Душанбе 9 декабр 2019 мелодӣ баробар бо 12 рабеъ-ул-сони 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 5 Коди пурсиш: 80
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми намоз

Нависандаи пурсиш: Карим Тарихи пурсиш: 02/12/2015

Бо арзи салом ва таҳиёт хидмати шумо; Суъоле доштам ки мухтасар аз маҳзаратон мепурсам.

Банда дар яке аз шаҳрҳои Инглистон сокин ҳастам ва бино бар зарурат барои адоъи намози зуҳр ва аср аз маҳалли корам ба масҷиде ки наздики маҳали корам воқеъ шудааст меравам. Мутаъссифона дар ин масҷид бародарони ба шиддат мутаъассиби суннӣ ҳузур доранд ки бо шеваи намоз хондани як шиъаи инсо ашарӣ яъне бо дасти боз ва истифода аз мӯҳр мушкил доранд ва ба ҳамин далил то кунун бархурдҳое бо ман доштаанд. Суъоли банда ин аст ки дар сурате ки эҳтимоли бархӯрди шадид ҳатто дар ҳадди зарбу ҷаҳр дар миён бошад, оё метавон ба унвони тақия бо дасти баста ва бидуни мӯҳр намоз хонад?

Аз вақте ки барои посух ба суъолам сарф мекунед бисёр муташаккирам.

Посух ба пурсиши шумораи: 5 Тарихи посух ба пурсиш: 03/12/2015

Бино бар назари саҳиҳтар, ниҳодани дасти рост бар рӯйи дасти чап дар намоз, суннат нест; Зеро бештари ривоёте ки намози Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро васф кардаанд, аз зикри он холӣ ҳастанд, балки дар ҳеҷ ривояти саҳиҳе зикре аз он наёмада ва ривоёти расида дар бораи он заъиф ё мурсал ё мавқуфанд ва ин назари аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва назари Абдуллоҳ ибни Зубайр, Саъйид ибни Мусаяб, Саъйид ибни Ҷубайр, Атоъ, ибни Ҷурайҷ, Иброҳими Нахаъӣ, Ҳасани Басрӣ, Молик ибни Анас, Лайс ибни Саъд, Муҳаммад ибни Сирин ва бархи дигар аз тобеъин ва фақиҳон аст ва бо ин васф, касоне ки шуморо ба сабаби намоз гузордан бо дасти боз меозоранд, дар воқе ҳамаи ин гурӯҳ аз салафро озор медиҳанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ниҳодани дасти рост бар рӯйи дасти чап дар намоз, дар ҳеҷ як аз мазоҳиби Исломӣ воҷиб нест ва ҳар кас бидуни он намоз бигзорад, намози ӯ бино бар ҳамаи мазоҳиби Исломӣ саҳиҳ аст. Ҳамчунонки миёни онҳо ихтилофе нест ки саҷда бар хок ва сангреза суннат аст ва бо ин васф, саҷда бар гилҳои пухтае ки аҳли ташаюъ аз хок месозанд ва онро <<Мӯҳр>> меноманд, ишколе надорад, ҳар чанд беҳтарин саҷдагош хок ва сангрезае аст ки дар макони намоз мавҷуд аст; Чароки бар суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам интибоқи бештаре дорад.

Аз нҷо дониста мешавад ки озор диҳандагони шумо дар ҳақиқат <<Алҳи суннат>> нестанд; Чароки на танҳо бо суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, балки бо мазоҳиби аъиммаи худ монанди Абу Ҳанифа, Молик, Шофеъӣ ва ибни Ҳанбал низ ошноӣ надорад.

Бо ин авсоф, агар барои шумо мумкин аст ки онон ё имоми онон дар масҷидро аз нукоти фавқ огоҳ кунед, воҷиб аст ки аз боби амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ин корро анҷом диҳед то аз ҷаҳолат раҳойи ёбанд ва дигар музоҳими шумо нашаванд, вале агар барои шумо мумкин нест ё хатари қобили таваҷҷуҳе дорад, метавонед дар миёни онон бо дасти баста намоз бигзоред ва бар ғуборе ки одатан рӯйи фаршҳо нишастааст саҷда кунед; Чароки намоз гузордан бо дасти баста ҳаром нест ва мубтили намоз шумурда намешавад ва саҷда дар фаршҳо ба эътибори ғуборе ки рӯйи онҳо нишаста, кофӣ аст ва дар ҳар сурат, беҳтар аст ки намозро ба ҳамроҳи онон бигзоред; Чароки намоз бо ҷамоъат ба таълифи қулуби мусалмонон кӯмак мекунад ва аз бадгумонии онон ба якдигар мекоҳад ва Худованд ба ҳар чи дар синаҳост огоҳ аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Муҳаммад
Тарихи
таълиқ:
03/03/2016

Бо ташаккур аз барои вақту ҳавсалае ки сарф мекунед то ба диққат ба пурсишҳо ва шубаҳот посух диҳед. Суъоле доштам ва мамун хоҳам шуд ки посухе ба он марқум фармойед:

Дар посух ба яке аз суъолот дар хусуси ҷавози тақя дар намоз ба ҳангоми адоъи он дар ҳузури бародарони аҳли суннат марқум фармудед ки дар сурати эҳтимоли хатар метавон намозро бо дасти баста ва бидуни мӯҳр рӯйи фарш хонд. Суъол ин аст ки марзи тақия куҷост? Зеро барои як фарди тарсу ворид шудан ба масҷиди аҳли суннат яъне хатар ва барои фардӣ шуҷоъ ҳатто зарбу ҷарҳи ҷузъӣ ҳам мумкин аст муҷиби тақия набошад. Бояд ҳатман собиқаи қаблии бархурд ва даргирӣ бошад то битавон урфан гуфт ки эҳтимоли хатар вуҷуд дорад ё танҳо эҳсоси харат ҳам метавонад милок бошад?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 05/03/2016

Милоки ҳукм дар тақия, <<Тарси шахсӣ>> нест, балки <<Тарси навъӣ>> аст ва мурод аз он тарсе аст ки барои навъи уқало вуҷуд дорад, монанди тарс аз қатл ё ҷарҳ ё зарб бидуни маслиҳати шаръии муҳимтар. Бинобарин, мусалмоне ки бо таваҷҷуҳ ба Қуръон ва шавоҳиди мавҷуд, эҳтимоли уқалоӣ медиҳад ки дар сурати иқомаи намоз бо дастҳои боз ва саҷда бар рӯйи хок, мақтул ё маҷрӯҳ ё мазруб мешавад бидуни онки маслиҳати шаръии муҳимтаре монанди таълим ва тарвиҷи суннат ҳосил ояд, муваззаф аст ки бо дастҳои баста ва бидуни саҷда бар рӯйи хок намоз гузорад, агарчи шахсан тарсе аз қатл ё ҷаҳр ё зарб надошта бошад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ» (Бақара/ 195); <<Ва худатонро бо дастҳотон ба ҳалокат наяндозед>>, бал агар чунин эҳтимоле намедиҳад низ –ҳаргоҳ умеде ба ҳусули маслиҳати шаръии муҳимтаре монанди таълим ва тарвиҷи суннат надорад– метавонад барои ҳамоҳангӣ бо аҳли масҷид дар корӣ машрӯъ, бо дастҳои баста ва бидуни саҷда бар рӯйи хок намоз гузорад; Чароки намоз гузоридан бо ин сурат шаръан ҳаром нест ва бо ин васф, мусалмоне ки бо ангезаи некукорона монанди таълифи қулуби мусалмонон ин корро анҷом медиҳад, гуноҳкор шумурда намешавад; Чунонки Худованд фармудааст: «مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ» (Тавба/ 91); <<Бар некукорон роҳе (ба муъохиза) нест ва Худованд омӯзандаи меҳрубон аст>>.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?