Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси ҳаждаҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз олимон (2)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли рӯшан шуд ки тақлид аз олимон, ба маънои пайравӣ аз гуфта ва кардаи онон бидуни далил, барои мардум кифоят намекунад; Чароки мубтанӣ бар занн ва муфйиди занн дар Ислом кофӣ шумурда намешавад; Чунонки Худованд бо сароҳат ва таъкид фармудааст: «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ» (Юнус/36); <<Ҳароина занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>>. Ҳоло мумкин аст касе аз ин зӯргӯйҳои хуш иштиҳо, шикамашро рӯӣ мизаш бигзорад ва гулуяшро соф кунад ва бигӯяд ки пайравӣ аз гуфта ва кардаи олимон бидуни далил, бадеҳӣ аст; Ба ин маъно ки аслан ниёзе ба далил надорад! Рӯшан аст ки чунин иддаъойе маҳзи таҳаккум ва зӯргӯйӣ аст; Зеро олимон, маъсум нестанд ва муҳол аст ки пайравӣ аз гуфта ва кардаи ғайри маъсум бидуни далил, бадеҳӣ бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ақл, ҳангоме ки онро тасаввур мекунад, наметавонад тасдиқ кунад, балки инсофан зидди онро тасдиқ мекунад; То ҷойе ки метавон гуфт: Адами ҷавози пайравӣ аз гуфта ва кардаи ғайри маъсум бидуни далил, бадеҳӣ аст ва ниёзе ба далил надорад; Ҳамчунонки асл ҳам бар адами пайравӣ аз дигарӣ аст то ҳангоме ки далиле барои пайравӣ аз ӯ пайдо бишавад; Чароки ҳолати аввалия, адами пайравӣ аст ва интиқол аз ин ҳолат, ниёз ба далил дорад. Лизо гоҳе инсон мутаъаҷҷиб мешавад аз ин қулдурҳое ки на танҳо дар арсаи сиёсат, балки дар арсаи илм ҳам зӯргӯйӣ мекунанд ва мехоҳанд заҳмати истедлол барои дидгоҳҳои ғалат ва соқити худро ҳам накашанд! Ҷавонак аз фарти лоғарӣ, бо най қобили муқоиса аст, вале бар Худованд дурӯғ мебандад ва аз азоби Ӯ ки кӯҳро муталошӣ мекунад наметарсад ва мегӯяд ки тақлид аз олимон бадеҳӣ аст ва Хуросонӣ як амри бадеҳиро мункир шудааст!! Ба Худованд паноҳ мебарем аз ин муллобаччаҳои ҳукуматӣ ки пул мегиранд ва ҳаромро ҳалол мекунанд! Иддаи дигаре ҳам ҳастанд ки каме шарм ва ҳаёшон аз ин муздурҳо бештар аст ва мегӯянд; Пайравӣ аз гуфта ва кардаи олимон бидуни далил, бидуни далил нест, балки далил дорад; Яъне мо далил дорем ки метавонем бидуни далил, аз олимон пайравӣ кунем! Вале рӯшан аст ки ин иддаъо ҳам таноқуз аст ва қобили тасдиқ нест. Албатта далили мавриди назарашонро устозунал Мансул дар идома тавзиҳ медиҳад ва рад мекунад ки ин шоъ Аллоҳ ба он мерасем.

Аммо гузашта аз ишколи бунёдин тақлид аз олимон ки заннӣ будани он ва адами ҳуҷҷияти занн аст, ишколи дигаре низ дар он вуҷуд дорад ки ин бузургвор бо жарф нигарии фавқулода ва мунҳасир ба фарди худ, онро дида ва хотирнишон карда ва он ин аст ки тақлид аз олимон, хусусан дар миёни аҳли ташаюъ, мубтанӣ бар тақлид аз олимон аст ва ин таваққуфи як чиз бар худаш аст ки даври ботил шумурда мешавад. Эшон таҳти унвони)

[Адами имкони тақлид аз олимон бар пояи тақлид аз онон]

(мефармояд:) Бо ин ҳама (ки тақлид аз олимон бар хилофи усул ва мусарраҳоти Ислом аст), бисёрӣ аз мусалмонон, хусусан дар кишварҳоӣ монанди Эрон, Ироқ ва Лубнон (ки аҳли ташаюъ ҳастанд), ихтиёри марҷаъӣ аз онон (яъне олимон) барои тақлидро бар ҳар мусалмоне (ки муҷтаҳид шумурда нашаванд) воҷиб мешуморанд ва амали бидуни онро (дар сурате ки эҳтиёт ҳам накунад) ботил (яъне ғайри саҳиҳ дар дунё) ва ғайри қобили қабул (дар охират) мепиндоранд; Дар ҳоле ки (ин эътиқод бадеҳӣ нест ва табъан ниёзи ба далил дорад ва) далили бештари онҳо (ки авом ҳастанд) барои ин эътиқод, фатвоӣ олимонашон ба он аст (ки дар аввал рисолаҳои тавзеҳул масоъили худ навиштаанд: <<Амал ба ин рисолаи тавзиҳул масоъил, муҷзӣ аст ин шоъ Аллоҳ>> ва дар зимни масоъил аввал гуфтаанд ки тақлид аз муҷтаҳиди ҷомеул шароит кифоят мекунад) ва ин ба маънои тақлиди онҳо (яъне муқаллидон) бар пояи тақлид аст ки давраи ботил ва бемаъност (бо таваҷҷуҳ ба инки пайравӣ аз ҳамин фатвоӣ олимон ба муҷзӣ будани тақлид ва амал ба рисолатҳошон, мутаваққиф бар тақлид аз онон аст ва ин давр яъне таваққуфи як чиз бар худаш маҳсуб мешавад ки маъно надорад); Чароки мусалламан тақлид, бар хилофи асли табиъӣ (яъне ҳолоти аввалия) аст ва табъан (бадеҳӣ ва) бениёз аз далил нест (чун асл бар ин аст ки як фард аз фарди дигаре пайравӣ накунад магар онки далиле барои ин кор дошта бошад) ва далили он наметавонад мубтанӣ бар худаш бошад (чун худаш маҷҳул аст ва ҳеҷ маҷҳуле бо худаш маълум намешавад. Бинобарин, мумкин нест ки мо битавонем бо истинод ба тақлид аз олимон, аз олимон тақлид кунем) ва бо ин васф, чорае ҷуз иҷтиҳод дар тақлид нест (яъне мусалмонон ҳаддиақал бояд дар бораи тақлиди худ аз олимон иҷтиҳод кунанд ва бо иҷтиҳод ба ҷавози ин кор бирасанд), дар ҳоле ки онҳо навъан дар тақлиди худ муқаллиданд (ва ин чизе аст ки истиқроъан қобили мушоҳида аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки мо камтар касе аз онҳоро меёбем ки барои тақлиди худ, иҷтиҳод карда ва қодир ба истедлоли шаръӣ ва ақлӣ бошад); Чароки барои он далиле (ҳар чанд махдуш ва ғалат) аз шаръ (яъне Қуръон ва суннат) ё ақл намешиносанд, магар таваҳҳуме (дар қолиби як шабеҳи далили ақлӣ) ки барои бархишон (аз таҳсил кардаҳо ё пойи минбар нишастаҳо) падид омада мабнӣ бар инки тақлид аз олимон (дар аҳкоми шаръи), (як кори уқалоӣ аст ва) аз боби руҷуъи оқилон ба мутахассис (монанди табиб ва наҷҷор ва банно) аст, дар ҳоле ки ин таваҳҳум (бо онки ривоҷи бисёре пайдо карда), аз воқеъият ба дур аст; Чароки (ҳар чанд бинои оқилон бар руҷуъ ба мутахассис, як воқеъияти ғайри қобили қабул аст, вале) мутахассис дар нигоҳи оқилон, баста ба мавзӯъе ки дар бораи он ба ӯ руҷӯъ мекунанд, мутафовит аст (яъне барои ҳар коре ба мутахассиси мутаносиб бо он руҷӯъ мекунанд ва барои корҳойе ки муҳимтар ва ҳассостаранд, тахассуси бештареро лозим медонанд) ва дар нигоҳи онон, мутахассис дар дин касе аст ки руҷӯъ ба ӯ ононро ба яқин мерасонад, монанди Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (ки маъсум аст), на касе ки руҷӯъ ба ӯ танҳо муфиди занн аст, мононди муҷтаҳид (ки дар маърази ҳазор ғалат ва нисён ва ҳавои нафс аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки яқин дар дин зарурӣ аст ва занн дар он кифоят намекунад. Аз инҷо дониста мешавад ки ишколи таваҳҳуми мазкур, дар суғрои он аст на дар куброи он; Ба ин маъно ки ҳар чанд руҷӯъ ба мутахассис уқалоӣ аст, вале муҷтаҳид, мутахассис нест ва бо ин васф, руҷӯъ ба ӯ руҷӯъ ба мутахассис маҳсуб намешавад. Тавзиҳ онки таваҳҳум кунандагон мегӯянд: Муҷтаҳид, мутахассис аст ва руҷӯъ ба мутахассис уқалоӣ аст; Бинобарин, руҷӯъ ба муҷтаҳид, уқалоӣ аст, дар ҳоле ки мутахассис будани муҷтаҳид, маҳалли ишкол аст; Чароки ӯ маъсум нест ва ошноии кофӣ бо дин надорад ва табъан руҷӯъ ба ӯ муҷиби яқин намешавад ва аз ин ҷиҳат, ғарази оқилонро ҳосил намекунад. Мутахассиси дар дин, танҳо халифаи Худованд дар замин аст ва аз ин рӯ, танҳо руҷӯъ ба ӯст ки руҷӯъ ба мутахассис ва табъан уқалоӣ маҳсуб мешавад); Бо таваҷҷуҳ ба инки дар умури динӣ (монанди ақойид ва аҳкоми Исломи), бар хилофи умури урфӣ ва дунявӣ (монанди наҷҷорӣ ва дӯзандагӣ), яқин мавзуъият дорад ва зарурӣ аст (чун марбут ба зипи шалвори инсон ё тугмаи пероҳанӣ ӯ намешавад ки агар каҷ дӯхта шуд, биканад ва дубора бидӯзад, балки марбут ба биҳишт ва дӯзах мешавад ва сарнавишти абадии инсонро таъйин мекунад; Ҷудои аз онки Худованд яқинро дар бораи он зарурӣ дониста ва ақл дар баробари хостаи Ӯ таслим аст), дар ҳоле ки руҷӯъ ба ғайри Худованд ва касе ки (бидуни восита монанди Паёмбар ва маъал восита монанди халифаи Паёмбар) аз ҷониби ӯ сухан мегӯяд, табъан (яъне аз лиҳози табиъаташ) муҷиби яқин намешавад ва бо ин васф, уқалоӣ нест. (Ин як ишкол, аммо ишколи дигар онки) Ба илова, банои оқилон дар умуре ки мутаъаллиқи ба Худованд аст (яъне шинохти дини Ӯ) мустанад ба амри Ӯст (чароки чигунагии корро соҳиби кор таъйин мекунад ва соҳиби кор дар ин ҳавза Худованд аст), агарчи дар умуре ки мутаъаллиқ ба худашон аст (монанди мубоҳоти шахсии моддӣ) истиноде ба амри Ӯ надорад (ва ҳар оқиле озод аст ки ба салиқаи худаш амал кунад) ва бо ин васф, банои онон дар умури мутаъаллиқ ба худашон монанди биносози ва табобат (ҳар гоҳ ба шинохти заннӣ дар бораи онҳо қонеъ бошанд), мабнои банои онон дар умури мутаъаллиқ ба Худованд монанди диёнат намешавад (яъне наметавонем бигӯйем ки чун онон дар корҳои шахсии моддӣ ва кам аҳмияташон ба занн қаноъат мекунанд, пас бояд дар корҳои динӣ ва ухравии бо аҳмияташон низ ба занн қонеъ бошанд; Чун ин қабил умури динӣ ва ухравӣ, аслан ба онон марбут намешавад ки бихоҳанд чигунагии онро таъйин кунанд ва ба чизе дар бораи он қонеъ бошанд ё набошанд, балки мутаъаллиқ ба Худованд аст) ва рӯшан аст ки амри Худованд дар умури мутаъаллиқ ба Ӯ яқин аст (чунонки сароҳатан фармудааст: «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ» (Юнус/36); <<Ҳароина занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>> ва ин далил бар зарурати яқин ба ҳақ аст) ки бо тақлид аз муҷтаҳидон, ба даст намеояд (чароки муҷтаҳидон, аз ҷаҳл ва хато ва нисён ва аҳвоъи нафсонӣ масвун нестанд ва табъан пайравӣ бидуни далил аз онҳо муҷиби яқин ба ҳақ намешавад). Ҳосил онки руҷӯъи уқало ба биносоз ва табиб, мусталзими руҷӯъи онон ба муҷтаҳид дар дин нест ва қиёси он ду бо ҳам, қиёси маъалфориқ (яъне қиёси як чиз бо чизи мутафовит бо он) аст. (Ҳосил онки аввалан тақлид аз муҷтаҳид наметавонад мустанад ба тақлид аз ӯ бошад ва ниёзи ба далили ҷудогона дорад ки бештари муқаллидон фоқиди онанд ва сониян истедлоли бархӣ аз онон ба сира ё банои уқало низ мубтанӣ бар таваҳҳум аст; Чароки уқало, ғайри маъсумро агарчи муҷтаҳид бошад, мутахассис дар дин намедонанд то ба ӯ руҷӯъ кунанд ва агар фарзан бидонанд низ Худованд ӯро мутахассиси дар дин намедонад ва уқало дар бораи дин тобеъи Худованд ҳастанд на тобеъи аҳвоъи худ. Ин ишколи дувум дар масъалаи тақлид аз олимон буд. Аммо ишколи севум ин аст ки иҷтиҳоди муҷтаҳидон хусусан дар миёни аҳли ташаюъ, бар пояи навъе аз тақлид шакл мегирад ва ин низ гунаи даври ботил ё тасалсул аст. Устозунал Мансур дар баёни ин ишкол, таҳти унвони)

[Адами имкони иҷтиҳоди олимон бар пояи тақлиди онон]

(мефармояд:) Ба илова, инон (яъне муқаллидон ё мудофеъони тақлид, аъам аз муқаллидон ва муҷтаҳидон) мусалмоне ки даст аз тақлиди олимонашон бардошта ва ба манобеъи аслитари Ислом (монанди Қуръон ва ҳадис ки нисбат ба рисолаҳои тавзиҳул масоъил аслитар аст, ҳар чанд бинобар мабнои устозунал Мансур, боз ҳам кофӣ нест) муроҷиъа кардаастро маломат мекунанд ки бо иҷозаи кадомин марҷаъи тақлид (яъне касе ки иддае аз мардум барои тақлид ба ӯ руҷӯъ мекунанд), тақлид дар Исломро тарк карда ва ба иҷтиҳод дар он (аз тариқи руҷӯъ ба оёт ва ривоёт) рӯй овардааст; Чароки ба заъми онон (дар низоми мутаноқиз ва бебунёде ки барои худ сохтаанд), муҷтаҳид (яъне касе ки дар воқеъ қодир ба истинботи ҳукм аз адиллаи яқинӣ ва ғайри яқинӣ аст) ҳангоме (амалан) муҷози ба иҷтиҳод аст (ва табъан дигарон метавонанд аз ӯ тқлид кунанд) ки муҷтаҳиди дигар ба ҷавози иҷтиҳоди ӯ фатво дода бошад (ва масалан гуфта ё навишта бошад ки фалонӣ муҷтаҳид аст ва метавон аз ӯ тақлид кард), дар ҳоле ки ин низ тасалсулӣ ботил ва сафсатаи ошкор аст (тасалсул ба ҳолате гуфта мешавад ки таҳаққуқи як чиз мутаваққиф бар таҳаққуқи як чизи дигар ва таҳаққуқи он чизи дигар низ мутаваққиф бар як чизи дигар бошад ва ҳамин ҳолат бидуни мунтаҳӣ шудан ба чизи мушаххас ва мустақилле идома пайдо кунад. Рӯшан аст ки чунин ҳолоте аз назари ақли мумкин нест; Ба ин маъно ки таҳаққуқи як чиз бо вуҷуди тасалсул муҳол аст; Ҳамчунонки сафсата низ ба муғолитаи зӯргӯёна ва таҳаккумомез гуфта мешавад. Ба ин тартиб, устозунал Мансур, ҳамон тавр ки низоми ҳоким бар тақлидро номаъқул ва мубтанӣ бар давр медонад, низоми ҳоким бар иҷтиҳодро низ, номаъқул ва мубтанӣ бар тасалсул медонад); Зеро (дар низоми мазкур) тақлид аз чунин касе (ки ба ҷавози иҷтиҳоди ӯ фатво дода шуда) мутавқифи бар тақлид аз касе хоҳад буд ки ба ҷавози тақлид аз ӯ фатво додааст (чароки пайравӣ аз фатвои чунин касе, машрут ба пайравӣ аз фатвои касе аст ки ӯро муҷтаҳид донистааст ва ҷуз бо тақлид аз ӯ имкон надорад), дар ҳоле ки тақлид аз он кас низ мутавақиф бар тақлиди аз касе хоҳад буд ки ба ҷавози тақлид аз ӯ фатво додааст ва ба ҳмин тартиб ки ҳаср (яъне маҳдуд ба ҳадде) намешавад ва (дар натиҷа) амалӣ нест. (Инҳо ишколоти бисёр амиқе аст ки Худованд бар ин бандаи солеҳаш ошкор карда ва аз чашми дигарон пӯшидааст то фазилати ӯ бар дигаронро ошкор гардонад; Чароки илм аз ҷониби Худованд аст ва Ӯ онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад ато мекунад ва болотар аз ҳар олиме донишманде аст. Ҳамин улуми ноб ва ноёб аст ки устозунал Мансурро дар ҷойгоҳи мумтозе қарор дода ва оқилонро ба қабули фазлаш ва табаъият аз даъваташ водор кардааст; Чароки бузургтарин олимон дар қиёс бо ӯ, кӯчак ҷилва мекунанд. Бидуни шак ин фазли Худованд аст ки ба ин бандаи солеҳаш додааст ва набояд мояи ҳасодат ва кинаи касе бишавад. Чи лузуме дорад ки касе фазли ин инсони бузургро инкор кунад ва ба иззати илмии ӯ ки то ин андоза возеҳ ва машҳуд аст, иқрор накунад?! Рӯшан аст ки инкори фазли бузургон, танҳо аз деноъат ва ҳақорати як фард парда бармедорад ва чизе аз фазли бузургон кам намекунад. Албатта ҳамаи олимони мусалмон аз он ҳайс ки саъйе дар шинохтан ва шиносондани Ислом доштаанд қобили эҳтироманд, вале табиъатан олими мусалмоне ки бештар аз дигарон Исломро шинохта ва шиносонда, қобили эҳтиромтар аст. Инки Худованд ин ҳақоиқро барои ин олими мусалмон ошкор карда ва барои дигарон ошкор накардааст, гуноҳи ӯ нест то касе бар ӯ хашм бигирад; Чароки Худованд ҳар касеро бихоҳад ба раҳмати худаш махсус мекунад; Чунонки фармудааст: «يَخْتَصُّ بِرَحْمَتِهِ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ» (Оли Имрон/74); <<Ҳар касро бихоҳад ба раҳмати худаш махсус мекунад ва Худованд дорои фазли азим аст>>. Аз ин рӯ, мо бояд аз ин шахсияти истисноӣ ва беназир ки муҳаббати Худованд барои уммати Исломи аст истифода кунем, то ба айбҳои эътиқодӣ ва амалии худамон пай бубарем ва битавонем барои вуруд ба асри Маҳдӣ алайҳи салом ки асри ҳокимияти Исломи ҳақиқӣ аст омода шавем.

Худованд ҳасодат ва тангназариро аз дилҳои ҳамаи мусалмонон бардорад ва тавозеъ ва вусъати назарро ҷойгузини он созад; Чароки бисёр Бахшанда ва Меҳрабон аст.

و السلام علیکم و رحمت الله)

Барои шунидани савти дарси ҳаждаҳум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.