Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 3 Коди пурсиш: 84
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми намоз

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 06/12/2015
Назари аллома Хуросонӣ дар мавриди намоз хондан дар ҳавопаймо чист?
Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 09/12/2015

Намоз гузоридан дар ҳоли ҳаракат, танҳо барои касоне ҷойиз аст ки аз хатаре ё зараре ё аз фавт шудани намоз бимнок аст; Чунонки Худованд фармудааст: «فَإِنْ خِفْتُمْ فَرِجَالًا أَوْ رُكْبَانًا ۖ» (Бақара/ 239); <<Пас агар бимнок шудед дар ҳолати пиёда ё савора (намоз бигзоред)>> Ва дар ин сурат, ҳар миқдор аз намоз ки метавонадро рӯй ба қибла ва дар ҳолати оддӣ мегузорад ва ҳар миқдор аз он ки наметавонадро ба ҳар рӯй ва ҳолат ки метавонад мегузорад; Чунонки Худованд фармудааст: «لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ» (Бақара/ 286); <<Худованд касеро ҷуз ба миқдори тавонаш таклиф намекунад>> Ва фармудааст: «وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ ۚ» (Ҳаҷ/ 78); <<Ва бар шумо дар дин ҳеҷ сахтӣ қарор надод>>; Чуз онки дар ҳар сурат воҷиб аст такбиратул эҳромро рӯй ба қибла гӯяд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабат дод, гуфт:

   «سَأَلْتُهُ عَنِ ٱلصَّلاةِ فِي ٱلطَّیّارَةِ، فَقَالَ: ٱسْتَقْبِلِ ٱلْقِبْلَةَ وَ کَبِّرْ ثُمَّ ٱسْتَقْبِلْ حَیْثُ تَسْتَقْبِلُ ٱلطَّیّارَةُ وَ لا تُصَلِّ فِیها مَکْتُوبَةً إِلّا وَ أَنْتَ خائِفٌ! قُلْتُ: أُصَلِّي فِیها جالِساً؟ قالَ: تُصَلِّي قائِماً أَبَداً، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَقاعِداً، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَعَلیٰ جَنْبِکَ، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَبِٱلْإِیماءِ، فَإِنْ لَمْ تَسْتَطِعْ فَبِٱلنِّیَّةِ وَ هٰذا کَقَولِ ٱلْحَدّادِ لِفَتاهُ: مُتْ وَ أَنْتَ نافِخٌ»; <<Аз он ҳазрат дар бораи намоз гузордан дар ҳавопаймо пурсидам, пас фармуд: Рӯй ба қибла кун ва такбир бигӯй, сипас рӯй ба ҳар сӯйе кун ки ҳавопаймо рӯй мекунад ва дар он намози фарзияро нагузор магар дар ҳоле ки бимнок ҳастӣ! Гуфтам: Дар он нишаста намоз мегузорам? Фармуд: Ҳамеша истода намоз мегузорӣ, пас агар натавонистӣ нишаста, пас агар натавонистӣ бар паҳлӯят, пас агар натавонистӣ бо ишора, пас агар натавонистӣ бо ният ва ин монанди сухани оҳангар (дар масали машҳур) аст ки ба шогирдаш гуфт: Бимир ва бидам>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?