Якшанбе 22 сентябр 2019 мелодӣ баробар бо 22 муҳаррам 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 151
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми уқуд ва муъомилоти молӣ

Нависандаи пурсиш: Салмони Шерозӣ Тарихи пурсиш: 14/06/2016

Бо таваҷҷуҳ ба назари эшон дар хусуси рибо ва аз онҷойе ки мавзӯъи рибо бисёр муҳим аст тамоюл дорам суъолеро матраҳ кунам.

Иноят доред ки таваррум дар Тоҷикистон болост шояд ҳудуди 20 дарсад; Яъне агар касе пулашро нигоҳ дорад солона 20% аз пулаш кам мешавад. Дар ин шаройит аз лиҳози иқтисодӣ шаройит дар замон ба зарар мебошад. Ҳоло агар касе пулашро ба бонк бидиҳад ки 18% суд медиҳад ҳанӯз 2% аз арзиши пулаш ба сурати солона кам шуда ва дар воқеъ яъне ҳеҷ суде дарёфт накардааст.

Мустадъӣ аст назари эшонро эълом бифармойед. Бо ташаккур

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 16/06/2016

Таваррум ба маънои афзоиши ғайри мутаносиби сатҳи умумии қиматҳо ва дар натиҷа коҳиши арзиши пул, қоъидатан барои пардохт кунанда ва гирандаи супурда яксон аст ва бо ин васф, наметавон онро мисдоқи зарар донист. Бо ин ҳол, агар мисдоқи зарар бошад низ аз як сӯ ба гирандаи супурда марбут намешавад то ҷуброни он бар ӯҳдаи ӯ бошад ва аз сӯӣ дигар ҷуброни он бо гирифтани рибо ҷойиз нест. Ба иборати дигар, касе ҳақ надорад товони зарари молии худро аз ғайри зарар расонанда бигирад ё зарари молии худро бо гирифтани рибо аз мардум ҷуброн кунад; Зеро чунин коре монанди он аст ки барои ҷуброни зарари молии худ ба камфурӯшӣ рӯй оварад ё ба баҳонаи вуҷуди таваррум ба сирқат иқдом кунад, дар ҳоле ки чунин коре бидуни шак ҷойиз нест ва барои ҷуброни зарари молӣ ва таваррум, роҳҳои машруъе вуҷуд дорад.

Оре, зарари молии ношӣ аз таваррум метавонад ба вом гиранда марбут бошад; Чароки ӯ вом диҳандаро аз тасарруф дар пулаш боз доштааст ва бо ин васф, дар сурате ки мизони таваррум фоҳиш ва ғайри оддӣ бошад, бозгардондани вом ба нархи рӯз ҷойиз аст, балки вуҷуби бозгардондани он ба нархи рӯз дар ҳар сурате баъид нест, агарчи таваррум рушди манфӣ дошта бошад; Чароки рақами пул эътиборӣ аст ва мавзӯъият надорад ва чизе ки ҳақиқат ва мавзӯъият дорад арзиши пул аст; Чунонки ба унвони мисол, сад ҳазор сомони дар бист соли қабл арзишӣ бисёр бештар аз сад ҳазор сомони дар замони кунунӣ дошта ва бо ин васф, касе ки бист сол қабл сад ҳазор сомони ба касе вом дода, дар сурате ки ҳамакнун сад ҳазор сомони аз ӯ пас бигирад, урфан мутазаррир шуда, балки ҳақиқатан мавриди ситам қарор гирифтааст; Ҳамин тавр аст дар сурате ки эътиборан сифре аз пул коста шавад; Ба ин тартиб ки давлат масалан сад ҳазор сомониро даҳ ҳазор сомони эътибор кунад; Зеро дар ин сурат низ касе ки қаблан сад ҳазор сомони ба касе вом додааст, наметавонад сад ҳазор сомони аз ӯ пас бигирад, балки бояд даҳ ҳазор сомони аз ӯ пас бигирад; Чароки шохис, арзиши пул аст на рақами он ва пас гирифтани сад ҳазор сомони дар ин сурат ситамӣ ошкор шумурда мешавад, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «وَإِنْ تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُءُوسُ أَمْوَالِكُمْ لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ» (Бақара/ 279); <<Агар (аз гирифтани рибо) тавба кунед асли амволатон барои шумост, на ситам мекунед ва на ситам мешавед>> Ва Паёмбари Худованд фармудааст: «لا ضَرَرَ وَ لا ضِرارَ فِي ٱلْإِسْلامِ»; <<Зарар дидан ва зарар расондан дар Ислом нест>> Ва бар ин асос, бозгардондани вом ба нархи рӯз зарурӣ аст; Зеро танҳо дар ин сурат аст ки ба ҳеҷ як аз тарафайн ситам ва зараре намерасад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки вом додан ба масобаи як эҳсон набояд сабаби зарар шавад, ҳамон тавр ки набояд сабаби суд шавад; Чунонки Худованд фармудааст: «هَلْ جَزَاءُ الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ» (Арраҳмон/ 60); <<Оё ҷазои эҳсон ҷуз эҳсон аст?!>>. Албатта рӯшан аст ки ин бозгардондани вом ба нархи рӯз бо шарт анҷом намешавад; Зеро заминаи таваррум дар замони бозгардондани вом маълум нест ва ҳатто мумкин аст ки рушди манфӣ дота бошад ва бо ин васф, шарт кардани маблағӣ муъаян барои бозгардондани вом ваҷҳе надорад ва рибо маҳсуб мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ ٱلْمَنْصُورَ أَیَّدَهُ ٱللّهُ تَعٰالیٰ عَنْ رَجُلٍ کانَ لَهُ عَلَيَّ خَمْسُ مِائَةِ أَلْفِ تُومانَ فَأَرَدْتُ أَنْ أَقْضِیَهُ بَعْدَ سَنَتَیْنِ فَقالَ لِي: إِقْضِني بِسِعْرِ ٱلْیَوْمِ وَ قَدْ غَلا! قالَ: لا بَأسَ بِهِ إِذا کانَ شَیْئاً مَعْلُوماً وَ لَمْ یُشْتَرَطْ فَإِنَّما یَجِيءُ ٱلرِّباءُ مِنْ قِبَلِ ٱلشُّرُوطِ»; <<Аз ҳазрати Мансур айядуллоҳ таъоло дар бораи марде пурсидам ки аз ман панҷсад ҳазор сомон пул талаб дошт, пас баъд аз ду сол хостам ки онро ба ӯ баргардонам, пас ба ман гуфт: Ба нархи рӯз ба ман бозгардон ва он боло рафтааст! Фармуд: Ишколе надорад ҳаргоҳ чизи маълуме бошад ва шарт нашуда бошад; Чароки рибо аз ҷониби шурут меояд>>!

Аз инҷо дониста мешавад ки таваррум бо ҳеҷ тақрире гирифтани риборо тавҷиҳ намекунад ва судҳои бонкӣ ки бо шарт гирифта мешаванд, дар ҳар сурате ҳароманд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Ризо Розӣ
Тарихи
таълиқ:
06/05/2017

Оё аллома қабул доранд ки пул бояд арзиши зотӣ дошта бошад на арзиши эътиборӣ? Ба иборате пул дар иқтисод набояд кор бикунад ва арзиши замонӣ пайдо кунад. Мушкили имрӯз иқтисодҳои дорои таваррум ҳастанд ки қарз диҳанда ин ҳақро барои худ қоъил аст ки қарз гиранда арзиши пулро дар саррасид ба ӯ пас бидиҳад то қудрати харидро аз даст надиҳад. Ин дар ҳоле аст ки шарти изофа дар қарз ва вусули он қарзро рабавӣ мекунад. Қаблан ин суъолро аз шумо пурисдам ки фармудед бар асоси қоъида нафйи зарар ва зирор бар қарз гиранда лозим аст хасорати воридаро ҷуброн кунад, вале бо ин ҳол қарз диҳанда ҳаққи шарт кардани маблағи изофаро надорад агарчи арзиши пулаш дар тӯли муддати қарз камтар шуда бошад.

Саволи дуввум инки оё ақди муробиҳа фақат дар мавриди харид ва фурӯши мол сидқ мекунад ё дар хусуси харид ва фурӯши хидмат ҳам сидқ мекунад? Агар бале пас уқуде монанди ҷуъола ба чи кор меояд?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 16/05/2017

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Суд ба маънои афзоиши сармоя аст ва шарти он дар қарз қатъан рибо маҳсуб мешавад ва ҷойиз нест, вале бозгардондани пули эътиборӣ ки ба зоти худ арзише надорад ва сирфан намоде аз қудрати харид аст ба нархи рӯз ҷойиз аст; Чароки аз як сӯ суд маҳсуб намешавад, бал пешгирӣ аз зарар маҳсуб мешавад ки ишколе надорад; Чунонки Худованд фармудааст: «لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ» (Бақара/ 279); <<Зулм намекунед ва зулм намешавед>> Ва аз сӯӣ дигар ҳамроҳ бо шарт нест; Ба ин маъно ки қарз диҳанда дар зимни қарз шарт намекунад ки пули ӯ бо судӣ муъаян баргардонда шавад, бо ин баҳона ки агар онро қарз намедод ва бо он кор мекард ба ин суд даст меёфт, бал шарт мекунад ки пули ӯ бо нархи рӯз яъне бо арзишӣ муъодили арзиши рӯзи қарз баргардонда шавад, хоҳ таваррум рушди мусбат дошта бошад ва хоҳ рушди манфӣ ва чунин шарте рабавӣ нест, бал монанди он аст ки қарз диҳанда бигӯяд: Ба ин шарт ба ту қарз медиҳам ки пуламро ба таври комил барградонӣ. Ҳар чанд чунин шарте зарурате надорад ва лағв маҳсуб мешавад; Зеро бидуни он низ бар қарз гиранда воҷиб аст ки ин корро анҷом диҳад то ба ӯ зулм нашавад, магар инки ӯ онро бибахшояд.

Оре, агар пуле ки қарз дода мешавад эътиборӣ набошад, бал монанди сиккаҳои тилло ва нуқра ба зоти худ матлуб ва дорои рушд бошад, чунин мавзӯъе падид намеояд ва табъан кофӣ аст ки қарз гиранда ҳамон теъдод сиккае ки гирифтаастро баргардонад ва ба назар мерасад ки чунин пуле покизатар аст ва мушкилоти камтареро падид меоварад, вале дар қуруни охир аз ривоҷ афтода ва ҷойи худро ба <<Пули козиб>> додааст ва ин монанди бархӣ дигар аз таҳаввулоти ҷадиди ҷаҳонӣ хостгоҳӣ ғайри Исломӣ ва машкук дорад.

2 . Ақди муробаҳ барои харид ва фуруши мол бо илм ба ҳазинаи харид, ҳамл ва нигаҳдории он ва низ миқдори судаш ташриъ шуда, дар ҳоле ки ҷуъола дар мавриди хидмат ташриъ шудааст, агарчи илм ба ҳазинаҳои он вуҷуд надошта бошад. Бо ин васф, рӯшан аст ки ақди муробаҳа наметавонад аз ҷуъола бениёз кунад; Зеро ҳатто агар шомили хидмат ҳам бошад, шомили хидмате ки ҳазинаҳои он маълум нест ва наметавонад бошад намешавад. Афзун бар онки интиқоли як мол ё хидмат метавонад бо уқуд ва ийқоъоти мухталифе анҷом шавад ва ин ишколе надорад, балки вусъате аз ҷониби Худованд аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
2
Нависандаи
таълиқ:
Раҳмонӣ
Тарихи
таълиқ:
01/06/2017

Бо ташаккур аз матолиби бисёр муфид ва мустадалли шумо дар сайт, лутфан дар бораи ҳукми муҳосибаи нархи таваррум дар қарз тавзеҳи бештаре бифармойед; Чуни бархӣ гумон мекунанд ки муҳосибаи нархи таваррум дар қарз рибо маҳсуб мешавад ва ҷойиз нест.

Посух ба таълиқи: 2 Тарихи посух ба таълиқ: 03/06/2017

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Рибои қарзӣ, гирифтани суд дар изои қарз ҳамроҳ бо шарт аст; Ба ин тартиб ки инсон пулеро ба касе қарз бидиҳад ба шарти инки аз қабали он суде оъиди ӯ бишавад ва ин аз он рӯ ҳаром аст ки қарз додан дар Ислом барои кӯмак ба дигарон ташриъ шудааст, на барои судҷӯйи ва бо ин васф, иқдом ба он набояд ба касб табдил шавад; Чунонки Худованд фармудааст: «ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا ۗ وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا ۚ» (Бақара/ 275); <<Он аз ин рӯст ки онон гуфтанд тиҷорат монанди рибо аст, дар ҳоле ки Худованд тиҷоратро ҳало ва риборо ҳаром кардааст>>; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки қарз гиранда лузуман бо пуле ки қарз гирфтааст ба суди муъайяне даст намеёбад то илзоми ӯ ба пардохти суди муъайяне ба қарз диҳанда ваҷҳе дошта бошад, балки ғолибан зарареро ҷуброн ё заруратеро таъмин мекунад ва бо ин васф, лузуман ӯ ба пардохти суди муъайяне ба қарз диҳанда нест.

2 . Қарз додан дар Ислом ҳамон тавр ки барои суд расондан ба қарз диҳанда ташриъ нашуда, барои зарар расондан ба ӯ низ ташриъ нашудааст ва бо ин васф, пули ӯ бояд ба наҳве баргардонда шавад ки ба ӯ суде нарасонад ва дар аъйни ҳол, зараре низ мутаваҷҷеҳи ӯ нашавад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَإِنْ تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُءُوسُ أَمْوَالِكُمْ لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ» (Бақара/ 279); <<Агар (аз гирифтани рибо) тавба кунед сармоятон барои шумост, на ситам мекунед ва на ситам мешавед>>. Ин мусталзими он аст ки қарз гиранда пули қарз диҳандаро бо ҳамон арзише ки доштааст барградонад; Зеро чизе ки ӯро ба гирифтани он водошта, арзиши он будааст, то ба василаи он ниёзҳои замони худро бароварда кунад ва қарз диҳанда низ онро бо вуҷуди арзишаш ба ӯ додааст ва бо ин васф, ҳаргоҳ замони зиёде бар он бигзарад ва арзиши худро аз даст диҳад, баргардондани он бидуни арзишаш баргардондаи пули қарз диҳанда нест, балки зарар расондан ба ӯ бо муғолита ва сӯъи истифода аз таҳаввулоти иқтисодӣ аст. Ба иборати дигар, баргардондани пули қарз гирифта шуда бо арзишӣ камтар аз арзиши замони қарз, ба қарз диҳанда зарар ва ба қарз гиранда суд мерасонад ва ин ҳамон андоза ноодилна аст ки рибо; Бо ин тафовут ки рибо суд расондани қарз ба қарз диҳанда аст ва баргардондани пул бо арзиши камтар суд расондани он ба қарз гиранда, дар ҳоле ки ҳар ду бар хилофи адолатанд. Оре, мумкин аст гуфта шавад ки қарз диҳанда худ ба қарз додан иқдом кардааст ва бо ин васф, истеҳқоқи зарарро дорад, вале ин сухани дурусте нест; Чароки аз як сӯ қоъидаи иқдом дар мавриди иқдом ба корҳои бад ҷараён дорад, дар ҳоле ки қарз диҳанда некукор аст ва Худованд фармудааст: «مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ» (Тавба/ 91); <<Бар некукорон роҳе нест>> Ва фармудааст: «هَلْ جَزَاءُ الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ» (Арраҳомон/ 60); <<Оё ҷазои некукорӣ ҷуз некукорӣ аст?!>> Ва аз сӯӣ дигар қарз гиранда низ худ ба қарз гирифтан иқдом кардааст, бо ин тафовут ки некукор нест ва бо ин васф, аз қарз диҳанда ба зарар мустаҳақтар аст. Ҳар чанд баргардондани пул бо нархи рӯз, дар воқеъ зарар маҳсуб намешавад, бал адами суд маҳсуб мешавад ки муқтазои адолат аст.

3 . Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, пас гирифтани қарз бо нархи рӯз афзоиши ёфтаро ба ду шарт ҷойиз дониста ва фармудааст: «لا بَأسَ بِهِ إِذا کانَ شَیْئاً مَعْلُوماً وَ لَمْ یُشْتَرَطْ»; <<Ишколе надорад ҳаргоҳ чизи маъмулӣ бошад ва шарт нашуда бошад>>. Ин ба маънои он аст ки шарт кардани маблағи изофии муъайян дар замони қарз агар чи таҳти унвони <<Нархи таваррум>>, рибо маҳсуб мешуд ва ҳаром аст; Зеро ҳамаи авомили маъсур бар рӯӣ <<Нархи таваррум>> қобили пешбинӣ нест ва гоҳе бархӣ ҳаводиси пешбинӣ нашуда боъиси коҳиш ё афзоиши он мешавад, балки шарт кардани маблағи изофии ғайри муъайян дар замони қарз таҳти унвони <<Нархи таваррум>> низ ҷойиз нест; Чароки мумкин аст таваррум дар замони бозпардохти қарз рушди манфӣ дошта бошад. Ин ба маънои он аст ки <<Нархи таваррум>> танҳо дар замони бозгардондани қарз <<Маълум>> мешавад ва пеш аз он танҳо <<Тахмин>> аст ки эътиборе надорад ва наметавонад мабнои шарт қарор гирад. Бинобарин, пас гирифтани қарз бо нархи рӯз набояд пӯшише барои рибо шавад; Ба ин маъно ки риборо бо номи <<Нархи таваррум>> бигиранд.

4 . Дар замони бозпардохти қарз, агар муҳосибаи дақиқи <<Нархи таваррум>> бо вуҷуди илм ба афзоиши он мумкин набошад, воҷиб аст ки талабкор ва қарздор бо якдигар бар маблағе сулҳ кунанд. Ҳамчунин, дар сурате ки <<Нархи таваррум>> афзоиши фоҳише надошта ва коҳиши арзиши пул мутаъораф буда, мустаҳаб аст ки талабкор онро муҳосиба накунад, балки адами ҷавози муҳосибаи он дар ин сурат холӣ аз ваҷҳ нест; Зеро ба назар мерасад ки урф ин миқдор коҳиши арзиши пулро зарар намедонад; Монанди миқдори коҳиши он дар навъи қарзҳои кӯтоҳмуддат ва бо ин васф, муқтазои эҳтиёт адами муҳосибаи <<Нархи таваррум>> ҷуз дар афзоиши фоҳиш ва ғайри мутаъораф аст ки навъан дар қарзҳои дарозмуддат мисдоқ меёбад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
3
Нависандаи
таълиқ:
Беҳзод
Тарихи
таълиқ:
06/08/2017
Лутфан суратҳои рибои қарзӣ ва тафовути он бо муҳосибаи нархи рӯз дар бозпардоти вомро таъйин фармойед.
Посух ба таълиқи: 3 Тарихи посух ба таълиқ: 09/08/2017

Суратҳои зер рибои қарзӣ ё дар ҳукми он ҳастанд:

1 . Вом диҳанда бо ин шарт вом диҳад ки вом гиранда маблағи муъайяне беш аз маблағи вомро ба ӯ бозгардонад; Хоҳ ба унвони суд ва бо ин тавҷеҳ ки дар сурати кор бо он одатан чунин маблағеро касб хоҳад кард ва хоҳ ба унвони таваррум ва бо ин тавҷеҳ ки арзиши пули ӯ дар замини бозпардохт одатан чунин маблағе хоҳад буд; Балки ҳаргоҳ маблаи бештари ғайри муъайянеро шарт кунад низ рибо маҳсуб мешавад, агарчи яқин ба афзоиши таваррум дошта бошад. Оре, агар маблағи бештареро шарт накарда бошад, вале дар ҳангоми бозпардохти вом маълум шавад ки арзиши пул тағйири фоҳиш ва ғайри мутаъорафе кардааст, ба наҳве ки урфан мазлум ва мутазаррир шумурда мешавад, метавонад онро бо нархи рӯз мутолиба кунад; Ҳамон тавр ки агар динор ё дирҳамеро ория дода ва сипас дарёфта бошад ки назди мустаъир –агарчи ифрот ё тафрити ӯ– талаф ё ноқис шудааст, метавонад ҷуброни онро мутолиба кунад ва дар ин сурат, бар вом гиранда воҷиб аст ки онро бо нархи рӯз богардонад ва агар вом диҳанда онро бо нархи рӯз мутолиба накард низ барои вом гиранда мустаҳаб аст ки онро бо нархи рӯз бозгардонад; Монанди маҳрияҳои пулӣ дар Тоҷикистон аз 5 ҳазор сомонӣ ва 7 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ ки барои бисёри аз занон дар солҳои дур таъйин шуда ва ҳанӯз пардохт нашудааст ва пардохтани онҳо бидуни муҳосибаи таваррум, зулм ва зарарӣ ошкор ба онон маҳсуб мешавад ва бо мақсуди онон дар замони таъйин ва қавоъиди шариъат созугор нест.

2 . Сармоягузор бо ин шарт сармоягузорӣ кунад ки омил, маблағи муъайяне монанди 500 ҳазор сомонӣ ё 1 милион сомонӣ ё маъодили дарсади муъайяне аз сармоя монанди 15 дарсад ё 20 дарсад аз онро дар замони муъайяне ба ӯ бипардозад, хоҳ ба унвони суд бошад –чунонки дар бонкҳо маъмул аст– ва хоҳ ба унвони таваррум, вале агар шарт кунад ки дарсади муъайяне аз судро дар сурати касби он ба ӯ бидиҳад, ишколе надорад, агарчи дарсади бисёр болое бошад.

3 . Муваддиъ яъне вадиягузор бо ин шарт вадия бигзорад ки муставдиъ яъне вадия гиранда, маблағеро ба ӯ бипардозад; Бо таваҷҷуҳ ба инки чунин коре ваҷҳе надорад ва акли (хурдани) мол ба ботил аст, магар инки бо изни ба тасарруфи муставдиъ дар он бо ивазӣ маълум бошад ки вадия маҳсуб намешавад; Ҳамчунонки ория низ маҳсуб намешавад, балки иҷора маҳсуб мешавад ва табъан дар мавриди пул саҳиҳ нест, балки дар мавриди хидмат ё манфиъат саҳиҳ аст.

Аз инҷо дониста мешавад ки суди мутадовили бонӣ бо ҳеҷ мабное қобили тавҷеҳ нест; Чароки агар бар мабнои қарз ё музориба гирифта мешавад, наметавонад машрут ва муъайян бошад, ҳар чанд таҳти унвони нархи таваррум ё маъодили он бошад ва агар бар мабнои вадия гирифта мешавад, акли мол ба ботил аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?