Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси бисту чаҳорум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз кофирон (2)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Сухан ба инҷо расид ки пайравӣ мусалмонон аз кофирон ақлан ва шаръан ваҷҳе надорад, балки ин кофирон ҳастанд ки шоиста аст аз мусалмонон пайравӣ кунанд то аз зиндагии ҳайвонӣ раҳоӣ ёбанд ва ба зиндагии инсонӣ ноъил шаванд. Албатта бархӣ мусалмонони ноогоҳ ва ғарбзада, ин сухани моро намеписанданд ва дар садди дифоъ аз кофирон бар меоянд ва ба мо мегӯянд ки қазовати устозунал Мансур дар бораи ғарбиҳо мунсифона нест; Чароки кофирони ғарбӣ бештар аз мусалмонон ба ахлоқи инсонӣ пойбанданд ва ҳатто бештар аз мусалмонон ба аҳкоми Ислом амал мекунанд ва бо ин васф, бефарҳанг шумурдани онҳо ва қиёсашон бо ақвоми ваҳшӣ дуруст нест. Албатта мо инкор намекунем ки бештари мусалмонон ба Ислом илтизоми кофӣ надоранд ва бештарӣ аз онҳо аз ахлоқи инсонӣ фосила гирифтаанд, вале ин иддаъо ки кофирони ғарбӣ аз мусалмонон бо ахлоқтаранд ва бештар ба аҳкоми Ислом амал мекунанд, таваҳҳумӣ кудакона ношӣ аз бехабари дар бораи торих ва воқеъиятҳои ҷори дар ҷаҳон аст. Ба назар мерасад ки ин мусалмонони ноогоҳ ва ғарбзада, на бардошти дурусте аз ахлоқи инсонӣ ва аҳкоми Исломи доранд ва на иттилоъи дурусте аз торих ва сабки зиндагии кофирони ғарбӣ! Шояд агар ин мусалмонони содафикр ва эҳсосотӣ бидонанд ки ин кофирони ғарбӣ то кунун чанд ҷанги хонумонсӯзро бо баҳонаҳои худхоҳона ба кишварҳои мухталиф таҳмил кардаанд ва чанд милион зан ва кӯдак ва пир ва ҷавонро ба коми марг фиристодаанд ва чи вайронаҳои ҷуброн нопазирро дар сарзаминҳои обод ба ҳам расондаанд ва чи ҷиноёти ваҳшатнокеро дар даврони бардадори ва даврони истеъмор бар зидди башарият муртакиб шудаанд ва чи сарватҳо ва манобеъи ҳангуфтеро аз мамолики Исломӣ ва кишварҳои заъиф ба яғмо бурдаанд ва чи ихтилофоти амиқ ва хунинеро дар миёни мусалмонон доман задаанд ва чи мазоҳиб ва фирқазои инҳирофӣ ва хатарнокеро дар Ислом ба вуҷуд овардаанд ва чи кӯдатоҳои палид ва ноҷавонмардонаеро барои сарнагунӣ давлатҳои мустақил тарроҳӣ ва иҷро кардаанд ва чи мафосиди ахлоқии аҷиб ва ҳувлнокеро дар сатҳи ҷаҳон ривоҷ додаанд ва чи наслҳои ҳаромзода ва шаруреро барои зиддият бо Худо дар домони худ парвариш додаанд ва чи амрози сароят кунандаӣ бесобиқа ва маргбореро дар асри ҷадид боъис шудаанд, назарашон дар бораи онҳо тағйир кунад! Рӯшан аст ки ин кофирони ғарбӣ бо хӯйи истекборӣ ва шайтонии худ, бузургтарин душмани инсоният дар ду қарни охир будаанд ва иддаъои инки онҳо аз мусалмонон бо ахлоқтаранд ва бештар ба аҳкоми Ислом амал мекунанд, тамаллуқӣ хиҷолатовар барои онҳо ва тавҳинӣ ракик ба Ислом ва мусалмонон аст! Аз инҷо дониста мешавад ки қазовати устозунал Мансур дар бораи ин ақвоми ваҳшӣ, мубтанӣ бар даркӣ амаиқ аз воқеъиятҳои гузашта ва ҳоли онҳост ва ба ҳеҷ ваҷҳ қазоватӣ номаъқул ва ғайри мунсифона нест; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ин бузургвор дар қазовати худ дар бораи онҳо аз ибороти <<Бештари онҳо>> истифода кардааст то шомили маъдуде аз донишмандон ва фареҳхтагони муваҳҳид ва бо ахлоқи онҳо ки содиқона дар хидмати башарият будаандро аз ин ҳукм истисно фармуда бошад. Ба ҳар ҳол, шакке нест ки фарҳанги феълии кофирони ғарбӣ, агарчи дар зарқ ва барқҳои  гуногуни таблиғотӣ печида шуда ва дар ҳоли судур ба ақсоӣ нуқоти олам аст, як фарҳанги мунҳат ва ғайри инсонӣ аст ва бо ин васф, пайравӣ мусалмонон аз он ваҷҳе надорад. Бо ин ҳол, ҷойи таъассуф аст ки бисёри аз онҳо ба пайравӣ аз он рӯй овардаанд ва ин корро нишонаи маданият ва тараққии худ пиндоштаанд. Нуктае ки дар инҷо матраҳ мешавад пешинаи ин пайравӣ аст. Устозунал Мансур аз онҷо ки ба ҳамаи масоъил бо як диди бисёр амиқ менигарад, ба баррасии пешинаи пайравӣ аз кофирон дар миёни мусалмонон мепардозад ва таҳти унвони)

[Пешинаӣ пайравии мусалмонон аз кофирон]

(мефармояд:) Албатта пайравӣ аз гуфта ва кардаи кофирон, ба гурӯҳе аз мусалмонони ҷоҳил ва худбохта (дар баробари ғарб) маҳдуд набудааст; Бал (бо камоли таъаҷҷуб ва бар хилофи интизор) гурӯҳе аз мусалмонони шохис (яъне барҷаста) ва аҳли илм низ хусусан дар садаҳои нахустини Исломӣ (яъне асри ҳукумати Умавиён ва Аббосиён), таҳти таъсири иқболи хулафоъи дувум ва севум (яъне Умар ва Усмон ки аз рӯӣ ҳусни занн ба шахсиятҳое монанди Каъбул Аҳбор ва Тамими Дорӣ иқбол доштанд ва ба онҳо иҷозаӣ ривоёт ва қиссахонӣ медоданд; Чунонки гузоришҳои мутаъадиде дар бораи муроҷиъоти Умар ба Каъбул Аҳбор ва ҳузури ӯ дар канори Усмон расида ва дар бораи Тамими Дорӣ низ ки як Масеҳии мусалмон шуда буд омадааст ки халифаи дувум, алоқаӣ хоссе ба ӯ дошт, то ҷойе ки аз ӯ бо унвони беҳтарин Маданӣ <<Хайри аҳлил Мадина>> ёд мекард ва ҳатто ӯро соҳиби каромот медонист. Гӯянд дар соли 14 қамарӣ пас аз он ки Умар дастур дод намозҳои нофила дар шабҳои моҳи мубораки рамазон [таровиҳ], ба сурати ҷамоъат гузорда шавад, ба Абӣ ибни Каъб ва Тамими Дорӣ дастур дод ки имомати ин намозҳоро бар ӯҳда гиранд. Низ омадааст ки Тамим нахустин касе буд ки дар масҷиди Паёмбар ба қиссагӯӣ пардохт; Зеро Умар ба касе иҷоза намедод барои мардум қисса бигӯяд, вале ба ӯ иҷоза дод. Бинобар гузорише, Тамим дар аҳди Умар дар ҳафта як рӯз ва дар аҳди Усмон, ду рӯз барои мардум қисса мегуфт. Ин қиссаҳо то ҳадди зиёде мубтанӣ бар ривоёти яҳудӣ ва масеҳӣ буд. Бархӣ манобеъ барои Тамим, шаън ва мақомӣ воло қоъиланд ва вайро дар зумраӣ зоҳидон ва аҳли таҳаҷҷуд донистаанд, вале ин дар ҳоле аст ки касоне монанди ибни Сирин, аъмолӣ чун намоз хондан дар ҷомаҳои гаронбаҳоро ба кори Тамим мустанад кардаанд! Ба ҳар ҳол, тардиде нест ки касоне монанди ӯ бо пешинаи яҳудӣ ва масеҳӣ, бахше аз омӯзаҳои аҳли китобро ба миёни мусалмонон ворид карданд. Лизо устозунал Мансур мефармояд ки гурӯҳе аз мусалмонони аҳли илм таҳти таъсири иқболи хулафоъи дувум ва севум) ва бархӣ ҳокимони Умавӣ ба аҳли китоб, ба баҳрагирӣ аз кутуби Яҳудиён (монанди Таврот ва Талмуд) ва пайравӣ аз афсонаҳо ва омузаҳои онон (ки исроъилиёт номида мешавад) рӯй овардаанд ва таҳти таъсири таблиғоти бархӣ аҳли ҳадис (ки ривоётӣ беасос дар ин замина нақл кардаанд), пиндоштаанд ки ин кор (яъне баҳрагирӣ аз афсонаҳо ва омӯзаҳои аҳли китоб), барои шинохти ақойид ва аҳкоми Ислом, машрӯъ ва судманд аст ва ба ин тартиб, заминаи таъсиргузории онон (яъне аҳли китоб) ва мусалмонони наздик ба онон (ки собиқан аз аҳли китоб буданд ва сипас мусалмон шуданд) бар ақойид ва аъмоли мусалмононро фароҳам сохтаанд ва сиёсат (бо таваҷҷуҳ ба инки касоне аз аҳли китоб ба дастгоҳи хилофати мусалмонон ворид шуданд ва ҳатто ба мансаби вазорат ё тасаддӣ байтул моли мусалмонон низ расиданд) ва фарҳанги Исломиро ба сиёсат ва фарҳанги яҳудӣ олудаанд. Дар ҳоле ки мусалламан муроҷиъа ба аҳли китоб барои шинохти Ислом ва пайравӣ аз онон дар ақойид ва аъмоли Исломӣ, корӣ нобахирадона (яъне ғайри оқилона) ва хатарнок (яъне мухолиф бо эҳтиёт) аст ва бо заруриёти Ислом (яъне мусарраҳоти Қуръонӣ) мунофот дорад; Чунонки Худованд ба рӯшанӣ фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تُطِيعُوا فَرِيقًا مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ يَرُدُّوكُمْ بَعْدَ إِيمَانِكُمْ كَافِرِينَ»;[1] <<Эй касоне ки имон овардид! Агар аз гурӯҳе аз касоне ки китоб дода шуданд пайравӣ кунед, шуморо пас аз имонатон кофир мегардонанд>> Ва фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الْيَهُودَ وَالنَّصَارَىٰ أَوْلِيَاءَ ۘ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَمَنْ يَتَوَلَّهُمْ مِنْكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ»;[2] <<Эй касое ки имон овардид! Яҳудиён ва масеҳиёнро дӯстони худ нагиред! Бархӣ дӯстони бархӣ дигаранд ва ҳар кас аз шумо ононро ба дӯстӣ бигирад ӯ аз онон аст! Худованд гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад>> Ва фармудааст: «وَلَنْ تَرْضَىٰ عَنْكَ الْيَهُودُ وَلَا النَّصَارَىٰ حَتَّىٰ تَتَّبِعَ مِلَّتَهُمْ ۗ قُلْ إِنَّ هُدَى اللَّهِ هُوَ الْهُدَىٰ ۗ وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ بَعْدَ الَّذِي جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ ۙ مَا لَكَ مِنَ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ»;[3] <<Ва ҳаргиз яҳудиён ва низ масеҳиён аз ту хушнуд намешаванд то он гоҳ ки аз киши онон пайравӣ кунӣ! Бигӯ раҳнамуди Худо аст ки раҳнамуд аст ва агар пас аз илме ки ба ту расид, аз хоҳишҳои онон пайравӣ кунӣ, барои ту аз ҷониби Худо ҳеҷ сарпарасте ва низ ёвре нахоҳад буд>>! Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки яҳудиён ва масеҳиён, ҳар чанд дар усули (аввалияӣ) худ (монанди тавҳид ва набувват ва маъод, дар гузашта) бо мусалмонон муштаракоте доштаанд, дар амал қарнҳост ки илтизоми худ ба усулашонро (дар асари таҳрифи китоби худ ё эъроз аз он) аз даст додаанд ва ақойид ва аъмоли мулҳидон (монанди Румиён ва Ҳиндиёни қадим ки қоъил ба таслис ва ибоҳгароӣ буданд) ро ҷойгузини ақойид ва аъмоли Паёмбаронашон сохтаанд (ин фармойиши устозунал Мансур хусусан дар масеҳияти ҷадид комилан ошкор аст; Чароки ин ойин ба таври комил дар ширк дохил шуда ва бештари аҳком ва ҳудуди Мӯсо ва Исо алайҳи саломро аз байн бурдааст). Бал машҳуд аст ки яҳудияти ҷадид, таҳти таъсири бархӣ ҳаводиси торихӣ (монанди иқдомоти ҳизби нозӣ дар Олмон бо раҳбарии Ҳитлар ва зуҳури сеҳёнизим) ва чидамони (яъне сохтори) қудрат дар қарни охир (ки ба сийтараӣ ҳомиёни сиёсии яҳуд монанди Бритониё ва Омрико баъд аз шикасти душманони он монанди Олмони нозии анҷомид), моҳияти динии худро то ҳадди зиёде аз даст дода ва моҳиятӣ тақрибан сиёсӣ (ва бозичаӣ дасти сиёсатмадорон) пайдо кардааст ва масеҳияти ҷадид низ, чи дар ҳавзаи ақойид (бо таваҷҷуҳ ба таслис ва салибгароӣ) ва чи дар ҳавзаи аъмол (бо таваҷҷуҳ ба ибоҳгароӣ ва лобалогароӣ), ҳеҷ тамоюзи малмусе аз мазоҳиби мушрикон (яъне бутпарастон) надорад ва чизе (қобили таваҷҷуҳ) аз ақойид ва аъмоли мазоҳиби Илоҳӣ (ва Иброҳимӣ), дар он боқӣ намондааст. (Ин тавзиҳоти дақиқ ва бунёдин, ҳокӣ аз иҳотаи устозунал Мансур бар адёни мухталиф ва ашрофи комили эшон бар нуқоти заъиф ва қуввати ҳар як аз онҳост. Худованд ин олими басир ва беназирро барои имомамон Маҳдӣ ҳифз кунад; Чароки вуҷуди эшон аз нусратҳои Илоҳӣ барои ин имоми бузургвор аст.

Бинобарин, рӯшан шуд ки пайравӣ аз кофирон барои мусалмонон ҷойиз нест ва ин ба маънои он аст ки истодагӣ дар баробари кофирон бар мусалмонон фарз аст; Чароки кофирони мустакбир ҷуз ба пайравӣ мусалмонон аз худ розӣ нестанд ва ба иқтизои қудрат ва сарвати худ, ҳамвора дар садди таҳмили фарҳанги худ ба мусалмонон ҳастанд ва бо ин васф, мусалмонон ҷуз муқобила бо тавтиъаҳо ва таҷовузҳои онҳо чорае надоранд. Аммо суъол ин аст ки беҳтарин ва муъасиртарин равиш барои муқобилаи мусалмонон бо кофирон чист? Оё ин аст ки бо дасти холӣ ба ҷанги онҳо бираванд ва чунонки ривоҷ пайдо кардааст ба худашон бомбе бубанданд ва дар миёни онҳо мунфаҷир кунанд то худашон ва чанд мусалмони бегуноҳ кушта шаванд ё ин аст ки бино бар фармудаӣ устозунал Мансур дар ин китоб, аз як сӯ ба тақвияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии худ барои муқобила бо кофирон бипардозанд ва ба ташкили итиҳодияи кишварҳои Исломӣ ва шабакаи ҷаҳонии Илоҳӣ бипардозанд ва аз сӯӣ дигар ба ҷанги таблиғотӣ бо ғарб бипардозанд ва ҳуҷумӣ фарҳангӣ бар зидди кофиронро дар қолибӣ муъаррифии ҳақонияти Ислом ва ифшои хабосати душманони он созмондмҳӣ ва иҷро намоянд то замина барои набарди ниҳойи бо ҳадафи суқути низоми кофир ва ғалабаи Ислом фароҳам шавад. Устозунал Мансур ба ин суъол посух медиҳад; Ба ин тартиб ки роҳи дувумро беҳтарин роҳ мешуморад ва таҳти унвони)

[Равиши саҳиҳи муқобила бо кофирон]

(мефармояд:) Бо ин ҳол, бояд донист ки пайравии мусалмонон аз кофирон, (ҳамеша хоста ва дониста ва аз рӯӣ шифтагӣ ба фарҳанги шайтонии онон набуда, бал) беш аз онки хоста ва дониста бошад, нохоста ва нодониста буда ва дар қолиби таъсирпазирии қаҳрӣ (яъне вазъӣ ва табиъӣ) аз таблиғоти (расонаи) ва талқиноти (сиёсии) онон, анҷом гирифтааст; Зеро дар низоми ҷадиди ҷаҳонӣ ки монанди шабакаи (анкабутӣ) ба ҳам пайваста ва вобаста шудааст, ҳар гурӯҳе ки қудрат ва сарвати бештаре дорад, ба таври табиъӣ (бо ба коргирии қудрат ва сарвати худ) фарҳанги худро бар гурӯҳҳои дигар (ки қудрат ва сарвати камтаре доранд) таҳмил мекунад ва онҳоро хоста ё нохоста ба пайравӣ аз худ вомедорад ва аз онҷо ки дар ду қарни охир, бештарин қудрат ва сарват дар ихтиёри кофирони ғарбӣ буда, фарҳанги онон ба фарҳанги ҳоким бар ҷаҳон (аз ғарб то шарқ ва аз шимол то ҷануб) табдил шуда ва табъан бар фарҳанги мусалмонон (ки ҷузъе аз ин ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳастанд) соя андохтааст. Рӯшан аст ки ин сайтараҳ, ношӣ аз бартарии фарҳанги кофирон бар фарҳанги мусалмонон набуда (чун рӯшан шуд ки фарҳанги кофирон бар фарҳанги ҳайвонот ҳам бартари надорад чи расад ба мусалмонон; Ҳамчунонки Худованд фармудааст: «أُولَٰئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ ۚ»; <<Онҳо монанди чаҳорпоёнанд, балки онҳо гумроҳтаранд>>! Бинобарин, сайтараи фарҳанги онон бар ҷаҳон ношӣ аз бартарии фарҳангӣ онон набуда), балки аз бартарии сиёсӣ ва иқтисодии онон нашъат гирифтааст ва (дар натиҷа) бо заволи он (дар масофи сиёсат ва иқтисоди Исломӣ), аз байн хоҳад рафт (яъне ҳаргоҳ бартари сиёсӣ ва иқтисодии кофирон дар масофи сиёсат ва иқтисоди мусалмонон аз байн биравад, дар фароянди табиъӣ фарҳанги онон низ ба фаромӯшӣ супурда мешавад ва ҷойи худро ба фарҳанги Исломӣ медиҳад; Чароки вобаста ба қудрат ва сарвати онон будааст). Аз ин рӯ, бартарии сиёсӣ ва иқтисодии мусалмонон, ба масобаи ормонӣ дастёфтанӣ (ва на ғайри мумкин), барои сиёнат (яъне посдорӣ) аз фарҳанги Исломияшон (дар қадами аввал) ва сипас таҳмили он бар ҷаҳон (дар қадами дувум), як зарурати қатъӣ аст ки наметавон ҷойгузине барои он пайдо кард (чун ҳар қадар ҳам ки бартарии фарҳангӣ мусалмонон зиёд бошад, бидуни қудрат ва сарват наметавонанд онро ҳифз кунанд ва бар ҷаҳон ҳоким созанд ва лизо чорае ҷуз даст ёфтани онҳо ба қудрат ва сарвати кофӣ нест, вале ин қудрат ва сарвати кофӣ барои мусалмонон як ҳадаф маҳсуб намешавад, балки танҳо як васила барои пирӯзии Ислом бар куфр аст); Чунонки Худованд фармудааст: «وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ مِنْ قُوَّةٍ»;[4] <<Ва барои онон ҳар чи аз қувват ки метавонед, фароҳам оварид>>! (Ва аз инҷо маълум мешавад ки таҳсили қудрат барои муқобила бо ҷаҳони куфр бар мусалмонон фарз аст, вале суъол ин аст ки мусалмонон бо ин фақр ва заъфе ки дар ҳоли ҳозир доранд чигуна метавонанд ба бартарии сиёсӣ ва иқтисодӣ бар кофирон ноъил шавад?! Оё ин кор барои онҳо мумкин аст?! Устозунал Мансур дар посух ба ин суъол мефармояд:) Ҳар чанд воқеъ он аст ки таҳсили ин бартари (барои мусалмонон) дар ҳоли ҳозир, (ба хотири сустиҳои онон дар гузашта) душвориҳои фаровоне пайдо карда, то ҳадде ки наздик аст муҳол пиндошта шавад (на инки воқеъан муҳол бошад, вале аз фарти душворӣ наздик аст мусалмонон ё кофирон ё ҳар ду онро муҳол тасаввур кунанд); Зеро бештари зерсохтҳои он (ки муқаддамот ва пешниёзиҳои он маҳсуб мешавад) дар миёни мусалмонон эҷод нашудааст ва эҷоди онҳо (ба чаҳор чиз эҳтиёҷ дорад:) ба ирода (ҷамъӣ яъне азми муштараки ҷаҳони Ислом), ҳиммат (яъне эҳтироми кофии мусалмонон ба таҳаққуқи ин иродаи ҷамъӣ), ҳамоҳангӣ (миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои Исломӣ барои расидан ба ҳадафи муштарак ки дар партуви як иттиҳоди Исломӣ ҳосил мешавад) ва замони кофӣ (барои ба самар нишастани ин талошҳо) ниёз дорад, дар ҳоле ки мусалмонон, ба далили худбохтагӣ (яъне аз даст додани ҳисси эътимод ба нафс ва таслим шудан ба шаройити мавҷуд), танбалӣ (яъне сусти ва кӯтоҳӣ дар анҷоми вазойиф ба сабаби касолат ва беҳавсалагӣ), ихтилофоти сиёсӣ ва мазҳабӣ (миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои Ислом ки ба хуни якдигар ташнаанд ва ҳозир нестанд бо ҳам ҳамкорӣ кунанд) ва фиқдони раҳбари воҳид ва шойиста (ки онҳоро дар зери як парчам муттаҳид кунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки раҳбарони онҳо ҳамагӣ хоъинонанд), иродаҳ, ҳиммат ва ҳамоҳангии лозим барои онро фоқиданд ва замони кофӣ барои онро дар ихтиёр надорад (аз инҷо дониста мешавад ки худбохтагӣ, танбалӣ, ихтилофоти сиёсӣ ва мазҳабӣ ва фиқдони раҳбари воҳид ва шойиста, монеъ аз шаклгирии ирода, ҳиммат ва ҳамоҳангии лозим дар миёни мусалмонон аст ва вақти онҳоро зойеъ мекунад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки кофирон дар як тараф ба тамошои онҳо намеистанд то онҳо ба бартарии сиёсӣ ва иқтисодӣ ноъил шаванд, балки ба пешрафтҳои худ дар ин ҳавзаҳо идома медиҳанд ва бо ин васф, мусалмонон барои пешӣ гирифтан аз онҳо бояд тезтар аз онҳо ҳаракат кунанд ва ба пешрафтҳои инқилобӣ ноъил шаванд ва ин ба содагӣ ва дар кӯтоҳмуддат амалӣ нест) ва бо ин васф, шояд ёфтани роҳкорӣ амалитар ва кӯтоҳмуддат дар канори пайгирии роҳкори ормонӣ ва дарозмуддат (ки ҳамон бартарии сиёсӣ ва иқтисодии мусалмонон аст), барои муқовимат дар баробари ҳуҷуми фарҳангии кофирон (ва албатта харидани замон барои пешрафтҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ), зарурӣ бошад ва он роҳкор, (лузуман ҷанг нест; Чароки ҷанг дар замоне ки мусалмонон аз дарун муталошӣ ва пароканда шудаанд ва қувои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии лозимро надоранд ва ҳатто барои либоси зиреҳашон ба кофирони ғарбӣ вобаста ва ниёзманданд, наметавонад ба суди мусалмонон шавад, балки танҳо ба рехтани хуни мусалмонон ва аз байн рафтани зерсохтҳои сиёсӣ ва иқтисодияшон дар масофи бо кофирон меанҷомад ва ҳазинаҳои сангини инсонӣ ва молиро ба онҳо таҳмил ва суди саросариро насиби кофирон мекунад. Бо ин васф, он роҳкор) ҳамоно таблиғоти (Исломӣ) аст; Зеро таблиғот, муаъссиртарин (бо таваҷҷуҳ ба таъсиргузории бештари он бар рӯӣ афкори умумии ҷаҳони ва неруӣ инсонии кофирон аз тариқи мусалмон кардани мардуми онон) ва камхазинатарин коре (дар муқойиса бо ҷанг) аст ки метавон (дар миёнмуддат) барои коҳиши қудрати сиёсӣ ва иқтисодии онон ва нуфузашон дар миёни мусалмонон анҷом дод (албатта рӯшан аст ки ҷанг ҳам ба вақти худаш лозим хоҳад буд ва замони он хоҳад расид; Ҷудо аз онки дифоъ дар баробари ҳуҷуми низомии кофирон иҷтинобнопазир аст ва наметавон дар баробари ғорати амвол ва ҳатки навомиси мусалмонон сукут кард, вале кори аслӣ ва таҳоҷумӣ дар масофи кофирон дар ҳоли ҳозир таблиғот аст). Ҳар чанд ин коре аст ки онон (яъне кофирон) низ бо баҳрагири аз абзорҳои коромад (монанди интирнет, синамо ва шабакаҳои моҳмораи), дар муқобили мусалмонон анҷом медиҳанд (гӯёки онон ҳам ба муъассиртар будан ва камҳазинатар будани ин кор нисбат ба ҷанг пай бурдаанд ва бисёр бештар аз иқдомоти низомии муттакӣ бар он ҳастанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки онон дар қарни ахир бо неруӣ таблиғоти бар ҷаҳон истило пайдо кардаанд ва неруӣ низомияшон танҳо ҳифз кунандаӣ султае будааст ки бо неруӣ таблиғоти ба даст овардаанд. Бинобарин, онон низ бо баҳрагирӣ аз абзорҳои коромадтар машғули таблиғот бар зидди Ислом ва мусалмонон ҳастанд), вале бояд донист ки муҳтавои таблиғот ҳамеша аз абзорҳои он коромадтар буда ва тавонистааст бо қуввати худ, заъфи онҳоро ҷуброн кунад (бинобарин, таблиғотӣ Исломӣ агарчи бо абзорҳои заъифтаре анҷом шавад, метавонад таблиғоти кофиронро хунсо намояд; Чароки муҳтавоӣ ғанитаре дорад); Чунонки Паёмбарон, бо баҳрагири аз ҳамин имкон, бар ақвиёи замони худ ғолиб омаданд, вагарна ғалабаяшон бар онон бо такия бар қудрат ва сарват мумкин набуд (чароки бисёри Паёмбарон ва пайравонашон афроди фақир ва заъифе буданд ва қудрат ва сарвати бештаре надоштанд, вале муҳтавои паёмашон боъис шуд ки таблиғоташон ба натиҷа бирасад ва ҳатто барояшон қудрат ва сарват эҷод кунад); Чунонки Худованд ба унвони намуна аз фиръавн дар баробари Мӯсо алайҳи салом ёд карда ва фармудааст:  «وَنَادَىٰ فِرْعَوْنُ فِي قَوْمِهِ قَالَ يَا قَوْمِ أَلَيْسَ لِي مُلْكُ مِصْرَ وَهَٰذِهِ الْأَنْهَارُ تَجْرِي مِنْ تَحْتِي ۖ أَفَلَا تُبْصِرُونَ؛ أَمْ أَنَا خَيْرٌ مِنْ هَٰذَا الَّذِي هُوَ مَهِينٌ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ؛ فَلَوْلَا أُلْقِيَ عَلَيْهِ أَسْوِرَةٌ مِنْ ذَهَبٍ أَوْ جَاءَ مَعَهُ الْمَلَائِكَةُ مُقْتَرِنِينَ»;[5] <<Ва фиръавн дар миёни қавми худ овоз дод, гуфт: Эй қавми ман! Оё подшоҳии Миср аз они ман нест ва ин рудҳо аз зери ман ҷорӣ намешаванд?! Оё намебинед?! Ё ман бартарам аз ин касе ки ночиз аст ва наздик нест ба рӯшанӣ сухан гӯяд! Пас чаро бар ӯ дастбандҳое аз тилло нозил нашуд ё фариштагон ба ҳамроҳии ӯ наёмаданд?!>>, дар ҳоле ки Мӯсо алайҳи салом бо ҳамаи ин авсоф, бар ӯ ғолиб шуд (ва қудрат ва сарвати ӯро ба об дод)! Ҳамчунонки султаи мусалмонон дар даҳаҳои нахустини Исломӣ бар импиротуриҳои ғарб ва шарқ (монанди Касро ва Қайсар), ношӣ аз абзорҳои пешрафтаи таблиғотӣ ё ҳатто низомии онон набуд (чун возеҳ аст ки абзорҳои таблиғотӣ ва низомии импиротуриҳои шарқ ва ғарб бисёр пешрафтатар аз онон буд), бал ношӣ аз ҷаззобияти паёми онон буд ки тавонист зарқу барқҳои импиротуриҳои ҷаҳонро аз чашми мардум бияндозад ва заминаи пешравиҳои сиёсӣ ва низомии онон ба рағми имконоти маҳдудашонро фароҳам созад. (Манзури устозунал Мансур он аст ки бояд аз ин торих дарс гирифт; Чароки ин воқеъа такрорпазир аст ва мусалмонон метавонанд боз ҳам бо такя бар муҳтавои таблиғоти худ, азаматии абарқудратҳоро дар ҳам бикӯбанд ва бар шавкати кофирон ғолиб оянд.)

Ҳосили (ин мабҳас) онки шинохти ҳақ барои касоне муяссар аст ки тақлидро дар ҳамаи суратҳои он аъам аз тақлиди пешиниён, олимон, золимон, кофирон ва аксарияти мардум вониҳода ва (дар ҳамаи умур муҳаққақ бошанд; Ба ин тартиб ки) ақлро меъёри шинохти худ қарор дода бошанд ва дар заминаи ақойид ва аъмол худ, ба занни ҳосил аз гуфта ва кардаи дигарон қонеъ набошанд (балки танҳо дар пайи яқини бошанд).

(و السلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Оли Имрон/100.

↑[2] . Моъида/51.

↑[3] . Бақара/120.

↑[4] . Анфол/60.

↑[5] . Зухруф/51 то 53.

Барои шунидани савти дарси бисту чаҳорум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.