Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси сиву чаҳорум
Мавзӯъ:

Иқомаи айни Ислом

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Ончи то инҷо донистем ду муқаддимаи бисёр зарурӣ барои вуруд ба баҳси аслӣ буд; Зеро баҳси аслӣ чунонки дар даромади китоб табйин шуд, бозгашт ба Исломи ҳақиқӣ аст ва бозгашт ба Исломи ҳақиқӣ ба шинохти Исломи ҳақиқӣ ниёз дорад ва шинохти он бидуни илтизом ба меъёри шинохт ва иҷтиноб аз мавонеъи он мумкин нест; То ҷойе ки ҳар касе қироъати мутафовите аз Исломи ҳақиқӣ ироъа медиҳад, бидуни инки қазовати қатъӣ дар бораи он мумкин бошад. Инки бархӣ мегӯянд ҳар касе қироъати худ аз Исломро бартарини қироъат медонад ва бо ин васф, қироъати воқеъан бартаре аз Ислом вуҷуд надорад, сухани саҳиҳе нест; Зеро ҳамон тавр ки дидем, барои шинохти Ислом меъёр ва мавонеъӣ вуҷуд дорад ва ҳар қироъате аз он ки бо меъёри шинохт созгортар ва аз мавонеъи шинохт дуртар бошад, қироъати бартаре аст. Аз ин рӯ, устозунал Мансур нахуст дар бораи меъёри шинохт сухан гуфт ва сипас мавонеъи шинохтро яке пас аз дигарӣ муъаррифӣ кард ва маншаъ ва табаъоти ҳар якро ба тафсил тавзиҳ дод то замина барои шинохти бартарин қироъат аз Ислом фароҳам шавад.

Аммо дар оғози баҳс дар бораи <<Бозгашт ба Ислом>>, ду суъоли муҳм ва бунёдин матраҳ мешавад: Яке онки оё аслан бозгашт ба Ислом барои мусалмонон зарурат дорад? Ва дигар онки оё бозгашт ба Ислом барои онон мумкин аст? Устозунал Мансур дар посух ба суъоли нахуст, таҳти унвони)

Зарурати бозгашт ба Ислом

(мефармояд:) Зарурати бозгашт ба Ислом ҳангоме ошкор мешавад ки (ду чиз ошкор бишавад:) аз як сӯ зарурати иқомаи Ислом (ба унвони муқаддамаи аввал) ва аз сӯӣ дигар, адами иқомаи он тавассути мусалмонон дар ҳоли ҳозир (ба унвони муқаддамаи дувум), ошкор шавад (бо таваҷҷуҳ ба инки мурод аз бозгашт ба Ислом, чизе ҷуз иқомаи Ислом пас аз адами иқомаи он тавассути мусалмонон нест); Чароки ҳаргоҳ ин ду муқаддима ошкор нашавад (ба ин тартиб ки иқомаи Ислом тавассути мусалмонон зарурии фарз нашавад ё ин тавр фарз шавад ки Ислом тавассути онон иқома шудааст), сухан гуфтан дар бораи (зарурати) бозгашт ба Ислом, бемаъност; Бо таваҷҷуҳ ба инки бозгашт ба Ислом ҳангоме зарурат дорад ки Ислом ба маънои ақойид ва аҳкомӣ хос (яъне ба маънои як дин, на сирфан ба маънои фиқҳии он ки иборат аз шаҳодатайн аст), мояи саъодати мусалмонон дар дунё ва охират ва растгории онон аз мушкилоти моддӣ ва маънавияшон дониста шавад (саъодати мусалмонон дар дунё бархурдории онон аз ҳаёти таййиба дар партуви адолати комил аст ва саъодати охират, раҳойишон аз оташи дӯзах ва вурудашон ба биҳишт аст ва ин ҳамон растгоии онон аз мушкилоти моддӣ ва маънавӣ аст), на он чунонки кофирон мепиндоранд, мояи инҳитоти фарҳангӣ, инфиъоли сиёсӣ ва ақабафтодагии иқтисодии мусалмонон (бо таваҷҷуҳ ба инки кофирон вақте заъфи фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мусалмононро дар ҷаҳон мушоҳида мекунанд, мепиндоранд ки Ислом омили он будааст, ғофил аз онки мусалмонон ҳамеша аз лиҳози фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар мавзеъи заъф набудаанд ва замоне дар гузашта дар қуллаи фарҳанг, сиёсат ва иқтисоди ҷаҳон қарор доштаанд ва танҳо замоне аз он авҷ ба зер омадаанд ки аз Ислом фосила гирифтаанд. Ба ҳар ҳол, рӯшан аст ки агар Ислом мояи инҳитоти фарҳангӣ, инфиъоли сиёсӣ ва ақабафтодагии иқтисодӣ мусалмонон тасаввур шавад, бозгашт ба он матлуб нест); Чароки дар ин сурат, тахаллус (яъне раҳойи) аз он агар чи бо ҳифзи эҳтиромаш дар зоҳир (ба ин тартиб ки мӯҳтарамона онро бибӯсем ва канор бигзорем), чунонки бархӣ аз давлатҳои мусалмон (хусусан дар осиёи миёна ва ҷаҳони Араб) пай мегиранд (ба ин тартиб ки дар зоҳир Исломро дини расмии худ мешуморанд, вале дар амал сикулор ҳастанд ва ҳеҷ илтизоми маҳсусе ба ақойид ва аҳкоми Ислом надоранд), мутаъаййин аст (яъне ба унвони вазифа таъаюин пайдо мекунад) ва нидои бозгашт ба сӯӣ он (ки ин бузургвор сар медиҳад), матлуб (яъне уқалойи) нест ва мавриди эъроз ва мухолифати Исломгурезон воқеъ мешавад (чунонки бархӣ Исломгурезон барои ин бузургвор паём фиристодаанд ки ҳар балое бар сари мусалмонон омада, аз ҳамин Ислом омадааст ва бо ин ҳол, шумо ҳамчунон аз бозгашт ба Ислом сухан мегӯйед!! Яъне Исломро иллати аслии мушкилоти моддӣ ва маънавии мусалмонон медонанд ва ба ҳамин далил, бо даъвати устозунал Мансур мухолифат мекунанд). Ҳамчунонки (зарурати бозгашт ба Ислом) ҳангоме маъно меёбад ки пазируфта шавад, Ислом ба унвони муҷибе барои саодати мусалмонон ва растгории онон аз мушкилоти моддӣ ва маънавияшон, (ба рағми зарурат) то кунун дар миёни онон таҳаққуқ наёфтааст; (Аммо чаро бояд чунин иддаъое пазируфта шавад ва далили он чист?) Чароки агар дар миёни онон таҳаққуқ ёфта буд, табъан саъодат ва растгории мавриди назар, ба ҳайси самараи зотӣ ва қатъии он (ки монанди маълули иллати томма, тахаллуфнопазир аст), барои онон таҳаққуқ ёфта буд, дар ҳоле ки мусалламан барои онон таҳаққуқ наёфта (инро дар истилоҳи улуми ақлӣ, бурҳони иннӣ мегӯянд; Яъне бурҳоне ки бо истинод ба маълул, иллатро исбот мекунад. Устозунал Мансур мефармояд аз инки самараи зотӣ ва табиъӣ таҳаққуқи Исломи таҳаққуқ наёфта дар меёбем ки Ислом таҳаққуқ нафта) ва (далили инки самараи зотӣ ва қатъии Исломи таҳаққуқ наёфта он аст ки) мушкилоти онон (яъне мусалмонон) дар ҷиҳати мухталиф машҳуд аст (пас ҳамаи муқаддамоти ин истедлол, яқинӣ аст); То ҷойе ки талош барои табраъаи онон аз ин иттиҳом (бо таваҷҷуҳ ба инки адами иқомаи Ислом тавассути онон иттиҳоме аст ки ба онон ворид шуда) ва дифоъ аз ақойид ва аъмолашон (бо ин иддаъо ки мисдоқи иқомаи Ислом аст), чизе ҷуз таҷоҳул (яъне нодида гирифтани амдӣ) ва мукобира (яъне лаҷоҷат ва хирасарӣ) дар баробари маҳсус нест; Чароки (барои ҳар як аз мо дар зиндагӣ) маҳсус аст, (ки) мушкилоти густарда ва амиқе дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад ва табъан вуҷуди онҳо (аз ду ҳол хориҷ нест:) ё ношӣ аз адами кифояти Ислом барои ҳалли онҳост ва ё ношӣ аз адами таҳаққуқи Ислом! (Яъне ё Ислом иқома нашуда ва ё иқома шуда ва кофӣ набудааст.)

Дар ин миён, касоне ки ба Ислом бовар надоранд (хоҳ аз кофирон бошад ва хоҳ аз мунофиқон), мепиндоранд ки он кифояти лозим барои ҳалли мушкилоти мусалмононро (ба таври куллӣ ё масалан дар дунёи ҷадид) надорад; Ба ин маъно ки мусалмонон, Исломро (ба қадри кофӣ) муҳаққақ сохтаанд, вале он (ба далили нуқсони куллӣ ё адами таносуб бо зиндагии ҷадид) қодир ба ҳалли мушкилоти онон нест, балки худ омили пайдоиш ё афзоиши мушкилоти онон аст ва бо ин васф, чорае ҷуз даст бардоштан аз он ва рӯй овардан ба мабонии дигар (барои фарҳанг, сиёсат ва иқтисоди онон) нест. Аз ин рӯ, ошкоро ба ҷудойии дин аз (мудирияти) дунё (таҳти унвони сикулоризим) даъват мекунанд (ба ин маъно ки мегӯянд дин бояд дар ҳадди як ақидаи қалбӣ барои фард, боқӣ бимонад ва набояд ҳолати амалӣ ва иҷтимоъӣ пайдо кунад) ва Исломгароӣ дар ҷомеъаро монеъ аз такомул ва тараққии он (дар заминаҳои мухталифи дунявӣ) мешуморанд ва барои ҷойгузин сохтани ақойид ва аҳкоми башарӣ бо ақойид ва аҳкоми он (бо тасаввури инки ақойиди он илмӣ ва мантиқӣ нест ва аҳкоми он мутаносиб ва одилона маҳсуб намешавад ё бо озодиҳои фардии инсон мунофот дорад) мекушанд. Дар баробари (ин гурӯҳ ки ба Ислом бадбин ва беэътимод ҳастанд), касоне ки ба Ислом бовар доранд (яъне мусалмонони мутаъаҳҳид ва вафодор ба Ислом) медонанд ки он динӣ комил ва саъодатбахш аст ва зарфияти ҳалли мушкилоти моддӣ ва маънавии мусалмононро дорад (ба ин маъно ки ҳаргоҳ иқома шавад ин корро анҷом медиҳанд) ва агар то кунун ин мушкилотро ҳал накарда, ба хотири он буда ки то кунун ё айнаш (яъне моҳияти воқеъии худаш) чунонки ҳаст иқома нашуда (балки чизи дигаре таҳти унвони Ислом иқома шуда) ё кулли он бо ҳамаи аҷзояш таҳаққуқ наёфта (яъне айни он ба сурати ноқис таҳаққуқ ёфта) аст. Аз ин рӯ, ононро (барои ҳалли мушкилоти модди ва маънавияшон) чорае нест ҷуз инки таҳаққуқи айни Ислом (ба сурати холис) ва кулли он (ба сурати комил) ро ормони худ (дар зиндагӣ) қарор диҳанд ва барои найли ба он (бо истифода аз ҳамаи имконоти моддӣ ва маънавии худ) талош кунанд ва ин маънои бозгашт ба Ислом аст (ки шахси ин бузургвор парчамдори он дар замони мост ва усваи ҳасанае барои он маҳсуб мешавад ва ба ҳамин далил, ҳамроҳии мусалмонон бо ӯ дар ин кор, шойиста аст.

Пас рӯшан шуд ки зарурати бозгашт ба Ислом, мубтанӣ бар ду муқаддама аст: Яке зарурати иқомаи Ислом ва дигарӣ воқеъияти адами иқомаи Ислом дар ҳоли ҳозир. Устозунал Мансур дар табйини муқаддамаи нахуст, таҳти унвони).

Зарурати иқомаи Ислом

(миёни ду даста аз мардум ки дар ин бора ихтилоф доранд ҳукм мекунад ва мефармояд:) Бегумон ҳақ (бо кофирони Исломситез ва мусалмонони Исломгурез нест, бал) бо касоне аст ки ба Ислом (бо таваҷҷуҳ ба адиллаи ақлии ҳаққонияти он) бовар доранд ва (ба иқтизои ин бовар,) иқомаи онро барои найли ба саъодат ва раҳоӣ аз мушкилоти (моддӣ ва маънавӣ), лозим медонанд; Чунонки Худованд ба он амр карда ва фармудааст: «أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا فِيهِ ۚ»;[1] <<Инки динро иқома кунед ва дар бораи он тафриқа накунед>> (ва ин ба он маъност ки иқомаи Исломро зарурӣ дониста ва ихтилоф дар бораи онро қобили қабул надониста) Ва фармудааст: «وَلَوْ أَنَّهُمْ أَقَامُوا التَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِمْ مِنْ رَبِّهِمْ لَأَكَلُوا مِنْ فَوْقِهِمْ وَمِنْ تَحْتِ أَرْجُلِهِمْ ۚ»;[2] <<Ва агар онон Таврот ва Инҷил ва чизе ки аз Парвардигорашон ба сӯӣ онон нозил шудро иқома мекарданд, аз болошон ва зери пойҳошон мехӯранд>>, (ва ин ба он маъност ки дар назари Худованд, иқомаӣ Ислом муҷиби найлу саъодат ва раҳоӣ аз мушкилоти моддӣ ва маънавии мардум мешавад) вале чунонеки рӯшан шуд, иқомаи Ислом ба ду сурат мукфӣ (яъне муҷзӣ ва кофият кунанда) ва муҳассили ғараз (яъне бароварда кунандаи ҳадафи Худованд аз ташриъи он) аст:

1. Иқомаи айни Ислом

(манзур аз айн як чиз, худи он чиз бо моҳияти асли ва воқеъияш аст қатъи назар аз чизҳое ки танҳо шабеҳи он ё ҳамноми онанд ва ба ин эътибор, ба он нисбат дода мешаванд. Устозунал Мансур мефармяд:) Иқомаи Ислом, ҳангоме муҷиби найл ба саъодат ва раҳоӣ аз мушкилот аст ки айни он иқома шавад (яъне худи он бо моҳияти асил ва воқеъияш, на чизҳое ки танҳо шабеҳи он ё ҳамноми он аст ва тавассути мусалмонон ба он нисбат дода мешавад); Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳамаи ақойид ва аҳкоме ки (тавассути мусалмонон, бидуни далил ё бо далили козибе мисли хабари воҳид ва иҷмоъ) ба Ислом нисбат дода мешавад, (дар воқеъ) аз Ислом нест; Зеро Ислом (аз аҳвоъ ва зунуни мардум табаъият намекунад, бал) як воқеъияти мустақилли (яъне ғайри вобаста ба эътибороти мардум ва) берунӣ (яъне бар рӯӣ замин ва хориҷ аз зеҳни онон) аст ки аз иродаи (ташриъии) Худованд нашъат гирифта ва иродаи Худованд (дар ҳавзаи ташриъ, монанди иродаи Ӯ дар ҳавзаи таквини), мутаносиб бо камоли (мутлақи) Ӯст ва табъан бо иродаи дигарон ки (бинобар ҳудуси худ, ба маротиб) ноқисанд, мулозимае надорад (яъне иродаи дигарон ҳаргиз наметавонад ба таври комил бо иродаи Худованд мунтабиқ бошад; Чароки иродаи онон филҷумла ношӣ аз нуқсони онон аст ва бо иродаи Худованд ки камоли мутлақ аст муғойират пайдо мекунад) ва бо ин васф, иродаи дигарон наметавонад дар арзи иродаи Ӯ, маншаъи ақида ва ҳукм воқеъ шавад (бинобарин, ақида ва аъмоли инсон танҳо бояд мубтанӣ бар иродаи Худованд бошад) ва ҳар ақида ва ҳукме ки ношӣ аз иродаи (ташриъии) Ӯ нест (ба ин маъно ки Ӯ онро ташриъ накардааст), комил нест (бо ин маъно ки филҷумла ё мутлақан ноқис аст) ва ба ҳамин далил, наметавонад зомини саъодат ва растгории инсонон бошад (ин ба он маъност ки инсон зотан ноқис аст ва ба иқтизои нуқси зотии худ наметавонад худро ба камол бирасонад ва аз ин ҷиҳат, ниёзманд ба як мавҷуди комил яъне Худованди Мутаъол аст ки ӯро ба камол бирасонад ва Худованди Мутаъол ин корро бо ташриъи маҷмӯаъе аз ақойид ва аҳком барои ӯ таҳти унвони Ислом анҷом медиҳад). Бо ин васф, бисёр муҳим аст ки айни Ислом, бар канор аз ақойид ва аҳкоми ношӣ аз иродаи дигарон (монанди олимон ва ҳокимони мусалмон), дар ҷаҳон иқома шавад; Зеро иқомаи ақойид ва аҳкоми ношӣ аз иродаи дигарон (монанди иродаи олимон ва ҳокимони мусалмон), ҳар чанд бо ҳусни ният (яъне ба қасди иқомаи Ислом) ва дар канори ақойид ва аҳкоми (ҳақиқии) Ислом бошад (ба ин сурат ки ҳақу ботил ва дурусту нодуруст ва суннату бидъат ба ҳам омехта шавад; Он тавр ки миёни мусалмонон ройиҷ аст), иқомаи Ислом нест ва табъан самарот ва натойиҷи хубии онро надорад (тавре ки гӯйи Ислом ҳеҷ иқома надоштааст), бал билакс (ва бар хилофи таваққуъ ва интизори мусалмонон) табаъот ва натойиҷи баде дорад ки муқтазои нақси башарӣ аст ва мумкин аст ба далили интисобаш ба Ислом, барои Ислом пиндошта шавад (яъне нақси Ислом пиндошта шавад) ва онро нокоромад (барои такомули инсон) нишон диҳад (ҳамон тавр ки дар ҳоли ҳозир пиндошта мешавад ва нишон дода мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳар гӯрҳ ва мазҳабе аз мусалмонон, ақойидеро изҳор медоранд ва корҳоеро анҷом медиҳанд ва исрор доранд ки ҳамаи он ақойид ва корҳо аз Ислом аст, дар ҳоле ки бештари онҳо ҳеҷ рабте ба Ислом надорад ва аз иродаи Худованд нашъат нагирифтааст). Аз ин рӯст ки Худованд ба таъкид фармудааст: «أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الْخَالِصُ ۚ»;[3] <<Огоҳ бошед ки дини холис барои Худованд аст>>; Ба ин маъно ки дини ғайри холис (ки ба ғайри иродаи Ӯ омехта шудааст), барои Худованд нест (ин ба истилоҳи усулиҳо, <<Мафҳуми васф>> шумурда мешавад; Яъне маъное ки дар зоҳири сухани Худованд наёмада, вале аз васфе ки дар он омада қобили истифода аст. Дар инки оё чунин мафҳуме ҳуҷҷат ё на, миёни усулиҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале аз зоҳири суханони устозунал Мансур дар инҷо истифода мешавад ки чунин мафҳуме ҳуҷҷат аст; Зеро ҳокиме ки Худованд барои мавсуф зикр карда, танҳо бо вуҷуди васф собит аст ва бидуни он собит нест ва ҳамин барои ҳуҷҷат будани он кифоят мекунад; Чунонки дар инҷо <<Дин>> ба унвони мавсуф, танҳо бо вуҷуди васфи <<Холис>> барои Худованд шумурда шуда ва мафҳуми он ин аст ки бидуни васфи <<Холис>> барои Худованд шумурда намешавад.) ва (мутлақан) ба Ӯ нисбат дода намешавад, агарчи бахшӣ аз он, аз Ӯ содир шуда бошад (бо таваҷҷуҳ ба инки агар ҳеҷ бахше аз он аз Худованд содир нашуда бошад, касе ба он мӯътақид ва мултазим намешавад, дар ҳоле ки ин барои нисбат додани он ба Худованд ва табъан эътиқод ва илтизом ба он кофӣ нест); Чароки ончи аз Худованд содир шуда, дар воқеъ як маҷмӯъаи пок (бо ҳамаи аҷзоъи лозим барои камоли инсон) буда ва маҷмӯъаи нопоке ки аз олойиши иродаи Худованд бо ғайри Ӯ (ки чизе ҷуз таҷаллии ширк нест) баромада, аз Ӯ содир нашудааст ва бо ин васф, вуҷуди бархӣ аносури асил дар он (ки дар ҳар дину мазҳаб ва фирқае ёфт мешавад), барои интисобаш бо Худованд, кофӣ нест (чун дар воқеъ монанди доме аст ки саёд барои парандаи гурусна паҳн мекунад ва дар он аносури муфйиде монанди дона ва нон низ қарор медиҳад то парандаи гурусна фиреб бихурад ва ҳамаро муфйид бипиндорад, дар ҳоле ки на танҳо он дом, балки он дона ва нон низ муфйид нест ва танҳо ба ҳалокати паранда меанҷомад ва аз ин рӯ, метавон гуфт ки ҳеҷ чизи муфйиде дар доми саёд вуҷуд надорад. Ба ҳамин тартиб, дине ки олимони мунҳариф ва ҳокимони золим бо номи Ислом таблиғ мекунанд то авомро бо он дар хидмати худ ба ҷойи Худованд қарор диҳанд, агарчи дар он ақойид ва аҳкоми саҳиҳе ҳам дида мешавад, куллан нисбате бо Худованд надорад); Чароки Худованд покиза аст ва аз ҳар чизи ғайри покиза, танзиҳ мешавад (ва лизо як дини омехта ба аҳвоъ, ба Худованд нисбат дода намешавад. Шояд битавон ин рӯйкарди устозунал Мансурро гунаи <<Камолгаройии Исломӣ>> ва дар тақобул бо андешаи <<Нисбӣ будани дин>> таъбир кард, вале дар ҳар ҳол, иллати таъкиди эшон бар рӯи ин нукта он аст ки бисёрӣ аз мусалмонон мегӯянд ончи тавассути олимон ва ҳокимонашон дар кишварҳои Исломӣ таблиғ ва татбиқ мешавад бо вуҷуди ҳамаи нақойисе ки дорад Ислом аст ва бояд қадр дониста шавад. Онҳо мегӯянд: Худо олимон ва ҳокимони моро ҳифз кунад ки ҳамин миқдор аз Исломро дар кишварҳои мо иқома мекунанд! Гӯйи ки бо ин кор ба Худованд лутфе мекунанд ё бар мардум миннате доранд! Дар ҳоле ки олимон ва ҳокимонашон агар як бахши аз Исломро иқома мекунанд, сад бахши аз онро иқома намекунанд ва ба ҷойи он, аҳвоъи худро иқома мекунанд, то ҳадде ки гоҳе ба назар мерасад иқомаи он бахши аз Ислом низ бештар барои ин аст ки битавонанд барои иқомаи аҳвоъи худ пӯшише пайдо кунанд. Ба ҳар ҳол, возеҳ аст ки вақте шумо дар як кишвари мусалмон ҳукумат мекунед маҷбуред ки бархӣ зоҳири Исломиро риъоят кунед то имкони бақои ҳукумататон бошад ва ин лузуман ба маънои таъаҳҳуди шумо дар қиболи Ислом нест ва аз ин рӯ, ҳатто Умавиён ки аз фосиқтарин ҳокимони торих буданд ғолибан зоҳири Исломиро риъоят мекарданд ва бахшӣ аз Исломро иқома менамуданд то дар пӯшиши он, ҳазор бидъат ва залолатро вориди ақойид ва аҳкоми мусалмонон бикунанд. Ба ҳамин хотир аст ки нигоҳи устозунал Мансур ба ин қазия комилан тафовут дорад. Эшон Исломро як кулли тақсим нопазир мебинад ки вуруди ҳатто як нохолисе ва олойиш дар он, моҳияташро куллан тағйир медиҳад; Чароки Ислом дар назари ин раҳнамои бузург, таҷаллии рубубияти Худованд аст ва рубубияти Худованд ҳеҷ нохолисе ва олойишеро бар наметобад; То ҳадде ки ҳатто як нохолисе ва олойише дар он, бо Худовандии Худо мунофот дорад ва вуҷудашро ғайри қобили парастиш мекунад. Аз ин рӯ, Исломи нохолис ва олуда, ба Ӯ таъаллуқе надорад ва масъулияти натойиҷи иқомаи он мутаваҷҷеҳи Ӯ нест). Ба илова, он аносури асил (ки дар дини нохолис вуҷуд дорад), ба аносури дигар (ки асил нестанд) вобаста ва пайвастаанд (яъне таҳти таъсири онҳо қарор мегиранд) ва дар канори онҳо, як маҷмӯъаи воҳиди (нохолисе) ро ташкил медиҳанд ва ба сабаби ҳамин омехтагӣ ва иртиботи танготанг (аносури асил ва ғайри асил), натойиҷи мавриди иродаи Худовандро дар пай надоранд (монанди асале ки ба заҳр омехта шудааст ва ба сабаби ҳамин омехтагӣ, на танҳо боъиси шифо намешавад, балки ба марг меанҷомад) ва бо ин васф, гӯйи ки дар амал аносурӣ асил нестанд (то ҳадде ки метавон бо вуҷуди боқӣ монадани бархӣ ақойид ва аъмоли Исломӣ, монанди бархӣ ривоёти гуфт: <<Чизе аз Ислом ҷуз номаш боқӣ намодааст>>). Аз ин рӯ, Худованд будани кулли дин барои Ӯ ва на танҳо бахшҳое аз онро ормони Ислом шумурда (то мусалмонон ба ҳеҷ бахше аз он ҷудои аз бахшҳои дигар қонеъ нашаванд) ва фармудааст: «وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ كُلُّهُ لِلَّهِ ۚ»;[4] <<Бо онон биҷангед то он гоҳ ки фитнае набошад ва дин ҳамааш барои Худо бошад>>! (Бинобарин, кулигаройии устозунал Мансур дар ҳавзаи дин, мубтанӣ бар кулигаройии Қуръон дар ин ҳавза аст ва он бузургвор дар ин маврид низ монанди сойири маворид, аз Қуръон ҷудо нашудааст; Чунонки ба унвони ҷамъбандӣ мефармояд:)

Аз инҷо дониста мешавад ки Ислом, ҳаргоҳ ба ақойид ва аҳкомӣ ғйри асили (ки умдатан тавассути ҳокимон ва олимони мазоҳиб ба он ворид шудааст) омехта бошад, дар кул нисбате бо Худованд надорад ва амал ба он, муҷзӣ нест (яъне кифоят намекунад ва муҷиби бароъати зиммаи мусалмонон аз таколифи Исломияшон намешавад); Зеро чизе ки аз талфиқи аносури Исломӣ ва аносури ғайри Исломӣ падид омадааст, дар воқеъ Ислом нест (яъне ба маҷмӯъаи ин ду наметавон Ислом гуфт), бал ихтироъи ҷадиде (тавассути мардум) аст ки тасомуҳан (яъне бо саҳлгарӣ ва бедиққатӣ) Ислом номида мешавад ва табъан иқомаи он (дар кишварҳои Исломӣ), иқомаи Ислом нест, агар чи урфан (тавассути мусалмонони ин кишвар) иқомаи Ислом шумурда шавад (ҳамчунонки дар замони ҷоҳилияти пеш аз Ислом низ бархӣ ақойид ва аҳкоми Ислом дар миёни аъроби мушрик вуҷуд дошт ки бо ақойид ва аҳкоми ҷоҳилӣ омехта шуда буд, вале ин боъис намешавад ки ба он Ислом гуфта шавад, то он гоҳ ки Ислом бо тамомияти ақойид ва аҳкоми худ бидуни ҳар гуна ихтилоте зуҳур кард ва ақойид ва аҳкоми пеш аз худро ҷоҳилият номид). Аз ин рӯ, Худованд ҳатто ба Пёмбари худ ки маъсум аст (яъне инсони комил аст ва ба болотарин дараҷаи илмӣ ва ахлоқӣ ки як инсон метавонад ба он бирасад расидааст), иҷоза надодааст ки ақида ё ҳукме ношӣ аз иродаи инсонии худро бо ақойид ё аҳкоми ношӣ аз иродаи Илоҳии Ӯ (ки бартар аз иродаи инсонӣ аст) даромезад ва таҳдид кардааст ки дар сурати вуқуъи кӯчактарин дахолат аз ноҳияи ӯ ба унвони як инсон (на ба унвони як Паёмбар ки сухангӯӣ Худованд аст), сойири таблиғоти холиси ӯро нодида мегирад ва ӯро ба сахттарин шакли мумкин муҷозот мекунад (ба хотири ҳамон қоъидаи хароб шудани Ислом бо як нохолисӣ; Монанди инки як қатра шаробро дар як деги ғазо биандозӣ ки ба хотири ҳамон як қатра, дигар наметавон аз он дег истифода кард!); Чунонки фармудааст: «وَإِنْ كَادُوا لَيَفْتِنُونَكَ عَنِ الَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ لِتَفْتَرِيَ عَلَيْنَا غَيْرَهُ ۖ وَإِذًا لَاتَّخَذُوكَ خَلِيلًا؛ وَلَوْلَا أَنْ ثَبَّتْنَاكَ لَقَدْ كِدْتَ تَرْكَنُ إِلَيْهِمْ شَيْئًا قَلِيلًا؛ إِذًا لَأَذَقْنَاكَ ضِعْفَ الْحَيَاةِ وَضِعْفَ الْمَمَاتِ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ عَلَيْنَا نَصِيرًا»;[5] <<Ва наздик буд ки туро аз чизе ки ба ту ваҳй кардим фирефта созанд то ҷуз онро бар Мо бибандӣ ва он гоҳ албатта туро дӯст мегирифтанд; Ва агар на ин буд ки туро собит доштим наздик буд ки чизе андак ба сӯӣ онон бигароӣ; Он гоҳ албатта туро дучандон дар зиндагӣ ва дучандон дар марг мечашондим ва сипас ҳеҷ пуштибоне барои худ дар баробаи Мо намеёфтӣ>>! Ҳамчунонки фармудааст: «وَلَوْ تَقَوَّلَ عَلَيْنَا بَعْضَ الْأَقَاوِيلِ؛ لَأَخَذْنَا مِنْهُ بِالْيَمِينِ؛ ثُمَّ لَقَطَعْنَا مِنْهُ الْوَتِينَ؛ فَمَا مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ عَنْهُ حَاجِزِينَ»;[6] <<Ва агар бар Мо бархӣ гуфтаҳоро мебаст; Албатта ӯро бо сахтӣ мегирифтим; Сипас раги қалбашро мебуридим; Он гоҳ ҳеҷ як аз шумо нигоҳдори ӯ набудед>>! (Ин бархӯрди Худованд бо Паёмбараш дар сурате аст ки чизе аз ғайри динро бо он биёмезад. Бо ин васф,) Дур нест ки бархӯрди Худованд бо ғайри Паёмбараш, дар сурате ки муртакиби ҳамин кор шаванд, шадидтар бошад! (Чун камтар аз ӯ итоъати Худовандро кардаанд ва бештар аз ӯ шойистаи азоб ҳастанд ва бо ин ҳисоб, Худо медонад чи азобе дар интизори ҳокимон ва олимоне аст ки муъаллифаҳоӣ ғайри Исломиро аз занни худ дар Ислом дохил кардаанд ва миёни мусалмонон тарвиҷ медиҳанд!) Ҳамчунонки борҳо бар лузуми <<Ихлоси дин>> ба маънои иқомаи он ба сурати холис (ва барканор аз муъаллифаҳои берунӣ), таъкид карда, балки ибодоти худро муқаяд ба он сохта ва фармудааст: «فَادْعُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ»;[7] <<Худовандро бо холис сохтани дин барояш, бихонед агарчи кофирон хуш надоштанд>> Ва фармудааст: «هُوَ الْحَيُّ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَادْعُوهُ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ ۗ الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ»;[8] <<Ӯ зиндайе аст ки Худое ҷуз Ӯ нест; Пас Ӯро дар ҳоле ки динро барояш холис месозед бихонед; Ситойиш барои Худо Парвардигори ҷаҳониён аст>> Ва фармудааст: «وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَ ۚ وَذَٰلِكَ دِينُ الْقَيِّمَةِ»;[9] <<Ва фармон дода нашуданд магар ба инки Худовандро бо холис сохтани дин барояш ҳақгароёна бипарстанд ва намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд ва он ҳамоно дини ростин аст>>! Ин ба рӯшанӣ гӯёӣ он аст ки ибодати Худованд бо дине ки барои Ӯ холис нашуда ва ба ғайри ақойид ва аҳкоми ношӣ аз Ӯ омехта аст (барои растгорӣ аз азоби Худованд), кифоят намекунад ва мутаъаллиқи амри Ӯ нест (яъне Худованд ба чунин ибодате амр накардааст) ва аз инҷо фасод ё адами қабули аъмолӣ ибодӣ ки (қоъидатан барои тақарруб ба Худованд анҷом мешаванд, вале аз ҳайси мабноӣ) мубтанӣ бар занн (яъне адиллаи заннӣ монанди ахбори воҳид) ё омехта ба бидъатанд, дониста мешавад (бинобарин, устозунал Мансур ду эҳтимолро барои ин қабил аъмоли ибодӣ зикр фармудааст: Эҳтимоли аввал, бутлони онҳо ба унвони асари вазъӣ бо таваҷҷуҳ ба инки таъаллуқи амри Худованд ба онҳо собит нест ва ҳар ибодате ба он амр накарда, ботил аст ва эҳтимоли дувум, адами қабули онҳо бо таваҷҷуҳ ба инки дар хусуси ибодат мубтанӣ бар занн, таъаллуқи амри Худованд аст, вале ба далили мухолифати он бо амри Худованд аз лиҳози мабноӣ қобили қабул нест; Чароки Худованд фармудааст: «إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ» [Моъида/ 27]; <<Худованд танҳо аз парҳезкорон қабул мекунад>> ва бо ин васф, касе ки бар мабноӣ амри Худованд яъне яқин, амри Ӯ ба ибодатро имтисол накардааст, парҳезкор шумурда намешавад ва ибодаташ қобили қабул нест); Чароки занниёт (дар ҳавзаи ибодот) аз Ислом нестанд ва як бидъат (яъне ақида ё амале ки Худованд ба он амр накардааст) дар ибодат, ҳамаи онро ботил мекунад (монанди як қатра шароб дар як кӯза об, то он гоҳ ки ибодатро ба ҳамон ваҷҳе ки Худованд ба он амр кардааст анҷом диҳад, на ба он ваҷҳе ки дилаш мехоҳад.

Ин яъне иқомаи айни Ислом, шарти аввал барои саъодати мусалмонон ва растгорияшон аз мушкилоти дунявӣ ва ухравӣ буд ки устозунал Мансур табйин кард, аммо шарти дувуми иқомаи Ислом аст ки ин шоъ Аллоҳ дар дарси баъди дар бораи он сухан мегӯйем.

و السلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1]. Шуро/ 13.

↑[2]. Моъида/ 66.

↑[3]. Зумар/ 3.

↑[4]. Анфол/ 39.

↑[5]. Исроъ/ 73 то 75.

↑[6]. Ҳоқаҳ/ 44 то 47.

↑[7]. Ғофир/ 14.

↑[8]. Ғофир/ 65.

↑[9]. Баййинаҳ/ 5.

Барои шунидани савти дарси сиву чаҳорум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.