Душанбе 21 август 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси ёздаҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Ҷаҳл (1)

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Баҳсе ки то инҷо шуд нимаӣ аз муқаддамоти шинохти Ислом буд ки ба <<Меъёри шинохт>> марбут мешавад; Яъне чизе ки шинохти соири чизҳо бар пояи он анҷом мешавад ва гуфтем ки бинобар ифозоти устозунал Мансур, он чизе ҷуз <<Ақл>> нест ва муҳол аст ки чизе ҷуз ақл бошад; Чароки ғай аз ақл чизе дар одамӣ нест то василаи шинохти ӯ аз дунёи беруни бошад. Аммо баҳсе ки ҳоло матраҳ мешавад, ними дигар аз муқаддамоти шинохти Ислом аст ки ба <<Мавонеъи шинохт>> марбут мешавад ва баҳси бисёр бисёр муҳимме аст. Албатта ҳамаи мабоҳиси ин китоби шариф, бисёр бисёр муҳим аст, вале ин баҳс ҷаззобияти хоссе дорад ва иллаташ ҳам ин аст ки айнитар ва корбурдитар аст ва бо зиндагии так таки мо тамоси мустақимтаре дорад ва ба таъбири, достони талхи зиндагиҳои мо ва тасвире аз он рӯӣ нозебо ва буъди ҳайвонии мост; Чизҳойе ки дар мо ҳаст ва намегузорад ҳақро аз ботил ва ботилро аз ҳақ ташхис диҳем; Ҳиҷобҳои маърифат.

Устозунал Мансур ки дар ин китоби шариф, монанди табибӣ моҳир, мутаъаҳҳид ва дилсӯз, бемориҳои мусалмононро ташхис медиҳад ва решаёбӣ мекунад ва доруҳои муносибро таҷвиз менамояд, таҳти унвони)

Муқаддимаи дувум; Мавонеъи шинохт

(мефармояд:) Назар кардан (яъне илтифот ёфтан ва таваҷҷуҳ кардан) ба чизе ки қобилияти шинохтро дорад (монанди мавҷудоти моддӣ ва мавзуъоти дунявӣ ва аъмоли инсонӣ, на чизе ки зотан қобили шинохт нест, монанди кулли азамати Офаридагор ва вусъати офариниши Ӯ), ҳаргоҳ дар рӯшаноии (яъне бо истемоли) ақл сурат пазирад, муқтазии шинохти он чиз аст (яъне қоъидатан ва табиъатан шинохти он ҷизро иқтизо мекунад); Монанди назар кардан ба чизе ки қобилияти дида шуданро дорад (монанди ашёъи моддӣ ва дидашуданӣ) ва ҳаргоҳ дар рӯшаноии нур (ва на дар торикӣ) анҷом шавад, муқтазии дида шудани он чиз аст (ва ин қонуни табиъат маҳсуб мешавад. Диққат кунед ки устозунал Мансур ақлро ба нур ташбиҳ мекунад ва тақрибан дорои ҳамон аҳком ва аҳвол медонад ва ин мубтанӣ бар мисолҳои Худованд дар Қуръони карим аст ки Худро нури осмонҳо ва замин шумурда ва дар оёти мухталиф, имонро ва ҳидоятро ва Исломро ва руҳро ба нур ташбиҳ фармуда ва лизо устозунал Мансур ки тобеъи Қуръон ва улгуӣ зинда ва дар дастраси тамассук ба он аст, ақлро ба нур ташбиҳ мекунад). Бо ин ҳол, (ба ҳасби таҷриба ва мушоҳида) бисёр пеш меояд ки инсоне (аз сари ниёзмандии табиъӣ ба ҷазби хубӣ ва дафъи бадӣ) ба чизе (аз чизҳойе ки қобилияти мавсуф шудан ба хубӣ ва бадиро доранд) назар мекунад (яъне илтифот пайдо мекунад) то хубӣ ё бадии онро бишиносад (ва дар натиҷа битавонад хубиро ҷазб ва бадиро дафъ намояд), вале ба ғарази худ даст намеёбад (яъне мутаҳаййир мешавад ва наметавонад хубӣ ё бадии онро бишиносад) ва гоҳе ба зидди ғарази худ даст меёбад (ки мутаъассифона ғолибан ин тавр аст), ба ин маъно ки хубро бад ва бадро хуб мешиносад (ва ин мусибати узмост! Чун агар сирфан мутаҳаййир бишавад ва хубӣ ё бадии чизеро нашиносад, дар бораи он таваққуф мекунад ва таваққуфи беҳтар аз ҳаракат дар зидди ҷиҳати матовиб аст, аммо агар хубро бад ё бадро хуб бишиносад, он вақт аст ки гумроҳ ва бадбахт мешавад ва бо умеди бақо, ба сӯӣ фано гом бармедорад ва дақиқан ҳамон кореро анҷом медиҳад ки мехоҳад анҷом надиҳад ва дақиқан ба ҳамон оқибате дучор мешавад ки аз он гурезон аст!); Монанди касе ки Худованд дар бораи ӯ фармудааст: «أَ فَمَنْ زُيِّنَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ فَرَآهُ حَسَناً»;[1] <<Оё касе ки бадии амалаш барои ӯ ороста шудааст пас онро хуб мебинад>>! Иллати ин нокомӣ (дар найл ба мақсуд) ва иштибоҳи бузург (дар шинохти ҳақ ва ботил), вуҷуди авомилӣ (зеҳни ва маънавӣ) дар нафси одамӣ аст ки монеъ аз таҳққуқи шинахти (саҳиҳ ва комил) барои ӯ бо вуҷуди назар кардан мешаванд; Монанди пардаҳое ки (дар дунёи маҳсус) пеши чашми ӯ қарор гиранд ва ӯро аз дидани чизҳо (дар пеши рӯяш) боздоранд; Чунонки Худованд дар бораи кофирон фармудааст: «الَّذِينَ کَانَتْ أَعْيُنُهُمْ فِي غِطَاءٍ عَنْ ذِکْرِي وَ کَانُوا لاَ يَسْتَطِيعُونَ سَمْعاً»;[2] <<Касоне ки чашмҳояшон аз зикри Ман дар пардае буд ва тавоноии шуниданро надоштанд>> Ва низ фармудааст:«وَ جَعَلْنَا مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدّاً وَ مِنْ خَلْفِهِمْ سَدّاً فَأَغْشَيْنَاهُمْ فَهُمْ لاَ يُبْصِرُونَ‌»;[3] <<Ва Мо пеши рӯяшон садде ва пушти сарашон садде қарор додайем, пас ононро фуру пӯшонидайем, пас наметавонанд бубинанд>>! (Бубинед чи тавр таъбироти устозунал Мансур бо таъбироти Қуръони карим ҳамоҳанг аст!) Ин авомили шум (бо таваҷҷуҳ ба бадоқибат будани онҳо) ва хатарнок (бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли адами раҳойӣ аз онҳо), <<Мавонеъи шинохт>> (яъне чизҳое ки монеъ аз шинохт ҳастанд) номида мешаванд. Бинобарин, ақл агарчи (ба ҳасбаи зоти малакутӣ ва табиъати рӯшангари худ) муқтазии шинохт аст, (танҳо) ҳангоме ба шинохти (лозим) даст меёбад ки монеъӣ (зеҳнӣ ва равонӣ) бар сари роҳи он қарор надошта бошад ва ҳаргоҳ монеъӣ (зеҳнӣ ва равонӣ) бар сари роҳи он қарор дошта бошад (ҳамон тавр ки мутаъассифона дар аксари мардум ҳаст), қодир ба шинохт нест (ва ба як ақли нотавон ва бефоида табдил мешавад; Лизо мебинем ки як инсони гумроҳ ва бадбахт, сахифтарин ақида ва қабиҳтарин амали худро маъқул тасаввур мекунанд ва ҳатто ба назараш меояд ки бадеҳи аст! Дар ҳоле ки як инсони оқил ва бетараф вақте аз берун ба ақида ва амали ӯ таваҷҷуҳ пайдо мекунад, мутаъаҷҷиб ва мутаъассиф мешавад ки ин инсон чи тавр аз чунин ақидаи сахиф ва амали қабиҳе дифоъ мекунад?! Шумо бубинед инсонҳои гумроҳ ва бадбахтеро ки бо чи шур ва ҳарорате аз ғайри Худованд дифоъ мекунанд, дар ҳоле ки ҳукумати ғайри Худованд бо ҳеҷ тавҷиҳе, қобили дифоъ нест; Ё инсонҳои сафиҳ ва мунҳариферо ки бо чи эҳсосот ва авотифе аз як муддаии дурӯғгӯ ва ёвагӯ дифоъ мекунанд, дар ҳоле ки иддаъои ӯ қобили исботи уқалоӣ нест! Вақте ҳам ки насиҳатшон мекуни танҳо посухашон ба шумо тавҳин ва таҳмит ва суханони номарбут аст; Мисли инки мегуянд шумо аҳмақ ҳастед ки намефаҳмед! Ё ба куҷо ва куҷо васл ҳастед ва сӯъи ният доред! Ё чашми басират ва таҷрибаи ғайбӣ надоред! Як намунаи айниро нақл кунам ки мояи ибрат аст: Ба ҷавоне ки муриди яке аз муддаъиёни дуруғин буд гуфтам: Бо чи ҳуҷҷате ин мардро имоми худ медонӣ ва дар радифи халифаи Худованд қарор медиҳӣ ва бо ӯ байъат мекунӣ ва молу ҷону хонаводаатро ба пеши пояш мегузорӣ ва бо душманонаш меҷангӣ ва бо дӯстонаш дӯстӣ мекунӣ? Посух дод: Ба хотири як ривоят! Гуфтам: Ин ривоят ки мабнои ҳамаи ақида ва аъмоли ту ва дӯстонат шуда, аз як сӯ воҳид аст ва ровиёни он маҷҳуланд ва бо ин васф, ба сахтӣ боъиси занн мешавад ва аз сӯӣ дигар бар ин мард мутобиқати собите надорад ва иртиботаш бо ӯ қатъӣ нест ва бо ин васф, ақида ва аъмоли ту мубтани бар занне бар занн аст, дар ҳоле ки занн бар рӯӣ занн, зулумоте бар рӯӣ зулумот аст; Чароки занн дар Ислом ҳуҷҷат нест! Шумо гумон мекунед ки чи ҷавобе ба ман дод! Гуфт: Ин ривоят ва иртиботаш бо ин мард қатъӣ аст; Чароки ман дар хоб дидам! Гуфтам: Ба ин тартиб, бадтар шуд; Чароки ту занни севумро ба ду занни қаблии худ изофа кардӣ ва зулумоте бар рӯӣ зулумоте бар рӯӣ зулумот шуд! Бо таваҷҷуҳ ба инки таъбири хоб, қатъӣ нест ва заннӣ аст, магар инки тавассути маъсум анҷом бишавад; Монанди хобе ки Иброҳим дид ва худ таъбир кард ва хобе ки Юсуф дид ва Яъқуб таъбир кард ва хобе ки Расури Аллоҳ дид ва Худованд таъбир кард, на хобе ки Шамсӣ дид ва Суғрӣ таъбир кард!! Дидам ки хомӯш монд ва чизе намегӯяд! Гуфтам: Ҳоло читавр мехоҳӣ мардумро ба ақида ва амалат даъват кунӣ?! Бо хобат?! Гумон мекунед ки чи ҷавобе ба ман дод?! Гуфт: Ин дигар мушкили мардум аст! Мардум ҳам вазифа доранд ки хоб бубинанд!! Мутаваҷҷиҳ шудам ки ҷавонак сафиҳ аст ва намефаҳмад ки чи мегӯяд; Лизо дигар чизе нагуфтам ва барояш дуъо кардам! Инро аз боби мисол ҳикоят намудам то бубинед ки мавонеъи шинохт бо инсон чи мекунад ва ӯро то чи сатҳе аз гумроҳӣ ва бадбахтӣ партоб менамояд! Ин аст ки устозунал Мансур дар ин мабҳас аз китоби шариф, мавонеъи шинохтро муҳимтарин сабаби гумроҳӣ ва бадбахтии мусалмонон медонад ва аз ҳар як ба тафсил бар ҳазар медорад ва мефармояд:). Бо ин васф, шинохти (назарии) мавонеъи шинохт (ба сурати тафсилӣ) ва рафъи онҳо (дар мақоми амал), муқаддимаи шинохт (яъне пешниёзи он) маҳсуб мешавад ва ба табъи он, зарурӣ аст (яъне чун шинохт зарурӣ аст, муқаддимаи шинохт ҳам зарурат дорад; Чунонки аҳли усул гуфтаанд: <<Муқаддимаи воҷиб, воҷиб аст>>.

Пас аз ин тавзиҳи иҷмолӣ ва муқаддамотӣ, устозунал Мансур ба таъриф ва табйини муҳимтарин мавонеъи шинохт ба наҳви тавсилӣ мепардозад ва ҳафт монеъи умдаро ки ба таъбири зариф ва Қуръонии эшон, <<Дарвозаҳои ҳафтгонаи дӯзах>> анд ном мебарад ва мефармояд:).

Муҳимтарин мавонеъи шинохт (бо таваҷҷуҳ ба инки мавонеъи фаръии дигарӣ низ дар зейли онҳо вуҷуд доранд), ба қарори зеран:[4]

1. Ҷаҳл

Ҷаҳл, ба маънои фиқдони илм (ё ҳамон нодонӣ, беиттилоъӣ ва бесаводӣ), муҳимтарин монеъ, балки асли (яъне хостгоҳи) ҳамаи мавонеъи шинохт аст; Чароки нисбати он бо шинохт, монанди нисбати чизе бо зидди (ё ба истилоъи нақизи) худ аст ва ҳеҷ монеъӣ (барои шинохт) нест магар инки (ба наҳвӣ аз анҳоъ) аз он бархеста; Чунонки Худованд фармудааст: «كَذَٰلِكَ يَطْبَعُ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ»;[5] <<Ин гуна Худованд бар қалбҳои касоне мӯҳр мениҳад ки илм надоранд>>! (Бо таваҷҷуҳ ба инки мурод аз <<Қалб>> дар Қуръон, ин санавбаршакли дохили синаҳ нест, бал ҳамон ақл аст ки маншаъи идрокоти инсони аст ва бо ин васф, мӯҳр ниҳодини Худованд бар қалби ҷоҳилон, ба маънои салби куллӣ тавоноии шинхот аз ақли онон ба сабаби ҷаҳл аст. Аз инҷо дониста мешавад ки бартараф кардани ҷаҳл, зарурат дорад ва ин чизе аст ки устозунал Мансур, таҳти унвони)

[Зарурати илм ба мафоҳим (яъне куллиёт) ва масодиқи (яъне мавзуъоти айнии) онҳо]

(Табйин мекунад ва мефармояд:) Рӯшан аст ки ақл (ба унвони неруӣ шиносойӣ), барои онки маҷҳулеро бишиносад (ва ба маълум табдил кунад), ба маълумоте (муртабит бо он) ниёз дорад то бо таркиби (зеҳнии) онҳо бо ҳам, ба шинохти он (маҷҳул) даст ёбад; Ҳамчунонки барои шинохти ҳақ будани як чиз (мисли як ақида ё амал), ба шинохти ҳақ (ба таври куллӣ ва мафҳумӣ) аз як сӯ ва шинохти он чиз (ба таври ҷузъӣ ва мисдоқӣ) аз сӯӣ дигар ниёз дорад (яъне аввалан ниёз дорад ки бидонад ҳақ чист ва чи хусусиёте дар зоти худ дорад ва сониян ниёз дорад ки бидонад ин чизи берунӣ чист ва чи хусусиёте дар зоти худ дорад), то бо татбиқи (яъне муқойисаи) он ду бар ҳам, ҳақ будан ё набуданашро бишиносад (ба ин тартиб ки агар хусусиёти ин чизи берунӣ, бо хусусиёти ҳақ баробар буд, ҳақ аст ва агар хусусиёти ин чизи берунӣ, бо хусусиёти ҳақ тафовут дошт, ҳақ нест. Ин аст ки фармудаанд: <<إعرف الحقّ تعرف أهله>>; <<Ҳақро бишинос то аҳлашро бишиносӣ>> ва фармудаанд: <<لا یعرف الحقّ بالرجال و لکنّ الرجال یعرفون بالحقّ>>; <<Ҳақро бо ашхос шинохта намешавад, балки ашхос бо ҳақ шинохта мешаванд>>; Ба ин маъно ки шинохти мафҳум бар шинохти масодиқ муқаддам аст, ҳар чанд шинохти масодиқ ҳам бар пояи мафҳум зарурӣ аст). Аз инҷо дониста мешавад ки илм ба мафҳуми як чиз (мисли хусусиёти куллии муваҳҳид ва мушрик ё мусалмон ва кофир ё мӯъмин ва фосиқ ё монанди он), барои шинохти он кофӣ нест (бо таваҷҷуҳ ба инки чунин шинохте комилан интизоъӣ ва кулли аст ва ниёзҳои инсони дар зиндагияшро таъмин намекунад) ва илм ба масодиқи он (дар берун) низ зарурӣ аст (инро мефармояд то агар баъдан дар зейли таърифи куллӣ ҳар як аз мавонеъи шинохт, масодиқи берунии онро муъаррифи фармуд, касе эътироз накунад ва нагӯяд ки чи ниёзе ба зикри масодиқи берунӣ буд; Чароки куллӣ гӯйӣ кифоят намекунад ва бояд мисдоқи сухан гуфт.), дар ҳоле ки илм ба мисдоқи он, аз илм ба он душвортар аст; Чароки мисдоқи он (бар хилофи мафҳум), берун аз вуҷуди одамӣ (яъне дар дунёи воқеъӣ) аст ва шинохти чизе ки берун аз вуҷуди одамӣ (дар кӯчаю хиёбон ва донишгоҳу мадраса ва дунёи фарҳангию сиёсат ва иқтисод) аст, аз шинохти чизе ки дар вуҷуди одамӣ (ва зеҳни ӯ) аст, душвортар аст; Чунонки масалан шинохти ҳақ ва ботил аз ҳайси мафҳум, душвор нест ва бо кӯшиши зеҳн ҳосил мешавад (мисли шинохти адолат ва зулм ё рост ва дурӯғ ба таври мафҳумӣ ва куллӣ), вале шинохти онҳо аз ҳайси мисдоқ (инки чи касе адолат ва чи касе зулм мекунад ё чи касе рост ва чи касе дурӯғ мегуяд), душвор аст ва ҷуз бо кӯшиши ҷавореҳ (яъне истифода аз чашм ва гӯш ва забон ва даст ва пой барои пурсиш ва баррасӣ) ҳосил намешавад ва аз ин рӯ, мардум дар мисдоқи чизе ихтилоф мекунанд ки дар мафҳуми он ихтилофе надоранд (мисли инки ҳамаяшон мегӯянд дурӯғгӯ душмани Худост, вале ҳамашон дурӯғ мегуянд! Ё ҳамаяшон қабул доранд ки инҳироф аз Ислом бад аст, вале ҳар касе дигариро ба он муттаҳам мекунад!). Бо ин васф, фиқдони маълумоти лозим барои шинохти як чиз, чи аз ҳайси мафҳум ва чи аз ҳайси мисдоқ, монеъ аз шинохти он чиз аст ва таҳсили маълумоти лозим барои шинохти он, чи аз ҳайси мафҳум ва чи аз ҳайси мисдоқ, зарурӣ аст. (Барои таҳсили маълумоти лозим аз ҳайси мафҳумӣ, бояд дарс хонад ва мутолиъа кунад ва ба манобеъи дасти аввали Исломӣ муроҷиъа намуда ва барои таҳсили маълумоти лозим аз ҳайси мисдоқӣ, бояд чашм ва гӯшро боз кард ва андешмандони мухталифро дид ва андешмандҳошонро шунид ва бо баҳрагирӣ аз маълумоти лозими мафҳумӣ, онҳоро бо якдигар муқойиса кард. Ин аст ки гумроҳон ва бадбахтони ҷаҳон ду дастаанд: Яке бесаводон ва дигаре бехабарон. Ба ҳамин далил, касби огоҳиҳои мафҳумӣ ва мисдоқи дар ислом воҷиб дониста шуда ва ин чизе аст ки устозунал Мансур ба он таваҷҷуҳ медиҳад ва таҳти унвони)

[Вуҷуби талаби илм]

(мефармояд:) Ин чизе аст ки дар Ислом (яъне дар ривоёти мутавотири Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва хулафоъи ӯ) <<Талаби илм>> номида шуда ва бар ҳар мусалмоне (ба сурати айнӣ, на ба сурати кифойӣ) воҷиб ба шумор рафта (устозунал Мансур дар ҳомеши китоб, аз онҷо ки ҳеҷ иддаъойеро ҳар чанд возеҳ ва қобили қабул бошад, бидуни далил боқӣ намегузорад, барои исботи иддаъои худ ба ҳадиси машҳур ва мутавотир ишора мекунад ва мефармояд: <<Ба унвони мисол, нигоҳ кун ба: Ҳадиси «طَلَبُ الْعِلْمِ فَريضَةٌ عَلي کُلِّ مُسْلِم» [Талаби илм бар ҳар мусалмон фариза аст] дар: Сунани ибни Моҷа, ҷ 1, с 81; Насхаи Вакиъ ибни Ҷарроҳ, с 98; Муснади аби Яъло, ҷ 5, с 223; Ибни Салома, муснадул Шаҳоб, ҷ 1, с 135; Муснади абу Ҳанифа, с 24; Байҳақӣ, Шаъбул имон, ҷ 2, с 254; Табаронӣ, алмӯъҷамул авсат, ҷ 2, с 297 ва ҷ 4, с 245; Ҳамун, Алмӯъҷамул кабир, ҷ 10, с195; Ва барои огоҳи аз шӯҳрати он миёни мусалмонон, нигоҳ кун ба: Ҳокими Нешобурӣ, маърифати улумил ҳадис, с 92; Ибни абдул Бир, Ҷомеъул баёнил илми ва фазлиҳ, ҷ 1, с 7; Ва барои огоҳӣ аз тавотури он, нигоҳ кун ба: Каттонӣ, Назмул мутаносир минал ҳадиси мутавотир, с 35. Аз инҷо дониста мешавад ки устозунал Мансур аз як сӯ бар манобеъи ҳадисӣ қадим ва ҷадиди мусалмонон иҳотаи комил дорад ва аз сӯӣ дигар ин тавр нест ки ба ҳадис эътиное надошта бошад, балки ба ҳадиси мутавотир, мултафит ва мултазим аст ва ба он истинод ва истешҳод мекунад, ҳар чанд ба ҳадиси воҳид тамассук намеҷуяд то иддаъояш ба сабаби заннӣ будани ҳадиси воҳид, аз қуллаи яқини ба доманаи занни таназул пайдо накунад ва ин сирате аст ки дар ҳамаи ин китоб, балки ҳамаи зиндагии ин марди бузург сорӣ ва ҷорӣ аст ва аз ин рӯст ки сахтгиртарини мусалмонон ва касоне ки ташаддуди хосе дар бораи ақойид ва аъмол доранд ва ба содагӣ зери бори ҳеҷ ақида ва амале намераванд, дунболрави ин шахсият ҳастанд; Чароки мақсуди хешро дар назди ӯ меёбанд ва ҳамаи омузаҳо ва андешаҳои ӯро яқинӣ мебинанд. Ба унвони мисол, дар ҳамин як маврид шумо таваҷҷуҳ кунед ки ин олими бузург, иддаъои вуҷуби талаби илм бар ҳар мусалмонро бо далили ақлӣ исбот мекунад ва аз фарти диққати назар ва сахтгирӣ, як ҳадиси мутавотирро дар поварақӣ сирфан ба унвони як шоҳиди шаръӣ меоварад ва вақте мехоҳад ба мақоми исботи шаръӣ мунтақил шавад, ба муҳкамоти китоби Худованд руҷӯъ мекунад ва мефармояд:),[6] то ҷойе ки Худованди мутаъол фармудааст: «وَقُلْ رَبِّ زِدْنِي عِلْمًا»;[7] <<Ва бигӯ Парвардигоро! Бар илми ман биафзо!>>. (Ин ояи шарифа, аз онҷо ки амри муфрад ба талаби илм аз Худованд аст, бар вуҷуби талаби илм бар ҳар фарди мусалмон далолат дорад ва рӯшан аст ки Худованд илмро ба мусалмон аз тариқ ва асбоби ақлӣ ва шаръӣ ифоза мекунад ва бо ин васф, талаби илм аз он тариқ ва асбоби ақлӣ ва шаръӣ, бар ҳар мусалмоне воҷиб аст.) Бо ин ҳол (бо таваҷҷуҳ ба вузуҳи ақлӣ вуҷуби талаби илм бар ҳар мусалмон ва вуҷуди оёт ва ривоёти мутавотире монанди мавориди мазкур), ҷои таъаҷҷуб аст ки бисёрӣ аз мусалмонон (монанди пайравони мазоҳиби эътиқоди ва фиқҳӣ) дар вуҷуби он (ба сурати айнӣ) тардид доранд, балки бештари онон (бо таваҷҷуҳ ба муқаллид будани аксарашон) онро воҷиб намедонанд; Чароки ба фикри онон, таҳсили илм (дасти кам ба аҳкоми Ислом) бар гурӯҳе аз онон (ба сурати кифоӣ) воҷиб аст ва бо иқдоми онон (таҳти унвони уламо, муфтиён ва мароҷеъи тақлид), аз дигарон соқит мешавад ва барои дигарон кофӣ аст ки аз онон тақлид кунанд. Дар ҳоле ки таҳсили илм (ба ҳамаи Ислом аъам аз ақойид ва аҳкоми он), ба табаъи вуҷуби илм (ба ҳамаи Ислом аъам аз ақойид ва аҳкоми он) воҷиб аст (яъне илми яқини ба ақойид ва аҳкоми Исломӣ, барои ҳар мусалмоне зарури аст ва занн барои ҳеҷ мусалмоне кифоят намекунад ва бо ин васф, таҳсили илми яқини ба ақойид ва аҳкоми Ислом, бар ҳар мусалмоне воҷиб аст.) ва тақлид аз дигарон, муҷиби илми (яқинӣ) намешавад (чароки мутобиқи фатовии уламо, муфтиён ва мароҷеъи тақлид ва аҳкоми Исломи яқинӣ нест); Хоҳ аз гузаштагон бошад ва хоҳ аз ҳозирон (чароки дар ин замина, тафовуте миёни мурдагон ва зиндагон вуҷуд надорад; Бар хилофи таваҳуми гурӯҳе аз мусалмонон ки тақлид аз мурдагонро ҳаром, вале тақлид аз зиндагонро ҷойиз медонанд ва таваҳуми гурӯҳи дигар ки баракс, тақлид аз зиндагонро кофӣ намедонанд ва тақлид аз мурдагон яъне улами салафро воҷиб медонанд!). Аз ин рӯ, касоне ки муқаллиданд (монанди аксари мусалмонон), олим шуморида намешаванд (чун тақлид илм нест ва муҷиби илм намешавад) ва ин чизе аст ки дар он ихтилофе нест (яъне ҳамаи мусалмонон қабул доранд ки муқаллид, оммӣ маҳсуб мешавад ва олим маҳсуб намешавад). Бо ин васф (метавон гуфт ки), бештари мусалмонон (аз он ҷиҳат ки муқаллид ҳастанд) ҷоҳиланд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ يَجْهَلُونَ»;[8] <<Вале бештарашон ҷаҳолат меварзанд>>; (Таваҷҷуҳ дошта бошед ки ин қабил оёт, бар хилофи таваҳуми бархӣ, мунҳасир ба <<Мушрикон>> нест, балки замир <<Ҳам>> яъне <<Онҳо>> ба <<Мардум>> боз мегардад; Чунонки дар оёти дигари <<Алннос>> зикр шуда ва ин ба он маъност ки аксари мардум дар ҳар даврае нисбат ба олимони он давра ҷоҳил ҳастанд ва ҷоҳилони ҳар даврае дар аксариятанд. Бинобарин, истешҳодоти устозунал Мансур ба ин қабил оёт, бар хилофи таваҳуми бархӣ ҷоҳилон, истешҳод ба оёти марбут ба мушрикон барои исботи иддаъое дарбораи мусалмонон нест; Бал истешҳод ба оёти марбут ба мардум аст ки бо умуми худ шомили мусалмонон ҳам мешавад; Чунонки дар воқъе низ қобили мушоҳида ва маҳсус аст.) Чароки шинохтҳои онон (яъне аксари мусалмонон) тақлидӣ аст; Бал гурӯҳе аз онон ки (таҳти унвони олимон дар даҳаҳо ва садаҳои охир) ба таҳсили илм иқдом кардаанд низ ғолибан (дар арсаи ҳақиқат ва на эътибор) олим шуморида намешаванд; Чароки илмро бар мбнои тақлид аз пешиниён (монанди аъимаи фиқҳ ва ҳадиси садаҳои дувуму севуму ва чаҳоруму панҷум) таҳсил кардаанд (ва шадидан таҳти таъсири мазоҳиби фиқҳӣ ва ҳадисии онҳо ҳастанд), дар ҳоле ки илм бар мабнои тақлид ҳосил намешавад; Бо таваҷҷуҳ ба ин ки илм, яқинӣ аст ва тақлид, заннӣ аст ва яқинӣ бо заннӣ ҳосил намешавад (ба ин маъно ки натиҷаи яқини бо муқаддамоти заннӣ ба даст намеояд, балки бо муқаддамоти яқинӣ ба даст меояд); Чунонки Худованд фармудааст: «وَمَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ ۖ وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا»;[9] <<Ононро ба он илме нест; Онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, дар ҳоле ки занн чизеро аз ҳақ бениёз намегардонад>>! (Бинобарин, Худованд заннро аз илми бегона медонад ва барои шинохти ҳақ, нокофӣ мешуморад.) Бо ин васф, бештари мусалмонони (фъелӣ) ки аз инон (яъне аз шабеҳи олимони муқаллид) тақлид мекунанд, дар воқеъ аз касоне тақлид мекунанд ки худ муқаллиди дигаронанд ва ин чизе ҷуз таҳсили занн (ба ақойид ва аҳкоми Ислом) аз тариқӣ заннӣ (яъне занни шабеҳи олимони муқаллид ба мутобиқат фатвои гузаштагонашон бо ақойид ва аҳкоми Ислом) нест ки Худованд дар бораи монанди он фармудааст: «ظُلُمَاتٌ بَعْضُهَا فَوْقَ بَعْضٍ»;[10] <<Торикиҳое ки бархӣ бар рӯӣ бархӣ дигар аст>>! (Тавзиҳ онки дар инҷо ду занн бар рӯӣ ҳам анбошта шудааст: Яке занни муқаллидон ба дурустӣ фатвои шабеҳи олимони муқаллид ва дигари занн шабеҳи олимони муқаллид ба дурусӣ фатвои гузаштагонашон ки дунболарӯи онҳо ҳастанд ва ин занни дулоя, зулумоте бар рӯӣ зулумотӣ дигар аст; Чароки занн бо таваҷҷуҳ ба ҳуҷҷияташ дар Ислом, зулумот маҳсуб мешавад ва чизе ки нур маҳсуб мешавад, яқин аст.

والسلام علیکم و رحمت الله و برکاته)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Фотир/8.

↑[2] . Каҳф/101.

↑[3] . Ёсин/9.

↑[4] . Шояд битавон мавоне шинохтро ҳаф чиз донист; Чароки онҳо дарвозаҳои дӯзах ҳастанд ва Худованд фармудааст: «لَهَا سَبْعَةُ أَبْوَابٍ لِكُلِّ بَابٍ مِنْهُمْ جُزْءٌ مَقْسُومٌ» (Ҳаҷар/44); <<Барои дӯзах ҳафт дарвоза аст ки барои ҳар дарвозае дастаи аз мардум қисмат шудаанд>>!

↑[5] . Рум/59.

↑[6] . Ба унвони мисол, нигоҳ кун ба: Ҳадиси «طَلَبُ الْعِلْمِ فَريضَةٌ عَلي کُلِّ مُسْلِم» дар: Сунани ибни Моҷа, ҷ 1, с 81; Нусхату Вакий ибни Ҷарроҳ, с 98; Муснади Абӣ Яъло, ҷ 5, с 223; Ибни Саломаҳ, Муснади Шаҳоб, ҷ 1, с 135; Муснади Абу Ҳанифа, с 24; Байҳақӣ, Шаъбаул имон, ҷ 2, с 254; Табаронӣ, ал-Муъҷамул Авсат, ҷ 2, с 297 ва ҷ 4, с 245; Ҳамун, ал-Муъҷамул Кабир, ҷ 10, с 195; Ва барои огоҳӣ аз шӯҳрати он миёни мусалмонон, нигоҳ кун ба: Ҳокими Нешобурӣ, Маърифат улумул ҳадис, с 92; Ибни Абдулбир, Ҷомеъул баёнил илми ва фазлеҳ, ҷ 1, с 7; Ва барои огоҳӣ аз тавотури он, нигоҳ кун ба: Каттонӣ, Назмул мутаносир минал ҳадисул мутавотир, с 35.

↑[7] . Тоҳо/114.

↑[8] . Анъом/111.

↑[9] . Наҷм/28.

↑[10] . Нур/40.

Барои шунидани савти дарси ёздаҳум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.