Панҷшанбе 9 апрел 2020 мелодӣ баробар бо 15 шаъбон 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading
Хондани пурсиш ва посух
   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 10 Коди пурсиш: 182
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми намоз

Нависандаи пурсиш: Баётӣ Тарихи пурсиш: 06/10/2016

Намози оётро чи мавориде ва бо чи каяфияте бояд хонд?

Посух ба пурсиши шумораи: 10 Тарихи посух ба пурсиш: 09/10/2016

Намози оёт дар вақти гирифтани хуршед ва моҳ, воҷиб аст; Ба далили сухани Худованд ки фармудааст: «وَمِنْ آيَاتِهِ اللَّيْلُ وَالنَّهَارُ وَالشَّمْسُ وَالْقَمَرُ ۚ لَا تَسْجُدُوا لِلشَّمْسِ وَلَا لِلْقَمَرِ وَاسْجُدُوا لِلَّهِ الَّذِي خَلَقَهُنَّ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ»[1]<<Ва аз оёти Ӯ шаб ва рӯз ва хуршед ва моҳанд, барои хуршед ё моҳ саҷда накунед ва барои Худованд саҷда кунед ки онҳоро офаридааст агар Ӯро парстиш мекунед>> Ва ба далили сухани мутавотир ва машҳури Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки фармудааст: «إِنَّ ٱلشَّمْسَ وَ ٱلْقَمَرَ آیَتانِ مِنْ آیاتِ ٱللّهِ لا یَنْکَسِفانِ لِمَوْتِ أَحَدٍ وَ لا لِحَیاتِهِ فَإِذا رَأَیْتُمْ ذٰلِكَ فَٱفْزَعُوا إِلَی ٱلصَّلاةِ»; <<Ҳароина хуршед ва моҳ ду оят аз оёти Худованд ҳастанд ки барои марги касе ё зиндагии ӯ намегиранд, пас чун онро дидед ба намоз пноҳ оваред>>[2] ва тардиде нест ки амри зоҳир дар вуҷуб аст.

Аммо оё ин намоз дар вақти сойири ҳаводиси табиъии тарсовар монанди зилзила, сел, тӯфон ва соъиқа низ воҷиб аст? Дар ин бора ду қавл аст: Яке онки воҷиб нест; Ба далили инки сухани Худованд ва Паёмбараш танҳо бар вуҷуби намоз дар вақти гирифтани хуршед ва моҳ далолат дорад ва асл, адами вуҷуби он дар авқоти дигар аст ва дигарӣ онки воҷиб аст; Ба далили инки сухани Худованд ва Паёмбараш танҳо бар вуҷуби намоз дар вақти гирифтани хуршед ва моҳ далолат надорад, балки дар мақоми баёни намуна аст; Чунонки ибораи «مِنْ آيَاتِهِ» дар сухани Худованд ва «آیَتانِ مِنْ آیاتِ ٱللّهِ» дар сухани Паёмбараш, сариҳи дар адами ҳаср аст ва бо ин васф, ҳар ояте аз оёти Худованд ба маънои ҳодисаи ғайри оддӣ аз ҳаводиси табиъӣ ки сабаби тарси умумӣ мешавад, намозро иҷоб мекунад ва ин қавлӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва бархӣ саҳоба ва қавли аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «رَأَی ٱلْمَنْصُورُ صاعِقَةً عَظِیمَةً فِي یَوْمٍ عاصِفٍ فَصَلّیٰ فَأَطالَ ثُمَّ قالَ: ما یَمْنَعُهُمْ إِذا جاءَهُمْ شَيْءٌ مِمّا عَذَّبَ ٱللّهُ بِهِ عِبادَهُ فِي ٱلْحَیاةِ ٱلدُّنْیا أَنْ یَرْکَعُوا؟! أَما بَلَغَهُمْ قَوْلُ ٱللّهِ تَعالیٰ: <فَلَوْلَا إِذْ جَاءَهُمْ بَأْسُنَا تَضَرَّعُوا وَلَٰكِنْ قَسَتْ قُلُوبُهُمْ وَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ>؟!»; <<Ҷаноби Мансур дар рӯзӣ тӯфонӣ соъиқаи азим дид, пас намоз гузорид ва (онро) тӯлонӣ кард ва сипас фармуд: Чи чизе онро боз медорад аз инки вақте чизе аз ончи Худованд бо он бандагонашро дар зиндагии дунё азоб кардааст меоядашон, рукӯъ кунанд?! Оё сухани Худованд ба онон нарасидааст ки мефармояд? <Чаро ҳангоме ки азоби мо ба сӯяшон омад тазарруъ накарданд?! Балки дилҳошон сахт шуд ва шайтон коре ки анҷом медиҳандро барояшон орост>[3]?!>>.

Ҳамчунонки яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «لَمّا جاءَتْ زَلْزَلَةُ بَدَخْشانَ دَخَلْتُ عَلَی ٱلْمَنْصُورِ فَوَجَدْتُهُ یُصَلِّي، فَلَمّا فَرِغَ مِنْ صَلاتِهِ سَأَلَنِي عَنِ ٱلنّاسِ فَقُلْتُ: عافاهُمُ ٱللّهُ وَ قَدْ فَزِعُوا، فَحَمِدَ ٱللّهَ عَلیٰ عافِیَتِهِمْ، ثُمَّ قالَ: وَ هَلْ وَجَدْتَهُمْ راکِعِینَ؟ قُلْتُ: لا وَ لا یَریٰ أَکْثَرُهُمْ فِیها صَلاةً! قالَ: إِنَّ هٰؤُلاءِ لَغافِلُونَ! <وَلَقَدْ أَخَذْنَاهُمْ بِالْعَذَابِ فَمَا اسْتَكَانُوا لِرَبِّهِمْ وَمَا يَتَضَرَّعُونَ ۝ حَتَّىٰ إِذَا فَتَحْنَا عَلَيْهِمْ بَابًا ذَا عَذَابٍ شَدِيدٍ إِذَا هُمْ فِيهِ مُبْلِسُونَ>! ثُمَّ قامَ فَصَلّیٰ صَلاةً أُخْریٰ»; <<Ҳангоме ки зилзилаи бадахшон омад, бар ҳазрати Мансур дохил шудам, пас ӯро дар ҳоли намоз ёфтам, пас чун аз намози худ фориғ шуд аз ман дар бораи мардум пурсиш кард, пас гуфтам: Худованд ононро ба саломат дошт, вале сахт тарсидаанд, пас Худовандро бар саломати онон сипос гуфт ва сипас фармуд: Оё ононро дар ҳоли рукӯъ ёфтӣ? Гуфтам: На ва бештари онон дар он намозе намебинанд! Фармуд: Онон ҳамоно ғофилонанд <Ва ҳароина ононро ба азоб дучор кардем, пас барои Парвардигорашон фурутанӣ накарданд ва тазарруъ намекунанд, то он гоҳ ки ба рӯӣ онон даре дорои азобӣ шадид бигушойем, пас ногоҳ дар он ноумед шаванд>[4]! Сипас бархост ва намозӣ дигар гузорид>>.

Аммо кайфияти ин намоз ба панҷ сурат шудааст:

Сурати яккум ду ракат монанди намози субҳ; Ба далили онки вуҷуди беш аз як рукӯъ дар ҳар ракат бар хилофи сурати маълуми намоз ба тавотур аст ва ҷуз бо тавотур раво дошта намешавад, дар ҳоле ки тавотуре барои он вуҷуд надорад ва бо ин васф, агар касе дар ҳар ракат беш аз як рукӯъ ба ҷой оварад, намози ӯ ботил аст ва ин қавли Абдуллоҳ ибни Зубайр, Нахаъӣ, Сурӣ ва Абу Ҳанифа аст.

Сурати дуввум ду ракат бо чаҳор рукӯъ, ба ин тартиб ки дар ракати аввал ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва дубора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва <<Самиаллоҳулиман ҳамида>> гӯяд ва ба саҷда равад ва ин корро дар ракати дуввум такрор кунад; Ба далили ривояти касоне чун Усмон, Оъиша, Ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Амр ва Ҷобир ибни Абдуллоҳ аз Расули Худо саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ин қавли Молик, Шофеъӣ, Аҳмад ва  Бухорӣ аст.

Сурати севвум ду ракат бо шиш рукӯъ, ба ин тартиб ки дар ракати аввал ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунанд ва сипас бархезанд ва дубора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯ кунад ва сипас бархезад ва себора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва <<Самиаллоҳулиман ҳамида>> гӯяд ва ба саҷда равад ва ин корро дар ракати дуввум такрор кунад; Ба далили ривояти Оъиша ва Ҷобир аз Расули Худо саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ин қавле аз Ибни Роҳувей аст ва Ибни Ҳанбал онро раво донистааст.

Сурати чаҳорум ду ракат бо ҳашт рукӯъ, ба ин тартиб ки дар ракати аввал ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва дубора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва себора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва чаҳорбора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва <<Самиаллоҳулиман ҳамида>> гӯяд ва ба саҷда равад ва ин корро дар ракати дуввум такрор кунад; Ба далили ривояти Алӣ ибни Абӣ Толиб, Ибни Аббос ва Ҳузайфа аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ин қавли Ҳабиб ибни Абӣ собит аст.

Сураи панҷум ду ракат бо даҳ рукӯъ, ба ин тартиб ки дар ракати аввал ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва дубора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва себора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва чаҳорбора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва панҷбора ҳамд ва сураи дигар бихонад ва рукӯъ кунад ва сипас бархезад ва <<Самиаллоҳулиман ҳамида>> гӯяд ва ба саҷда равад ва ин корро дар ракати дуввум такрор кунад; Ба далили ривояти Алӣ ибни Абӣ Толиб ва Убай ибни Каъб аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ин қавли машҳур аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олили ва саллам аст, ҳар чанд сурати яккум ва чаҳорум низ аз онон ривоят шудааст.

Бо ин васф, ҳақ он аст ки ҳар як аз ин суратҳои панҷгона ҷойиз аст ва ин қавли Исҳоқ ибни Роҳувей ва қавли Зоҳирия ва бархӣ аз Шофеъия ва Зайдия аст; Чароки амри Худованд ба саҷда дар «وَاسْجُدُوا لِلَّهِ» ва амри Паёмбараш ба намоз дар «فَٱفْزَعُوا إِلَی ٱلصَّلاةِ», мутобиқ аст ва шомили ҳамаи ин суратҳои панҷгона мешавад ва далилӣ қатъӣ барои хусуси ҳеҷ як аз онҳо ба унвони танҳо сурати намози оёт вуҷуд надорад, магар ривоёти расида аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи сурати панҷум ки ба маънои бутлони суратҳои дигар нест ва бо таваҷҷуҳ ба ривоёти расида аз онон дар бораи суратҳои яккум ва чаҳорум, ҳамли бар истеҳбоб мешавад ва бо ин васф, намози оёт ба сурати панҷум, суннат аст, ҳар чанд ба суратҳои дигар низ –хусусан ҳаргоҳ рукӯъро ба нисбати онҳо тӯлонитар анҷом диҳад– ишколе надорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ ٱلْمَنْصُورَ عَنْ صَلاةِ ٱلْکُسُوفِ، فَقالَ: ٱلسُّنَّةُ فِیها عَشْرُ رَکَعاتٍ وَ لَوْ رَکَعَ أَقَلَّ مِنْ ذٰلِكَ لَما کانَ بِهِ بَأْسٌ إِذا أَطالَ ٱلرُّکُوعَ»; <<Аз ҳазрати Мансур дар бораи намоз кусуф пурсидам, пас фармуд: Суннат дар он даҳ рукӯъ аст, вале агар камтар аз он рукӯъ кунад ишколе надорад ҳаргоҳ рукӯъро тӯлонӣ кунад>>.

Ба илова, ихтилофе вуҷуд надорад ки вақти ин намоз, аз оғози ҳодисаи табиъии тарсовар то поёни он аст, аммо оё қазоъи он ҳаргоҳ дар вақташ гузорида нашавад, воҷиб аст? Дар ин бораи ду ривоят аст ки яке бар вуҷуб ва дигарӣ бар адами вуҷуб далолат дорад ва ҳосили ҷамъи он ду, истеҳбоби қазоъи ин намоз аст, хусусан дар хуршедгирифтагӣ ва моҳгирифтагӣ ҳаргоҳ комил ва маълум буда бошанд. Оре, вақте ин намоз дар хусуси зилзила ки муддати он аз муддати намоз камтар аст, муддатӣ пеш аз зилзила аст ки ҳанӯз бими он барои умуми мардум вуҷуд дорад ва агар аз ин муддат гузашт, ба наҳве ки умуми мардум аз он эмин шуданд, вақти намози гузашта ва қазоъи он мустаҳаб аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «قالَ ٱلْمَنْصُورُ: وَقْتُ صَلاةِ ٱلزَّلْزَلَةِ ما لَمْ یَذْهَبِ ٱلْخَوْفُ فَإِذا ذَهَبَ ٱلْخَوْفُ فَقَدْ ذَهَبَ وَقْتُ ٱلصَّلاةِ وَ قالَ فِیمَنْ فاتَتْ عَنْهُ صَلاةُ ٱلْآیاتِ: إِنْ صَلّیٰ رَکْعَتَیْنِ فِي ٱلْوَقْتِ فَقَدْ أَجْزَأَتْهُ وَ لَیْسَ عَلَیْهِ قَضاءٌ -یَعْنِي فِي ٱلْآیاتِ کُلِّها»; <<Шунидам ҳазрати Мансур мефармояд: Вақти намози зилзила то ҳангоме аст ки тарс аз байн нарафтааст, пас чун тарс аз байн рафт вақти намози гузашта аст ва дар бораи касе ки намози оёт аз ӯ фавт шудааст фармуд: Агар дар вақти (намози оёт), ду ракат намоз (бо нияти нофила ё ҳар нияте) гузорида бошад ӯро кифоят кардааст ва дигар бар ӯ қазойе нест –яъне дар ҳамаи оёт>>.

↑[1] . Фуссилат/ 38
↑[2] . Барои ин мазмун дар манобеъи аҳли суннат нигоҳ кунед ба: Муснади Шофеъӣ, с178; Муснади Аҳмад, ҷ6, с76; Сунани Дорамӣ, ҷ1, с359; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ2, с23; Саҳеҳул Муслим, ҷ3, с27; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с401; Сунани Нисоъӣ, ҷ3, с124; Суннаи Байҳақӣ, ҷ3, с321 ва дар манобеъи шиъа нигоҳ кунед ба: Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ2, с313; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ3, с463; Ибни Бобувей, Ман ло яҳзарул фақиҳ, ҷ1, с540; Тувсӣ, Таҳзибул Аҳком, ҷ3, с154
↑[3] . Анъом/ 43
↑[4] . Мӯъминун/ 76 ва 77
Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?