Шанбе 19 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 20 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

   
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чиҳлум
Мавзӯъ:

Ихтилофи мусалмонон (2)

 (أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли рӯшан шуд ки ихтилофи мусалмонон дар бораи ҳукумат пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ихтилофӣ бисёр аҷиб будааст; Чароки инҳисори ҳукумат ба Худованд бо таваҷҷуҳ ба оёти сариҳ ва мутаъаддиди Қуръони карим, аз возеҳоти Исломи маҳсуб мешавад; Ҳамчунонки эъмоли ҳукумат аз тариқи таъйини нойиб, банои уқало дар саросари ҷаҳон аст. Ба илова, рӯшан шуд ки мабнои машрӯъияти корҳо дар Ислом, <<Изни Худованд>> аст. Бинобарин, ҳар коре ки Худованд ба он изн надодааст, машрӯъ шумурда намешавад ва ба қавли маъруф, бидуни изни Ӯ об ҳам намебояд нӯшид! Албатта изни Ӯ барои корҳои табиъӣ ва ҳаётӣ монанди нӯшидани об ва хӯрдани ғазо бо ановини аввалишон, як изни ақлӣ аст; Чароки Худованд инсонро ниёзманд ба ин корҳо халқ карда ва ҳамин аз назари ақлӣ ба маънои изни Ӯ ба онҳост, вале инки чи обе бинӯшад ва чи ғазое бихурад, ниёз ба изни шаръии Ӯ дорад ки аз тариқи китоби Ӯ ва Паёмбараш шинохта мешавад. Бо ин ҳол, чизе ки дар инҷо мавриди баҳс аст, ин корҳои табиъӣ ва ҳаётӣ ё ҳатто корҳои фардӣ ва хусусии инсон нест, бал корҳои умумӣ ва иҷтимоъии ӯст ки ниёз ба изни ҳоким доранд ва аз ин рӯ, устозунал Мансур барои онҳо як шохис зикр мекунад ва мефармояд:)

Бо ин васф, ҳар коре ки аз назари уқало, (барои инки назми ҷомеъаро бар ҳам назанад ва ба истилоҳ қонунӣ шумурда шавад) ба изни (ё ба истилоҳ муҷаввизи) ҳоким ниёз дорад (ва имрӯза дар урф бо назорати мустақим ё ғайри мустақими давлатҳо анҷом мешавад), дар воқеъ ба изни Худованд ниёзманд аст; Чароки (собит шуд) ҳоким бар ҳар чизе Ӯст. (Албатта ҳамон тавр ки гуфтем, танҳо корҳои умумӣ ва иҷтимоъии мардум ба изни Худованд ниёзманд нестанд, балки ҳамаи корҳои онон аз ҷумла корҳои фардӣ ва хусусияшон ҳам ба изни Ӯ ниёзманданд, вале корҳои умумӣ ва иҷтимоъии онон аз ин ҷиҳат ба изни Ӯ ниёзманданд ки Ӯ ҳоким бар мардум аст ва корҳои фардӣ ва хусусии онон аз ин ҷиҳат ба изни Ӯ ниёзманданд ки Ӯ мавло ва молики мардум аст.)

Аз инҷо (яъне мабоҳисе ки то инҷо гузашт, нуктаи бисёр муҳим ва бунёдине) дониста мешавад (ва он ин аст) ки ҳукумат дар Ислом, (аз ҳайси мабноӣ) танҳо барои касе (аз мардум) машрӯъият дорад ки Худованд (ба унвони ҳокими аслӣ ва ҳақиқии онон) ӯро (бо назар ба салоҳияти илмӣ ва амалиаш) ба ниёбат аз хеш барои он ихтиёр ва мансуб кардааст ва ин (аз ҳайси торихӣ) чизе ғариб (яъне ғайри мутаъораф) ё тоза нест (то боъиси таъаҷҷуби касе бишавад ва касе битавонад онро ҳошо кунад), бал (ҷудо аз инки як кори уқалоӣ ва маъмули дар миёни ҳокимони ҷаҳон аст) суннате аз суннатҳои Ӯст ки дар умматҳои пешин (аз Одам то Хотам) низ ҷараён дошта ва (табъан) то дунё боқӣ аст, ҷорӣ хоҳад буд (яъне ҳатто як рӯз аз умри дунё ҳам бидуни вуҷуди нойибе аз ҷониби Ӯ сипарӣ намешавад); Чунонки фармудааст: «سُنَّةَ اللَّهِ فِي الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلُ ۖ وَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا»;[1] <<Суннати Худованд дар касоне ки пештар гузаштанд, ҳамин буд ва ҳаргиз барои суннати Худованд табдиле нахоҳӣ ёфт>>! Оре, ҳақ он аст ки лузуми интисоби ҳоким аз ҷониби Худованд ва муъаррифии ӯ тавассути Паёмбараш (дар мавориде ки Паёмбар ё нойиби Паёмбараш ҳузур доранд ва метавонанд мустақим ё ғайри мустақим ӯро муъаррифӣ кунанд) ё аз тариқи оятӣ баййина (яъне мӯъҷиза дар мавориде ки Паёмбар ё нойиби Паёмбараш ҳузур надоранд ва наметавонанд мустақим ё ғайри мустақим ӯро муъаррифӣ кунанд, монанди Маҳдӣ ки вақте зуҳур мекунад Паёмбар ё нойиби Паёмбар ҳузур надоранд то ӯро муъаррифӣ кунанд ва бо ин васф, танҳо роҳи шинохти ӯ ҳамон тавр ки устозунал Мансур дар мабҳаси <<Чигунагии шинохти Маҳдӣ тавассути мардум>> мефармояд, оятӣ баййина аст. Ин зарурати интисоби ҳоким аз ҷониби Худованд ва муъаррифии ӯ тавассути Паёмбараш ё аз тариқи оятӣ баййина), аз возеҳот ва заруриёти ҳамаи адёни Илоҳи буда ва дар ҳеҷ уммате аз умматҳои гузашта (ки ба Худованд ва Паёмбаре аз Паёмбаронаш имон доштанд), (бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои Қуръони карим ва манобеъ ва мутуни бар ҷой монад аз онҳо) мавриди тардид ва ихтилоф набуда (ба ин маъно ки ҳамаи онҳо медонистанд ва қабул доштанд ки Худованд ва Паёмбараш бояд ҳокими онҳоро таъйин кунанд) ва бо ин васф, танҳо дар ин уммати (охируззамон) мавриди тардид ва ихтилоф қарор гирифтааст (ва аз ин ҷиҳат метавон онро бузургтарин бидъати торихи башар дар ҳавзаи дин донист)! Чунонки ба унвони мисол, банӣ Исроъил пас аз Мусо алайҳи салом билбидоҳа (яъне иртикозан) медонистанд ки барои ҷиҳод дар роҳи Худо бо ҳадафи иқомаи дин (ба унвони яке аз аҳкоми умумии Худованд), ба ҳокиме (мухтор ва мансуб) аз ҷониби Худованд ниёз доранд ва ба ҳмин далил, аз Паёмбари хеш (ба масобаи сухангӯ ва мухбир аз ҷониби Худованд) хостанд ки (чунин) ҳокиме аз ҷониби Худовандро ба онон муъаррифӣ кунад то ба ҳамроҳи ӯ ҷиҳод кунанд ва Паёмбари онон низ хостаи (маъқул ва баҷои) ононро пазируфт ва (бо мантиқи имрӯзи мусалмонон) ба онон нагуфт ки барои ҷиҳод дар роҳи Худо ва иқомаи дин, ниёзе ба ҳокиме аз ҷониби Худованд нест (ва масалан худатон монанди доъиш ва аслофи доъиш, як ҳоким барои худатон интихоб кунед ва ба ҷиҳод бипардозед); Чунонки Худованд барои таълими мусалмонон (диққат бифармойед; Барои таълими мусалмонон, на барои қиссасаройии беҳуда ва саргарм кунанда), аз онон (дар Қуръон) ёд карда ва фармудааст: «أَلَمْ تَرَ إِلَى الْمَلَإِ مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ مِنْ بَعْدِ مُوسَىٰ إِذْ قَالُوا لِنَبِيٍّ لَهُمُ ابْعَثْ لَنَا مَلِكًا نُقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ قَالَ هَلْ عَسَيْتُمْ إِنْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِتَالُ أَلَّا تُقَاتِلُوا ۖ قَالُوا وَمَا لَنَا أَلَّا نُقَاتِلَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَقَدْ أُخْرِجْنَا مِنْ دِيَارِنَا وَأَبْنَائِنَا ۖ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقِتَالُ تَوَلَّوْا إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ»;[2] <<Оё гурӯҳе аз банӣ Исроъили пас аз Мусоро надидӣ ки ба Паёмбарашон гуфтанд: Барои мо ҳокимеро барангез то дар роҳи Худо ҷиҳод кунем! Гуфт: Оё эҳтимол намедиҳед ки ҳаргоҳ ҷиҳод бар шумо воҷиб шуд, ҷиҳод накунед?! Гуфтанд: Чаро бояд дар роҳи Худо ҷиҳод накунем дар ҳоле ки аз шаҳрҳо ва фарзандонамон берун шудаем?! Пас чун ҷиҳод бар онон воҷиб шуд ҷуз андаке аз онон рӯй гирифтанд ва Худованд ба ситамкорон доност>> Ва гузашт ки Худованд Толутро барои онон (ба унвони ҳоким) мансуб кард.

Бо ин васф, ғафлати (бархӣ) асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин мабнои возеҳ ва зарурӣ (ки то ин андоза маъқул ва бо пешина аст), аҷиб ба назар мерасад (мефармояд: <<Ғафлат>> ва намефармояд: <<Тағофул>> ё <<Эърози умдаӣ>>, бо таваҷҷуҳ ба инки <<Ғафлат>>, қадри мутаяққин кори онон аст ва <<Тағофул>> ё <<Эърози умдаӣ>> кор музоъифе аст ки исботи он ниёз ба далили қатъӣ дорад ва иддаъои он бидуни далили қатъӣ, сӯъи занн ба бархӣ асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳаи ва саллам маҳсуб мешавад ки кори бадӣ аст. Албатта ғафлати онон муҳол нест то касе бигӯяд читавр аз чунин чизе ғафлат кардаанд ва натиҷа бигирад ки ҳатман тағофул ё эърози умдае кардаанд; Чароки онон маъсум набудаанд ва танҳо аз маъсум чунин ғафлате содир намешавад; Ҳамон тавр ки аксари мусалмонони ҷаҳон дар ҳоли ҳозир ҳамчунин аз ин мабнои возеҳ ва зарурии Ислом ғофил ҳастанд, вале бо ин ҳама ғафлати ин идда аз асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аҷиб ба назар мерасад); Зеро ихтилофи онон дар бораи ҳукумат пас аз он Ҳазрат (дар Сақифаи банӣ Соъида), мубтанӣ бар ин пешфарз буд ки ҳукумат (барои Худованд нест, балки) барои онон аст ва табъан (бо таваҷҷуҳ ба инки барои онон аст) ҳақ доранд онро ба ҳар кас аз худ ки (ҳамагӣ ё ҳуззор дар ҷаласа ё бархӣ ҳуззор дар ҷаласа) ихтиёр мекунанд, биспоранд; То ҷойе ки бинобар гузоришҳои мутавотир ва машҳур (ки ҷои ҳеҷ тардиде дар онҳо нест ва касе ҳам дар онҳо тардид накардааст), бисёрӣ аз онон (яъне асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам; Мефармояд: <<Бисёрӣ аз онон>> ба далили инки ҳамаи онон ҳозир набуданд ва ба унвони мисол, умуми банӣ Ҳошим ва аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам машғули ғаслу кафан ва дафни он Ҳазрат буданд), дар маконӣ мавсум ба Сақифаи банӣ Соъида (ки маконе дар Мадина барои иҷтимо ва машварат будааст) гирд омаданд ва ҳар гурӯҳе аз онон кӯшид ки ҳукуматро барои хеш (ё касе аз қавм ё ҳизби хеш) ихтиёр кунад (ба ин тартиб ки ансор мегуфтанд: Ҳукумат ҳаққи мост; Чароки мо заҳмати бештаре барои Ислом кашидаем ва агар мо набудем Ислом ба пирӯзӣ намерасид ва муҳоҷирин мегуфтанд: Ҳукумат ҳаққи мост; Чароки мо ба  Паёмбар наздиктар ҳастем), то ҷойе ки наздик шуд бар сари он бо якдигар биҷанганд ва бархе бархӣ дигарро поюмол кунанд (чунонки бинобар гузоришҳои торихӣ, корашон ба лаън ва сабб ва такфир ва таҳдиди якдигар расид ва хусусан миёни Умар ибни Хаттоб аз муҳоҷирин ва Саъд ибни Убода аз ансор хусумате даргирифт ки ниҳоятон ба терори Саъд тавассути ҷинниён [!] анҷомид)! Бо ин ҳол, асли низоъи онон дар бораи ин масъала буд ки оё ҳукумати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, дар байти он Ҳазрат бимонад ё аз он хориҷ шавад? (Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳукумат дар замони ҳаёти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои он Ҳазрат ва дар байти он Ҳазрат буд ва касе дар бораи он ихтилофе надошт, вале пас аз даргузашти он Ҳазрат ин масъала пеш омад ки оё ҳукумат дар байти он Ҳазрат бимонад ё аз он хориҷ шавад? Албатта бинобар бархӣ гузоришҳои торихӣ, то пеш аз ворид шудани Алӣ ва соири банӣ Ҳошим ба мунозиа, асли низо дар бораи ин масъала буд ки оё ҳукумати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, дар қабилаи он Ҳазрат яъне Қурйш бимонад ё аз он хориҷ шавад ва баъд аз ворид шудани Алӣ ва соири банӣ Ҳошим, асли нзоъ дар бораи ин масъала шуд ки оё ҳукумати он Ҳазрат, дар байти он Ҳазрат бимонад ё аз он хориҷ шавад? Бо ин ҳол, бинобар ҳамин гузоришҳои торихӣ ҳам истидлол муҳоҷирин дар баробари ансор –ҳатто қабл аз вуруди Алӣ ва соири банӣ Ҳошим– ин буд ки ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам наздиктарин ва мафҳуми ин истидлол ки ба василаи он бар ансор ғолиб шуданд ин буда ки ҳар кас ба он Ҳазрат наздиктар бошад ба ҳукумат сазовортар аст, дар ҳоле ки ҳама медонистанд аҳли байти он Ҳазрат ба он Ҳазрат наздиктаранд ва бо ин васф, метавон гуфт: Асли низоъи онҳо аз оғоз дар бораи ин масъала буд ки оё ҳукумати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, дар миёни аҳли байти он Ҳазрат бимонад ё аз миёни онҳо хориҷ шавад? Ҳамчунонки низоъ дар бораи ҳамин масъала буд ки боқӣ монд ва то имрӯз тадовум пайдо кард. Ба ҳар ҳол,) Касоне (аз муҳоҷирон) ки дар низоъи худ (ба далили вуҷуди ихтилоф миёни ансор дар асари рақобати ду қабилаи Авс ва Хазраҷ) ба пирузӣ расиданд (таҳти раҳбарии халифаӣ дуввум) гуфтанд ки ҳукумати он Ҳазрат, аз байти ӯ (барои ҳамаи Қурайш ва на барои ҳамаи қабоил) хориҷ шавад (яъне ба далили наздиктар будани Қурайш ба Паёмбар ҳукуматро аз ансор гирифтанд, вале ба далили наздиктар будани аҳли байти Паёмбар ба он Ҳазрат ҳукуматро ба онон надоданд ки ин ҳам кори аҷибе буд), бо ин истидлол (шибҳа демокротик) ки Араб (назар ба вуҷуди саҳмхоҳиҳо ва рақобатҳои ҷоҳилӣ миёни қабоил ва буюти мухталиф), ба иҷтимоъи набувват ва хилофат дар як байт (яъне байти Паёмбар), ризоят намедиҳад (хусусан бо таваҷҷуҳ ба кудурате ки аз ноҳияи Алӣ ибни Абӣ Толиб ба хотири куштани вобастагон ва наздикони мушрики худ дар ҷангҳои замони Паёмбар доштанд ва дӯст надоштанд бо қотили падарон ва бародарон ва фарзандон ва тағоҳо ва амакҳошон барои хилофат байъат кунанд); Дар ҳоле ки мусалламан (бо таваҷҷуҳ ба мабонии рӯшан ва мутқани Исломӣ,) ризояти Араб ё аҷам, дар таъйини халифа дахле надошт ва таъйини ҳоким, чунонки (ақлан ва шаръан) рӯшан шуд, манут (яъне машрут ва вобаста) ба ризояти Худованд аст (ва Арабу аҷам бояд таслими ҳукми Худованд бошанд) ва ризояти Ӯ, ногузир аз тариқи Паёмбараш (ки бо Ӯ дар иртибот аст) эълом мешавад, чунонки дар мавриди Толут (аз тариқи Паёмбараш) эълом шуд ва бо ин васф, бар онон (яъне саҳобаи Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) воҷиб буд ки (монанди саҳобаи Паёмбари банӣ исроъил) ба нусуси Паёмбараш руҷӯъ кунанд ва ҳар кас ки он Ҳазрат (монанди Паёмбари банӣ исроъил) ба унвони ҳоким аз ҷониби Худованд (монанди Толут) муъаррифӣ кардаастро ба ҳукумат бар хеш мутамаккин созанд (агарчи монанди банӣ исроъил ба ҳукумати ӯ ризоят надошта бошанд ва худро аз ӯ ба ҳукумат сазовортар бидонанд. Ба ҳар ҳол, мусаллам аст ки Худои банӣ исроъил бахшанда ва  Худои мусалмонон бахил набуда, балки Худои ҳарду яке буда ва табъан ҳамон тавр ки барои банӣ исроъил ҳокиме аз ҷониби хеш таъйин карда барои мусалмонон ҳам таъйин кардааст; Ҳамчунонки Паёмбари банӣ исроъил хайрхоҳтар ва дилсӯзтар аз Паёмбари мусалмонон набуда ва бо ин васф, Паёмбари мусалмонон ба тариқи авло барои онон ҳокиме аз ҷониби Худованд муъаррифӣ кардааст); Вале онон (яъне бархӣ асҳоби Паёмбари Ислом), бо вуҷуди таъаллуқе ки (воқеъан ба унвони мусалмон) ба Ислом доштанд, (мутаъассифона аз рӯӣ ғафлате ки бар онон ориз шуд) ин кори (бисёр зарурӣ ва ҳаёти) ро накарданд; Чароки аз як сӯ, бо таваҷҷуҳ ба наздикияшон ба даврони ҷоҳилият (бо таваҷҷуҳ ба инки бисёришон ба тозагӣ Ислом оварда буданд), ҳанӯз ба бархӣ рақобатҳои қабилаӣ дар миёни худ (ки мероси мондагори даврони ҷоҳилият буд) дучор буданд (ба ин тартиб ки наметавонистанд бартарии банӣ Ҳошим бар қабилаи худро таҳаммул кунанд ва мехостанд ифтихороти бештаре барои қавми худ ба даст оваранд; Ҳамон тавр ки бинобар бархӣ гузоришҳои торихӣ, қабилаи Авс танҳо аз тарси хилофати Саъд ибни Убодаи Хазраҷӣ ва ба қудрат расидани Хазраҷ бо халифаи аввал байъат карданд) ва аз сӯӣ дигар, бархӣ аз онон, ба далили адами ошноии комил бо салоҳиятҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (дар Ислом), нусуси сиёсии он Ҳазрат (яъне суханони ӯ дар бораи хилофат) ро бар хилофи сойири нусуси ӯ (монанди суханони ӯ дар бораи намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва закот), илзомовар намедонистанд (ба ин тартиб ки гумон мекарданд суханони ибодии он Ҳазрат ҷанбаи ваҳёнӣ дорад ва аз ҷониби Худованд аст, вале суханони сиёсии ӯ назароти шахсии ӯст ки лузуман аз ҷониби Худованд нозил нашудааст) ва ба ҳамин далил, ҳатто дар замони он Ҳазрат, бо ин қабил нусуси ӯ, хусусан дар мавориде ки маътуф ба хонадонаш буд, муъориза мекарданд (ва масалан аз ӯ мепурсиданд ки оё ин сухани ту аз ҷониби Худованд аст ё аз ҷониби худат?!); Чунонки ба унвони намуна, бисёрӣ аз муҳаддисон монанди, Ибни Ҷаъд (д.230қ),[3] Ибни Ҳанбал (д.241қ),[4] Бухорӣ (д.256қ),[5] Муслим (д.261қ),[6] Абу Довуд (д.275қ),[7] Тирмизӣ (д.279қ),[8] ва дигарон (ки устозунал Мансур ба шуморӣ дигаре аз онон дар ҳомиши китоб ишора фармудааст),[9] ба итифоқ (яъне бидуни ҳеҷ ихтилофе дар аслӣ хабар ё сиҳҳати он) ривоят кардаанд ки вақте он Ҳазрат, шурӯъ ба сухан гуфтан дар бораи дувоздаҳ халифаи баъд аз худ кард (ва фармуд ки пас аз ман дувоздаҳ халифа ҳастанд ва хост ки ононро муъаррифӣ кунад), гурӯҳе аз асҳобаш дар баробари ӯ, садои худро боло бурданд ва ғавғо карданд, ба наҳве ки нагузоштанд татиммаи сухани ӯ дар ин бора, шунида шавад![10] (Ин рафтори бисёр аҷибе аст ки танҳо як намунаи дигар барои он вуҷуд дорад ва он ҳам рафтори ҳамин идда дар рузи панҷшанбеи поёни умри Паёмбар аст ки аз қазои он ҳам замоне аст ки он Ҳазрат хост дар бораи баъд аз худ васият кунад! Ин ду намунаи мушобеҳ нишон медиҳад ки эҳтимолан боло бурдани садоҳо ва ғавғо кардан дар ҳузури Паёмбар иттифоқӣ набуда, балки бо ҳадаф бар ҳам задани суханронии Паёмбар дар бораи хулафоъаш будааст. Устозунал Мансур назар ба аҳаммият ва ҳассосияти мавзӯъ, бархӣ гузоришҳо дар бораи ин рафтори аҷиби гурӯҳе аз асҳобро дар ҳомиши китоб оварда ва фармудааст: Дар бархӣ ривоёт омадааст: «ثُمَّ تَكَلَّمَ بِكَلِمَةٍ لَمْ أَفْهَمْها وَ ضَجَّ النّاسُ»; <<Сипас он Ҳазарт чизе фармуд ки нафаҳмидам; Чароки мардум заҷҷа заданд>> Ва дар бархӣ ривоёт омадааст: «ثُمَّ قالَ كَلِمَةً أَصَمَّنِيهَا النّاسُ»; <<Сипас он Ҳазрат чизе фармуд ки мардум нагузоштанд бишнавам>> Ва дар бархӣ ривоёт омадааст: «فَكَبَّرَ النّاسُ وَ ضَجُّوا وَ قالَ كَلِمَةً خَفِيَّةً»; <<Дар он ҳангом, мардум такбир гуфтанд ва фарёд карданд ва он Ҳазрат чизе фармуд ки пӯшида монд>> Ва дар бархӣ ривоёт омадааст: «فَارْتَفَعَتِ الأَصْواتُ»; <<Дар он ҳангом, садоҳо боло рафт>>!) Дар ҳоле ки Худованд ба рӯшанӣ ононро аз ин кор (яъне баланд кардани садо ва ғавғо кардан дар ҳузури Паёмбар) наҳй карда ва фармуда буд: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَرْفَعُوا أَصْوَاتَكُمْ فَوْقَ صَوْتِ النَّبِيِّ وَلَا تَجْهَرُوا لَهُ بِالْقَوْلِ كَجَهْرِ بَعْضِكُمْ لِبَعْضٍ أَنْ تَحْبَطَ أَعْمَالُكُمْ وَأَنْتُمْ لَا تَشْعُرُونَ»;[11] <<Эй касоне ки имон овардед! Садоҳои худро болои садоӣ Паёмбар наёваред ва барои ӯ бонг назанед он гуна ки барои якдигар бонг мезанед ки аъмолатон нобуд мешавад дар ҳоле ки дар намеёбед>>! Ҳамчунонки ба фаровонӣ (яъне аз тариқи бисёр ва дар бисёрӣ аз манобеъ ривойии мусалмонон) ривоят шуда ва мавриди итифоқи мусалмонон аст (яъне касе дар сиҳҳати он тардиде надорад) ки дар панҷшанбеи охири умри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (яъне ҳудудан чаҳор рӯз пеш аз риҳлати он Ҳазрат бо таваҷҷуҳ ба инки он Ҳазрат дар рӯзи душанбе аз дунё рафт), ҳангоме ки он Ҳазрат хост дар бораи баъд аз худ ба чизе (эҳтимолан дар бораи хилофат ва ҳамсӯ бо ҳамон сухани қаблиаш дар бораи халифааш) васият кунад то мусалмонон ҳаргиз гумроҳ нашаванд ва бо якдигар ихтилоф накунанд (ба ин тартиб ки фармуд: Барои ман қалам ва коғазе биёваред то чизеро бароятон мактуб кунам ки пас аз ман ҳаргиз гумроҳ нашавед ва ду нафар аз шумо бо якдигар ихтилоф накунанд!), гурӯҳе аз асҳобаш (ки иттифоқан пас аз ӯ ҳукуматро ба даст гирифтанд) монеъ шуданд ва садоҳои худро боло бурданд ва гуфтанд ки ӯ ҳазён мегӯяд ва бо вуҷуди Қуръон, ниёзе ба васияти он Ҳазрат нест! (ва нидо сар доданд: <<Ҳасбуно китобаллоҳ>>)[12] (Инно Лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун! Оё ин рафтори аҷиб ва беадабона бо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳар мусалмони озодаеро ба фикр фуру намебарад ва мутаъассир намекунад?! Оё пешгирӣ аз васияти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо ҳеҷ тақрире қобили тавҷиҳ ё дифоъ аст?! Оё пешгирӣ аз васияти як фарди оддӣ ки дар бистари марг аст ва аз наздиконаш мехоҳад ба ӯ иҷоза диҳанд то нукоти бисёр муҳммеро ба онон бигӯяд ки баъд аз ӯ бо якдигар ихтилоф накунанд, дуруст аст то пешгирӣ аз васияти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дуруст бошад?! Магар ҳамин ихтилофҳои баъд аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам набуд ки боъиси инҳитот ва авҷоҷи уммат шуд?! Оё наметавон гуфт пешгирӣ аз васияти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд ки боъиси он вазъият шуд?! Оё наметавон гуфт касоне ки бо ҷанҷол кардан монеъ аз васияти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шуданд ва бо қулдурӣ иҷоза надоданд ки барои он Ҳазрат қалам ва коғаз оварда шавад, боъиси ин вазъият ва бонии ихтилофи уммат шуданд?! Инҳо суъолоте аст ки олимони хоъини ин уммат дар тӯли чаҳорда қарни гузашта ҳеҷ посухе ба онҳо надодаанд ва ҳамвора аз тарҳи онҳо ваҳшат доштаанд! Инҳо суъолоте аст ки агар як мусалмони худотарс ва озодандеш бипурсад, било фосила ӯро ба рофизигарӣ муттаҳам мекунанд ё ба ӯ мегӯянд муроқиб бош ки рофизӣ нашавӣ!! Рофизигарӣ чист?! Рофизигарӣ кадом аст?! Магар Бухорӣ ва Муслим ва соири асҳоби сиҳоҳ ва сунан ва мусониди аҳли суннат рофизӣ будаанд ки навиштаанд Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чанд рӯз пеш аз маргаш фармуд барои ман қалам ва коғаз биёваред то барои шумо чизе бинависам ки баъд аз ман ҳаргиз гумроҳ нашавед ва ду тан аз шумо бо ҳам ихтилоф накунанд, вале бархӣ саҳоба монанди Умар ибни Хаттоб ҷанҷол ба роҳ андохт ва ба баҳонаи инки Қуръон барои мо кофӣ аст ва ниёзе ба васияти он Ҳазрат нест, иҷозаи ин корро надоданд?! Дар ҳоле ки имрӯз ҳеҷ мусалмоне аз ҳеҷ мазҳабе чунин баҳонаеро саҳиҳ намедонад, балки чи басо онро куфр талаққӣ мекунад; Чароки бар хилофи заруриёти Ислом аст. Бо ин васф, оё ман ба унвони як мусалмон ки қоъидатан ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бештар аз саҳобаи ӯ алоқаманд ҳастам ва эҳтиром мегузорам, вақте ин хабари саҳиҳ ва машҳурро дар Бухорӣ ва Муслим ва соири манобеъи мӯътабари Исломӣ мебинам ҳақ надорам бипурсам ки ин дигар чи коре буд ва чаро он рӯз чунин кори нодурусте дар маҳзари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам анҷом шуд?! Оё агар ин суъолро бипурсам рофизӣ маҳсуб мешавам ва агар онро напурсам суннӣ ҳастам?! Оё суннӣ касе аст ки ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам беэҳтиромӣ мекунанд ё чашми хешро ба рӯӣ беэҳтиромӣ ба он Ҳазрат мебандад?! Агарчи мавзӯъ сирфан беэҳтиромӣ ба он ҳазрат набуда, балки пешгирӣ аз вазъияте буда ки метавонистааст боъиси ҳидоят ва ваҳдати уммат то рӯзи қиёмат шавад! Мо воқеъан ба куҷо суқут кардаем ва ба чи рӯзе афтодаем?! Оё эҳтиром ба саҳоба танҳо фаризаи Исломи аст ва фаризаи дигаре дар Ислом вуҷуд надорад?! Оё эҳтиром ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фаризаи Исломи нест?! Оё «أَطِيعُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ» фаризаи Исломӣ нест?! Оё «وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ رَسُولَ اللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ» фаризаи Исломӣ нест?! Чигуна аст ки иддае аз ҳамаи фаръизи Исломӣ танҳо эҳтиром ба саҳобаашро гирифтаанд ва боқиро зери по гузоштаанд?! Оё эҳтиром ба саҳоба далили дифоъ аз беэҳтиромӣ ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мешавад?! Магар саҳобӣ эҳтиромашро ба хотири мусоҳибаташон бо ҳамон Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба даст наёвардааст?! Чигуна мешавад ба баҳонаи эҳтром ба саҳобӣ, чашми худро ба рӯӣ чунин беэҳтиромии бузург ва тарсноке ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бибандем ва бигӯйем: Ин шоъ Аллоҳ хайр будааст?! Монанди он зани сафиҳ ки меҳмононе дар хона дошт ва барои онҳо қурмае таҳия кард ва вақте сари дегро бардошт, дид ки муше дар он афтодааст! Пас думи мушро гирифт ва онро аз қурма берун кашид ва гуфт: Ин шоъ Аллоҳ бодонҷон аст! Сипас ҳамон ғазои олударо барои меҳмонон овард! Ин мисдоқи худфиребӣ ва таъассуб аст! Ба ростӣ чаро касе ки барои саҳоба то ин ҳад ғайрат меварзанд, барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ғайрат намеварзанд?! Оё он Ҳазрат ба ғайрат варзидан сазовортар нест?! Ба Худо қасам тавҷиҳ ва таъвил ҳам ҳадде дорад ва набояд ба чаранд гуфтан табдил шавад! Касоне ки чунин хатои ошкореро аз бархӣ саҳоба тавҷиҳ ва таъвил мекунанд чаранд мегӯянд! Дин ки ҷои таъоруф кардан нест! Чи касе гуфтааст ки мо муваззаф ба тавҷиҳ ва таъвили ҳар хитобае аз саҳоба ҳастем?! Саҳоба ҳам монанди мо мусалмон буданд ва бояд бар асоси Қуръон ва суннат дар бораи корҳои онон қазоват кард. Ислом ки фақат барои мо нест! Ҳисоб ва китоби Худованд ки аз қарни дуввум яъне баъд аз саҳоба шурӯъ нашудааст! Ин ҳама оёти ваъид дар Қуръон аввал хитоб ба саҳоба нозил шудааст! Агар ин хабти фоҳиши бархӣ саҳоба дар маҳзари Паёмбар ки хашми худи он Ҳазратро ҳам барангехт то ҳадде ки ононро аз хона берун кард, қобили тавҷиҳ ва таъвил бошад ки дигар санг бар рӯӣ санг банд намешавад ва ҳарҷу марҷ лозим меояд! Дигар чизе аз Ислом боқӣ намемонад! Лизо мусалмонон набояд чашми худро ба рӯӣ чунин фоҷиъае бибанданд ва нисбат ба он бетафовут бошанд ё онро тавҷи ва таъвил кунанд. Мо баҳамдуллиллоҳ мусалмон ҳастем ва ҳақро ботил ва ботилро ҳақ намекунем ва аз касе ҷуз Худованд наметарсем ва аз чизе ҷуз Қуръон ва суннат табаъият надорем ва инҳо сифоти ҳасанае аст ки устодамон Мансур ба мо омӯхтааст. Устозунал Мансур аз ин моҷаро бо унвони <<Зойеъаи бузург>> ёд мекунад ва дар ҳомиши китоб мефармояд: Барои огоҳӣ аз ин зойеъаи бузург ки ба таъбири Абдуллоҳ ибни Аббос «الرزيّة کلّ الرزيّة» буд, нигоҳ кун ба : Абдурраззоқ, Ал-Мусаннаф, ҷ5, с436 ва ҷ6, с57 ва ҷ10, с361; Муснади Аҳмад, ҷ1, с293, 324 ва 336; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ1, с37 ва ҷ4, с31 ва ҷ7, с9; Саҳеҳул Муслим, ҷ5 , с76; Сунанул Насоъӣ, ҷ3, с433 ва ҷ4, с360; Саҳеҳул ибни Ҳиббон, ҷ14, с562 ва манобеъи фаровони дигар.) (Ин идда аз саҳоба) Дар ҳоле (тақозои он ҳазрат барои васият пеш аз вафотро ки ҳеҷ шабоҳате ба ҳазён надошт, ҳазён шумурданд) ки Худованд гуфтори он Ҳазратро (бидуни истисно) дар ҳукми ваҳй дониста (ва бахше аз онро ҳазён надониста) ва фармуда буд: «وَمَا يَنْطِقُ عَنِ الْهَوَىٰ ۝ إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَىٰ»;[13] <<Ӯ аз сари ҳаво сухане намегӯяд; Он чизе ҷуз ваҳйе ки мешавад нест>> Ва мусаллам (яъне мавриди қабули ҳамаи мусалмонони кунунӣ) аст ки Қуръон ононро аз суннати он Ҳазрат бениёз намекард. (Зеро ҳамаи мусалмонон медонанд ки ахбор ва аҳкоми Қуръон ом ва куллӣ аст ва огоҳӣ аз масодиқ ва фуруъи онҳо танҳо аз тариқи суннути Паёмбар мумкин аст ва бо ин васф, агар имрӯз касе нидои <<Ҳасбуно китобаллоҳ>> сар диҳад муттаҳам ба залолат балки нифоқ мешавад.

Худованд чашми мусалмононро ба рӯӣ ҳақоиқ боз кунад то Исломи ҳақиқиро бубинанд ва ба онон зарфияти қабули онро бидиҳад агарчи бо зеҳниятҳои гузаштаи онон мунофот дошта бошад;Чароки инсон як бор зиндагӣ мекунад ва бояд муроқиб бошад ки ин танҳо фурсати худро фидои таъассуби пучаш накунад!

و السّلام عليکم و رحمت الله)

↑[1]. Аҳзоб/ 62.

↑[2]. Бақара/ 246.

↑[3]. Муснади ибни Ҷаъд, с360.

↑[4]. Муснади Аҳмад, ҷ5, с93 ва 98.

↑[5]. Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ8, с127.

↑[6]. Саҳеҳул Муслим, ҷ6, с3 ва 4.

↑[7]. Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с302.

↑[8]. Сунани Тирмизӣ, ҷ3, с340.

↑[9]. Монанди: Ибни Абӣ Осим, Ал-Оҳод вал масонӣ, ҷ3, с127; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ3, с617; Саҳиҳи ибни Ҳибон, ҷ15, с44.

↑[10]. Дар бархӣ ривоёт омадааст: «ثُمَّ تَكَلَّمَ بِكَلِمَةٍ لَمْ أَفْهَمْها وَ ضَجَّ النّاسُ»; <<Сипас он ҳазрат чизе фармуд ки нафаҳмидам; Чароки мардум заҷҷа заданд>> Ва дар бархӣ ривоёт омадааст: «ثُمَّ قالَ كَلِمَةً أَصَمَّنِيهَا النّاسُ»; <<Сипас он ҳазрат чизе фармуд ки мардум нагузоштанд бишнавам>> Ва дар бархӣ ривоёт омадааст: «فَكَبَّرَ النّاسُ وَ ضَجُّوا وَ قالَ كَلِمَةً خَفِيَّةً»; <<Дар он ҳангом, мардум такбир гуфтанд ва фарёд карданд ва он ҳазрат чизе фармуд ки пӯшида монд>> Ва дар бархӣ ривоёт омадааст: «فَارْتَفَعَتِ الأَصْواتُ»; <<Дар он ҳангом, садоҳо боло рафт>>!

↑[11]. Ҳуҷарот/ 2.

↑[12]. Барои огоҳи аз он зойеъи бузург ки ба таъбири Абдуллоҳ Ибни Аббос «الرزیّة کلّ الرزیّة» буд, нигоҳ кун ба: Абдурраззоқ, Ал-Мусаннаф, ҷ5, с436 ва ҷ6, с57 ва ҷ10, с361; Муснади Аҳмад, ҷ1, с293, 324 ва 336; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ1, с37 ва ҷ4, с 31 ва ҷ7, с9; Саҳеҳул Муслим, ҷ5, с76; Сунунул Нисоӣ, ҷ3, с433 ва ҷ4, с360; Саҳеҳи ибни Ҳиббон, ҷ14, с562 ва манобеъи фаровони дигар.

↑[13]. Наҷм/ 3 ва 4.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Барои шунидани савти дарси чиҳлум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?