Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси сиву дувум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Хурофагароӣ (2)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли бо маънои <<Хурофа>> ошно шудем ва донистем ки гароиш ба он дар ҳамаи гурӯҳҳои Исломӣ дида мешавад, вале дар миёни аҳли тасаввуф ба маротиб бештар аст ва ин ба сабаби иттикоъи фавқулодаи онон ба <<Завқ>> ва <<Шеър>> дар ҳавзаи дин аст ки онро <<Ишқ>> ва <<Ирфон>> меноманд ва мусиррона дар тазодди бо ақл мешуморанд. Дар ҳоле ки бо тавзиҳоти устозунал Мансур дарёфтам ки дар зиддият бо ақл хайре нест ва ҳар хайре ҳаст дар ҳамоҳангӣ бо ақл аст ва <<Шуҳуд>> ба маънои мушоҳидаи ҳақ дар олами муҷаррадот, ҳар гоҳ онро дар олами моддиёти амалӣ бидонем, абзоре барои ақл монанди биноӣ аст ки дар хидмати он қарор мегирад. Аз ин рӯ, устозунал Мансур)

[Нақши мусалмонони аҳли тасаввуф дар густариши ақлгурезӣ]

(миёни мусалмононро барҷаста медонад ва мефармояд:) Аз инҷо метавон гуфт ки аҳли тасаввуфи мусалмон (бо таваҷҷуҳ ба исроре ки бар вуҷуди тазод миёни ақл ва ирфон доштаанд,) дар канори аҳли ҳадиси мусалмон (ки бар вуҷуди тазод миёни ақл ва шаръ таъкид доштаанд), нақши барҷастае дар густариши ақлгурезӣ миёни мусалмонон доштаанд (яъне аҳли ҳадис аз як сӯ ва аҳли тасаввуф аз сӯӣ дигар, монанди ду лабаи қайчӣ, то ҳадди зиёде пайванди мусалмонон бо ақлро буридаанд); Бо ин тафовут ки аҳли ҳадиси мусалмон, мураввиҷи диндории хабаргароёна (яъне мубтани бар хабари воҳид) будаанд ва аҳли тасаввуфи мусалмон, мураввиҷи диндории шоирона! (яъне мубтанӣ бар шеър!) Дар ҳоле ки (ҳар чанд хабари воҳид, заннӣ ва беэътибор аст,) шеър ба маротиб беэътибортар аз хабари заннӣ аст (чароки аз тахаюли шоъир бар мехезад ва ҷанбаи ваҳмӣ дорад); Бал бештари он чизе ҷуз муғолита (ба маънои қиёсҳои нодуруст аз лиҳози модда ё сурат) ва бозӣ бо алфоз (ба шаклӣ фиребанда ва саргармкунанда) нест ки ба сабаби оҳанги (яъне вазн ва қофеаъи) худ, ақлро сокет (яъне хомӯш) месозад (ба наҳве ки эътироз накунад), бе онки қонеъ созад (бо таваҷҷуҳ ба инки фасодаш барои ақл маълум аст, бал гоҳе ба қадре возеҳ аст ки бовараш намеояд иродаи ҷиддии шоъир ҳамон бошад ва аз ин рӯ, ба таъвил ва тавҷиҳи он мепардозад то маънои боварпазире аз он ба даст ояд. Бояд таваҷҷуҳ дошт ки шеърро дар мантиқ яке аз саноъатҳои панҷгона медонанд ва баъд аз хатоба ва қабл аз муғолита қарор медиҳанд ва ҳадаф аз онро таҳрики эҳсосот ва таҳйиҷи авотифи мухотаб барои қабули чизе мешуморанд ки чи басо қабули он бар пояи бурҳон ё ҷадал ё ҳатто хатоба мумкин нест ва бо ин васф, рӯшан аст ки арзиши маърифатӣ надорад); Зеро рӯшан аст ки ҳар сухани мавзуне, дуруст нест ва ҳаққро наметавон бо амсоли ин музахрафот (яъне суханони ороста ва нодуруст) шинохт; Чунонки Худованд ин қабил суханони ороста ва нодурустро <<Зухруфул қавл>> номида ва пардохтаи шаётини (инсӣ ва ҷиннӣ) барои фиреби якдигар дар ростои душманӣ (дониста ё нодониста) бо Паёмбарон шумурда ва фармудааст: «وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوًّا شَيَاطِينَ الْإِنْسِ وَالْجِنِّ يُوحِي بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ زُخْرُفَ الْقَوْلِ غُرُورًا ۚ وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُ ۖ فَذَرْهُمْ وَمَا يَفْتَرُونَ»;[1] <<Ва бадин сон барои ҳар Паёмбаре душмане аз шаётини инси ва ҷинни қарор додем ки бархишон суханони оростаро ба бархӣ дигар мерасонанд барои фиреб, дар ҳоле ки агар Парвардигорат мехост ин корро намекарданд, пас ононро бо ончи мебофанд вогузор>>! (Рӯшан аст ки боризтарини мисдоқи <<Зухруфул қавл>> ба маъноӣ <<Суханони ороста>>, шеър аст ки лабрез аз авзон ва орояҳои адабӣ аст ва ҳаргоҳ маъонии маъқуле надошта бошад, муҷиби <<Ғурур>> яъне фирефтагӣ ва инҳироф аз хатти Паёмбарон мешавад ва аз масодиқи ваҳйи шайтонӣ аст.) Бал (дар ҷойи дигар аз китоби худ,) ин қабил забонбозиҳои фиребандаро <<Лаҳвул ҳадис>> (яъне бозии сухан ё суханбозӣ ё беҳудагӯйи) номида ва муҷиби гумроҳии нодонистаи (мардум) аз роҳи Худо ва истеҳзоъи он шумурда ва фармудааст: «وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْتَرِي لَهْوَ الْحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَيَتَّخِذَهَا هُزُوًا ۚ أُولَٰئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مُهِينٌ»;[2] <<Ва аз мардум касоне ҳастанд ки сухани беҳударо бар мегузинанд то нодониста аз роҳи Худо гумроҳ созанд ва онро ба сухра бигиранд; Ононро азобӣ хорсоз хоҳад буд>>! (Бидуни шак яке аз масодиқи ин гурӯҳ аз мардум бархӣ аз аҳли тасаввуф ҳастанд ки ашъори ботилро бар мегузинанд ва аз ин тариқ, нодониста заминаи гумроҳии мардум аз роҳи Худо ва бозӣ бо таъолими Паёмбаронро фароҳам месозанд.)

Бо ин ҳама (мавонеъи рӯшани Ислом дар баробари шеър), бисёрӣ аз мусалмонон (хусусан дар чаҳор панҷ қарни охир баъд аз зуҳури шоъиронӣ бузург), аз шоъирон чунон таъсир (фикрӣ ва фарҳангӣ) пазируфтаанд ки аз Паёмбарон, бал гоҳе (барои исботи дидгоҳҳо ва корҳои худ) ба ашъори онон чунон истинод доранд ки ба оёти Қуръон (гӯйи ки як байт шеър аз фалон шоъир ҳам метавонад монанди як ояи Қуръон қонеъ кунанда бошад) ва нақши сурудаҳҳои онон (дар қолиби ғазалҳо ва қасидаҳо ва ду байтиҳо ва монанди он) дар шаклгирии фарҳанги кунунии мусалмонон (ки имрӯз шоҳиди он ҳастем), қобили инкор нест (чароки маҳсус ва қобили мушоҳида аст); Дар ҳале ки Худованд ба рӯшанӣ (дар китоби худ) аз табаъияти шоъирон (ба маънои таъсирпазирӣ ва пайравӣ аз увҳоми шоъиронаи онон) бар ҳазар дошта ва фармудааст: «وَالشُّعَرَاءُ يَتَّبِعُهُمُ الْغَاوُونَ؛ أَلَمْ تَرَ أَنَّهُمْ فِي كُلِّ وَادٍ يَهِيمُونَ؛ وَأَنَّهُمْ يَقُولُونَ مَا لَا يَفْعَلُونَ»;[3] <<Ва шоъиронро гумроҳон пайравӣ мекунанд! (Чароки пайравӣ аз онон муҷиби гумроҳӣ аз масири ҳақ мешавад ва танҳо касоне ки меъёри шинохтро кам кардаанд ё ба он илтизом надоранд таҳти таъсири онон қарор мегиранд) Оё намебинӣ ки онон дар ҳар водие саргаштаанд?! (Яъне дар бораи ҳар мавзӯъе ки чи басо тахассусе низ дар бораи он надоранд вуруд мекунанд ва шеър месароянд) Ва онон чизҳое мегӯянд ки анҷом намедиҳанд?!>> (Яъне муболиға мекунанд ва дурӯғ мегӯянд бо таваҷҷуҳ ба инки гуфтаанд << أحسن الشّعر أکذبه>> яъне беҳтарин шеър дурӯғтарини он аст). Ҳамчунонки (дақиқан ба ҳамин далил) шеърро ба Паёмбари хеш наёмӯхта ва зебандаи ӯ надониста (маълум мешавад ки шеър матлуби Худованд нест ки зебандаи Паёмбараш надониста; Чун чизе ки матлуби Ӯ бошад қаҳран зебандаи Паёмбараш аст) ва фармудааст: «وَمَا عَلَّمْنَاهُ الشِّعْرَ وَمَا يَنْبَغِي لَهُ ۚ»;[4] <<Ва ӯро шеър наёмӯхтем ва зебандаи ӯ нест>> (ва табъан вақте зебандаи ӯ набошад пайравӣ аз он низ зебандаи пайравони ӯ нест); Бал (фаротар аз он) шоъир шумурдан ӯро тавҳин (ба ӯ) талаққӣ карда (гӯё ки шоъир будан ба маънои каззоб будан аст ё бо он мулозима дорад) ва (ба ҳамин далил) мунофӣ бо шаъни набуввати ӯ (ки мусталзими садоқат аст) дониста ва фармудааст: «وَمَا هُوَ بِقَوْلِ شَاعِرٍ ۚ قَلِيلًا مَا تُؤْمِنُونَ»;[5] <<Ва он (яъне таъолими Паёмбар ва ба сурати хос Қуръон) гуфтори шоъире нест; Андаке имон меоваред>>! (Ё дар ҷойи дигаре фармудааст: «أَمْ يَقُولُونَ شَاعِرٌ نَتَرَبَّصُ بِهِ رَيْبَ الْمَنُونِ» (Тур/ 30); <<Ё мегӯянд шоъире аст ки дар интизори маргаш ба сар мебарем>>) Аз ин рӯ, газоф (яъне сухани номаъқул ва дур аз зеҳнӣ) нест ки гуфта шавад, шоъирон (ки бо шеъри худ ба муъориза бо таъолими Паёмбарон мепардозанд) монанди соҳирон (ки бо сеҳри худ ба муъориза бо таъолими Паёмбарон мепардозанд хоста ё нохоста), рақибони Паёмбаронанд (гӯи онки шеър низ монанди сеҳр амал мекунад ва шунавандаро масҳур месозад) ва дониста (монанди шоъирони мушрикин дар замони Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ё нодониста (монанди бархӣ шоъирони мусалмон ва аҳли тасаввуф), ба муъоризаи бо онон (дар таъолимашон) бархостаанд; Чароки бо калимоти ширин (яъне матбуъ) ва оҳангини (яъне мавзуни) худ, хоста ё нохоста таълими мардумонро (ба ҷойи Паёмбарон) бар ӯҳда гирифтаанд, дар ҳоле ки таълими мрдумон шаъни онон нест, балки шаъни Паёмбарон аст (бо таваҷҷуҳ ба инки инсонҳои комил ва дарёфт кунандагони ваҳй ҳастанд) ва шоъирон ҳақ надоранд ки таъолими ононро бо увҳоми худ (яъне ашъори худ ки мубтанӣ бар увҳомашон аст) бипушонанд. Оё ба унвони мисол, ин муъоризае (нохоста ва нодониста) бо Паёмбарон нест ки шоъирӣ тавоно (аз ҳайси тасаллут бар вазнҳо ва орояҳои адабӣ), чунон соҳирӣ чирадаст бигӯяд: <<Ҳуш дор ки гар васвасаи ақл куни гӯш/ одамсифат аз равзаи ризвон ба даройи>>[6]?! (Яъне ақлро ба шайтонӣ васвасагар ташбеҳ карда ки пайравӣ аз он муҷиби хуруҷ аз биҳишт мешавад!) Дар ҳоле ки Паёмбарон (дақиқан бар хилофи ин шоъир), ақлро меъёри шинохт ва василаи найли ба равзаи ризвон донистаанд ва ошкоро ба табаъият аз он фарохондаанд ва рӯшан аст ки Одам алайҳи салом ба табаъият аз он, нофармонии Худовандро накард (ва аз меваи шаҷараи мамнуъа нахӯрд), балки ба табаъият аз ҳавои нафси худ (яъне аз рӯӣ тамаъ ва ҳирс) ин корро кард (чун ақли ӯ ба лузуми итоъат аз наҳйи Худованд ва мухолифат бо амри иблис ҳукм мекард) ва иддаъои шоъир дар бораи ӯ, бӯҳтонӣ (яъне нисбати дурӯғ ва беасосӣ) беш нест ва бо ин ҳол, (аз лиҳози лафзӣ ва вазнӣ) ба қадре зебо ва фиребанда аст ки ғолибан касе ба нодурустии он (аз лиҳози маънойи) тавҷҷуҳ намеёбад ва аз нуфузи он дар замири худ (яъне зеҳн ва андешааш), маҳфуз намемонад! Ин бадон маъност ки шоъирон, омузаҳоӣ нодуруст (ношӣ аз увҳом ва тахаюлоти худ) ро дар пӯшиши иборотӣ мавзун ва дилписанд, ба зеҳни мусалмонон тазриқ мекунанд (ин таъбирро аз он ҷиҳат ба кор мебаранд ки вуруди ин омӯзаҳои нодуруст ба зеҳни мусалмонон, ғолибан ба сурати нохудогоҳ анҷом мешавад) ва бо неруӣ лаффозӣ (яъне бозӣ бо алфоз) ва таннозии (яъне шӯхтабъӣ ва базлагӯйии) худ, увҳомӣ бепоя ва сахифро ба унвони нукотӣ ҳакимона ва зариф, ба онон меқабулонанд, дар ҳоле ки асли гуфторашон (дар варои ин алфози зебову фаребанда ва ибороти мавзун ва дилписанд), ҳаргоҳ ба наср дарояд ва аз орояҳои рангоранг (монанди маҷозу киноя ва ташбеҳу муболиға) бараҳна гардад, ба ҳазёнӣ (яъне парешонгӯйиҳоӣ ношӣ аз бемории) беш намемонад ки маъноӣ (қобили қабул) барои он нест! (Монанди шеър ки асли он ба сурати нашр ва бар канор аз орояҳои рангоранги ин аст: Ҳушёр бош ки агар аз ҳукми ақл пайраӣ кунӣ туро монанди Одам аз биҳишт маҳрум мекунад ва ин сухани нодурусте аст ки мутлақан қобили тасдиқ нест.) Аз ин рӯ, мусалмононе ки (таҳти таъсири бурҳонҳо ва ҷадалҳо ва хатобаҳои Исломӣ) ҳозир ба тарки ақл (монанди салафиён ва сӯфиён) нестанд ва дар айни ҳол, (таҳти таъсири чизе ки аз кӯдаке дар мадорис омӯхтаанд) шеърро дӯст медоранд ва барои шоъирон таъассуб меварзанд, ногузир ба таъвили ашъори онон (бо ҳадафи созгор кардани онҳо бо фарҳанги худ) мепардозанд ва барои сахифтарин сурудаҳои онон (аз ҳайси маъноӣ), мафоҳиммӣ маъқул ва қобили қабул мебофанд! Чунонки масалан (бо такаллуфи фаровоне) суханони онон дар бораи бӯсу канор (яъне ҳамоғӯшӣ) ва ҷимъо (яъне наздики бо занон) ро бар қурби ба ҳақ ҳамл мекунанд (бо онки чунин ташбиҳӣ бисёр қабиҳ аст) ва суханони онон дар бораи рақсу бодаҳ ва тағанниро ба ибодоти Худованд боз мегардонанд (бо онки оқилон аз чунин чизе бо чунин кинояе ёд намекунанд), дар ҳоле ки бархӣ аз таъвилҳошон ба ғоят борид (яъне хунук ва носоз)[7] ва бархӣ аз тавҷиҳошон ҳамли бар муҳол аст! (Чун баъзан сухани шоъир чунон сариҳ аст ки маънои дигареро бар наметобад ва тавҷиҳи он дурӯғӣ шохдор аст ки чи басо шоъир низ ба он ризоят надорад! Албатта мо дар ҳеҷ заминае устозунал Мансурро дур аз инсоф наёфтаем; Чароки нафси закияаш дар ҳеҷ заминае аз рӯӣ ҳавои нафс ё таъассуб қазоват намекунад. Балки ҳамвора бар пояи Қуръон ва суннат ва дар рӯшанойии ақл қазоват мекунад ва лизо дар ин замина низ ҷониби инсофро нигоҳ медорад ва мефармояд:)

Оре, инсоф он аст ки дар миёни ин шоъирони ёвагу (ки бар хилофи ақл ва таъолими Паёмбарон шеър сурудаанд), андак шоъироне низ будаанд ки шеърро бар пояӣ ақл сурдаанд ва бар таъолими Паёмбарон мунтабиқ сохтаанд (ҳар чанд ба ҳамин далил, ин шоъирони ёвагу, шеъри ононро намедонанд ва мантиқиюн ҳам ҳамин назарро доранд ва мегӯянд ки сурудаҳои инон шеър нест, дар ҳоле ки шеъри онон аз вазн ва қофиа ва орояҳои адабӣ бархурдор аст ва танҳо тафовуте ки дорад маъонии маъқул ва мунтабиқ ба Қуръон ва суннат аст) ва рӯшан аст ки рӯӣ итоби ман, бо онон нест (лизо набояд пиндошт ки устозунал Мансур бо мутлақи шеър ва умуми шоъирон мухолиф аст, бал танҳо бо шеъре ки мухолиф бо ақл ва шаръ аст мухолифат дорад ва ин мухолифате аст ки Худованд низ дорад ва Паёмбари Ӯ ва аҳли байти тоҳирин ва салафи солеҳин низ доштанд; Балки бархӣ аз онон шеърро аз мубталоти вузу медонистанд [Ал-Истебсор, ҷ1, с87] ва иншоди он дар масҷид [Таҳзиб, ҷ3, с259] ва низ дар рӯзи ҷумъа ва моҳи рамазонро нораво мешуморанд [ҳамон, ҷ4, с195], Бал мӯътақид буданд ки агар даруни инсон аз касофат пур шавад беҳтар аз он аст ки аз шеър пур шавад [Муснади Аҳмад, ҷ1, с175] ва ин дар ҳоле буд ки аз шеъри ҳикимӣ ва мутобиқ бо Қуръон ва суннат камтар кароҳат доштанд ё ҳатто онро меписандиданд. Аз инҷо дониста мешавад ки рӯйкарди устозунал Мансур дар бораи шеър, мутобиқ бо рӯйкарди Худованд ва Паёмбараш ва рӯйкарди аҳли байти тоҳирин ва салафи солеҳин аст, ҳар чанд бо рӯйкарди бештари мардум дар замони мо мутобиқат надорад. Ба ҳар ҳол, эшон тасриҳ мефармояд: Рӯӣ итоби ман бо шоъироне ки шеърро бар пояи ақл сурудаанд ва бар таъолими Паёмбарон мунтабиқ сохтаанд); Чароки гуфтори одамӣ, ҳаргоҳ мафҳум саҳиҳ ва мантуқи (яъне алфоз ва ибороти) зебо дошта бошад, комил аст ва комил, (ақлан ва табъан) хуб ва дӯстдоштанӣ аст; Чунонки Худованд (дар китоби худ ки чизеро ногуфта нагузошта,) аҳли онро аз шоъирони газофагуй истисно карда ва фармудааст: «إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَذَكَرُوا اللَّهَ كَثِيرًا وَانْتَصَرُوا مِنْ بَعْدِ مَا ظُلِمُوا ۗ وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ»;[8] <<Магар касоне ки имон оварданд ва корҳои шоҳиста анҷом доданд ва Худоро бисёр ёд карданд ва пас аз онки ситам диданд талофӣ ҷустанд ва онон ки ситам карданд хоҳанд донист ки ба кадомин бозгаштгоҳ боз мегарданд>>! (Аз ин сухани Худованд дониста мешавад ки беҳтарин корбурди шеъри дар Ислом, мубориза бо ситамкорон дар ростои таҳаққуқи адолат ва дифоъ аз ҳуқуқи мазлумон аст ва ин ҳамон шеъри мутаъолӣ аст ки мутаъассифона камтар дар осори шоъирони маҳбуб ва пуровоза дида мешавад; Чароки бештари осори онон ба амирон ва ҳокимон ва подшоҳони ситамгар эҳдо шуда ва аз мадҳ ва саноӣ онон пур аст!) Борӣ он парешонгӯён куҷо ва ин санҷидагӯён куҷо ки забон ба некуҳиши ақл наёлудаанд ва завқро бар он мубтанӣ сохтаанд (чун завқ агар мубтанӣ бар ақл бошад, бисёр хуб ва судманд аст) ва ба пайравӣ аз (таъолими) Паёмбарон (ва дар ҷиҳати тарвиҷи онҳо) шеър сурудаанд ва аз боби мисол, гуфтаанд: <<Ақл ҳаме гӯядам: Муваккал кард/ бар тану бар ҷонат кирдигор (яъне Худованд) маро/ нест зи баҳри ту бо сипоҳи ҳаво (яъне ҳавои нафс)/ кор магар ҳарбу корзор маро!/ сар зи каманди хирад чигуна кашам? (яъне чигуна аз фармони ақл сарпечи кунам?!)/ фазл, хирад дод бар ҳимор маро (яъне ин ақл буд ки манро бар хар бартари дод.)/ дев ҳаме баст бар қатор сарам (яъне шайтон манро дар сафи шутурон қарор дод.)/ ақл бурун кард аз он қатор маро/ ғори ҷаҳон гарчи тангу тор шудааст/ ақл басанда аст ёри ғор маро (яъне ҷаҳон ҳар андоза ҳам ки пур аз фитна ва шубҳа шуда бошад, ақл ба унвони роҳнамо ва ҳамроҳи ман кофӣ аст.)/ дил зи хирад гашт пур зи нур маро/ сар зи хирад гашт бехумор маро (яъне ақл буд ки ба ман нуроният ва ҳушёрӣ бахшид.)/ пешрувам ақл бувад то ба ҷаҳон/ кард ба ҳукумат чунин мушор маро (яъне роҳнамоям ақл буд ки ин гуна дар ҷаҳон ба ҳукумат саромад ва забонзад шудам.)/ бар сари ман тоҷи дин ниҳод хирад/ дин ҳунаре карду бурдбор маро (яъне ақл манро ба дин далолат кард ва дин ҳам манро ҳунарманд ва бурдбор сохт.)/ аз хотири оташу азоби абад/ дину хирад кард дар ҳисор маро (яъне ақл ва шаръ манро аз ҷаҳаннам маҳфуз дошт.)>>[9] ё гуфтаанд: <<Чуну чаро натиҷаи ақл аст бегумон/ чуну чаро зи ҷонварон ҷуз туро кирост? (яъне пурсиш ва таҳқиқ, ношӣ аз ақл аст ва ин хусусияте барои инсон аст ки дар сойири ҷонварон ёфт намешавад.)/ ҷуз ақл чист онки баду неку бад зи халқ/ он мустаҳақи лаънат вин дар хури саност (яъне меъёри хубӣ ва бадӣ ва мабнои подош ва кайфар ақл аст)/ қадру баҳои мард на аз ҷисму фарбаҳист/ бал мардум аз неку сухану ақл пур баҳост (яъне арзиши инсон ба ақли ӯст на ба ҷисми ӯ.)/ бар ҷонвар баҷумла сухан гӯй ҷонвар/ зон аст подшо ки бару ақл подишост (яъне ақл аст ки инсонро аз ҳайвон мутамойиз мекунад ва бар ҳамаи ҷонворон фазилат ва шарофат мебахшад.)/ чун ту Худои хар шудӣ аз қувати хирад/ пас ақл баҳрае зи Худоест қавли рост (яъне аз онҷо ки ақл, туро бар сойири ҳайвонот мусаллат кардааст метавон натиҷа гирифт ки ақл неъмате аз ҷониби Худованд барои туст.)/ мулку бақост коми ту вин ҳар ду комро/ андар ду олам эй бехирад ақл кимёст (яъне ҳадафи ту бақо ва султа бар махлуқот аст ва ин ҳар дуро дар дунё ва охират ақл таҳсил мекунад.)/ гар ту ба дасти ақл асирӣ хунак туро/ вой ту гар хирадат ба дасти ту мубталост (яъне агар ту асири ақли худ ҳастӣ хушо ба ҳолат, вале вой ба ҳолат агар ақлат асири туст!)/ тухми вафост ақл, ба ту мубтало шудааст/ гар мар туро зи тухми вафо баргу бар ҷафост (яъне ақл муқтазии шинохти ҳақ аст, вале агар ту бо ақли худ ба шинохти ҳақ намерасӣ, ба хотири ин аст ки онро гирифтори эҳсосоти худ кардаи.)/ адл асту ростӣ ҳама осори ақли пок/ ақл аст офтоби дилу адл азу зиёст (яъне ақли салим натиҷае ҷуз адолат ва ростӣ надорад ва адолат партуве аз ақлонияти одамӣ аст.)>>[10] ё гуфтаанд: <<Бипурс роҳ зи илм, ин на ҷойи гумроҳист/ бихоҳ чора зи ақл, ин на рӯзи ночорист (яъне гумроҳӣ ва бечорагӣ дар ин макон ва замон маргбор аст ва қобили тадорук нест ва танҳо роҳнамо илм ва танҳо чора кунанда ақл аст.)/ ба чашми ақл бубин партуви ҳақиқатро/ магӯйи нури таҷаллӣ фусун ва тарорист (яъне ҳаққро бо меъёри ақл бишнос ва мункири арзиш ва ҳуҷҷияти ин нури Илоҳӣ нашав.)/ бихар зи дакаи ақл ончи руҳ металабад/ ҳазор суд ниҳон андарин харидорист (яъне ниёзҳои руҳи худро аз тариқи ақл таъмин кун ки суди пинҳони фаровоне барои ту дорад.)>>[11] ё гуфтаанд: <<Сари бечироғ ақл гирифтори тирагӣ аст/ тан бевуҷди руҳ пароканда чун ҳабост (яъне ҳамон тавр ки бадан бидуни руҳ мепӯсад ва аз байн меравад, зеҳн бидуни ақл дар торикии ҷаҳл ва залолат фуру меравад.)>>[12] ё гуфтаанд: <<Роҳнамои роҳи маънӣ ҷуз чароғи ақл нест/ кӯш Парвин то ба торикӣ набошӣ раҳсипор (яъне ҷуз ақл маҷҳулоти инсонро рӯшан намекунад ва бо ин васф, эй шоъираи ҳакима Парвини Эътисомӣ! Бикӯш ки дар рӯшанойии ақл зиндагӣ кунӣ.)>>[13] ва нуктаҳоӣ дигар аз ин даст ки дилро (аз лиҳози адабӣ ва ҳунарӣ) менавозад (яъне ба лаззати маънавӣ мерасонад) ва ақлро (аз лиҳози ҳикмӣ ва илмӣ) қонеъ месозад (вале бо ин ҳол аҷиб аст ки ин қабил шоъирони доно ва андарзгӯ шӯҳрат ва маҳбубияти камтаре дар миёни мусалмонон ёфтаанд ва камтар мардум эътинои онон қарор гирифтаанд, дар ҳоле ки назди Худованд ва авлиёъаш монанди устозунал Мансур бештар мавриди иноят ҳастанд).

و السلام علیکم و رحمت الله

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1]. Анъом/ 112.

↑[2]. Луқмон/ 6.

↑[3]. Шуъароъ/ 224 то 226.

↑[4]. Ёсин/ 69.

↑[5]. Ҳоқаҳ/ 41.

↑[6]. Ҳофизи Шерозӣ, Дейвони Ашъор, ғазали 494.

↑[7].[Хунук ва носоз]

↑[8]. Шуъароъ/ 227.

↑[9]. Носири Хусрав, Дейвони Ашъор, Қасойид, 5.

↑[10]. Ҳамон, Қасидаи 40.

↑[11]. Парвини Эътисомӣ, Дейвони Ашъор, Қасоъид, Қасидаи 12.

↑[12]. Ҳамон, Қасидаи 9.

↑[13]. Ҳамон, Қасидаи 21.

Барои шунидани савти дарси сиву дувум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.