Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси сиву якум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Хурофагароӣ (1)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Охирин монеъ аз мавонеъи аслӣ ва умдаи шинохт ки устозунал Мансур дар китоби арзишманди худ <<Бозгашт ба Ислом>> табйин фармуда, <<Хурофагароӣ>> аст. Албатта ҳамон тавр ки худ дар мабҳаси <<Ҷамъбандии мавонеъи шинохт>> мефармояд, мавонеъи шинохт мунҳасир ба ин ҳафт монеъ нест ва зикри ин ҳафт монеъ аз боби эҳсоъ ва истиқсоъ набудааст, вале метавон иддаъо кард ки ин ҳафт монеъ, руъус ва уммаҳоти мавонеъи шинохт ҳастанд ва сойири мавонеъи шинохт ба содагӣ ва рӯшанӣ дар зейли яке аз онҳо мегунҷад; Ҳамчунонки метавон умедвор буд ки агар касе аз ин <<Ҳафт хонаи маърифат>> бигзарад, ба ин маъно ки ин ҳафт монеъро дар ҷиҳодӣ акбар аз зеҳни худ берун кунад ва қалбашро аз наҷосати онҳо покиза созад, битавонад ҳаққро бо назари ақлонӣ ба он бишносад ва ҳаргиз дучори иштибоҳ ва инҳироф дар ташхис нашавад ин шоъ Аллоҳ.

Устозунал Мансур дар бораи хонаи ҳафтуми маърифат, таҳти унвони)

7. Хурофагароӣ

(мефармояд:) Яке дигар аз мавонеъи шинохт, <<Хурофагароӣ>> (яъне гаройиши фикрӣ ба хурофа) аст. (Аммо манзур аз хурофа чист? Посух ба ин суъол аз он ҷиҳат аҳаммият дорад ки ин вожа мавриди сӯъи истифодаи бисёрӣ аз фирқаҳо, мазоҳиб ва ашхос дар тӯли торихи Ислом қарор гирифта; Ба ин тартиб ки ҳар як аз онҳо, дигариро ба он муттаҳам карда ва худро аз он мубарро дониста ва иллаташ ҳам ҷудо аз ғаразварзиҳои онҳо нисбат ба якдигар, ибҳоме буда ки дар таърифи он вуҷуд доштааст. Аз ин рӯ, устозунал Мансур онро ба рӯшанӣ таъриф мекунад ва мефармояд:) Манзур аз хурофа, ингораи мухолиф бо одат аст ки бунёде бар ақл ва шаръ надорад (бинобарин, се мушаххаса барои он вуҷуд дорад: Мушаххасаи аввал инки <<Ингора>> аст; Яъне пиндор, тасаввур ва ақида аст ва бо ин васф, ба як амал <<Хурофа>> гуфта намешавад, ҳар чанд агар мубтанӣ бар як хурофа бошад, ба ин <<Хурофӣ>> гуфта мешавад ки мансуб ба хурофа аст. Мушаххасаи дувум инки мухолиф бо одат аст; Яъне эътиқод ба як чизи ғайри оддӣ аст ки одатан вуҷуд надорад ё воқеъ намешавад ва бо ин васф, эътиқод ба як чизи оддӣ агарчи воқеъият надошта бошад хурофа шумурда намешавад, ҳар чанд дар ин сурат як эътиқоди нодуруст шумурда мешавад. Мушаххасаи севум инки бунёде бар ақл ва шаръ надорад; Яъне бар мабноӣ ақл ва шаръ собит нест; Ба ин тартиб ки далили ақлӣ монанди мушоҳида ё тавотур ва далили шаръӣ монанди Қуръон ё суннати Паёмбар ва халифааш онро исбот намекунад; Чароки агар ин далил онро исбот кунад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон онро хурофа донист агарчи эътиқод ба як чизи ғайри оддӣ бошад; Чунонки эътиқод ба ҷаҳони баъд аз марг ва ҳаводиси аҷиби қабр ва қиёмат ва биҳишт ва дӯзах, эътиқод ба чизҳоӣ сад дар сади ғайри оддӣ аст, вале бо ин васф хурофа шумурда намешавад; Чароки бар мабноӣ ақл ва шаръ собит аст. Аз инҷо дониста мешавад ки эътиқод ба як чизи ғайри оддӣ агар аз рӯӣ далили мӯътабари ақлӣ ва шаръӣ бошад мушкиле надорад ва ин бар хилофи таваҳҳуми моддагароён ва таҷрибамеҳварон аст ки эътиқод ба ҳар чизи ғайри оддиро хурофа мешуморанд ва ҳатто мӯъҷизоти Паёмбаронро инкор мекунанд ё дар зуруфӣ оддӣ мегунҷонанд, балки асли набувват ё интисоби касе аз ҷониби Худовандро намепазиранд ва мӯътақиданд ки ин қабил чизҳо дар ҳар сурат наметавонад воқеъият дошта бошад; Чароки ба заъми онҳо Худованд ё вуҷуд надорад ва ё қодир ба анҷоми мӯъҷиза ва фиристодани Паёмбар ва гумоштани халифа нест ва асбоби ҳаводиси маҳдуд ба ҳамин авомили табиъӣ ва шаъни инсонҳо мунҳасир ба ҳамин муносиби урфӣ аст ва бо ин васф, ҳар гуна эътиқод ба вуҷуди омилӣ ғайри табиъӣ барои як ҳодиса ё муносибӣ фавқулъода барои як инсон, хурофа маҳсуб мешавад. Албатта шакке нест ки эътиқод ба чунин чизҳое, агар мубтанӣ бар далили қатъии ақлӣ ва шаръӣ набошад ва танҳо аз хоб ва хиёл ё тамсил ва таъвили мӯътақидони ба онҳо нашъат гирифта бошад, хурофа аст, вале бояд дар ташхиси ин ду эътиқод аз якдигар диққат кард ва ба меъёри шинохт ва иҷтиноб аз мавонеъи он вафодор буд то ба иштибоҳ наяфтод. Бо ин васф метавон гуфт ки барои шинохти комили хурофа, бояд ақл ва шаръро ба қадри кофӣ шинохт; Ҳамчунонки хурофагароӣ ношӣ аз заъфи ақлоният ва фиқдони ошнойии кофӣ бо шаръ аст. Ба ҳар ҳол, устозунал Мансур мефармояд: Хурофа, ингораӣ мухолиф бо одат аст ки бунёде бар ақл ва шаръ надорад) ва рӯшан аст ки андешидан бар пояӣ он (ба ин тартиб ки яке аз муқаддамоти истедлол воқеъ шавад), аз шинохти ҳақ боз медорад; Зеро хурофа, бо онки бебунёдитарин ингора аст (бо таваҷҷуҳ ба инки бар хилофи сойир ингораҳои бебунёд, аз ду ҷиҳат мушкил дорад: Яке аз он ҷиҳат ки монанди сойири ингораҳои бебунёд, мухолиф бо ақл ва шаръ аст ва дигаре аз он ҷиҳат ки бар хилофи сойири ингораҳои бебунёд, бо одат низ мухолифат дорад ва аз ин рӯ, бебунёдтар аз онҳо шумурда мешавад, вале бо ин вуҷуд), гоҳе (аз лиҳози каммӣ) ривоҷ ва (аз лиҳози кайфӣ) русухӣ беш аз боварҳои ақлӣ ва шаръӣ дорад (то ҳадде ки онҳоро таҳти таъсир қарор медиҳад) ва боварҳои ақлӣ ва шаръиро олуда (ба таҳрифҳо ва бидъатҳо) ва суст месозад. Ин дар ҳоле аст ки бештари мусалмонон ки ғолибан маълумоти кофӣ надоранд (яъне оммӣ ва камсавод ҳастанд), ба чунин ингораҳое мубтало ҳастанд; Чароки ҳамаи (пайравони) мазоҳиби Исломӣ (аз шиъа ва аҳли суннат) кам ё беш (яъне бархӣ камтар ва бархӣ бештар) ба хурофот олуда шудаанд ва бо рӯй овардан ба хаёлбофӣ (яъне истифода аз неруӣ тахюли) ва рӯъёпардозӣ (яъне намодгароӣ ва нигариши тамсилӣ) дар боварҳои динӣ (дар сояи ҷаҳл ва аҳвоъи нафсонӣ), аз ақлоният (яъне далилмеҳварӣ) ва воқеъиятгаройии Исломӣ фосила гирифтаанд. (Устозунал Мансур дар ҷоҳои мухтарифе аз ин китоби шариф таъкид мекунад ки Ислом як дини ақлонӣ ва воқеъиятгаро аст; Яъне иттибоъ аз бурҳон ва ҳуҷҷатро дар ҳамаи умури лозим медонад ва дин муғолита ва шеър ё хоб ва хиёл нест. Лизо эшон яке аз муҳимтарин инҳирофоти фирқаҳои Исломиро хурофагароӣ ва омехтагӣ бо муғолита ва шеър ва хоб ва хаёл медонад ва ба унвони барҷастатарин намуна, аз тасаввуф ном мебарад ки дар маҷмӯъ бештарин хурофагароиро дар миёни фирқаҳои Исломӣ дошта ва дар айни ҳол, бисёрӣ аз шоъирони пуровоз ва шахсиятҳои машҳури мусалмонро дар худ ҷой дода ва таъсири амиқе бар фарҳанги Исломӣ гузоштааст. Ин олими содиқ ва шуҷоъ таҳти унвони)

[Хурофагароӣ дар мусалмонони аҳли тасаввуф]

(мефармояд:) Чунонки ба унвони намуна, бештари мусалмонони аҳли тасаввуф (ва на ҳамаи онон; Чун мумкин аст бархӣ аз онон ин гуна набошанд), барои бисёрӣ аз боварҳои динии худ (на ҳама ё ҳатто бештари онҳо), мабноӣ ҷуз завқ (яъне эҳсосот ва авотифи динӣ) надоранд ва дақиқан ба ҳамин далил, барои ақл (ки бисёр ҷиддӣ ва хушк аст ва мехоҳад эҳсосот ва авотифи диниро ба дурусти кантрол ва мудирият кунад) нақши чандоне дар шинохт қоъил нестанд ва монанди салафиён (ки аз ҳайси эҳсосӣ ва отифӣ дар нуқтаи муқобили аҳли тасаввуф ҳастанд, вале аз ҳайси ақлгурезӣ монанди онон ҳастанд), онро ҳуҷҷат намедонанд ва дар мазаммати он, шеърҳо месароянд; Чунонки масалан мегӯянд: <<Пойи истедлолиён чунин бувад/ пойи чӯбин сахт бетамкин бувад>>[1] (киноя аз инки аҳли истедлол, дар маърази лағзиш дар шинохти ҳақ ва суқут дар ботил ҳастанд) ва манзурашон аз истедлол, истедлоли ақлӣ аст! (Чун инҳо ақлро ноқис ва хатокор медонанд ва мӯътақиданд ки бояд ба василаи дил ҳар чизеро шинохт. Ин байт аз Ҷалолуддини Балхӣ аст, вале устозунал Мансур мефармояд: <<Мегӯянд>> ва намефармояд: <<Мегӯяд>>, ба ин хотир ки онро аз лиҳози ҳунарӣ ва ба унвони байте аз як шоъири мушаххас дар назар намегирад, балки аз лиҳози мафҳумӣ ва ба унвони намояндае аз як тафаккури ройиҷ дар миёни мусалмонон дар назар мегирад ва аз ин рӯ, дар садади нақди ин байти хос аз ин шоъири мушаххас нест, балки дар садади нақди ин тафаккури ғалат дар миёни гурӯҳе аз мусалмонон аст бо ин васф, набояд ин гуфтори он ҳазратро қазоватӣ куллӣ дар бораи шахси Ҷалолуддини Балхӣ ё раддӣ куллӣ бар ашъори ӯ донист. Ҳар чанд шояд битавон инро аз маҷмӯъи суханони он ҳазрат истенбот кард ки ҷиҳатгирии куллӣ шоъирони сӯфимашрабе монанди ӯро саҳиҳ ва комил намедонад, вале ба ҳар ҳол наметавон истенбот кард ки ҳамаи ашъори ӯ ё шоъирони дигаре монанди ӯро ғалат ва инҳирофӣ медонад.) Дар ҳоле ки мусаллам (яъне мавриди қабули ҳамагон) аст (ки) Худованд дар китоби худ борҳо (барои исботи вуҷуд ва ваҳдонияти худ ва исботи ҳаққонияти китоби худ ва исботи набуввати Паёмбараш ва исботи имкони маъод ва монанди он) истедлоли (ақлӣ) карда ва аз истедлолҳои (ақлии) Паёмбаронаш (хитоб ба кофирон) хабар дода (чунонки ба унвони намуна, аз истедлоли ақлии Иброҳим алайҳи салом ба тағйир ва ҳаракати аҷроми самовӣ бар адами улуҳияти онҳо хабар дода ва онро <<Ҳуҷҷат>> номида ва фармудааст: «وَتِلْكَ حُجَّتُنَا آتَيْنَاهَا إِبْرَاهِيمَ عَلَىٰ قَوْمِهِ ۚ نَرْفَعُ دَرَجَاتٍ مَنْ نَشَاءُ ۗ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٌ» [Анъом/ 83]; <<Ва ин ҳуҷҷати Мост ки ба Иброҳим дар баробари қавмаш додим, дараҷоти ҳар касро ки бихоҳем боло мебарем, ҳароина Парвардигорат ҳаким ва доност>>) ва Паёмбарашро ба истедлол фармон дода (чунонки ба унвони намуна фармудааст: «ادْعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ ۖ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ ۚ» [Наҳл/ 125]; <<Даъват кун ба сӯӣ Парвардигорат бо ҳикмат ва мавъезаи неку ва бо онон ҷадал кун ба шевае ки он беҳтар аст>>) ва аз кофирон хостааст ки агар истедлоле доранд биёваранд (чунонки ба унвони намуна фармудааст: «قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ» [Намл/ 64]; <<Бигӯ бурҳонатонро биёваред агар ростгӯён ҳастед>>) ва мабноӣ истедлол дар ҳамаи ин маворид ақл аст (чароки кофирон шаръро қабул надоштаанд то истедлол ба он барояшон баҷо бошад ва танҳо ақл аст ки дар миёни ҳамаи одамиён муштарак аст ва метавонад мабноӣ тавофуқи онон бо якдигар воқеъ шавад). Бо ин васф, маълум нест ки агар пойи истедлолиён чӯбин бошад, пойи дигарон чигуна (яъне то чи андоза бетамкин) хоҳад буд; Чароки ақл (чунонки дар мабҳаси <<Меъёри шинохт>> табйин шуд) устувортарин мабноӣ шинохт аст ва мабонии дигар сусттар аз онанд (ва ногузир дар зайли он қарор мегиранд) ва шуҳуд ки мабноӣ аҳли тасаввуф барои шинохти ҳақ шумурда мешавад (ва мепиндоранд ки бо ақл мунофот дорад), агар (маъноӣ муҳассале дошта бошад ва) ба маъноӣ мушоҳидаи ҳақ дар вароъи табиъат (аз тариқи мукошифоти руҳонӣ) бошад, мунофӣ бо ақл нест, бал (қаҳран) яке аз абзорҳои ақл аст ки монанди ҳисси биноӣ дар хидмати он қарор мегирад (ва ҳаққро ба он ироъа мекунад) ва талоши аҳли тасаввуф барои мутаъориз нишон додани он бо ақл (ки дар омӯзаҳои манзум ва мансури онон мутаҷаллӣ аст), монанди талоши аҳли ҳадис барои мутаъориз нишон додани шаръ бо ақл аст ки воқеъият надорад ва таваҳҳумӣ беш нест (яъне ҳамон тавр ки носозгории ақл ва шаръ таваҳҳуми бебунёди салафиён аст, носозгории ақл ва шуҳуд низ таваҳҳуми бебунёди сӯфиён аст ва аз инҷо дониста мешавад ки ақлгурезӣ ҳалқаи иттисоли салафия ва сӯфия аст). Магар онки манзур аз шуҳуд (дар омӯзаҳои инон), завқи ноқис ва мутағййири башарӣ бошад ки (ки аз муҳаррикаҳои дарунӣ ва берунии номаҳсуре асар мепазирад ва) ба иқтизоӣ нуқсон ва тағаюраш дар зоти худ, метавонад бо ақл мунофот дошта бошад ва дақиқан ба ҳамин далил (ки нуқсон ва тағйири зотӣ дорад), наметавонад меъёри шинохт бошад (чун меъёри шинохт, бояд зарурӣ, бадеҳӣ ва воҳид бошад); Хусусан бо тавҷҷуҳ ба инки завқи инсонҳо ҳаргоҳ бунёдӣ бар ақли онон надошта бошад, ба теъдоди онон мутаъаддид аст (чароки тобеъӣ мутағаййирҳое монанди забон, торих, фарҳанг, муҳит, урф, имконот ва шахсияти онон аст ва аз ҳамаи инҳо таъсир мепазирад) ва табаъият аз он (бо ин гуногунӣ), фориғ аз онки (аз ҳайси илмӣ) мабноӣ (ақлӣ ва шаръӣ) надорад, (аз ҳайси маълулӣ) ба ихтилофи онон меанҷомад ки матлуб нест (бинобарин, диндории завқӣ ва сӯфиёна муҷиби ихтилофи мусалмонон мешавад ва ба табъӣ номатлуб будани ихтилофи онон, номатлуб аст). Бал метавон гуфт ки завқ бо ин маъно, ҳамон аҳвоъи нафсонӣ (яъне писандҳо ва нописандҳои ғайри ақлонӣ) аст ки ба эҳсо дар намеояд (чун дар ҳар фард ва ҳар замон тағйир мекунад) ва (чунонки дар зайли монеъи севум табйин шуд) аз мавонеъи шинохт шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنِ اتَّبَعَ هَوَاهُ بِغَيْرِ هُدًى مِنَ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ»;[2] <<Ва чи касе гумроҳтар аз касе аст ки аз ҳавоӣ худ бидуни ҳидояте аз Худованд табаъият кунад?! Бегумон Худованд гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад>>! Аз инҷо дониста мешавад ки муроди аҳли тасаввуф аз шуҳуди қалбӣ, онҷо ки онро мунофӣ бо ақл шуморидаанд, завқи башарӣ аст (ки албатта рост гуфтаанд ва воқеъан бо ақл мунофот дорад); Ҳамчунонки гоҳе онро <<Ишқ>> номидаанд (ки номӣ мутаносиб барои завқи башарӣ аст) ва ба таъкид дар ситез бо ақл шуморидаанд ва дар ситойиши он ва некуҳиши ақл (бо тундтарин ва зишттарин алфоз), ҳар чи тавонистаанд гуфтаанд; Чунонки аз боби мисол, гуфтаанд: <<Дур бодо оқилон аз ошиқон/ дур бодо бӯйи гулхан аз сабо (гулхан ба маъноӣ касофатдонӣ аст ва сабо ба насими поки шимолӣ ва шарқӣ мегӯянд ки роъиҳаи хубе дорад. Ин шоъир оқилонро ба бӯйи касофатдонӣ ва ошиқонро ба бӯйи насим ташбеҳ мекунанд ва орзу мекунад ки аз ҳам дур бошанд ва ба ҳам омехта нашаванд!)/ гар дарояд оқиле гӯй роҳ нест/ вар дарояд ошиқе сад марҳабо>>[3] (яъне агар оқиле ба суроғат омад ба ӯ роҳ надеҳ ва агар ошиқе ба суроғат омад ба ӯ хушомад бигӯ! Ин ҳамон рӯйкрди ғалат аст ки устозунал Мансур ба нақд мекашад) ё гуфтаанд: «من کان له عشق فالمجلس مثواه/ من کان له عقل فإیاه و إیانا»[4] (яъне ҳар кас ки барои ӯ ишқ аст маҷлиси мо ҷои ӯст ва ҳар кас ки барои ӯ ақл аст моро бо ӯ коре нест!) ё гуфтаанд: <<Дар сарсари ишқ ақл паша аст/ онҷо чи маҷолӣ ақлҳо буд>>[5] (яъне дар тӯфони ишқ, ақл монанди пашае саргашта ва нотавон аст ки ҷое дар баробари ишқ надорад!) ё гуфтаанд: <<Ишқро андеша набвад, з-он ки андеша асост,/ Ақлҳо бошад асо, яъне ки ман аъмостам!>>[6] (мегӯяд ишқ дороӣ андеша нест ва рост ҳам мегӯяд; Чун эҳсосот ва авотиф мутағаййири башарӣ аст, вале бо муғолитаи аҷибе истедлол мекунад ки иллати беандеша будани он бениёзиаш аз андеша аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки андеша монанди асо аст ва танҳо ба дарди кӯре мисли ақл мехурад на ба дарди ишқ ки биност!) ё гуфтаанд: <<Бар қоъидаи маҷнун сарфитнаи ғавғо шуд/ к-ин ишқ ҳама гӯянд к-аз ақл табарро кун>>[7] (яъне ба равиши маҷнуни ошиқона ва ғавғое амал кун; Чароки ишқ ба ту мегӯяд аз ақл мутанаффир бош ва дурӣ кун! Ин ҳамон шеъри мухарраб ва инҳирофӣ аст ки устозунал Мансур онро ба пайравӣ аз Қуръон, музахраф меномад.) ё гуфтаанд: <<Ақл гӯяд гавҳарам гавҳар шикастан шарт нест/ ишқ гӯяд санги мо биситону бар гавҳар бизан>>[8] (яъне ақл арзиш ва қимати худашро ба инсон ёдоварӣ мекунад, вале ин ишқи сӯфиёна аз ӯ мехоҳад ки ақлро канор бигузорад.) ё гуфтаанд: <<Ишқро бо ақл агар ҷам оваранд/ солҳо бо ҳам накӯбад ҳованаш>>[9] (яъне ақл ва ишқ бо ҳам қобили ҷамъ нестанд ва лизо бояд ақлро вогузошт ва ишқро гирифт!) ё гуфтаанд: <<Ҳазимат ҳамон рӯз шуд шоҳи ақл/ ки дар шаҳри тан хайма зад мири ишқ>>[10] (яъне ҳамон рӯз ки сардори ишқ дар вуҷуди инсон хайма зад, шоҳи ақл бедаранг по ба фарор гузошт!) ё гуфтаанд: <<Ақл агар дар боргоҳи ишқ мелофад чи бок/ бар дари султон сари чандин гадо хоҳад шикаст>>[11] (яъне эътирози ақл ба корҳои ношӣ аз аҳвоъи нафсонӣ, монанди сар ва садоӣ гадо бар назди кохи султон аст ки ба шикастани сараш мунҷар хоҳад шуд!) ё гуфтаанд: <<Қиёс кардаму тадбири ақл дар раҳи ишқ/ чу шабнамест ки бар баҳр мекашад рақаме>>[12] (ин яке хеле муғолитаи аҷибе аст; Чун мегӯяд қиёс кардам ва манзураш аз қиёс, қиёси мантиқӣ аст ки истедлоли ақлӣ маҳсуб мешавад ва натиҷаи ин қиёс он буд ки тадбири ақл дар роҳи ишқ, монанди шабнаме дар дарё ночиз ва беарзиш аст! Ин ҳамон таноқузе аст ки мегӯянд ҳар чи шадидтар бошад, шеърро зеботар мекунад!) ё гуфтаанд: <<Моро зи манъи ақл матарсону май биёр/ к-он шаҳна дар вилояти мо ҳеҷ кора нест>>[13] (яъне кори ошиқоне ки ақл аз он наҳй мекунадро анҷом бидеҳ; Чароки ақл дар назари мо ҳеҷ эътиборе надорад) ё гуфтаанд: <<Ақл аз сари нодонӣ бо ишқ наёмезад/ бо шери жиён оҳу кай панҷа дарондозад>>[14] (яъне ақл монанди оҳу нотавон аст ва аз рӯӣ нодонӣ бо шери қавипанҷаи ишқ созгор ва ҳамоҳанг намешавад!) ё гуфтаанд: <<Ҳар киро ақл дар ин роҳ мураббие бошад/ лоҷарам дар ҳарами ишқ набошад бораш>>[15] (яъне ҳар кас ки пайрави ақл бошад ба ишқ роҳ пайдо намекунад! Хуб маълум аст ки ин чигуна ишқе аст!) ё гуфтаанд: <<Ақлро раҳ набувад бар дари хилватгаҳи ишқ/ омро бор набошад ба саропардаи хос>>[16] (яъне ақл монанди яке аз авом аст ки ба ӯ иҷозаи вуруд ба кохи ишқ дода намешавад!) ё гуфтаанд: <<Бар аҳли ишқ фазилат ба ақл натвон ҷуст/ ки ақлу фазл дар ин раҳ ақила асту фузул>>[17] (яъне касе наметавонад бо ақл бар ошиқон фазилат пайдо кунад; Чароки ақл ва фазоъили илмӣ дар ин арса музоҳим ва фузул аст! Ин нигоҳи аҷиб ва хатарноке аст ки шоъирони сӯфӣ мазҳаб тарвиҷ медиҳанд) ё гуфтаанд: <<Сирри ишқ аз ақл пурсидан хатост/ руҳи қудсиро чи донад аҳриман>>[18] (ишқро ба руҳулқуддус ва ақлро ба шайтон ташбеҳ мекунад! Ино Лиллоҳ ва ино илайҳи роҷиъун) ё гуфтаанд: <<Шавқро бар сабр қувват ғолиб аст/ ақлро бо ишқ даъвӣ ботил аст>>[19] (яъне эҳсосот бар сабр ғалаба мекунад ва иддаъои ақл бо вуҷуди ишқ ботил маҳсуб мешавад!) ё гуфтаанд: <<Донанд ҷаҳониён ки дар ишқ/ андешаи ақл мӯътабар нест>>[20] (ва рост ҳам гуфтаанд вале он ишқе ки ҷаҳониён онро мунофӣ бо ақл медонанд ҳамон завқ ва кашиши отифии инсони аст ки аз лиҳози маърифатӣ ҳеҷ арзиш ва эътиборе надорад ва ин акси чизе аст ки шоъир мехоҳад мунтақил кунад) ё гуфтаанд: <<Моҷарои ақл пурсидам зи ишқ/ гуфт маъзул асту фармониш нест>>[21] (яъне ишқ подшоҳи вуҷуди инсон аст ва ақлро аз масъулияти худ азл кардааст! Беҷиҳат нест ки Худованд ин қабил ашъорро сохта вапардохтаи шаётин донист; Чароки инсофан баёнгари андешаҳои шайтон аст!) ё гуфтаанд: <<Эй ақл нагуфтам ки ту дар ишқ нагунҷӣ/ дар давлати хоқон натвон кард хилофт>>[22] (яъне ҳамонтавр ки дар давлати подшоҳӣ бузург наметавон ҳукумат кард, бо вуҷуди ишқ низ ҷойе барои ақл нест) ё гуфтаанд: <<Чун шӯри ишқ даромад қарори ақл намонд/ даруни мамлакатӣ чун ду подшо гунҷид>>[23] (яъне дар мамлакати вуҷуди инсон ё ақл метавонад подшоҳ бошад ва ё ишқ; Чароки он ду дар назари ин аҳли тасаввуф бо якдигар тазод доранд ва қобили ҷамъ нестанд) ё гуфтаанд: <<Ақлро гар ҳазор ҳуҷҷат ҳаст/ ишқ даъвӣ кунад ба бутлонаш>>[24] (ин ашъор ҳам мазомини мушобеҳе дорад ва ҳадафи устозунал Мансур аз зикри онҳо таваҷҷуҳ додан ба ин воқеъият аст ки ин ҷиҳатгирӣ ва рӯйкарди инҳирофии як ҷараёни фикрӣ дар миёни мусалмонон буда ва тавассути аҳли тасаввуф дар адвори мухталифи Исломӣ тарвиҷ шудааст) ё гуфтаанд: <<Ишқ омаду ақл ҳамчу боде/ рафта аз бари ман ҳазор фарсанг>>[25] ё гуфтаанд: <<Ҳадиси ақл дар аёми подшоҳии ишқ/ чунон шудааст ки фармони омил маъзул>>[26] (яъне ҳамонтавр ки фармони омил маъзули арзиш ва эътиборе надорад, фармони ақл ҳам дар рӯзгори ҳокимияти ишқ беарзиш ва беэътибор аст. Албатта ин сухани саҳиҳе аст ки вақте аҳвоъи нафсонӣ бар вуҷуди инсон ҳоким мешавад ақл тавоноии худро аз даст медиҳад вале ин фоҷиъае аст ки барои инсон иттифоқ меафтад ва боъиси гумроҳии ӯ мешавад ва бо ин васф хушнудии аҳли тасаввуф аз он ваҷҳе надорад) ё гуфтаанд: <<Зон гаҳ ки ишқ дасти татовул дароз кард/ маълум шуд ки ақл надорад кифояте>>[27] (яъне ҳангоме ки ишқ сарзамини вуҷуди инсонро тасарруф кард, бекифоятии ақл ба масобеҳи подшоҳи ин сарзамин маълум шуд, дар ҳоле ки ин истедлоли саҳиҳе нест; Зеро истелоъи ишқ бар ин сарзамин бекифоятии ақлро исбот намекунад, бал бекифоятии соҳиби ақлро исбот мекунад ки бо иродаи худаш дасти эҳсосотро дар вуҷуди худаш боз гузошта ва дасти ақлро бастааст) ё гуфтаанд: <<Раҳо кун ақлро бо ҳақ ҳаме бош/ ки тоб хур надорад чашм хуффош>>[28] (ин яке хеле аҷиб аст; Чароки ақлро мустақиман дар баробари ҳақ қарор медиҳад ва онро монанди хуффош аз шинохти хуршеди он нотавон мешуморад!) ё гуфтаанд: <<Ишқро бо ақл нисбат кай тавон/ шоҳи фармондеҳ куҷо дарбон куҷо>>[29] ё гуфтаанд: <<Ақлро дар ишқ вайрон кун ки дар даргоҳи дӯст/ ошиқонро бор ҳасту оқилонро бор нест>>[30] (яъне ақлро раҳо кун ва тобеъи эҳсосот бош то ба даргоҳи Худованд -шумо бихонед шайтон- роҳ пайдо кунӣ!) Ва музахрафотӣ дигар аз ин даст ки зикраш мояи малол (яъне хастагӣ ва озурдагии хотир) аст ва ниёзе ба он нест (чун бо ҳамин миқдор, ғараз ки исботи вуҷуди ин ҷараёни ақлситез дар миёни аҳли тасаввуф буд ҳосил шуд. Дар инҷо устозунал Мансур ин ашъори ақлситезонаро <<Музахраф>> номида ва ин бар хилофи тасаввури бархӣ авом як лафзи тавҳиномез нест, бал як истилоҳи Қуръонӣ ба маъноӣ суханони ороста ва нодониста аст ки дар ҷои муносиби худаш ба кор рафтааст; Чунонки дар идома мефармояд:). Рӯшан аст ки дар паси ин алфози зебо, маъное ба даст намеояд; Чароки ишқ (дар гуфтори инсон) агар ба маъноӣ ҳубби ҳақ аст, мунофоте бо ақл надорад, балки билакс мубтанӣ бар ақл (ба масобеҳи меъёри шинохт) аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки бидуни ақл, ҳаққе шинохта намешавад то ҳубби он мумкин бошад ва ҳуббе ки мубтанӣ бар шинохт нест, ҳавас (яъне майли отифии бепоя ва нопоядор) аст. (Аз инҷо маълум мешавад ки устозунал Мансур дар баёни ҳақ ва табйини инҳирофоти мусалмонон аз хатти Ислом бисёр ҷиддӣ аст ва бо касе таъоруф ва рӯдарбойистӣ надорад ва ин хислати некуйе аст ки танҳо дар авлиёъи Худованд дида мешавад ва набояд аз он нохурсанд ва асабонӣ буд. Инро аз он ҷиҳат тазаккур медиҳам ки бархӣ авоми мутаъассиб аз нақди ақлонӣ ва Қуръонии эшон бар ин ашъори сӯфиёна ва мухолиф бо Ислом нохурсанд ва асабонӣ ҳастанд ва мепиндоранд ки эшон бо ин нақд, шоъирони баланд овоза ва маҳбуби онон амсоли Ҳофиз ва Саъдӣ ва Ҷалолуддини Балхиро нақд кардааст; Гӯё ки ин шоъирони онон, фариштагони муқарраб ё Паёмбарони маъсуме будаанд ки нақди онҳо на мумкин аст ва на ҷойиз! Дар ҳоле ки онҳо низ монанди сойири мусалмонон қобили нақд ҳастанд ва бояд иштибоҳот ва инҳирофоти фикрияшон бо такя бар ақл ва шаръ тазаккур дода шавад. Албатта возеҳ аст ки нақди санҷида ва баҷоӣ устозунал Мансур танҳо мутаваҷҷеҳи ашъори нодурусти ин шоъирон ва ҷиҳатгирии куллии онҳо ба сӯи ақлгурезӣ аст ва мутаваҷҷеҳи ашъори саҳиҳи онҳо дар мавориде ки ашъори саҳиҳе доранд, намешавад.

و السلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1]. Мавлавӣ Балхӣ, Маснавӣ Маънавӣ, дафтари аввал, бахшӣ 105.

↑[2]. Қасос/50.

↑[3]. Мавлавӣ Балхӣ, Дейвони Шамс, ғазали 172.

↑[4]. Ҳамон, ғазали 267.

↑[5]. Ҳамон, ғазали 724.

↑[6]. Ҳамон, ғазали 1599.

↑[7]. Ҳамон, ғазали 1876.

↑[8]. Ҳамон, ғазали 1959.

↑[9]. Авҳадӣ, Дейвони Ашъор, ғазали 435.

↑[10]. Ҳамон, ғазали 447.

↑[11]. Бедили Деҳлавӣ, Дейвони Ашъор, ғазали 517.

↑[12]. Ҳофизи Шерозӣ, Дейвони Ашъор, ғазали 471.

↑[13]. Ҳамон, ғазали 72.

↑[14]. Ховҷуйи Кирмонӣ, Дейвони Ашъор, ғазали 299.

↑[15]. Ҳамон, ғазали 546.

↑[16]. Ҳамон, ғазали 571.

↑[17]. Ҳамон, ғазали 609.

↑[18]. Ҳамон, ғазали 751.

↑[19]. Саъдйи Шерозӣ, Ғазалиёт, ғазали 72.

↑[20]. Ҳамон, ғазали 116.

↑[21]. Ҳамон, ғазали 118.

↑[22]. Ҳамон, ғазали 136.

↑[23]. Ҳамон, ғазали 159.

↑[24]. Ҳамон, ғазали 331.

↑[25]. Ҳамон, ғазали 344.

↑[26]. Ҳамон, ғазали 351.

↑[27]. Ҳамон, ғазали 531.

↑[28]. Шабистарӣ, Гулшани Роз, бахшӣ 7 ҷавоб.

↑[29]. Файзи Кошонӣ, Дейвони ашъор, Ғазалиёт, ғазали 5.

↑[30]. Ҳамон, ғазали 167.

Барои шунидани савти дарси сиву якум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.