Сешанбе 15 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 16 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 3 Коди пурсиш: 139
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми хӯрданиҳо ва ошомиданиҳо

Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 21/05/2016

Оё желотине ки аз устухони хук гирифта мешавад ва дар фарояндҳое ба маводди ғазойи ва желе табдил мешавад ҳукми истиҳола дорад ва хӯрданаш ҳалол аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 23/05/2016

<<Истиҳола>> ба маънои табдили моҳияти чизе ба чизи дигар то ҳадде аст ки ҳеҷ як аз аҷзоъи он боқӣ намонад, монанди табдили мурдор ба хок. Бо ин васф, истихроҷи желотин аз устухони хук, истиҳолаи хук шумурда намешавад, балки фароварии хук ва монанди гирифтани рӯғани (маска) аз шир аст; Зеро моддаи аслии он, кложини мавҷуд дар устухони хук аст ки ҷузъӣ аз хук шумурда мешавад ва ба табъи он ҳаром аст ва рӯшан аст ки ҳурмати хук, ба маънои ҳурмати ҳамаи аҷзоъи он ва ҳурмати ҳамаи мавводе аст ки ба наҳве аз аҷзоъи он гирифта мешаванд.

Бо ин ҳол, агар эҳтимол меравад ки желотини мустахриҷ аз устухони хук, дар асари истиҳола ва на фароварии устухони хук падид омадааст, боз ҳам ба наҷосат ва ҳурмати он ҳукм мешавад; Чароки шак дар истиҳолаи он, маҷрои истисҳоб аст. Балки агар яқин ба истиҳолаи он вуҷуд дошта бошад низ дар бораи пок кунанда будани истиҳолаи он миёни мусалмонон ихтилоф аст; Зеро аз Абу Ҳанифа (д.150қ) нақл шудааст ки онро пок кунанда медонист, дар ҳоле ки Шофеъӣ (д.204қ) мӯътақид буд ки ъаёни наҷас аз қибали хук бо истиҳола пок намешаванд ва ин назари бисёрӣ аз уламоъи шиъа аст, балки бархӣ аз онон монанди Ибни Мутаҳҳари Ҳиллӣ (д.726қ) онро <<Қавли аксари аҳли илм>> донистаанд (нигоҳ кунед ба: Мунтаҳиул Матлаб [Тибъи ҷадид], ҷ3, с287).

Бо ин васф, хӯрдани желотине ки аз устухони хук гирифта шуда, ҳаром аст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки желотин танҳо аз устухони хук гирифта намешавад, балки бо кайфияти беҳтар аз устухони  гов низ гирифта мешавад ва бо ин васф, зарурате ба гирифтани он аз устухони хук ва хӯрдани желотини хукӣ нест. Бегумон рӯй овардан ба чизҳои ҳаром бо вуҷуди ҷойгузинҳои ҳалол барои онҳо, гунаи зиддият бо Худованд ва нишонае аз шақоват аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَمِعْتُ ٱلْعالِمَ یَقُولُ: مَنْ قَدِرَ عَلَی ٱلْحَلالِ فَأَبیٰ إِلَّا ٱلْحَرامَ فَأَبْعَدَهُ ٱللّهُ! وَ سَمِعْتُهُ یَقُولُ: مَنْ أَتیٰ بِٱلْحَرامِ وَ هُوَ قادِرٌ عَلَی ٱلْحَلالِ فَقَدْ أَبْدیٰ صَفْحَتَهُ لِرَبِّهِ وَ مَنْ أَبْدیٰ صَفْحَتَهُ لِرَبِّهِ فَقَدْ هَویٰ»; <<Шунидам олим (яъне ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ) мефармояд: Ҳар кас дастрасӣ ба ҳалол дорад, вале ҷуз аз ҳаром сар боз мезанад, Худованд давраш гардонад! Ва шунидам мефармояд: Ҳар кас муртакиби ҳаром шавад дар ҳоле ки ба ҳалол тавоност, ҳароина душманиаш бо Парвардигоашро ошкор карда ва ҳар кас душманиаш бо Парвардигорашро ошкор кунад, ҳароина ҳалок шудааст>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?