Сешанбе 22 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 23 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 6 Коди пурсиш: 150
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми рӯза ва эътикоф

Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 11/06/2016

Ҳкуми сафар кардан барои фирор аз рӯза чист?

Оё метавон субҳ ба субҳ ба Хуҷанд биравам ва рӯзаро бихурам ва дубора ба Конибодом баргардам?

Посух ба пурсиши шумораи: 6 Тарихи посух ба пурсиш: 13/06/2016

Сафар кардан дар моҳи рамазон бидуни қасди фирор аз рӯза кароҳат дорад, вале бо қасди фирор аз рӯза ҷойиз нест; Зеро монанди ҳар ҳилаӣ дигаре дар дин, мисдоқи худъа (яъне найранг ё фиреб) кардан бо Худованд ва макр кардан дар робита бо оёти Ӯст ки дар бораи аҳли он фармудааст: «إِنَّ الْمُنَافِقِينَ يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَهُوَ خَادِعُهُمْ» (Нисоъ/ 142); <<Ҳароина мунофиқон мехостанд Худовандро фиреб диҳанд, дар ҳоле ки Ӯ фиреб диҳандаи онон аст>> Ва фармудааст: «وَإِذَا أَذَقْنَا النَّاسَ رَحْمَةً مِنْ بَعْدِ ضَرَّاءَ مَسَّتْهُمْ إِذَا لَهُمْ مَكْرٌ فِي آيَاتِنَا ۚ قُلِ اللَّهُ أَسْرَعُ مَكْرًا ۚ إِنَّ رُسُلَنَا يَكْتُبُونَ مَا تَمْكُرُونَ» (Нисоъ/ 142); <<Ва чун ба мардум раҳматеро пас аз сахтӣ мечашонем ногоҳ дар робита бо оёти Мо макр мекунанд! Бигӯ Худованд зудтар макр мекунад, ҳароина фиристодагони Мо макре ки мекунедро менависанд>>, бал мисдоқи ба сухра (мазоқ) гирифтани оёти Ӯст ки аз он найҳ карда ва фармудааст: «وَلَا تَتَّخِذُوا آيَاتِ اللَّهِ هُزُوًا ۚ» (Бақара/ 231); <<Оёти Худовандро ба сухра нагиред>> Ва монанди узр овардан ба қасди фирор аз ҷиҳод аст ки онро пазируфтанӣ надониста ва дар бораи он фармудааст: «وَيَسْتَأْذِنُ فَرِيقٌ مِنْهُمُ النَّبِيَّ يَقُولُونَ إِنَّ بُيُوتَنَا عَوْرَةٌ وَمَا هِيَ بِعَوْرَةٍ ۖ إِنْ يُرِيدُونَ إِلَّا فِرَارًا» (Аҳзоб/ 13); <<Ва гурӯҳе аз онон аз Паёмбар изн мехоҳанд, мегӯянд ки хонаҳои мо беҳифоз аст, дар ҳоле ки беҳифоз нест, онон танҳо қасди фирор доранд>> Ва фармудааст: «يَعْتَذِرُونَ إِلَيْكُمْ إِذَا رَجَعْتُمْ إِلَيْهِمْ ۚ قُلْ لَا تَعْتَذِرُوا لَنْ نُؤْمِنَ لَكُمْ قَدْ نَبَّأَنَا اللَّهُ مِنْ أَخْبَارِكُمْ ۚ وَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ» (Тавба/ 94); <<Барои шумо ҳангоме ки ба наздашон боз мегардед узр меоваранд, бигӯ узр наёваред, мо аз шумо намепазирем, Худованд моро аз ахбори шумо мутталеъ кардааст ва ба зудӣ Худованд ва Паёмбараш амали шуморо мебинанд, сипас ба сӯӣ олим ба пинҳон ва ошкор боз мегардед, пас ӯ шуморо аз коре ки мекардед огоҳ мекунад>>.

Бо ин васф, оё касе ки ба қасди фирор аз рӯза дар моҳи Рамазон сафар мекунад, метавонад рӯзаи худро бихурад? Дар ин бора ду ваҷҳ аст: Яке онки метавонад; Ба далили итлоқ дар сухани Худованд ки фармудааст: «فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۚ» (Бақара/ 184); <<Пас ҳар кас аз шумо бемор ё дар сафаре буд ба теъдоди аз рӯзҳойи дигар (рӯза бигирад)>> Ва ин шомили касе ки ба қасди фирор аз рӯза дар моҳи Рамазон сафар кардааст низ мешавад ва дигарӣ онки наметавонад; Зеро аз як сӯ зоҳири аз сухани Худованд касе аст ки мақосиди машрӯъ ва бидуни қасди фирор аз рӯза сафар кардааст ва аз сӯӣ дигар касе ки бо мақосиди ғайри машрӯъ ва ба қасди тарки воҷиб ё иртикоби ҳаром сафар кардааст муҷоз ба хӯрдани рӯза ва шикастани намоз нест; Бо таваҷҷуҳ  ба инки ҷавози хӯрдани рӯза ва шикастани намоз раҳмате аз ҷониби Худованд аст ва раҳмате аз ҷониби Худованд танҳо шомил некукорон мешавад; Чунонки фармудааст: «إِنَّ رَحْمَتَ اللَّهِ قَرِيبٌ مِنَ الْمُحْسِنِينَ» (Аъроф/ 56); <<Ҳароина раҳмати Худованд ба некукорон наздик аст>> Ва фармудааст: «مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ» (Тавба/ 91); <<Бар некукорон роҳе (ба муъохиза) нест>> Ва фармудааст: «أَمْ نَجْعَلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ» (Сод/ 28); <<Ё касоне ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом додандро монанди муфсидони дар замин қарор медиҳем ё парҳезкоронро монанди фоҷирон қарор медиҳем?!>>. Бар ҳамин бунёд аст ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ айядуллоҳ таъоло қоъидаеро табйин карда ва фармудааст: «لَیْسَ لِلظّالِمِ قَصْرُ صَلاةٍ وَ لا إِفْطارُ صَوْمٍ وَ لَا ٱضْطِرارٌ فِي مَخْمَصَةٍ وَ لا کِذْبٌ فِي مَصْلَحَةٍ وَ لا تَقَیِّةٌ فِي خِیفَةٍ»; <<Барои золим на шикастани намозе ва на хӯрдани рӯзае (дар сафар) ва на изтироре дар махмаса ва на дурӯғе дар маслиҳат ва на тақияе дар бим аст>>; Чароки ҳамаи ин аҳком аз рӯи раҳмати Худованд вазъ шудааст ва золимон мустаҳаққи раҳмати Худованд нестанд; Чунонки фармудааст: «أَلَا لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ» (Ҳуд/ 18); <<Огоҳ бошед ки лаънати Худованд бар золимон аст>>! Бо ин васф, касе ки бар қасди фирор аз рӯза дар моҳи Рамазон сафар мекунад, аз умуми «فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ» хориҷ аст, ё тахассусан ба далили инсирофи оя аз чунин касе ва ё тахсисан ба далили оёти дигаре ки чунин тахфиферо мухтас ба некукорон шумурда; Чунонки ба унвони намуна фармудааст: «وَاذْكُرُوا اللَّهَ فِي أَيَّامٍ مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ تَعَجَّلَ فِي يَوْمَيْنِ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ وَمَنْ تَأَخَّرَ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ لِمَنِ اتَّقَىٰ ۗ» (Бақара/ 203); <<Худовандро дар рӯзҳойи муъаян (ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми Зулҳиҷҷаҳ) ёд кунед, пас ҳар кас дар рӯз таъҷил кунад гуноҳе бар ӯ нест ва ҳар кас таъхир кунад гуноҳе бар ӯ нест, барои касе ки парҳезкор бошад>>.

Аз инҷо дониста мешавад барои мусалмон ҷойиз нест ки дар моҳи рамазон ба қасди фирор аз рӯза сафар кунад ва агар ин корро бикунад бояд рӯзаи худро бигирад ва номази худро комил бихонад ва агар рӯзаи худро бихурад, илова бар қазо каффораи онро бар ӯҳда мегирад ва ҳар кас аз ибодати Худованд гурезон бошад, аз кайфари Ӯ гурезе намеёбад ва оқибат барои парҳезкорон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?