Сешанбе 22 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 23 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 103
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми тиб ва тадовӣ

Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Ҷавод Тарихи пурсиш: 18/01/2016

Салом бар муваҳҳидони холис, бар касоне ки ҷуз яқин аз ҳеч занне пайравӣ намекунанд.

Суъоле доштам аз маҳзари шумо.

Чанде пеш дидам арабе аз идрори (пешоб) шутур нӯши ҷон мекунад барои шифо ва онро суннати Паёмбар ва амри Паёмбар медонист ва истинод ба китоби аҳли суннат ва шиъа мекард ва боъиси таъаҷҷуби ман шуд ки чи тавр ҳам дар китоби аҳли суннат ва ҳам китоби шиъа, идрори шутур пок аст ва шифои беморӣ?!!

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 22/01/2016

Нӯшидани бувли (яъне пешоби) шутур, суннат шумурда намешавад; Зеро чизе нест ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро ташриъ карда бошад. Бал як равиши дармонии биёбонӣ дар тибби қадим аст ки атиббоъи араб барои бархӣ беморон таҷвиз мекарданд ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро барои онон –ҳаргоҳ ба он зарурат дошта бошанд– иҷоза фармуда ва рӯшан аст ки нӯшидани ҳар чизе дар вақти зарурат ҷойиз аст, беонки суннат шумурда шавад; Чунонки Худованди аззаваҷал фармудааст: «فَمَنِ اضْطُرَّ فِي مَخْمَصَةٍ غَيْرَ مُتَجَانِفٍ لِإِثْمٍ ۙ فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ» (Моъида/ 3); <<Ҳар кас дар тангнойе ногузир шуд беонки дар пайи гуноҳе бошад, Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст>>.

Аммо инки Худованд дар бувли шутур шифое барои бархӣ дардҳо қарор дода бошад, аҷиб нест; Чароки дар чизҳои ба маротиб нохушояндтар аз он монанди заҳри мор ва неши ақраб шифое барои бархӣ дардҳо қарор додааст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки шутур дар биёбон аз обҳои мамлу аз амлоҳи маъданӣ ва гиёҳонӣ покиза ва судманд тағзия мекунад ва бо ин васф, вуҷуди шифо дар бувли он баъид нест, бал чи басо аз вуҷуди шифо дар бархӣ доруҳои шимёвии ҷадид ва мутадовил бо бастабандиҳои зебо ва фиребанда ки сирфан бо ангезаҳои иқтисодӣ ва судҷӯёна тавлид шуда, муҳтамалтар аст ва шифо ҷуз аз ҷониби Парвардигор нест.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?