Сешанбе 27 июн 2017 мелодӣ баробар бо 3 шаввол 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси бисту якум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз золимон (1)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

То инҷо се навъ аз анвоъи панҷгонаи тақлид ки дар миёни мусалмонон ривоҷ дорад, табйин шуд. Навъи)

[Чаҳорум; Тақлид аз золимон]

(Ба маънои пайравӣ бидуни далил аз касоне аст ки ба худ ё ба мардум зулм мекунанд, ҳар чанд муҳимтарин мисдоқи онон, ҳокимони золим ҳастанд, балки чи басо мурод аз <<Золимон>> дар инҷо ҳамонон бошанд; Чароки ҳар чанд унвони <<Золимон>> ҳар золимеро шомил мешавад, вале инсирофи он дар вақти итлоқ ба ҳокимони золим аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки онон аз як сӯ ба далили султае ки бар мардум доранд зулми бештаре дар ҳаққи онон мекунанд ва аз сӯӣ дигар зулмашон ҷанбаи умумӣ дорад ва кулли ҷомеъаро таҳти таъсир қарор медиҳад. Устозунал Мансур дар ташриҳи ин навъ аз тақлид мефармояд;) Яке дигар аз гунаҳои ройиҷи тақлид (дар миёни мусалмонон), пайравӣ аз гуфта ва кардаи золимон аст; Чароки бисёри аз мусалмонон (аз баъди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун), аз ҳокимони золими худ (аз банӣ Умая ва банӣ Аббос гирифта то ҳокимони кунунӣ) пайравӣ мекунанд (то ҷойе ки гуфта шудааст: «الناس علی دین ملوکهم»; Яъне мардум ба дини ҳокимонашон ҳастанд), дар ҳоле ки ҳокимони золимашон (ҳар чанд ба иқтизои шаҳодатайн мусалмон бошанд), аз як сӯ бо лиҳози мабнои машруъият дар Ислом (ки дар оянда ба он мепардозад), муҷоз ба ҳукумат нестанд (чароки мабнои машруъият дар Ислом, изни Худованд аст ва Худованд ба ҳукумати золим изн надодааст) ва аз сӯӣ дигар, ба иқтизои золим буданашон, бар тибқи ақл ва шаръ ҳукумат намекунанд (чароки агар бар тибқи ақл ва шаръ ҳукумт мекарданд золим шумурда намешуданд; Бо таваҷҷуҳ ба инки зулм иборат аз амал бар хилофи ақл ва шаръ аст. Зимнан мефармояд <<Ақл ва шаръ>> ба хотири инки қубҳи зулм ва зарурати адолат, ҳам ҳукми мустақилли ақли аст ва ҳам ҳукми сариҳи шаръи ва аз ин ҷиҳат, мумкин аст ҳокиме муташарреъ набошад, вале оқилона ҳукумат кунад ва аз ин ҷиҳат одил шумурда шавад; Чунонки бархӣ ҳокимони ғайри мусалмон ба адолат муваззаф шудаанд, ҳар чанд ҳақ он аст ки ин тавсиф, холӣ аз тасомуҳ нест; Чароки адами пазириш ва иҷрои Ислом, ба зоти худ зулм аст ва қаҳран сабаби тарки бархӣ аҳкоми умумии Худованд мешавад ки зулм ба шумор меояд ва аз ин ҷиҳат метавон гуфт ки Ислом барои таҳаққуқи адолат шарт аст. Ба ҳар ҳол, шаръ ҳам ба ҳурмати зулм ва вуҷуби адолат иршод карда ва масалан фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ» (Наҳл/90); <<Ҳароина Худованд ба адолат амр мекунад>>) ва бо ин васф (ки ҳокимони золим бар тибқи ақл ва шаръ ҳукумат намекунанд), пайравӣ аз онон ба иқтизои ақл ва шаръ воҷиб нест, балки (билакс) ба таври ҳатм ҳаром аст; Зеро (аввалан) касоне ки ҳаққи ҳукумат надоранд, табъан ҳаққи пайравӣ низ (бар мардум) надоранд (чароки ҳаққи пайравӣ, лозими ҳаққи ҳукумат аст ва вақте малзум мунтафӣ бошад лозим низ мунтафӣ аст) ва (сониян) пайравӣ аз онон, бо таваҷҷуҳ ба мухолифаташон бо ақл ва шаръ, бо пайравӣ аз ақл ва шаръ мухолиф аст (чун хоста ё нохоста ба мухолифат бо ақл ва шаръ меанҷомад) ва ин аз масоъили возеҳ ва зарурӣ аст (яъне масоъиле ки бо камтарин таъаммул идрок мешаванд ва аз мусарраҳоти Қуръон ба даст меоянд); Чунонки Худованд ба рӯшанӣ фармудааст: «وَلَا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ»;[1] <<Ва ба касоне ки зулм мекунанд нагаройид ки шуморо оташ мегирад ва ҷуз Худованд сарпарстоне надоред ва он гоҳ ёрӣ нахоҳед шуд>> (бо таваҷҷуҳ ба инки <<Гаройиш ба золимон>> аъамм аз пайравии онон аст ва пайравӣ онон болотарин дараҷаи гаройиш ба онон маҳсуб мешавад) Ва фармудааст: «وَلَا تَتَّبِعُوا أَهْوَاءَ قَوْمٍ قَدْ ضَلُّوا مِنْ قَبْلُ وَأَضَلُّوا كَثِيرًا وَضَلُّوا عَنْ سَوَاءِ السَّبِيلِ»;[2] <<Ва аз хоҳишҳои гурӯҳе ки пештар гумроҳ шуданд ва бисёриро гумроҳ карданд ва аз миёнаи роҳ гум шуданд, пайравӣ накунед>> (ва ин сариҳи дар адами ҷавози пайравӣ золимон аст ки худ гумроҳанд ва бисёриро гумроҳ кардаанд, агарчи мусалмон бошанд) Ва фармудааст: «وَلَا تُطِعْ مَنْ أَغْفَلْنَا قَلْبَهُ عَنْ ذِكْرِنَا وَاتَّبَعَ هَوَاهُ وَكَانَ أَمْرُهُ فُرُطًا»;[3] <<Ва аз касе ки дилашро аз ёдамон ғофил кардем ва ҳавои худро пайравӣ кард ва кораш зиёдаравӣ буд, фармон набар>> (ва ин сариҳи дар адами ҷавози итоъат аз касе аст ки аҳли ғафлат аз ёди Худо ва табиъатан аз ҳавои нафс ва ифрот дар умур аст, агарчи мусалмон бошад) Ва фармудааст: «وَلَا تَتَّبِعْ سَبِيلَ الْمُفْسِدِينَ»;[4] <<Ва аз роҳи муфсидон пайравӣ накун>> (ва ин низ дар ғояти сароҳат аст) Ва фармудааст: «وَلَا تَتَّبِعَانِّ سَبِيلَ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ»;[5] <<Ва аз роҳи касоне ки намедонанд, пайравӣ накунед>> (ва ин сариҳи дар адами ҷавози пайравӣ аз ҷоҳилон аст, агарчи мусалмон бошанд) Ва фармудааст: «وَلَا تُطِعْ مِنْهُمْ آثِمًا أَوْ كَفُورًا»;[6] <<Ва аз онон ҳеҷ гуноҳкор ё носипосеро итоъат накун>>! (Ва ин сариҳи дар адами ҷавози итоъат аз ҳар гуноҳкор ё носипосе аст ки зоҳиран шомили ҳар ғайри маъсуме мешавад; Чароки ҳар ғайри маъсум кам ё беш гуноҳкор ё носипос аст ва бо ин васф, далолати ин оёт бар адами ҷавози итоъат аз ғайри маъсум баъид нест); Балки итоъат аз ононро узри бадтар аз гуноҳи дӯзахиён (яъне узре ки на танҳо муваҷҷаҳ нест, балки худ гуноҳӣ бузургтар аст) ва мояи ҳасрат ва надоматашон дар охират шумурда ва фармудааст: «وَقَالُوا رَبَّنَا إِنَّا أَطَعْنَا سَادَتَنَا وَكُبَرَاءَنَا فَأَضَلُّونَا السَّبِيلَا؛ رَبَّنَا آتِهِمْ ضِعْفَيْنِ مِنَ الْعَذَابِ وَالْعَنْهُمْ لَعْنًا كَبِيرًا»;[7] <<Ва гӯянд: Парвардигоро! Мо аз саркардагон ва бузургонамон итоъат кардем, пас онон моро гумроҳ карданд; Парвардигоро! Ононро дучандон азоб бидеҳ ва ононро лаънатӣ бузург кун>>! (Ва рӯшан аст ки бо ин ҳисоб, итоъат аз ҳокимони золим наметавонад ҷойиз бошад; Чароки анҷоми кори ҷойиз муставҷиби азоб нест. Лизо воқеъан аҷиб аст ки боварии сад дар сад мухолиф бо ин оёти сариҳи Қуръон дар миёни мусалмонон шакл гирифтааст; Чунонки устозунал Мансур таҳти унвони)

[Адами вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим]

(Аз ин бовари зидди Қуръонӣ изҳори таъаҷҷуб карда ва фармудааст:) Бо ин ҳол, аҷиб аст ки бисёрӣ аз мусалмонон, аз садаҳои нахустини Исломӣ, ба дунболи ҳокимият ёфтани Умавиён (дар соли 41 ҳиҷрӣ) ва таҳти таъсири таблиғоти онон (ки худ золим буданд ва ночор итоъат аз ҳокимони золимро таблиғ мекунанд), пайравӣ аз ҳокимони золимашонро воҷиби (шаръи) ва ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат донистаанд ва бо истинод ба бардоштӣ ғалат (яъне номаъқул) аз чанд хабари воҳид (яъне заннӣ ва ғайри мутаватир) ва муъориз бо сареҳи Қуръон (монанди хабари «من یطع الأمیر فقد أطاعني و من یعص الأمیر فقد عصاني»; <<Ҳар кас аз ҳоким итоъат кунад аз Ман итоъат карда ва ҳар кас аз ҳоким нофармонӣ кунад аз Ман нофармонӣ кардааст>> ва хабари «تسمع و تطیع و إن کان عبداً حبشیّاً»; <<Мешунавед ва итоъат мекунед агарчи ғуломӣ ҳабашӣ бошад>> ва хабари «اسمعوا و أطیعوا فإنّما علیهم ما حمّلوا و علیکم ما حمّلتم»; <<Бишнавед ва итоъат кунед чароки онҳо масъули кори худашон ҳастанд ва шумо масъули кори худатон ҳастед>> ва хабари «إذا رأیتم من ولاتکم شیئاً تکرهونه فاکرهوا عمله و لا تنزعوا یداً من طاعة»; <<Ҳаргоҳ аз ҳокимони худ чизе дидед ки хуш намедоред амали ӯро хуш надоред вале даст аз итоъат барнадоред>>), исрор доштаанд ки салби ҳокимияти онон (аз тариқи азли онон ё хуруҷ бар онон), ҳар чанд мухолифаташон бо ақл ва шаръ зоҳир бошад (модоме ки мусалмон бошанд), ҷойиз нест, дар ҳоле ки ин мусталзими вуҷуби мухолифат бо ақл ва шаръ аст ки муҳол аст (яъне ҳурмати салби ҳокимияти золимон, бо вуҷуби мухолифат бо ақл ва шаръ мулозима дорад ки таноқуз маҳсуб мешавад); Бо тавҷҷуҳ ба инки ҳокимияти золимон, бидуни итоъат аз онон мумкин нест (чун ҳокимияти онон натиҷаи итоъат аз онон аст), дар ҳоле ки онон ба иқтизои золим буданашон, (мустақим ё ғайри мустақим) бар хилофи ақл ва шаръ ҳукм меронанд ва бо ин васф, вуҷуби итоъат аз онон бо вуҷуби итоъат аз ақл ва шаръ, зиддият дорад ва қобили ҷамъ нест (тавзиҳ онки итоъат аз ақл ва шаръ воҷиб аст, дар ҳоле ки ҳокимони золим бар хилофи ақл ва шаръ ҳукм мекунанд ва бо ин васф, агар итоъат аз онон воҷиб бошад, итоъат аз ақл ва шаръ наметавонад воҷиб бошад. Албатта мудофеъони итоъат аз ҳокимони золим иддаъо мекунанд ки итоъат аз ононро дар мавориди хилофи ақл ва шаръ воҷиб намедонанд, вале аввалан торих шаҳодат медиҳад ки инон дар мавориди хилофи ақл ва шаръ низ итоъат аз ҳокимони золимро тарк накардаанд ва ба баҳонаи вуҷуби итоъати онон, ҷиноёти фаровонеро муртакиб шудаанд ва сониян ҳамаи аъмоли ҳокимони золим, мустақим ё ғайри мустақим зулм маҳсуб мешавад ва ба истилоҳ ё <<Зулм>> аст ва ё <<Зулмӣ>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳокимони золим бидуни изни шаръӣ ҳукм мекунанд ва бо ин ҳисоб, ҳамаи тасарруфоташон дар амволи мардум ва умури онон ғайри машруъ аст агарчи сурати машруъе дошта бошад; Монанди додани садақа аз моли дуздӣ ки ҳар чанд сурати он машруъ аст, вале золимона маҳсуб мешавад; Чароки додани садақа аз моли дуздӣ ҷойиз нест. Бинобарин, пайравӣ ҳеҷ як аз аъмоли ҳокимони золим ҷавоз надорад. Ба илова, касирӣ аз аҳкоми ҳокимони золим бар хилофи ақл ва шаръ аст, балки аксари аҳкоми онон мунтабиқ бар ақл ва шаръ нест ва бо ин ҳисоб, тахсиси вуҷуби итоъати онон ба мавориди мухолиф бо ақл ва шаръ, тахсиси касир балки аксари аст ки мустаҳҷан маҳсуб мешавад ва аз ҳаким баъид аст; Зеро монанди ин аст ки бигӯйед: Аз дастуроти ҳокими золим итоъат кун магар аз аксари онҳо! Ин дар мақоми амал ва ҳавзаи корбурди аст, вале дар мақоми назар ва ҳавзаи бунёдин мефармояд:). Бал рӯшан аст ки итоъат аз ҳокими золим, ба иқтизои тазодди зулм ва адл, бо итоъат аз ҳокими одил ки Худованд аст, зиддият дорад (яъне аз лиҳози мантиқӣ, робитаи <<Итоъат аз ҳокими золим>> бо <<Итоъат аз ҳокими одил>>, тазод маҳсуб мешавад ва бо ин ҳисоб, ҷамъи он ду бо ҳам имкон надорад ва аз онҷо ки Худованд ҳокими одил аст, метавон гуфт ки итоъат аз ҳокими золим бо итоъат аз Худованд зиддият дорад. Бинобарин, мусалмон ё бояд аз Худованд итоъат кунад ва ё аз ҳокими золим ва муҳол аст ки аз ҳарду итоъат кунад; Чароки нисбати он ду бо ҳам тазод аст) ва табъан тасбити ҳокимияти ӯ (яъне ҳокими золим), мусталзими нафйи ҳокимияти одил яъне Худованд аст (чун нисбати он ду бо ҳам тазод аст ва тасбитӣ яке бо нафйи дигарӣ мулозима дорад; Бинобарин, касе ки ҳокимияти золимеро ибқоъ мекунад, хоста ё нохоста аз ҳокимияти Худованд ҷилавгирӣ мекунад) ва бо ин васф, мунтасаб кардани ташриъи он (яъне ташриъи вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим ва тасбити ҳокимияти онон) ба Худованд, мунтасаб кардани ташриъи қабиҳ ба Ӯст ки ифтирои бар Ӯ шуморида мешавад; (чароки ташриъи қабаҳ тавассути Худованд муҳол аст) Чунонки фармудааст: «وَإِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً قَالُوا وَجَدْنَا عَلَيْهَا آبَاءَنَا وَاللَّهُ أَمَرَنَا بِهَا ۗ قُلْ إِنَّ اللَّهَ لَا يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاءِ ۖ أَتَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ»;[8] <<Ва чун кори зиште мекунанд мегӯянд: Падаронамонро бар он ёфтаем ва Худованд моро бар он амр кардааст! Бигӯ бегумон Худованд ба кори зишт амр намекунад, пас оё бар Худованд чизе мегӯйед ки ба он илме надоред?!>> (Ин дақиқан забони ҳоли қоъилони ба вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим аст); Чунонки аҳли ҳадис, пайравӣ аз ҳокими золим ки кори зишт астро ақидаи салаф ва мутаъаллиқи амри Худованд медонанд (яъне мегӯянд ки саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъинро бар ин ақида ёфтаем ва Худованд моро ба он амр карда) ва ин айни чизе аст ки Худованд онро бо сароҳат (дар ин ояи шарифа) нафй карда ва ифтирои бар худ шумрдааст, то ҷойе ки шояд эътиқоди ба он баъд аз ин тасриҳ, қалби Ислом (яъне воруна кардани он) ва хуруҷи аз он (аз боби иртидод ё нифоқ) бошад (бинобарин, куфри касе ки мӯътақид ба вуҷуби итоъат аз ҳокими золим бошад монанди куфри касе ки мӯътақид ба вуҷуби яке аз муҳаррамоти Қуръонӣ аст, холӣ аз ваҷҳ нест).

Ба илова, мусаллам (яъне мавриди қабули ҳамаи мусалмонон) аст ки ғарази Худованд аз ташриъи (аҳкоми Ислом), таҳақуқи адолат дар миёни мардум буда; Чунонки фармудааст: «لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنْزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ ۖ »;[9] <<Ҳароина фиристодагонамонро бо рӯшаниҳо фиристодем ва ба ҳамроҳашон китоб ва мийзон нозил кардем то мардумон ба адолат бархезанд>>, дар ҳоле ки мусалламан ҳокимияти золимон, (аз он ҳайс ки зулм мекунанд ва зулм зидди адолат аст) монеъ аз таҳаққуқи адолат дар миёни мардум аст ва бо ин васф, ташриъи итоъат ва ибқоъи он (яъне итоъат ва ибқоъи ҳокимияти золимон), ноқизи ғарази Худованд аз ташриъи (аҳкоми Ислом) аст ки таноқуз дар ташриъи Ӯ шумрда мешавад ва мумкин нест (чун ба ин маъност ки Худованд аз як тараф таҳсили адолатро воҷиб карда ва аз тарафи дигар муқаддамаи онро ҷойиз надонистааст); Чунонки фармудааст: «أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ ۚ وَلَوْ كَانَ مِنْ عِنْدِ غَيْرِ اللَّهِ لَوَجَدُوا فِيهِ اخْتِلَافًا كَثِيرًا»;[10] <<Оё пас дар Қуръон андеша намекунанд?! Дар ҳоле ки агар он аз назди ғайри Худованд буд ҳатман дар он ихтилофи бисёре меёфтанд>>! (Бинобарин, чунин ихтилоф ва таноқузе наметавонад дар Қуръон вуҷуд дошта бошад ва ногузир аз кисаи аҳли ҳадис баромадааст!)

Вонгоҳе рӯшан аст ки ҳокимияти золимон, ҳтто агар мусталзими мухолифати итоъат кунандагонашон бо ақл ва шаръ набошад (ба ин тартиб ки тафсили мавҳуми қоъилони ба он воқеъият дошта бошад ва адами итоъат аз ҳокимони золим дар мавориди хилофи ақл ва шаръ фарзи саҳиҳе дошта бошад), дастикам мусталзими мухолифати худашон (яъне худи ҳокимони золим) бо ақл ва шаръ аст (чароки ин ҳокимият, ононро мутамаккин аз зулм кардааст) ва бо ин васф, ибқоъи он, агарчи бидуни итоъат аз онон дар мавориде ки бо ақл ва шаръ мухолифат мекунанд, ба маънои ибқоъи мухолифати онон бо ақл ва шаръ аст ки иоънат бар он  ва табъан мухолифат бо ақл ва шаръ шуморида мешавад (яъне агар фарз бигирем ки мусалмонон аз ҳокими золим дар мавориди мухолиф бо ақл ва шаръ итоъат намекунанд ва танҳо ҳокимияти ӯро ибқоъ мекунанд, боз ҳам бар хилофи ақл ва шаръ амал мекунанд; Чароки нафси ибқоъи ҳокимияти ӯ мутамаккини сохтаи ӯ аз зулм аст ки иъонат бар зулм ва ҳаром шумурда мешавад); Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ»;[11] <<Ва ба якдигар бар гуноҳ ва дароздастӣ кӯмак накунед>>! Аз ин рӯ, инсоф он аст ки ҳурмати итоъат аз ҳокимони золим ва ибқоъи ҳукумати онон, аз бадеҳиёти Ислом аст ки тасаввури он барои тасдиқи он кофӣ аст (чароки вақте инсони мусалмон атрофи онро тасаввур мекунад ва табаъоти он ва мақосиди Исломро дар назар мегирад, бидуни таъаллуқ ба ҳурмати он ҳукм менамояд), то ҷойе ки эътиқоди ба вуҷуби он, бо эътиқод ба вуҷуби ҳаром (монанди вуҷуби зино ва дузди ва шурби хамр), баробар аст; Чунонки олимтарин, солеҳтарин ва носеҳтарини мусалмонон дар замони худ (аз саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин), ба ин ҳукм воқиф буданд ва ба вуҷуби итоъат ва ибқоъи ҳокимони золим бовар надоштанд, монанди Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абӣ Толиб ки бинобар хабари мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, саййиди ҷавонони аҳли биҳишт буд (устозунал Мансур тавотури ин хабари машҳурро дар ҳамойиши китоб табйин фармуда ва аз он дониста мешавад ки аъмоли ин фарзанди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам саҳиҳ будааст; Зеро касе ки аъмоли ӯ бо Қуръон ва суннат баробар нест наметавонад саййиди ҷавонони аҳли биҳишт бошад)[12] ва бо ин васф, ҷони худ ва аҳли байташ (ки зуррияи поки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буданд) ро (дар соли 61 ҳиҷрӣ дар минтақаи Карбало) дар хуруҷ бар ҳокими золим (яъне Язид писари Муъовия ки фосиқ вале мутазоҳир ба Ислом буд) фидо кард (ба наҳве ки сар аз бадани шарифаш ҷудо карданд ва бадани шарифашро поюмоли сумми асбон сохтанд) то усваи ҳасанае барои муслмонон бошад (ки дар баробари ҳокими золим хомӯш нанишинанд ва барои тағйири ӯ ба по хезанд), ҳар чанд бештари мусалмонон ки (ба зоҳир пайравӣ суннат ва ҷамоъат ва дар воқеъ) пайравӣ Умавиён буданд, ҳаргиз ба ақидаи ӯ дар ин бора гардан наниҳоданд (ва амдан аз ин рӯйкарди ӯ ки аз матни Ислом ва суннати ҷаддаш бархоста буд рӯй гирифтанд ва ба рӯйкарди муздурҳо ва тамаллуқ кунандагони ҳукуматҳои золим ахз намуданд. Худованд моро аз раҳравони роҳи Ҳусейн ибни Алӣ қарор диҳад на аз раҳравони роҳи банӣ Умая ва банӣ Марвон).

(و السلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Ҳуд/113.

↑[2] . Моъида/77.

↑[3] . Каҳф/28.

↑[4] . Аъроф/142.

↑[5] . Юнус/89.

↑[6] . Инсон/24.

↑[7] . Аҳзоб/67 ва 68.

↑[8] . Аъроф/28.

↑[9] . Ҳадид/25.

↑[10] . Нисоъ/82.

↑[11] . Моъида/2.

↑[12] . Нигоҳ кун ба: Ибни абӣ Шейба, ал-Мусаннаф, ҷ 7, с 512; Муснади Аҳмад, ҷ 3, с 3, 62, 64 ва 82 ва ҷ 5, с 391; Сунани Ибни Моҷа, ҷ 1, с 44; Сунанул Тирмизӣ, ҷ 5, с 321 ва 326; Нисоӣ, ал-Сунанул кубро, ҷ 5, с 50, 81, 95, 145, 148 ва 149; Ҳаму, Фазоъилул саҳобаҳ, с 20, 58 ва 76; Ҳаму, Хасоъису амирул муъминин, с 123; Муснади абӣ Яъло, ҷ 2, с 395; Саҳеҳи Ибни Ҳибон, ҷ 15, с 411, 412 ва 413; Ҳокими Нешобурӣ, ал-Мустадрак, ҷ 3, с 167; Табаронӣ, ал-Муъҷамул Авсат, ҷ 1, с 117 ва ҷ 2, с 347 ва ҷ 4, с 325 ва ҷ 5, с 243 ва ҷ 6, с 327;  Ҳаму, ал-Муъҷамул Кабир, ҷ 3, с 35, 36, 37, 38, 39 ва 40; Ҳейсамӣ, Маҷмаъуз-завоъид, ҷ 9, с 182, 183, 184 ва 201. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз тавотури он, нигоҳ кун ба: Каттонӣ, Назмул мутаносир минал ҳадисул мутавотир, с 196.

Барои шунидани савти дарси бисту якум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.