Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 83
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти китоби Худованд; Тафсири бархӣ оёти Қуръон

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 06/12/2015

Кадом як аз тафосири Қуръонро барои мутолеъаи бештари ҷавонон тавсия мекунед?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 09/12/2015

Муҳкамоти Қуръон ниёзе ба тафсир надоранд; Зеро агар ниёзе ба тафсир дошта бошанд давр ё таслисил лозим меояд ки муҳол аст, вале муташобеҳоти он ба маънои мафоҳими саноъот ва масодиқи умумоти он, ниёз ба тафсир доранд ва барои огоҳӣ аз он бояд ба Худованд ва росихони дар илм руҷӯъ кард; Чунонки фармудааст: «هُوَ الَّذِي أَنْزَلَ عَلَيْكَ الْكِتَابَ مِنْهُ آيَاتٌ مُحْكَمَاتٌ هُنَّ أُمُّ الْكِتَابِ وَأُخَرُ مُتَشَابِهَاتٌ ۖ فَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ زَيْغٌ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَابَهَ مِنْهُ ابْتِغَاءَ الْفِتْنَةِ وَابْتِغَاءَ تَأْوِيلِهِ ۗ وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُ إِلَّا اللَّهُ ۗ وَالرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ» (Оли Имрон/ 7); <<Ӯ касе аст ки китобро бар ту нозил кард, аз он оёте муҳкам ҳастанд ки асли китоб шумурда мешаванд ва оётӣ дигар муташобеҳанд, аммо касоне ки дар дилҳошон инҳирофе вуҷуд дорад аз муташобеҳоти он ба дунболи фитна ва ба дунболи таъвили онҳо пайравӣ мекунанд, дар ҳоле ки таъвили онҳоро ҷуз Худованд ва росихони дар илм намедонанд>> Ва бо ин васф, барои огоҳӣ аз таъвилоти онҳо, бояд ба Худованд ва росихони дар илм руҷӯъ кард ва руҷӯъ ба Худованд бо руҷӯъ ба муҳкамоти китоби Ӯ ва руҷӯъ ба росихони дар илм бо руҷӯъ ба хулафоъи Ӯ дар замин анҷом мешавад ки қадри мутаяққан аз росихон дар илм ҳастанд.

Аз инҷо дониста мешавад ки руҷӯъ ба ҳеҷ як аз тафосири муфассирон дар бораи китоби Худованд воҷиб нест ва аз руҷӯъ ба Худованд ва халифаи Ӯ дар замин бениёз намекунад, вале руҷӯъ ба бархӣ аз онҳо бо вуҷуди ҳамаи костиҳо ва ишколотҳое ки доранд метавонад бисёр судманд бошад; Монанди <<Ал-тибёнӣ фиттафсирул Қуръон>> нафиштаи Муҳаммад ибни Ҷаъфари Тувсӣ (д.460қ), <<Маҷмаъул баёни фиттафсирул Қуръон>> навиштаи Фазл ибни Ҳасани Табарӣ (д.548қ), <<Тафсири ғарибул Қуръон>> навиштаи Фахруддини Табарӣ (д.1085қ), <<Ал-мизон фиттасирул Қуръон>> навиштаи Муҳаммад Ҳусейн Таботабоӣ (д.1403қ) ва <<Ал-баён фиттафсирул Қуръон>> навиштаи Абул Қосим Хӯйи (д.1413қ) аз шиъа ва <<Ҷомеъул баён антаъвилул оял Қуръон>> навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (д.310қ), <<Тафсирул Қуръонул азим>> навиштаи Ибни Абӣ Ҳотами Розӣ (д.327қ), <<Муфрадотул фозул Қуръон>> навиштаи Роғиби Исфаҳонӣ (д.425қ), <<Ал-кашшоф ан ҳақоиъқи ғавомизул танзил ва Уюнул ақволи фиваҷҳил таъвил>> навиштаи Маҳмуд ибни Амр Земахшарӣ (д.538қ), <<Зодул масир фиилмил тафсир>> навиштаи Ибни Ҷувзии Бағдодӣ (д.597қ), <<Ал-тафсирул кабир>> навиштаи Фахруддини Розӣ (д.606қ), <<Ал-ҷомеъул аҳкомил Қуръон>> навиштаи Муҳаммад ибни Аҳмади Қуртубӣ (д.671қ) ва <<Ал-итқон фиилмул Қуръон>> навиштаи Ҷалолуддини Суютӣ (д.911қ) аз аҳли суннат.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?