Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси ҳаштум
Мавзӯъ:

Мункирони ҳуҷҷияти ақл; Салафиёни мусалмон

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Пас аз табйини хусусиёти сегонаи <<Ақл>> ба унвони меъёри шинохт, яъне <<Зарури будан>>, <<Ягона будан>> ва <<Бадеҳи будани>> он, устозунал Мансур шурӯъ ба муъаррифии мункирони ҳуҷҷияти ақл кардааст ки дар дарси қабли ба ду гурӯҳ аз онҳо яъне <<Олимони масеҳӣ>> ва <<Аҳли ҳадиси мусалмон>> пардохтем ва ба рӯйкардҳои мушобеҳи онҳо дар мувоҷеҳ бо ақл ва нусуси динӣ ишора кардем. Дар ин дарс, ба гурӯҳи дигаре аз мункирони ҳуҷҷияти ақл дар баёни устозунал Мансур мепардозем ва онҳо)

[Салафиёни мусалмон]

(ҳастанд. Нуктае ки нахуст бояд таваҷҷуҳ дошт ин аст <<Салафиёни мусалмон>> ба таври куллӣ муштаракоти зиёде бо <<Аҳли ҳадиси мусалмон>> доранд, то ҷойе ки метавон аз бисёри ҷиҳот, онҳоро як гурӯҳ донист, ҳар чанд аз ҷиҳоте ҳам метавон онҳоро мутамойиз донист; Чароки <<Салафиён>> аз лиҳози эътиқоди ғилзат ва ташаддуди бештаре нисбат ба <<Аҳли ҳадис>> ба маънои ом доранд ва дар бисёрӣ аз масоъили фиқҳӣ ва амалӣ ҳам дидгоҳҳои тундтареро изҳор мекунанд ва ин дар ҳадде аст ки чи басо он дуро аз ҳам мутамойиз мекунанд. Бо ин ҳол, ҳақиқат он аст ки устозунал Мансур ба таври рӯшан он дуро аз ҳам мутамойиз намедонад, балки салафиёнро нусхаи ҷадид ва марҳалаи такомул ёфтае аз аҳли ҳадис муъаррифӣ мекунад ва ин аз баёни эшон дар идома рӯшан мешавад. Эшон мефармояд:)

Мутаъассифона ин рӯйкард (бо таваҷҷуҳ ба инки табаъоти бисёр таъассуф барангезеро дар ҷаҳони ислом дар пай доштааст), бо онки бисёрӣ аз олимони мусалмон дар садаҳои нахустини Исломӣ (яъне садаҳои дувум ва севум) бо он мувофиқ набуданд (монанди олимони аҳли раъй, мӯътазила ва шиъа), таҳти ҳимояти ҳукумати Аббосиён аз замони Мутаваккил (д.247қ) (бо таваҷҷуҳ ба инки Аббосиён то пеш аз Мутаваккил, ба таври аланӣ ва маҳсус ҳомии ин рӯйкард набуданд, вале Мутаваккил дақиқан бар хилофи хулафоъи қабл аз худ хусусан Маъмун ва Мӯътасими Аббосӣ, ҳадисгароӣ ва ақлситезиро сиёсатӣ худ қарор дод ва ба таври комил майдонро аз олимони ақлгаро гирифт ва ба олимони аҳли ҳадис дод ва барои муҳаддисони наздик ба худ, мавоҷиб ва ҷавоъиз таъйин кард ва аз онҳо хост ки аҳодиси мухолиф бо ақл монанди аҳодиси ҳокӣ аз имкони рӯъяти Худовандро миёни мардум мунташир кунанд. Ҳимояти ин мардум аз аҳли ҳадис ва муборизаи ӯ бо ақлгароӣ то ҳадде буд ки ҳадисгароён, ӯро ало рағми инки шорибул хамр ва хунрез медонанд, <<Муҳйӣ сунна>> яъне <<Эҳёгари суннат>> лақаб медиҳанд!! Ногуфта пайдост он суннате ки бодеҳнӯшон ва ситамгарон эҳёгари он будаанд, чигуна суннате будааст!! Ба ҳар ҳол, ин рӯйкард таҳти ҳимояти чунин <<Эҳёгаре>>) ва низ таблиғоти гурӯҳе аз ҳанобила (яъне пайравони ибни Ҳанбал монанди абу Муҳаммад Барбаҳори ва ибни Батаҳ) ки худро пайравони салаф мешумориданд, ба ҳаёти худ идомд дод ва ба наслҳои пасини Исломӣ (монанди ибни Таймия, ибни Қайюми Ҷувзия ва баъдтар Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб) мунтақил шуд, то ин ки имрӯз ба гурӯҳе мавсум ба <<Салафия>> (яъне салафгароён ва тарафдорони гузаштагон) расидааст (зоҳиран ин номе аст ки худ бар рӯйи худ ниҳодаанд, вале агар ҳам дигарон бар рӯйи онҳо ниҳодаанд онҳо ба он розӣ ҳастанд ва аз ин рӯ, устозунал Мансур онҳоро ба он мавсум медонад.). Инон ки худро ворисони <<Аҳли ҳадис>> мешуморанд (яъне ақойид ва аъмолашонро муғойир бо ақойид ва аъмоли онон намедонанд ва худро вориси фикр ва фиқҳи онон медонанд), ақлситезиро аз пешвоёнӣ чун ибни Таймия (д.728қ) ба мерос бурдаанд (чун ҳеҷ кадом аз олимони мусалмонро ба андозаи ибни Таймия таъйид намекунанд ва дӯст намедоранд ва аз ҳеҷ кас ҳам ба андозаи ӯ таъсир намепазиранд, дар ҳоле ки ибни Таймия ҳар чанд бо улуми ақлӣ ошноии иҷмоли ва мухтасаре дошт, ба шиддат зидди мантиқ ва зидди фалсафа балки зидди ақл буд ва гувоҳи он ин аст ки на танҳо бисёри аз фалосифа монанди ибни Синоро кофир медонист, балки номақултарин бардоштҳои мумкин аз нусуси диниро таблиғ мекард ва хусусан дар ҳавзаи Худошиносӣ то ҳадди зиёде ба ҷисмгароён ва ташбиҳгароён наздик мешуд. Бо ин ҳол, аҷиб аст ки бархӣ дӯстдоронаш имрӯз ҳозир ба қабули ин воқеъият нестанд ва ин дидгоҳи устозунал Мансурро бидуни далил мепиндоранд ва иддаъо мекунанд ки ибни Таймия ба ҳеҷ ваҷҳ ақлситез набудааст! Иллаташ ҳам ин аст ки инҳо худашон аз ӯ ақлситезтаранд ва табъан ӯро нисбат ба худашон хеле ақлгаро меёбанд ва аз ин лиҳоз дурустҳам мегӯянд; Чун ибни Таймия бо ҳами ақлситезӣ, нисбат ба салафиёни рӯзгори мо ақлгаро маҳсуб мешаванд ва дидгоҳҳои маъқултаре дошт, то ҷойе ки шояд агар имрӯз буд ва ин фарзандони ақлситези худро медид, онҳоро аз худ бегона мешумурд; Бо таваҷҷуҳ ба инки инҳо ақлситезии ибни Таймияро хеле ғано бахшандаанд ва иртиқо додаанд; Чароки устозунал Мансур ба ин нукта тасриҳ мекунад ва мефармояд:) ва бо ҳидояти касоне чун ибни Абдулваҳҳоб (д.1206қ), (ки дасти кам аз лиҳози ақлситезӣ чанд дараҷа аз ибни Таймия, ибни Таймиятар буд) дар ду ҷиҳат афзоиш додаанд: Аз ҷиҳате ақлро натанҳо дар шинохти ривоёти амалӣ ки нозир ба аҳкоми динӣ (ва ҳалол ва ҳаром) ҳастанд ҳуҷҷат намедонанд (ва мӯътақиданд ки истинботи ақлонӣ аз ривоёти фиқҳӣ хусусан дар ҳавзаӣ ибодот лозим нестанд ва бояд бо ҷумуд ва таъаббуди маҳз бо онҳо бархурд кард), бал дар шинохти ривоёти назаре ки нозир ба ақойиди динӣ ҳастанд низ таътил кардаанд (ки дар ин назар аз соири олимони мазоҳиб мутамойиз мешаванд; Ҳар чанд ин рӯзҳо дасти кам дар миёни аҳли суннат ва ҷамоъат, аксарияти ғолиби олимони мазоҳиб, дар ҳавзаи ақойид гаройишҳои салафӣ пайдо кардаанд, ҳар чанд дар ҳавзаи фиқҳ, гаройишҳои мазҳабӣ ва зидди салафӣ дошта бошанд.) ва бовар ёфтаанд ки ақойиди динӣ (монанди аҳкоми динӣ), ниёзе ба далоили ақлӣ надоранд ва метавонанд мубтанӣ бар ривоёти заннӣ (яъне воҳид ва ғайри мутавотир) бошад; Чароки ба фикри инон, ривоёти заннӣ, ҳаргоҳ бо меъёрҳои худсохтаи онон (мисли васоқати ровиён бар асоси тавсиқи Зейд ва Амр ва Бакр ва мутобиқати мазомини ривоёт бо мазҳаб ва қироъати расмии онҳо аз дин) саҳиҳ шумурида шаванд, муҷиби яқин ҳастанд! Дар ҳоле ки ин, бар хилофи назари аксари аҳли илм (аз аҳли суннат ва ҷамоъат ва соири мусалмонон) аст ва касоне чун Шофеъӣ (д.204қ) (ки бар хилофи абу Ҳанифа, мавриди қабул ва эҳтироми салафиён аст) ва ҷумҳури (яъне умда ё қотибаи) аҳли фиқҳ ва назар (яъне муҷтаҳидон ва муҳаққиқони мусалмон) таъкид доштаанд ки ҷуз ончи судураш аз ҷониби Худованд бе ҳеҷ хилофе қатъӣ аст (монанди Қуръон ва хабари мутавотир), муҷиби яқин намешавад.[1] (Ин нкутаи бисёр муҳиме аст ки эътиқод ба заннӣ будани ривоёти воҳид ва ғайри мутавотир, аз ибдоъот ва ихтисосоти устозунал Мансур нест, балки бинобар аснод ва мадорики мӯътабар, аксари қариби иттифоқи уламои салаф, бар ҳамин эътиқод будаанд ва устозунал Мансур танҳо онро ёдовари кардааст. Бале, эътиқод ба адами ҳуҷҷияти ривоёти воҳид ва ғайри мутавотир, қоъилони камтаре дар гузашта дошта ва бештар аз соири эътиқодот ба фаромӯши супурда шуда, вале онҳам дар миёни олимони бузурги қарнҳои нахустин матраҳ буда ва собиқа дошта ва бо ин васф, устозунал Мансур танҳо онро эҳёъ ва таҷдиди бино кардааст.) Бал касоне чун Нававӣ (д.676қ) (аз олимони бузург ва машҳури аҳли суннат ва ҷамоъат) ба дурусти таъкид кардаанд ки чунин боваре (яъне бовар ба яқинӣ будани ривоёти воҳид ва ғайри мутавотир) чизе ҷуз мукобира[2] дар баробари маҳсус нест.[3] (Чун инсон бо машоъири худ ба рӯшанӣ эҳсос мекунад ки як хабари воҳид ва ғайри мутавотир бо як адад ровии ҷойизул хато, боъиси яқин ба судури он намешавад ва бо ин васф, иддаъои яқиновар будани он, мукобира дар баробаре чизе аст ки аз тариқи ҳисси идрок мешавад.

Ин яке аз ду ҷиҳате буд ки ба таъбири устозунал Мансур, салафиёни ақлгурезеро дар онҳо афзоиш додаанд.) Аз ҷиҳати дигар, инон натанҳо мутобиқати ривоёт бо ақлро зарурӣ надонистанд (ки ин санги банои салафият маҳсуб мешавад), балки мутобиқати онҳо бо Қуръон ки асилтарини насси динӣ ва мутобиқи ақл астро лозим нашуморидаанд (ки шояд битавон инро санги банои ваҳоббият ба маънои салафияти ғанишуда ва иртиқо ёфта донист!), то ба ин равиш ҳеҷ таъаллуқе ба ақл ва оқил ва маъқул боқӣ намонад (чун баъд аз дур андохтани ақл ва убур аз Қуръон, дигар ҳеҷ пайванде бо ақлоният барои онон боқӣ намемонад.) ва замина барои ривоҷи ақойиди хурофӣ ва ширкомези онон (монанди ақида ба фавқият ва ҳаракат ва андоми ҳақиқӣ барои Худованд) фароҳам гардад (чун танҳо омили боздоранда аз <<Ширк>> ва <<Хурофот>> ба унвони инҳирофотӣ ақидатӣ, ақл аст ва дар халаъи ақл, ҳеҷ монеъӣ барои пайдойиши чунин ақойиде боқӣ намемонад.). Инон бо бепарвоии аҷибе (бо таваҷҷуҳ ба инки бар хилофи эҳтиёт дар дин аст) таъкид кардаанд ки ривоёти заннӣ (яъне воҳид ва ғайри мутавотир), натанҳо ҳуми ақлро насх мекунанд (бо онки ҳукми ақл, ҳақиқӣ аст ва ҳукми ривоёт заннӣ, эътиборе аст ва эътиборӣ наметавонад ҳақиқиро канор бизанад), балки носихи Қуръон низ ҳастанд,[4] (ин рӯйкард дар бисёрӣ аз ибороти салафиёни ҷадид зуҳур дорад.) дар ҳоле ки Қуръон китобе ( чи аз лиҳози судур ва чи аз лиҳози далолати муҳкамоти он) яқинӣ аст (бар хилофи таваҳҳуми касоне ки кулли қуръонро занниюл далола мепиндоранд ва тасаввур мекунанд ки танҳо суннат қатъиюл далола аст!) ва насхи он бо ривоёти заннӣ маъқул нест (чун як чизи заннӣ мисли ривоёти воҳид, салоҳияти насхи як чизи яқинӣ мисли китоби Худовандро надорад). Ба илова, бар хилофи назари ҷумҳури салаф (яъне навъи саҳоба, тобеъин ва атбои тобеъин) ва ҳатто бар хилофи назари пешвоёне аст ки инон худро пайрави онон мешуморанд! (Чун ба ҳар ҳол, инҳо муддаиъӣ пайравӣ аз пешиниёни салаф ҳастанд.) Чунонки масалан Молик ибни Анас (д.179қ) (яке аз аъиммаи ҳадис ва мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоъат) насхи Қуръон бо суннатро ҷоиз намедонист[5] ва Шофеъи (д.204қ) (яке дигар аз аъиммаи ҳадис ва мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоъат) низ дар ин бора бо ӯ ҳамназар буд[6] ва Аҳмад ибни Ҳанбал (д.241қ) (ки бузургтарин имоми аҳли ҳадис ва яке дигар аз аъиммаи мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоъат буд) мегуфт ки суннат муфасир ва мубаййни Қуръон аст на ҳокими (яъне муқаддам) бар он ва эътиқод ба ҳукумати (яъне тақаддуми) суннат бар қуръонро <<Ҷасорати аҷиб>> мешумурд![7] Дидгоҳи абу Ҳанифа (д.150қ) (яке дигар аз аъиммаи мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат, ҳар чанд мавриди таъйид ва эътинои аҳли ҳадис набуд ва ба ҳамин далил, устозунал Мансур ӯро дар интиҳо ёд кардааст.) низ дар ин бора комилан равшан буд; Чароки ӯ ба таври куллӣ еътибори чандоне барои ин қабил ривоёт қоил набуд (ҳамон тавре ки дар мабҳаси <<Ҳадисгароӣ>> ба бархӣ назароти ӯ дар ин бора ишора мешавад.) ва ақлро ҳтто дар ҳавзаи аҳком бар онҳо тарҷеҳ медод! (Чунонки қиёси ақлӣ дар ҳеҷ мазҳабе ба андозаи мазҳаби ӯ ривоҷ надошт ва ҳатто бинобар назари бархӣ, ба ифрот кашида шуд; Чун ҳуҷҷияти ақл ва меъёр будани он барои шинохт, мутлақан ба ин маъно нест ки инсон метавонад аҳкоми намоз ва рӯзаро бо сирфи ақл ва бидуни тамассук ба шаръ бифаҳмад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ин қабил аҳкоми шаръи, дар воқеъ чизе ҷуз эътибороти шаръи нестанд ва эътибори шаръи ба сурати табиъӣ, бо руҷӯъ ба ӯ дониста мешавад; Мисли муқаррароти ронандагӣ дар замони мо ки комилан эътиборӣ ҳастанд ва бидуни муроҷиъа ба қонунгузор дониста намешавад ва ин чизе аст ки ақл идрок мекунад. Бинобарин, набояд аз даъвати устозунал Мансур ба сӯӣ ақлонияти динӣ, ин тавр бардошт кард ки эшон ақлро барои шинохти ҳалол ва ҳаром ва мустаҳаббот ва макруҳот кофӣ медонад ё қоъил ба дурустии қиёси бархӣ аз онҳо бо бархи дигар аст; Чун итифоқан эшон танҳо тариқи шинохти аҳкоми Худовандро руҷӯъ ба китоби Ӯ ва суннати қатъии Паёмбараш ва халифаи ӯ дар замин медонад ва қиёси аҳком бо якдигарро саҳиҳ намешиносад ва мӯътақид аст ки ин аз муқтазаёти ақл аст.) Бо ин васф, рӯйкарде ки ин гурӯҳ дар пеш гирифтаанд, бештар ба рӯйкарди пешвоёни масеҳӣ (ки қаблан табйин шуд) мемонад то пешвоёни мусалмон (яъне олимони салаф) ва дар амал низ ҳамон натоиҷеро дар ҷомеъаи Исломӣ падид оварда ки дар ҷомеъаи масеҳӣ падид омадааст; Зеро ба унвони мисол, эътиқоди (салафиён) ба ин ки Худованд мисли махлуқоти худ нест (бо таваҷҷуҳ ба инки сариҳан фармудааст: «لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ») ва дар айни ҳол, ҷиҳат (яъне фавқият) ва ҳарак (яъне рафт ва омад ба осмони дунё) ва ҷавореҳи (яъне даст ва рӯ ва по ва чашм ва ангушти) ҳақиқӣ дорад, ҳамон андоза мутаноқиз аст ки эътиқод (олимони масеҳи) ба ваҳдонияти Худованд дар айни Худовандии падар, писар ва руҳулқуддус! (яъне ин ҳар ду аз ҳайси мутаноқиз будан ва ғайри қобили ҷамъ будан, яксон ҳастанд.) Бо ин ҳол, салафиён бо истинод ба ривоёти заннии худ, ин қабил боварҳои ширкомезро тарвиҷ медиҳанд (балки мункиронашро такфир мекунанд!), ҳамчунонки масеҳиён бо истинод ба ривоёти заннии худ, дақиқан ҳамин корро анҷом медиҳанд! (Аллоҳу акбар! Бубинед чигуна устозунал Мансур ширки касонеро ошкор мекунад ки худро танҳо муваҳиддони олам мепиндоранд ва соири мусалмононро мушрик мешуморанд ва ҷону молу номусашонро ҳалол медонанд!! Ин аз корҳои Худованд аст ки ирода фармудааст ин ҷоҳилони пуриддаъоро ба василаи ин абди солеҳи худ, сари ҷояшон бинишонад ва расво гардонад то даст аз фитнаангезӣ миёни мусалмонон ва ифсод дар замин бардоранд!) Балки салафиён, ақлситезиро ба ҷойе расонидаанд ки бо истинод ба ривоёти заннӣ (балки бардошти ваҳми аз ривоёти заннӣ), маҳсусотро низ инкор мекунанд; Ҳамчунонки ба унвони мисол, (бисёри аз онон) куравияти замин ва гардиши он ба гирди хуршедро инкор мекунанд ва ҳанӯз мӯътақиданд ки хуршед ба гирди замин мегардад![8] Ман худ (ба унвони як намунаи айнӣ ва таҷрибӣ) бо яке аз уламои онон дар ин бора гуфтугӯ кардам ва борояш тавазе додам ки куравияти замин ва гардиши он ба гирди хуршед, аз мутавотирот аст (яъне аз чизҳое аст ки шумори бисёр зиёде аз инсонҳо дар қарни охир мушоҳида кардаанд ва ба сурати яксон хабар додаанд ва табонии ҳамаи онҳо бар кизб мумкин нест.), бал аз маҳсусот аст (яъне чизҳое ки бо ҳавосси панҷгона қобили идроканд; Бо таваҷҷуҳ ба инки куравият ва гардиши замин бо мушоҳидаи тулуъ ва ғуруби хуршед ва бархӣ қароъин ва шавоҳиди табиъии дигар қобили эҳсос аст ва табъан аз маҳсусот шумурда мешавад) ки тардид дар онҳо сафсата (яъне сафсатагароӣ) аст, вале ӯ ба ман гуфт ки ҳатто агар бо чашми худ куравият ва гардиши онро мушоҳида кунад, тасдиқ намекунад; Чароки ба заъми ӯ бо ривоёт мухолиф аст! (Албатта дуруст ҳам маълум нест ки бо кадом ривоёт мухолиф аст; Чун иттифоқан бисёри аз олимони мусалмон мӯътақиданд ки бархӣ оёт ва ривоёт, бар куравияти замин ва гардиши он ба гирди хуршед далолат дорад ва мавориди мушаххасеро низ зикр мекунанд, вале гӯйи ин ҷамоъат алоқаи хоссе ба зиддият бо маъқулот ва маҳсусот доранд ва танҳо ривоётеро ахз мекунанд ки бо маъқулот ва маҳсусот мухолиф бошад!) Ин рӯйкард ки ба рӯйкарди калисо дар қуруни вусто шабоҳат дорад (чун калисо ҳам дар он даврон, физикдонои монанди Голелеяро ба хотири эътиқод ба куравият ва гардиши замин, ба мухолифат бо нусуси китоби муқаддас мутаҳам мекард), нишон диҳандаи мизони ақлситезии ин гурӯҳ аст (чун болотарин дараҷаи ақлситезии инкори маҳсусот аст.

Аз инҷо устозунал Мансур нақди мабноӣ ва бисёр амиқи худ дарбораи ақлситезиро оғоз мекунад ва ба исботи бунёдини ваҳдати ҷавҳарии ақл ва шаръ мепардозад ва мефармояд;). Дар ҳоле ки ақлситезӣ, мусталзами Худоситезӣ аст (ҳар чанд ноогоҳона бошад); Зеро ақл, (чунонки мусаллам аст) махлуқи Худост ва (чунонки маҳсус аст) танҳо василае аст ки барои шинохт дар инсон қарор додааст ва бо ин васф, зиддият бо он, ба маънои зиддият бо ирода ва феъли Ӯст! Касоне ки (монанди салафиҳо) ақлро рақиби шаръ (ва дар кашмакаши бо он) мепиндоранд, аз ин воқеияти бузург ғофиланд ки ақл ва шаръ аз як маншъа нашъат гирифтаанд ва ҳарду махлуқи Худои воҳиданд! (Ба ин эътибор мефармояд: <<Аз ин воқеъияти бузург ғофиланд>> ки зоҳиран ба он илм доранд, вале илтифот надоранд.) Оё дар хилқати Худои воҳид ихтилоф аст ва бархӣ махлуқоти ӯ бархӣ дигарро нақз мекунанд?! (Ин истеҳфоми эшон, инкорӣ аст; Ба ин маъно ки дар хилқати Худои воҳид ихтилоф нест ва бархӣ махлуқоти Ӯ бархӣ дигарро нақз намекунанд; Чунонки мефармояд:) Равшан аст ки чунин нест; Чароки афоли Худованд аз рӯӣ ҳикмат аст (на аз рӯӣ абас ё тасодуф; Лизо) ва ҳеҷ як дигарро нақз намекунад (чун афъоли ҳакимона бо якдигар мутаносиб ва ҳамоҳанганд); Чунонки худ фармудааст: «مَا تَرَىٰ فِي خَلْقِ الرَّحْمَٰنِ مِنْ تَفَاوُتٍ ۖ»;[9] <<Дар хилқати Худованд ҳеҷ таноқузе намебинӣ>>! (Бубинед ки чи тавр каломи устозунал Мансур бо каломи Худованд мунтабиқ аст ва дар як <<Вов>> ихтилоф пайдо намекунед) Ба ибороти дигар, касе ки шаръро фиристода, ҳамон касе аст ки ақлро офарида ва бо ин васф, таноқузи ақл ва шаръ, маҳол аст (таноқуз дар инҷо ба маънои луғави аст ва манзур аз он тазодди истилоҳӣ аст; Чунонки било фосила мефармояд:). Касоне ки ақл ва шаръро дар тазод мешуморанд, нодониста ба зиндиқа (яъне санавият ва ду Худоӣ) рӯй овардаанд ва холиқи ақро аз холиқи шаръ ҷудо пиндоштаанд! (Яъне ҳамон эътиқодеро пайдо кардаанд ки агар холиқи ақлро аз холиқи шаръ ҷудо медонистанд, пайдо мекарданд. Аз ин рӯ, мефармояд:) Эътиқод ба тазодди ақл ва шаръ, як эътиқоди ширкомез аст ки дар баробари эътиқоди тавҳидӣ падид омадааст; Чароки вуҷуди дугонагӣ дар олам ва зиддияти таквин бо ташриъ, танҳо бар пояи илҳод (яъне инкори вуҷуд ё ваҳдонияти Худованд) пазируфтанӣ аст!

(Ин исботи ақлӣ тавофуқи ақл ва шаръ буд. Аммо устозунал Мансур пас аз исботи ақлии он, исботи шаръии онро оғоз мекунад ва мутобиқ бо равия ва мабноии худ, оёти рӯшани Қуръонро далил қарор медиҳад ва бо қотеъият мефармояд:) Ҳеҷ шаке нест ки шаръ бо ақл мувофиқ аст ва ба рӯшани онро тасдиқ мекунад, балки ба сӯӣ он фаро мехонад ва ториконашро бим медиҳад (ҳамон тавр ки ақл низ дақиқан ҳамин корро нисбат ба шаръ анҷом медиҳад); Чунонки ба унвони мисол мефармояд: «إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ»;[10] <<Мо онро Қуръонӣ Арабӣ фуру фиристодем бошад ки шумо ақлро ба кор бандед>> (яъне ғарази Худованд аз фуру фиристодани қуръон ба забони фасеҳ ва гӯёи Араби, кӯмак ба ақл барои шинохти ҳақ будааст) Ва мефармояд: «كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ»;[11] <<Ин гуна Худованд оёташро бароятон табйин мекунад то бошад ки шумо ақлро ба кор бандед>> (яъне ғарази Худованд аз табйини оёташ, кӯмак ба ақл барои шинохти ҳақ аст) Ва мефармояд: «إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ»;[12] <<Ҳамоно дар он нишонаҳойе барои гурӯҳе аст ки ақлро ба кор мебанданд>> (яъне нишонаҳои мавҷуд дар махлуқот, танҳо ба василаи ақл қобили шинохт ҳастанд) Ва мефармояд: «إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِنْدَ اللَّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لَا يَعْقِلُونَ»;[13] <<Ҳамоно бадтарини ҷумбандагон назди Худованд карҳо ва гунгҳое ҳастанд ки ақлро ба кор намебанданд>> (яъне касоне ки ақлро хоҳ монади салафиён ба ин далил ки ҳуҷҷат намедонад ва хоҳ ба далили дигар, дар шинохти шариъат ё табиъат истифода намекунанд, аз як сӯ монанди афроди кар ва лол қодир ба шинохти воқеъиятҳои беруни нестанд ва аз сӯӣ дигар бадтар аз ҳамаи ҳайвонот маҳсуб мешавад!) Ва мефармояд: «صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لَا يَعْقِلُونَ»;[14] <<Карон ва гунгон ва кӯронанд, пас ақлро ба кор намебанданд>> (яъне адами корбурди ақл аз назари шаръ, масови бо кари, лоли ва кӯри дар мувоҷеҳ бо ҳақ аст ки табиъатан ба адами имкони шинохти он меанҷомад!) Ва мефармояд: «وَيَجْعَلُ الرِّجْسَ عَلَى الَّذِينَ لَا يَعْقِلُونَ»;[15] <<Ва нопокиро бар касоне қарор медиҳанд ки ақлро ба кор намебаранд>>! (Яъне адами ақлоният маншаъи анвоъи олоишҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст ки намунаҳои он дар пиромуни мо машҳуд аст.) Ин оёт ба рӯшанӣ далолат доранд касоне (монанди салафиён) ки ҳуҷҷати ақлро (дар мақоми назар) инкор ва (дар мақоми амал) аз корбурди он дурӣ мекунанд, бадтарин ҷумбандагон назди Худованд ва қарини нопокӣ ва нодонӣ ҳастанд (ва ин воқеъияте аст ки инсофан қобили мушоҳида ва истеқроъ аст; Чароки ваҳшиёнатарин ҷиноёти ҷорӣ дар ҷаҳони Ислом умдатан зери сари ҳамин салафиҳост ва ҳаминҳо ҳастанд ки сардастаи табаҳкорон ва фитнаангезон дар ҷаҳони Исломанд ва бар пояи аҳвои худ ва барои расидан ба қудрат, хуни мусалмононро мерезанд навомиси ононро ба канизӣ мегиранд ва ба кӯдакони онон раҳм намекунанд ва монанди салохҳо сарҳоро мебуранд ва пӯстҳоро мекананд ва гӯштҳоро пора пора мекунанд!); Бал сароҳати ин оёт дар ҳуҷҷияти ақл ва зарурати корбурди он то андозае аст ки шояд мункири он мункири зарурии Ислом ва хориҷ аз он бошад! (Чун бинобар мабнои ҳазрати Мансур, ҳар чизе ки аз нусуси муҳкам ва сариҳи Қуръон маълум мешавад зарурии Исломи аст ва мункари зарурии Ислом мусалмон нест. Албатта эшон куфри ин ҷамоъатро муҳтамал дониста ва қотеъона ба он фатво надодааст, вагарна мо бидуни ҳеҷ тардиде онҳоро кофир медонистем ва аҳкоми куффорро бар онҳо ҷори мекардем! Вале мо тобеъи ин инсони бузург ҳастем ки мебинем дар як <<Вов>> аз китоби Худованд ҷудо намешавад ва аз рӯӣ ҳавои нафс сухан намегӯяд ва аз фатвои ӯ таҷовуз намекунем ва ба пайравӣ аз ӯ, куфри ин ҷамоъати гумроҳ ва хашенро муҳтамал медонем. Ҳар чанд эшон дар идома, ин эҳтимолро тақвият мекунад ва бо таваҷҷуҳ ба илми таҷрибии худ дарбораи ин ҷамоъат, мефармояд:) Ман борҳо аз ин гурӯҳ шунидаам ки ақлиётро (мутлақан) мардуд мешуморанд ва ҳар гуна ақлоният дар фаҳми шариъатро бидъат мепиндоранд ва рӯшан аст ки агар байина (яъне шуҳуд ва мадорики кофӣ) бар фарде аз инон бо ин ақида қоим шавад, аҳкоми муртад (бинобар мабнои фуқаҳо) ё мунофиқ (бинобар мабнои хосси устозунал Мансур) бар ӯ ҷараён меёбад; Чароки эътибори ақл ва вуҷуби корбурди он дар шариъат, аз заруриёти Ислом аст ки ҷоҳил ба он маъзур нест. (Монанди воҷиби намоз ва ҳурмати никоҳ бо маҳрам. Ҳосил онки эшон куфри салафиёнро аз як сӯ бо таваҷҷуҳ ба инки ҳуҷҷияти ақл тавассути онҳо ва аз сӯӣ дигар бо таваҷҷуҳ ба изҳори ақойиди ширкомез дар бораи Худованд тавассути онҳо, ба таври куллӣ мӯҳтамал донистааст, вале исботи куфри ононро танҳо ба сурати мавридӣ ва дар сурати вуҷуди илми тафсилӣ ва ҷузъӣ мумкин дониста ва ба сурати куллӣ ва маҷмуъӣ мумкин надонистааст. Ин ба он маъност ки наметавон ба унвони як қоъида гуфт: <<Салафиҳо кофиранд>>, вале дар сурате ки далоили кофӣ барои куфри <<Як салафӣ>> ба сурати хос иқома шавад, монанди инки теъдоде аз мусалмонон аз ӯ бишнаванд ки ақлро ба таври куллӣ бе эътибор медонад ё барои Худованд ҷиҳат ва ҳаракат ва ҷавореҳи ҳақиқӣ зикр мекунад, метавон ӯро муртад ё мунофиқ донист.

والسلام علیکم و رحمت الله و برکاته)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Нигоҳ кун ба: Ибни Абдулбир, Атамҳид, ҷ 1, с 7.

↑[2] . [Қабул накардан аз рӯи такаббур].

↑[3] . Нигоҳ кун ба: Нававӣ, шарҳи саҳеҳ Муслим, ҷ 1, с 132.

↑[4] . Ба унвони намуна, нигоҳ кун ба: Албонӣ, Ирвоъул ғалил, ҷ 1, с 322.

↑[5] . Нигоҳ кун ба: Ғаззолӣ, Алманхул, с 387.

↑[6] . Нигоҳ кун ба: Усулу Сарахсӣ, ҷ 27, с 143; Бадрул Айнӣ, Умдатул Қорӣ, ҷ 1, с 31.

↑[7] . Нигоҳ кун ба: Хатиби Бағдодӣ, Алкифояту фи илмилр равоҳя, с 30.

↑[8] . Нигоҳ кун ба: Бини Боз, Аладилатун нақлия вал ҳисия ало ҷараёни шамс ва сукунил арз.

↑[9] . Мулк/3.

↑[10] . Юсуф/2.

↑[11] . Бақара/242.

↑[12] . Ръад/4.

↑[13] . Анфол/22.

↑[14] . Бақара/171.

↑[15] . Юнус/100.

Барои шунидани савти дарси ҳаштум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.