Душанбе 9 декабр 2019 мелодӣ баробар бо 12 рабеъ-ул-сони 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 82
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми закот, хумс, садақа, ҳиба, қарз, вақф ва ория

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 06/12/2015

Чигуна метавон фарқи содоти дурӯғинро аз содоти ростин ташхис дод? Ин мӯъзал аз замони Сафавиён ривоҷ ёфта ва ҳатто бархӣ бо додани пул саййид мешуданд! Оё ҳар касе ки бар асоси шиноснома иддаъои саййид будан дошта бошад саҳиҳ аст? Дар сурати машкук будан оё метавон аз додани хумс иҷтиноб кард?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 09/12/2015

Илми ансоб, назди Худованд аст; Чароки танҳо Ӯ аз воқеъияти манокеҳ ва маволид огоҳ аст ва дигарон танҳо зоҳири онро медонанд ва Худованд ин илмро ба ҳар кас аз хулафоъаш ки бихоҳад аронӣ медорад; Чунонки бино бар ривоётӣ мутавотир, ба Паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам арзонӣ дошт, ҳангоме ки аз касрати пурсишҳои нобаҷо ва ғайри зарурии ёронаш ба хашм омад ва фармуд: <<Ҳар кас мехоҳад аз насабаш огоҳӣ ёбад бипурсад то ба ӯ огоҳӣ диҳам>>! Пас Абдуллоҳ ибни Ҳузофаи Саҳмӣ ки дар насабаш шакке буд, пурсид: <<Падари ман кист>>?! Он ҳазрат фармуд: <<Падари ту Ҳузофаи Саҳмӣ аст>>! Абдуллоҳ гуфт: «اَللّهُ أَکْبَرُ ٱلَّذِي أَثْبَتَ نَسَبِي عَلیٰ لِسانِ نَبِیِّهِ صَلَّی ٱللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ»; <<Бузург аст Худое ки насаби манро ба забони Паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам собит кард>>! Сипас мардӣ дигар пурсид: <<Падари ман кист>>?! Он ҳазрат фармуд: <<Падари ту Солими озод шудаи Шейба аст>>, сипас мардӣ дигар пурсид: <<Падари ман кист>>?! Он ҳазрат фармуд: <<Падари ту фалон чӯппон аст>>, дар ҳоле ки ӯ ба касӣ дигар мунтасаб буд. Дар ин ҳангом бархӣ ёрони он ҳазрат бимнок шуданд ва аз ӯ хостанд ки ононро бибахшад ва хашми худро фуру хӯрд ва ба ин кор идома надиҳад, бо ин узр ки «إِنَّهُ لا عِلْمَ لَنا بِما صَنَعَتِ ٱلنِّساءُ فِي خُدُورِها»; <<Мо ба коре ки занҳо дар пушти пардаҳо мекунанд огоҳӣ надорем>>! Пас он ҳазрат узрашонро пазируфт ва хашми худро фуру хӯрд ва аз минбар ба зер омад (нигоҳ кунед ба: Иддату минал муҳаддисин, Ал-Усулусситату ашар, с39; Абдурраззоқ, Ал-Мусаннаф, ҷ11, с379; Ибни Абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ7, с438; Муснади Аҳмад, ҷ2, с503 ва ҷ3, с107; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ1, с32 ва ҷ8, с142; Саҳиҳул Муслим, ҷ7, с93 ва 94; Саҳиҳул ибни Ҳиббон, ҷ1, с310). Чунин илме барои хулафоъи он ҳазрат низ ба масобаи меросе аз ӯ ривоят шудааст (нигоҳ кунед ба: Басоъирул дараҷот, с136; Ал-Кофӣ, ҷ1, с223 ва 349). Аз инҷо дониста мешавад ки ҳақиқати ансоб танҳо барои Худованд маълум аст ва қатъи ба он ҷуз аз тариқи халифаи Ӯ дар замин мумкин нест; Хусусан дар замони кунунӣ ки наслҳои бисёре аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гузашта ва қабоъилу шуъуб ба ҳам омехта шуда ва дар асари авомиле монанди хафҳо ва тамаъҳо, бисёрӣ аз Ҳошимиён ғайри Ҳошимӣ ва бисёри аз ғайри Ҳошимиён Ҳошимӣ ба шумор рафтаанд.

Албатта қатъ ба ҳақиқати ансоб барои ҷараёни аҳкомӣ монанди таворис ва пардохти хасм, зарурат надорад ва итминон ба он дар асари истифода ё шаҷаранома кофӣ аст, магар барои исботи ақидае монанди хилофати як кас ки Ҳошимӣ будани ӯ дар он мавзӯъият дорад ва табъан бо хабари қатъӣ аз ҷониби халифаи пешин ё ояӣ баййина аз ҷониби Худованд ҳосил мешавад, на бо амсоли истифоза ё шаҷаранома; Чароки амсоли истифоза ё шаҷаранома муфиди заннанд ва занн барои чунин ақидае кофӣ нест. Оре, дар сурате ки Худованд ё халифаи пешини Ӯ аз хилофати касе хабари қатъӣ бидиҳанд, қатъи ба насби ӯ дар зимни қатъ ба хилофати ӯ ҳосил мешавад; Чароки қатъи ба насби ӯ дар ин сурат, аз фуруъи қатъи ба хилофати ӯст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Содиқ
Тарихи
таълиқ:
24/09/2019

Дар ҷойе аз истифоза гуфтед ва фармудед ки муфиди занн аст. Лутфан бо таваҷҷуҳ ба ихтилофҳойе ки дар ин бора ҳаст, таърифи истифоза дар назди худ ва иллати заннӣ будани онро бифармойед. Дар чи мавориде истинод ба он дуруст маҳсуб мешавад? Ташаккур

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 01/10/2019

Мурод аз имтифоза дар боби насаб, шӯҳрат ва шуюъи он дар миёни мардум аст ки ғолибан мубтанӣ бар илм нест, балки мубтанӣ бар асл ва зоҳир аст; Чароки мардум илми ғайб надоранд, балки вақте кӯдакеро дар хонаи зан ва шавҳаре мебинанд ва аз он ду мешунаванд ки ӯ фарзандашон аст ва ихтилоф кунандае бо он ду намеёбанд, мегӯянд ки ӯ фарзанди он ду аст ва ин дар миёнашон шӯҳрат ва шуюъ меёбад, дар ҳоле ки мумкин аст назди Худованд ин гуна набошад; Ба ин далил ки масалан ӯ фарзандхондаи он ду бошад ё наъузубиллоҳ ҳосили аз зинои зан бошад; Ҳамчунонки вақте мешунаванд касе Ҳусейнӣ номида мешавад ва иттиҳоме дар ин бора мутаваҷҷеҳи ӯ нест, мегӯянд ки фалонӣ аз насли имом Ҳусейн алайҳи салом аст ва ин дар миёнашон шӯҳрат ва шуюъ меёбад, дар ҳоле ки мумкин аст назди Худованд ин гуна набошад; Ба ин далил ки яке аз аҷдоди ӯ дурӯғ гуфа бошад ё фарзандхондаи мардӣ Ҳусейнӣ буда бошад ё наъузубиллоҳ ҳосил аз зинои зане буда бошад. Бинобарин, истифзо ба маънои шӯрат ва шуюъи чизе дар миёни мардум муфиди илм нест, вале барои ҷараёни аҳкомӣ зоҳирӣ ки таҳсили илм дар онҳо мутаъаззир аст, кифоят мекунад; Монанди насаб, никоҳ, мавт, мулкият ва вақф.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?