Панҷшанбе 21 март 2019 мелодӣ баробар бо 14 раҷаб 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

     
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 101
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми сайд ва забойеҳ

Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Ҷавод Тарихи пурсиш: 05/01/2016

Барои инки ба суннати Паёмбар ки ҳамон ҳикмат ва суннати Ислом аст амал кунам, суъоле доштам: Оё ақиқа ва валима барои навзод суннат аст ва агар суннат аст равиши саҳиҳи онро бифармойед.

Бо ташаккур

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 14/01/2016

Қурбонӣ кардан барои Худованд пас аз ҳар неъмати фавқулъодае ки ато мекунад, мустаҳаб аст ва фарзанди солим неъмати фавқулъодае аст; Чунонки фармудааст: «إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ ۝ فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ» (Кавсар/ 1 ва 2); <<Мо ба ту неъмати фавқулъодае ато кардем; Пас барои Парвардигорат намоз бигзор ва қурбонӣ кун>>; Ҳамчунонки таъом додан ба ниёзмандон аз бартарин хислатҳои Биҳиштиён аст; Чунонки фармудааст: «وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا» (Инсон/ 8); <<Ва таъомро бо вуҷуди дӯст доштанаш ба мискине ва ятиме ва асире итъом мекунанд>> Ва фармудааст: «فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِيرَ» (Ҳаҷ/ 28); <<Пас аз он бихуред ва ба бенавои ниёзманд итъом кунед>> Ва фармудааст: «أَوْ إِطْعَامٌ فِي يَوْمٍ ذِي مَسْغَبَةٍ ۝ يَتِيمًا ذَا مَقْرَبَةٍ ۝ أَوْ مِسْكِينًا ذَا مَتْرَبَةٍ» (Балад/ 14-16); <<Ё таъом додане дар рӯзи гуруснагӣ ба ятимӣ наздик ё мискинӣ хокнишин>>; Ҳамчунонки худдорӣ аз ин кор ва тарғиб накардан ба он, хислати дӯзахиён аст; Чунонки фармудааст: «وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ» (Муддасир/ 44); <<Ва (дӯзахиён гӯянд:) Мо ниёзмандро итъом намекардем>> Ва фармудааст: «وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ الْمِسْكِينِ» (Ҳоққа/ 34); <<Ва ба итъоми ниёзманд тарғиб намекардем>>; Балки бо назар ба ин таъкидҳои Худованд, вуҷуби он бар касе ки иститоъаташро дорад, баъид нест; Хусусан дар мавриди ақиқа ки суннати Иброҳим алайҳи салом барои фарзандаш Исмоъил аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَمِعْتُ ٱلْمَنْصُورَ ٱلْهاشِمِيَّ ٱلْخُراسانِيَّ یَقُولُ: عُقُّوا عَنْ أَوْلادِکُمْ تَدْفَعُوا عَنْهُمُ ٱلْبَلاءَ! أَلَمْ تَعْلَمُوا أَنَّ ٱللّهَ تَعالیٰ لَمَّا أَرادَ أَن یَدْفَعَ عَنْ إِسْماعِیلَ ٱلْبَلاءَ أَمَرَ إِبراهیمَ فَذَبَحَ عَنْهُ کَبَشاً ثُمَّ قالَ: <وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ>»?!; <<Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Фарзандони худро ақиқа кунед то балоро аз онҳо дур намойед! Оё намедонед ки Худованди мутаъол ҳангоме ки хост балоро аз Исмоъил дур намояд, ба Иброҳим амр фармуд, пас аз ҷониби ӯ гӯсфандеро зебҳ кард, сипас фармуд: <Ва зебҳи азимеро барои ӯ фидо кардем> (Соффот/ 107)>>?!

Ва он бино бар ривоёти мутавотире ки дар ин бора расида, бадон сон аст ки дар рӯзи ҳафтуми валодати фарзанд, гӯсфандеро аз ҷониби ӯ барои Худованд зебҳ мекунад ва ба ниёзмандон итъом менамояд, ҳангоме ки мӯйи сари ӯро метарошид ва ба вазни он нуқра ё қиматашро дар роҳи Худованд инфоқ мекунад ва Худованд некукоронро дӯст медорад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?