Душанбе 9 декабр 2019 мелодӣ баробар бо 12 рабеъ-ул-сони 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 162
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми вилоят, қазоват ва шаҳодат

Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 04/07/2016

Умури ҳасбия чи умуре аст? Оё фақиҳи ҷомеъул шаройит дар умури ҳасбия бар инсон вилоят дорад?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 17/07/2016

Мурод аз <<Умури ҳасбия>> дар истилоҳи фуқаҳо, корҳойи зарурӣ дар робита бо афроди қосир аст ки мутасаддии муъаяне барои онҳо вуҷуд надорад, монанди сарпарастӣ аз кӯдакон ва девонагони бесарпараст ва расидагӣ ба амволи мафқудон, бо таваҷҷуҳ ба инки одатан бидуни сарпарастӣ ва расидагӣ талаф мешаванд ва фарз ин аст ки Худованд розӣ ба талаф шудани онҳо нест. Рӯшан аст ки анҷоми ин қабил корҳо бидуни аваз, мисдоқи боризи <<Эҳсон>> маҳсуб мешавад ки Худованд онро ҷойиз дониста ва фармудааст: «مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ» (Тавба/ 91); <<Бар эҳсон кунандагон роҳе (ба муъохиза) нест>> Ва фармудааст: «لِلَّذِينَ أَحْسَنُوا الْحُسْنَىٰ وَزِيَادَةٌ ۖ» (Юнус/ 26); <<Барои касоне ки эҳсон мекунанд некӣ ва бештар аст>> Ва фармудааст: «لِلَّذِينَ أَحْسَنُوا فِي هَٰذِهِ الدُّنْيَا حَسَنَةٌ ۗ» (Наҳл/ 30); <<Барои касоне ки эҳсон мекунанд дар ин дунё некӣ аст>> Ва фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ» (Тавба/ 120); <<Худованд подоши эҳсон кунандагонро зойеъ намекунад>> Ва фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ مَعَ الَّذِينَ اتَّقَوْا وَالَّذِينَ هُمْ مُحْسِنُونَ» (Наҳл/ 128); <<Худованд бо касоне аст ки тақво пеш мегиранд ва касоне ки эҳсон кунандаанд>>, балки ҳамагонро ба он амр карда ва фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ وَإِيتَاءِ ذِي الْقُرْبَىٰ» (Наҳл/ 90); <<Ҳароина Худованд ба адолат ва эҳсон ва пардохтан ба наздикон амр мекунад>> Ва фармудааст: «وَأَحْسِنُوا ۛ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ» (Бақара/ 195); <<Ва эҳсон кунед ки Худованд эҳсон кунандагонро дӯст медорад>> Ва бо ин васф, анҷоми ин қабил корҳо барои ҳамаи касоне ки тавонойии анҷоми онҳоро доранд ҷойиз, балки воҷиби кифойи аст; Хусусан касоне ки бо афроди қосир хешовандӣ ё ҳамсоягӣ ё ҳамнишинӣ доранд; Чароки Худованд бар <<Эҳсон>> ба ин афрод таъкид карда ва фармудааст: «وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَبِذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَالْجَارِ ذِي الْقُرْبَىٰ وَالْجَارِ الْجُنُبِ وَالصَّاحِبِ بِالْجَنْبِ وَابْنِ السَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۗ» (Нисоъ/ 36); <<Ва ба падар ва модар эҳсон кунед ва ба хешовандон ва ятимон ва мискинон ва ҳамсояи хешовандон ва ҳамсояи канорӣ ва ҳамнишинон ва дар роҳ монда ва касоне ки молики онон ҳастед>>.

Бо ин ҳол, вуҷуб балки ҷавози ин қабил корҳо маҳдуд ба ҳадди зарурат аст, на маслиҳат; Зеро қоъида дар Ислом адами ҷавози тасарруф дар амвол ва анфуси дигарон ҷуз бо изни онон аст ва бо ин васф, танҳо мухассиси он дар хусуси амвол ва анфуси қосирон, дафъи зара аз онҳо дар ғиёби сарпарти онҳост ки зарурӣ аст ва қадри мутаяққин маҳсуб мешавад, на ҷалби манфиъат барои онҳо ки зарурӣ нест ва ҷанбаи фузули дорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки <<Эҳсон>> муҷаввизи дахолат дар корҳои дигарон бидуни зарурат нест, балки чи басо чунин дахолате <<Эҳсон>> маҳсуб намешавад; Монанди тазвиҷи кӯдак ва иҷораи моли ғойиб бидуни зарурат ба сирфи маслиҳат. Бо ин васф, дахолат дар амвол ва анфуси қосир беш аз ҳадде ки барои ҳифзи онҳо зарурат дорад, дар ҳукми муъомилаи фузулӣ аст ва мавқуф ба иҷозаи афроди қосир пеш аз рафъи қусур ё сарпарсти онон пеш аз пайдо шудан ё халифаи Худованд дар замин аст.

Аммо оё фақат ҷомеъул шаройит дар ин қабил корҳо <<Вилоят>> дорад; Ба ин маъно ки нисбат ба сойири мӯъминон авло ба тасаддӣ аст, ба наҳве ки бо вуҷуди сойири мӯъминон муҷоз ба тасаддӣ нестанд ва тасаддии онон бидуни изни ӯ ғайри шаръӣ аст? Дар ин бора миёни фуқаҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад; Ба ин тартиб ки бархӣ аз онон мӯътақид ба <<Вилояти фақиҳ>> дар ин қабил умур ҳастанд ва бархӣ дигар <<Вилояти фақиҳ>> дар ин қабил умурро собит намедонанд ва ҷавози тасаддии ӯ дар онҳоро сирфан аз боби қадри мутаяққин медонанд; Бо ин тақрир ки фақиҳи ҷомеъул шаройит қадри мутаяққин аз касоне аст ки муҷоз ба тасаддӣ дар ин қабил умур ҳастанд, беонки далиле барои вилояти ӯ дар онҳо вуҷуд дошта бошад, дар ҳоле ки аз ончи гузаш рӯшан шуд ки умуми мӯъминон муҷоз ба тасаддӣ дар ин қабил корҳо ҳастанд ва фақиҳи ҷомеъул шароъит низ яке аз онон аст, беонки лузуман қадри мутаяққин аз онон бошад; Чароки ғолиби ин қабил корҳо аз мавзуъоти урфӣ аст ва бештар аз фақоҳат ба маҳорат ниёз дорад, монанди расидагӣ ба кӯдакон, девонагон, ҳайвонот, боғҳо ва заминҳои зироъатӣ, то ҳадде ки гоҳе як мӯъмини бесавод беҳтар аз як ҷомеъул шароъит онҳоро анҷом медиҳад; Ҳамчунонки ҷавози анҷоми онҳо дар ҳадди зарурат, <<Вилоят>> маҳсуб намешавад; Чароки <<Вилоят>> дар истилоҳ султае аст ки ҷуз ба маслиҳати муваллоҳ алайҳ нест, монанди султаи падар ва падарбузург бар умури кӯдак, дар ҳоле ки ҷавози тасаддӣ дар <<Умури ҳасбия>> барои пешгирӣ аз талаф шудани амвол ва анфуси қосирон, муқайяд ба зарурат аст ва чи басо султа маҳсуб намешавад.

Оре, ба назар мерасад ки муқтазои лутфи Худованд, ҷаъли <<Валӣ>> дар <<Умури ҳасбия>> аст; Чароки фавти маслиҳати афроди қосир бидуни тақсире аз ҷониби худашон, бар хилофи ризояти Худованд аст ва бо ин васф, дар сурате ки пешгирӣ аз он бо ҷаъли <<Валӣ>> мумкин бошад, муқтазои лутфи Худованд ҷаъли ӯст ва ӯ ҳамоно халифаи Худованд дар замин аст; Чароки Худованд валии мардум аст; Чунонки фармудааст; «فَاللَّهُ هُوَ الْوَلِيُّ» (Шуро/ 9); <<Пас Худованд ҳамоно Ӯ валӣ аст>> Ва фармудааст: «مَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِيٍّ» (Каҳф/ 26); <<Ононро ҷуз ӯ ҳеҷ валийе нест>> Ва бо ин васф, халифаи Ӯ дар замин маҷрои <<Вилояти>> Ӯст ва ба табъи Ӯ бар мардум <<Вилоят>> дорад; Ба ин маъно ки ба онон аз худашон сазовортар аст; Чунонки фармудааст: «النَّبِيُّ أَوْلَىٰ بِالْمُؤْمِنِينَ مِنْ أَنْفُسِهِمْ ۖ» (Аҳзоб/ 6); <<Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст>> Ва табъан барои ӯ ҷойиз аст ки дар амвол ва анфуси онон то ҳадди маслиҳаташон тасарруф кунад, агарчи монанди тасарруфоти Хизр алайҳи салом дар киштии масокин (Каҳф/ 71) ва кӯдаки ду мӯъмин (Каҳф/ 74) ва девори ду ятим (Каҳф/ 77) бошад. Бинобарин, халифаи Худованд дар замин метавонад дар робита бо афроди қосире ки валӣ надоранд, монанди валӣ амал кунад; Ба ин тартиб ки дар сурати маслиҳат, масалан заминро кишт кунад ва хонаро иҷора диҳад ва асосро бифурӯшад ва даромади онҳоро барои молик нигоҳ дорад ё ба касб бияндозад, аммо оё касе ҷуз ӯ аз чунин вилояте бархурдор аст? Қатъан дар ҳузури ӯ на ва дар ин бора баҳсе вуҷуд надорад, аммо дар ғойиби ӯ ду эҳтимол аст; Яке инки касе аз он бархурдор нест; Ба хотири асл ва адами далил ва иқдоми мардум ба ғиёби ӯ ки ӯро дар ҳукми ҳозир қарор медиҳад ва дигарӣ инки <<Мӯъминони одил>> аз он бархурдоранд ва онон касоне ҳастанд ки дар ғайбати ӯ нақше надоштаанд ва ба заминасозӣ барои ҳузури ӯ иқдом кардаанд; Чунонки Худованд ононро валии якдигар шумурда ва фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالَّذِينَ آوَوْا وَنَصَرُوا أُولَٰئِكَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يُهَاجِرُوا مَا لَكُمْ مِنْ وَلَايَتِهِمْ مِنْ شَيْءٍ حَتَّىٰ يُهَاجِرُوا ۚ» (Анфол/ 72); <<Ҳароина касоне ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо молҳо ва ҷонҳошон дар роҳи Худованд ҷиҳод карданд ва касоне ки (ононро) ҷой доданд ва ёрӣ расонданд, онон бархишон валии бархӣ дигаранд ва касоне ки имон оварданд ва ҳиҷрат накарданд, шуморо чизе аз вилояти онон нест то он гоҳ ки ҳиҷрат кунанд>> Ва фармудааст: «وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَيُطِيعُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ أُولَٰئِكَ سَيَرْحَمُهُمُ اللَّهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ» (Тавба/ 71); <<Ва мардони мӯъмин ва занони мӯъмин бархӣ валии бархӣ дигаранд, ба маъруф амр мекунанд ва аз мункар наҳй менамоянд ва намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва аз Худованд ва Паёмбараш фармон мебаранд, ононро Худованд хоҳад омӯрзид, ҳароина Худованд иззатманди ҳаким аст>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки <<Вилояти>> онон нисбат ба якдигар мутлақ аст ва табъан ҳар тасарруфе аз онон дар умури якдигар бо қайди маслиҳатро дар бар мегирад, ҷуз тасарруфе аз онон ки далиле барои манъи он вуҷуд дорад ва бо ин васф, тасарруфи онон дар умури ятимон, девонагон, мафқудон ва мурдагони якдигар ба қадри маслиҳат ҷойиз аст, агарчи беш аз қадри зарурат бошад ва ин қадри мутаяққин аз <<Вилояти>> онон маҳсуб мешавад.

Оре, касоне ки дар ғайбати халифаи Худованд дар замин нақш доштаанд ва ба заминасозӣ барои ҳузури ӯ иқдом накардаанд, ба ин тартиб ки аз ҳокимоне ҷуз ӯ итоъат мекунанд ва даъвати даъват кунандае ба сӯӣ ӯро иҷобат намекунанд, вилояте дар <<Умури ҳасбия>> надоранд ва дахолати онон дар ин маҳдуда ғайри шаръӣ аст; Чароки онон ҷомеъи шароъити мазкур настанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар роҳи ҳукумати халифаи Худованд дар замин ҷиҳод ва ҳиҷрат намекунанд ва ҷиҳод кунанда ва ҳиҷрат кунандаи дар роҳи онро ҷой намедиҳанд ва ёрӣ намерасонанд ва ин гуна ба маъруф амр намекунанд ва аз мункар наҳй наменамоянд ва аз Худованд ва Паёмбараш фармон намебаранд; Балки ба сабаби душманияшон бо даъват кунандае ба сӯӣ халифаи Худованд дар замин, душмани Худованд ва душмани мӯъминон мешаванд, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاءَ» (Мумтаҳина/ 1); <<Эй касоне ки имон овардед! Душмани ман ва душмани худро валӣ нагиред>>; Ҳамчунонки ҳукумати касе ҷуз халифаи Худованд дар замин, аз <<Умури ҳасбия>> маҳсуб намешавад; Зеро чизе ки Худованд розӣ ба эҳмоли он нест, танҳо ҳукумати халифааш дар замин аст ки ба далили вуҷуди ӯ дар ҳар замоне мумкин аст ва узре барои удул аз он вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, касоне ки мутлақи ҳукуматро аз <<Умури ҳасбия>> мешуморанд ва бо ин худъа, барои ҳукумати худ машрӯъият метарошанд, даҷҷоланд.

Ҳосил онки <<Мӯъминони одил>> то замони дастрасӣ ба халифаи Худованд дар замин, дар <<Умури ҳасбия>> миёни худ вилоят доранд, агарчи ба истилоҳ <<Фақиҳ>> шумурда нашаванд; Зеро Худованд шарти вилояти онон ба якдигар дар умуре ки эҳтиёҷ ба вилоят дорадро <<Фақиҳ будани>> онон надониста, балки <<Одил будани>> онон ба маънои ҷиҳод ва ҳиҷрат дар роҳи Худованд ва пуштибонӣ аз муҷоҳидон ва муҳоҷирони дар роҳи Ӯ ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва иқомаи намоз ва пардохти закот ва итоъат аз Худованд ва Паёмбараш донитааст ва он ҳамонон дар заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом мисдоқ меёбад ки ҷуз бо иҷобати даъват кунандае ба сӯӣ ӯ ва адами иҷобати даъват кунандагон ба сӯӣ ғайри ӯ мумкин нест. Аз инҷо дониста мешавад ки заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом нақши меҳварӣ ва таъйин кунандае дар сиҳҳат ва қабулӣ бисёрӣ аз аъмоли мусалмонон дорад ва касоне ки даъвати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба сӯӣ онро иҷобат намекунанд, аъмоли худро нобуд мекунанд, дар ҳоле ки намедонанд; Чунонки Худованд фармудааст: «ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَرِهُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ» (Муҳаммад/ 9); <<Ин ба сабаби он буд ки онон аз чизе ки Худованд нозил кард кароҳат ёфтанд пас аъмолашонро нобуд кард>> Ва фармудааст: «ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ اتَّبَعُوا مَا أَسْخَطَ اللَّهَ وَكَرِهُوا رِضْوَانَهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ» (Муҳаммад/ 28); <<Ин ба сабаби он буд ки онон аз чизе пайравӣ карданд ки Худовандро ба хашм овард ва аз хушнудии Ӯ кароҳад доштанд, пас аъмолашонро нобуд кард>> Ва ситойиш барои Худованд Парфардигори ҷаҳониён аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?