Панҷшанбе 21 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 1 муҳаррам 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси дувоздаҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Ҷаҳл (2)

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Пас аз онки устозунал Мансур вуҷуби талаби илм бар ҳар мусалмонеро бо такя бар иқтизоъоти ақлӣ ва далоили қатъии Қуръонӣ ва суннати исбот фармуд ва аз адами кифояти занн барои шинохти ақойид ва аҳкоми исломи парда бардошт, ҷаҳлро маншаъи ҳамаи мушкилоти мусалмонон дар ҳами ҳавзаҳои фардӣ ва иҷтимоъӣ мешуморад ва ба тбйини абъоди он дар миёни онон мепардозад ва таҳти унвони)

[Ҷаҳл; Маншаъи мушкилоти мусалмонон]

(Мефармояд:) Ҳеҷ шаке нест (чун машҳуд ва маҳсус аст) ки мушкилоти (моддӣ ва маънавӣ ва фардӣ ва иҷтимоъии) мусалмонон, пеш аз ҳар чиз (чун ҷанбаи пешинӣ ва илли дорад) ба сабаби ҷаҳл аст ки ононро фарогирифтааст; Чароки онон (бар мабнои истиқроъ) аз се ҷиҳат, дар муҳосираи ҷаҳолатанд: (Таъбир ба муҳосира мефармояд то маълум шавад ки дар ҳолоти махмаса ҳастанд ва раҳоӣ барои онон душвор аст ва агар зудтар раҳоӣ наёбанд ҳалок мешаванд. Ҷиҳати якум ки муҳимтарин ҷиҳат аст ва меҳвари ду ҷиҳати дигар маҳсуб мешавад)

[Ҷаҳли ба Ислом]

(Ба маънои но ошиноӣ бо ақойиди ҳақиқӣ ва аҳкоми воқеъии он аст. Лизо мефармояд:) Аз як ҷиҳат, онон (навъан) Исломро (он тавр ки ҳаст, бар канор аз бидъатҳо ва бардоштҳои бепоя) намешиносанд ва барои шинохти он кӯшиш намеварзанд (бо таваҷҷуҳ ба инки шинохти он, ба кӯшиши илмӣ ва таҳқиқотӣ ниёз дорад); Балки кӯшиши онон (пеш аз шинохти Ислом ва беш аз он) масруфи ба (таҳсили) дунёст ва шинохти (маҳдуд ва нокофии мутаъаллимни) онон (низ) мубтанӣ бар тақлид аст (бинобарин, устозунал Мансур ҷоҳилони ба Исломро ба ду гурӯҳ тақсим мефармояд: Гурӯҳе ки ба сабаби иштиғол ба дунё аслан дар пайи шинохти Ислом нестанд ва онҳо оммаи мардуманд ки ҳаммӣ ҷуз хӯрдан ва хобидан ва никоҳ кардан ва вақт гузаронидан надоранд ва гурӯҳӣ дигар ки дар пайи шинохти Ислом ҳастанд вале шинохташон аз он мубтанӣ бар равишҳо ва роҳкорҳои заннӣ монанди тақлид аст ва онҳо хосси мардуманд ки дар мадорис ва донишгоҳҳои динӣ машғули дарс ва баҳс бар пояи зунун ва тақолид ҳастанд.); Чунонки Худованд фармудааст: «مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلَّا اتِّبَاعَ الظَّنِّ ۚ»;[1] <<Ононро ба он илме нест магар пайравӣ аз занн>>! (Ҷудои аз касоне ки аслан дар пайи илми ба Ислом нестанд ва касоне ки дар пайи илми ба он аз тариқи заннӣ ҳастанд) Ҳатто касоне аз онон ки (амалгаро ҳастанд ва таҳти унвони мухталифе монанди таблиғ ё ҷиҳод, ба заъми худ) барои Ислом дар кӯшишанд ва нияте ҷуз хидмат ба он надоранд, ғолибан онро аз рӯӣ ақл (яъне мабонии маъқул ва яқинӣ) намешиносанд ва ҷуз авотиф (ва эҳсосоти гарми динӣ), мабное надоранд; То ҷойе ки бештари онон (яъне бештари ин амалгароён бе илм ва эҳсосотӣ) ба манзалаи гӯсфандонанд ки ба ҳар сӯ (тавассути чӯпон ё саги галла) ронда мешаванд, (бидуни идрок ва тамйиз) мераванд (ин ҳикояти сухани Худованд дарбораи касоне аст ки ақл доранд, вале аз он истифода намекунанд; Онҷо ки фармудааст: «أُولَٰئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ» (аъроф/179); <<Онон монанди чаҳорпоёнанд, балки онон гумроҳтаранд; Онон ҳама бехабаронанд>>)! Дар ҳоле ки ноогоҳишон (дарбораи Ислом), ноқизи ғаразашон (яъне хидмат ба он) аст ва бехабарияшон (аз ҳақоиқи он), ба зидди мақсудашон (аз кӯшиш барои он) меанҷомад (ба ин маъно ки онон мехоҳанд ба Ислом хидмат кунанд, вале чун онро дуруст нашинохтаанд, ба он зарба мезананд ва мехоҳанд онро иззат ва эътило бибахшанд, вале чун аз ақойид ва аҳкоми воқеъии он хабар надоранд, мояи ваҳн ва инҳитоти он мешаванд.); Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳубби Ислом пеш аз шинохти он, судманд нест (чун сирф эҳсосот аст ва муҷиби амали саҳиҳ ва муъассир намешавад) ва амал барои он пеш аз илми ба он, хатарнок аст (чун мумкин аст ба нақзи ғараз бианҷомад ва натиҷаи маъкус дошта бошад); Чароки муҳибби ҷоҳил, (ба иқтизои муҳибби будани худ) мехоҳад ба он суд расонад, вале (ба иқтизои ҷоҳил будани худ) зиён мерасонад ва омили ғофил, (ба иқтизои амалгаро будани худ) мехоҳад ба он хидмат кунад, вале (ба иқтизои ғофил будани худ) хиёнат мекунад (монанди ҳамон қиссаи маъруфи хола хирса ки мехоҳад ба соҳиби маҳбуби худ хидмат кунад ва суд бирасонад, вале бинии уро ба хотири парондани як паша бо санг кӯбид!). Аз ин рӯ, шинохти Ислом бар ҳубби он тақаддум дорад (яъне аввал бояд исломро шинохт ва баъд бояд онро дӯст дошт) ва илми ба он пеш аз амал барои он, зарурӣ аст (яъне аввал бояд илми ба Исломро таҳсил кард ва баъд роҳ афтод ба майдон ва зад ва канд ва кушт ва мурд!); Вале ба назар мерасад ки бештари мусалмонон, дар ҳоле Исломро дӯст медоранд ки онро (ба дурустӣ) намешиносанд ва дар ҳоле барои он амал мекунанд ки ба он илмӣ (кофӣ) надоранд (бубинед читавр ин олими муслеҳ ва дилсӯз, аз як иштибоҳи бузург ва хатарнок дар миёни мусалмонон хабар медиҳад ва ононро ба сӯӣ маърифат пеш аз муҳаббат ва илми пеш аз амал даъват мекунад то аз рӯӣ ҷаҳолат худро ба куштан надиҳанд ва аз рӯӣ ғафлат дигаронро ба хоки сиёҳ нанишонанд!); Монанди касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: «وَمِنْهُمْ أُمِّيُّونَ لَا يَعْلَمُونَ الْكِتَابَ إِلَّا أَمَانِيَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ»;[2] <<Ва аз онон бесаводоне ҳастанд ки динро ҷуз орзуҳое намедонанд ва ҷуз занн коре анҷом намедиҳанд>>! (Яъне дар бораи китоби Худованд ба маънои дини Ӯ, илми ақлонӣ ва яқинӣ надоранд ва танҳо бар пояи орзуҳо ба маънои эҳсосот ва хиёлоти худ чизҳоеро аз он бардошт мекунанд ва бар пояи занн ба дурустии онҳо анҷом медиҳанд! Шумо бубинед ин гурӯҳҳо ва ҷамоъатҳои мухталиф дар ҷаҳони Исломро ки чи тавр ҳар як байрақеро боло овардаанд ва иддаеро ба гирди он ҷамъ кардаанд ва бо мухолифони худ меҷанганд ва хунҳоеро мерезанд ва занонеро бева ва кӯдаконеро ятим мекунанд, дар ҳоле ки ҳеҷ шинохти қатъӣ аз дин надоранд ва аз ҳеҷ ҳуҷҷати ақлӣ ва шаръӣ бархурдор нестанд ва танҳо аз як бардошти занни табаъият мекунанд. Чи андоза аҳмақона аст ки як инсон бар пояи бардошти шахсӣ ва заннии худаш, ин андоза худ ва дигаронро ба заҳмат бияндозад ва ин андоза вайронае дар замин ба ҳам бирасонад! Шумо ба ин ҷавонҳое ки имрӯз ҷазби Доъиш шудаанд нигоҳ кунед ки чи тавр аз хонаводаҳои худ буридаанд ва ранҷи сафарҳои қонуни ва ғайри қонуни ба Ироқ ва Шомро таҳаммул кардаанд ва ҷони худро дар маърази нобуди қарор додаанд ва дасти худро ба хуни мусалмонон ва ҳатки навомиси онҳо олудаанд то ба заъми худ фаризаи ҷиҳодро иқома кунанд ва рӯъёи хилофати Исломиро таҳаққуқ бахшанд! Дар ҳоле ки бештари онон ё тоза мусалмононе ҳастанд ки ҳанӯз алифбои Исломиро наёмухтаанд ва ё ҷавонҳоӣ бесавод ва ноошно бо манобеъи Исломӣ ки танҳо таҳти таъсири мубалиғони мунофиқ ва хабиси ваҳобӣ қарор гирифтаанд ва ба водӣ кашонда шудаанд! Вонгоҳе бисёри аз инҳо ҳамон ҷавонҳое ҳастанд ки дирӯз ҷазби толибон ва ал-қоъида ва гурӯҳҳои дигар дар ҷаҳони Ислом шуда буданд ва имрӯз бо зуҳури доъиш, онҳоро раҳо кардаанд ва ба ин гурӯҳ пайвастаанд ва фардо ҳам агар фарзан гурӯҳе дигаре пайдо бишавад ки бештари аз доъиш, хуни мусалмононро бирезад ва моли ононро ғорат кунад, ба он мепайванданд! Ҳомиёни ҷоҳил ва пурҳарорати гурӯҳҳои дигар низ навъан ҳамин тавр ҳастанд ва ҳамаги ба дунболи чизе афтодаанд ки ба он илме надоранд. Ин мусибати узмойе аст ки хун ба дили Маҳдӣ карда ва оҳ аз ниҳоди Мансур баровардааст! Мо борҳо шоҳиди гиряҳои ин бузургвор ба ҳоли ин мусалмонони ҷоҳил ва пурангеза будаем, то ҳадде ки ҳамагӣ ба ҳамроҳи эшон ба гиря афтодаем! Эшон аз мушоҳидаи ин ҷавонҳои хайрхоҳ вале мунҳариф ки Исломро дӯст медоранд вале намешиносанд ва мехоҳанд ба он хидмат кунанд вале зарба мезананд, чи ғуссаҳое ки намехурад! Ба Худо қасам мо гоҳе барои ин бандаҳои солеҳи Худованд нигарон мешавем аз бас ки ҳолати ғам ва ҳасрат дар эшон мушоҳида мекунем! Бо худамон мегуйем ки ҳоли мавлоямон Маҳдӣ алайҳи салом чигуна аст?! Худоё! Ба фарёди мусалмонон бирас ва ин ҷавононро наҷот бидеҳ! Худоё! Ҷоҳилонро илм биёмӯз ва гмроҳонро ҳидоят кун! Ҷуз ту касе қодир нест ки ин умматро наҷот диҳад! Худоё! Ин умматро наҷот бидеҳ!

Аммо суъоле ки дар инҷо матраҳ мешавад он аст ки иллати ин ҷаҳли мусалмонон ба Ислом чи будааст? Устозунал Мансур ба ин суъол таҳти унвони)

[Асбоби ҷаҳли ба Ислом]

(Посух медиҳад ва мефармояд:) Ин ноошноӣ онон бо Исломи (ҳақиқӣ), мероси гузаштагони онон (аз садаҳои нахустини Исломи то садаи охир) аст ки аз асбоби гуногуне бархостааст (дар инҷо устозунал Мансур бо ҳолати комилан малмус ва корбурдӣ ба муҳимтарини ин асбоб ишора мекунад ва бо даркӣ амиқ аз хостгоҳҳои инҳирофи дар миёни мусалмонон мефармояд:); Монанди онки онон (дар мақоми илм) ба шинохти Ислом эҳтимоми кофӣ надоранд (ва барои таҳсили илми ба он талош намекунанд) ва (дар мақоми назар) аз вуҷуби он бар ҳар як аз онон (ба сурати айни) ғофиланд (ва таклифи худро ба гардани чанд нафари муҷтаҳид меандозанд ва бо ин кор, гардани он бадбахтиҳоро мешикананд ва худро ҳам саргардон месозанд!) ва монанди онки онон (аз лиҳози назарӣ) ақлро меъёри шинохт намедонанд ва (аз лиҳози амалӣ) ба мутобиқати бардоштҳои худ аз Ислом бо он, аҳмияте намедиҳанд (ба ин маъно ки номаъқул будани бардоштҳошон аз Ислом ба назарашон муҳим нест, модоме ки бо аҳвоъ ва авҳоми онон созугор аст), балки аз он (яъне аз ақл, ба сабаби носозгор будани аҳкомаш бо салойиқ ва алойиқашон) гурезонанд ва ба тарки он фахр мекунанд (чун тарки онро ба маънои таъаббуд ё илтизоми худ ба суннат мепиндоранд!) ва монмнди онки онон барои шинохти ақойиди Ислом, бо онки яқинӣ будани онҳо (бо таваҷҷуҳ ба адами кифояти занн дар ақоид) зарурӣ аст, ба ривоёти заннӣ истинод мекунанд (дар ҳоле ки ақойид мубтани бар ривоёти заннӣ, заннӣ ҳастанд), бал аз мазоҳиби мутакаллимоне (монанди Ашъарӣ ва ибни Таймия) табаъият мекунанд ки табаъият аз онон, асле дар Ислом надорад (чун Қуръон ва суннат онро ташриъ накардааст.) ва монанди онки онон барои шинохти аҳкоми (фиқҳии) Ислом, ба манобеи аслии он (яъне Қуръон ва суннат) руҷӯъи (мустақим) намекунанд, бал аз мазоҳиби фуқаҳое (монанди имомони чаҳоргонаи аҳли суннат ва мароҷеъи тақлиди шиъа) тақлид мекунанд ки далиле барои тақлид аз онҳо (дар ақл ва шаръ) нест, бал барои адами тақлид аз онҳо далил ҳаст (чароки ақл, тақлид аз ғайри маъсумро муҷиби занн медонад ва шаръ, заннро нокофӣ мешуморад; Чароки дар идома ба тафсил онро табйин мефармояд.) ва монмди онки онон барои шинохти ақойид ва аҳкоми Ислом, ба Қуръон камтар аз ривоёт таваҷҷуҳ доранд (ин рӯйкарди нодурусте аст ки дар миёни ҳамаи мусалмонон аз ҳамаи мазоҳиб каму беш вуҷуд дорад ва табъан аз чашми тезбини устозунал Мансур пинҳон намондааст, дар ҳоле ки Қуръон ҳаблиллоҳи акбар аст ва бидуни шак бар ривоёт тақаддум дорад ва набояд нисбат ба он кӯтоҳи дошт, вале мутаъассифона бештари мусалмонон нисбат ба он кӯтоҳи доранд ва ба ривоёт бештар аз он муроҷиъа ва истинод мекунанд), бал ба мухолифати як ақида ё ҳукм бо Қуръон, дар сурате ки ривояте барои он вуҷуд дошта башад, эътиное намекунанд (аз як сӯ ба хотири бадбинӣ ба Қуръон бо таваҷҷуҳ ба инки онро занниул далола ё ғайри қобили фаҳм барои худ медонанд ва аз сӯӣ дигар ба хотири хушбинӣ ба ривоёт бо таваҷҷуҳ ба инки онҳоро қатъиул далола ва саҳиҳ мепиндоранд), то ҷойе ки бархӣ ақойидашон бо Қуръон (комилан) зиддият дорад ва бархӣ аъмолашон (сад дар сад) нақизи он аст (гӯё ки наъузубиллоҳ қасди даҳон каҷҷӣ ва лаҷоҷат дар баробари онро доранд!), монанди ақойидашон ба дидани Худованд бо чашм (бо истинод ба зоҳири ривоёте ки онро дар охират мумкин ва ҳатми медонанд), дар ҳоле ки хилофи сариҳи Қуръон аст (чароки Қуръон сариҳан ва бо умумияте шомили дунё ва охират мефармояд: «لَا تُدْرِكُهُ الْأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الْأَبْصَارَ ۖ» [Анъом/103]; <<Чашмҳо Ӯро идрок намекунанд ва Ӯ чашмҳоро идрок мекунад>> ва мефармояд: «قَالَ رَبِّ أَرِنِي أَنْظُرْ إِلَيْكَ ۚ قَالَ لَنْ تَرَانِي» [Аъроф/143]; <<Гуфт Парвардигоро! Нишонам бидеҳ ки ба ту назар кунам! Фармуд: Ҳаргиз Манро нахоҳӣ дид>>! Вале ин ҷамоъат чун ба Қуръон эътинои камтаре доранд ва бештар саргаштаи ривоётанд, мӯътақиданд ки чашмҳо Худоро идрок мекунанд ва Ӯро хоҳанд дид! Ин як мисоли эътиқоди буд. Аммо устозунал Мансур чун ин рӯйкарди инҳирофии мусалмононро шомили ақойид ва аҳкоми Исломӣ донист, як мисоли фиқҳӣ ҳам мезанад ва мефармояд:) ва ҳукмашон ба вуқуъи се талоқ дар (як) маҷлис (ба ин маъно ки мард метавонад зани худро дар як маҷлис, се талоқа бикунад бидуни инки байни онҳо иддае бошад!), дар ҳоле ки хилофи зоҳири Қуръон аст (чароки Қуръон бо ниҳояти зоҳир мефармояд: «إِذَا طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ وَأَحْصُوا الْعِدَّةَ ۖ» [Талоқ/1]; <<Ҳангоме ки занонро талоқ диҳед бо дар назар гирифтани иддаяшон талоқашон диҳед ва иддаяшонро нигоҳ доред>>; Ба ин маъно ки талоқи онҳо бидуни дар назар гирифтан ва нигоҳ доштани иддаяшон саҳиҳ нест) ва монанди онки онон бархӣ кутуби ривоёти (монанди сиҳоҳи ситта ва ба сурати хос Бухорӣ ва Муслим) ро саҳиҳ мешуморанд (ба ин тартиб ки иддаъо мекунанд ҳамаи ончи дар он ҳаст саҳиҳ ва мӯътабар аст), балки бо Қуръон муқоиса мекунанд (ба ин тартиб ки масалан мегӯянд саҳиҳ Бухорӣ саҳиҳитарин китоб пас аз Қуръон аст ё монанди бархӣ суфаҳоъи мутаъассиб ва ҷасур мегӯянд ки ҳар кас саҳиҳ Бухориро китоби Аллоҳ биномад дуруғ нагуфтааст! Дар ҳоле ки ин сухан куфр аст!) ва (ба илова, ин китобҳоро) муҳимтарин мабнои шинохти Ислом мепиндоранд (ба ин тартиб ки Исломро бар пояи Бухорӣ ва Муслим мешиносанд), дар ҳоле ки (ин китобҳо бо як нигоҳи нақодона ва бетараф) сиҳати беш аз кутуби дигар (ҳадиси ва ҳам асри худ) надоранд, балки чи басо аз бархӣ кутуби дигар (монанди муснади Аҳмад ибни Ҳанбал ё пеш аз он Алмусанафи Абдулразоқ ибни Ҳамом ки рӯйкардҳои мӯътадилтар ва маъқултаре нисбат ба Бухорӣ ва Муслим доштанд), заифтаранд ва дар миёни онҳо, ривоёти заъиф ва сохтагӣ аст (ки дар бахши дигаре аз китоб ба бархӣ аз ин ривоёт ишора мефармояд), монанди китоби мавсум ба саҳиҳи Бухорӣ ки (алҳақ вал инсоф ба буте барои мусалмонон табдил шуда ва дарбораи он ниҳоят ғулув ва таъассуб анҷом шуда ва бештар аз Қуръон бар рӯӣ ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи мусалмонон таъсир гузошта, дар ҳоле ки) заъфи бисёрӣ аз ривоёти он ҳтто бино бар мабнои аҳли ҳадис (ки сиҳҳати ривояти ровиёни сиқа ва ҳофиз будани ғаробат ва накорат аст) возеҳ аст (чун ривоёти фаровоне дар он тавассути ровиёни сиқа ва ҳофиз ривоят нашуда ва шадидан ғариб ва мункар аст), то ҷойе ки инкори он, чизе ҷуз инкори маҳсус нест (бо тавҷҷуҳ ба инки бархӣ аз ровиёни ин ривоётро худи Бухорӣ ва Муслим тавсиқ накардаанд ва бархӣ дигарро бештари аҳли ҳадис муттаҳам ба анвоъи бидъат ва инҳироф кардаанд) ва монанди онки онон бархӣ ривоёти саҳиҳро (бо онки бар мабнои худашон саҳиҳ ҳастанд) нодида мегиранд ва бархӣ ривоёти саҳиҳро (ба дуруғ ва аз рӯӣ таъассуб) заъиф мешуморанд, ба далили инки бо мазҳаби онон мувофиқ нест, агар чи бо Қуръон ва ақл мувофиқ аст (ва милоки сиҳати ҳадис, мувофиқ бо Қуръон ва ақл аст на мувофиқ бо мазҳаби онон), монанди ривоётӣ (маъруф ба сақалайн) дар бораи лузуми тамассук ба аҳли байт (дар канори китоби Аллоҳ ки инҳо ё онҳоро ба дурғ ва аз рӯӣ таъассуб заъиф мешуморанд ва ё ба сиҳҳати онҳо эътироф мекунанд вале маъно ва далолати онҳоро нодида мегиранд), дар ҳоле ки бархӣ ривоёти заъифро (ба дурғ ва аз рӯӣ таъассуб) саҳиҳ мешуморанд, балки бархӣ ривоёти маҷъул (яъне бофта ва сохтагӣ) ро мепазиранд, ба далили инки бо ороъи (мазҳабӣ ва сиёсии) онон мувофиқ аст, агар чи бо Қуръон ва ақл мувофиқ нест, монанди ривоёте дар бораи лузуми итоъат аз ҳукоми ҷоъир (ки мегӯянд итоъат аз ҳокимони ситамгар ва фосиқ воҷиб аст ва бояд байъати онҳоро пос дошт ва набояд онҳоро ба сабаби ситам ва фисқашон барканор кард) ва монанди онки аз назар кардан дар торихи Мслом (ва мутолеаъи манобеъи мӯтабар ва дасти аввали он) мепарҳезанд ва якдигарро боз медоранд (ва мегуянд ки мутолеаъи торихи Ислом аз рӯӣ ин мабноъи мӯътабар ва дасти аввал шойиста нест), балки бархӣ вақояъи он (дар садри Ислом ва хусусан садаи аввали ҳиҷри) ро (ки ба ихтилофоти саҳоба ва инҳирофоти онҳо аз хатти Ислом марбут мешавад) пинҳон мекунанд (ба ин тартиб ки ба мардум намегӯянд) ё аз рӯӣ амд таҳриф менамоянд (ба ин тартиб ки ё аз чопи ҷадиди китобҳои мӯътабар ва дасти аввал ҳазф мекунанд ва ё китобҳои ҷадиде барои тавҷиҳ ва таъавил ва таҳрифи онҳо таълиф мекунанд ки мардум саргарм бишаванд ва ба онҳо муроҷиъа накунанд), то мабодо огоҳӣ аз он (вақойеъ ва ҳаводиси садри Ислом) гумроҳ шаванд, дар ҳоле ки ҷуз бо огоҳи аз он, ҳидоят намеёбанд (чароки ба таври табиъӣ, адами огоҳӣ мардум боъиси гумроҳии онон мешавад на огоҳӣ онон ва огоҳӣ аз вақойеъ ва ҳаводиси садри Ислом барои огоҳӣ аз решаҳо ва хостгоҳои вақойеъ ва ҳаводиси имрӯзӣ, зарурӣ аст) ва монанди онки онон ҷуз ба кутуби (мазҳабӣ) худ, муроҷиъае надоранд ва ба кутуби мусалмонони мухолифи худ (аз сойири мазоҳиб), назаре намеандозанд, балки аз шунидани ақвол (яъне назароти) мухолифон мепарҳезанд ва аз донистани далилашон (барои ин назарот) меҳаросанд, то мабодо бо огоҳӣ аз он, гумроҳ шаванд ё (дар ҳақиқат) аз гумроҳи худ, огоҳӣ ёбанд (бубинед чигуна устозунал Мансур монанди як равонков ва равоншиноси моҳир, аъмоқи инҳирофоти мусалмононро мешикофад ва ангезаҳои пинҳони онҳоро бармало мекунад! Мефармояд инҳо дар зоҳир меҳаросанд ки бо огоҳи аз назарот ва далоили дигарон гумроҳ шаванд, вале дар ҳақиқат метарсанд аз гумроҳии худ огоҳ шаванд) ва ин ба далили шакке аст ки дар он фуру рафтаанд (як шакки торик ва амиқ дар нохудогоҳи онон ки дар қалби ҳамаи пайравони занниёт вуҷуд дорад!); Монанди касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: «بَلْ هُمْ فِي شَكٍّ يَلْعَبُونَ»;[3] <<Балки онон дар шакке бозӣ мекунанд>>! (Ин муҳимтарин авомил ва хостгоҳҳои ҷаҳли ба Ислом буда ки ин олими раббони ба илҳоми Худованд баён фармуд. Аммо суъол ин аст ки табаъоти ин ҷаҳли ба Ислом барои мусалмонон чи будааст? Дар посух ба ин суъол, таҳти унвони)

[Табаъоти ҷаҳли ба Ислом]

(Мефармояд:) Натиҷаи ин рӯйкарди (ҷоҳилона) он аст ки ақойиди Ислом, чаппа шуда ва аҳкоми он, воруна (яъне зеру рӯ) гардидааст (ва ин мунтаҳои залолат ва шақоват аст; Чун залолат ва шақовати бештар аз ин қобили тасаввур нест). Ширки рӯшан (монанди эътиқод ба ҷиҳат ва ҳаракат ва аҷзоъи ҳақиқӣ барои Худованд), тавҳид пиндошта шуда (ва мӯътақидони ба он, худро муваҳҳидун меноманд ва дигаронро мушрик мешуморанд) ва бидъати мусаллам (дар аҳкоми Ислом), суннат ба шумор рафтааст (чунонки намунаҳояшро дар бахшҳойе аз ин китоб зикр мефармояд)! Ҳалоли баййин (яъне равшан ва қатъӣ), ҳаром муъаррифӣ шуда ва ҳароми баййин, ҳалол ном гирифтааст (намунаҳои он фаровон аст ва устозунал Мансур дар мабҳаси китоби Худованд ва мабоҳиси фиқҳии ин китоб ба бархӣ аз онҳо ишора мефармояд)! Касоне ки ба таври ҳатм кофиранд, мусалмон шуморида шудаанд ва касоне ки ба таври ҳатм мусалмонанд, кофир ба шумор рафтаанд! (Дар инки муроди ин бузургвор аз ин ду гурӯҳ чи касоне ҳастанд, эҳтимолоте вуҷуд дорад, вале қавитарин эҳтимол аз гурӯҳи нахуст Оли Саъуд ҳастанд; Чароки ин бузургвор сароҳатан ононро дар бахше аз китоб кофир мешуморад ва қавитарин эҳтимло аз гурӯҳи дувум шиъаён ҳастанд ки тавассути Оли Саъуд такфир мешаванд, вале ба таври ҳатм мусалмонанд.) Ботил, ниқоби ҳақ бар чеҳра зада (ин ҳамон нифоқе аст ки дар идома ба тафсил дарбораи он сухан мегуяд) ва ҳақ, дар пардаи ботил фуру рафтааст! (Он ҳамин шабоҳате аст ки даъвати Исломии эшонро фаро гирифта ва онро дар назари бисёри аз мусалмонон ботил ҷилва додааст! Амон аз он нифоқ ва амон аз ин шубаҳоте ки шинохтро барои мусалмонон ба ғоят душвор кардааст!) Ҳар рӯз дар ҷойе фирқае зуҳур мекунад (<<Зуҳур>> ро барои <<Рӯз>> зикр фармуда чун рӯшан аст ва боиси зуҳури ашё мешаванд ва мурод аз <<Ҳар рӯз>>, метавонад ҳақиқат бошад ва метавонад муҷоз ба маънои таволӣ ва истимрор) ва ҳар шаб дар гӯшае мазҳаб падид меояд! (барои <<Шаб>> дигар аз <<Зуҳур>> истифода нафармуда, балки аз <<Падид омадан>> истифода фармуда; Чароки шаб фоқиди рӯшаноӣ аст ва боъиси зуҳури ашё намешавад; Чунонки фармудааст <<Дар гӯшае>> то пинҳон будани онро бирасонад. Ин андоза таъобири ин бузургвор ҳатто дар маҷозот дақиқ аст; Чароки инсонӣ ҳаким ва ақлӣ феълият ёфтааст ва муродашон аз фирқаҳо ва мазоҳиб, ҳамин ҷараёнҳои мухталиф ва иддаъаоҳои гуногун аст ки ҳар рӯз ва ҳар шаб аз ҷойе ва гӯшае сар бар меоваранд ва байрақе алам мекунанд ва аз фарти касрат, ба эҳсо дар намеоянд! Кор ба ҷойе расидааст ки дар ҳар маҳаллае пире ва муроде дар ҳар ноҳия имоме ва Худойе аст! Яке худро Маҳдӣ номида ва дигаре худро фиристодаи Маҳдӣ! Яке худро фарзанди Маҳдӣ пиндошта ва дигаре худро бародарзани Маҳдӣ! Шояд иддае ҳам бошанд ки худро аму ва дойи ва соири бастагони Маҳдӣ шумурда бошанд ва мо ҳанӯз тавфиқи ошнои бо ононро пайдо накарда бошем! Замонаи бисёр баде шудааст! Беҳуда нест ки вақте устозунал Мансур, ин олими бузург ва беиддаъо, бо ин матонат ва истеҳкоми илмӣ, даъвати маъқули худ ба сӯӣ Исломи комил ва холис бар пояи китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбарашро оғоз кард, бархӣ аз мардуми аҷул ва бадгумон, пиндоштаанд ки як муддаъии дигар пайдо шудааст! Ҳамон тавре ки эҳтимолан баъд аз зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом ҳам чунин пиндореро дарбораи он ҳазрат хоҳанд дошт! Дар ҳоле ки шаъни ин нодираи даврони аҷулли аз он аст ки дар радифи ин аблаҳон қарор дода шавад ва касоне ки ин бузургворро дар радифи инон қарор медиҳанд, рӯӣ беинсофонро сафед кардаанд ва зулмро ба ғоят расондаанд! Чигуна ин инсони комил бо ин улуми Илоҳӣ ва Муҳаммадӣ ки мӯйро аз миён мешикофад ва калимаеро дар ғайри ҷои худ ба кор намебарад ва ақлониятро ба ниҳоят мерасонад ва мутлақан дарбораи худ чизе намегӯяд, муттаҳам ба иддаъои дуруғин шуда ва дар канори сафҳое қарор гирад ки ҷуз суханони бекора дар бораи Ислом ва ағроқ ва тамаллуқ дар бораи худ, чизе намегӯяд ва наменависад?! Оё ин қазоват саҳиҳ ва одилона аст?! Дар ҳоле ки Худованд борҳо дар китоби худ фармудааст ки олим бо ҷоҳил баробар нест ва нур бо зулмат яксон шумурда намешавад ва бино дар радифи кӯр қарор намегирад ва таъкид фармудааст ки мунсифона қазоват кунед! Эй беинсофҳо! Чаро ба ин марди бузург иҳонат мекунед?! Чаро ба ӯ дурӯғ мебандед ва тӯҳмат мезанед?! Чаро ӯро дар радифи касоне қарор медиҳанд ки дар радифи онҳо нест ва соҳати андеша ва гуфтумонаш аз ташоба ба онҳо муназзаҳ аст?! Магар намебинед ки ӯ як калима бар хилофи Қуръон ва суннати қатъӣ сухан намегӯяд ва як қадам аз ақлоният фосила намегирад?! Биёваред он сухани ӯро ки бар хилофи Қуръон ва суннати қатъӣ аст ва нишон бидиҳед он мавзуъи ӯро ки як қадам аз ақлоният фосила дорад! Магар намешунавед ки ӯ танҳо ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад ва ҳеҷ иддаъое дар бораи худаш надорад?! Ба Худо қасам ӯ ниёзе ба иддаъо надорад ва мақоми машҳудаш волотар аз он аст ки асмоъ ва ановин, онро боло ва пойин кунад! Ӯ лақабҳоро зебо мекунад на лақабҳо ӯро! Мансур, тарҷумони нусрати Маҳдӣ аст ва таҷаллии олами ҳақойиқ аст ки эътиборотро ба он роҳе нест. Ин ӯст ки ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ айният бахшида ва заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ бо ӯ маъно пайдо кардааст. <<Мансури Ҳошимии Хуросонӣ>> танҳо номи ӯ нест, бал тафсирӣ нафсул амрӣ дорад ки аз вуҷуди айнии ӯ муштақ шудааст. Ӯ <<Мансур>> аст ба қоъидаи «إِنَّهُمْ لَهُمُ الْمَنْصُورُونَ» (Софот/172); Чароки ба насри Худованд қиём карда ва Худованд фармудааст: «إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ» (Муҳаммад/7). Ӯ <<Ҳошимӣ>> аст; Чароки талаби ҳаққи бани Ҳошим дар баробари Умавиён аст ва барои ҳукумати оли Муҳаммад заминасозӣ мекунад. Ӯ <<Хуросонӣ>> аст; Чароки аз иқлими Хуросон бархоста ва монанди офтоб аз шарқитарин сарзаминҳои Исломӣ тулуъ кардааст. Возеҳ аст ки ҳеҷ як аз ин ҳақоиқ, қобили такзиб нест ва касоне ки ин ҳақоиқро такзиб мекунанд, аҳмақ ё ситамкоранд; Чароки воқеъиёти айнӣ ва маҳсусро такзиб мекунанд. Инҳо вобастагони ҳамон фирқаҳо ва мазоҳиби сохтагӣ ва эътиборӣ ҳастанд ки то пеш аз зуҳури ҳақиқат зуҳур доштанд, вале акнун бо тулуъи офтоби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, худ ба худ дар ҳоли маҳв шудананд ва дар сакароти дардноки ин маҳв шудан, ба худ мепечанд ва нола мекунанд!

Ин аз табаъоти ҷаҳли ба Ислом дар каломи ин ҳақиқати айнӣ ва муҷассам аст ва аз табаъоти дигари он дар каломи ӯ ин аст ки) Илм (дар дарёфтҳо ва бардоштҳои мусалмонон), ҷойи худро ба занн дода ва ҳадс (ба яаънои ваҳм ки аз занн заъифтар аст), ҷойи қатъиро гирифтааст; Чунонки Худованд фармудааст: «إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ»;[4] <<Онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд ва ҷуз ҳадс коре анҷом намедиҳанд>>! Дар ҳоле ки занн (аз онҷо ки сабаби воҳид ва собит надорад), бо асбоби мухталиф ихтилоф меёбад ва ҳодс (аз онҷо ки ношӣ аз қувваи хиёли одамиён аст), ба теъдоди одамиён мутаъаддид аст ва ин (ихтилоф ва таъаддуд ба иқтизои табиъати худ) чизе ҷуз низоъро падид намеоварад; Ҳамчунонки (дар амал) чизе ҷуз низоъро падид наёвардааст ва (чунонки машҳуд аст) мусалмонон дар ҳар гӯша (аз ҷаҳони Ислом) машғули танозуанд (суннӣ шиаъро мезанад ва шиъа сунниро мезанад ва доъиш ҳар дуро мезанад ва ҳар як аз онҳо ҳам дар худ гурӯҳҳое доранд ки якдигарро мезананд! Худованд оқибати ҳамаи ин ҷоҳилони ба Исломи ҳақиқиро хайр қарор диҳад.

والسلام علیکم و رحمت الله و برکاته)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Нисоъ/157.

↑[2] . Бақара/78.

↑[3] . Духон/9.

↑[4] . Анъом/116.

Барои шунидани савти дарси дувоздаҳум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.