Панҷшанбе 22 август 2019 мелодӣ баробар бо 20 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

   
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси сиву нуҳум
Мавзӯъ:

Ихтилофи мусалмонон (1)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар ҷаласаи қабл рӯшан шуд ки бар хилофи таваҳҳуми бисёрӣ аз муқаллидини мутаъассиб ва эҳсосотии мазоҳиб, мутолеъаи торихи Ислом бидуни эътино ба пешфарзҳои мазҳабӣ ишколе надорад ва бисёрӣ амалкарди мусалмонони нахустин бо такя бар меъёри шинохт, беэҳтиромӣ ба онон шумурда намешавад, балки аз авҷаби воҷибот аст ки дар китоби Худованд борҳо ва бо сароҳат ба он амр шудааст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки рӯшан шуд мавонеъи бозгашт ба Ислом дар замони кунунӣ, як чизи ҷадид ва навпайдо нест, балки ҳамон асбоби адами иқомаи Ислом пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ҳамвора дар тӯли чаҳорда қарни гузашта истимрор дошта ва чи басо барои мусалмонон оддӣ ва ниҳодина шудааст. Лизо устозунал Мансур пас аз табйини ин муқаддамот, як пажуҳиши бисёр амиқро дар торихи Ислом оғоз мекунад ва ба осебшиносии фикрӣ ва амалии мусалмонон аз баъди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун мепардозад ва улгуи комил ва зебоеро дар ин замина ба мо ироъа медиҳад. Ин бузургвор дар муъаррифии)

Асбоби адами иқомаи Ислом

(Ки онҳоро монанди мавонеъи шинохт ба теъдоди дарвозаҳои ҷаҳаннам медонад, мефармояд:) Аммо муҳимтарин асбоб (яъне авомил) ва ангезаҳои адами иқомаи Ислом пас аз даргузашти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (дар соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ) то кунун (ки соли ҳазору чаҳорсаду сиву ҳафти ҳиҷрӣ аст), ба қарор зер будааст:

1. Ихтилофи мусалмонон

Нахустин сабаби адами иқомаи Ислом пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (аз лиҳози замонӣ), ихтилофи мусалмонон пас аз он Ҳазрат (бо якдигар) буд; Чароки онон пас аз он Ҳазрат, ба суръат (ҳатто пеш аз инки он Ҳазратро ба хок биспоранд, агар нагӯйем дар панҷшанбеи охири умри он Ҳазрат ки монеъ аз навиштани васияти он ҳазрат шуданд), ҳамбастагии худ (ки дар замони ҳаёти он Ҳазрат бо заҳмат ба даст оварда буданд) ро аз даст доданд ва монанди касоне ки пеш аз онон буданд (яъне яҳудиҳо ва масеҳиҳо), фирқа фирқа шуданд ва ҳар фирқае (ақойид ва аъмоли мутафовитеро дар пеш гирифт ва) ба ақойид ва аъмоли худ, дилбастагӣ ёфт (то ҳадде ки ҳозир ба тағйир ё ислоҳи он набуд); Дар ҳоле ки Худованд борҳо (дар оёти мутаъаддид) ва ба рӯшанӣ (бо алфоз ва ибороти сариҳ) ононро аз ин кор барҳазар дошта (ва ҳушдорҳои лозим барои пешгирӣ аз онро дода) ва фармуда буд: «وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ تَفَرَّقُوا وَاخْتَلَفُوا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْبَيِّنَاتُ ۚ وَأُولَٰئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ»;[1] <<Ва монанди касоне набошед ки фирқа фирқа шуданд ва ихтилоф карданд пас аз онки рӯшаниҳо барояшон омад ва ононро азобӣ бузург аст>> (кадом рӯшаниҳо бузургтар аз рӯшаниҳои Қуръон ва суннат ва кадом фирқа фирқа шуданд ва ихтилофи кардан бузуртар аз фирқа фирқа шудан ва ихтилоф карданди мусалмонони нахустин пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба кина ва душманӣ ва ҳатто ҷанг дар миёнашон анҷомид?! Пас онон дақиқан монанди касоне буданд ки фирқа фирқа шуданд ва ихтилоф карданд пас аз онки рӯшаниҳо барояшон омад ва ононро азобӣ бузург аст, магар инки Худованд ононро биёмӯзад ки албатта ин ба худаш марбут мешавад ва ба мо марбут намешавад) Ва фармуда буд: «وَلَا تَكُونُوا مِنَ الْمُشْرِكِينَ؛ مِنَ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا ۖ كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ»;[2] <<Ва аз мушрикон набошед; Аз касоне ки дини худро фирқа фирқа карданд ва гурӯҳ гурӯҳ шуданд; Ҳар гурӯҳе ба ончи назди худ дошт, дилбаста буд>>! (Ин сухани Худованди аззаваҷал ду маъно метавонад дошта бошад: Яке инки фирқа фирқа кардани дини худ ва гурӯҳ гурӯҳ шудан, кори муштаракона аст ва мусалмонон набояд дар мусалмонии худ кори мушриконро анҷом диҳанд ва дигарӣ инки фирқа фирқа кардани дини худ ва гурӯҳ гурӯҳ шудан, аз масодиқи ширк аст ва касоне ки чунин кореро анҷом медиҳанд аз мушриконанд, агарчи худро мусалмон бишуморанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд яке аст ва дини Ӯ ҳам яке аст ва бо ин васф, касоне ки ақойид ва аъмали мухталиферо дини мекунанд, гӯйи худоёни мухталифе гирифтаанд.) Аммо (мутаъассифона) онон (таҳти таъсир авомили мухталифе монанди тарс, нигаронӣ, аҷала ва рақобатҳои қабилаӣ ки устозунал Мансур дар идома ба бархӣ аз онҳо ишора мефармояд,) ҳушдори (мукаррар ва ҷиддии) Худовандро аз ёд бурданд (ки амон аз ин фаромӯшӣ!) ва наҳйи Ӯро исён варзиданд (ки амон аз ин нофармонӣ!) ва пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҳоле ки он Ҳазрат ҳанӯз ба хок супорида нашуда буд (ва аҳли байт ва хонадонаш банӣ Ҳошим, машғули ғаслу кафн ва дафни он Ҳазрат дар хонааш буданд), (дар маконе ба номи Сақифаи банӣ Соъида гирд омаданд ва) дар бораи ҷонишинӣ ӯ ихтилоф карданд ва ин (ихтилофи аҷиб ва номуборак) асл (ва мабдаъи) ҳамаи ихтилофоти онон пас аз он Ҳазрат буд ки то кунун ба наҳви рӯзафзун идома ёфта (яъне ҳар чи гузашта бадтар ва бештар шудааст) ва аз ин рӯ, ба рағми кароҳати бархишон (хусусан салафиҳои мутаъассиб) аз таъаммул дар бораи он (ба тасаввури инки мусталзими беэҳтиромӣ ба саҳоба ё гумроҳии мусалмонон аст), бисёр муҳим ва қобили баррасӣ аст (чароки рафъи ихтилофи мусалмонон бидуни шинохт, баррасӣ ва ислоҳи реша ва хостгоҳи он мумкин нест ва бо ин васф, набояд аз мутолиъаи торихи Ислом тарсе ба худ роҳ дод).

(Аммо моҷарои ин нахустин ихтилофи мусалмонон ки мабдаъ ва маншаъи ҳамаи ихтилофоти онон то имрӯз шуда, чи буд?) Аз лиҳози торихӣ, ба иқтизоӣ ривоёти мутавотир (ки табъан қатъият ва ҳуҷҷият дорад), мусаллам (яъне мавриди қабули ҳамаи мазоҳиби Исломӣ) аст ки асҳоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи инки ҳукумат пас аз он Ҳазрат, барои чи касе аст, ихтилофи назар доштанд; Ба ин тартиб ки гурӯҳе аз онон (монанди Алӣ, Фотима, Салмон, Абу Зар, Миқдод, Ҳузайфа, Зубайр ва бисёрӣ аз банӣ Ҳошим), ҳукумат пас аз он Ҳазратро барои аҳли байти ӯ медонистанд ва гурӯҳӣ дигар (монанди Умар, Абубакр, Усмон, Абу Убайда, Солим ва Абурраҳмон ибни Авф), онро барои дигарон (яъне ғайр аз аҳли байти он Ҳазрат) мешумурданд (ва иттифоқан мӯътақид буданд ки набувват ва хилофат набояд дар як хонадон ҷамъ шавад), дар ҳоле ки чунин ихтилофе миёни мусалмонон (қатъи назар аз инки ҳақ бо кадом як аз онон буд), ба ғоят аҷиб ва дур аз интизор аст; Зеро (бинобар даҳҳо ояи сариҳ дар Қуръон ки ҳар мусалмоне онҳоро дар намозҳои худ ва дар соири авқоти шабонарӯз мехонад,) ҳеҷ тардиде нест ки ҳукумат дар Ислом, (аслан ва зотан) барои Худованд аст ва ба ғайри Ӯ (хоҳ малаки муқарраб бошад ва хоҳ набии мурсал ва хоҳ саҳобаӣ ҷалил бошад ва хоҳ тобеъӣ кабир) таъаллуқ надорад ва ин аз мабонии возеҳ ва зарурии Ислом шумурда мешавад (то ҳадде ки бехабарони аз он аслан нафаҳмидаанд Ислом чист!); Чунонки Худованд бо таъкид фармудааст: «إِنِ الْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ ۖ»;[3] <<Ҳукмронӣ ҷуз барои Худованд нест>> Ва фармудааст: «أَلَا لَهُ الْحُكْمُ»;[4] <<Огоҳ бошед ки ҳукумронӣ барои Ӯст>> Ва фармудааст: «لَهُ الْحَمْدُ فِي الْأُولَىٰ وَالْآخِرَةِ ۖ وَلَهُ الْحُكْمُ»;[5] <<Ситоиш дар дунё ва охират барои Ӯст ва ҳукумронӣ барои Ӯст>> Ва фармудааст: «فَالْحُكْمُ لِلَّهِ الْعَلِيِّ الْكَبِيرِ»;[6] <<Пас ҳукумронӣ барои Худованди волои бузург аст>> Ва фармудааст: «لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ»;[7] <<Ҳукумат барои Ӯст ва ситоиш барои Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавононст>> (диққат кунед ки устозунал Мансур <<Ҳукм>> ро ҳукмронӣ ва <<Мулк>> ро ҳукумат ё ҳокимият тарҷума фармуда ва ин тарҷумаи бисёр дақиқ аст) Ва фармудааст: «ذَٰلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ الْمُلْكُ ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ فَأَنَّىٰ تُصْرَفُونَ»;[8] <<Он аст Худованд Парвардигоатон ки ҳукумат барои Ӯст, ҷуз Ӯ Худое вуҷуд надорад, пас ба куҷо рӯй мегардонед?!>>. (Ба куҷо рӯй мегардонед эй тӯдаҳо?! Ҳукумат бар худро ба ҷои Худованд ба чи касе вогузор мекунед?! Ба диктотурҳо?! Ба мунтахабони аксарият?! Ба миллалҳо?! Ба Абубакри Бағдодӣ?! Магар намедонед ки Худованд Парвардигоратон аст ва ҷуз Ӯ Худое вуҷуд надорад?!) Бо ин васф, (аз ҳайси назарӣ) мусаллам аст ки ҳаққи ҳокимият, дар инҳисори Ӯст ва касе дар он бо Ӯ мушорикате надорад; Чунонки фармудааст: «مَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا يُشْرِكُ فِي حُكْمِهِ أَحَدًا»;[9] <<Ононро ба ҷуз Ӯ ҳеҷ сарпарасте нест ва дар ҳукумати худ касеро шарик намекунад>> (<<Валӣ>> ба маънои касе аст ки вилоят ва сарпарастӣ дорад ва <<Волӣ>> ва <<Валии амр>> аз ҳамин лафз гирифта шуда) Ва фармудааст: «الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُنْ لَهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ»;[10] <<Касе ки ҳукумати осмонҳо ва замин барои Ӯст ва фарзанде нагирифтааст ва барои Ӯ шарике дар ҳукумат нест>> (Пас на касеро дар ҳокимияти худ шарик сохта ва ба ӯ дар бораи он ихтиёроте монанди ихтиёроти худ бахшида ва на касе худаш шарик дар ҳокимияти Ӯ шуда ва дар бораи он ихтиёроте мушобеҳи ихтиёроти ӯ пайдо карда) Ва фармудааст: «ذَٰلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ الْمُلْكُ ۚ وَالَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ مَا يَمْلِكُونَ مِنْ قِطْمِيرٍ»;[11] <<Он Худованд Парвардигоратон аст ки ҳукумат барои Ӯст ва касоне ҷуз Ӯ ки мехонед риштаи ҳастаи хурмоеро молик нестанд>> (то чи расад ба ҳукумат)! Ин ба он маъност ки инсонҳо, баҳрае ҳар чанд андак аз ҳокимият надоранд (хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ҳар кас ҳар баҳрае ҳар чанд андак аз ҳокимият дошта бошад, ба ҳамон андоза дар он шарик аст ва бо ин ҳисоб, бар хилофи таваҳҳумоте ки ривоҷ ёфтааст, ҳокимият барои мардум нест ва мардум ҳеҷ мушорикате дар он надоранд); Чунонки Худованд ба истебъод фармудааст: «أَمْ لَهُمْ نَصِيبٌ مِنَ الْمُلْكِ فَإِذًا لَا يُؤْتُونَ النَّاسَ نَقِيرًا»;[12] <<Ё ононро баҳрае аз ҳокимият аст ки дар он сурат, ба мардум пашизе напардозанд?!>>. (Яъне як фард ё як ҳизб ҳокимиятро ба даст бигирад ва ҳамаи имконот, маносиб, имтиёзҳо, озодиҳо ва ҳуқуқи шаҳрвандиро дар ихтиёри тарафдорони худ қарор диҳад ва аз соири мардум хусусан мухолифон ва мунтақидонаш боз дорад.) Бал ҳокимият, тамоман махсуси Худованд аст; (Ба чи далил?) Зеро танҳо Ӯст ки ҷаҳонро офарида (ва табиъатан бар он султа дорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳар кас бар чизе ки худаш сохтааст ва молаш маҳсуб мешавад тасаллут дорад ва касе наметавонад бидуни изни ӯ дар он тасарруф кунад) ва (дар натиҷаи ҳамин офаринандагӣ ва моликияти табиъӣ) ба (ҳамаи) ниёзҳои он доно ва бар таъминашон тавоност (яъне метавонад бо истифода аз ҳокимияти худ, ҳамаи ниёзҳои ҷаҳон ва ҷаҳониёнро таъмин кунад ва барояшон хушбахтиро ба армуғон бирасонад, дар ҳоле ки дигарон аз ҳамаи ниёзҳои ҷаҳон иттилоъ надоранд ва қаҳран агар бисёр дилсӯз ва хайрхоҳ бошанд ҳам наметавонанд ҳамаи онҳоро таъмин кунанд ва вақте ҳамаи онҳоро таъмин накарданд, ҷаҳон ба хушбахтии шоистаи худ намерасад) ва (аммо суъол ин аст ки Худованд ҳокимияти худро чигуна ва ба чи тартиб ва бо чи воситае эъмол мекунад? Оё аз тариқи ҷабри таквинӣ, ба ин сурат ки ҳар чизеро ба қарор гирифтан дар ҷои муносибаш маҷбур мекунад? Ё аз тариқи фиристодани фариштагон ба унвони зобитони худ?) рӯшан аст ки Ӯ ҳокимияти хешро на аз тариқи ҷабри таквинӣ ё фиристодани фариштагон, бал аз тариқи ҷаъли халифае (яъне ҷонишин ва намояндае) дар замин, эъмол мекунад; Чунонки фармудааст: «إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ»;[13] <<Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам>>; Чунонки ба унвони намуна, (илова бар Одам алайҳи салом ки нахустин халифаи Худованд дар замин буд,) Довуд алайҳи саломро халифае дар замин қарор дод ва фармуд: «يَا دَاوُودُ إِنَّا جَعَلْنَاكَ خَلِيفَةً فِي الْأَرْضِ فَاحْكُمْ بَيْنَ النَّاسِ بِالْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعِ الْهَوَىٰ فَيُضِلَّكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ»;[14] <<Эй Довуд! Мо туро халифае дар замин қарор додем, пас миёни мардум ба ҳақ ҳукумат кун ва аз ҳавои хеш пайравӣ накун ки туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунад>>! (Ин ояи шарифа ду қироъат ва тафсири ғалат аз ояи «إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ» ро бартараф мекунад: Яке инки мурод аз <<Халифа>> сирфан шахси Одам алайҳи салом буда ва баъд аз ӯ халифаи дигаре барои Худованд дар замин вуҷуд надоштааст, бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд Довуд алайҳи саломро ҳам халифае дар замин қарор дода ва маълум аст ки Довуд алайҳи салом хусусияте нисбат ба соири анбиёъи қаблӣ ва баъдӣ ва масалан Набии Мукаррами Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам надошта ва зикри ӯ дар каломи Худованд аз боби намуна буда ва бо ин васф, Худованд ҳамвора дар замин халифае монанди Довуд алайҳи салом доштааст ва дигарӣ инки рӯшан мекунад мурод аз <<Халифа>> навъи инсон ба сурати мутлақ набуда, балки афроди хоссе аз миёни инсонҳо монанди Довуд алайҳи салом будааст ки ба сурати хос аз ҷониби Худованд барои хилофат <<Ҷаъл>> ва ба истилоҳ мансуб шудаанд ва шаъни онҳо ҳукумат кардан миёни мардум ба ҳақ бо амри Худованд ва бидуни пайравӣ аз ҳавои нафс аст ки табиъатан ихтисос ба онҳо дорад ва барои ғайри онҳо мумкин нест.) Ин ба он маъност ки Худованд ба унвони ҳоким бар ҳастӣ (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳокимияти Ӯ бар ҳастӣ дар боло собит шуд), дар иқдомӣ комилан маъқул (яъне уқалоӣ ва маъмули дар миёни уқало), ҳукумати хешро аз тариқи таъйини ноъиб (яъне намояда), эъмол мекунад; Чунонки ҳамаи уқало (дар ҳар низоми сиёсӣ, хоҳ диктотурӣ ва фардмеҳвар бошад ва хоҳ демукротик ва мардумсолорона), барои эъмоли ҳукумати хеш (дар ҷоҳойе ки мубоширати мустақимашон дар он ҷоҳо мумкин нест), ҳамин корро анҷом медиҳанд (ва намояда таъйин мекунанд) ва рӯшан аст ки Ӯ холиқи уқало ва раъиси онон аст (ва табъан уқулоӣ амал мекунанд); Ҳамчунонки фармудааст: «وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ»;[15] <<Ва Худованд ҳукумати хешро ба ҳар кас ки бихоҳад медиҳад ва Худованд гушояндаи доност>> (ин додани ҳукумати хеш ба ҳар кас ки бихоҳад, равиши эъмоли ҳукумати Ӯст) Ва фармудааст: «قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشَاءُ وَتَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ»;[16] <<Бигӯ Худовандо! Молики ҳукумат Туӣ! Ҳукуматро ба ҳар кас ки бихоҳӣ медиҳӣ ва аз ҳар кас ки бихоҳӣ боз мегирӣ>> (ин ихтиёроти том дар насб ва азли ҳоким, наҳваи эъмоли ҳукумати Ӯст); Ҳамчунонки ба унвони мисол, ҳукумати хешро (пеш аз Довуд алайҳи салом) ба Толут алайҳи салом дод ва ин дар ҳоле буд ки асҳоби Паёмбараш, ба ҳукумати ӯ розӣ набуданд ва ҳукматро шойистаи худ мепиндоштанд (чи нуктаи муҳим ва бадеъӣ аст ин нукта ки устозунал Мансур аз китоби Худованд барои мо мегушояд! Ба ростӣ чи касе монанди ин бузургвор китоби Худовандро то ин андоза дарк кардааст ва ганҷинаҳои онро барои мардум истихроҷ мекунад?!); Чунонки фармудааст: «وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ اللَّهَ قَدْ بَعَثَ لَكُمْ طَالُوتَ مَلِكًا ۚ قَالُوا أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُ الْمُلْكُ عَلَيْنَا وَنَحْنُ أَحَقُّ بِالْمُلْكِ مِنْهُ وَلَمْ يُؤْتَ سَعَةً مِنَ الْمَالِ ۚ قَالَ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ ۖ وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ»;[17] <<Ва Паёмбарашон ба онон гуфт ки Худованд барои шумо Толутро ба унвони ҳоким барангехтааст! Гуфтанд: Чигуна барои ӯ ҳукумат бар мо бошад, дар ҳоле ки мо ба ҳукумат аз ӯ шойистатар ҳастем ва ӯ вусъате аз мол надорад?! Гуфт ки Худованд ӯро бар шумо баргузида ва аз илм ва неруӣ ҷисмонӣ вусъат бахшидааст ва Худованд ҳукумати хешро ба ҳар кас ки бихоҳад медиҳад ва Худованд гушояндаи доност>>! (Аз инҷо дониста мешавад ки таъйини ҳоким аз ҷониби Худованд ва ба воситаи Паёмбараш анҷом мешавад ва ризояту кароҳати мардум ҳар чанд аз саҳобаи Паёмбараш бошанд дар он нақше надоранд ва ин акси чизе аст ки навъи мусалмонон ба он мӯътақид шудаанд!)

Ин комилан табиъӣ ва қобили дарк аст ки ҳукумати Худованд, ҳангоме таҳаққуқ меёбад ки таъйини ҳоким дар дасти Ӯ бошад (на дар дасти дигарон); Зеро модоме ки таъйини ҳоким дар дасти дигарон ва на дар дасти Ӯ бошад, ҳукумат барои Ӯ шумурда намешавад (балки барои дигарон шумурда мешавад) ва ин ҳамон аст ки худ ба он ишора карда ва фармудааст: «تَبَارَكَ الَّذِي بِيَدِهِ الْمُلْكُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ»;[18] <<Мутаборак омад касе ки ҳукумат дар дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност>> (<<Ҳукумат дар дасти Ӯст>> яъне чи? Дар чи сурате ҳукумат дар дасти Худованд маҳсуб мешавад? Рӯшан аст дар сурате ки насб ва азли ҳоким ба дасти Ӯ ва дар ихтиёри Ӯ бошад) Ва фармудааст: «فَسُبْحَانَ الَّذِي بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ»;[19] <<Пас покиза омад касе ки ҳокимияти ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ба сӯӣ Ӯ бозгардонда мешавед>> (<<Малакут>> бар вазн <<Фаъалут>> аз <<Мулк>> ба маънои подшоҳӣ ва ҳукумати гирифта шуда) Ва фармудааст: «قُلْ مَنْ بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ يُجِيرُ وَلَا يُجَارُ عَلَيْهِ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ»;[20] <<Бигу кист ки ҳокимияти ҳар чиз ба дасти Ӯст ва Ӯ паноҳ медиҳад ва паноҳ дода намешавад агар доно будаед>>! (Паноҳ додан ва қабул паноҳандагӣ дар ҳама ҷои дунё аз ихтиёроти ҳоким аст ва ба ҳамин далил, Худованд ҳангоме ки ҳокимият бар ҳар чизеро ба дасти худ мешуморад, ба бархурдории худ аз ин ихтиёрот ишора мефармояд.) Бо ин васф, таъаллуқи ҳокимият ба Ӯ (ки дар оёти мухталифи Қуръон мавриди таъкид қарор гирифтааст), дар амал (ҳангоме ки мехоҳем онро ба расмият бишносем ва риъоят кунем) маъное ҷуз ибтиноъи (яъне мубтанӣ будани) он бар ихтиёри Ӯ қатъи назар аз ихтиёри дигарон (хоҳ бо он мувофиқ бошад ва хоҳ мухолиф), надорад; Чунонки фармудааст: «وَرَبُّكَ يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ وَيَخْتَارُ ۗ مَا كَانَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ ۚ سُبْحَانَ اللَّهِ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ»;[21] <<Ва Парвардигорат ҳар чизе ки бихоҳадро меофаринад ва ихтиёр мекунад, ононро ихтиёре нест; Худованд поктар ва волотар аз чизе аст ки шарики Ӯ қарор медиҳанд>>! (Мулоҳиза мекунед ки оёти Худованд то чи андоза рӯшан ва гӯё аст ва бо ин ҳол, мусалмонон то чи андоза дар бораи он ихтилоф кардаанд ва ба хилофи он амал кардаанд! Албатта инсоф он аст ки оёти Худованд аз забони росихон дар олиме монанди устозунал Мансур то ин андоза рӯшан ва гӯё таҷаллӣ мекунад, вагарна вақте аз забони асҳоби аҳвоъ ва мазоҳиб ва касоне ки ба таъбири Қуръон «فِي قُلُوبِهِمْ زَیْغٌ» ҳастанд шунида мешавад, муғлақ ва маҷмул ҷилва мекунад ва чи басо боъиси гумроҳӣ ва саргардонӣ мешавад ва ин ҳамон аст ки Худованд дар бораи он фармудааст: «وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ ۙ وَلَا يَزِيدُ الظَّالِمِينَ إِلَّا خَسَارًا» [Исроъ/ 82]; <<Аз Қуръон чизеро нозил мекунем ки барои мӯъминон шифо ва раҳмате аст ва барои золимон ҷуз зиён намеафзояд>>! Лизо мебинед ки мусалмонон ин оёти рӯшан ва гӯёро ҳар рӯз ва ҳар шаб мехонанд, вале маъноӣ онро дар намеёбанд; Чунонки гӯйи Худованд дар бораи ҳаминон фармудааст «فَمَالِ هَٰؤُلَاءِ الْقَوْمِ لَا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ حَدِيثًا» [Нисоъ/ 78]; <<Пас ин гурӯҳро чи мешавад ки наздик нест суханеро дарёбанд?!>>)

Ба иборати дигар, (аз лиҳози мабноӣ) бозгашти ҳокимият дар Ислом (яъне мабнои ҳукумати Исломӣ), ба изни Худованд аст (яъне ҳукуматӣ Исломӣ ва машруъ шумурда мешавад ки пайдоиш ва бақоъи он бо изни Худованд бошад), балки ҳеҷ амре аз умур (яъне амале аз аъмоли ихтиёрии инсон), ҷуз бо мунтаҳӣ шудан ба изни Ӯ (хоҳ ба сурати мустақим ва хоҳ ба сурати ғайри мустақим) машруъият надорад ва ин (таҳаққуқи машӯръият бо изни мустақим ё ғайри мустақими Худованд) аз муҳимтарин қавоъиди бунёдин дар Ислом аст; Чунонки борҳо ва бо таъакид (дар китоби худ) фармудааст: «أَلَا إِلَى اللَّهِ تَصِيرُ الْأُمُورُ»;[22] <<Огоҳ бошед ки ҳамаи корҳо ба Худованд боз мегарданд>> (<<Боз мегарданд>> яъне мунтаҳӣ мешаванд; Ба ин маъно ки чистӣ ва чигунагии ҳамаи онҳоро Худованд таъйин мекунад) Ва фармудааст: «وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ»;[23] <<Ва ҳамаи корҳо ба Худованд бозгашт дода мешаванд>> (яъне ба зоти муқаддаси Ӯ ирҷоъ мешавад ва машрӯъияту сиҳҳати худро аз Ӯ мегиранд) Ва фармудааст: «وَإِلَى اللَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ»;[24] <<Ва ҳамаи корҳо ба Худованд саранҷом меёбанд>> (яъне мунтаҳӣ мешаванд ва моли онҳо аз ҳайси сиҳҳат Ӯст; Ҳамчунонки натиҷаи мутараттиб бар онҳо вобаста ба мизони интибоқашон бар амри Худованд аст) Ва фармудааст: «وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ وَإِلَى اللَّهِ الْمَصِيرُ»;[25] <<Ҳукумати осмонҳо ва замин барои Худованд аст ва ба Худованд бозгашт дода мешавад>>! (Таъкид бар инки ба Худованд бозгашт дода мешавад пас аз таъкид бар инки ҳукумат барои Ӯст, метавонад ишораи зимнӣ ба ин бошад ки ҳар ҳукумате дар ҷаҳон барои инки машрӯъият дошта бошад, бояд ба ҳукумати Ӯ бозгардад; Чароки ҳукумат дар асл барои Ӯст ва қаҳран ҳукумати дигарон бо изни Ӯ машрӯъият пайдо мекунад.) Ин ба он маъност ки мабнои машрӯъият дар Ислом, (қудрат ё сарват ё тарафдорони бештар ё ҳатто фақоҳат нест, балки) изни Худованд аст ва ҳар коре ки ба изни Худованд боз намегардад, Исломӣ шумурда намешавад (пас корӣ Исломӣ аст ки Худованд ба он изн дода ва коре ки Худованд ба он изн надода, ғайри Исломӣ аст) ва табъан ба ҷаннат ва мағфирати Ӯ намеанҷомад; Чунонки ба рӯшанӣ фармудааст: «وَاللَّهُ يَدْعُو إِلَى الْجَنَّةِ وَالْمَغْفِرَةِ بِإِذْنِهِ ۖ»;[26] <<Ва Худованд ба ҷаннат ва мағфират даъват мекунад бо изни худ>>; Ба ин маъно ки изни худро василаи машрӯъият бахшидан ба корҳо ва табъан найл ва ризояти хеш аз тариқи анҷоми онҳо қарор медиҳад. (Инҳо ганҷинаҳои Қуръон аст ки тавассути устозунал Мансур истихроҷ мешавад ва то ин андоза тозагӣ ва тароват дорад. Инки дар ривоёти аҳли байт омадааст вузароъи Маҳдӣ бо онки арабзабон нестанд, Қуръонро он тавр ки нозил шудааст ба мардум таълим медиҳанд, ба комилтарин шакли худаш дар ин бузургвор мутаҷаллӣ аст. Ба росӣ чи касе монанди ин бузургвор маъноӣ Қуръонро дарк карда ва чи касе аз ӯ ба китоби Худованд олимтар аст?! Ин тавр нест ки мо олимонеро надида бошем ё бо асотид ва бузургон нанишаста бошем. Иттифоқан мо олимони бисёреро дидаем ва бо барҷастатарин асотид ва бузургони замонамон муъошират доштаем, вале инсофан касеро дар ҳадду андозаи ин бузургвор надидаем. Ҳамаи онон дар баробари ин инсони бузург, монанди ситорагоне дар баробари хуршед ҳастанд. Ин мард аслан аз ҷинси дигар аст! Ингор ки аз олами дигаре омадааст! Илм дар қалби ӯ меҷӯшад ва берун мезанад ва ин тавр нест ки аз берун ба қалби ӯ ворид шавад! Инро касоне ки бо эшон муъошират доштаанд комилан ҳис кардаанд ва касоне ки басират ва диққати назар доранд дарк мекунанд. Бо ин ҳама, касоне ҳам ёфт мешаванд ки ба мо айб мегиранд ва мегӯянд ки чаро ба ин мард <<Аллома>> мегӯйед?! <<Аллома>> ба маънои мардӣ бисёр олим аст ва инҳо мӯътақиданд ки набояд бар ин бузургвор итлоқ шавад! Дуъонависҳо ва истихорачиҳо ва равзахонҳои инҳо ҳамагӣ <<Ҳуҷҷатул Ислом>> ва <<Оятуллоҳ>> ҳастанд, вале ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки маъдани улуми Раббони ва махзани маъорифи Раҳмония аст, <<Аллома>> нест! Маълум аст ки инҳо бисёр тангназар ва кӯтоҳфикранд ва аслан нафаҳмидаанд ки чи хабар аст! Инсон бояд садоқат дошта бошад ва ҳаққро бигӯяд ва набояд мутакаббир ва лаъим бошад! Оё ин бузургвор марди бисёр олиме нест?! Албатта шояд инҳо аз ҷиҳатӣ дигар дуруст мегӯянд; Чароки лафзи <<Аллома>> лафзӣ қосир ва ноқис аст ва наметавонад баёнгари азамати илмӣ ин шахсияти истисноӣ бошад, вале чи метавон кард?! Алфоз аз ҳуруфи маҳдуди алифбо сохта шудаанд ва ночор бояд яке аз онҳоро интихоб кард! Ин аз дармондагии мост ки ба чунин инсони бузург <<Аллома>> мегӯйем; Чароки инсофан ин лафз ӯро боло намебарад, балки пойин меоварад! Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки онро бисёр мустаъмал кардаанд ва барои ҳар кас ва нокасе ба кор бурдаанд! Ба ҳар ҳол, Худованд ин бандаи солеҳашро аз чашми ҳасудон ва забони каҷандешон ҳифз бифармояд ва ӯро ба ҳамаи омол ва аҳдофаш бирасонад.

Идомаи баҳсро дар ҷаласаи баъди пай мегирем ин шоъ Аллоҳ.

و السّلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Оли Имрон/ 105.

↑[2] . Рум/ 31 ва 32.

↑[3] . Анъом/ 57.

↑[4] . Анъом/ 62.

↑[5] . Қасос/ 70.

↑[6] . Ғофир/ 12.

↑[7] . Тағобун/ 1.

↑[8] . Зумар/ 6.

↑[9] . Каҳф/ 26.

↑[10] . Фурқон/ 2.

↑[11] . Фотир/ 13.

↑[12] . Нисоъ/ 53.

↑[13] . Бақара/ 30.

↑[14] . Сод/ 26.

↑[15] . Бақара/ 247.

↑[16] . Оли Имрон/ 26.

↑[17] . Бақара/ 247.

↑[18] . Мулк/ 1.

↑[19] . Ёсин/ 83.

↑[20] . Мӯъминун/ 88.

↑[21] . Қасос/ 68.

↑[22] . Шуро/ 53.

↑[23] . Оли Имрон/ 109.

↑[24] . Луқмон/ 22.

↑[25] . Нур/ 42.

↑[26] . Бақара/ 221.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Барои шунидани савти дарси сиву нуҳум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?