Панҷшанбе 21 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 1 муҳаррам 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси бистум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз аксарият

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

То инҷо ду навъ аз анвоъи роиҷи тақлид ки тақлид аз пешиниён ва тақлид аз олимон буд табйин шуд. Дар ин дарс як навъи дигар аз он табйин мешавад ва он тақлид аз аксарияти мардум аст ки мутаъасифона камтар мусалмоне дар ҷаҳон аз шарри он дар амон мондааст. Устозунал Мансур дар табйини ин навъ аз тақлид, таҳти унвони)

[Севум; Тақлид аз аксарият]

(мефармояд:) Яке дигар аз гунаҳои ройиҷи тақлид, пайравӣ аз гуфта ва кардаи аксари мардум (бидуни далил) аст; Чароки бисёрӣ аз мусалмонон, (як иртикози зеҳнии ғалат доранд ва он ин аст ки) гуфта ва кардаи аксари мардумро (аз як маҷмӯъ хоҳ он маҷмӯъаи як фирқа ва мазҳаб бошад ва хоҳ як ҷомеъа ва кишвар) аз гуфта ва кардаи ақалли онон дурусттар мепиндоранд ва (гоҳе дониста ва гоҳе нодониста) ба масобаи (сармашқ ва) улгуӣ худ, пайравӣ мекунанд (яъне ба қавли маъруф, ҳамранги ҷомъат мешаванд); Дар ҳоле ки мусалламан дурустӣ ё нодурустии як гуфта ё карда, аз шумори пайравони он табаъият намекунад (ки агар бештар буданд дурусттар ва агар камтар буданд нодурусттар бошад), бал тобеъӣ аз мутобиқат ё адами мутобиқати он бо ақл аст (чи пайравони он зиёд бошанд ва чи кам; Бо таваҷҷуҳ ба ин) ки (ақл) меъёри шинохт шуморида мешавад (на касрат ва қиллат ва ин ба манзалаи як қоъида дар ҳамаи мавзуъот аст. Ҳол мумкин аст касе бигӯяд ки аз нигоҳи ақл, эҳтимоли бештаре меравад ки аксарияти мардум ба ҳақ наздиктар бошанд то ақаллияти онон; Чароки мардум уқало ҳастанд ва эҳтимоли иштибоҳи ҳазор нафар аз уқало, камтар аз эҳтимоли иштибоҳи даҳ нафар аз онон аст, вале воқеъ он аст ки ин сухан дуруст нест; Чароки аввалан бар хилофи мушоҳидоти айнӣ ва хориҷӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки мо ба вузуҳ мушоҳида мекунем ки аксарияти мардум Паёмбаронро такзиб мекунанд ва аксарияти онон мусалмон нестанд ва аксарияти мусалмонон низ одил шумурда намешаванд ва бо ин васф, наметавонем эҳтимоли ҳаққонияти аксариятро бештар аз эҳтимоли ҳаққонияти ақаллият бидонем ва сониян сирф эҳтимоли бештар, ба фарзи онки вуҷуд дошта бошад, ба маънои занн аст ва дар Ислом чизеро аз ҳақ кифоят намекунад. Лизо устозунал Мансур дар табйини ин ду ишкол, таҳти унвони).

[Нодурустии гуфта ва кардаи аксари мардум]

(мефармояд:) Бинобарин (яъне аз онҷо ки ҳеҷ мулозимаи ақлӣ ва иртиботи маънодоре миёни ҳақ ва шумори пайравонаш вуҷуд надорад), мумкин аст (ва муҳол нест) ки гуфта ва кардаи аксари мардум (ба иқтизои инки аз ақли худ ба андозаи кофӣ истифода намекунанд ё таҳти таъсири мавонеъи шинохт ҳастанд), нодуруст (яъне номаъқул) бошад, бал воқеъ (яъне воқеъияти берунӣ) ин аст ки ғолиби бар он нодурустӣ аст (яъне бештари гуфтаҳо ва кардаҳои онон ё гуфтаҳо ва кардаҳои бештари онон, номаъқул аст); Зеро машҳуд (яъне қобили мушоҳида) аст ки аксари мардум (дар ҷаҳон) ақлро (бо онки мабно ва сабаби дурустии гуфтаҳо ва кардаҳо аст, ба андозаи кофӣ) ба кор намебанданд; Чунонки Худованд фармудааст: «بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ»[1] (яъне <<Балки аксари онон ақлро ба кор намебанданд>>! Таваҷҷуҳ кунед ки устозунал Мансур бар хилофи рӯяи худ, ин оётро тарҷума нафармуда ба хотири онки тақрибан айни иборати ӯст ва тарҷумаи он ба ҳашв ва такрори ғайри зарурӣ монанд мешавад) Ва аксари онон дучори ҷаҳланд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ يَجْهَلُونَ»[2] (яъне <<Ва аммо аксари онон ҷаҳл меварзанд>>) Ва аз илм баҳраи кофӣ надоранд; Чунонки Худованд фарумдааст: «بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ»[3] (яъне <<Балки аксари онон илм надоранд>>) Ва аксари онон тобеъи заннанд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَمَا يَتَّبِعُ أَكْثَرُهُمْ إِلَّا ظَنًّا ۚ»[4] (яъне <<Ва аксари онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд>>! Аз инҷо дониста мешавад ки пайравӣ аз занн, ҳатто агар бано ва сираи аксари мардуми дунё бошад, мавриди таъйид ва имзои Худованд нест ва Худованд ин бано ва сираи ононро қабул надорад ва некуҳиш мекунад ва лизо наметавон ба ин бано ва сира таҳти унвони бано ва сираи уқуало, барои исботи ҳуҷҷияти занн ва ҷавози амал бар пояи тақлид истинод кард ва ин метавонад ба он хотир бошад ки аксари мардуми дунё, аз он ҳайс ки уқало ҳастанд чунин бано ва сираеро надоранд, бал аз он ҳайс ки ба мавонеъи шинохт мубтало ҳастанд ин бано ва сираро пайдо кардаанд) Ва аксари онон ҳақро хуш намедоранд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَأَكْثَرُهُمْ لِلْحَقِّ كَارِهُونَ»[5] (яъне <<Ва агар онон ҳақро хуш намедоранд>>) Ва аз ин рӯ (яъне ба сабаби ҳамин ҷаҳл ва иттибоъи занн ва аҳвоъи нафсонӣ ки мавонеъи шинохт шумурда мешаванд), аксари онон қодир ба шинохт ҳақ нестанд; Чунонки Худованд фармудааст: «بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ الْحَقَّ ۖ فَهُمْ مُعْرِضُونَ»[6] (яъне <<Балки аксари онон ҳақро намедонанд ва дар натиҷа аз он рӯйгардонанд>>) Ва аксари онон ба он имон намеоваранд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يُؤْمِنُون»[7] (яъне <<Ва аммо аксари мардум имон намеоваранд>>) Ва фармудааст: «لَقَدْ حَقَّ الْقَوْلُ عَلَىٰ أَكْثَرِهِمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ»,[8] (яъне <<Ҳароина ин гуфта дар аксари онон муҳаққақ шуд ки онон имон намеоваранд>>) Ҳар чанд барои имон овардани онон (тавассути анбиё ва авлиёъ) кӯшиш шавад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَمَا أَكْثَرُ النَّاسِ وَلَوْ حَرَصْتَ بِمُؤْمِنِينَ»,[9] (яъне <<Ва аксари мардум агарчи бисёр кӯшиш кунӣ мӯъмин намешаванд>>) Магар онки имони худро ба ширк биёлоянд (ба ин тартиб ки масалан ягонагии Худованд дар таквинро бипазиранд вале ягонагии Ӯ дар ташриъ ва таҳкимро напазиранд ва барои Худованд дар он ду шарик бигиранд); Чунонки Худованд фармудааст: «وَمَا يُؤْمِنُ أَكْثَرُهُمْ بِاللَّهِ إِلَّا وَهُمْ مُشْرِكُونَ»[10] (яъне <<Ва аксари онон ба Худованд имон намеоваранд магар онки мушрик ҳастанд>>) Ва табъан (бо таваҷҷуҳ ба ин авсоф) аксари онон фосиқанд (чун ин авсофи онон, фисқ шумурда мешавад); Чунонки Худованд фармудааст: «وَأَكْثَرُهُمْ فَاسِقُونَ»[11] (яъне <<Ва аксари онон фосиқ ҳастанд>>) Ва шокир шумурда намешаванд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَشْكُرُونَ»[12] (яъне <<Ва аксари онон шукр намегузоранд>>) Ва фармудааст: «وَلَا تَجِدُ أَكْثَرَهُمْ شَاكِرِينَ»,[13] (яъне <<Ва аксари ононро шукргузор намеёбӣ>>) Балки (фаротар аз ҳамаи ин авсоф, васфе ҳаст ки умедро нисбат ба аксари онон қатъ мекунад ва он инки) аксари онон монанди чаҳорпоёнанд (яъне монанди асбу хар ва қотиру шутур ва гӯсфанд), балки гумроҳтар аз онҳо шуморида мешаванд (чун ин чаҳорпоён мушрик ва фосиқ маҳсуб намешаванд вале инҳо маҳсуб мешаванд); Чунонки Худованд фармудааст: «أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ ۚ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ ۖ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا»![14] (яъне <<Ё мепиндорӣ ки аксари онон гӯш медиҳанд ё ақлро ба кор меандозанд?! Онон ҷуз монанди чаҳорпоён нестанд, балки онон гумроҳтаранд>>! Бибинед чигуна устозунал Мансур бо истинод ба оёти Қуръони Карим, ғалабаи нодурустӣ бар гуфта ва кардаи аксарияти мардумро исбот фармуд! Сипас идома медиҳад:) Дар ҳоле ки (бар хилофи тасаввур ва интизори) ақалияти онон, ҳақро мешиносанд ва пайравӣ мекунанд (яъне аҳли ҳақ, ғолибан дар ақаллиятанд); Чунонеки Худованд фармудааст: «فَقَلِيلًا مَا يُؤْمِنُونَ»[15] (яъне <<Пас камтар имон меоваранд>>) Ва фармудааст: «فَلَا يُؤْمِنُونَ إِلَّا قَلِيلًا»[16] (яъне <<Пас ҷуз андаке имон намеоваранд>>) Ва фармудааст: «تَوَلَّوْا إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۗ»[17] (яъне <<Ва рӯй гирифтанд магар андаке аз онон>>) Ва фармудааст: «وَمَا آمَنَ مَعَهُ إِلَّا قَلِيلٌ»[18] (яъне <<Ва бо Ӯ имон наёварданд марг андаке>>) Ва фармудааст: «وَقَلِيلٌ مِنَ الْآخِرِينَ»[19] (яъне <<Ва андаке аз пасиниён>> дар миёни муқаррабон ҳастанд) Ва фармудааст: «وَقَلِيلٌ مِنْ عِبَادِيَ الشَّكُورُ»![20] (яъне <<Ва каме аз бандагонам шукр гузоранд>>!) Аз инҷо дониста мешавад ки (на танҳо миёни ҳақ ва касрат пайравонаш мулозимае вуҷуд надорад, балки ғолибан пайравони ҳақ дар ақаллиятанд ва бо ин ҳисоб,) пайравӣ аз аксарияти мардум, ваҷҳе надорад (яъне қобили таваҷҷуҳ нест) ва аз он ҳайс монеъи шинохти (ҳақ) шуморида мешавад ки ҳақ, ҳаргоҳ бар хилофи гуфта ё кардаи онон бошад, ботил пиндошта мешавад (ба ин тартиб ки бо худат мегӯйи: Чи тавр мумкин аст аксарияти мардум ҳақро нашинохта бошанд ва фалон ақаллият онро шинохта бошанд?! Лизо аз шинохти ҳақ ба хотири қиллати пайравонаш боз мемонӣ); Чунонки Худованд фармудааст: «وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ»;[21] <<Ва агар аз аксари касоне ки дар заминанд пайравӣ кунӣ, туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунанд>>! (Яъне монеъи шинохти ҳақ тавассути ту мешаванд. Ҳосил онки пайравӣ аз аксарияти мардум бидуни далил, ҷоийз нест. Ин асли мавзӯъ буд ки бо такя бар ақл ва шаръ табйин шуд, вале чаҳор мавзуъи фаръӣ дар зайли ин асл матраҳ мешавад ва он адами эътибори шӯҳрат, ҷамоъат, иҷмоъ ва ҷумҳурият ба маънои демокросӣ аст. Масъалаи аввал ин аст ки оё шӯҳрати як гуфта ё карда дар миёни мусалмонон, метавонад далолате бар дурустии он дошта бошад? Устозунал Мансур таҳти унвони)

[Адами эътибори шӯҳрат]

(мефармояд:) Аз инҷо (яъне имкон ва ғалабаи нодурусте бар гуфта ва кардаи бештари мардум) дониста мешавад ки шӯҳрати як гуфта (дар миёни онон), далолате бар сиҳҳати он надорад ва ривоҷи як карда (дар миёни онон), дурустии онро собит намекунад; Ҳамчунонки (дар нуқтаи муқобил,) адами шӯҳрати як гуфта ва адами ривоҷи як карда (дар миёни онон), далиле бар нодурустии он нест (яъне наметавон як гуфта ва кардаи мутобиқ бо машҳурро саҳиҳ донист ва наметавон як гуфта ва кардаи хилофи машҳурро ғайри саҳиҳ, балки барои ҳар як ниёз ба далил аст); Бо таваҷҷуҳ ба инки нодурустии гуфта ва кардаи бештари мардум, (аз ҳайси ақлӣ) мумкин балки (аз ҳайси вуқуъӣ) шойеъ аст (чунонки аз сариҳи оёти Қуръон дониста шуд ва ба чашм низ дар ҷомеъа дида мешавад). Ин дар ҳоле аст ки бисёрӣ аз мусалмонон, гуфта ва кардаи бештари ононро улгуӣ гуфта ва кардаи худ сохтаанд ва дониста ё нодониста, аз он асар пазируфтаанд; Балки бисёри аз онон, ақойид ва аъамоли худро аз аксарияти ҷавомеъи худ ахз кардаанд ва далиле барои он ҷуз тақлид аз онон надоштаанд (ва ин як воқеъияти машҳуд ва ғайри қобили инкор аст); То ҷойе ки (ба масобаи як ривояи оддӣ ва табиъӣ) ҳар кас аз онон дар миёни ҳанафиён зойиш ёфта ҳанафӣ шуда (қатъи назар аз онки баъдан мазҳаби худро тағйир диҳад ё тағйир надиҳад) ва ҳар кас аз онон дар миёни моликиён зойиш ёфта моликӣ шуда (қатъи назар аз онки баъдан мазҳаби худро тағйир диҳад ё тағйир надиҳад) ва ҳар кас аз онон дар миёни шофеъиён зойиш ёфта шофеъӣ шуда (қатъи назар аз онки баъдан мазҳаби худро тағйир диҳад ё тағйир надиҳад) ва ҳар кас аз онон дар миёни ҳанбалиён зойиш ёфта ҳанбалӣ шуда (қатъи назар аз онки баъдан мазҳаби худро тағйир диҳад ё тағйир надиҳад) ва ҳар кас аз онон дар миёни шиъаён зойиш ёфта шиъа шуда (қатъи назар аз онки баъдан мазҳаби худро тағйир диҳад ё тағйир надиҳад) ва ба ин тартиб, ҳар кадом аз мазҳаби ройиҷ дар муҳити худ пайравӣ карда ва ин дар ҳоле аст ки тарки пайравӣ аз он, ҳар чанд барои пайравӣ аз чизе беҳтар аз он, (ба се далил бисёр душвор аст:) ба сабаби таъаллуқи хотир (ба он; Бо таваҷҷуҳ ба инки фард ба мазҳаби падар ва модараш ки бар он зойиш ёфта ва бо он рушд карда, алоқаманд аст ва дил кандан аз он барои ӯ машаққат дорад) ва (ба сабаби) эътиёд ба он (бо таваҷҷуҳ ба инки фард ба мазҳаби худаш одат карда ва тарки одат муҷиби мараз аст) ва (ниҳоятан ба сабаби) ҳарос (яъне нигаронӣ) аз (тарки аксарияти хонавода ва ҷомеъа ва) воқеъ шудан дар ақаллият ки (ин воқеъ шудан дар ақаллият) муваллиди фишорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ (хусусан дар муҳитҳои баста ва фоқиди озодиҳои мазҳабӣ) аст (ба ин тартиб ки ақалиятҳои мазҳабӣ дар ҷавомеъ, маъмулан маломат мешавад ва таҳти фишорҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ қарор мегиранд ва ба ҳамин далил, тағйири мазҳаб агарчи аз боби ислоҳи ақида ва такомули ақлӣ ва ахлоқӣ бошад), душвор аст. Ба ин тартиб, гуфтаҳо ва кардаҳои ғолиб бар ҷомеъа, монанди омилӣ қаҳрӣ (яъне ғайри ихтиёри) ва номаҳсус (бо таваҷҷуҳ ба инки бисёр табиъӣ ва наҳуфта аст), бар афроди он таъсир мегузорад ва гуфтаҳо ва кардаҳои ононро (ба унвони нахустин омили таъйин кунанда) шакл медиҳад, ба наҳве ки онон ин гуфтаҳо ва кардаҳоро гуфтаҳо ва кардаҳои хеш мепиндоранд, дар ҳоле ки ба воқеъ аз они онон нест (чун онон огоҳона интихобашон накардаанд), балки аз они ҷомеъа аст (ки ба онон таҳмил ё тазриқ кардааст) ва онон дар пайдоиши он камтарин саҳмро доштаанд (бо таваҷҷуҳ ба инки сирфан дар баробари он мунфаъил будаанд ва муқовимат накардаанд. Ин ба он маъност ки инсон баъд аз расидан ба синни таъаққул, бояд озода бошад ва дар бораи ақойиди ақаллиятҳо дар ҷомеъаи худ таҳқиқ кунад то итминон ҳосил кунад ки ақидаи ӯ беҳтарин ақидаи мавҷуд дар ҷомеъа аст ва ақидаи маъқултар аз он вуҷуд надорад ва ин коре аст ки мутаъассифона камтар касе аз мусалмонон анҷом медиҳад, дар ҳоле ки устозунал Мансур ҳамеша ҷавононро ба ин кор суфориш мекунад ва ба мо мефармояд ки ҷавонони худро пеш аз онки таъассуб дар онон шакл бигирад ба ин кор ташвиқ кунед то дар бораи ақойиди худ ва дигарон илм ҳосил кунанд ва аз гумроҳ шудани онон натарсид; Чароки таҳқиқ касеро гумроҳ намекунад, лекин меъёр ва мавонеъи шинохтро ба онон биёмӯзед то ба меъёри шинохт мултазим бошанд ва аз мавонеъи шинохт бипарҳезанд ва мутаваҷҷеҳ бошед ки ҳидоят аз ҷониби Худованд аст ва Ӯ ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад. Ин аст ки ёрони эшон умуман бо ақойиди мухталиф ошно ҳастанд ва пас аз муқоиса ва муқоринаи онҳо ба ин бузургвор пайвастаанд ва табъан аҳли тақлид ва таъассуб нестанд. Ин як масъала ки рӯшан шуд. Аммо масъалаи дувум он аст ки оё ҷамоъат ба маънои аксарияти ғолиби мусалмонон низ монанди шӯҳрат ҳуҷҷат нест? Посух ба ин суъол аз он ҷиҳат аҳмият дорад ки мусалмонон <<Лузуми ҷамоъат>> ро ба унвони як арзиши Исломӣ пазируфтаанд ва ривоётеро дар бораи вуҷуби он нақл кардаанд ва бардошташон аз ин арзиш ва ривоёти Исломӣ, ҳамроҳӣ бо аксарияти ғолиби мусалмонон аст, дар ҳоле ки рӯшан аст ҳамроҳӣ бо аксарияти ғолиби мусалмонон бидуни далил низ, бар хилофи қавоъиди ақлӣ ва шаръӣ аст ва бо ин васф, <<Лузуми ҷамоъат>> ё ҳамли бар ҳамроҳӣ бо ҷамоъати аҳли ҳақ ва ё ҳамли бар ҳамроҳӣ бо аксарияти мусалмонон дар мавориде ки бар ҳақ ҳастанд, мешавад; Чунонки ривоёте дар таъкиди ин маъно расидааст. Бар ин асос, устозунал Мансур таҳти унвони).

[Адами эътибои иҷмоъ]

(мефармояд:) Аз инҷо дониста мешавад ки ҷамоъат ба маънои аксарияти ғолиби мусалмонон (хоҳ <<Ғолиб>> ро ба маънои <<Мутлақ>> бигирем ва хоҳ ба маънои <<Ҳоким>> ва <<Дорои сейтараи сиёсӣ>>), наметавонад меъёри ҳақ бошад ва илтизоми ба он ваҷҳе надорад (чароки дар ҳар ду сурат мумкин аст аксарияти ғолиби мусалмонон дар иштибоҳ бошанд) ва аҳли он, лузуман (яъне билиҷбор ва ба таври қатъӣ) аҳли ҳақ нестанд; Чунонки гуфта шудааст ҷамоъат, аҳли ҳаққанд агар чи андак бошанд (мефармояд <<Гуфта шудааст>> ва намефармояд <<Ривоёт шудааст>> бо онки ин мазмуни як ривоёт аст, ба хотири инки як ривоятӣ воҳид аст ва бо ривояти воҳид монанди як гуфта муъомила мешавад; Ба ин тартиб ки агар бо ақл ва Қуръон мувофиқ бошад гирифта мешавад ва агар бо ақл ва Қуръон мувофиқ набошад гирифта намешавад ва ин ривоят бо ақл ва Қуръон мувофиқ аст ва табъан гирифта мешавад, яъне ба унвони як шоҳид пазируфта мешавад. Ин масъалаи дувум. Аммо маъалаи севум ин аст ки бо таваҷҷуҳ ба адами ҳуҷҷияти аксарият ва шӯҳрат ва ҷамоъат, оё иҷмоъ низ ҳуҷҷат маҳсуб намешавад? Устозунал Мансур мефармояд ки посухи ин суъол ба таърифи мо аз иҷмоъ бастагӣ дорад; Ба ин тартиб ки агар муроди мо аз иҷмоъ, шӯҳрати як гуфта ё карда ва адами шинохти мухолифе барои он бошад, ҳуҷҷияти он маҳалли ишкол аст ва агар муроди мо аз он, иттифоқи назари қатъии мусалмонон бошад, метавонем онро ҳуҷҷат бидонем. Лизо дар табйини ин мавзӯъ мефармояд:). Ҳамчунонки иҷмоъ ҳаргоҳ ба маънои иштиҳор (яъне шӯҳрат доштан) ва адами шинохти мухолиф бошад, асле дар Ислом надорад (яъне Ислом табаъият аз онро бар мо воҷиб накардааст) ва мусбити ҳақ нест (яъне наметавонад ҳақро исбот кунад. Аз инҷо маълум мешавад фарқи шӯҳрат ва иҷмоъ дар ин аст ки дар шӯҳрат, мухолиф шинохта шудааст ва дар иҷмоъ, мухолиф шинохта шуда нест, ҳар чанд вуҷуди ӯ муҳтамал ё филҷумла маълум аст ва лизо наметавон онро ҳуҷҷат донист); Чароки адами шинохти мухолиф (бо вуҷуди имкон вуҷуди ӯ), ба маънои адами мухолиф нест (чароки уқало гуфтаанд: << عدمُ الوجدانِ لا یَدُلُّ علی عدمِ الوجود>>; Яъне наёфтани далил бар набудан нест) ва иштиҳор, далолате бар ҳақоният надорад (чунонки дар адами эътибор шӯҳрат табйин шуд). Оре, иттфоқи назари қатъии мусалмонон (дар мавориде ки вуҷуди мухолиф муҳтамал нест), бинобар адами имкони иҷтимоъи онон бар ботил, кошиф аз ҳақоният аст (яъне аз онҷо ки иҷтимоъи онон бар ботил бо лиҳози вуҷуди халифаи Худованд дар миёнашон муҳол аст, иттифоқи назари қатъии онон далили бар ҳақонияти чизе аст ки бар он иттифоқи назар кардаанд), вале (ҳар чанд чунин иҷмоъе аз лиҳози бунёдин ҳуҷҷат аст, аз лиҳози корбурдӣ қобили кашф ва дар натиҷа истиноди нест; Зеро) рӯшан аст ки истиқроъи томми он (яъне эҳсоъи назари фард фарди мусалмонон ё аҳли илм дар шарқ ва ғарби ҷаҳон барои қатъ ба адами вуҷуди мухолиф, дасти кам аз ҳайси вуқуъӣ) мумкин нест ва истиқроъи ноқиси он (яъне эҳсоъи назари бархӣ аз онон ва на ҳамаи онон) мувҷуби яқин намешавад (чун мумкин аст бархӣ аз онон ки назарашон эҳсоъ нашудааст мухолиф бошанд). Бо ин васф, тувҷиҳи эътибори он бо истинод ба шумулаш бар раъйи Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё хулафоъи рошидаш бинобар қавли ба ҳуҷҷияати раъйӣ онон низ бемаъност (тавзиҳ онки бархӣ уламо барои исботи ҳуҷҷияти иҷмоъ гуфтаанд ки Паёмбар ва хулафоъи рошидаш низ ҷузе аз иҷмоъ кунандагон ҳастанд ва бо ин васф, метавон аз тариқи иҷмоъи мусалмонон, ба назари Паёмбар ва хулафоъи ӯ пай бурд ва назари Паёмбар ва хулафоъи ӯ воҷибул итоъа аст, вале устозунал Мансур мефармояд чунин тавҷиҳе барои ҳуҷҷияти иҷмоъ маънои муҳассале надорад); Чароки шумули он (яъне иҷмоъ) бар раъйӣ онон (яъне Паёмбар ва хулафоъаш), ҳангоме қатъият дорад ки асли вуҷуди он қатъӣ бошад (яъне аввал бояд иҷмоъе эҳроз бишавад то раъйӣ Паёмбар ва хулафоъашро дар бар гирад), дар ҳоле ки асли вуҷуди он, мубтанӣ бар истиқроъи ноқис (яъне эҳсоъи бархӣ назарот ҷудои аз бархӣ дигар) аст ки заннӣ аст ва табъан дар Ислом эътиборе надорад; Чунонки Худованд фармудааст: «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ»;[22] <<Ҳароина занн чизеро аз ҳақ бениёз намекунад>>! (Натиҷа онки иҷмоъ, агар ба маънои адами илми ба мухолиф аст, аслан ҳуҷҷият надорад ва агар ба маънои илм ба адами мухолиф аст, ҳуҷҷат аст вале имкон надорад. Ин масъалаи севум буд. Аммо масъалаи охир дар бораи ҷумҳурият ба маънои ҳокимияти аксарияти мардум аст ки ба он <<Демокросӣ>> гуфта мешавад. Оё ҷумҳурият ба ин маъно, эътиборе дар Ислом дорад? Посух ба ин суъол аз он ҳайс аҳмият дорад ки имрӯз демокросӣ ба фарҳангӣ расмӣ ва умумӣ дар саросари ҷаҳон табдил шуда ва мудофеъони сарсахте ҳатто дар миёни мусалмонон пайдо кардааст. Ногуфта пайдост ки вақте адами эътибори аксарият дар Ислом рӯшан шуд, адами эътибори ҷумҳурият низ ба табъи он рӯшан мешавад; Чароки ҷумҳурият, иборат аз ҳукумати аксарият аст ва аксарият дар Ислом маншаъи ҳақ шумурда намешавад. Устозунал Мансур дар табйини ин нукта, таҳти унвони)

[Адами эътибори ҷумҳурият]

(мефармояд:) Ҳмчунонки ҷумҳурият ба маънои ҳукумат бар мбнои раъйӣ аксарияти мардум, маъқул нест (мефармояд <<Ҳукумат бар мабнои раъйӣ аксарияти мардум>> ва намефармояд <<Ҳукумати аксарияти мардум>> ба ин хотир ки дар низоми демокросӣ, аксарияти мардум мустақиман ҳукумати худро эъмол намекунанд, балки ба воситаи намояндаи худ ки ӯро <<Раъиси ҷумҳур>> меноманд ин корро анҷом медиҳанд ва ӯ бар мабнои раъйӣ муваккилони худ ки аксарияти мардум ҳастанд ҳукумат мекунад; Лизо беҳтар аст гуфта шавад ҳукумати як фард <<Бар мабнои раъйӣ аксарияти мардум>>. Аммо ин навъи аз ҳукумат, ба чи далил дар Ислом мӯътабар нест? Мефармояд:); Чароки ҳукумат аз корҳои уқалоӣ (аст; Яъне корҳое ки уқало аз он ҳайс ки уқало ҳастанд ба он эҳтимом доранд) ва табъан (монанди умуми корҳои уқалоӣ) мубтанӣ бар ақл аст ва ғаразӣ ҷуз ҷалби масолеҳи (умумӣ) ва дафъи мафосиди умумӣ (яъне масолеҳ ва мафосиде ки ба ҷомеъа иртибот пайдо мекунад на ба фард) надорад, дар ҳоле ки раъйӣ аксарияти мардум (ҳамон тавр ки қаблан собит шуд), лузуман (яъне ҳамеша ва бидуни истисно) уқалоӣ ва мубтанӣ бар ақл нест (чароки аксари мардум гоҳе иштибоҳ мекунанд) ва (ба ҳамин далил, раъйӣ онон) меъёри шинохти масолеҳ ва мафосиди (воқеъӣ) шумурида намешавад ва бо ин васф, ҳукумат бар мабнои он, ғолибан ба нақзи ғараз меанҷомад (чароки рӯшан шуд, ғолиб бар аксари мардум нодурустӣ аст); Хусусан дар ҷавомеъӣ (фақир ва камсавод) ки ақли аксарияти мардум (ба иқтизои камбуди имконот ё вуҷуди ҷанги доъимӣ), рушди камтаре ёфта ва мавонеъи шинохт (монанди ҷаҳл ва тақлид ва таъассуби қавмӣ ва мазҳабӣ) дар онҳо шойеъ аст; Чароки ҳукумат дар онҳо бар мабнои раъйӣ аксарияти мардум, қатъан ба ҷалби мафосид ва дафъи масолеҳи умумӣ (яъне хилофи ғарази уқало) меанҷомад (бо таваҷҷуҳ ба инки аксарияти мардум бо таваҷҷуҳ ба масолеҳи ғайри воқеъӣ ва мафосиди мавҳумии худ раъй медиҳанд ва масалан ҷониби касеро мегиранд ки аз қавми онон ё шаҳри онон ё мазҳаби онон аст ё ба онон ваъдаҳои дуруғини бештаре медиҳад ё пули муфти бештаре мепардозад; Чунонки намунаҳои онро ба вузуҳ дар ин қабил ҷавомеъ мушоҳида мекунем); Дар ҳоле ки ҳукумат бар мабнои раъйӣ аксарияти мардум, дар ҷавомеъӣ ки аксарияти мардум (ба иқтизои бархурдорӣ аз савод ва огоҳиҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кофӣ) рушди ақлии кофӣ ёфтаанд ва камтар ба мавонеъи шинохт (монанди ҷаҳл ва тақлид ва таъассуби қавӣ ва мазҳабӣ) дучоранд, бештар ба ҳусули ғараз меанҷомад то нақзи он (ба хотири инки ғолиб бар раъйӣ онон дар чунин ҳолатӣ дурусте аст) ва аз ин рӯ, ҷавози ҳукумати шӯроӣ дар ин қабил ҷавомеъ, баъид нест (мефармояд <<Баъид нест>> ва намефармояд <<Собит аст>> чун эҳтимоли бештар ҳусули ғараз дар ин қабил ҷавомеъ, ба маънои занн аст ва занн дар Ислом кофӣ шумурда намешавад. Бо ин ҳол, устозунал Мансур дар инҷо ба гунаи тафсил дар миёни ду даста аз ҷавомеъ майл мекунад: Як даста ҷавомеъи рушд наёфта аз лиҳози ақлӣ ки ҷумҳурият дар онҳо равиши коромаде барои ҳукумат маҳсуб намешавад ва дастаи дигар ҷавомеъи рушд ёфта аз лиҳози ақлӣ ки ҷумҳурият дар онҳо метавонад коромад бошад ва филҷумла қобили таваҷҷуҳ аст, ҳар чанд дар идома ишколеро мутаваҷҷеҳи ин мабно медонад. Эшон барои тақвияти ин мабно, пас аз тақриби ақлии он, шоҳиди шаръӣ барои он зикр мекунад ва мефармояд:); Чунонки Худованд шӯроро шеваи кори солеҳон (яъне касоне ки аз рушди ақлии кофӣ бархурдоранд) шумрда ва фармудааст: «وَمَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ لِلَّذِينَ آمَنُوا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ؛ وَالَّذِينَ يَجْتَنِبُونَ كَبَائِرَ الْإِثْمِ وَالْفَوَاحِشَ وَإِذَا مَا غَضِبُوا هُمْ يَغْفِرُونَ؛ وَالَّذِينَ اسْتَجَابُوا لِرَبِّهِمْ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَمْرُهُمْ شُورَىٰ بَيْنَهُمْ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ؛ وَالَّذِينَ إِذَا أَصَابَهُمُ الْبَغْيُ هُمْ يَنْتَصِرُونَ؛ وَجَزَاءُ سَيِّئَةٍ سَيِّئَةٌ مِثْلُهَا ۖ فَمَنْ عَفَا وَأَصْلَحَ فَأَجْرُهُ عَلَى اللَّهِ ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الظَّالِمِينَ»;[23] <<Ва ончи назди Худованд аст барои касоне ки имон доранд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд, беҳтар аст; Ва касоне ки аз гуноҳони бузург ва корҳои зишт дурӣ мекунанд ва ҳангоме ки ба хашм меоянд, гузашт менамоянд; Ва касоне ки Парвардигорашонро иҷобат карданд ва намозро барпо доштанд ва корашон шӯроӣ миёнашон аст ва аз ончи рӯзияшон кардем, мебахшоянд; Ва касоне ки чун таҷовузе ба онон шавад муқобила мекунанд; Ва посухи як бадӣ, бадии монанди он аст, пас ҳар кас бибахшад ва ислоҳ кунад, подошаш бар Худованд аст, чи онки Ӯ ситамкоронро дӯст намедорад>> (бинобарин, ишколе надорад ки уқало ҳаргоҳ аз сифоти мазкур дар ин ояи шарифа бархурдор бошанд, бар пояи машрути ҳукумат кунанд); Ҷуз онки (далолати ин оя бар машрӯъияти демокросии нотамом аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки) инсофан идораи умури ҷомеъа бар пояи машварат, лузуман ба маънои ҳукумат бар пояи раъйӣ аксарияти мардум (қатъи назар аз инки мувофиқ бо ақл бошад ё набошад) нест; Зеро метавонад ба маънои ҳукумат бар пояи маъқултарин раъйӣ мардум бошад ки бо тазоруби ороъи онон дар машварат кашв мешавад (агарчи раъйӣ як нафар аз онон бошад) ва ин муқтазои меъёр будани ақл барои шинохт аст (зеро меъёр будани ақл барои шинохт иқтизо мекунад ҳар раъйе ки бо ақл созгортар бошад, ҳамон мабнои амали оқилон қарор гирад, на ҳар раъйе ки тарафдорони бештаре дошта бошад. Лизо мо дар Ислом <<Машварат>> дорем на <<Раъй гирӣ>> ё <<Интихобот>> ва бо ин ҳисоб, истешҳод ба ояи шарифа барои исботи эътибори ҷумҳурият агарчи дар ҷомеъаи солеҳон бошад, нотамом аст); Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мабно дар ҳамаи корҳои уқало, ақл аст (хоҳ ба сурати мустақим ва хоҳ ба сурати ғайри мустақим) ва ҳукумати онон бар тибқи раъйӣ аксарияти мардум, ҳаргоҳ раъйӣ аксарияти мардум мубтанӣ бар ақл (яъне маъқул ва уқалоӣ) бошад, ҳукумат бар мабнои ақл шуморида мешавад на бар мабнои раъйӣ аксарияти мардум (чароки барои он ақл лиҳоз шудааст на раъйӣ аксариятӣ мардум ва лизо наметавон онро <<Демокросӣ>> номид) ва ҳар гоҳ мубтанӣ бар ақл набошад, ҳукумат бар тибқи он, кори уқало нест (яъне уқалоӣ маҳсуб намешавад ва уқало ин тавр ҳукумат намекунанд ки ҳар чи аксарияти мардум хостанд, ҳамонро амалӣ кунанд, агарчи ба унвони масала, ҳамла ба як кишвари мусалмон ё тасвиби ҳамҷинсгаройӣ бошад).

Аз инҷо дониста мешавад ки ҷумҳурият ба маънои ҳукумат бар мабнои раъйӣ аксарияти мардум, сарфи назар аз онки раъйӣ онон маъқул бошад ё набошад (ҳамон тавр ки имрӯз дар ҷаҳон ройиҷ аст), ҷойе дар Ислом надорад ва бо ҳеҷ тақрире (агарчи дар ҷомеъаи солеҳон) қобили қабул нест (чароки солеҳон ҳам маъсум нестанд ва раъяшон бояд бо ақл арзёбӣ шавад), ҳар чанд машварати (ҳоким) дар он бо мардум, ба манзури кашфи маъқултарин раъйӣ мавҷуд, ишколе надорад ва судманд аст (лизо Худованд ҳатто Паёмбари худро амр ба машварат бо мардум мекунад ва мефармояд: «وَشَاوِرْهُمْ فِي الْأَمْرِ ۖ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ ۚ» (Оли Имрон/159); Яъне <<Бо онон машварат кун, пас чун тасмим гирифтӣ бар Худованд таваккул кун>>) ва ин (чизе ки гуфтим, танҳо бо назар ба ҷанбаи корбурдии ҳукумат ва) сарфи назар аз мабнои ҳукумат дар Ислом аст ки (сирфан насби Илоҳӣ аст ва) бо мабнои ҷумҳурият ба маънои мазкур, созгор нест (чунонки баъдан ба тафсил тавзиҳ дода мешавад).

Ҳосил онки тақлид аз аксарияти мардум (чи дар ҳавзаи сиёсат ва чи дар соири ҳавзаҳо), асле дар ақл ва табъан Ислом надорад ва мусалмонон бояд тобеъи ҳақ бошанд агарчи бо гуфта ва кардаи аксарияти онон мухолиф бошад.

(و السلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Анкабут/63.

↑[2] . Анъом/111.

↑[3] . Наҳл/75.

↑[4] . Юнус/36.

↑[5] . Муъминин/70.

↑[6] . Анбиё/24.

↑[7] . Ҳуд/17.

↑[8] . Ёсин/7.

↑[9] . Юсуф/103.

↑[10] . Юсуф/106.

↑[11] . Тавба/8.

↑[12] . Намл/73.

↑[13] . Аъроф/17.

↑[14] . Фурқон/44.

↑[15] . Бақара/88.

↑[16] . Нисоъ/155.

↑[17] . Бақара/246.

↑[18] . Ҳуд/40.

↑[19] . Воқеъаҳ/14.

↑[20] . Сабаъ/13.

↑[21] . Анъом/116.

↑[22] . Юнус/36.

↑[23] . Шуро/36 то 40.

Барои шунидани савти дарси бистум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.