Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси даҳум
Мавзӯъ:

Тафовути ақл бо фалсафа; Мабнои ҳусн ва қубҳ

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Пас аз онки устозунал Мансур меъёри шинохтро <<Ақл>> донист ва шаръро машмули он шумурд ва мусалмононро ба сӯи <<Ақлоният>> даъват кард, ба дафъи ду шубҳа мепардозад. Шубҳаи нахустин он аст ки оё мурод аз ақл, ҳамон <<Фалсафа>> аст? Бо таваҷҷуҳ ба инки фалсафа як илми ақлӣ аст ки ба шинохти вуҷудот бар пояи ақл мепардозад ва бархи аз мусалмонон, чи аз ақлгароён ва чи аз ақлситезон, мепиндоранд ки ақл баробар бо фалсафа аст ва ақлоният ба маънои тафаккури фалсафӣ аст. Ҷавобе ки устозунал Мансур ба ин шубҳа медиҳад он аст ки мурод аз ақл, фалсафа нест ва миёни ақл ва фалсафа тафовут вуҷуд дорад. Ин тафовут аз назари ин ҳакими Илоҳӣ, бо як таъбир <<Умум ва хусуси мутлақ>> аст; Ба ин маъно ки ақл, мутлақан аъамми аз фалсафа аст, ё ба таъбири дақиқтар, оқил мутлақан аъамми аз файласуф аст ва фалсафа танҳо маҳсуле аз ақл шумурда мешавад, ҳамон тавр ки масалан риёзиёт ва пизишкӣ, маҳсулоте аз ақл ҳастанд. Бо ин васф, барои оқил будан ниёзе ба файласуф будан нест, ҳамон тавре ки ниёзе ба риёзидон будан ё табиб будан нест. Устозунал Мансур барои табйини ин нуктаи муҳим, таҳти унвони)

Тафовути ақл бо фалсафа

(мефармояд:) Нуқтае ки дар инҷо (яъне баъд аз муъаррифии ақл ба унвони меъёри зарурӣ, воҳид ва бадеҳии шинохт) бояд гуфт (то касе дар бораи он дучори сӯъи бардошт ва иштибоҳ нашавад) ин аст ки бархӣ (монанди салафиҳои суннӣ ва ахбориҳои шиъа) мепиндоранд мурод аз ақл (онҷо ки меъёри шинохт шумурда мешавад), фалсафа (ба маънои як илми хосси ақлӣ мутаъаллиқ ба амсоли ибни Сино) аст ва аз ин рӯ (бо таваҷҷуҳ ба кароҳаташон аз ин илми хос ва амсоли ибни Сино), бо он мухолифат мекунанд, дар ҳоле ки ин пиндор (яъне баробар будани ақл бо фалсафа) дуруст нест; Зеро ақл, неруӣ Худододӣ (на сохтаи амсоли ибни Сино) барои даркӣ саҳиҳ (яъне мӯътабар) аз мафоҳим (яъне куллиёти зеҳнӣ) ва масодиқи (яъне ҷузъиёти айнии) онҳост ки миёни ҳамаи инсонҳо (аъам аз файласуф ва ғайри файласуф) муштарак аст ва ихтисосе ба файласуфон надорад, дар ҳоле ки фалсафа илмӣ хос монанди соири улуми инсонӣ (аз қабили ҷомеъашиносӣ ва равоншиносӣ) аст ки дар Юнони бостон (тавассути амсоли Суқрот ва Афлотун ва Арасту) падид омада ва дар замони Аббосиён (хилоли наҳзати тарҷумаи мутуни Юнонӣ ба Арабӣ бо дастури бархӣ хулафои Мӯътазилӣ) ба миёни мусалмонон ворид шуда ва дӯстдорон (монанди фалосифа ва мутакаллимини мусалмон) ва душманоне (монанди аҳли ҳадис ва салафиёни мусалмон) ёфтааст. Рӯшан аст ки ақл (ба маънои неруи Худододӣ барои шинохт), пеш аз пайдоиши фалсафа (ба маънои як илми хос) вуҷуд дошта ва фалсафа танҳо дониши ҷадид мубтани бар ақл аст; Ҳамчунонки донишҳои дигаре монанди ҳисоб, ҳиндиса ва тиб мубтанӣ бар ақланд (чун аз қиёс ва ҳис ва таҷриба кор мегиранд) ва ҳар як дар ҷиҳате (бо таваҷҷуҳ ба мавзӯъ ва ғояти худ), ақлро ба кор бастаанд (аз инҷо дониста мешавад ки ақл, санги банои ҳамаи илм аст, ҳар чанд мавзуъот ва ғоёти улум бо якдигар фарқ доранд). Бинобарин, ҳар файласуфе оқил аст, вале ҳар оқиле файласуф нест ва ончи меъёри шиохт аст, ақл аст на фалсафа (ин нуктаи бисёр муҳимме аст; Ба ин маъно ки барои шинохти муътабар аз мафоҳим ва масодиқи онҳо ниёзе нест ки файласуф бошим, балки ба содагӣ кофӣ аст ки оқил бошим). Ба иборати дигар, мурод аз ақл, онҷо ки меъёри шинохт шуморида мешавад, ақли навъӣ уқало аст (яъне ақле ки навъи уқало аз он бархурдоранд) на ақли шахсии фалосифа (яъне ақле ки хусуси фалосифа аз он бархурдоранд) ва равшан аст ки тафаккури уқалоӣ бо тафаккури фалсафӣ тафовут дорад (чун уқало дар тафаккуроти худ бисёри аз зароъиф ва дақоъиқи фалсафиро дар назар намегиранд ва дар назар гирафтани онҳоро ғайри зарурӣ ва такаллуфомез медонанд). Аз ин рӯ, мухолифат бо фалсафа (тавассути бархӣ аз гурӯҳҳо ва мазоҳиби Исломӣ) набояд ба мухолифати (онҳо) бо ақл мунҷар шавад; Чароки ақл мусовӣ бо фалсафа нест ва илтизоми ба он бо илтизоми ба фалсафа мулозимае надорад (ба ин маъно ки метавон ба ақл мултазм буд, бе онки ба фалсафа илтизоме дошт; Чароки илтизом ба фалсафа зарурӣ ва воҷиб нест, вале илтизом ба ақл зарурӣ аст. Аз ин иборат, бе алоқагӣ устозунал Мансур ба фалсафа дониста мешавад; Чароки эшон аз фалсафа дифоъ намекунад ва мухолифони онро ба дӯстӣ бо он фаро намехонад ва асроре бар илтизом ба он надорад; Ҳамон тавр ки зиддияти хоссе ҳам бо фалсафа нишон намедиҳад ва онро ба унвони яке аз <<Улуми инсони>> ба расмият мешиносад). Ҳар чанд ақл дар мавзуъоте (монанди эътиқодоти бунёдин) ки аҳмияти хоссе доранд (ва чаҳорчубҳо ва хутути аслии зиндагиро таъййин мекунанд), диққати назари хоссе ба харҷ медиҳад ки ба диққати назари фалсафӣ шабиҳ мешавад (бо таваҷҷуҳ ба инки муҳмитарин тафовути фалсафа ва таъаққули уқалоӣ, мийзон ва шакли диққати назар аст), вале набояд ин диққати назарро рӯй овардани ба фалсафа ба маънои ривоҷ (яъне ҳамон илми Юнонии хос) донист; Чароки маншаъи он (на мабнои фалосифа, балки) танҳо банои уқало (ба маънои одати онҳо) бар диққати назари бештар дар мавзӯъот муҳимтар аст (мисоли содаи он, диққати назари уқало дар харид ва фуруши ҷавоҳирот аст ки бо диққати назари онҳо дар хариду фуруши сабзиҷот қобили муқоиса нест!); Чунонки Худованд барои исботи ваҳдонияти худ (ки як мавзӯъи бисёр муҳим аст) фармудааст: «لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا ۚ»;[1] <<Агар дар осмон ва замин Худоёне ҷуз Аллоҳ буд, нобуд мешуданд>> Бо ин тақрир (яъне тавҷиҳ ва истедлол) ки Худоёни мутаъаддид (дар осмон ва замин), маншаъи тазод (дар он ду) буданд ва тазод (дар он ду), маншаъи нобудӣ (он ду) буд (чароки ҳар як дигариро тазъиф ва тахриб мекард), дар ҳоле ки осмон ва замин (ҳамон тавре ки машҳуд ва маҳсус аст) нобуд нашудаанд, пас дар он ду Худоёне ҷуз Аллоҳ нест. Рӯшан аст ки ин як диққати назари ақлӣ (ва шабеҳи фалсафаӣ дар Қуръон) аст ва бо ин васф, наметавон онро фалсафа (ба маънои илми Юнонии хос) шумурд; Чароки мусалламан Худованд як файласуф (ба маънои мазкур) нест ва китоби Ӯ як китоби фалсафӣ (ба маънои мазкур) шуморида намешавад. Бинобарин, диққати назарҳои ақлӣ дар мавзуъоти муҳимме монанди ақойид, ҳатто бинобар адами қабули фалсафа, мумки ва ҷойиз аст (яъне кор доъири миёни тарки ақл ва иқбол ба фалсафа нест ва лозим нест ки як мусалмон ё ахборӣ бошад ё фалсафӣ! Ҳамон тавре ки Худованд бидуни пайванд бо фалсафа, диққати назарҳои ақлӣ анҷом дода ва ба ҳамин далил, устозунал Мансур низ дар ин китоб, чунин кореро анҷом дода ва дар бисёри аз мавзӯъоти муҳмми эътиқоди аз диққати назарҳои ақлӣ кор гирифтааст ва бо ин васф, набояд эшонро як файласуф донист ва муттаҳам ба фалсафагароӣ кард; Лизо вуҷуди маъззумашон дар идома ба табйини ин нукта мепардозад ва мефармояд;). Ҳамчунонки ман худ фалсафаро дӯст намедорам (Яъне ба он алоқаманд нестам, на инки монанди ахбориён ва салафиён, душмани он ҳастам); Чароки ҳар чанд натоиҷи он (хусусан фалсафаи Исломӣ) баъзан (яъне дар баъзе масоъили фикрӣ монанди исботи вуҷуд ва ваҳдат борӣ) саҳиҳ аст, шеваи он (яъне наҳваи пардохташ ба масоъили фикрӣ) мутафовит (яъне мағойир) бо шеваи уқалост (бо таваҷҷуҳ ба инки уқало аввалан ба бисёри аз масоъили фикрии матраҳ дар фалсафа аслан фикр намекунанд ва сониян барои пардохтан ба бисёри аз ин масоъил, ниёзе ба ин андоза диққати назар намебинанд.) ва беш аз онки ба кори онон ояд (яъне барои онҳо зарурат ва фоида дошта бошад), зеҳнӣ ва интизоъӣ (яъне ғайри айнӣ ва ғайри корбурдӣ) аст. Аз ин рӯ, ман фалсафаро корӣ ғайри уқалоӣ медонам (ҷолиб аст ки як илми саросар ақлӣ, аз назари ин ҳакими Илоҳӣ ғайри уқалоӣ аст; Чароки бо тарзи тафаккури уқало муғойират дорад); Зеро бинобар таърифи ман (ки ихтисос ба эшон дорад), фалсафа тафаккур дар бораи чизҳое аст ки уқало одатан дар бораи онҳо тафаккур намекунанд (яъне тафаккур дарбораи онҳоро зарури намедонанд ва барои онҳо мубталоба нест), монанди асолати вуҷуд ва моҳият (ба ин маъно ки вуҷуд ё моҳияти кадом як асли аст ва тақаддуми рутбаӣ дорад) ва аҳкоми ҷавҳар (яъне зоти собити мавҷудот) ва аъроз (яъне мутағайирҳое ки бар зоти собит оъриз мешаванд); Вагарна тафаккур дар бораи чизҳое ки уқало одатан дар бораи онҳо тафаккур мекунанд (ба ин маъно ки мавриди ниёзи онҳо дар зиндагии одди аст, монанди мабнои эътиқодӣ ва амалӣ), ҳар чанд бо диққати назари ақлӣ (ва шабеҳи фалсафӣ) бошад, фалсафа нест, бал (ба содаги) таъаққул (ё ақлоният) номида мешавад. Бинобарин, ончи фалсафаро аз таъаққули (уқалоӣ) ҷудо мекунад, беш аз шеваи (ғайри уқалоии) он (ки бисёр ифротӣ ва интизоъи аст), мавзуи (ғайри уқалои) он аст (ки мавриди ибтило ва ниёзи оқилон нест ва камтар ҷанбаи корбурдӣ дорад. Аз инҷо дониста машавад ки устозунал Мансур улуми корбурдиро бар улуми ғайри корбкрдӣ тарҷиҳ медиҳад ва фалсафаро аз улуми ғайри корбурдӣ медонад. Ин шубҳаи аввал буд ки эшон бартараф кард.

Аммо шубҳаи дувум, марбут ба)

Мбнои ҳусн ва қубҳ[2]

(Ба маънои хубӣ ва бадӣ аст. Тавзиҳ онки аз садаҳои нахустини Исломи, миёни ақлгароён ва ақлгурезони мусалмон, низоъи бузурге дарбораи хостгоҳи хубӣ ва бадӣ вуҷуд дошта ва то кунун идома ёфтааст. Маҳалли ин низоъ он буда ки оё хубӣ ва бадӣ як чиз, аз зоти он бархоста ва мубтанӣ бар идроки мустақилли ақли аст ё инки аз зоти он бар нахоста ва мубтанӣ бар идроки мустақилли ақли нест, балки як чизи оъризӣ аст ва мубтанӣ бар эътибори шореъ аст? Устозунал Мансур ки дар ин китоби шариф, ба пайравӣ аз Паёмбари Худованд, миёни мардум дар бораи чизҳое ки дар он ихтилоф доранд ҳукм мекунад ва ҳақро аз ботил ва саҳиҳро аз ғалат ва ростро аз дурӯғ мутамойиз месозад, бо матонат ва итқони хоссе мефармояд:)

Аз ончи (дарбораи ваҳдати ҷавҳари ақл ва шаръ) гуфтим раӯшан мешавад ки низоъи ҳазор солаи Ашоъира (яъне пайравони абул Ҳасани Ашъарӣ ки бештари мусалмононро ташкил медиҳанд) ва Адлия (яъне мӯътазила ва шиъа) дар бораи мабнои ҳусн ва қубҳ, ваҷҳе надошта, балки низоъӣ лафзӣ (яъне бар сари лафози) будааст (ин бисёр аҷиб аст ки чунин низоъи азим ва қадимӣ дар назари ин ҳакими Илоҳӣ, лаффозӣ буда ва мабное надоштааст! Эшон дар тавзиҳи ин файсалаи худ ки ба низоъи ҳазор солаи мусалмонон дар ин замина поён медиҳад, мефармояд:); Чароки бинобар назари Ашоъира, мабнои хубӣ ва бадӣ, амр ва наҳйӣ Худованд аст ва пеш аз амр ва наҳйӣ Худованд, хубӣ ва бадӣ вуҷуд надорад; Ба ин маъно ки ҳар чи Худованд онро хуб шуморида, хуб аст ва ҳар чи Худованд онро бад шумурда, бад аст (қатъи назар аз инки ақл онро дарк кунад ё накунад) ва ин мабное аст ки онро <<Ҳусн ва қубҳи шаръӣ>> номидаанд (чун ба эътибори шаръи падид омада ва асле дар ақл надоштааст) ва бинобар назари Адлия, мабнои хубӣ ва бадӣ, амр ва наҳйи Худованд нест, балки (билакс) мабнои амр ва наҳйӣ Худованд, хубӣ ва бадӣ аст (ба ин маъно ки амри Худованд ба як чиз, маълули хубии он ва наҳйӣ Худованд аз як чиз, маълули бадии он аст) ва мабнои хубӣ ва бадӣ, ақл аст на шаръ; Ба ин маъно ки Худованд ба чизе амр карда ки хуб аст ва аз чизе наҳй карда ки бад аст ва хубӣ ва бадӣ, ановинӣ ҳақиқӣ (яъне айнӣ ва воқеъӣ) ҳастанд ки ба эътибори шаръ (бо ҳолати фармоишӣ) падид наёмадаанд ва ин мабное аст ки онро <<Ҳусн ва қубҳи ақлӣ>> номидаанд (чун ба эътибори ақл падид омада ва асле дар шаръ надоштааст). Дар ҳоле ки бинобар ончи (мо дарбораи ваҳдати ҷавҳарӣ ақл ва шаръ) гуфтем, ақл ва шаръ аз як мабда ҷӯшидаанд ва ба як марҷаъ боз мегарданд ва он ҳамоно Худованд аст ки дар афъоли таквинӣ ва ташрии Ӯ ихтилофе нест (ақл, аз афъоли таквинии Ӯ ва шаръ аз афъоли ташрии Ӯст ва табъан миёни он ду ихтилофе нест). Бар ин асос, мабнои ҳусн ва қубҳ (ҳамон тавре ки Ашоъира таъбир кардаанд), амр ва наҳйӣ Худованд аст; Ҷуз онки (бар хилофи тасаввури Ашоъира ва ҳамин тавр Адлия) амр ва наҳйӣ Худованд ба ду сурат воқеъ шудааст: Яке амр ва наҳйӣ ташрии ки дар шаръ таҷаллӣ ёфта ва дигар амр ва наҳйӣ таквинӣ ки дар ақл таҷаллӣ ёфта (бинобарин, амр ва наҳйӣ ақл ҳам амр ва наҳйӣ Худованд аст) ва аз онҷо ки иҷтимоъи амр ва наҳйӣ Ӯ дар мавзӯъи воҳид муҳол аст (яъне имкон надорад ки Худованд ба як чиз дар вақти воҳид амр ва наҳй кунад), таъорузи шаръ ва ақл (ки ҳар ду амр ва наҳйӣ Ӯ ҳастанд) мумкин нест (ва муҳол аст ки ақл ба чизе амр кунад ки шаръ аз он наҳй мекунад ё билакс). Ҳосил онки мабнои ҳусн ва қубҳ, Худованд аст. (Дуруд бар ин марди бузург ки сели илм ва ҳикмат аз қуллаи вуҷудаш сарозер аст ва моро бо илҳоми Худованд, ба беҳтарин роҳҳо ҳидоят мефармояд ва ихтилофоти ҳазор солаамонро ба ин содагӣ ва бидуни ҳеҷ иддаъо ва чашмдоште бартараф мекунад. Инсон ҳасрат мехурад ва мутаъассиф мешавад ки чунин олими азиме дар миёни уммат зуҳур карда, вале то ин андоза ғариб ва гумном аст ва мусалмонон бо ин ҳама ниёзе ки доранд, барои баҳрагирӣ аз илм ва ҳикматаш ба наздаш намеоянд, дар ҳоле ки шоиста аст бо пои пиёда аз ҳар сарзамини дур ва наздике барои шогирди кардан дар мактабаш ба сӯяш бишитобанд ва худро бо ҳар машаққат ва хатаре ба файзи ҳузураш бирасонанд, аммо чи метавон кард ки онҳо ё аслан дар паи илм ва ҳикмат нестанд ва машғули одатҳо ва рӯзмарагиҳои худ ҳастанд, ё ба дунболи аблаҳон ва сафиҳона афтодаанд ва худро муриди муддаиён ва девонагон сохтаанд! Чанд рӯзи пеш номае аз касе ба дастам расид ки навишта буд: <<Мо дар пайи гӯшту биринҷ ва равғанем, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дарбораи ҳукумати Худо бар ҷаҳон ва зуҳури Маҳдӣ мегӯяд>>! Ин сатҳи фикри бархӣ аз мусалмонон аст! Як номаи дигар аз касе ба дастам расид ки навишта буд: <<Чи фарқи миёни Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва фалон муддаъӣ аст ки монанди ӯ шиъори Ал-Байъату Лиллоҳ медиҳанд?!>>. Ин ҳам сатҳи ташхис ва тамйизи бархӣ дигар аз мусалмонон аст ки фарқи рӯзро бо шаб намефаҳманд ва як олими рабонӣ дар ин ҳад ва андозаро бо як сафиҳ баробар мекунанд! Мисли инки бигӯянд чи фарқе миёни халифаи Худованд ва халифаи доъиш аст ки монанди ӯ шиъори <<Ло илоҳа иллалоҳ Муҳаммад расулуллоҳ>> медиҳад?! Ба ростӣ бо ин сатҳ шуъур ва гироӣ, чи умеде ба наҷот ва саъодати ин уммат меравад?! Худованд оқибати ҳамаи мусалмононро хатми ба хайр кунад.

والسلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Анбиё/22.

↑[2] . Хубӣ ва бадӣ.

Барои шунидани савти дарси даҳум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.