Якшанбе 17 ноябр 2019 мелодӣ баробар бо 20 рабеъ-ул-аввал 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 158
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми вилодат, ҳазонат ва тарбияти кӯдакон

Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 03/07/2016

Ҳукми шаръӣ дар хусуси фарзанддор шудан чист? Оё мустаҳаб аст ё мубоҳ? Дар ин замон бештари афрод фарзанддор намешаванд ё ба як фарзанд иктифо мекунанд. Таклиф чист? Тавзеҳ фармойед.

Ман фарзандӣ се сола дорам. Дар хусуси намоз ва сойири ибодоти марбут ба эшон аз кай ва чи тавр амал намоям?

Агар ба аллома дастрасӣ доред ва ё бо восита, саломи ин ҷавони гуноҳкорро ба эшон бирасонед ва бифармойед дуъо кунанд ин ҳақирро.

والسلام علیکم و السلام علیه

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 06/07/2016

<<Фарзанддор шудан>> як амали оддӣ аст ки метавонад воҷиб, мустаҳаб, макрӯҳ ва ҳаром бошад; Ба ин тартиб ки агар барои саломати худ ва ҳамсар ё бақоъи навъ ва хонавода ё қуввати мусалмонон ва аҳли ҳақ зарурӣ бошад, воҷиб ва агар барои он зарурӣ набошад, вале муфид бошад, мустаҳаб аст; Ҳамчунонки агар бо занни ба зарарӣ ҷиддӣ монанди маълул шудани фарзанд ё осеб дидани модари ӯ бошад, макрӯҳ ва агар бо қатъ ба чунин зарае ё аз тариқи зино бошад, ҳаром аст. Ба илова, <<Фарзанддор шудан>> барои касе ки бо он аз анҷоми вазифаи Исломии худ боз мемонад ё дар муҳаррамот воқеъ мешавад, ҷойиз нест. Бо ин ҳол, сиқт кардани ҷанин –ҳатто агар <<Фарзанддор шудан>> ҷойиз набуда бошад– ваҷҳе надорад; Ҳамчунонки худдорӣ аз <<Фарзанддро шудан>> ба далили тарс аз фақр шойиста нест ва бар хилофи таваккал бар Худованд аст, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ» (Оли Имрон/ 122); <<Ва мӯъминон бояд бар Худованд таваккал кунанд>>.

Аммо ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст ки аввалан барои ӯ номи неку бигзорад; Дуввуман ӯро –дар сурате ки писар аст– хатна ва барояш ақиқа кунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «سَمِعْتُ ٱلْمَنْصُورَ ٱلْهاشِمِيَّ ٱلْخُراسانِيَّ یَقُولُ: عُقُّوا عَنْ أَوْلادِکُمْ تَدْفَعُوا عَنْهُمُ ٱلْبَلاءَ! أَلَمْ تَعْلَمُوا أَنَّ ٱللّهَ تَعالیٰ لَمَّا أَرادَ أَن یَدْفَعَ عَنْ إِسْماعِیلَ ٱلْبَلاءَ أَمَرَ إِبراهیمَ فَذَبَحَ عَنْهُ کَبَشاً ثُمَّ قالَ: <وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ>؟!»; <<Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Фарзандони худро ақиқа кунед то балоро аз онҳо дур намойед! Оё намедонед ки Худованди мутаъол ҳангоме ки хост балоро аз Исмоъил дур намояд, ба Иброҳим амр фармуд, пас аз ҷониби ӯ гӯсфандеро забҳ кард, сипас фармуд <Ва забҳи азимеро барои ӯ фидо кардем> (Соффот/ 107)?!>>; Севвуман ӯро ҳалол бихуронад ва бипӯшонад; Чунонки Худованд фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَنْفِقُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا كَسَبْتُمْ» (Бақара/ 267); <<Эй касоне ки имон овардед! Аз чизҳои покизае ки касб мекунед инфоқ намойед>>; Чаҳоруман ба ӯ хондан ва навиштан биёмӯзад; Панҷуман ӯро бо усул ва мабонии Ислом ошно кунад; Шашуман ба ӯ Қуръон биомӯзад ва ӯро бо халифаи Худованд дар замин ошно кунад; Чароки ҳамаи инҳо барои боз доштани ӯ аз оташ зарурӣ аст ва Худованд фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا» (Таҳрим/ 6); <<Эй касоне ки имон овардед! Худатон ва хонаводаятонро аз оташ боз доред>>; Ҳафтуман ӯро ба намоз ва дар сурате ки духтар аст ба ҳиҷоб ташвиқ намояд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِالصَّلَاةِ» (Тоҳо/ 132); <<Хонаводаатро ба намоз амр кун>> Ва фармудааст: «قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ۚ» (Аҳзоб/ 59); <<Ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони мӯъминон бигу ки чодарҳошонро ба худ наздик кунанд>>; Ҳаштуман ӯро аз ҳамнишинӣ бо бадон ва ҳамнишинӣ бо ҷинси мухолиф боз дорад ва таҳти назар бигирад; Чунинки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «سَمِعْتُ ٱلْعالِمَ یَقُولُ: عَلَی ٱلْوالِدَیْنِ أَن یَأخُذا وَلَدَهُما إِلَیْهِما قَبْلَ أَن یَبْلُغَ ٱلْحُلُمَ فَإِنَّ ٱلْوَلَدَ إِذا جَنیٰ أَوْ أَذْنَبَ قَبْلَ بُلُوغِهِ کانَ إِثْمُهُ عَلیٰ والِدَیْهِ، فَلْیَأخُذاهُ إِلَیْهِما وَلْیُنْبِتاهُ نَباتاً حَسَناً! قُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ، أَتَزِرُ وازِرَةٌ وِزْرَ أُخْریٰ؟! قالَ: لا وَلٰکِنَّهُ مِنْ وِزْرِ ٱلْوالِدَیْنِ إِذْ لَمْ یَقُوما بِما عَلَیْهِما»; <<Шунидам олим мефармояд: Бар падар ва модар аст ки фарзандашонро пеш аз булуғ дар канори худ (яъне таҳти назар) бигиранд; Чароки агар фарзанд пеш аз булуғ муртакиби ҷиноят ё маъсияте шавад, гуноҳаш бар гардани падар ва модари ӯст, пас бояд ӯро дар канори худ (яъне таҳти назар) бигиранд ва бояд неку тарбияташ кунанд! Гуфтам: Фидоят шавам, оё касе гуноҳ дигариро бар гардан мегирад?! Фармуд: На, вале он аз (гуноҳи фарзанд нест, бал аз) гуноҳи падар ва модар аст ки вазифаяшонро анҷом надодаанд>>; Нӯҳуман ӯро назди устоде бигзорад то пеш аз булуғ ақойид ва аҳкоми Исломро фаро гирад; Даҳуман истеъдоде ки Худованд дар ӯ қарор додаастро кашф ва ӯро дар масири он ҳидоят кунад.

Инҳо даҳ вазифаи падар аст ки агар онҳоро анҷом диҳад ҳаққи фарзанди худро адо карда ва агар чизе аз онҳоро анҷом надиҳад, ба нисбати он ба ӯ зулм карда ва дар рӯзи қиёмат масъул аст ва аз Худованд бояд ёрӣ хост.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?