Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 7 Коди пурсиш: 156
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми закот, хумс, садақа, ҳиба, қарз, вақф ва ория

Нависандаи пурсиш: Баётӣ Тарихи пурсиш: 28/06/2016

Назари ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ дар мавриди фитрия чист?

Ва имсол чи маблағеро бояд пардохт?

Посух ба пурсиши шумораи: 7 Тарихи посух ба пурсиш: 01/07/2016

Закоти <<Фитра>> яке аз масодиқи закот аст ки Худованд дар китоби худ фарз фармуда ва Паёмбараш –бино бар ривоёти мутавотир ва машҳур– аз чанду чуни он хабар дода ва ба муҷиби он ду, ҳар мусалони дорои иститоъате мукаллаф аст ки аз субҳи рӯзи аввали Шаввол (тарҷиҳан пеш аз намози иди фитр), ба изои худ ва ҳар як аз оъилааш, ъайн ё қимати як соъ аз қути ғолиби худ ва ононро ба аснофи мазкур дар ояи 60 сураи муборакаи Тавба хусусан фуқаро ва масокин бирасонад ва як соъ дар замони ҳозир муъодили чаҳор мудд ва мусовӣ бо ҳудуди се келограм (2830 грам ё каме бештар) аст, вале аз бархӣ ривоёт (Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ1, с58; Саҳиҳул Муслим, ҷ1, с77; Ибни Бобувей, Маъониул Ахбор, с249; Тувсӣ, Ал-Истибсор, ҷ1, с121) дониста мешавад ки –бар хилофи назари машҳури мусалмонон– дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маъодили панҷ мудд буда ва дар замони Умавиён ба чаҳор мудд коҳиш ёфта ва бо ин васф, як соъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мусовӣ бо ҳудуди севуним келограм (3538 грам) аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ ٱلْمَنْصُورَ عَنِ ٱلصّاعِ فَقالَ: إِنَّ لَنا صاعاً وَ لِبَني أُمَیَّةَ صاعاً فَصاعُنا خَمْسَةُ أَمْدادٍ وَ صاعُهُمْ أَرْبَعَةُ أَمْدادٍ وَ ما کانَ صاعُ رَسُولِ ٱللّهِ صَلَّی ٱللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ إِلّا خَمْسَةَ أَمْدادٍ کُلُّ مُدٍّ مِنْها مِائَتانِ وَ أَرْبَعٌ وَ ثَلاثُونَ دِرْهَماً»; <<Аз ҳазрати Мансур дар бораи соъ пурсидам, пас фармуд: Ҳароина барои мо соъе ва барои бани Умая соъе аст, пас соъи мо панҷ мудд ва соъи онон чаҳор мудд аст ва соъи Расуи Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҷуз панҷ мудд набуд ки ҳар мудди он дусаду сиву чаҳор дирҳам буд>>!

Оре, ин метавонад ба маънои он бошад ки вазни мудд пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба 292.5 дирҳам афзойиш ёфтааст; Зеро панҷ мудд бо вазни 234 дирҳам дар замони он Ҳазрат, муъодили чаҳор мудд бо вазни 292.5 дирҳам пас аз он Ҳазрат аст ки бо маҷмӯъи 1170 дирҳами машҳур мутобиқат дорад, вале бо ин тақрир низ ба назар мерасад ки як соъ муъодили ҳудуди севуним келограм аст; Чароки бино бар муҳосиботи дақиқтар, ҳар дирҳам муъодили шиш дониқ ва ҳар дониқ муъодили 0.4958 грам аст ва бо ин васф, як соъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муъодили ҳудуди 3.480 келограм аст ки ҳудуди ним келограм аз соъи машҳур бештар аст.

Ҳосил онки закоти <<Фитра>> пардохти ъайн ё қимати севуним келограм аз қути маъмули хонавода аст; Чунонки Худованд дар бораи итъоми масокин дар боби каффораи ямин фармудааст: «مِنْ أَوْسَطِ مَا تُطْعِمُونَ أَهْلِيكُمْ» (Моъида/ 89); <<Аз мутавассити чизе ки ба хонаводаи худ мехунонед>> Ва ин дар боби закоти <<Фитра>> низ ҷорӣ аст ва ситойиш барои Худованд Парвардигори ҷаҳониён аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?