Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси сиву панҷум
Мавзӯъ:

Иқомаи кулли Ислом

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли рӯшан шуд ки бар хилофи пиндори Исломгурезон, Ислом таъмин кунандаи саъодати мусалмонон ва ҳаллоли мушкилоти моддӣ ва маънавии онон аст, машрут ба инки аз як сӯ айни он орӣ аз ҳар зиёдатӣ ва аз сӯӣ дигар кулли он бидуни ҳар нуқсоне иқома шавад. Дар бораи зарурати иқомаи айни Ислом дар дарси қабли ба тафсил сухан гуфтем дар ин дарс дар бораи зарурати иқомаи кулли Ислом сухан мегӯйем. Устозунал Мансур таҳти унвони)

2. Иқомаи кулли Ислом

(Мефармояд:) Афзун бар иқомаи айни Ислом ба сурати холис ва бар канор аз ақойид ва аҳкоми ғайри ҳақиқӣ (ки зарурати он дар дарси қабли рӯшан шуд), иқомаи кулли Ислом ба сурати комил ва бар канор аз таҷзияҳ (яъне ҷудо кардани аҷзоъи он аз якдигар) ва табъиз (яъне тарҷиҳи ҷузъӣ аз он бар ҷузъӣ дигар), зарурӣ аст; Зеро Ислом, як маҷмӯъаи муртабит ва ба ҳампайваста (яъне ғайри қобили таҷзияҳ ва табъиз), монанди як низоми дақиқ (назири соъат) ва занҷираи ҳалқа дар ҳалқа (назири тасбиҳ) аст ки ҳар ҷузъи он (на ба сурати мустақил, балки) бо назар ба ҷузъи дигараш, ташриъ шуда (масалан аҳкоми ҷазойии он аз як сӯ бо назар ба аҳкоми ибодии он аз сӯӣ дигар бо назар ба аҳкоми иқтисодии он ташриъ шуда), ба наҳве ки қатъи назар аз он, қобили ташриъ (тавассути Худованд) набуда (чароки одилона набуда) ва чи басо ташриъи он, ноқизи ғараз будааст (чароки Худованд одил аст ва ғарази Ӯ таҳаққуқи адолат будааст); Монанди донаҳои тасбеҳ ки (дақиқан сиву се дона аст ва) ҳар як ба эътибори ҷузъӣ аз кул (яъне яке аз сиву сето) сохта шудааст ва ҳеҷ як ба танҳоӣ арзише надорад ва ҷуз дар қолиби кул судманд нест ва бо ин васф, вуҷуди аҷзоъи он, дар зимни вуҷуди кулли он аст (яъне аҷзоъи он қатъи назар аз кулли он маъно надорад ва вуҷуди аҷзоъ ба унвони <<Донаҳои тасбеҳ>> мутаваққиф бар вуҷуди <<Тасбеҳ>> аст ки иборот аз маҷмӯъи донаҳост) ва бо заволи кулли он, аҷзоъи он низ аз байн меравад (яъне вақте тасбеҳ аз байн рафт, донаҳои тасбеҳ ҳам моҳияти худро аз даст медиҳад ва дигар бо ин моҳият, вуҷуд надоранд). Ба ҳамин тартиб, аҷзоъи Ислом низ (аъам аз ақойид ва аҳкоми он) ба эътибори кулли он, ташриъ шудааст ва ҷуз дар сурати иқомаи кулли он (бо ҳам), судманд нест (ва ғарази Худовандро таҳсил намекунад), балки чи басо дар сурати адами иқомаи кулли он, иқомаи аҷзоъе аз он ба танҳоӣ, зиёнбор аст (монанди бархӣ кишварҳои Исломӣ ки аҳкоми иқтисодии Исломро иҷро намекунанд, вале аҳкоми ҷазойии онро иҷро мекунанд ва натиҷа ин мешавад ки дасти гуруснагон ва побараҳнагон ва ятимон ва гадоён ба хотири дуздӣ бурида мешавад ва дуздони аслӣ ки ҳокимони қулдур ҳастанд бидуни ҳеҷ муҷозоте бар сарват ва қудрати худ меафзоянд); Монанди доруҳое ки табиб, бо назар ба таркибашон бо якдигар таҷвиз карда ва истеъмоли бархӣ аз онҳо ҷудо аз бархӣ дигар, хатарнок аст (масалан доруӣ қавиро барои аз байн бурдани уфунат дар бадан таҷвиз мекунад ва дар канори он доруеро барои сиёнат аз меъда менависад ва таъкид мекунад ки доруӣ аввалро бидуни доруӣ дувум масраф накун; Чароки меъдаатро аз байн мебарад); Чунонки Худованд фармудааст: «وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ ۙ وَلَا يَزِيدُ الظَّالِمِينَ إِلَّا خَسَارًا»;[1] <<Ва аз Қуръон чизеро нозил мекунем ки барои мӯъминон дармон ва раҳмат аст, дар ҳоле ки золимонро ҷуз зиён намеафзояд>>! Ин бадон маъност ки Қуръон, бо онки табъан (яъне бинобар табиъати Илоҳии худ) муқтазии дармон ва раҳмат аст, барои золимоне ки онро куллан ё ҷузъан иҷро намекунанд (ва аз ин ҳайс мавонеъӣ дар ақойид ва аъмоли худ доранд), зиёновар аст (чун золим касе аст ки Қуръонро куллан ё ҷузъан иҷро намекунад ва бо ин васф, Қуръон танҳо барои касе шифо ва раҳмат аст ки ҳамаашро ба таври комил иҷро мекунад). Аз ин рӯ, Худованд ба Паёмбараш ҳушдор дод ки набояд бахшӣ аз аҳкоми Исломро ба хотири хоҳишҳои золимон, вогузорад ва фармуд: «وَاحْذَرْهُمْ أَنْ يَفْتِنُوكَ عَنْ بَعْضِ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ إِلَيْكَ ۖ»;[2] <<Ва аз онон бар ҳазар бош ки туро аз бархӣ аз ончи Худованд ба ту нозил кар боз надоранд>>; (Рӯшан аст ки ин ҳазарро бояд дигарон ҳам дошта бошанд.) Ҳамчунонки пас аз фурӯ фиристодани ҳукме аз аҳкоми Ислом (ки бинобар ривояти бархӣ муфассирони мусалмон монанди Ибни Абӣ Ҳотам дар тафсирул Қуръонил азим [ҷ4, с1172], Саълабӣ дар Ал-Кшвул Баён [ҷ4, с92], Воҳидӣ дар Асбоби нузулил оёт [с135], Аъйнӣ дар Умдатул Қорӣ [ҷ18, с208], Суютӣ дар Ал-Дуррул Мансур [ҷ2, с296], Шавконӣ дар Фатҳул Қадир [ҷ2, с60] ва Олусӣ дар тафсири худ [ҷ6, с193] вилояти Алӣ ибни Абӣ Толиб буд) дар поёни умри Паёмбараш (яъне дар Ҳаҷҷатул видоъ), ӯро ба таблиғи он фармон дод ва ба ҳасаби зоҳир (бо таваҷҷуҳ ба инки ботинан медонист ӯ онро таблиғ мекунад) таҳдид намуд ки дар сурати адами таблиғи он (як ҳукм), кулли рисолаташро таблиғ накардааст, чунонки фармуд: «يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ بَلِّغْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ ۖ وَإِنْ لَمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَهُ ۚ وَاللَّهُ يَعْصِمُكَ مِنَ النَّاسِ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ»;[3] <<Эй Паёмбар! Чизе ки аз Парвардигорат ба ту нозил шудро таблиғ кун; Чароки агар накунӣ, рисолаташро таблиғ накардаи ва Худованд туро аз мардумон пос медорад! Бегумон Худованд гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад>>! Ҳамчунонки вақте Паёмбараш дар поёни умри худ (яъне дар Ҳаҷҷатул видоъ), он ҳукмро таблиғ намуд, фармуд: «الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا ۚ»;[4] <<Имрӯз динатонро бароятон комил ва неъматамро бар шумо тамом Кардам ва Исломро ба унвони дин, бароятон Писандидам>>; Ба ин маъно ки то пеш аз он рӯз (ки бинобар бархӣ ривоёт, рӯзи Ғадири хум ва бинобар ривоётӣ дигар, рӯзи Арафа буд) ва (пеш аз) таблиғи ҳукми мазкур ки вопасин ҳукми Ислом буд (бо таваҷҷуҳ ба инки собит аст баъд аз он дигар ҳукме ташриъ нашуд), дин барои мусалмонон комил ва неъмат барои онон тамом набуд ва Худованд ҳанӯз Исломро барои онон ба унвони дин, написандида буд (ин лозимаи икмоли дин ва итмоми неъмат дар ин рӯз аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар аз ин рӯз дин комил ва неъмат тамом буд, чунин сухане маъно надошт. Албатта нуқсои дин ва неъмати пеш аз ин рӯз мунофӣ бо камоли Худованд набуда); Чароки Ӯ комил аст (ва нуқсони дин ва неъмати Ӯ пеш аз ин рӯз, ношӣ аз нуқсони Ӯ набуда, бал ношӣ аз нуқсони зотӣ ва табиъии мардум будааст ки зарфият ва қобилияти дарёфти дин ва неъмати комил ва якҷоро надоштаанд; Чунонки масалан таҳрими хамр ба сурати тадриҷӣ ва дар чанд марҳала анҷом шуд ба далили инки мардум зарфият ва қобилияти пазириши онро дар авойили Ислом надоштанд) ва табъан (Худованд ба иқтизои камоли худ) дини комилро меписандад ва Исломи ноқис ки ҷузъӣ аз аҷзоъи он кам астро барои мусалмонон намеписандад (албатта ин таъбир бинобар мабноӣ усулиҳое аст ки ановини шаръиро вазъ шуда барои аъамми аз саҳиҳ медонанд, вагарна бинобар мабноӣ саҳиҳиҳо, ба Исломи ноқис, аслан Ислом гуфта намешавад ва аз бархӣ ибороти устозунал Мансур низ ҳамин бардошт мешавад); Чароки чунин Исломе (агар битавон тасомуҳан онро Ислом номид), ба далили нуқсони худ, наметавонад пайравонашро ба камол бирасонад (бо таваҷҷуҳ ба ин қоъидаи ақлӣ ки фоқиди як чиз наметавонад мутиъӣ он бошад), балки ба далили фиқдони инсиҷом ва ҳамоҳангӣ миёни аҷзоъаш, заминасози тазод ва (ба табъи он) фасод аст (бо таваҷҷуҳ ба инки дар бахши якум табйин фармуд ки тазод мусталзими фасод аст) ва бо ин васф, илтизом ба Исломи ноқис (бо таваҷҷуҳ ба тазодди мавҷуд дар он), аз адами илтизом ба Ислом, агар хатарноктар набошад, камхатартар нест (ба назар мерасад ки устозунал Мансур мехостааст бифармояд <<Хатарноктар аст>>, вале чизе ӯро боздошта ва он эҳтимоли тасовии табаъоти тарки кулли Ислом ва тарки аҷзоъе аз он буда ва аз ин рӯ, ба қадри мутаяққин басанда фармудааст. Бо ин васф, муроди ин бузургвор он аст ки ҳар кас ҷузъе аз Исломро зойеъ кунад, монанди касе аст ки кулли онро зойеъ карда бошад; Ҳамон тавр ки ҳар кас ояи аз Қуръонро инкор кунад, монанди касе аст ки кулли онро инкор карда бошад; Албатта агар бадбахттар аз ӯ набошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки тарк кунандаи кулли Ислом муддаъии мусалмонӣ нест ва лизо ақойид ва аъмоли нодурусташ ба Ислом нисбат дода намешавад, вале тарк кунандаи аҷзоъӣ аз Ислом муддаъии мусалмоне аст ва лизо ақойид ва аъмоли нодурусташ ба Ислом нисбат дода мешавад. Ҷудои аз онки тарк кулли Ислом бо рӯй овардан ба демокросӣ ва монанди он, дасти кам дунёи беҳтаре барои худ таҳсил мекунад, вале тарк кунандаи аҷзоъӣ аз Ислом бо рӯй овардан ба ҳукумати Абубакр Бағдодӣ ва амсоли ӯ, ҳам дунёи худро вайрон мекунад ва ҳам охирати худро!); Ҳамчунонки мусалмонон, дар бисёрӣ аз заминаҳо (монанди амният, иқтисод ва адолати иҷтимоъӣ) мушкилоти бузургтаре нисбат ба дигарон (яъне ғайри мусалмонон) доранд ва ин ба сабаби илтизоми онон ба Исломи ноқис аст. (Ҳоло суъол он аст ки бо ин ҳисоб, чи бояд кард?! Оё бояд ҳамин Исломи ноқисро ҳам раҳо кард ва ба кофирон пайваст?! Оё бояд ҳамаи ақойид ва аҳкоми Исломиро вогузошт ва як ҷаҳонбинии моддиро барои идомаи зиндагӣ интихоб кард?!) Албатта (посухи ин суъол манфӣ аст; Зеро) возеҳ аст ки ин (зиёнбор будани иқомаи Исломи ноқис) ба маънои лузуми даст кашидан аз (кулли) Ислом нест, балки билакс ба маънои лузуми иқомаи он ба сурати комил аст (ва ин ҳамон нуқтае аст ки устозунал Мансур дар он аз дигарон ҷудо мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки дигарон аз ду гурӯҳ берун нестанд: Гурӯҳе ки бар хилофи ин бузургвор ба иқомаи Исломи ноқис қонеъанд ва онро беҳтар аз тарки Ислом ба таври куллӣ медонанд ва онҳо дӯстдорони ҳукуматҳои Исломӣ дар минтақаанд ки мегӯянд Худованд ҳокимони моро ҳифз кунад ки ҳамин миқдор аз Исломро иқома мекунанд ва мисли фалон ҳокимони кофир нестанд ки ҳеҷ ҷузъӣ аз Исломро иқома намекунанд ва гурӯҳӣ дигар ки монанди ин бузургвор иқомаи Исломи ноқисро зиёнбор медонанд, вале мӯътақиданд ки иқомаи кулли он ба сурати комил мумкин нест ва бо ин васф, бояд онро канор гузошт ва ба суроғи улгуҳои моддӣ ва ғайри Исломӣ рафт. Инҳо ду гурӯҳи мавҷуд дар ҷаҳони Ислом ҳастанд, дар ҳоле ки устозунал Мансур аз ҳар ду гурӯҳ тамоюз меёбад; Ба ин тартиб ки аз як сӯ ба иқомаи Исломи ноқис қонеъ нест ва онро зиёнбор медонад ва аз сӯӣ дигар, иқомаи кулли онро ба сурати комил, мумкин мешиносад ва барои он роҳкор ироъа мекунад); Чароки Худованд ба иқтизои комили худ, онро комил сохта (бо таваҷҷуҳ ба инки камол муқтазии икмоли ҳар чизе аст ки қобилияти камолро дорад) ва аз камоли он (дар китоби худ) хабар дода (ва фармуда) аст («الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ»; <<Имрӯз динатонро бароятон комил кардам>>) ва агар нуқсоне дар он падид омада ки муҷиби адами такомули мусалмонон шуда, ношӣ аз Худованд набуда, балки аз худи мусалмонон нашъат гирифтааст; Чароки онон (дониста ё нодониста), бахшҳое аз Исломро гирифта ва бахшҳое аз онро раҳо кардаанд ва ҳамаи онро ба сурати комил барпо надоштаанд (чунонки аз табаъоти он ба унвони маълули он маълум аст), дар ҳоле ки Худованд ба рӯшанӣ аз ин кор бар ҳазар дошта ва фармудааст: «أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ الْكِتَابِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ ۚ فَمَا جَزَاءُ مَنْ يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنْكُمْ إِلَّا خِزْيٌ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰ أَشَدِّ الْعَذَابِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ»;[5] <<Оё ба бахше аз китоб имон меоваред ва ба бахшӣ дигар кофир мешавед?! Сазои касе аз шумо ки чунин коре мекунад чист ҷуз хорӣ дар зиндагии дунё ва инки дар рӯзи қиёмат ба ашадди муҷозот бозгардонада шаванд ва Худованд аз ончи мекунед бехабар нест>>! (Нуктаи зарифе ки дар ин ояи шарифа вуҷуд дорад ва гувоҳи дигаре бар асолат ва сиҳҳати мабнои устозунал Мансур шумурда мешавад он аст ки Худованд имон ба бахше аз китоб ва куфр ба бахшӣ дигар аз онро муставҷиби «أَشَدِّ الْعَذَابِ» дониста ва ин ба маънои он аст ки куфр ба бахшӣ аз китоб дар назди Ӯ бо куфри ба кулли китоб баробар аст; Чароки шадидтар аз «أَشَدِّ الْعَذَابِ» азобе нест.) Рӯшан аст ки (бо таваҷҷуҳ ба ин ояи шарифа) хории мусалмонон дар зиндагии дунё (ки ҳамакнун машҳуд аст), паёомади ҳамин амали гузинишии (онон) ба Ислом аст ва бо ин васф, бозгашти онон ба ашадди муҷозот дар охират (дар сурате ки <<Бозгашт ба Ислом>> накунанд), бинобар ваъдаи Худованд (филҷумла) ҳатмӣ аст. Ҳачунонки Худованд ба сароҳат, касоне ки (ҳар бахши аз динро меписанданд мегиранд ва ҳар бахши аз онро намеписанданд вомегузоранд ва ба ин тартиб,) рӯйкардӣ табъизомез дар ҳавзаи дин дорандро таҳдид карда ва амал ба бархӣ аҷзоъи Қуръон ҷудои аз бархӣ аҷзоъи дигарашро нораво шумрда ва фармудааст: «كَمَا أَنْزَلْنَا عَلَى الْمُقْتَسِمِينَ؛ الَّذِينَ جَعَلُوا الْقُرْآنَ عِضِينَ؛ فَوَرَبِّكَ لَنَسْأَلَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ؛ عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ»;[6] <<Ҳамчунонки бар ҷудокунандагон нозил кардем; Ҳамонон ки Қуръонро бахш бахш мекунанд; Пас ба Парвардигорат савганд ки аз ҳамаи онон бозхост мекунем; Дар бораи коре ки анҷом медоданд>>! Бал касоне ки дини худро (ба аҷзоъи мухталиф) таҷзия кардаанд ва ҳамаи онро ба унвони воҳидӣ басит (яъне як кулли ғайри қобили таҷзия) барпо надоштаанд, аз Паёмбари худ бегона шумурда (яъне аз ӯ надониста ва ҳисоби ононро аз ӯ ҷудо карда) ва фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا لَسْتَ مِنْهُمْ فِي شَيْءٍ ۚ إِنَّمَا أَمْرُهُمْ إِلَى اللَّهِ ثُمَّ يُنَبِّئُهُمْ بِمَا كَانُوا يَفْعَلُونَ»;[7] <<Ҳароина касоне ки дини худро пора пора карданд ва гурӯҳ гурӯҳ шуданд, туро бо онон коре нест! Корашон танҳо бо Худованд аст ва он гоҳ ононро ба коре ки мекарданд огоҳ хоҳад кард>>!

Ҳосил онки иқомаи Ислом, ҳангоме муҷиби найл ба саъодат ва раҳоӣ аз мушкилот аст ки ҳамаи он ба манзалаи ҳукмӣ воҳид, иқома шавад (монанди рӯза ки ҳукмӣ воҳид аст ва бо хӯрдан ботил мешавад, хоҳ як луқма нони хушк бошад ва хоҳ як гӯсфанди бирён); Бо таваҷҷуҳ ба инки Ислом ҳақиқатан низ ҳукмӣ воҳид аст (чунонки Худованд ба манзалаи ҳукмӣ воҳид ба иқомаи он амр карда ва фармудааст: «فَلَهُ أَسْلِمُوا ۗ» [Ҳаҷ/ 34]; <<Барои Ӯ мусалмон шавед>> ва фармудааст: «أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ» [Шуро/ 13]; <<Динро иқома кунед>> ва лизо ҳамон тавр ки рукуъ ва суҷуд ҷудо аз ҳам дар назар гирифта намешавад ва ҳар ду барои таҳаққуқи намоз лозиманд, аҳкоми Ислом низ ҷудо аз якдигар дар назр гирифта намешаванд ва ҳамагӣ барои таҳаққуқи Ислом лозиманд) ва аҷзоъи мавҷуд дар он, монанди аҷзоъи мавҷуд дар як дастгоҳанд ки ба рағми таъаддуди (зоҳирӣ), дастгоҳӣ воҳидро ба вуҷуд меоваранд (монанди қитаъоти мавҷуд дар як компютар) ва адами коркарди ҳар яке аз онҳо, бар коркарди сойири аҷзоъ таъсири (манфӣ) мегузорад ва (дер ё зуд) кулли дастгоҳро аз ҳаракат (яъне фаъолияти лозим) боз медорад. (Бинобарин, набояд ҳеҷ ҷузъе аз Исломро хурд ва кам аҳаммият шумурд ва бояд ҳамаи аҷзоъи онро мисли якдигар иқома кард; Зеро Шореъи ҳамаи онҳо яке аст ва ҳар чизе ки Ӯ ташриъ карда, бузург ва муҳим аст.

و السلام عليکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1]. Исроъ/ 82.

↑[2]. Моъида/ 49.

↑[3]. Моъида/ 67.

↑[4]. Моъида/ 3.

↑[5]. Бақара/ 85.

↑[6]. Ҳиҷр/ 90 то 93.

↑[7]. Анъом/ 159.

Барои шунидани савти дарси сиву панҷум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.