Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси сиву шашум
Мавзӯъ:

Имкони иқомаи кулли Ислом

 (أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар ду дарси қабли, рӯшан шуд ки иқомаи Ислом танҳо ҳангоме таъмин кунандаи саъодати мусалмонон аст ки кулли он бидуни зиёдат ва нуқсон иқома шавад. Акнун ин суъол пеш меояд ки оё аслан иқомаи кулли Ислом ба ин сурат мумкин аст?! Бо таваҷҷуҳ ба инки иртикози зеҳнӣ барои мусалмонон вуҷуд дорад ва он ин аст ки иқомаи кулли Ислом бидуни зиёдат ва нуқсон мумкин нест; Ба ин маъно ки аз ӯҳдаи мусалмонон хориҷ аст. Бисёр шунадаем ки онон мегӯянд: Ҳеҷ як аз мо қодир нест ба ҳамаи Ислом амал кунад ва аз ин рӯ, амал ба ҳар миқдор аз он ки бароямон мақдур аст кофӣ аст. Аммо суъол он аст ки оё ин пешзеҳнияти шойеъ дуруст аст ва амал ба ҳамаи Ислом мақдур нест?! Дар ин сурат, ҳамаи Ислом барои чи манзуре ташриъ шудааст?! Шакке нест ки ташриъи он абас набуда, балки бо ҳадафи амал ба он анҷом шудааст. Аз ин рӯ, пешзеҳнияти мазкур бо вуҷуди шеваъе ки дар миёни мусалмонон ёфтааст, дуруст нест ва иқомаи кулли Ислом мумкин аст. Устозунал Мансур дар ин бора таҳти унвони)

[Имкони иқомаи кулли Ислом]

(Мефармояд:) Мумкин аст пиндошта шавад ки амал ба кулли Ислом (бидуни зиёдат ва нуқсон), мумкин нест ва бо ин васф, чорае ҷуз амал ба ҷузъӣ аз он вуҷуд надорад (бинобар ин қоъидаи уқалоӣ ки «ما لا يُدرَکُ کلُّهُ لا يُترَکُ کلُّه»; Яъне ҳар чизе ки кулли он ба даст намеояд кулли он вониҳода намешавад) ва ҳаргоҳ амал ба ҷузъӣ аз он муҷзӣ (яъне кифоят кунанда ва муҷиби бароъати зиммаи мусалмонон) набошад, бечорагӣ (барои онон) падид меояд ки (мунофӣ бо адолати Худованд аст ва табъан) мумкин нест (сурати истедлол ин аст ки амал ба ҳамаи Ислом мумкин нест ва агар амал ба ҷузъе аз Ислом ки имкон дорад кофӣ набошад, бунбаст падид меояд, дар ҳоле ки адолати Худованд иқтизо мекунад ки бандагони худро дар бунбаст қарор надиҳад ва аз ин рӯ, чорае нест ҷуз онки амали онон ба ҷузъӣ аз Ислом кофӣ бошад); Аммо рӯшан аст ки ин пиндорӣ воҳӣ (яъне суст ва бебунёд) аст; Чароки мусалламан Худованд ба иқтизои ҳикмат ва раҳматаш (яъне аз он ҳайс ки Ҳаким аст ва кори ҷоҳилона намекунад ва Раҳим аст ва бандагони худро ба коре ки дар қудраташон нест таклиф намефармояд), чизеро дар Ислом қарор надодааст ки амали ба он мақдур набошад (чун агар амал ба чизе мақдур набошад, ҳикмат ва раҳмати Худованд иқтизо мекунад ки онро дар Ислом қарор надиҳад, на инки қарор диҳад ва вуҷуби амал ба онро бардорад); Бал қарор додани чизе дар Ислом, бо ҳадафи амали (мусалмонон) ба он буда ва рӯшан аст ки қарор додани чизе дар Ислом ки амали (мусалмонон) ба он мақдур нест, абас аст ва бо ин васф, аз Худованд содир намешавад (чароки Ҳаким, кори абас анҷом намедиҳад). Ба илова, тардиде нест ки Худованд (дар китоби худ ва суннати Паёмбараш) ба (иқомаи) ҳамаи Ислом ва на танҳо бахшӣ аз он, амр карда (чунонки ба унвони мисол фармудааст: «أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا فِيهِ ۚ» [Шуро/ 13]; <<Ҳамаи динро иқома кунед ва дар он тафриқа накунед>>) ва возеҳ аст ки амри Ӯ ба муҳол (яъне кори ғайри мумкин), муҳол аст; Чароки бо ҳикмати Ӯ мунофот дорад (бо таваҷҷуҳ ба инки ба кори ғайри мумкин амр намекунад. Бинобарин, аз амри Ӯ ба иқомаи ҳамаи дин дар меёбем ки иқомаи ҳамаи дин мумкин аст). Вонгаҳе (ҷудо аз ин қоъидаи куллӣ) дар кулли Ислом (ба сурати мисдоқӣ) чизе иддаъо нашудааст ки ақида ё амали ба он, зотан муҳол бошад (яъне вақте мо ба сурати истиқроъӣ ҳар як аз ақойид ва аъмоли Ислом ки дар Қуръон ва суннати Паёмбар собит астро ҷудогона баррасӣ мекунем, ақида ё амалеро дар миёни онҳо намебинем ки ба зоти худ ғайри мумкин бошад. Ақойиди Ислом дар заминаи тавҳиди Худованд ё набуввати Паёмбар ё ҷаҳони охират, ҳеҷ як ғайри маъқул нест ва аҳкоми Ислом дар заминаи ибодот ва муъомилоти ҳамагӣ осон ва қобили иҷро аст ва мурод аз кулли Ислом, чизе ҷуз маҷмӯъи ҳамин ақойиди маъқул ва аҳкоми амалӣ нест). Бо ин ҳол, танҳо ваҷҳе ки метавон барои адами имкони амал ба кулли Ислом ёд кар, адами имкони илм ба кулли он аст (чун ҳар ҷузъӣ аз Ислом ки илми ба он вуҷуд дорад, амалӣ аст, вале ба ҷузъе аз он ки илми ба он вуҷуд надорад, мумкин нест); Бо таваҷҷуҳ ба инки илми ба кулли Ислом, барои амали ба кулли он зарурӣ аст (чароки амал ба маҷҳул, имкон надорад) ва албатта (ин илми ба кулли Ислом) танҳо барои касе мумкин аст ки онро ташриъ кардааст (чун куллӣ он чизе ҷуз маҷмӯъи ташриъҳои Ӯ нест ва ибтидоъан танҳо Ӯ медонад ки чи чизҳоеро ташриъ кардааст ва дигарон ҷуз аз тариқи Ӯ наметавонанд аз он иттилоъе ҳосил кунанд) ва бо ин васф, илми мусалмонон ба кулли он ва табъан амалашон ба кулли он (бо таваҷҷуҳ ба инки мутаваққиф бар илмашон ба кулли он аст), мумкин нест. Аммо ҳақ он аст ки ин ваҷҳ (яъне адами имкони амал ба кулли Ислом бо таваҷҷуҳ ба адами имкони илми ба кулли он) низ мардуд аст; Чароки мусалламан Худованд, амал ба кулли Исломро бар мусалмонон воҷиб сохтааст (чунонки ба сурати мутлақ фармудааст: «أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ» [Шуро/ 13]; <<Ҳамаи динро иқома кунед>>) ва бо ин васф, аз таваққуфи он бар илм ба кулли Ислом, танҳо лузуми таълими кулли Ислом бар Худованд лозим меояд (яъне лозим меояд ки Худованд кулли Исломро ба мусалмонон таълим диҳад ё ба ибороти дақиқтар, имкони амал ба кулли Исломро барои онон фароҳам кунад), на рафъи вуҷуби амал ба кулли он (яъне лозим намеояд ки Худованд вуҷуби амал ба кулли Исломро аз ӯҳдаӣ мусалмонон бардорад. Тавзиҳ онки вақте амал ба кулли Ислом ниёз ба илми ба кулли Ислом дорад ва илми ба кулли Ислом танҳо барои Худованд мумкин аст, бар Худованд воҷиб аст ки яке аз ду корро анҷом диҳад: Ё вуҷуби амал кулли Исломро аз гардани мусалмонон бардорад ва ё тариқае барои илми онон ба кулли Ислом қарор диҳад. Аммо маълум аст ки Худованд вуҷуби амал ба кулли Исломро аз гардани мусалмонон барнадошатааст; Чароки рӯшан шуд ташриъи чизе дар Ислом ки амал ба он мумкин ва зарурӣ нест имкон надорад ва бо ин васф, амал ба ҳар чизе ки ҷузъияти он дар Ислом маълум аст, воҷиб аст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ташриъҳои Худованд дар Ислом мубтанӣ бар масолеҳ ва мафосиди воқеъӣ ҳастанд ва бо ин васф, бардоштани вуҷуби амал ба онҳо муҷиби фавти масолеҳи воқеъӣ ва ибтило ба мафосиди воқеъӣ мешавад ки қабеҳ аст. Лизо бар Худованд воҷиб нест ки вуҷуби амал ба бархӣ аз ташриъҳои худро бардорад, бал иттифоқан воҷиб аст ки ин корро накунад ва ба ҷои он, тариқе барои илми мусалмонон ба кулли онҳо қарор диҳад); Ба ин маъно ки бо таваҷҷуҳ ба лузуми амал ба кулли Ислом ва таваққуфаш бар илм ба кулли он ва инҳисори зотии ин илм ба Худованд, бар Худованд лозим аст ки ба наҳвӣ аз анҳоъ (монанди фиристодани Паёмбар), илм ба кулли онро барои мусалмонон мумкин кунад (на инки ҳамаи ононро билфеъл олим кунад; Чароки ин кор зарурӣ нест ва чи басо бо қобилият ва ихтиёри онон мунофот дорад, бал кофӣ аст ки имкони илм ба кулли Исломро барои онон фароҳам кунад) то узре дар баробари Ӯ барои амал накардан ба кулли Ислом ва табъан вуқуъ дар шақовати (ухравӣ) ва мушкилоти (дунявӣ), надошта бошанд (агарчи ба ихтиёри худ аз ин имкон истифода накунанд; Чароки вақте имкони илм ба кулли Исломро барои онон фароҳам карда бошад ва онон аз ин имкон истифода накрда ва ҷоҳил монад бошанд, дар назари уқало масъул ва мазмум ҳастанд ва маъзур шумурда намешаванд). Рӯшан аст ки ин таълим (аз ҷониби Худованд), иҷтинобнопазир (яъне танҳо роҳкори мавҷуд) ва (ба ҳамин далил) қатъӣ аст ва бо ин васф, (дар мақоми амал) ба ду сурат мумкин аст: Ё Худованд ҳамаи мусалмононро мустақиман (масалан аз тариқи ваҳй) ба кулли Ислом олим месозад (ба наҳве ки ҳамаи онон бидуни истисно ҳамаи ақойид ва аҳкоми воқеъӣ Исломро бишиносанд ва ҳеҷ як ба дигарӣ эҳтиёҷ надошта бошад то ба ин тартиб, қодир ба иҷроӣ ҳамаи Ислом бошанд) ва ё (ҳамаи мусалмононро ба кулли Ислом олим намесозад, балки) бархӣ аз ононро барои ин амр бар мегузинад то дигарон ба наҳви ғайри мустақим, илм ба кулли Исломро аз онон фаро гиранд. (Тавзеҳ онки ақлан се ҳолат дар ин замина мутасаввир аст: Инки Худованд ҳеҷ касро ба кулли Ислом огоҳ насозад; Инки ҳамагонро ба кулли Ислом огоҳ созад; Инки бархиро ба кулли Ислом огоҳ созад то бархӣ дигар ба онон муроҷиъа кунанд. Аммо рӯшан шуд ки ҳолати аввал ҷойиз нест; Чароки бо ҳикмати Худованд мунофот дорад ва ҳолоти дуввум низ зарурат надорад ва мунофӣ бо қобилият ва ихтиёри мардум аст. Ба илова, машҳуд аст ки амалан низ воқеъ нашудааст, дар ҳоле ки агар зарурат дошт ҳатман воқеъ шуда буд. Лизо устозунал Мансур мефармояд:) Аз онҷо ки мусаллам аст Худованд ҳамаи мусалмононро мустақиман ба кулли Ислом олим насохта (зеро мо ба вузуҳ мебинем ки бештари онон ҷоҳил ҳастанд), маълум мешавад ки бархӣ аз ононро ба кулли Ислом олим сохта (чароки ин танҳо ҳолати мумкин ва боқӣ монда аст) ва табъан бар дигарон воҷиб аст ки ононро бишиносанд ва аз онон таълим пазиранд (чароки вақте амал ба кулли Ислом бар ҳамагон воҷиб аст ва илм ба кулли он танҳо дар ихтиёри бархӣ аз онон аст, барои дигарон чорае ҷуз муроҷиъа ба ин гурӯҳ намемонад, дар ҳоле ки муроҷиъа ба ин гурӯҳ мутаваққиф бар шинохти онон аст ва аз ин рӯ, шинохти онон бар дигарон воҷиб аст; Ба наҳве ки агар ононро нашиносанд дар ҷаҳли ба Ислом боқӣ мемонанд ва ба таъбири машҳури Набавӣ <<Ба марги ҷоҳилият мемиранд>>. Лизо ин суъоли муҳим падид меояд ки онон чи касоне ҳастанд? Устозунал Мансур посух медиҳад:). Онон, бо таваҷҷуҳ ба инки (рӯшан шуд) илм ба кулли Ислом (дар асл) ихтисос ба Худованд дорад, ногузир ё Паёмбаранд ки (дар партуви иртиботи ваҳёнӣ бо Худованд) илм ба кулли Исломро мустақимам аз Худованд талаққӣ кардаанд (ба ин тартиб ки Худованд аз тариқи ваҳй, ҳамаи ақойид ва аҳкоми дини худро ба иттилоъи онон расондааст) ва ё муртабит ба Паёмбаранд ки (дар партуви иртиботи кофӣ бо ӯ) илм ба кулли Исломро ғйри мустақим ва аз Паёмбар дарёфт намудаанд (ба ин тартиб ки Паёмбар ҳамаи ақойид ва аҳкоми динро пас аз дарёфти ваҳйе аз Худованд ба онон интиқол дода ва омӯхтааст. Рӯшан шуд ки аз назари ақл, ҳолоте ҷуз ин ду мутасаввир нест; Чароки таълими ҳамаи дин ба бархӣ аз мардум тавассути Худованд ё мустақим анҷом мешавад ё ғайри мустақим. Агар мустақим анҷом шавад, ба он идда аз мардум ба эътибори иртиботи мустақимашон бо Худованд Паёмбар гуфта мешавад ва агар ғайри мустақим ва ба воситаи Паёмбарон анҷом шавад ба он идда аз мардум, Паёмбар гуфта намешавад, вале метавон ба онон халифа яъне ҷонишини Паёмбар гуфт; Чароки таълими кулли дин ба мардумро ба ҷои Паёмбар ӯҳдадор шудаанд ва аз ҷониби ӯ ақойид ва аҳкоми Исломро ба мусалмонон иблоғ мекунанд) ва чунин касоне (яъне таълим диҳандагони кулли Ислом ба мусалмонон, хоҳ Паёмбар бошанд ва хоҳ хулафоъи Паёмбар), ба эътибори ниёбаташон аз Худованд дар таълими кулли Ислом, халифаи Худованд дар миёни мусалмонон шуморда мешаванд (чароки халифаи як кас нойиби ӯ дар анҷоми вазифаи ӯст ва инон нойиби Худованд дар таълими кулли Ислом ба бандагонаш ҳастанд. Тавзиҳ онки таълими кулли Ислом ба мусалмонон бар ӯҳдаӣ Худованд аст ва Ӯ ин корро худаш мубоширатан анҷом намедиҳад, балки аз тариқи гирифтани нойиб анҷом медиҳад ва бо ин васф, нойиб ё ҳамон халифаи Ӯ воситаи Ӯ дар таълими кулли Ислом ба мусалмонон аст). Аз инҷо дониста мешавад ки Худованд дар замин халифаеро қарор додааст (мефармояд <<Қарор додааст>> ба далили инки зарурати қарор додани он собит шуд ва собит аст ки Худованд ҳар кори заруриро анҷом додааст); Чунонки ба унвони равияи худ, аз он ёд карда ва фармудааст: «إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ»;[1] <<Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам>> (таъбири <<Қарор диҳандаам>> ҳамон тавр ки устозунал Мансур дар бархӣ гуфторҳои нуронии худ фармудааст, гунаӣ истемрор ва тадовимро дар қарор додан мерасонад. Ҷудо аз ин возеҳ аст ки таъбири мазкур ихтисосе ба Одам алайҳи салом надошта; Чароки Худованд назири онро дар бораи Довуд алайҳи салом низ ба кор бурда ва фармудааст: «يَا دَاوُودُ إِنَّا جَعَلْنَاكَ خَلِيفَةً فِي الْأَرْضِ» [Сод/ 26]; <<Эй Довуд! Мо туро халифае дар замин қарор додем>>. Бинобарин, танҳо халифаи Худованд дар замин, Одам алайҳи салом набудааст, балки ҳамаи гумоштагони Худованд дар замин барои таълими динаш халифаи Ӯ дар он будаанд.) Ва рӯшан аст ки ин халифа, ҳаргоҳ (аз ҷониби Худованд) олим ба кулли Ислом ва мукаллаф ба таълими он бошад, метавонад кулли онро ба мусалмонон таълим диҳад ва (аз ин тариқ) қобили амал тавассути онон гардонад (чун рӯшан шуд танҳо чизе ки монеъ аз амали онон ба кулли Ислом мешавад, адами илми онон ба кулли он аст ки бо таълими онон аз халифаи Худованд дар замин бартараф мешавад) ва рӯшан аст ки бо ин васф, таъаллум аз ӯ бар мусалмонон воҷиб хоҳад буд (чароки амали онон ба кулли Ислом ақлан ва шаръан воҷиб аст, дар ҳоле ки мутаваққиф бар таъаллуми онон аз ӯст. Бинобарин, таъаллими онон аз ӯ ақлан воҷиб хоҳад буд ва шаръан низ Худованд ба онон амр карда ва фармудааст: «فَاسْأَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِنْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ» [Наҳл/ 43]; <<Аз аҳли зикр бипурсед агар илм надоред>>). Аз ин мабно лозим меояд ки замин ҳеҷ гоҳ аз чунин халифае (аз аҳли зикр) холӣ набошад; Чароки хулувви (яъне халаъи) ӯ, ҳар чанд барои замонӣ кӯтоҳ (масалан як рӯз ё як соъат), мусталзими адами имкони илм (ба кулли Ислом) ва табъан амал ба кулли Ислом дар он замон аст ва аз онҷо ки ин адами имкон (ҳар чанд кӯтоҳмуддат бошад), мустанад ба Худованд (яъне ношӣ аз ирода ва феъли Ӯ) ва муҷиби хасорати (моддӣ ва маънавии) мусалмонон аст, мумкин нест ва Худованд аз он танзиҳ мешавад (чароки иғроъ ба ҷаҳл ва бар хилофи адолат аст ва аз сифати Худованд нест ва лизо Худованд аз он муназзаҳ шумурда мешавад). Оре, ҳаргоҳ чунин халифае дар миёни мусалмонон (аз ҷониби Худованд) қарор дода шуда бошад, вале онон (бо таваҷҷуҳ ба бақоъи ихтиёроташон) ба сабаби тақсири худ (дар илтизом ба меъёр ва иҷтиноб аз мавонеъи шинохт), ӯро нашиносанд ва (аз тариқи заминасозӣ барои тамаккуни ӯ) мутамаккини аз таълим нагардонанд (бо таваҷҷуҳ ба инки ӯ аз он ҳайс ки башаре монанди дигарон аст, мутамаккин аз таълими дигарон мутаваллид намешавад ва худаш бидуни қабул, мусоъидат ва тасҳили дигарон наметавонад мутамаккин аз таълими онон шавад), ироде бар Худованд ворид нахоҳад буд (чароки Худованд вазифаи худашро анҷом додааст ва бандагонаш вазифаи худро анҷом надодаанд) ва дар ин сурат, бечорагии онон мумкин хоҳад буд; Чароки бечорагии (мусалмонон ба ин маъно ки дар тангно ва бунбаст гирифтор шаванд), ҳаргоҳ ношӣ аз феъли мусалмонон ва на ношӣ аз феъли Худованд бошад, мумкин аст (чароки кори номаъқул ва ғайри одилона аз Худованд муҳол аст на аз мусалмонон ва мусалмонон мумкин аст ҳамоқат ҳам бикунанд ва худро дар тангно ва бунбаст қарор диҳанд); Ба ин сурат ки амал ба ҷузъӣ аз (аҷзоъи) Ислом ба сабаби тақсири онон дар таҳсили муқаддамоти он (яъне муқаддамоти амал ба он ҷузъе ки иборат аз шинохт ва мутамаккини халифаи Худованд дар замин аст), ғайри мумкин (бошад) ва амал ба сойири аҷзоъи Ислом бидуни амал ба он (ҷузъ), ғайри муҷзӣ (яъне нокофӣ) бошад (яъне аз як тараф амал ба кулли Ислом ба далили адами шинохт ва мутамаккин сохтани халифаи Худованд дар замин мумкин набошад ва аз тарафи дигар амал ба ҷузъе аз Ислом кофӣ ва муҷиби бароъати зиммаи мусалмонон набошад ва хулоса, амал ба кулли Ислом ғайри мумкин ва амал ба ҷузъе аз он ғайри кофӣ бошад); Ҳар чанд чунин ҳолате (як тангно ва бунбасти воқеъӣ барои мусалмонон маҳсуб намешавад; Чароки), бо таваҷҷуҳ ба имкони тарки тақсир барои мусалмонон, қобили рафъ хоҳад буд (тавзиҳ онки тангно ва бунбасти пеш омада, ношӣ аз тақсири мусалмонон дар шинохт ва мутамаккин сохтани халифаи Худованд дар замин будааст ва табъан бо тарки ин тақсир қобили рафъ аст. Аз ин рӯ, метавон гуфт ки тангно ва бунбастӣ ҳақиқӣ барои мусалмонон пеш наёмада ва роҳи чора ва берунрафт барои онон боқӣ аст; Чароки Худованд имкони шинохт ва мутамаккин сохтани халифаи худ дар заминро дар ҳар замоне барои онон қарор додааст; Чунонки устозунал Мансур дар мабоҳиси марбут ба <<Маҳдӣ>> ба тафсил дар ин бора сухан хоҳад фармуд); Чунонки Худованд фармудааст: «ضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ الذِّلَّةُ أَيْنَ مَا ثُقِفُوا إِلَّا بِحَبْلٍ مِنَ اللَّهِ وَحَبْلٍ مِنَ النَّاسِ وَبَاءُوا بِغَضَبٍ مِنَ اللَّهِ وَضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ الْمَسْكَنَةُ ۚ»;[2] <<Зиллат бар онон зада шуд ҳар ҷо ки ёфт шаванд магар назди ресмоне аз Худо ва ресмоне аз мардум ва ба хашме аз Худо дучор омаданд ва бечорагӣ бар онон зада шуд>> (ваҷҳи истишҳод ба оя, истиснои мавҷуд дар он ба унвони роҳи чора ва берунрафт аз <<Зиллат>> ва <<Масканат>> аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд ононро дар ҳар ҷойе ки бошанд дучори <<Зиллат>> ва <<Масканат>> шумурдааст магар онки ба ресмоне аз Худованд яъне китоби Ӯ ва ресмоне аз мардум яъне халифаи Ӯ мутамассик шаванд; Чунонки дар мабоҳиси оянда дар бораи ин маъно бештар тавзиҳ хоҳад дод) Ва фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ ۗ»;[3] <<Бегумон Худованд чизеро барои қавме дигаргун намекунад то он гоҳ ки онон чизе ки дар худашон астро дигаргун кунанд>>! (Ваҷҳи истишҳод ба ин оя низ масъул будани мардум нисбат ба тангно ва бунбасти мавҷуд ба далили адами тағйири асбоб ва муқтазиёти он дар худашон аст; Чароки Худованд мефармояд тағйири вазъияти мавҷуд мутаваққиф бар тағйири асбоб ва муқтазиёти он тавассути мардум аст.)

Хулоса онки иқомаи кулли Ислом ба ҳамон андоза ки (барои саъодат ва ҳалли мушкилоти мусалмонон) зарурӣ аст, мумкин аст; Ҷуз онки дар гарави илми ба кулли он аст (чун амал ба маҷҳул мумкин нест) ва илми ба кулли он, барои Шореъи он мумкин аст (чун иборат аз эътибороти Ӯст ки табиъатан барои худаш маълум аст) ва ногузир аз Ӯ ахз мешавад (чун агар Ӯ эълом накунад ки Ман чи чизе ташриъ кардаам, касе наметавонад аз он огоҳӣ пайдо кунад) ва Ӯ ё он (яъне илми ба кулли Ислом) ро ба ҳамаи аҳли Ислом (яъне ҳамаи қоъилони ба шаҳодатайн) дода ки надодааст (чунонки билвиҷдон машҳуд аст) ва ё онро ба бархӣ аз онон (яъне Паёмбарон ва хулафоъи худ дар замин) бахшидааст то дигарон (ба онҳо руҷӯъ ва) аз онҳо ахз кунанд ва қаҳран ҳамин корро карда, чароки кори дигарро накарда (ва ақлан анҷоми яке аз ду кор зарурӣ) аст ва бо ин васф, (ақли солим ҳукм мекунад ки чунин касоне дар замин вуҷуд доранд ва бо ин васф,) шинохти онҳо барои илми ба кулли Ислом, зарурӣ аст (то ҷойе ки агар касе бидуни шинохти онҳо аз дунё биравад, дар ҷоҳилият аз дунё рафтааст) ва ба ҳамин далил низ (шинохти онҳо барои мусалмонон) мумкин аст (чароки рӯшан шуд ҳар кори заруриро анҷом медиҳад то бандагонаш бар Ӯ ҳуҷҷат надошта бошанд); Ба ин маъно ки ногузир, асбоби лозим барои шинохти онҳо аз Худованд содир шуда ва қобили татаббуъ (яъне ҷустуҷӯ дар манобеъи Ислом монанди Қуръон ва суннат) аст; Ҳамчунонки (на танҳо туруқи лозим барои шинохти илмӣ онҳо тавассути Худованд ҷаъл шуда, балки) туруқи лозим барои дастрасии (амалӣ) ба онҳо (ба манзури пурсиш ва таъаллум аз онҳо низ) тавассути Худованд ҷаъл шуда ва қобили пайгирӣ (дар мақоми амал) аст ва ин чизе аст ки дар бораи он (дар бахши чаҳоруми китоб яъне <<Шинохти Ислом>>) сухан гуфта хоҳад шуд ин шоъ Аллоҳ.

و السلام عليکم و رحمت الله

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1]. Бақара/ 30.

↑[2]. Оли Имрон/ 112.

↑[3]. Ръад/ 11.

Барои шунидани савти дарси сиву шашум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.