аст ки ин низ аз боби таъкид аст ва бар ихтисоси аҳли байти Паёмбар ба тарбияти ӯ далолат дорад); Ҳамчунонки бар ҳар мусалмоне, боздоштани аҳли байташ аз оташро монанди боздоштани худ, воҷиб карда ва фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا»;[12] <<Эй касоне ки имон овардид! Худатон ва аҳлатонро аз оташ боз дорид>> Ва рӯшан аст ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин ҳукм мустасно набуда (яъне ӯ ҳам бояд худаш ва аҳлӣ байташро аз оташ боз медошта) ва табъан онро имтисол карда ва аҳли байти худро монанди худ аз оташ ва табъан муҷиботи он (яъне ҳар гуна олойиш) боз дошта (ва ин чизе аст ки ояи Татҳир аз он хабар дода) аст. (Аллоҳу акбар! Бубинед читавр оёти Қуръон дар каломи росихун дар илм, монанди қитаъоти позил дар канори якдигар қарор мегиранд ва чеҳраи зебои Исломро шакл медиҳанд! Биёйед инсоф бидиҳем ва иқрор кунем ки илми устозунал Мансур ба китоби Худованд, илми хос ва мумтозе аст ки аз иттисоли вуҷуди мубораки он ҳазрат ба аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳикоят дорад, то шояд ин гуна Худованд моро аз шокирон ва қадршиносон қарор диҳад, на аз касоне ки ғофил, носипос ва беинсофанд.

و السّلام عليکم و رحمت الله)

↑[1] . Каҳф/ 56.

↑[2] . Анфол/ 6.

↑[3] . Шуро/ 35.

↑[4] . Аҳзоб/ 33.

↑[5] . Шуро/ 23.

↑[6] . Ин зоҳиртарин ва муносибтарин маънои оя аст ки аз худи аҳли байт ва касоне чун Саъид ибни Ҷубайр, Амр ибни Шуъайб, Қатода ва Судди нақл шудааст (Нигоҳ кун ба: Табарӣ, Ҷомеъул баён, ҷ25, с33 ва 34; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ2, с444 ва ҷ3, с172; Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул авсат, ҷ2, с336 ва ҷ6, с49; Ҳаму, Ал-Мӯъҷамул кабир, ҷ3, с47 ва ҷ11, с351; Ҳейсамӣ, Маҷмаъуз-завоъид, ҷ7, с103; Саълабӣ, Ал-Кашфу вал баён, ҷ8, с37 ва 310; Замахшарӣ, Ал-Кашоф, ҷ3, с467; Ибни Арабӣ, Аҳкомул Қуръон, ҷ3, с190; Фахруддини Розӣ, Атавсирул кабир, ҷ27, с166); Чунонки бисёрӣ аз муфассирони мусалмон, онро қавли роҷеҳ ва мутабодир аз оя донистаанд (ба унвони намуна, нигоҳ кун ба: Айнӣ, Умдатул Қорӣ, ҷ16, с71 ва ҷ19, с157 ки гуфтааст: «کما یتبادر الذهن إلی قول سعید بن جبیر» ва Саълобӣ, Ал-Кашву вал баён, ҷ8, с310 ки гуфтааст: «و هذا التأویل أشبه بظاهر الآیة و التنزیل»)! Қавли дигар он аст ки ҳар чанд мурод аз <<Қурбо>> наздикони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, вале шомили ҳамаи Қурайш мешавад ва ихтисосе ба аҳли байти он ҳазрат надорад ва зимнан метавонад ба маънои лузуми маваддати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар Қурайш ба сабаби хешовандияш бо онон сарфи назар аз сидқи муддаъояш бошад, дар ҳоле ки ин қавлӣ бисёр заъиф ва ғайри қобили илтизом аст; Чароки мавадати ҳамаи Қурайш бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди аҳли куфр ва нифоқ ва зулм дар миёни онон наметавонистааст воҷиб бошад; Ҳамчунонки маваддати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам танҳо ба сабаби хешовандияш бо Қурайш ва қатъи назар аз сидқи муддаъояш, наметавонистааст мавриди таваққуъ ва мутолибаи он Ҳазрат бошад; Зеро чунин маваддате, асабияти ҷоҳили аст ва бо ҳукми ақл ва китоби Худованд мунофот дорад; Чунонки Худованд фармудааст: «لَا تَجِدُ قَوْمًا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ يُوَادُّونَ مَنْ حَادَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَوْ كَانُوا آبَاءَهُمْ أَوْ أَبْنَاءَهُمْ أَوْ إِخْوَانَهُمْ أَوْ عَشِيرَتَهُمْ ۚ»; (Муҷодила/ 22); <<Гурӯҳе ки ба Худованд ва рӯзи вопасин имон дорандро намеёбӣ ки ба касе ки бо Худо ва Паёмбараш душманӣ меварзад маваддат варзанд агар чи падаронашон ё писаронашон ё бародаронашон ё хешовандонашон бошанд>>!

↑[7] . Мумтаҳина/ 1.

↑[8] . Ҳуд/ 113.

↑[9] . Ёсин/ 82.

↑[10] . Шуъароъ/ 214.

↑[11] . Тоҳо/ 132.

↑[12] . Таҳрим/ 6.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Барои шунидани савти дарси чиҳилу севвум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?