Шанбе 19 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 20 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 7 Коди пурсиш: 133
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми макосиб ва машоғули ҳаром

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 19/04/2016

Назари алломаи Хуросонӣ дар мавриди баргузории ҷашнҳои нимаи Шаъбон (Чироғонӣ ва тавзеъи шарбат ва ширинӣ ва итъом ва назр ва ...) ки дар байни шиъаён ба унвони рӯзи таваллуди ҳазарти Маҳдӣ арвоҳуно фидо шинохта мешавад чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 7 Тарихи посух ба пурсиш: 23/04/2016

Барои шиъаён беҳтар аст ба ҷойи баргузор кардани ин ҷашнҳои бебунёд ва пурҳазина ки фоидае барои имом Маҳдӣ алайҳи салом надорад, ба заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат бипардозанд ва ба заминасози зуҳураш ёрӣ расонанд. Ин танҳо истеҳзоъ ба он ҳазрат аст ки касоне ҳукуматашро ғасб намоянд ва ӯро овораи кӯҳу биёбон созанд ва сипас барояш ҷашни таваллуд бигиранд ва пуфак бичаспонанд ва коғази рангӣ биёвезанд! Монанди қотиле ки валии неъмати хешро ба ғайри ҳақ кушта ва амволашро ба тороҷ бурда ва сипас барои ӯ нуҳа ва мотам барпо кардааст ва бар сару сураташ мезанад, то бо ин ҳила мардумро аз шакки ба худ боз дорад ва худро бетақсир ҷилва диҳад! Бегумон агар як садум балки як ҳазоруми ҳазинаҳои газзофе ки ин рӯзҳо сарфи чароғонӣ ва тавзеъи шарбат ва ширинӣ мешавад ба аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло супурда шавад барои ӯ кофӣ аст то ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро аз вазифаи худ дар қиболи Маҳдӣ огоҳ кунад ва барои сохтани муқаддамоти зуҳури он ҳазрат ба ҳаракат дароварад, вале афсӯс ки ҷаҳолат амон намедиҳад ва ақлҳоро аз кор андохтааст! Ба унвони намуна, чанде пеш мутталеъ шудем ки марде дар Эрон беш аз як милиорд тумон барои чоппу тавзеъи пустер бо мавзӯъи табарики нимаи Шаъбон ҳазина кардааст! Пас бо ӯ тамос гирифтем ва аз ӯ даъват кардем ки як садуми ин маблағро ба ҷойи чоппу тавзеъи пустери табрикот, барои чоппу тавзеъи китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ё яке аз гуфторҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бо мазӯъи зарурати заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ҳазина кунад то хидмати бештаре ба он ҳазрат карда бошад, вале ӯ қабул накард! Ин чист ҷуз сафоҳатӣ ошкор ки дӯстони нодони аҳли байтро фаро гирифта ва гоҳе аз душманони донойи онон мухаррибтар сохтааст?! Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «دَخَلْتُ عَلَی ٱلْمَنْصُورِ مَساءَ یَوْمٍ فَسَأَلْتُهُ عَنِ ٱلْمَهْدِيِّ کَیْفَ أَمْسیٰ؟ فَقالَ: أَلا وَٱللّهِ لَقَدْ أَمْسیٰ وَ ما أَحَدٌ أَعْدىٰ لَهُ مِمَّنْ يَنْتَحِلُ مَوَدَّتَهُ! ثُمَّ قالَ: إِنَّ مِنَ ٱلْمُتَشَیِّعِینَ لَمَنْ هُوَ شَرٌّ مِنَ ٱلْيَهُودِ وَ ٱلنَّصارىٰ وَ ٱلْمَجُوسِ وَ ٱلَّذِينَ أَشْرَكُوا! قُلْتُ: وَ ٱلَّذِینَ أَشْرَکُوا؟! قالَ: نَعَمْ وَٱللّهِ وَ هُمُ ٱلَّذِینَ یَسُبُّونَ ٱلْمَهْدِيَّ! قُلْتُ: سُبْحانَ ٱللّهِ وَ مَن یَسُبُّ مِنْهُمُ ٱلْمَهْدِيَّ؟! قالَ: ٱلَّذِینَ یَسُبُّونَنِي وَ هُمْ یَعْلَمُونَ أَنِّي أَدْعُوهُمْ إِلَی ٱلْمَهْدِيِّ فَیَسُبُّونَ بِذٰلِكَ ٱلْمَهْدِيَّ!»; <<Дар шомгоҳ рӯзе ба назди ҳазрати Мансур омадам, пас аз ӯ дар бораи Маҳдӣ пурсидам ки чигуна шом кардааст? Фармуд: Огоҳ бош ки ба Худо савганд шом кардааст дар ҳоле ки аҳаде бо ӯ душмантар аз касоне нест ки худро дӯстдори ӯ мешуморанд! Сипас фармуд: Ҳароина аз муташаййиъон касоне ҳастанд ки аз яҳуд ва насоро ва маҷус ва касоне ки мушриканд бадтаранд! Гуфтам: Ва касоне ки мушриканд?! Фармуд: Оре ба Худо савганд ва онон касоне ҳастанд ки Маҳдиро саб мекунанд! Гуфтам: Субҳоналлоҳ! Чи касе аз онон Маҳдиро маб мекунад?! Фармуд: Касоне ки манро саб мекунанд дар ҳоле ки медонанд ман ононро ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунам, пас бо ин кор Маҳдиро саб мекунанд>>!

Шигифто ки акнун бузургтарин ва шаруртарин душманони ин заминасози зуҳури Маҳдӣ ва даъват кунандае ба сӯӣ хилофати аҳли байт, касоне ҳастанд ки худро дӯстдорони Маҳдӣ ва шиъаёни аҳли байт мешуморанд ва барои халифаи Худованд дар замин монанди кӯдаконашон ҷашни таваллуд мегиранд ва шарбату ширинӣ тавзеъ мекунанд! Дар ҳоле ки ин қабил ҷашнҳои кӯдакона асле дар Ислом надорад ва тавзеъи ҳазорон харвор шарбат ва ширинӣ ҳам наметавонад кӯтоҳӣ ва хиёнати ҳокимон ва олимон ва пайравони мунҳарифу мутаъассиби онон дар ҳаққи имом Маҳдӣ алайҳи саломро бипӯшонад ва татҳир кунад ва онон дер ё зуд бояд посухгӯйи кӯтоҳӣ ва хиёнати худ дар ҳаққи он ҳазрат бошанд: «وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ» (Шуъаро/ 227).

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?