Якшанбе 25 август 2019 мелодӣ баробар бо 23 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 4 Коди пурсиш: 114
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми закот, хумс, садақа, ҳиба, қарз, вақф ва ория

Нависандаи пурсиш: Илоҳа Мусаффо Тарихи пурсиш: 14/02/2016

Бо салом бар бандагони солеҳи Худо ки бе музд ва миннат барои густариши Исломи ростин мекӯшед.

Суъолете аз маҳзаратон дорам:

1 . Оё кӯмак ба гадоёне ки дар кӯча ва хиёбон мебинем ҷойиз аст?

2 . Ба чи касоне бояд садақа дод?

Мамнун ва илтимоси дуъо

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 21/02/2016

Инфоқ ба ниёзмандон, аз бузургтарин ибодот дар Ислом аст ки дар китоби Худованд қарини намоз зикр шуда, бал метавон гуфт ки пас аз намоз ба ҳеҷ ибодате монанди он суфориш нашуда ва он бар ду гуна аст: Инфоқи воҷиб ки шомили закот, хумс ва мавориди назр аст ва тарки он маъсият шумурда мешавад ва инфоқи ғайри воҷиб ки ба он <<Садақа>> мегӯянд ва тарки он маъсият шумурда намешавад, магар ҳангоме ки мусалмонӣ музтар онро масъалат мекунад; Чароки инфоқ ба ӯ дар ҳоли изтирор, воҷиб аст, агарчи дар қолиби закот, хумс ва назр набошад, бал агарчи итминон ба изтирори ӯ вуҷуд надошта бошад; Чароки Худованд аз рондани соъил мутлақан наҳй карда ва фармудааст: «وَأَمَّا السَّائِلَ فَلَا تَنْهَرْ» (Зуҳо/ 10) <<Ва аммо соъилро нарон>> Ва мурод аз изтирори ӯ нотавониаш аз таъмини ниёзҳои аввалияи зиндагӣ монанди ғазо, пӯшок, сарпаноҳ, озодӣ ва дармон аст. Бинобарин, инфоқ ба мусалмоне ки аз изтирори худ хабар медиҳад, ҳаргоҳ эҳтимоли сидқи ӯ вуҷуд дошта бошад, воҷиб аст, агарчи дар воқеъ содиқ набошад; Чароки ӯ мукаллаф ба сидқ ва дигарон мукаллаф ба инфоқанд ва ҳар кадом дар бораи таклифи худ бозхост мешаванд; Фориғ аз онки асл, сидқи ӯ дар хабар аз аҳволи худаш аст ва инфоқ ба ӯ мувофиқ бо эҳтиёт аст ва аз ин рӯ, Худованд бахшидани мол ба <<Соъилон>> ро дар канори бахшидани он ба <<Наздикон>>, <<Ятимон>>, <<Мискинон>>, <<Дар роҳ мондагон>> ва <<Бардагон>> ёд карда ва фармудааст: «وَآتَى الْمَالَ عَلَىٰ حُبِّهِ ذَوِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ وَالسَّائِلِينَ وَفِي الرِّقَابِ» (Бақара/ 177); <<Ва молро бо вуҷуди ниёзаш ба наздикон ва ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагон ва соъилон ва бардагон бидиҳад>> Ва аз ин дониста мешавад ки додани мол ба <<Соъилон>>, агарчи аз <<Наздикон>>, <<Ятимон>>, <<Мискинон>>, <<Дар роҳ мондагон>> ва <<Бардагон>> набошанд, шойиста аст.

Оре, дар сурате ки итминон ба кизби онон вуҷуд дошта бошад, инфоқ ба онон шойиста нест; Зеро касоне ки бо вуҷуди тавони таъмини ниёзҳои аввалияи зиндагии худ гадойи мекунанд, ё касоне ки барои таъмини ҳазинаҳои корҳои номашруъи худ аз қибали истеъмоли алкол ва маводди мухаддир гадойи мекунанд, <<Сафиҳо>> шумурда мешаванд ва додани мол ба <<Сафиҳо>> ҷуз дар ҳадди ғазо додан ва пӯшонидани онон ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا تُؤْتُوا السُّفَهَاءَ أَمْوَالَكُمُ الَّتِي جَعَلَ اللَّهُ لَكُمْ قِيَامًا وَارْزُقُوهُمْ فِيهَا وَاكْسُوهُمْ وَقُولُوا لَهُمْ قَوْلًا مَعْرُوفًا» (Нисоъ/ 5); <<Ва амволатон ки Худованд бароятон пуштивонае қарор додаастро ба сафиҳо надиҳед ва ононро аз он бихуронед ва бипӯшонед ва ба онон суханӣ шойиста бигӯйед>>; Ҳамчунонки додани мол ба касоне ки барои таъмини ҳазинаҳои корҳои номашруъи худ гадойи мекунанд, иъонат бар гуноҳ ва таъаддӣ аст, дар ҳоле ки Худованд аз иъонат бар гуноҳ ва таъаддӣ наҳй карда ва фармудааст: «وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ» (Моъида/ 2); <<Ва ба якдигар дар гуноҳ ва таъаддӣ ёрӣ нарасонед ва аз Худованд битарсед; Чароки иқоби Худованд шадид аст>>!

Бо ин ҳол, беҳтарин инфоқ, инфоқ ба мусалмоне аст ки бо вуҷуди изтирорашон ба гадойи рӯй намеоваранд, балки ба корҳоӣ бисёр нохушоянд ва тоқатфарсо ва дар ъайни ҳол камдаромад рӯй меоваранд ва аз тариқи чунин корҳойе ва аз тариқи зоҳирашон шинохта мешаванд; Чунонки Худованд  фармудааст: «لِلْفُقَرَاءِ الَّذِينَ أُحْصِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ لَا يَسْتَطِيعُونَ ضَرْبًا فِي الْأَرْضِ يَحْسَبُهُمُ الْجَاهِلُ أَغْنِيَاءَ مِنَ التَّعَفُّفِ تَعْرِفُهُمْ بِسِيمَاهُمْ لَا يَسْأَلُونَ النَّاسَ إِلْحَافًا ۗ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ بِهِ عَلِيمٌ» (Бақара/ 273); <<Барои ниёзмандоне ки дар роҳи Худованд дармонда шудаанд ва тавонойии сафаре дар заминро надоранд, ноогоҳ ононро ба хотири хештандорӣ бениёз мепиндорид, ононро бо зоҳирашон мешиносӣ, аз мардум ба исрор чизе намехоҳанд ва ҳар хайре ки инфоқ кунед ҳароина Худованд ба он огоҳ аст>>.

Аз Худованди меҳрубон масъалат дорем ки ба фазли азими худ ҳамаи ниёзмандонро бениёз кунад ва он ҳангоме мумкин аст ки халифааш дар замин ба ҳукумат даст ёбад ва адолатро бар он ҷорӣ созад ва табъизро аз миён бардорад ва ҳар касро ба коре гуморад ки шойистаи он аст ва аз коре ки шойистаи он нест баргирад ва ин бо заминасозӣ барои зуҳури ӯ имкон меёбад ки таклифи ҳамаи мусалмонон хусусан ниёзмандон аст; Чароки ниёзмандон ба таъмини ниёзи худ аз дигарон сазовортаранд, то ҳадде ки агар худашон барои он иқдоме накунанд, таваққуъашон аз дигарон оқилона нест ва беҳтарин иқдомашон, заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки бештарин суд аз зуҳури ӯ ба онон мерасад на ба бениёзон ва бо ин васф, онон ба заминасозӣ барои зуҳури ӯ сазовортаранд; Ҳамчунонки бештарин ёрони Паёмбарон аз миёни ниёзмандон будаанд, на аз миёни бениёзон ва ҳар кас зули бештаре ба ӯ расида, ба талош барои таҳаққуқи адолат бо заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ сазовортар аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?