Душанбе 27 март 2017 мелодӣ баробар бо 29 ҷимоди-юл-сони 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси шонздаҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз пешиниён (2)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли рӯшан шуд ки бартарии уламоӣ салаф нисбат ба халаф, як амри қатъӣ ва ғайри қобили тардид нест ва табъан тақлид аз онҳо вазифаи халаф маҳсуб намешавад; Чароки аз як сӯ ақл, тақаддуми замонӣ касеро далили қатъӣ барои ҳуҷҷат будани ӯ ё ҳатто олимтар будани ӯ намедонад; Ҳамчунонки мо дар миёни салаф касонеро меёбем ки возеҳоти Исломро намешиносанд ва бар хилофи мусарраҳоти он амал мекунанд ва чизҳое мегӯянд ва анҷом медоданд ки агар имрӯз касе аз мусалмонон бигӯяд ва анҷом бидиҳад, чи басо ба куфр ё залолат ё бидъат ё сафоҳат муттаҳам мешавад, ҳар чанд дар робита бо салаф ба хотири эҳтироме ки барояшон қоъил ҳастем, ҳамли бар иҷтиҳодашон дар дин мекунем ки албатта як таъоруф аз сари рӯ дар бойистӣ аст ва ҷанбаи илмӣ надорад ва ба ҳамин далил, худи салаф чунин нигоҳе ба ин гуфтаҳо ва кардаҳошон надоштанд ва дар миёнашон бар сари онҳо мунозиъоти хунине вуҷуд дошт ва аз сӯӣ дигар нақли ҳам бартарии салаф нисбат ба халафро машкук дониста ва қатъӣ надониста; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар бархӣ ривоёт омадааст <<Масали ин уммат масали борон аст ки маълум нест аввали он беҳтар аст ё охири он>> ва ин ба маънои қатъӣ набудани бартарии салаф ба халаф аст ки бо ҳукми ақл дар ин бора ҳамоҳангӣ дорад ва нишонӣ дигар аз мутобиқати ақл ва шаръ аст. Ҳосил онки то инҷо маълум шуд бартарии илмӣ мусалмонони нахустин нисбат ба мусалмонони оянда, қатъӣ нест, балки заннӣ аст, дар ҳоле ки занн дар Ислом ҳуҷҷият надорад ва барои ақида ва амали мусалмон кофӣ шумурда намешавад ва аз ин рӯ, тақлид аз мусалмонони нахустин ҷойиз нест. Албатта лозим ба ёдоварӣ аст ки мавзӯъи баҳси устозунал Мансур дар ин баҳс, <<Тақлид>> аз мусалмонони нахустин аст ва тақлид аз онон бино бар таърифе ки дар оғози ин баҳс баён фармуд, ба маънои пайравӣ аз онон бидуни далил аст, коре ки бештари мусалмонон анҷом медиҳанд ки аз назари бархӣ саҳоба дар бораи се талоқ дар як маҷлис пайравӣ мекунанд бо онки далоиле аз шаръ надорад ва бар хилофи Қуръон аст. Бинобарин, устозунал Мансур намефармояд ки агар саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин гуфта ё кардаи саҳиҳе мубтани бар китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар дар рӯшаноии ақл доштанд, мо набояд дар мавриди он аз онон пайравӣ кунем; Чароки ин тақлид аз онон нест, балки пайравӣ аз китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар дар рӯшаноии ақл аст. Фармоиши эшон он аст ки тақлид аз саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин ба маънои пайравӣ аз гуфта ва кардаи онон бидуни далиле аз китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар дар рӯшаноии ақл, ҷойиз нест; Чароки вақте китоби Худо ва суннти мутавотири Паёмбар дар рӯшаноии ақлро канор мегузорем, гузаштагон ва ояндагон бо ҳам баробар мешаванд ва дигар наметавон бархӣ аз ононро аз бархӣ дигар бартар донист; Бо таваҷҷуҳ ба инки молики бартарӣ, мутобиқат бо китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар дар рӯшаноии ақл аст, на тақаддум ва таъаххури замонӣ. Аз лиҳози илмӣ ҳам наметавон бартарии гузаштагон нисбат ба ояндагонро қатъӣ донист; Чароки далиле барои он вуҷуд надорад ва ҳатто шавоҳиде барои хилофи он мавҷуд аст.

Аммо устозунал Мансур пас аз табйини ин нуктаи бисёр муҳим ки асоси тақлид аз мусалмонони нахустинро мутазалзил месозад, ба нуктаи бисёр муҳимми дигаре мепардозад ва он ин аст ки ҳатто агар олимтар будани мусалмонони нахустин нисбат ба мусалмонони ояндаро қатъӣ бидонем, боз ҳам наметаван тақлид аз ононро барои мусалмонони оянда ҷойиз бишуморем; Зеро қатъӣ нест ки ин илми бештари онон, ба таври комил ва холис яъне бидуни нуқсон ва таҳриф, ба мусалмонони оянда мунтақил шудааст. Эшон дар баёни ин нуктаи бисёр муҳим мефармояд:)

Бо ин ҳол (ки гуфтем илми бештари мусалмонони нахустин дар бораи шаръ собит нест), ҳақ он аст ки илми бештари мусалмонони нахустин дар бораи шаръ низ, дар сурате ки собит бошад, ҳнгоме барои ояндагон қобили пайравӣ аст ки қатъ ба интиқоли саҳиҳ ва комили он тавассути онон вуҷуд дошта бошад (чун вақте эҳтимол бидиҳем илме ки аз онҳо барои мо расидааст, саҳиҳ ва комил нест ва тавассути худи онҳо ё касони дигар, дучори нуқсон ва таҳриф шудааст, дигар наметавонем аз онҳо пайравӣ кунем, ҳар чанд дар воқеъ аз мо олимтар буда бошанд), дар ҳоел ки инсофан қатъ ба он (яъне қатъ ба интиқоли саҳиҳ ва комили илми онҳо) вуҷуд надорад ва танҳо ҳусни занн ба он мавҷуд аст (ба ин маъно ки бидуни далили қатъӣ, ба онҳо хушбин ҳастем ва умедворем ки илми ба Исломро саҳиҳан ва комилан аз соҳиби шариъат гирифтаанд ва даст нахӯрда ба мо мунтақил кардаанд) ки барои чунин кор хатаре кофӣ нест (чун занн дар Ислом ҳуҷҷият надорад ва хусусан барои чунин кори муҳимме кифоят намекунад); Чунонки Худованд фармудааст: «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ»;[1] <<Ҳароин занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>>; Чароки бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди ихтилофоти фикрӣ (дар бораи ақойид ва аҳкоми Исломи) ва сиёсии (дар бораи хилофат, ба сурати) амиқ (аз лиҳози кайфӣ) ва густарда (аз лиҳози каммӣ) дар миёни мусалмонони нахустин (яъне саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин) ва истилоъи ҳокимони ҷаббор (монанди Умавиён) бар онон пас аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (ки ононро ба гуфтаҳо ва кардаҳои судманд барои худ во медоштанд ва аз гуфтаҳо ва кардаҳои зиёнбор барои худ боз медоштанд), ангезаҳои фаровоне барои кетмони илми саҳиҳ ва комил тавассути онон вуҷуд дошт, балки чи басо изҳори он дар бисёрӣ аз маворид, барои онон мусталзими усру ҳараҷ (яъне машаққати фаровон) ва даст шустан аз молу ҷон ва обурӯ буд (чароки ҳокимони ҷаббори Умавӣ ва Аббосӣ, ононро дар сурати изҳори бахше аз улум ва огоҳиҳошон ба зиндон меандохтанд ва ба қатл мерасонданд ва бадном месохтанд; Чунонки намунаҳои фаровоне аз ин қабил дар даст аст); Ҷудо аз он ки ба таври ҳатм, дастикам бархӣ аз онон (яъне мусалмонони нахустин), хусусан дар наслҳои дувум ва севум (яъне тобеъин ва атбоъи тобеъин), аз ҳавои нафс ва матомеъи дунё пайравӣ мекарданд (монанди дӯстдорони банӣ Умая ва банӣ Аббос) ва табъан илми худро аз рӯӣ амд (бо ангезаи найли ба мол ва мекнат), кетмон менамуданд; Чунонки ривоёти зидду нақизи фаровоне аз онон расидааст ки муттаҳами аслӣ дар робита бо бархӣ аз онҳо худи ононанд (на касоне ки аз онон ривоят кардаанд. Комилан пайдост ки устозунал Мансур ба намунаҳои айнии фаровоне аз ин афрод назар дошта, вале зарурате барои ном бурдан аз онҳо дар инҷо надидааст. Бо ин ҳол, дар бархӣ мабоҳиси оянда, ба муносибат аз бархӣ аз ин афрод ном бурда ва аз нақши онҳо дар гумроҳии мусалмонони оянда парда бардоштааст). Бо ин васф, ҳатто агар олимтар будани наслҳои нахустини Исломӣ дар бораи шаръ, мусаллам бошад, изҳори илми саҳиҳ ва комил тавассути онон барои ояндагон мусаллам нест ва ҳамин барои худдории ояндагон аз пайравӣ онон кифоят мекунад (чун занн дар Ислом ҳуҷҷат нест ва пайравӣ танҳо бар пояи яқин ҷойиз аст ва яқин ба интиқоли саҳиҳ ва комили илми салаф ба халаф вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, мумкин аст касе дар инҷо ишкол кунад ва бигӯяд ки ҳар чанд хиёнат дар миёни салаф ҳам вуҷуд дошта, вале дар миёни халаф хеле бештар аст ва бо ин васф, вазифаи халаф аст ки ҳамчунон аз салаф пайравӣ кунанд. Устозунал Мансур дар посух ба ин ишкол мефармояд:).

Оре, мумкин аст кетмони илм ва омехтани он ба дурӯғ (дар бораи мухолифон) ва чоплусӣ (дар бораи мувофиқон), дар миёни ояндагон бештар аз пешиниён бошад (чун инсофан бисёрӣ аз мафосид ва инҳирофоти феълӣ дар миёни гузаштагон камтар буда); Чунонки Худованд фармудааст: «فَخَلَفَ مِنْ بَعْدِهِمْ خَلْفٌ أَضَاعُوا الصَّلَاةَ وَاتَّبَعُوا الشَّهَوَاتِ ۖ فَسَوْفَ يَلْقَوْنَ غَيًّا»;[2] <<Пас дар пайи онон ояндагоне омаданд ки намозро зойеъ ва аз шаҳавот пайравӣ карданд, пас кжиро хоҳанд дид>>, вале раӯшан аст ки ин (бартарии ахлоқии нисбӣ) низ барои пайравии ояндагон аз пешиниён кофӣ нест (аз инҷо маълум мешавад ки бисёрӣ аз дидгоҳҳо ва корҳои мо дар назари авлиёъи Худованд ҳазор айб ва ирод дорад, дар ҳоле ки дар назари мо хеле дуруст аст. Чи бисёр далоиле ки аз назари мо кофӣ аст, вале аз назари бузургони дин кофӣ нест. Аммо аз рӯзи қиёмат ки Худованд ба ҳисоби ақойид ва аъмоли мо мерасад ва айбҳо ва иродҳои онҳоро берун мекашад!); Чароки дурусттар будани гуфта ва кардаи касе нисбат ба дигарӣ, модоме ки қатъи назар аз гуфта ва кардаи дигарӣ, дар зоти худ дуруст набошад, қобили пайрави нест (яъне намешавад аз гуфта ва кардаи Зайд, ба хотири инки аз гуфта ва кардаи Амр дурустар аст пайравӣ кард; Чун мумкин аст аз гуфта ва кардаи Бакр нодурусттар бошад); Бо таваҷҷуҳ ба инки мумкин аст гуфта ва кардаи нодурусте (ки бар асоси меъёри шинохт нодуруст аст), дар қиёс бо гуфта ва кардаи нодурусти дигарӣ (ки он ҳам бар асоси меъёри шинохти нодуруст аст), дурусттар шуморида шавад (чун болотар аз ҳар гуфта ва кардаи нодурусте, гуфта ва кардаи нодурусти дигаре вуҷуд дорад ва ҳамаи гуфтаҳо ва кардаҳои нодуруст дар як радиф нестанд), дар ҳоле ки бо лиҳози нодурустиаш дар зоти худ (қатъи назар аз гуфта ва кардаи дигарӣ), қобили пайравӣ нест (бо таваҷҷуҳ ба инки ақлан ва шаръан наметавон аз як гуфта ва кардаи нодуруст, сирфан ба хотири инки аз як гуфта ва кардаи нодурусти дигари дурусттар аст, пайравӣ кард, балки ақл ва шаръ танҳо пайравӣ аз гуфта ва кардаи дурустро ҷойиз медонанд ва бо ин васф, ҳамаи гуфтаҳо ва кардаҳои нодуруст, ҳар чанд дар мизони нодурустии мутафовитанд, дар адами қабулият пайравӣ яксонанд ва аз ин рӯ, касоне ки устозунал Мансурро маломат мекунанд ки чаро ҳамаи гумроҳонро дар як радиф қарор дода ва масалан номи бархӣ раҳбарони мусалмони мӯътадилро дар канори номи бархӣ раҳбарони мусалмони тундрав овардааст, иштибоҳ мекунанд; Чароки ҳамаи ин раҳбарон, ҳар чанд дар мизони гуфтаҳо ва кардаҳои нодуруст яксон нестанд, дар адами қобилият пайравӣ яксонанд ва ҳеҷ як аз онҳо ба пайравӣ аз дигарӣ сазовортар нест ва ҳамаи онҳо дар муқоиса бо касе ки Худованд барои раҳбарии мусалмонон баргузидааст, баробар маҳсуб мешаванд); Монанди дуруғгӯӣ ки дар муқоиса бо дуруғгӯии дигари, дуруғӣ камтар (аз лиҳози камми) ё хурдтар (аз лиҳози кайфӣ) мегӯянд, вале пайравии дуруғгӯӣ дигар аз ӯ ба ин эътибор, воҷиб нест (таъбир ба дуруғгӯ мефармояд, ба сабаби инки ҳар гуфта ва кардаи нодурусте, дурӯғ шумурда мешавад); Чароки воҷиби, пайравӣ аз ростгӯён аст (ва онҳо касоне ҳастанд ки мутлақан дурӯғ намегуянд на инки камтар ва худтар дурӯғ мегуянд); Чунонки Худованд фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ»;[3] <<Эй касоне ки имон овардид! Аз Худованд парво кунед ва бо ростгӯён ҳамроҳ бошед>>; (Ин амри ба ҳамроҳӣ бо касоне аст ки мутлақан дурӯғ намегуянд; Зеро касе ки як бор дурӯғ мегӯяд мумкин аст як бори дигар балки боз сад бори дигар ҳам дурӯғ бигӯяд ва бо ин васф, ақл пайрави аз ӯро бар наметобад. Ба ҳамин далил, устозунал Мансур дар саросари ин китоб, ҳатто як маврид дурӯғ нагуфта ва созишкорӣ бо золимон ва хатокоронро барнатофта ва дар садади розӣ кардани ҳеҷ шахс ва гурӯҳ ва мазҳабе бар наёмадааст ва дар амал ҳам ҳамагон мебинанд ки зери бори ҳеҷ гуфта ва кардаи нодурусте намеравад; Бо онки аз ҳар тараф бар рӯӣ эшон фишор аст ва шиъа як чизе мегӯяд ва суннӣ як чиз мегуяд ва салафӣ як чиз мегӯяд ва сӯфӣ як чиз мегӯяд ва Эронӣ як чиз мегуяд ва Афғонӣ як чиз мегуяд ва Араб як чиз мегӯяд ва ҳар кас таваққуъ дорад як таъйиде аз эшон бигирад, вале эшон дар мувоҷеҳ бо ҳеҷ як даст аз асли ҳақиқати талхи китоб ва суннат бар намедорад ва бо истиқомат ва устувори ғарибӣ бар рӯӣ мавзӯъи ҳақ пой мефишорад ва аслан аз ақлонияти Исломӣ фосила намегирад ва тобеъи эҳсосоти касе намешавад ва ин барои касе ки бидуни ғараз ва мараз ба гуфтаҳо ва кардаҳои эшон илтифот пайдо мекунад, маҳсус ва машҳуд аст ва инсофан дар ин даврони пур аз дурӯғ ва тамаллуқ, назире барои эшон бо ин ахлоқ ва рӯҳия пайдо намешавад.) Ҳамчунонки ҳеҷ кас аз мардум нест магар инки аз касӣ дигар аз онон дурусткортар шуморида мешавад (чун мо ҳеҷ мавҷуди хабисеро намеёбем магар инки мавҷудӣ хабистар аз ӯ пайдо мешавад то инки ба шайтон меанҷомад), дар ҳоле ки мусалламан пайравӣ ҳар яке аз онон аз дигарӣ ба ин эътибор, (шариъатан ва ақлан) воҷиб нест (ва онон ҳақ надоранд ба ин эътибор, аз якдигар пайравӣ кунанд, балки вазифа доранд ки аз дуруст кортарин кас яъне Худованд ва Паёмбараш пайравӣ кунанд).

(Албатта набояд тасаввур кард ки устозунал Мансур бо ин баён, дар садди нафйи фазилати асҳоби Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст; Зеро эшон мункари фазилати ин бузургворон ки Исломро дар садри зуҳураш пазируфтанд ва ёри карданд нест; Чунонки мефармояд:) Оре, бегумон гурӯҳе аз мусалмонони нахустин ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро диданд ва итоъат карданд (на инки диданд ва нофармони карданд), дорои фазилат буданд (бинобарин, сирфи мусоҳибат бо Паёмбар аз назри эшон маншаъи фазилат нест, балки мусоҳибат бо Паёмбар ҳамроҳ бо итоъат аз он ҳазрат маншаъи фазилат аст); Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: «وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ»;[4] <<Ва пешӣ гирандагон нахустин аз муҳоҷирон ва ансор ва касоне ки дар некӣ аз онон пайравӣ карданд, Худованд аз онон розӣ шуд ва онон аз Ӯ розӣ шуданд ва барои онҳо биҳиштҳоеро фароҳам сохт ки ҷӯйборҳое аз зерашон ҷорӣ аст дар ҳоле ки ҳамеша ҷовидон дар он хоҳанд буд, он комёбии бузург аст>>, вале инсоф он аст ки исботи фазилат барои онон, мусталзими нафйи фазилат аз ояндагон нест (чун ба истилоҳ, исботи чизе нафйи мо адо намекунад ва табан аз фазоъили саҳоба лозим намеояд ки мусалмонони оянда фазоъиле надошта бошанд); Балки афзалияти онон бар ояндагонро исбот намекунад; Зеро мумкин аст гурӯҳе аз мусалмонони оянда ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро надиданд ва бо ин ҳол, итоъат карданд, аз онон афзал бошанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки итоъат аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бидуни дидани он Ҳазрат, душвортар аст (ва аз назари уқало касе ки кори хуби душвортареро анҷом медиҳанд, аз касе ки кори хуби осонтареро анҷом медиҳад, афзал аст). Бо ин ҳама, афзалияти мусалмонони нахустин бар ояндагон низ, дар сурате ки собит бошад, танҳо ба маънои бештар будани аҷри онон дар охират аст (чун ҳар кас кори хубтаре дар дунё анҷом бидиҳад аҷри бештаре дар охират дорад) ва лузуми пайравӣ онон бар ояндагонро исбот намекунад (чун аз ҳар касе ки кори хубтаре анҷом додааст наметавон итоъат кард); Чунонки Худованд фармудааст: «انْظُرْ كَيْفَ فَضَّلْنَا بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۚ وَلَلْآخِرَةُ أَكْبَرُ دَرَجَاتٍ وَأَكْبَرُ تَفْضِيلًا»;[5] <<Бингар ки чигуна бархӣ аз ононро бар бархӣ дигар фазилат додем ва бегумон охират дар дараҷа ва фазилат додан бузургтар аст>>! (Ин ояи шарифа далолат дорад ки фазилат дар назди Худованд, марбут ба охират мешавад ва фазилати мардум бар якдигар, фазилати ухравӣ аст ва маншаъи ҳуқуқ ва таколифе дар дунё нест. Ин баҳс дар бораи адами лузуми ақлӣ ва шаръӣ пайравӣ аз пешиниён буд.

Аммо баҳси дувум дар бораи ин аст ки пайравӣ аз пешиниён на танҳо зарурат надорад, балки чи басо мумкин ҳам нест. Устозунал Мансур дар баёни ин мавзӯъ таҳти унвони)

[Адами имкони пайравӣ аз пешиниён]

(мефармояд:) Аз инҷо (яъне мабоҳисе ки то инҷо гуфтем) дониста мешавад ки пайравӣ аз се насли нахустини Исломӣ (яъне саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин), асосе дар Ислом надорад ва бо ҳеҷ тақрире (чи ақлӣ ва чи шаръӣ), қобили тавҷи нест ва ин (ноҷойиз будан ва ғайри зарурӣ будани он) сирфи назар аз номумкин будани он дар воқеъ аст (аммо суъол ин аст ки ба чи далил пайравӣ аз пешиноён имкон надорад?! Устозунал Мансур мефармояд:); Чароки се насли нахустини Исломӣ, (як фард ва як гурӯҳи муттаҳид ва ҳамгун набуданд то пайравӣ аз онон мумкин бошад, балки) афрод ва гурӯҳои мухталиф бо гуфтаҳо ва кардаҳои мутазод буданд, то ҳадде ки гуфтаҳо ва кардаҳои якдигарро нодуруст медонистанд ва бар сари онҳо, бо ҳам меҷангиданд. Рӯшан аст ки бо ин васф, пайравӣ аз онон мумкин нест; Чароки пайравӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ аз онон (ба иқтизои адами имкони иҷтимоъи зиддайн, қобили ҷамъ бо пайравӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ дигар аз онон нест ва), ба маънои адами пайравӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ дигар аз онон аст ва ин корӣ мутаноқиз ва бемаъност (чун пайравӣ аз бархишон дақиқан ба маънои адами пайравӣ аз бархӣ дигар аст ва аз онҷо ки ҳамаи онон пешиниён шумурда мешаванд, пас пайравӣ аз пешиниён кори мутаноқиз ва бемаъност); Фориғ аз онки ин пайравии гузинишӣ аз онон (яъне пайравӣ аз бархӣ пешиниён на умуми онон) бидуни мураҷҷаҳи (ҷоиз нест ва мураҷҷаҳ ҳам мусалламан салиқаи пайравони онон нест, балки тарҷиҳоти ақлӣ ва шаръӣ аст. Бинобарин, пайравӣ аз бархӣ пешиниён, бидуни мураҷҷаҳи) ақлӣ ва шаръӣ (аз лиҳози назарӣ) ҷойиз нест ва (аз лиҳози амалӣ) ба ихтилоф миёни пасиниён меанҷомад (чун пайравони як гурӯҳ аз пешиниён бо пайравони як гурӯҳи дигар аз онон ба мунозиъа мепардозанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳеҷ мураҷҷаҳи ақлӣ ва шаръӣ барои ҳеҷ кадомашон вуҷуд надорад то битавонад дигариро қаноъат диҳад), дар ҳоле ки бо мураҷҷаҳи ақлӣ ва шаръӣ пайравӣ аз онон шуморида намешавад, балки дар воқеъ пайравӣ аз ақл ва шаръ аст (ва бо ин ҳисоб, наметавон гуфт ки пайравӣ аз бархӣ пешиниён бо мураҷҷаҳи ақлӣ ва шаръӣ ҷойиз аст; Чун он дигар пайрави аз бархӣ пешиниён маҳсуб намешавад). Аз ин рӯ, гӯё ба тозагӣ (яъне дар қарни охир) салафиён низ ба нодурустии рӯйкарди хеш (дар адвори гузашта) пай бурдаанд ва дар ҳоли дур шудан аз он (таъкиди зиёд бар рӯӣ мутобиқат бо гуфта ва кардаи салаф) ва бозсозии усули салафия ҳастанд (ва албатта тавре тазоҳур мекунанд ки гӯё ҳамеша ҳамин рӯйкардро доштаанд); Чароки онон, (дар мақоми назар ва гуфту гӯ) дигар монанди гузашта бар лузуми пайравӣ аз саҳоба, тобеъин ва атбои тобеъин, таъкид намекунанд (яъне адабёти худро тағир додаанд ва дигар намегӯянд ки мусалмонон бояд аз салаф табаъият кунанд), балки бар лузуми муроҷиъаи (мустақим) ба Қуръон ва суннати қатъи назар аз гфтоҳо ва кардаҳои саҳоби, тобеъин ва атбоъи тобеъин, пой мефишоранд, вале воқеъ он аст ки (ин сухан, шиъори беш нест ва) онон (ба сурати воқеъи) қодир ба ин кор нахоҳанд буд; Зеро пайрваӣ аз саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин, ҳар чанд ба сурати гузинишӣ (яъне пайравӣ аз бархӣ саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин, бо таваҷҷуҳ ба инки пайравӣ аз ҳамаи онон муҳол аст), дигар як кори ихтиёрӣ нест (то битавонанд баъд аз ҳазору сад сол, онро канор бигузоранд), бал коре аст ки (бо гӯшту пӯсти фарҳанги онон омехта шуда ва тору пуди ҷаҳонбинии ононро фаро гирифтааст ва дигар) хоста ё нохоста анҷом мешавад; Зеро ончи ба унвони суннат (дар фарҳанг ва ҷаҳонбинии онон), меъёри шинохти онон аз Ислом шумрда шуда (ва ҳатто ҷойгоҳӣ волотар аз Қуръон пайдо карда), навъан ривоётӣ заннӣ (яъне пароканда ва ғайри мутавотир) аст ки аз тариқи саҳоба, тобеъин, атбоъи тобеъин ва касоне (аз муҳаддисон) ки пас аз онҳо буданд, расида ва аз дастабандҳои сиёси ва мазҳабии онҳо (баъд аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва ҳаводиси қарнҳои нахустин (дар замони ҳукумати Умавиён ва Аббосиён), таъсир пазируфта ва табъан фоқиди асолат ва хулус лозим аст (яъне бахшӣ аз он аслан аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам содир нашуда ва бахшӣ аз он ки содир шуда, дар ин замони тӯлони тавассути ин наслҳои мухталифул аҳвоъ тағироти фаровоне карда ва каму зиёд шудааст. Ин воқеъияте аст ки бисёр мантиқӣ ва табиъӣ аст ва далоилу шавоҳиди фаровоне барои он вуҷуд дорад, балки аслан ғайри он маъқул ва қобили дарк нест, то ҷое ки метавон онро бадеҳи донист; Чароки ҳар кас ин ривоёти пароканда ва ғайри мутавотирро бо ин таъорузҳо ва таноқузҳошон мулоҳиза кунад ва аҳволи ровиёни онҳо дар тӯли ин ҳазору чаҳорсад солро бо ин вобастагиҳояшон ба ҳукуматҳо ва гурӯҳҳо ва мазоҳиби мухталиф дар назар бигирад, бидуни даранг тасдиқ мекунад ки инҳо наметавонанд ҳамагӣ аз Паёмбар содир шуда бошад ва бидуни дахлу тасарруф аз ноҳияи гузаштагон ба мо расида бошад ва бо ин васф, нохурсандӣ ва асабонияти бародарони салафиямон ин воқеъиятро тағйир намедиҳад). Бо ин васф, гӯйӣ барои бозгашт ба Қуръон ва суннат (бидуни асарпазирӣ аз пешиниён), дер шудааст ва салафиён, дар сохтори кунунӣ (ки мубтанӣ бар ривоёт аст), роҳе ҷуз пайравӣ аз салаф, надоранд (чун салаф, ровии ҳадис аст ва ҳадис, мабнои сохтори кунунӣ аст); Магар онки сохтори кунунӣ ки мубтанӣ бар занниёт астро бишикананд ва (бо қабули даъвати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ) сохтори дигареро ҷойгузини он созанд ки мубтани бар яқиниёт (яъне китоби Худованд ва халифаи Ӯ дар замин) бошад ва ин роҳи бозгашт ба Ислом аст (ва ҳамон чизе аст ки устозунал Мансур мусалмонони ҷаҳонро ба сӯӣ он фаро мехонад ва барои он мубориза мекунад); Чароки Ислом, (чун дар ақойиди худ ва чи дар аҳкоми худ) мубтанӣ бар яқин аст ва ҳар чизе ки ба яқин намерасонад (монанди хабари воҳид), ҷойе дар Ислом надорад ва ин ба манзалаи қоъидаи ом ва ғайри қобили тахсис аст. (Бубинед чигуна ин шахсияти бузург, Исломи ҳақиқиро ба ҷаҳониён мешиносонад ва бо бидъатҳое ки беш аз ҳазор сол аст мусалмононро фаро гирифтааст мубориза мекунад! Ин қоъидаи бисёр муҳиме аст ки ҳар чи яқинӣ нест ё ба яқин намераснад, Исломи шумурда намешавад ва бидъат аст; Чароки Ислом мубтани бар яқин аст ва ғайри яқиниро кофӣ намедонад ва ин рамзи <<Бозгашт ба Ислом>> ва роҳи наҷоти мусалмонон аст.

Худованд ин муъаллими бузург ки барои ҳидояти мусалмонон зоҳир сохтаастро барои онҳо ҳифз кунад ва шарри душманонашро ки душманони Ислом ва Қуръонанд аз ӯ дур бифармояд ва даъваташро ба пирӯзӣ бирасонад то заминаи иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон фароҳам шавад, ҳар чанд кофирон ва мунофиқон дӯст намедоранд.

و السّلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Юнус/36.

↑[2] . Марям/59.

↑[3] . Тавба/119.

↑[4] . Тавба/100.

↑[5] . Исроъ/21.

Барои шунидани савти дарси шонздаҳум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.