Сешанбе 21 май 2019 мелодӣ баробар бо 16 рамазон 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 14 Коди пурсиш: 115
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи Маҳдӣ ва заминасозӣ барои зуҳури ӯ

Нависандаи пурсиш: Ҳамидризо Тарихи пурсиш: 25/02/2016

Ширкат дар интихобот бо ҳадафи дафъи афсад ба фосид чи ҳукме дорад? Бархӣ мӯътақиданд дар интихоб байни бад ва бадтар бояд бадро интихоб намуд ва ин як мантиқи ақлӣ аст, мисли замоне ки дар ҳоли марг дар биёбон ҳастем ва як мурдори гӯсфанд ва як мурдори хук вуҷуд дорад ва ақл ҳукм мекунад ки барои намурдан аз мурдори гӯсфанд ба қадри зарурат бихурем.

Посух ба пурсиши шумораи: 14 Тарихи посух ба пурсиш: 26/02/2016

Дафъи афсад ба фосид дар ҷойе маъқул аст ки аввалан даварони миёни он ду собит бошад, ба ин маъно ки яқинан гузинаи севвуме вуҷуд надошта бошад ва сониян ибтилоъ ба даварони миёни он ду ношӣ аз тақсири мардум дар эҷоди гузинаи севвум набошад ва солисан қатъ ба мисдоқи он ду дар хориҷ вуҷуд дошта бошад, ба ин маъно ки маълум бошад афсад кадом ва фосид кадом аст, дар ҳоле ки дар интихоботи ҳукуматҳои ҷавр, аввалан даварони миёни афсад ва фосид собит нест; Зеро чунонки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (с285 то 298) табйин шуда, зоҳир кардани халифаи Худованд дар замин ҳамвора барои мардум мумкин аст ва бо ин васф, онон дар пазириши ҳукумати ғайри ӯ маъзур нестанд ва сониян ибтилоъ ба даварони миёни афсад ва фосид бино бар фарз субути он, ношӣ аз тақсири мардум дар заминасозӣ барои зуҳури халифаи Худованд дар замин аст ва бино бар қоъида, тақсири онон монеъ аз рафъи масъулияташон дар ҳоли изтирор аст ва солисан ба фарзи субути даварони казойи ва адами субути тақсири мардум, ба таври қатъи маълум нест ки кадом як аз ду тараф фосид ва кадом як афсад аст; Ширкат ё адами ширкат дар интихобот ва интихоби Зайд ё интихоби Амр ва бо ин авсоф, <<Ширкат дар интихобот бо ҳадафи дафъи асфад ба фосид>> ваҷҳи ақлӣ надорад ва шаръан ҳаром аст, магар аз боби тақия барои касоне ки ба заминасозӣ барои зуҳури халифаи Худованд дар замин иқдом карда ва дар маърази хатарӣ ғайри қобили таҳаммул аст ки дар ин сурат, метавонад дар интихобот ширкат кунад ва раъйи сафед бидиҳад то ба қудрат ёфтани ҳеҷ як аз золимон ёрӣ нарасонда бошад ё дар иқдоми намодин ва омӯзанда, ба имом Маҳдӣ алайҳи салом раъй бидиҳад ки раъй додан ба ӯ бар ҳар мусалмоне воҷиб аст.

Оре, бегумон ҳамин таваҳҳуми дафъи афсад ба фосид буда ки аз баъди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун, ин умматро ба зиллат ва масканат дучор карда ва ба таҳаммули ҳукуматҳои золимон дар тӯли торих водоштааст; Чароки ҳар насле аз мусалмонон, ҳокими золими худро аз ҳокими золими дигарӣ беҳтар пиндошта ва аз тарси он, инро нигоҳ доштааст ва иттифоқан ҳокимони золим низ бо сӯъи истифода аз ҳамин таваҳҳуми шум, ононро ба ҳимоят аз худ водоштаанд ва фиребкорона илқо кардаанд ки агар султаи моро бар худ напазиред, фалон кас бар шумо султа меёбад ки аз мо бадтар аст ва онон низ бо сафоҳатӣ кӯдакона ки ба хислати торихии онон табдил шудааст, фиреб хӯрдаанд ва бо ҷону мол ва обурӯи худ ҳокимони золимашонро ҳифз кардаанд то ба хиёли ботили худ дафъи афсад ба фосид карда бошанд; Ғофил аз онки замини Худованд ҳеҷ гоҳ аз халифаи Ӯ холӣ набудааст ва бо ин васф, онон ҳеҷ гоҳ маҷбур ба таҳаммули яке аз ду ҳокими золим наудаанд, балки ҳамвора қодир будаанд бо ирода ва иқдоми муносиби худ, ба сӯӣ халифаи Худованд дар замони худ бозгарданд ва ӯро барои ҳукумат бар худ интихоб кунанд; Чароки ӯ низ монанди дигарон барои ҳукумат бар онон ба раъйи онон ниёзманд буда ва агар то кунун ба ҳукумат бар онон даст наёфта ба ин сабаб будааст ки онон ба ӯ раъй надодаанд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «کانَتِ ٱنْتِخاباتٌ فِي ٱلْمَدِینَةِ فَقالَ لِيَ ٱلْمَنْصُورُ: هَلِ ٱنْتَخَبَ ٱلنَّاسُ سُلْطانَهُمْ؟ قُلْتُ: نَعَمْ وَ ٱنْتَخَبُوا فُلاناً! قالَ: لَوِ ٱنْتَخَبُوا ٱلْمَهْدِيَّ لَکانَ خَیْراً لَهُمْ! قُلْتُ: ما کانَ مُرَشَّحاً فِیها -جُعِلْتُ فِداكَ! قالَ: ما مِنِ ٱنْتِخاباتٍ إِلّا وَ هُوَ مُرَشَّحٌ فِیها وَ لٰکِنَّ ٱلنَّاسَ لا یَنْتَخِبُونَه»; <<Интихоботе дар шаҳр баргузор шуд, пас ҳазрати Мансур ба ман фармуд: Оё мардум ҳокимонашонро интихоб карданд? Гуфтам: Оре, фалониро интихоб карданд! Фармуд: Агар Маҳдиро интихоб мекарданд барояшон беҳтар буд! Гуфтам: Ӯ дар он кондидо набуд –фидоят шавам! Фармуд: Ҳеҷ интихоботе нест магар инки ӯ дар он кондидо аст, вале мардум ӯро интихоб намекунанд>>!

Афсӯс ки чунин бинише барои мардум вуҷуд надорад ва маҳдуд ба ин инсони бузург ва ёрони андаки ӯаст, вале умед меравад ки бо муҷоҳидатҳои шабонарӯзии онон, дер ё зуд ба бовари қалбӣ бештари мусалмонони ҷаҳон табдил шавад ва он ҳангом аст ки замина барои зуҳури халифаи Худованд дар замин фароҳам шудааст ин шоъ Аллоҳ.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?