Панҷшанбе 21 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 1 муҳаррам 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси шашум
Мавзӯъ:

Бедоҳати ақл

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین)

Бедоҳати ақл

Ақл хостгоҳи аслии (яъне маншаъ) маърифат ва меъёри нахустини (яъне мабдаъи) илм аст (ба ин маъно ки маърифат аз ақл ношӣ мешавад ва ақл, асли ҳамаи меъёрҳои фаръии илм монанди шаръ аст.) ва ҳуҷҷияти (яъне ҳуҷҷат будан ва мӯътабар будан ва қобили истинод будан) он ба таври қатиъ бадеҳӣ аст (ба ин маъно ки дар ниҳояти вузуҳ аст, ба қадре ки ниёзе ба далил надорад); Чароки тасаввури он (яъне тасаввури ҳуҷҷияти ақл) ҷуз бо тасдиқи он мумкин нест ва тасдиқи он аз тасаввури он ҷудоӣ намепазирад (манзур аз тасаввур, ҳозир кардани сурати чизе дар зеҳн бидуни ҳукм кардан дарбораи он аст, мисли инки сурати адолат ё зулмро бидуни ҳеҷ қазовате дарбораи он дар зеҳни худ тасаввур кунем ва манзур аз тасдиқ, ҳукм кардан ва қазоват кардан дарбораи чизе аст ки сурати онро дар зеҳнамон ҳозир кардаем, мисли инки бигӯйем адолат хуб аст ё зулм бад аст. Устозунал Мансур мефармояд: Тасаввури ҳуҷҷияти ақл бидуни тасдиқи он мумкин нест ва манзураш ин аст ки тасаввури ҳуҷҷияти ақл, худ аз корҳои ақл аст ва дар сурате ки ақл ҳуҷҷит набошад, тасаввури он аз ҳуҷҷияти ақл ҳам ҳуҷҷат нест ва бефоида аст). Балки метавон гуфт: Ҳуҷҷият худ як мақулаи ақлӣ аст (яъне аз идрокоти ақл нашъат мегирад ва ақл аст ки ҳуҷҷат будан ё ҳуҷҷат набудани чизеро таъйин мекунад) ва маъное ҷуз кошифият аз воқеъ барои ақл надорад (яъне ҳуҷҷат будани як чиз ба маънои кошиф будани он аз воқеъ барои ақл ва ба ин маъност ки он чиз воқеъиятро ба ақл нишон медиҳад) ва бо ин васф, исботи ҳуҷҷият барои ақл, монанди исботи ҳуҷҷият барои ҳуҷҷият аст (чун ақл асл ва мабнои ҳуҷҷият аст ва ҳуҷҷият дар мизони ақл санҷида мешавад ва маътуф ба ақл аст ва бидуни ақл маъно ва мафҳуме надорад; То ҷойе ки метавон гуфт: Ҳуҷҷият ба маънои маъқулият аст ва бо ин васф, исботи ҳуҷҷият барои ақл монанди исботи маъқулият барои ақл аст ки маъно надорад)! Ба баёни дигар, ҳуҷҷияти ҳар чизе ки барои исботи ҳуҷҷияти ақл ба он истедлол шавад, аз ҳуҷҷияти ақл ошкортар нест ва исботи он ба субути ҳуҷҷияти ақл ниёзманд аст (дар ҳоле ки далил бошад аз чизе ки барояш далил оварда мешавад ошкортар бошад на инки аз он пинҳонтар ва ношинохтатар бошад); Ҳамчунонки масалан шаръ барои он ки битавонад ҳуҷҷияти ақлро исбот кунад, нахуст бояд ҳуҷҷияти худаш исбот шавад; Чароки ҳуҷҷияти он аз ҳуҷҷияти ақл равшантар нест, дар ҳоле ки барои исботи ҳуҷҷияти он абзоре ҷуз ақл вуҷуд надорад (бо таваҷҷуҳ ба инки наметавон барои куффор ба шаръ истинод кард, вале метавон ба ақл истинод кард; Бар хилофи рӯйкарди аҷиб касоне ки вақте масалан аз онҳо мепурси далил бар вуҷуди Худованд чист? Мегӯянд: Фалон ояи қуръон ё фалон ҳадиси Пайғамбар!! Дар ҳоле ки табиъатан оёот ва аҳодис, фуруъ бар вуҷуди Худованд ҳастанд ва аввал бояд вуҷуди Худованд бо адилаи ақлӣ ва мустақил исбот шавад то навбат ба китоби Ӯ ва ҳадиси Паёмбараш бирасад!) ва исботи ҳуҷҷияти он бо худаш низ бемаъност (яъне шаръ аз он ҷиҳат ки бадеҳӣ нест, қатъан ба исбот ниёз дорад, вале исботи он бо худаш мумкин нест; Чун агар худаш собит бошад ниёзи ба исбот надорад ва агар худаш собит набошад наметавонад мабнои исботи худаш бошад ва бояд бо як чизи хориҷ аз худаш исбот шавад ва он ҷиз ақл аст ки ҷойгузине надорад). Оре, ақл ҳуҷҷияти шаръро (бо таваҷҷуҳ ба далолати вуҷуди махлуқот бар вуҷуди холиқ ва таъаддуди онҳо бар ягонагии Ӯ ва далолати мӯъҷизоти Ӯ бар набуввати Паёмбаронаш) исбот мекунад ва аз ин рӯ, ҳангоме ки меъёри шинохт шуморида мешавад, табиъатан шаръро дар бар мегирад (яъне вақте мегуйем ақл меъёри шинохт аст, манзурамон ин аст ки шаръ меъёри шинохт нест, чун шаръ дар зимни ақл мегунҷад ва машмули он мешавад ва ин бар хилофи таваҳҳуми касоне аст ки худро хеле муташарриъ медонанд ва даъвати устозунал Мансур ба сӯӣ ақлониятро мешунавонад, ба хашм меоянд ва гумон мекунанд ки бо ин ҳисоб шаръ аз байн меравад! На, шаръ аз байн намеравад; Чун шаръ аз абзорҳои ақл аст ва ассои дасти ӯст ва ӯ онро қабул дорад ва бо ин ҳисоб, набояд аз ақл тарсид. Эй аҳли ҳадис! Эй салафиҳо! Эй ахбориҳо! Чаро шумо аз ақл метарсед?! Магар девона ҳастед?! Ақл шайтони раҷим нест ки шуморо гумроҳ кунад, ақл ҳуҷҷате аст ки Худованд дар ботини шумо қарор дода, ҳамон таврки шаръ ҳуҷҷате аст ки дар беруни шумо қарор дода шудааст ва бо ин ҳисоб, шумо бо ақл ба шаръ мерасед ва онро дарк мекунед ва мешиносед. Инсон воқеъан мутаъассиф мешавад вақте мебинад касе худро олими дин медонад, вале аз ақл бароъат меҷуяд ва гумон мекунад ки мутамассик ба шаръ аст! Дар ҳоле ки бароъати ӯ аз ақл боис мешавад ки ӯ мутамассик ба шаръ ҳам набошад; Чун тамассуки саҳиҳ ва ҳақиқи ба шаръ дар рӯшаноии ақл мумкин аст ва вақте касе ба иқтизоъоти ақлӣ мултазим набошад, шаръро бад мешиносад ва мешавад монанди ин қавми ваҳши дар Ироқ ки бо номи шаръ, сари мусалмонро мебуранд ва бо номи хилофат, салтанати Заҳҳок ва Нерунро эҳё мекунанд! Ин ҳама ҷиноят дар ҷаҳони Ислом ки бо номи Ислом анҷом мешавад ба хотири тамассук ба шаръ бидуни ақлоният аст. Чун аз ақл истифода намекунанд, шаръро чаппа мешиносанд ва ба ҷои инсон, ба ҳайвони дарандае табдил мешаванд. Лизо ҳар кас бе ақл аст ба тарафи ин ақвоми ваҳшӣ меравад, дар ҳоле ки касе монанди устозунал Мансур бо ин даъвати муҳкам ба сӯӣ ақлонияти, ғариб мондааст ва иддаи каме ба тарафаш майл мекунанд; Чун бештари мардум аҳли ақлоният нестанд ва шинохташон аз шаръ як шинохти ақлонӣ нест.) ва бо ин васф, ном бурдан аз шаръ дар канори он ба унвони меъёри шинохт, зарурӣ нест (яъне лузуми нест ки бигӯйем меъёри шинохт, иборат аст аз ақл ва шаръ) ва (агар бигӯйем) танҳо ном бурдан аз хос дар канори ом ё лозим дар канори малзум барои таъкид аст (бо таваҷҷуҳ ба инки шаръ нисбат ба ақл, монанди хос нисбат ба ом аст, мисли Зайд ба инсон ва монанди лозим нисбат ба малзум аст, мисли тағзия нисбат ба зиндагӣ; Чун лозимаи зиндагӣ, тағзия аст. Ҳамин тавр вақте мегуйем ақл ва шаръ, мисли ин аст ки бигӯйем инсон ва Зайд ё бигӯйем тағзия ва зиндагӣ ва табъан агар инро нагӯйем ва ба аввалӣ басанда кунем шомили дувумӣ ҳам мешавад ва гуфтани дувумӣ аз боби таъкид аст: Ҳамаи донишҷӯён ва Зайд омаданд, ҳаргоҳ бихоҳем ба ҳар далил бар рӯӣ Зайд таъкид куним.); Чунонки Худованд (аз боби таъкид) фармудааст: «أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ ۚ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ ۖ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا»;[1] <<Ё мепиндорӣ ки бештари онон (ба шаръ) гӯш месупоранд ё ақлро ба кор мебаранд?! Онон ҷуз монанди чаҳорпоён нестанд, балки ононгумроҳтаранд>> Ва фармудааст: «وَقَالُوا لَوْ كُنَّا نَسْمَعُ أَوْ نَعْقِلُ مَا كُنَّا فِي أَصْحَابِ السَّعِيرِ»;[2] <<Ва гӯянд агар (ба шаръ) гӯш месупурдим ё ақлро ба кор мебастем дар ёрони оташ набудем>> Ва фармудааст: «أَفَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَتَكُونَ لَهُمْ قُلُوبٌ يَعْقِلُونَ بِهَا أَوْ آذَانٌ يَسْمَعُونَ بِهَا ۖ فَإِنَّهَا لَا تَعْمَى الْأَبْصَارُ وَلَٰكِنْ تَعْمَى الْقُلُوبُ الَّتِي فِي الصُّدُورِ»;[3] <<Оё пас дар замин гардиш накарданд то (дар асари таҳқиқ ва таҷриба) барояшон дилҳое (яъне ақлҳое) бошад ки бо он таъққул кунанд ё гӯшҳое бошад ки бо он (ба шаръ) истемоъ кунанд?! Пас бегумон дидагон нобино нест, вале дилҳое ки дар синаҳост нобиност>>, бо таваҷҷуҳ ба инки (манзур аз) гӯш супурданд (дар ин оёт), ахзи ба шаръ аст (чун шаръ аст ки моҳияти самоъӣ дорад ва бо шунидан аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маълум мешавад) ва бо ба кор бастани ақл мулозима дорад (чун шунавоӣ аз ҳавосси ақл аст ва абзори он барои шинохти шуниданиҳо маҳсуб мешавад), бал ҷуз бо ба кор бастани ақл ки дар китоби Худованд <<Қалб>> номида шудааст, мумкин нест (чун фаҳми маънои шаръ ва вуҷуби ахз ба он, бо ба кор бастани ақл мумкин аст ва касе ки аз ақл истифода намекунад, маънои шаръро намефаҳмад ва ба он амал намекунад.).

Аз инҷо метавон гуфт, касоне ки дар ҳуҷҷияти ақл ба дидаи тардид менигаранд ё онро инкор мекунанд, дар воқеъ коре ҷуз исботи онро анҷом намедиҳанд; Чароки тардид дар ҳуҷҷияти ақл ва инкори он, бидуни ҳуҷҷияти ақл мумкин нест ва нафйӣ он, мусталзими исботи он аст! (Бо таваҷҷуҳ ба инки тардид дар ҳуҷҷияти ақл ва инкори он, мубтани бар як истидлоли ақлӣ аст, албатта як истидлоли ғалат, вале ба ҳар ҳол ақлӣ аст. Аз ин рӯ, мефармояд: Нафйӣ ҳуҷҷияти ақл, мусталзими исботи ҳуҷҷияти ақл аст; Чун нафйӣ он, исботи онро дар зимни худ дорад ва ин ба маънои адами имкони нафи ҳуҷҷияти ақл аст ки болотарин дараҷаи бедоҳат маҳсуб мешавад.

والسلام علیکم و رحمت الله و برکاته)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Фурқон/44.

↑[2] . Мулк/10.

↑[3] . Ҳаҷ/46.

Барои шунидани савти дарси шашум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.