Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси севум
Мавзӯъ:

Ваҳдати меъёри шинохт; Мункирон

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین)

(Устозунал Мансур дар боби) Мункирони ваҳдати ҳақ ва меъёри шинохти он (мефармояд:) Ваҳдти ҳақ ва шинохти он ва меъёре ки барои он лозим аст, аз масоъили зарурӣ аст (яъне аз масоъиле аст ки заруратан маълум аст ва лизо иқрор ба он зарурӣ ва воҷиб аст) ки тардид дар он маъно надорад (яъне маънои маъқуле ки қобили тувҷиҳи уқалоӣ бошад, надорад). Бо ин ҳол, аз дербоз (яъне қабл аз Ислом) то кунун касоне будаанд ки дар он тардид доштаанд ва ҳтто онро инкор намудаанд (аввалин гурӯҳ аз ин касон ки устозунал Мансур, ном мебарад).

[Сӯфистоъиён]

(аст. Мефармояд:) Ба унвони намуна (яъне аз боби мисол на аз боби эҳсо ва зикри ҳамаи маворид; Чун мумкин аст гурӯҳҳои дигаре ҳам бошанд ки ҳамин назарро дошта бошанд), мегӯянд (таъбир мефармояд ба <<Мегӯянд>> ба хотири инки ин мавзӯъ, шӯҳрат дорад вале марбут ба қабл аз Ислом аст ва шояд ба сурати қатъӣ собит набошад. Ба ҳар ҳол бинобар нақле ки машҳур аст) дар Юнони бостон гурӯҳе будаанд ки барои ҳақ вуҷуди воҳиде намешинохтаанд ва онро тобеъи назари инсон мепиндоштаанд. Ба заъми ин гурӯҳ ки <<Сӯфистоъиён>> ном гирифтаанд (зоҳиран ин як номи Юнонӣ аст ва калимаи <<Сафсата>> ба маънои муғолита ва фиребкории лафзӣ аз ин ном гирифта шудааст. Ба ҳар ҳол ба заъми ин гурӯҳ ва ҳамфикронашон ки имрӯз ҳам ҳастанд), ҳақ чизе аст ки инсон онро ҳақ мешуморад ва метавонад онро гарчи бо неруи ҷадал ба исбот бирасонад. Ин ба он маъност ки ҳақ, вуҷудӣ собтит (яъне ғайри қобили тағйир) ва мустақил аз инсон надорад ва баста ба шинохти инсон аз он тағйир меёбад. Ба иборати дигар, ин шинохти инсон нест ки аз ҳақ табаъият мекунад (чун аслан ҳаққе хориҷ аз зеҳни инсон нест), бал ин ҳақ аст ки тобеъи шинохти инсон аст (чун фақат дар зеҳни ӯ вуҷуд дорад ва як чизи тахаюлӣ аст) ва агар инсон ҳаққеро нашиносад, дар воқеъ ҳаққе вуҷуд надорад! (Ин аввалин гурӯҳ аз касоне буд ки яке будани ҳақ ва меъёри шинохташонро мункир будаанд. Ҳар чанд зоҳиран ин гурӯҳ дар гузашта вуҷуд дошта ва дар ҳоли ҳозир дигар вуҷуд надорад, вале воқеъият ин аст ки дар ҳоли ҳозир ҳам вуҷуд дорад ва фақат номашон тағйир карда ва ба ҳамин далил устозунал Мансур аз он ном бурда ва онро муъаррифӣ карда то собиқа ва пешинаи гурӯҳҳои ба зоҳири ҷадиде ки бо ҳамин мафкура ва назария дар ҳоли ҳозир вуҷуд доранд, маълум шавад. Муҳимтарини ин гурӯҳҳо ки устозунал Мансур баъд аз суфистоъиён ном мебарад)

[Инсонмеҳварон]

(ҳастанд; Ҳамин касоне ки ба истилоҳ <<Умонистҳо>> номида мешаванд, вале дар воқеъ ҳамон сӯфистоъиҳо ҳастанд ки ниқоби ҷадиде бар чеҳраӣ худ задаанд ва инсонро маҳвар ва мабнои ҳақ медонанд; Лизо мефармояд:) Шояд ин <<Сафсата>>, навъе аз инсонмеҳварӣ бошад ки имрӯз низ бар ҷаҳони куфр (яъне кишварҳои ғайри мусалмони) ҳоким аст (ба ин далил мефармояд <<Шояд>> ки мумкин аст тафовуте ҳам миёни онҳо бошад); Чароки имрӯз, ҷаҳони куфр таҳти таъсири файласуфони мулҳиде (яъне назарияпардозоне ки мункари вуҷуди Худо будаанд) чун Мокёвелӣ (д.1527м) (ки назарияпардози бисёр машҳуре аз ин гурӯҳ аст ва мӯътақид буда ки ҳадаф, василаро тувҷиҳ мекунад ва барои расидан ба он метавон ба ҳар коре мутавассил шуд ва ҳар коре ки барои расидан ба ҳадаф лозим бошад, хуб аст ҳар чанд мунофоте бо дин ва ахлоқ ва инсоният бошад ва ба дигарон осеб бирасонад. Возеҳ аст ки тарҳи ин қабил назариёт тавассути ин гурӯҳ аз назарияпардозони кофир, таъсири худашро бар рӯӣ ҷаҳони куфр гузоштааст, чи дар ҳавзаӣ сиёсат ва чи дар ҳавзаӣ иқтисод ва чи дар ҳавзаӣ фарҳанг, ҳар чанд шояд нагӯянд ва тасриҳ накунанд ки ба пайравӣ аз Мокёвелӣ ва амсоли ӯ ин сиёсат ва иқтисод ва фарҳанги зидди инсониро эҷод кардаанд, вале ҳамсӯӣ ва ҳамоҳангӣ ва ҳамфикрияшон бо онҳо комилан возеҳ ва қобили мушоҳида аст ва ниёзе ба тасриҳ надорад. Ба ҳар ҳол давлатҳои кофир таҳти таъсири дониста ё нодонистаӣ ин қабил фалсафабофҳо) ки (ба таъбири устозунал Мансур) меросхурони сӯфистоъиён будаанд (яъне аз мероси фикрии онҳо тағзия кардаанд), арзишҳои ахлоқиро тобеъи аҳвоъи худ сохтаанд ва таъорифи ҷадиде аз мафоҳими бунёдин ироъа додаанд ки бо таъорифи фитрӣ ва торихии онҳо мутафовит аст (манзур аз мафоҳими бунёдин, гузораҳо ва дидгоҳҳои возеҳ ва ибтидоӣ аст ки ҷанбаи умумӣ дорад ва мавриди иттифоқи назари ҳамаи инсонҳост, мисли хуб будани адолат ва бад будани зулм. Ин мафоҳим чун дар ғариза ва замири инсонҳо ниҳодина ва росих аст як таъорифи маълум ва мушаххасе дорад ки дар ҳамаи торих вуҷуд дошта ва аз фарти инсонҳо ношӣ шудааст, вале инсонмеҳварони кофир имрӯз ин таъорифи фитрӣ ва торихиро ба суди худашон тағйир додаанд). Ба унвони намуна, адолат ва озодӣ дар фарҳанги инон маъонии ҷадиде ёфтааст ки беш аз ҳар чиз мубтанӣ бар нисбиятгароӣ дар ҷаҳонбинии онҳост (манзур аз <<Нисбиятгароӣ дар ҷаҳонбинии онҳо>> ин аст ки онҳо барои мафоҳими бунёдин ва арзишҳои ахлоқӣ, маъонии собит ва мустақилле қоил нестанд, балки онҳоро комилан нисбӣ ва вобаста ба манофеъи худ медонанд). Аз назари онҳо, дуруст монанди сӯфистоъиён, ҳақ тобеъӣ аз назари онҳост ва ҳар чизе ки бо манофеъи онҳо созгор бошад, хуб ва ҳар чизе ки бо манофеъи онҳо созгор набошад, бад аст! (Ин ҳамон ҳалқаи иттисоли инсонмеҳварон ва суфистоъиён аст ва ҳамон шабоҳате аст ки байнашон вуҷуд дорад) Рӯшан аст ки ин инсонмеҳварӣ, ҷунбише (яъне ҳаракат ва қиёме) дар баробари Худомеҳварӣ аст ва касоне ки бунёни онро гузоштаанд, ба Худованд бовар надоштаанд (бо таваҷҷуҳ ба инки бо вуҷуди имон ба Худованд наметавон инсонро меҳвари ҳақ донист ва ҷамъи байни ин ду мумкин нест); Чароки дар ҷаҳонбинии Илоҳӣ, Худованд маншаъи ҳақ аст ва инсон тобеъи ҳақ шумурда мешавад, дар ҳоле ки дар ҷаҳонбинии илҳодӣ, инсон маншаъи ҳақ аст ва Худованд (ҳатто агар ба зоҳир монанди умонистҳои яҳудӣ ва масеҳӣ ба вуҷудаш мӯътақид бошанд) нақше дар он надорад. (Лизо устозунал Мансур ба баёни бисёр рӯшан ва дақиқе мефармояд:) Ба баёни дигар, эътиқод ба ваҳдонияти ҳақ, як эътиқоди тавҳидӣ аст ки аз эътиқод ба ваҳдонияити Худованд ба ҳайси маншаъи ҳақ нашъат гирифтааст (яъне аз эътиқод ба инки маншаъи ҳақ, Худованд аст ки воҳид аст ва шарике надорад), дар ҳоле ки эътиқод ба таъаддуди ҳақ, як эътиқоди ширкомез аст ки аз инкори ваҳдонияти Худованд ва эътиқод ба маншаъаҳои мутаъаддид барои ҳақ нашъат гирифтааст. (Ин дувумин гурӯҳе буд ки мункири ваҳдати ҳақ ва меъёри шинохти он буд. Аммо севумин гурӯҳ ки бо камоли таъаҷҷуб, дар ҷаҳони Ислом ва миёни мусалмонон зуҳур карда)

[Тасвибгароён]

(будаанд; Яъне касоне ки гаройиш ба тасвиб ва саҳиҳ донистани назароти мухталиф ва мутазод доштаанд ва нодониста ба роҳи инсонмеҳмарони кофир рафтаанд. Дарбораи инҳо мефармояд:) Бо ин васф, набояд аз вуҷуди ин ҷараён (яъне ҷараёни инкори ваҳдати ҳақ) дар миёни кофирон мутаъаҷҷиб буд (чун рӯшан шуд ки ин ҷараён як ҷараёни илҳодӣ ва куфромез аст ва табъан вуҷудаш дар миёни кофирон табиъӣ аст.); Чизе ки бояд аз он таъаҷҷуб кард, вуҷуди ин ҷарён дар миёни мусалмонон аст (чун вуҷуди як ҷараёни ширкомез дар миёни мӯътақидони ба тавҳид, аҷиб аст); Зеро гурӯҳе аз мусалмонон дар садаи дувум ва севуми ҳиҷрӣ (яъне тақрибан аз нимаи даврони Умавиҳо то бахшӣ аз даврони Аббосиҳо), таҳти таъсири бархӣ авомили сиёсӣ дар замони ҳукмронии Умавиён (ки дар замони Аббосиҳо пай гирифта шуда ва баъдан ба бархӣ аз ин авомил ишора мешавад) ва бо ангезаӣ тасвиби (яъне тувҷиҳи) ихтилофоти саҳоба, ин бовари илҳодиро ба мерос гирифтанд ва бовар ёфтанд ки ҳақ, тобеъи назари муҷтаҳид аст ва бо таъаддуди назари ӯ таъаддуд меёбад! (Яъне инҳо бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди ихтилофоти шадид миёни саҳобаи Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам баъд аз он Ҳазрат ва бо таваҷҷуҳ ба хушбинӣ ва иродоти шадидашон ба онҳо, ба тасвиб рӯй оварданд то интавр ҷилва диҳанд ки ҳамаи саҳоба дар ҳамаи назарот ва корҳояшон, бар савоб ва бар ҳақ будаанд. Баъд чунин саҳобаро муҷтаҳид медонистанд ва ихтилофоташонро ба ҳамин хотир тувҷиҳ мекарданд, ин эътиқодро ба соири муҷтаҳидин ҳам таъмим ва густариш доданд ва гуфтанд ки назарот ва корҳои ҳамаи муҷтаҳидон саҳиҳ аст; Чун ҳамашон барои худ далил доранд ва назарот ва корҳошон ба назари худашон саҳиҳ аст.) Ба заъми ин гурӯҳ ки <<Мусаввиба>> номида шуданд, ҳар чизе ки муҷтаҳид онро ҳақ медонад, назди Худованд ҳам ҳақ аст ва ҳар чизе ки муҷтаҳид онро ҳақ намедонад, назди Худованд ҳам ҳақ нест! Бинобарин, муҷтаҳид тобеъи назари Худованд нест, балки Худованд тобеъи назари муҷтаҳид аст ва ҳақро мутобиқи назари ӯ эҷод мекунад! Шояд тасаввур шавад ки ин назарияи шоз (яъне камтарафдор) ва маҳҷур будааст ки гурӯҳӣ хурде аз мусалмонони ҷоҳил (яъне оммӣ ва ғайр аз аҳли илм) изҳор доштаанд, вале воқеъият он аст ки бештари Ашоъира (яъне пайравони Абулҳасани Ашъарӣ ки аксарияти мусалмононро ташкил медиҳанд) ва бисёрӣ аз Мӯътазила (ки як фирқаи каломӣ дигар бо гаройишҳои уқалоитар буда) ҳамин назарияро доштаанд ва аз касоне чун Абу Ҳанифа (д.150қ), Молик (д.179қ), Шофеъӣ (д.204қ), ва ибни Ҳанбал (д.241қ) низ дар ин гурӯҳ ёд шудааст (яъне баъзӣ, аъиммаи чаҳор мазҳабро ҳам аз тасвибгароён донистаанд ки албатта устозунал Мансур дар ин бора изҳори тардид мекунад ва мефармояд:) ки албтта қатъӣ нест ва мавриди ихтилоф аст.[1] (Инсофан ҳам ба хусус дар робита бо имом Абу Ҳанифа ва имом Шофеъӣ ба сахтӣ метавон чунин нисбатеро қабул кард; Чун аз он ду суханоне нақл шуда ки нишон медиҳад ба тасвиб, ҳатто дар робита бо саҳоба бовар надоштанд ва бархӣ аз онҳоро дар хато медонистанд; Ҳар чанд монанди бисёрӣ дигар тарҷиҳ медиҳанд ки дарбораи хатоҳои онҳо сукут кунанд ва ҳамин сукут ҳам баъзан боъиси ҳамин нисбатҳо шуда ва ба истилоҳ сӯъи тафоҳум эҷод кардааст. Албатта аз тарафи дигар эътиқод ба адолати ҳамаи саҳоба ҳам ба онҳо нисбат дода шуда ки метавонад ба маънои тасвиб бошад; Чун ҷуз бар мабнои тасвиб қобили тувҷиҳ нест. Зоҳиран ба ҳамин далил аст ки устозунал Мансур масъаларо ба тардид вогузор мекунад; Ҳар чанд ин метавонад ба он далил ҳам бошад ки эшон ба таври куллӣ барои ин қабил нисбатҳо эътибори чандоне қоил нест ва бештари онҳоро заннӣ ва беарзиш медонад. Бар ҳар ҳол, ин гурӯҳи севвум аз мункирони ваҳдати ҳақ буд. Аммо гурӯҳи чаҳорум)

[Такассургароён]

(ҳастанд; Яъне касоне ки сариҳан ба такассур ва чандгонагии ҳақанд) Ба ҳар ҳол, ин рӯйкарди нодуруст (яъне эътиқод ба таъаддуди ҳақ ки нодурустии он қаблан рӯшан шуд), монанди бисёрӣ аз рӯйкардҳои нодурусти дигар ки дар миёни гузаштагон ривоҷ дошта (ки баъзеро дар идома ишора хоҳад фармуд), ба наслҳои пасин интиқол ёфтааст ва имрӯз низ дар миёни шуморе аз мусалмонон дида мешавад (зоҳиран манзур гаройиш ба тасвиб аст ки ҳанӯз иддае аз мусалмонҳо хусусан нисбат ба саҳоба доранд). Ба илова, ин рӯзҳо гурӯҳи дигаре пайдо шудаанд ки <<Такассургароён>> (ё ба истилоҳ пулуриалистҳо) номида мешаванд (меълум аст ки устозунал Мансур амдан аз ин номҳои аҷнабе ки кофирон, худашон барои худашон сохтаанд ва маълум нест дақиқан ба чи маъное аст ва чи манзуре аз он доштаанд, истифода намекунад; Чун ба таври куллӣ аз ташаббуҳ ба кофирон ҳам дар амал ва ҳам дар адабиёти гуфторӣ кароҳат дорад ва ин чизе аст ки барои мо ки бо эшон мусоҳиба доштаем маълум аст. Хулоса, инҳо такассургароён номида мешаванд) ва ошкоро ба такассури ҳақ ва шинохти он бовар доранд ва тафосири мухталиф аз матни воҳидро саҳиҳ медонанд (яъне мӯътақиданд ки як матн ва навишта, метавонад ба теъдоди касоне ки онро мехонанд, маънои мутаъаддиде дошта бошад). Ҳеҷ шакке вуҷуд надорад ки ин ҷараён, як ҷараёни Исломӣ нест ва таҳти таъсири ҷараёнҳои илҳодӣ (яъне мункири вуҷуди Худованд) падид омадааст; Зеро ҳангоме ки ҷаҳони Ислом бо ҷаҳони куфр даромехт (яъне омезиш ва ихтилот пайдо кар) ва таъомул (яъне муъомила ва доду гирифт) бо онро ҷойгузини тақобул (яъне зиддият ва мухосима) бо он сохт (бо таваҷҷуҳ ба инки дар оғоз мусалмонон, кофиронро душмани худ медонистанд ва ҷуз ба ҷанг бо онҳо фикр намекарданд ва ҳамин боъис мешуд ки маҷоле барои нуфузи афкори кофирон ба миёни мусалмонон вуҷуд надошта бошад, дар ҳоле ки аз ду қарни пеш ба ин тараф, навъи робитаи мусалмонон бо кофирон тағйир кард ва дӯстӣ бо кофирон шурӯъ шуд, албатта дӯстии яктарафа; Чун кофирон ҳеҷ вақт бо мусалмонон дӯстӣ накарданд ва феълан ҳам намекунанд ва дар оянда ҳам нахоҳанд кард ва дар ҳамаи ин муддат фақат ба фикри истеъмор ва ғорати манобеъи мусалмонон будаанд. Бар ҳар ҳол вақте ин хушбинӣ ва дӯстӣ бо кофирон шурӯъ шуд, ба таъбири устозунал Мансур), касоне аз мусалмонон ки шинохти камтаре аз Ислом ва илтизоми камтаре ба он доштанд (яъне аз назари илмӣ ва амалӣ заъифтар буданд, ҳар чанд баъзешон ки ғарбрафтаҳо буданд хеле ҳам худашонро олим тасаввур мекарданд, дар ҳоле ки ҳанӯз дини обо ва аҷдоди худро дуруст нашинохта буданд. Хулоса инҳо), хоста ё нохоста, дар мавзеъи инфиъол қарор гирифтанд (яъне таҳти таъсир қарор гирифтанд) ва мабҳут аз ҷилваҳои фиребандаи дунявӣ дар ҷаҳони куфр (бо таваҷҷуҳ ба инқилоби санъатӣ дар Аврупо ки албатта дуздӣ буд ва аз ҷаҳони Ислом ба сирқат рафта буд), ранг ва бӯй ва маззаи кофиронро ёфтанд (яъне фикр ва забон ва рафтори кофиронро пайдо карданд). Бо ин ҳол, наметавон ин рӯйкардро ба таври комил армағони (яъне савғот ва воридоти) ҷаҳони куфр донист; Чароки решаҳои он миёни худи мусалмонон дар садаҳои нахустини Исломӣ қобили радёбӣ аст (мисли тасвибгароён ки дар қарни дувум ва севум пайдо шуданд; Яъне назари чунин гаройишҳои фикрӣ ғалате дар гузашта, миёни худи мусалмонон вуҷуд доштааст. Дар инҷо устозунал Мансур бо як нигариши амиқ ва мунсифона мехоҳад бифармояд ки мумкин аст ин такассургароӣ, ҳамон андоза ки аз нуфузи фикрии кофирон дар ҷаҳони Ислом нашъат гирифта бошад, аз гароишҳои фикрии ғалати худи мусалмонон дар қарнҳои гузашта ношӣ шуда бошад. Лизо мефармояд:) ва ташобеҳи онҳо бо якдигар лузуман ба маънои иртиботи онҳо бо ҳам нест (чун гоҳе мумкин аст байни инсонҳои мухталифе ки иртиботи хоссе бо ҳам надоранд ва ҳатто якдигарро намешиносанд, мушобеатҳое пайдо шавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ба ҳар ҳол дар асл инсоният, шабеҳи ҳаманд ва ғаройиз ва табиъатҳои яксоне доранд ва ин ғаройиз ва табиъатҳои яксон агар бо як омили хориҷӣ мисли дин кантрол ва ҳидоят нашавад, рӯйкардҳои мушобеҳиро миёни инсонҳо иқтизо мекунад. Ин нуктаи зарифе аст ки устозунал Мансур бо адолат ва инсофи махсус ба худаш ки дар ҷо ҷои ин китоб дида мешавад, ба он таваҷҷуҳ медиҳад, бар хилофи мавзеъгирии касоне ки ҳар мушкилеро дар байни мусалмонон мушоҳида мекунанд бидуни таъаммул, бар гардани кофирон меандозанд ва тавре сухан мезананд ки гӯё мусалмонон фариштаанд ва ҳеҷ нақше дар мушкилоти худ надоштаанд. Ба ҳар ҳол, эшон бар хилофи ин қабил афроди кӯтоҳбин ва содда, нақши мусалмононро камтар аз нақши кофирон намедонад ва такассургароиро гаройишӣ муштарак миёни онҳо ва кофирон қаламдод мекунад ва дар таъйиди ин мавзӯъ, мисли ҳамеша оёте аз Қуръонро шоҳид меоварад ва мегӯяд:); Чунонки Худованд фармудааст: «يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ»;[2] <<Монанди сухани касонеро мегӯянд ки пештар кофир шуданд>> Ва фармудааст: «كَذَٰلِكَ قَالَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ مِثْلَ قَوْلِهِمْ ۘ تَشَابَهَتْ قُلُوبُهُمْ ۗ»;[3] <<Ин гуна гуфтанд касоне ки пеш аз инон буданд монанди гуфторашон, дилҳояшон шабеҳи ҳам аст>>!

(Дар ниҳоят, устозунал Мансур як бори дигар баҳси худро дар ин боб ҷамъбандӣ мекунад ва ба унвони натиҷагирӣ мефармояд:) Ба ҳар ҳол, ончи мусаллам аст ин аст ки ҳақ, вуҷудӣ воҳид ва мушаххас аст ва қобилияти таъаддуд ва такассур надорад ва аз ин рӯ, шинохти воҳидеро иқтизо мекунад ва меъёри воҳидеро металабад. (Баҳсе ки то инҷо шуд, дарбоари ин буд ки аввалан меъёри шинохт барои шинохти ҳар чизе аз ҷумла Ислом, зарурат дорад ва сониян меъёри шинохт дороӣ ваҳдат ва ягонагӣ аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад мутаъаддид бошад.

والسلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Ба унвони, намуна нигоҳ кун ба: Ғазолӣ, ал-Мустасфо, с 352; Омидӣ, ал-Аҳком, ҷ 4, с 184; Фхрулддини Розӣ, ал-Маҳсул, ҷ 6, с 34; Заркашӣ, ал-Баҳрул муҳит, ҷ 4, с 535.

↑[2] . Тавба/30.

↑[3] . Бақар/118.

Барои шунидани савти дарси севум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.