Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 3 Коди пурсиш: 100
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти Худованд; Сифоти Худованд ва афъоли Ӯ

Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 05/01/2016

Ба каррот дида ва шунида шудааст ки афроди ҳатто бедин ё будойи ё говпараст, бо муроҷиъа ба маъобид ва амокини муқаддаси худашон шифо гирифтаанд. Ин мавзӯъро тавзеҳ бифармойед ки чигуна иттифоқ меафтад?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 13/01/2016

Шифойи бандагон аз ҷониби Худованд аст ва Ӯст ки ҳоҷати ононро бароварда месозад, хоҳ онон аз он огоҳӣ дошта бошанд ва хоҳ аз он ғофил бошанд; Чунонки фармудааст: «كُلًّا نُمِدُّ هَٰؤُلَاءِ وَهَٰؤُلَاءِ مِنْ عَطَاءِ رَبِّكَ ۚ وَمَا كَانَ عَطَاءُ رَبِّكَ مَحْظُورًا» (Исроъ/ 20); <<Ҳар як аз инон ва ононро аз атоъи Парвардигорат баҳраманд месозем ва атоъи Парвардигорат маҳдуд нест>>! Рӯзии мункаронашро ба сабаби инкорашон қатъ намекунад ва ҳоҷати душманонашро ба сабаби душманишон нодида намегирад; Чароки агар онон Ӯро намешиносанд, Ӯ ононро мешиносад ва агар онон ба Ӯ эътино надоранд, Ӯ ба онон эътино дорад ва ин мазҳури Раҳмонияти Ӯ ва таҷаллии исми Арҳамурроҳимин аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «کُنْتُ مَعَ ٱلْمَنْصُورِ فِي مَسْجِدٍ فَسَمِعَ رَجُلاً یَدْعُو ٱللّهَ تَعٰالیٰ فَیَقُولُ: <یا مَنْ یُؤْتِي مَنْ لا یَسْأَلُهُ وَ مَنْ لا یَعْرِفُهُ تَحَنُّناً مِنْهُ وَ رَحْمَةً>، فَأَخَذَهُ ٱلْبُکاءُ ثُمَّ قالَ: کَذٰلِکَ ٱللّهُ رَبُّنا یُؤْتِي مَنْ لا یَسْأَلُهُ وَ مَنْ لا یَعْرِفُهُ وَ مَنْ یَسْأَلُ غَیْرَهُ یَأْتِي إِلیٰ شَجَرٍ فَیَسْأَلُهُ فَیُؤْتِیهِ ٱللّهُ تَعٰالیٰ فَیَنْصَرِفُ وَ هُوَ یَقُولُ: آتانِيَ ٱلشَّجَرُ وَ أَنّیٰ لِلشَّجَرِ أَنْ یُؤْتِیَهُ؟! أُولَٰئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ»; <<Ба ҳамроҳи ҳазрати Мансур дар масҷиде будам, пас шунид ки марде ба даргоҳи Худованди баландмартаба дуъо мекунад ва мегӯяд: <Эй касе ки ато мекунад ба касе ки аз Ӯ намехоҳад ва касе ки Ӯро намешиносад аз рӯӣ меҳрубонӣ ва раҳмат>, пас он ҳазратро гирия гирифт ва сипас фармуд: Ин гуна аст Парвардигори мо, ато мекунад ба касе ки аз Ӯ намехоҳад ва касе ки Ӯро намешиносад ва касе ки аз ғайри Ӯ мехоҳад, меояд ба назди дарахте ва аз он мехоҳад, пас Худованди баландмартаба ба ӯ ато мекунад, пас ӯ боз мегардад дар ҳоле ки мегӯяд: Дархт ба ман ато кард ва куҷо дарахтро мерасад ки ба ӯ ато кунад?! Онон ҳамон ғофилонанд>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?