Панҷшанбе 25 май 2017 мелодӣ баробар бо 28 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси бисту севум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз кофирон (1)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

То инҷо чаҳор навъ аз анвоъи ройиҷи тақлид дар миёни мусалмонон баррасӣ шуд. Акнун навбати охарин навъ аз анвоъи ройиҷи он аст ки <<Тақлид аз кофирон>> аст. Манзур аз кофирон дар инҷо умуми <<Ғайри мусалмонон>> ҳастанд; Хоҳ аз аҳли китоб бошанд ва хоҳ аз ғайри онҳо ва манзур аз тақлид аз онҳо мутобиқат бо таърифе ки дар оғоз зикр шуд, пайравӣ аз гуфта ва кардаи онҳо бидуни далил аст. Устозунал Мансур дар бораи ин навъ аз тақлид, таҳти унвони)

[Панҷум; Тақлид аз кофирон]

(мефармояд:) Яке дигар аз гунаҳои ройиҷи тақлид (дар миёни мусалмонон), пайравӣ аз гуфта ва кардаи кофирон (табиъатан бидуни далил) аст; Чароки бисёрӣ аз мусалмонон, ба хотири заъфи худ ва қуввати кофирон (дар заминаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ) дар қарнҳои охир (яъне ба таври мушаххас баъд аз инқилоби санъатии Аврупо ва боз шудани пойи истеъмор ба ҷаҳони Ислом), дар мавзеъи инфиол (яъне таъсир пазирӣ аз онон) қарор гирифтаанд ва аз онон пайравӣ кардаанд; Ба ин сурат ки ё хоста ва дониста (дар рӯйкардӣ ғарбгароёна), худро (дар муъаллифаҳои мухталифи фарҳангӣ) шабиҳи онон сохтаанд (ва ба истилоҳ ташаббуҳ ба кофирон пайдо кардаанд ки дар шариъати Ислом ҳаром аст) то (ба хиёли хоми худ бо ин шева) ба қуввате ки онон расидаанд бирасанд (чароки ба ғалат тасаввур мекунанд қуввати иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии кофиронро аз қуввати фарҳангии онон бархоста ва барои онон хушбахтии воқеъӣ ба армуғон овардааст) ва ё нохоста ва нодониста, аз таблиғот ва талқиноти онон (бо ҳадафи тарвиҷи фарҳангашон) асар пазируфтаанд (ва ба таъбири устозунал Мансур рангу бӯй ва маззаӣ кофиронро гирифтаанд) ва ақойид ва аъмоли (Исломии) худро ба ақойид ва аъмоли (ғайри Исломии) онон олудаанд (монанди мудофеъони мусалмони демокросӣ ки аз як сӯ таҳти таъсири фарҳанги ғарб, демокросиро беҳтарин равиши ҳукуматдорӣ пиндоштаанд ва барои он мубориза ва талош мекунанд ва аз сӯи дигар таҳти таъсири фарҳанги Исломии худ номи динӣ бар рӯӣ он гузоштаанд ва онро <<Мардумсолории динӣ>> номидаанд ва гумон мекунанд ки бо ин тағйири ном, моҳияти он ҳам тағйир мекунад! Аммо ба ростӣ маншаъи қуввати иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии кофирон ки ин даста аз мусалмононро таҳти таъсири худ қарор дода чи буда ва чи чизе барои онон ба армуғон овардааст?! Устозунал Мансур таҳти унвони).

[Маншаъи қуввати кофирон ва табаъоти он]

(мефармояд:) Дар ҳоле ки бидуни шак (бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди аснод ва шавоҳиди торихии фаровоне ки ҷои ҳеҷ шакке боқӣ намегузорад), қуввати (иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии) кофирон дар қарнҳои охир, аз як сӯ бар пояӣ истисмори зуъафо (яъне баҳрагирӣ аз миллатҳои заъиф ва ақабмонда) ва ғорати (манобеъи) сарзаминҳошон (хусусан Африқо ва ховари миёна дар даврони истеъмор ва пас аз он) мумкин шуда ва аз сӯӣ дигар, бар пояӣ моддагароӣ (яъне авлавият додан ба ҷаҳони моддӣ бо таваҷҷуҳ ба адами эътиқоди онон ба охират) ва тафриқи (яъне тафкики) дин аз дунё (ки сикулоризим номида мешавад) шакл гирифтааст (пас аз як сӯ муттакӣ бар зулм аст ва аз сӯӣ дигар муттакӣ бар куфр) ва бо ин васф, агарчи ононро дар ҷиҳотӣ моддӣ (яъне иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ) ба қувват расонида, дар ҷиҳотӣ маънавӣ (яъне фарҳангӣ) заъиф сохтааст; То ҷойе ки бештари онон (мутобиқ бо оморҳои мухталифи худкушӣ, қатл, девонагӣ, таҷовуз, суқути ҷанин, эйдз ва эътиёд ба маводди мухаддир ва алкол), саломати (руҳӣ ва равонии) фардӣ, хонаводагӣ ва иҷтимоии худро аз даст додаанд ва бунёдҳои ахлоқӣ (ки тавҷиҳ кунандаӣ боядҳо ва набоядҳои ахлоқӣ ҳастанд ва ба ахлоқиёти фардӣ, хонаводагӣ ва иҷтимоъӣ маъно медиҳанд) ва зерсохтҳои фарҳанги (инсонӣ) ро вайрон сохтаанд ва (бо ин шева) имконе (амалӣ) барои такомули инсонӣ аз лиҳози ақлӣ ва адабӣ (яъне ҳунарӣ) боқӣ нагузоштаанд (ва ин воқеъияте аст ки худи онҳо камобеш ба он мӯътарифанд ва хайр хоҳонашон аз он меноланд). Ба илова, чандон ки ба сабаби қуввати инҳисорӣ (яъне мунҳасир ба худ) ва такбуъдии (яъне сирфан дар буъди моддӣ ва санъатии) худ, мутакаббир ва аз худ розӣ шудаанд (то ҳадде ки миллатҳои дигарро таҳқир мекунанд), мавриди нафрати рӯзафзуни миллатҳои мазлум ва мустазъафи ҷаҳон (дар қолиби ғарбситезӣ) қарор гирифтаанд ва тухми кина ва душманиро (ки ҳар рӯз ба ишколи мухталиф ҷавона мезанад ва рушд мекунад) дар сарзаминҳои маҳрум хусусан Африқо ва ховари миёна пошидаанд (ва ин чизе аст ки комилан маҳсус ва қобили мушоҳида аст). Рӯшан аст ки ин вазъият, агарчи кӯтоҳмудат судҳои маҳдудеро (аз лиҳози моддӣ) барои афродӣ хос аз онон (яъне аъимаӣ куфр ва абарсармоядорони вобаста ба онҳо), падид меоварад (ва онҳоро сарватмандтар ва қудратмадтар мекунад, бо таваҷҷуҳ ба инки агар ҳамин судҳои маҳдуди моддиро ҳам барои онҳо надошт мусалламан онҳо ин вазъиятро эҷод ва ҳифз намекарданд, агарчи ин вазъият), дар баландмудат зиёнҳои номаҳдудеро (ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ) мутаваҷҷеҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла ҳамон афрод месозад (бо таваҷҷуҳ ба инки он афрод ҳам ҷузъе аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳастанд), то ҷойе ки дар як бароянди куллӣ (ва дарозмуддат), наметавон онро барои ҳеҷ фарде судманд донист (чароки вақте шикофи табақотӣ дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ тавассути ин ақаллият афзоиш меёбад ва таъодули он ба ҳам мехурад, хашми аксарият барангехта мешавад ва ҳамаи дунёро мутаъассир мекунад ва ба тарафи ҷанг, ноамнӣ ва бесуботӣ савқ медиҳад ва ҳеҷ  касро аз табаъоти он масвун намегузорад ва ин ҳазинаҳои сангини моддӣ ва маънавиро ба ҳамон ақалият таҳмил менамояд); Ҳмчунонки метавон мушоҳида кард, қуввати онон (яъне кофирон) аз лиҳози моддӣ, дар маҷмӯъ аз мушкилоти (иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии) онон накоста, балки дар заминаҳои гуногуне бар он афзуда ва хатароти ҷадид ва бузургтареро барояшон падид овардааст (то ҷойе ки кишварҳои онҳо худ аз қарздортарин кишварҳо ҳастанд ва осебпазиртарин иқтисод ва сиёсат ва бештарин душманро доранд ва табъан эҳсоси нооромии бештаре мекунанд); Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا يَحْسَبَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا سَبَقُوا ۚ إِنَّهُمْ لَا يُعْجِزُونَ»;[1] <<Ва касоне ки кофир шуданд напиндоранд ки пешӣ гирифтаанд; Онон нотавон нахоҳанд кар>>! (Бубинед чигуна Худованд устозунал Мансурро ба тамассук ба Қуръон муваффақ кардааст, то ҷойе ки мушоҳида мекунем дар ҳеҷ заминае аз он ҷудо намешавад ва ҳамаи мавозеъи ӯ бо мавозеъи Қуръон ҳамоҳанг аст ва бо ин васф, касоне ки мавозеъи эшонро дӯст намедоранд, дар воқеъ мавозеъи Қуръонро дӯст намедоранд; Чароки мавозеъи эшон тамоман мавозеъи Қуръони аст ва гом ба гом бо Қуръон ҳаракат мекунад. Чунонки дар идома, пайравӣ мусалмонон аз кофиронро бидуни ваҷҳ яъне бидуни далил мешуморад ва таҳти унвони)

[Адами ваҷоҳати пайравӣ мусалмонон аз кофирон]

(мефармояд:) Бо ин васф (ки рӯшан шуд қуввати кофирон аз лиҳози моддӣ муттакӣ бар куфр ва зулми онон дар қуруни охир будааст), шифтагӣ ба қуввти онон аз лиҳози моддӣ, ваҷҳе надорад ва оқилона нест (чун мисол шифтагӣ ба сандуқчаӣ зебое аст ки пур аз мурдор ва касофат бошад); Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعْنَا بِهِ أَزْوَاجًا مِنْهُمْ زَهْرَةَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا لِنَفْتِنَهُمْ فِيهِ ۚ وَرِزْقُ رَبِّكَ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ»;[2] <<Ва чашмони худро ба чизе аз шукуфоӣ зиндагии дунё ки завҷҳое аз ононро ба он баҳраманд сохтем то ононро бадон мафтун созем хира накун ва рӯзии Парвардигори ту беҳтар ва мондагортар аст>> (маълум мешавад ки ҳамеша кофирон ба хотири куфр ва зулмашон аз шукуфойии дунявӣ бархурдор будаанд ва имкон доштааст ки иддае аз мусалмонон шифтаи шукуфоӣ дунявии онҳо бишаванд ва ин мавзӯъи ҷадиде нест) Ва фармудааст: «لَا يَغُرَّنَّكَ تَقَلُّبُ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي الْبِلَادِ؛ مَتَاعٌ قَلِيلٌ ثُمَّ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۚ وَبِئْسَ الْمِهَادُ»;[3] <<Гардиши касоне ки кофир шуданд дар сарзаминҳо туро нафиребад; Баҳраи андак аст ва пас аз он ҷойгоҳашон ҷаҳаннам хоҳад буд ки бад хобгоҳе аст>>! Балки пайравӣ аз онон ба умеди дастёфтан ба қувваташон, натиҷаӣ маъкус дорад ва ба пасрафти мусалмонон ва на пешрафташон меанҷомад (чароки чунин пешрафте ҷуз бо рафтан ба роҳи кофирона ва золимонаи онҳо мумкин нест ва куфр ва зулм оқибати хубе нахоҳад дошт); Чунонки Худованд фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تُطِيعُوا الَّذِينَ كَفَرُوا يَرُدُّوكُمْ عَلَىٰ أَعْقَابِكُمْ فَتَنْقَلِبُوا خَاسِرِينَ»;[4] <<Эй касоне ки имон овардид! Агар аз касоне ки кофир шуданд пайравӣ кунед, шуморо ба ақабҳотон боз мегарднанд, пас зиёнкор мегардед>>; (Пас пайравӣ аз кофирон муҷиби ақабмондагии мусалмонон мешавад на пешрафти онҳо; Чун бо ин кор на танҳо ба қуввати иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии кофирон даст намеёбанд, балки қуввати фарҳангии худро низ аз даст медиҳанд ва ба истилоҳ, аз он монда ва аз ин ронда мешаванд!) Зеро пайравӣ аз онон, боис мешавад ки ҳақ, ҳаргоҳ бар хилофи ақидаи онон ва равияи ҳоким бар ҷаҳон таҳти султаӣ онон (яъне урфи ҷаҳонӣ) бошад, ботил пиндошта шавад ва дар асари таблиғот ва талқиноти манфии онон (дар пӯшишҳои мухталифе монанди ҳимоят аз ҳуқуқи башар), мавриди нафрат ва инкори мусалмонон қарор гирад (манзури устозунал Мансур ин аст ки кофирон ба иқтизои қуввати моддии худ ва бар пояи фарҳанги ғайри Исломияшон, дар ҷаҳон урфисозӣ мекунанд ва ин урфисозии ҷаҳонӣ, бар фарҳанги Исломии мусалмонон соя меандозад ва боъис мешавад ки дарки онон аз ҳақ тағйир кунад), то ба тадриҷ мабонӣ ва қавонини онон (яъне кофирон дар сояи ин урфисозии ҷаҳонӣ), бар ҷои мабонӣ ва қавонини Ислом бинишинад ва мусалмонон барои ҷалби хушнудии онон (ки барояшон манофеъи моддӣ ба дунбол дорад) ва ҷилавгирӣ аз хашмашон (ки барояшон мушкилоти моддӣ эҷод мекунад), даст аз пайгирии ормонҳои (Исломии) худ бардоранд ва барои таҳаққуқи ормонҳои (ғайри Исломии) онон талош кунанд (ва амалан дар хидмати аҳдофи онон қарор гиранд) ва бар пайкари куфр ҷомаи Ислом бипушонанд (яъне барои дидгоҳҳои ғайри Исломӣ, тавҷиҳоти Исломӣ даст ва по кунанд ва ин воқеъияте аст ки ҳамакнун дар умуми кишварҳои Исломӣ камобеш мушоҳида мешавад). Аз ин рӯ, танҳо марзи мӯътабар дар Ислом (марзе аст ки ҳувияти фарҳангии мусалмононро ҳифз мекунад ва он), марзи миёни мусалмонон ва кофирон аст ки дар бораи имон ба Худованд, муҳимтарин ва бунёдитарин асли зиндагӣ, тазод доранд (яъне муҳимтарин ва бунёдитарин асли зиндагӣ, имон ба Худованд аст ва мусалмонон ва кофирон дар бораи он бо ҳам ихтилоф доранд ва бо ин ҳисоб, ҳар ихтилоферо метавон ба наҳве нодида гирифт ё ҳал кард магар ин ихтилофро); Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: «هَٰذَانِ خَصْمَانِ اخْتَصَمُوا فِي رَبِّهِمْ ۖ»;[5] <<Инҳо ду хасманд ки бо якдигар дар бораи Парвардигорашон хусумат доранд>> Ва рӯшан аст ки ин марз, бар хилофи марзҳои дигар (ки сохтагӣ ҳастанд), сохтагӣ нест, балки бо таваҷҷуҳ ба таъсири зотӣ ва ҳақиқии он бар ҳамаи шуъуни зиндагӣ, воқеъият дорад (чун ҳамаи шуъуни зиндагии як мусалмон бо як кофир фарқ мекунад, хусусан кофире ки Худонобовар аст ва ба ҳеҷ як аз Паёмбарони Ӯ имон надорад) ва аз ин рӯ, (ин марзи воқеъӣ ва бунёдин) бояд ҳамвора мушаххас бошад ва ба расмият шинохта шавад (то ҳуввияти воло ва арзишманди дӯстони Худо дар баробари ҳуввияти паст ва палиди душманони Ӯ маҳфуз бошад) ва набояд бо афтодани сояи умурӣ эътибори ва ғайри воқеъӣ (монанди ранг, забон ва миллат) бар он, ранги худро аз даст бидиҳад (ва ин тавр вонамуд шавад ки мусалмон будан аҳмияте надорад ва муҳим ҳамранг будан ё ҳамзабон будан ё ҳамватан будан аст; Чароки иттифоқан мусалмон будан хеле муҳим аст ва Ислом танҳо чизе аст ки инсонҳоро воқеъан аз якдигар мутамойиз мекунад, на ранг ва забон ва миллат); То ҷойе ки ҳеҷ чиз дар Ислом пас аз лузуми дӯстӣ бо Худованд (таҳти унвони вилоят), возеҳтар аз лузуми душманӣ бо кофирон (таҳти унвони бароъат) нест; Чунонки Худованд фармудааст: «قَدْ كَانَتْ لَكُمْ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ فِي إِبْرَاهِيمَ وَالَّذِينَ مَعَهُ إِذْ قَالُوا لِقَوْمِهِمْ إِنَّا بُرَآءُ مِنْكُمْ وَمِمَّا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ كَفَرْنَا بِكُمْ وَبَدَا بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةُ وَالْبَغْضَاءُ أَبَدًا حَتَّىٰ تُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَحْدَهُ»;[6] <<Бегумон барои шумо улгуӣ неку дар Иброҳим ва касоне аст ки бо ӯ буданд ҳангоме ки ба қавмашон гуфтанд мо аз шумо ва аз чизе ки ҷуз Худованд мепарастед безорем, ба шумо кофир шудем ва миёни мо ва шумо барои ҳамеша душманӣ ва кина падидор шуд то онки ба Худованди ягона имон оваред>> (ин хатти мустақими Қуръон ва тариқати Иброҳим ва оли Иброҳим аст ки устозунал Мансур бар рӯӣ он пой мефишорад) Ва бо ин васф, возеҳ аст ки пайравӣ аз кофирон, ҷойе дар Ислом надорад ва дар ҳеҷ заминае (чи фарҳангӣ, чи сиёсӣ ва чи иқтисодӣ) ва бо ҳеҷ баҳонае (агарчи созгорӣ бо урфи ҷаҳонӣ ё табаъият аз аҳкоми созумони милал бошад) ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: «فَلَا تُطِعِ الْكَافِرِينَ»;[7] <<Пас аз кофирон фармон набар>> Ва фармудааст: «فَلَا تُطِعِ الْمُكَذِّبِينَ»;[8] <<Пас аз такзиб кунандагон фармон набар>>! (Ва ин сариҳ дар ҳурмати мутлақи фармон бурдан аз ғайри мусалмонон аст ва бо ин васф, пайравӣ мусалмонон аз онон мутлақан ваҷҳе надорад, балки дар воқеъ ин кофиронанд ки бояд аз мусалмонон пайравӣ кунанд; Чунонки устозунал Мансур бо ҳадафи эҳёӣ ҳуввияти Исломии мусалмонон ва иззати аз ёд рафтаи онҳо, таҳти унвони)

[Лузуми пайравии кофирон аз мусалмонон] 

(мефармояд:) Бал дар воқеъ ин кофиронанд ки (ақлан ва шаръан) бойиста аст (дар заминаҳои мухталиф) аз мусалмонон пайравӣ кунанд; Чунонки Худованд фармудааст: «رُبَمَا يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْ كَانُوا مُسْلِمِينَ»;[9] <<Чи басо касоне ки кофир шуданд орзу кунанд ки эй кош мусалмон буданд>>; Зеро машҳуд (яъне қобили мушоҳида) аст ки бештари кофирон (ба истисноӣ ақаллияте аз онон ки Қуръон ҳам онҳоро истисно карда ва фармудааст: «لَيْسُوا سَوَاءً» [Оли Имарон/113]; Яъне бо дигарон яксон нестанд ва онҳо Яҳудиён ва Масеҳиёне ҳастанд ки ба аҳкоми фиқҳӣ ва ахлоқии Таврот илтизоми амалӣ доранд; Мегуям Таврот, ба хотири инки Инҷили расмии боқӣ монда аҳкоми фиқҳӣ ва ахлоқии хоссе надорад ва машҳун аз ширкиёт аст) хусусан дар сарзаминҳои ғарбӣ (Чун дар бештари сарзаминҳои шарқӣ, ба иқтизои пешинаи тамаддунии онҳо ва вуҷуди адёни гуногун, ҷавви нисбатан беҳтаре дар миёни кофирон вуҷуд дорад ва устозунал Мансур бо ин ҷав аз наздик ошност, ҳар чанд мутаъассифона ин ҷав низ ба суръат дар ҳоли наздик шудан ба ҷавви мавҷуд дар ғарб аст. Ба ҳар ҳол, бештари кофирон хусусан дар кишварҳои ғарбӣ), ба сабаби дур мондан аз марокизи тамаддун (ки аз назари торихӣ умдатан дар шарқ воқеъ шудаанд), аз лиҳози фарҳангӣ дар вазъиятӣ наздик ба таваҳҳуш қарор доранд (яъне ҳар чанд аз лиҳози иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ ба баракати сирқатҳое ки аз шарқ доштаанд хеле пешраф кардаанд, вале аз лиҳози фарҳангӣ бо ақвоми бадавӣ ва бараҳна тафовути чандоне накарданд) ва аз ҳйси инсонӣ (бар хилофи ҷанбаҳои ҳайвонӣ), рушди кофӣ накардаанд ва бо ин васф, ба таълим ва тарбияти мусалмонон ниёзманданд (албатта на мусалмононе ки худ тобеъи онҳо ҳастанд ва ба Ислом пойбандӣ амалӣ надоранд, бал мусалмононе ки ба Ислом мултазим ҳастанд). Ҳмчунонки пештар дар ҳошияӣ ҷангҳои салибии нӯҳгона (яъне на ҷанги бузург ва муҳимме ки Аврупоиёни католик бо ангезаӣ гирифтани сарзаминҳои муқаддас аз мусалмонон ва бо дастури поп дар байни қуруни 11 то 13 милодӣ анҷом доданд ва тайӣ он ба сарзаминҳои Исломӣ ҳуҷум оварданд ва мийзони таваҳҳуш ва барбарияти худро ба намоиш гузоштанд; Чунонки ба унвони намуна, дар ҷанги салибии аввал, салибиёни фотеҳ пас аз вуруд ба Ирушалим, ҳамаи мусалмонон ва яҳудиёни шаҳрро қатли ом карданд ва масоҷидро вайрон ва шаҳрро ғорат намуданд ва таваҳҳуш ва барбариятро ба ҷойе расонданд ки ҳатто даст ба одамхорӣ заданд! Ҷангҳои баъдии онҳо низ ҳамагӣ намунаҳои комиле аз таваҳҳуш ва барбарият буд. Ба ҳар ҳол, ғарбиҳои ваҳшӣ), пас аз онки аз иқдоми аҳмақонаи худ (дар ҷанги салибии аввал) ба сӯзондани китобхонаҳои мусалмонон (ки муштамал бар китоби нафис ва ноёб дар мавзуъоти мухталифи илмӣ буд) пушаймон шуданд, (китоби боқӣ мондаро ҷамъоварӣ карданд ва аз тариқи онҳо) улуми таҷрибӣ ва риёзии ононро фаро гирифтанд ва ба сарзаминҳои торик ва вайронаи худ (дар ғарб) ворид сохтанд ва мабнои тавсиъаи санъатии Аврупо қарор доданд (муварихон навиштаанд ки салибиён улуми таҷрибӣ ва риёзии мусалмононро ки шомили ҳамаи чиз аз дарёнавардӣ ва физики нур гирифта то ҳисобдорӣ ва меъмолрӣ буд дар Аврупо мунташир сохтанд ва зербиноӣ инқилоби санъатӣ дар он қарор доданд). Ҳар чанд онон он андоза боҳуш набуданд ки улуми инсонии мусалмононро низ (монанди улуми таҷрибӣ ва риёзии онҳо) фаро бигиранд (то ба он андоза ки аз лиҳози санъатӣ ва пизишкӣ пешрафт карданд, аз лиҳози фарҳангӣ ва инсонӣ низ пешрафт кунанд) ва ба ҳамин далил, фарҳанги онон мутаносиб бо иқтисодашон пешрафт накард ва дар ҳамон сатҳи нозил ва ибтидоӣ (ки қаблан буд), боқӣ монд (устозунал Мансур ин ақаб мондагӣ фарҳангии онҳоро ношӣ аз фиқдони ҳуши кофӣ дар онҳо медонад; Чароки як миллати боҳуш танҳо ба шиками худ намеандешад ва танҳо барои дунёи худ тадбир намекунад, балки як диди ҷомеъ дорад ва ба ҳамаи абъоди зиндагӣ ва ниёзҳои худ таваҷҷуҳ мекунад ва ин бар хилофи тасаввури авом аст ки кофирони ғарбиро миллатӣ боҳуш мепиндоранд). То ҷойе ки имрӯз фарҳанги ҳоким бар ҷаҳони куфр, хусусан дар Аврупо ва Амрикои шимолӣ (ки таҳти унвони <<Ғарб>> шинохта мешавад), намунаи комиле аз як барбарияти навин аст ки бар пояи ғароизи афсоргусехтаи ҳайвонӣ (хусусан ғаризаӣ ҷинсӣ) ва дар тазод бо қавонини фитрӣ ва инсонӣ (монанди ҳусни ҳаё ва пӯшидагӣ ва иффат ва ғайрат) шакл гирифта ва бо фарҳонги ваҳшии бархӣ қабоили бадавӣ (ки ин қавонин дар онҳо вуҷуд надорад), қобили муқоиса аст (гӯё ки бар тани як идда афроди ваҳшӣ ва бадавӣ, либосҳои нав ва зебо пӯшонида бошӣ!). Рукни аслии ин фарҳанг, агар битавон онро фарҳанг номид (бо таваҷҷуҳ ба инки фарҳанг маъмулан ба одоб ва русумӣ инсонӣ гуфта мешавад на ҳайвонӣ), лазатталабӣ (яъне талош барои лаззат бурдани бештар) ва ибоҳигари (яъне мубоҳ доштани ҳар чиз) аст ки аз талфиқи ашрофияти Румӣ бо инсонмеҳварии Юнонӣ (дар ғарб) падид омада (бо таваҷҷуҳ ба инки Румиёни бостони бисёр ташрифотӣ ва таҷаммулгаро буданд ва Юнониёни бостони овозаи инсонмеҳварӣ доштанд) ва дар тазодди комил бо маънавияти шарқӣ ва ақлонияти Исломӣ аст (бо таваҷҷуҳ ба инки шарқ маҳди маънавият ва ирфон аст ва Ислом дини ақлоният аст). Бо ин васф, ҷоӣ басо таъаҷҷуб ва таъассуф аст ки бархӣ мусалмонон (ки фирефтаи завоҳири зиндагии моддӣ дар ғарб ҳастанд), сархурда (яъне норозӣ ва хиҷолатзада) аз фарҳанги осмонии худ ки ҳамаи асбоби лавозим барои такомули (моддӣ ва маънавии) ононро дорад, ба пайравӣ аз гурӯҳе авбош (яъне кофирони бефарҳанги ғарбӣ) рӯй овардаанд ки ба унвони мисол, беиффатиро ҳақи (зан) ва беғейратиро таклиф (мард) мепиндоранд (ва мӯътақиданд ки ҳар зан ва марде дар равобти ҷинсии худ чи пеш аз издивоҷ ва чи пас аз он озоданд ва салби ин озодӣ аз онҳо бар хилофи ҳуқуқи табиъии онҳо аст) ва ҷуз боданӯшӣ (яъне шароб хорӣ), пойкӯбӣ (яъне рақс) ва бараҳнагӣ (ки ба ҷузъи муҳммӣ аз зиндагӣ ва фарҳанги онҳо аст), фахре надоранд (чун инҳоро намодди тараққӣ ва озодии худ мепиндоранд ва ба онҳо ифтихор мекунанд ва ифтихори дигаре дар торихи сиёҳи худ ҷуз бардадорӣ ва истеъмор ва ҷангҳои хонумонсӯзи ҷаҳонӣ надоранд) ва дар ҳоле ки ҳуқуқи гуруснагон ва оворагонро (дар Фаластин ва Африқо ва сарзаминҳои маҳруми дигар) нодида мегиранд, аз ҳуқуқи фоҳишаҳо ва ҳамҷинсгароён дифоъ мекунанд (ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳоро намоди дифоъ аз ҳуқуқи башар мепиндоранд! Бал вақоҳатро ба ҷойе расондаанд ки рӯзеро ба унвони рӯзи ҷаҳонӣ ҳимоят аз ҳамҷинсгароён таъйин кардаанд ва ҳама сола онро ҷашн мегиранд!); Бо онки қоъидатан бадавиёнӣ монанди инон, шоиста аст таҳти таълим ва тарбияти (Исломӣ ва инсонии) мусалмонон қарор бигиранд то аз ҳолати ҳайвоният (ки дар он басар мебаранд) раҳоӣ ёбанд ва одоби зиндагии инсониро (ки фоқиди онанд) фаро бигиранд! (Ба умеди рӯзе ки мусалмонон бар ин кофирони бефарҳанг истило пайдо кунанд ва онҳоро ба истилоҳ мутамаддин созанд, ҳамон тавр ки онҳо дар қуруни охир бар милали мутамаддини дунё истило пайдо карданд ва тамаддуни онҳоро аз байн бурданд!

و السلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Анфол/59.

↑[2] . Тоҳо/131.

↑[3] . Оли Имрон/196 ва 197.

↑[4] . Оли Имрон/149.

↑[5] . Ҳаҷ/19.

↑[6] . Мумтаҳинаҳ/4.

↑[7] . Фурқон/52.

↑[8] . Қалам/8.

↑[9] . Ҳиҷр/2.

Барои шунидани савти дарси бисту севум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.