Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Муқаддамот

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 141
Мавзӯъи фаръӣ:

Илм ва ҷаҳл; Вуҷуби таҳсили илм (иҷтиҳод)

Нависандаи пурсиш: Фарҳоди Гулистон Тарихи пурсиш: 22/05/2016

Манзури оқойи Ҳошимӣ аз <<Илм>> дар китоби эшон чист?

Ҳамчунин, бифармойед ки мафҳуми <<Иҷтиҳод>> дар китоби эшон чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 24/05/2016

Мурод аз <<Илм>> дар ки китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>>, шинохти ҳақ аст ки дар яқин ба он аз рӯйи далил мисдоқ меёбад. Ба илова, нависандаи бузургвори ин китоб ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар таърифи <<Илм>> фармудааст: «ٱلْعِلْمُ نُورٌ یَقْذِفُهُ ٱللّهُ في قَلْبِ مَن یَشاءُ لِیُرِیَهُ فِیهِ ما یَکُونُ», <<Илм нуре аст ки Худованд дар дили ҳар касе ки мехоҳад меандозадаш то дар он чизе ки ҳастро нишонаш диҳад>> (Гуфтори 35) Ва бо ин васф, пайдост ки танҳо дилҳои бино қодир ба баҳрагирӣ аз ин нури Илоҳӣ хоҳанд буд. Ҳамчунин, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар фарозе аз номаи нуронии худ, зимни даъвати мусалмонон ба сӯӣ <<Илм>>, муроди худ аз онро табйин карда ва фармудааст:

<<Ба Худо савганд, шуморо аз <<Шинохтан>> гузире нест ва кори шумо ҷуз бо <<Донистан>> рост намеояд. Ҳаминак, <<Шинохт>> монанди фариштае шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва <<Донистан>> монанди Паёмбаре шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Дар кӯчаҳои шумо фарёд мезанад ва бар пушти бомҳотон нидо медиҳад ки <<Эй бехабарон! Шоми бехабарӣ пушт намуда ва субҳи огоҳӣ бар дамидааст. Инак бедор шавед ва ба сӯӣ ман бишитобед ва чизе шуморо аз ман боз надорад! Чароки ман барои шумо аз нони шаб воҷибтар ва аз касбу кор ва хонавода судмандтарам. Ман танҳо касе ҳастам ки бо шумо мемонад ва дар дунё ва охират аз шумо ҷудо намешавад. Амволи шумо аз байни мераванд, ҳамсаронатон мемиранд ва фарзандонатон ҷудо мешаванд, аммо ман ҳеҷ гоҳ аз байн намеравам ва ҳеҷ гоҳ намемирам ва ҳеҷ гоҳ аз шумо ҷудо намешавам. Бал шуморо монанди худ ҳифз мекунам ва ҳамроҳи худ ба ҷовидонагӣ мерасонам. Агар ман бо шумо бошам чизе ба шумо зиён нахоҳад расонд ва агар ман бо шумо набошам чизе ба шумо суд нахоҳад расонд. Пас кадомин боздоранда шуморо аз ман боз медорад ва кадомин бениёз кунанда шуморо аз ман бениёз мекунад?!>> Ингуна <<Шинохт>> шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва ин чунин <<Донистан>> шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Пас нидои ӯро бишнавед ва даъвати ӯро иҷобат кунед! Барои шиохти ҳақ аз ботил ба по хезед ва барои донистани дуруст аз ғалат эҳтимом варзед! Ва чаро чунин ва чунон накунед?! Дар ҳоле ки шинохти ҳақ ва ботил, қавоми инсонияти шумо ва донистани дуруст ва ғалат, мояи шахсияти шумост. Чигуна номи худро инсон мениҳад касе ки аз <<Маърифат>> безор аст?! Ва чаро номи худро асб намениҳад касе ки бо <<Илм>> бегона аст?! Донойии инсон, пояи шарафи ӯ ва огоҳии ӯ, мояи иззати ӯст. Мақсудам аз огоҳӣ, риёзӣ ва ҳиндиса ва монанди он нест ва манзурам аз донойи, фиқҳу усул ва мантиқ ва фалсафа нест! Инҳо ҳама фазле аст ки имрӯз фитна шудааст ва қавоми инсонияти шумо ба инҳо нест! Мақсудам аз донойи, шинохти ҳақ аз ботил ва манзурам аз огоҳӣ, ташхиси ҳидоят аз гумроҳӣ аст. Чи бисёр фақиҳу файласуфе ки ба дӯзах рафта ва чи бисёр дуктуру муҳандисе ки растгорӣ наёфтааст; Чароки ҳаққро аз ботил нашнохта ва ҳидоятро аз гумроҳӣ дар наёфтааст!>> (Номаи 3).

Аммо муроди ин муъаллими бузург аз <<Иҷтиҳод>>, баррасӣ ва пажуҳише аст ки барои шинохти ҳақ ба маънои яқин ба он аз рӯӣ далил зарурӣ аст ва ин ҳамон иҷтиҳод ва талаби илме аст ки бар ҳар мусалмоне воҷиб дониста аст; Чунонки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (с58 ва 59) ба ин нукта тасриҳ карда ва фармудааст:

<<Аз инҷо дониста мешавад ки тақлид аз олимон, ба ҳеҷ рӯй муҷзӣ [яъне кифоят кунанда] нест ва иҷтиҳод бар умуми мусалмонон воҷиб аст; Албатта дар сурате ки мурод аз иҷтиҳод, шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми Ислом бошад; Чароки агар мурод аз он, шинохти заннӣ аз онҳо ҳар чанд бо итикоъ ба ахбори оҳод ва мавҳумотӣ назири иҷмоъ бошад, тафовути чандоне бо тақлид надорад ва ба табаъи он муҷзӣ нест; Чароки иллати муҷзӣ набудани тақлид, муҷзӣ набудани итикоъ ба ғайри яқиниёт дар ақойид ва аҳкоми шаръӣ аст ва ин иллат миёни тақлид ва иҷтиҳод муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муштарак аст ва бо ин васф, иҷтиҳоди муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муҷзӣ нест, ҳар чанд аз тақлид беҳтар бошад; Бал ҳар коре ки барои шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми шаръӣ лозим аст, ҳамон бар умуми мусалмонон воҷиб аст.>>.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?