Ҷумъа 19 апрел 2019 мелодӣ баробар бо 13 шаъбон 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

     
Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 108
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи саҳоба ва ҳамсарони Паёмбари хотам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳурмати онон

Нависандаи пурсиш: Алӣ Тарихи пурсиш: 22/01/2016

Чаро ҳазрати Алӣ қотилони Усмонро муҳокима накард?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 29/01/2016

Қотилони Усмон тафсилан барои Алӣ шинохта шуда набуданд то ононро муҷозот кунад ва иҷмолан низ бештари муҳоҷирон ва ансор аз асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муттаҳам ба мушорикати мустақим ё ғайри мустақим дар қатли ӯ буданд; То ҷойе ки аз Абу Саъиди Худрӣ нақл шудааст ки ҳаштсад нафар аз ононро дар қатли ӯ ҳозир медонист (Ибни Шейба, Торихул Мадина, ҷ4, с1175) Ва аз Ҳошим ибни Утба ибни Абӣ Ваққос нақл шудааст ки дар муъаррифии қотилони ӯ мегӯяд: «إِنَّما قَتَلَهُ أَصْحابُ مُحَمَّدٍ وَ أَبْناءُ أَصْحابِهِ وَ قُرّاءُ ٱلنَّاسِ حِينَ أَحْدَثَ ٱلْأَحْداثَ وَ خالَفَ حُكْمَ ٱلْكِتابَ» (Ибни Музоҳим, Воқеъату Сиффийн, с354; Табарӣ, Торихул умами вал мулук, ҷ4, с30); <<Ҷуз ин нест ки асҳоби Муҳаммад ва фарзандони асҳобаш ва қориёни мардум ӯро куштанд, ҳангоме ки бидъатҳо барсохта ва бо ҳукми Қуръон ба мухолифат пардохт>>. Ба илова садҳо нафар аз мусалмонони хашмгин ки ба даъвати бархӣ саҳоба ва тобеъин аз шаҳрҳои мухталиф хусусан Куфа ва Миср ба Мадина омада буданд, дар қатли ӯ мушорикат доштанд (нигоҳ кунед ба: Ибни Қутайба, Ал-имомату вал сиёса, ҷ1, с40) Ва рӯшан аст ки муҳокимаи ҳамаи ин шумори касир барои Алӣ мақдур набуд ва муҷиби фитна мешуд, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ» (Бақара/ 286); <<Худованд касеро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад>> Ва фармудааст: «وَالْفِتْنَةُ أَشَدُّ مِنَ الْقَتْلِ ۚ» (Бақара/ 191); <<Ва фитна бадтар аз қатл аст>>.

Барои дарки душвории ин кор барои Алӣ кофӣ аст бидонед ки Оиша ҳамсари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва модари мӯъминон, яке аз муттаҳамонӣ аслии мушорикат дар қатли Усмон буд ки дар Макка мардумро бар зидди ӯ таҳрик мекард ва сариҳан ба қатли ӯ фатво медод ва мегуфт: «أُقْتُلُوا نَعْثَلاً فَقَدْ کَفَرَ»; <<Наъсалро бикушед; Чароки кофир шудааст>> (нигоҳ кунед ба: Ибни Осим, Ал-футуҳ, ҷ2, с437; Табари, Торихул умами вал мулук, ҷ3, с477; Ибни Маскавия, Таҷорибул умам, ҷ1, с469; Ибни Асир, Ал-комил фил торих, ҷ3, с206; Ибни Қутайба, Ал-имомату вал сиёса, ҷ1, с51) Ва муттаҳами дигар Талҳа буд ки душмантарин саҳобӣ бо Усмон маҳсуб мешуд, то ҷойе ки пас аз муҳосира обро ба рӯйи ӯ баст (Ибни Қутайба, Ал-маъориф, с228; Ибни Шейба, Торихул Мадина, ҷ4, с1169). Ба ҳамин далил, Марвон ибни Ҳакам муншии Усмон, ӯро дар ҷанги Ҷамал бо тире кушт ва муддаъӣ шуд ки интиқоми Усмонро гирифтааст (Ҳокими Нешобурӣ, Ал-мустадрак, ҷ3, с370; Ибни Абдулбир, Ал-истиъоб, ҷ2, с766; Ибни Асир, Усдул ғоба, ҷ3, с60; Торихи Яъқубӣ, ҷ2, с182; Сафдӣ, Ал-вофӣ билвафаёт, ҷ16, с272). Бо ин васф, метавон гуфт ки Алӣ дар ҷанги Ҷамал, амалан бо қотилони Усмон ҷангид ва бисёрӣ аз ононро ба сазои аъмолашон расонид, ҳар чанд бисёрӣ низ аз дасти ӯ гурехтанд ва дар шаҳрҳо пароканда гардиданд.

Аз инҷо дониста мешавад ки Алӣ дар иқомаи ҳудуи Худованд ҳеҷ тақсире накард ва агар ҳаддеро иқома надошт, ба сабаби нотавонӣ аз иқомаи он дар асари фиқдони ёрони кофӣ, бими фитна ва мумоеъати золимон буд ва ин ҳақиқате аст ки дар бораи он ихтилофе вуҷуд надорад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?