Панҷшанбе 14 ноябр 2019 мелодӣ баробар бо 17 рабеъ-ул-аввал 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 5 Коди пурсиш: 149
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми рӯза ва эътикоф

Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 31/05/2016

Оё фурӯ бурдани тамоми сар дар об рӯзаро ботил мекунад?

Оё задани сируми (капелницаи) қандӣ ё намакӣ ва ё омпули (уколи) витомин бидуни дастури пизишк рӯзаро ботил мекунад?

Посух ба пурсиши шумораи: 5 Тарихи посух ба пурсиш: 06/06/2016

Се чиз аст ки рӯзаро ботил мекунад: Наздикӣ кардан, хӯрдан ва ошомидан; Чунонки Худованд фармудааст: «فَالْآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ ۚ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الْأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الْأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ۖ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ ۚ» (Бақара/ 187); <<Акнун бо онон наздикӣ накунед ва чизе ки Худованд бароятон муқаррар доштаастро биҷӯйед ва биёшомед то он гоҳ ки хатти сапедаи фаҷр бароятон аз хатти сиёҳ мутамойиз шавад, он гоҳ рӯзаро то шаб идома диҳед>>. Бо ин васф, фуру бурдани сар дар об дар сурате ботил кунандаи рӯза аст ки мисдоқи ошомидани об бошад; Ба ин тартиб ки аввалан аз рӯӣ амд бошад, пас агар саҳван дар об бияфтад ё аз рӯӣ фаромӯшӣ сарро дар он фурӯ бибарад, ишколе надорад, сониян ба ғайри зарурат бошад; Пас агар аз рӯӣ зарурат ин корро анҷом диҳад ишколе надорад, солисан сабаби расидани об ба ҳалқ шавад; Пас агар сарро дар об фурӯ бибарад, вале аз он ба ҳалқи ӯ нарасад, ишколе надорад. Бинобарин, дар сурате ки амдан ва бидуни зарурат сари худро дар об фурӯ бибарад ва чизе аз он нохоста ба ҳалқи ӯ фурӯ равад, бояд қазои рӯзаро ба ҷо оварад, ҳар чанд каффорае бар ӯҳдаи ӯ нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: خَرَجْتُ صائِماً وَ ٱلْعَطَشُ یُؤْذِینِي فَوَجَدْتُ نَهْراً فَغَمَسْتُ فِیهِ رَأسِي حَتّیٰ أَحْسَسْتُ بَرْدَ ٱلْماءِ فِي حَلْقِي، فَظَنَنْتُ أَنَّ ٱلسَّماءَ سَقَطَتْ! قالَ: عَلَیْكَ ٱلْقَضاءُ! قُلْتُ: أَ لَیْسَتْ کَفّارَةٌ؟ قالَ: لا وَ لَوْ قَصَدْتَ شُرْبَ ٱلْماءِ لَکانَ عَلَیْكَ ٱلْکَفّارَةُ»; <<Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Дар ҳоли рӯза берун омадам ва ташнагӣ озорам медод, пас наҳреро ёфтам, пас сари худро дар он фурӯ бурдам то инки хунукии обро дар гулӯям эҳсос кардам, пас (аз тарс) пиндоштам ки осмон афтод! Фармуд: Дар ӯҳдаи ту қазо аст! Гуфтам: Оё каффорае нест? Фармуд: На ва агар нӯшидани обро қасд карда будӣ, бар ӯҳдаи ту каффора буд>>!

Ҳамчунин, истифода аз сирум ва омпул (укол) ҳовии маводди ғазойи, дар сурате ки аз рӯӣ зарурат набошад, кароҳат дорад, балки агар ба қасди рафъи осори табиъии рӯза монанди гуруснагӣ ва ташнагӣ бошад, қатъан ҳаром аст ва баъид нест ки мубтил бошад; Чароки ғарази Худованд аз ташриъи рӯза, тараттуби осори табиъии он ба манзури таъаббуд ва аз боби имтиҳон аст ва бо ин васф, ворид кардани маводди хӯрданӣ ва ошомиданӣ ба бадан бидуни хӯрдан ва ошомидан, нақзи ғарази Худованд ва давр задани ҳукми Ӯ ва ба манзалаи ҳила ва тақаллуб аст, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «فَادْعُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ» (Ғофир/ 14); <<Худовандро бо холис сохтани дин барои Ӯ бихонед>> Ва фармудааст: «وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ» (Баййина/ 5); <<Ва амр нашуданд магар ба инки Худовандро бо холис сохтани дин барои Ӯ ибодат кунанд>> Ва фармудааст: «إِنَّ الْمُنَافِقِينَ يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَهُوَ خَادِعُهُمْ» (Нисоъ/ 142); <<Ҳароина мунофиқон мехоҳанд Худовандро фиреб диҳанд, дар ҳоле ки Ӯ фиребандаи онон аст>> Ва фармудааст: «يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَمَا يَخْدَعُونَ إِلَّا أَنْفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ» (Бақара/ 9); <<Мехоҳанд Худованд ва касоне ки имон дорандро фиреб диҳанд, дар ҳоле ки ҷуз худро фиреб намедиҳанд ва намедонанд>>!

Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи ибодати холисона ато фармояд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?