Душанбе 9 декабр 2019 мелодӣ баробар бо 12 рабеъ-ул-сони 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 12 Коди пурсиш: 79
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи Маҳдӣ ва заминасозӣ барои зуҳури ӯ

Нависандаи пурсиш: Ҳодии Ҳунарҷӯ Тарихи пурсиш: 28/11/2015

Бо таваҷҷуҳ ба қоъидае ки аллома ҳафизаҳуллоҳ дар мавриди зуҳури имом Маҳдӣ матраҳ кардаанд ки зуҳури ӯ ниёзе ба иҷтимоъи ҳамаи мардум надорад ва ниёзманди иҷтимоъи шумори кофӣ аз онҳост, барои банда чанд суъол матраҳ мешавад ки ба тартиби зер аст:

1 . Оё камият ва кайфияти ин шумори кофӣ барои эшон маълум шуда ё илми он назди Худост?

2 . Оё дар замони хулафоъи гузашта ин шумори кофӣ вуҷуд надоштааст?

3 . Бо таваҷҷуҳ ба инки хулафоъи гузашта дар муқотеъаӣ аз торих, неруӣ зиёде дар ихтиёр доштанд, ба таври мисол Расулуллоҳ дар ҷанг бо Румиён 30000 нафар, имом Алӣ дар Сиффин ҳудуди 100000 нафар, имом Ҳасан дар ҷанги бо Муъовия ҳудуди 12000 нафар, имом Ҳусейн дар Куфа ҳудуди 18000 нафар, имом Содиқ дар замони қиёми Хуросонӣ ҳудуди 100000 нафар аз Хуросониҳо ки толиби қиёми эшон буданд [дар ихтиёр доштанд], ҳатто дар замони ғайбати имом Маҳдӣ борҳо ҷомеъаи шиъа барои зуҳур мунсаҷам ва муҳаё шуд, ба таври мисол, дар замони Сафавиён интизор ва омодагӣ барои зуҳур боло буд, ба тавре ки бузургони уламои шиъа мисли Маҷлисӣ ва дигарон, замонро замони зуҳур ва Сафавиёнро заминасозони зуҳур медонистанд; Чун аксари ривоёт бо шароити замонашон мутобиқат дошт, аммо иттифоқ наяфтод. Бо ин муқаддама бифармойед ишколи кор дар куҷо буд ва костиҳо чи буд ки аъимаи аҳли байт ба аҳдофи худ нарасиданд?

4 . Оё ишколот ва коситҳои гузаштагон дар мо нест?

5 . Насли мо чи вежагии хоссе дорад ки дар онҳо набуда, дар ҳоле ки ба назар мерасад онҳо аз назари қуввати ҷисмӣ ва рӯҳӣ аз мо беҳтар будаанд? Бо таваҷҷуҳ ба сахт шудани шароит ва печида шудани авзоъ ва заъфҳои ҷинсӣ ва руҳии мо ки дар гузари замон эҷод шуда, барои фароҳам шудани шумори кофӣ аз ёроне ки мислу монанде дар адвори гузашта надоштаанд, ниёз ба илтифоти хосси Худованд ва ҳамчунин таваҷҷуҳоти хосси имом Маҳдӣ арвоҳуно фидо аст.

Аз ҳар тараф ки рафтам ҷуз ваҳшатам наяфзуд

Зинҳор аз ин биёбон з-ин роҳи бениҳоят

Дар ин шаби сиёҳам гум гашта роҳи мақсуд

Аз гӯшае бурун ой эй кукаби ҳидоят

Посух ба пурсиши шумораи: 12 Тарихи посух ба пурсиш: 30/11/2015

Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:

1 . Каммият ва кайфияти шуморе аз мусалмонон ки барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом кифоят мекунанд, тобеъи бархӣ мутағаййирҳост, вале аз бархӣ ибороти ҳазари Мансур ҳафизаҳуллоҳ таъоло бардошт мешавад ки иҷтимоъи даҳ ҳазор тан аз онон ба назди эшон, метавонад кофӣ бошад; Чунонки дар паёме барои ҷамъе аз ҷавонони дӯстдорони Маҳдӣ ки аз ӯ ҳидоят хостанд, фармуд:

<<Ба онон саломи маро бирасонед ва бигӯйед: Ҳонгоме ки ҳамагон ба сӯӣ рост ва чап мегароянд, шумо бар тариқати вусто устувор бимонед ва ҳангоме ки ҳамагон ба сӯӣ Зайд ва Амр мешитобанд, шумо ба сӯӣ Маҳдӣ бигаройед. Худовандро бисёр ёд кунед ва биҳиштро савдои худ қарор диҳед ва намозро дар аввали вақт барпо доред ва закотро ба аҳлаш бипардозед ва ба падару модари худ никӣ кунед ки дере бо онон нахоҳед монд ва ба маърифат амр намойед ва аз мункар боз доред ва корҳотонро сабук созед ва ҳар чи гузаштанӣ астро бигзоред ва ҳар чи бардоштани астро бардоред ва барои куч кардан ба сӯӣ Маҳдӣ омода шавед; Чароки ман ҳаргоҳ ҳамроҳонӣ кофӣ биёбам, ба сӯӣ ӯ кӯч хоҳам кард, агарчи миёни ман ва ӯ ҳафт дарё бошад. Кист ки даҳ ҳазор танро барои ман тазмин кунад то ман зуҳури Маҳдиро барои ӯ зомин шавам?! Замин гандида ва замон монанди думали чиркине аст ки сар боз карда бошад, вале оқибат барои парҳезкорон хоҳад буд>> (Гуфтори 4).

Албатта ба назар мерасад муроди он ҳазрат аз ин <<Даҳ ҳазор тан>>, касоне ҳастанд ки бо имони росих ба роҳу равиш ва ормони ин бузургвор, дар маҳзари эшон таълим ва тарбият ёфтаанд ва омодагиҳои лозими амалӣ, ахлоқӣ ва размиро барои нусрати Маҳдӣ касб кардаанд, на касоне монанди шумо ки сирфан бо андешаҳои ин бузургвор мувофиқ ҳастед ва ба эшон эҳтиром мегузоранд; Чунонки дар зимни номае хитоб ба ёрони худ навишт:

<<Оё ба ҳамин басанда кардаед ки худро ёрони ман бишуморед ва дар амал ба ман иқтидо накунед?! Чигуна метавонам бар шумо қиём кунам дар ҳоле ки то ин ҳад лағзандаед?! Куҷо ҳастанд ёрони ростини ман?! Куҷо ҳастанд касоне ки чун Масиҳ дунёро пушти сар андохтанд ва аз ҳар таъаллуқе ба он озод гардиданд? Куҷо ҳастанд касоне ки бо марг ҳамнишин буданд ва Худоро дар пеши рӯӣ худ медиданд? Аз ҳавли оташ чунон мегиристанд ки гӯйи модарони фарзанд мурда буданд! Ба атрофи осмон чунон менигаристанд ки мепиндоштӣ фариштагонро дар ҷой ҷои он мебинанд! Худоро мепарастиданд ва аз парастиши тоғут мепарҳехтанд. Аз пешвои худ фармон мебурданд ва дар ёрии ӯ аз ҳам пешӣ мегирифтанд. Ту гӯйи тахтаҳои фӯлод буданд ё кӯҳҳои сар ба фалак кашида! Вақте дар суфуфи худ ба сӯӣ душман метохтанд, ту гӯйи гардубод ва тӯфони шин ба роҳ меандохтанд! Рафтори худро зери назар доштанд ва вақти ҳар суханро мешинохтанд. Ба макорими ахлоқ ороста буданд ва аз разоъили бузург вораста. Дар замин гумном ва ношинохта буданд ва дар осмон маъруф ва пуровоза. Гард ва хок бар онҳо нишаста буд ва ранги рухсорашон парида буд. Дар миёни шабҳо чунон буданд ки гӯйи кандуҳои асаланд! Дар намозу истиғфор ва хондани Қуръон субҳ мекарданд ва дар илм ва ҷиҳод ва хидмат ба мардум шаб. На хаста мешуданд ва на тардид мекарданд. Худояшон биёмӯрзад. Рӯзгори худро гузаронданд ва рафтанд. Акнун шумо барои мо мондаед. Пас бикӯшед ки ҷонишинони неку бошед барои онҳо ва ба онҳо иқтидо кунед ва бидонед ки фараҷро нахоҳед дид магар он гоҳ ки ин гуна бошед>> (Номаи 6).

Аз ин сухани он ҳазрат ки фармуд: <<Фараҷро нахоҳед дид магар он гоҳ ки ин гуна бошед>>, бардошт мешавад ки ҳусули ин кайфият илова бар он каммият, зарурӣ аст ва иҷтимоъи даҳ ҳазор тан бидуни иҷтимоъи ҳама ё бештари ин сифот, кофӣ нест. Аз ин рӯ, он ҳазрат рисолати худро афзун бар гирд овардани ин шумор аз мардум, таълим ва тарбияти онон барои Маҳдӣ қарор додааст; Чунонки дар гуфторе хитоб ба онон фармуд:

   «أَیُّهَا النّاسُ! إِنَّكُمْ تُریدُونَ أَنْ تَقْتُلُوني کَما قَتَلْتُمُ ٱلصّالِحینَ مِنْ قَبْلي فَلا تَفْعَلُوا فَإِنِّي وَاللّهِ لَو بَقِیتُ فِیکُمْ لَأَشْحَذَنَّ رِجالاً مِنْکُمْ شَحْذَ ٱلْقَيْنِ ٱلنَّصْلَ! أَجْلِي بِٱلتَّنْزيلِ أَبْصٰارَهُمْ وَ أَرْمِي بِٱلتَّفْسِيرِ فِي مَسامِعِهِمْ وَ أَسْقِیهِمْ كَأسَ ٱلْحِکْمَةِ حَتّیٰ یَمْتَلِئُوا! أَلا إِنِّي أَخْتارُ خِیارَکُمْ لِلْمَهْدِيِّ کَما یَخْتارُ ٱلنَّحْلُ لِیَعْسُوبِها خِیارَ ٱلْأَزاهِیر!»; <<Эй мардум! Ҳароина шумо мехоҳед манро бикушед ҳамон тавр ки солеҳони пеш аз манро куштед, пас ин корро накунед; Чароки ба Худо савганд агар ман дар миёни шумо бимонам ҳароина мардоне аз шуморо обдида мекунам ҳамон тавр ки оҳангар теғаро обдида мекунад! Бо танзили (Қуръон) дидагонашонро ҷало медиҳам ва тафсири (он) ро дар гӯшҳошон мерезам ва ба онон аз паямонаи ҳикмат менӯшонам то пир шаванд! Огоҳ бошед ки ман беҳтаринҳои шуморо барои Маҳдӣ бар мегузинам ҳамон тавр ки занбӯри асал беҳтарин гулҳоро барои маликаи худ гузиниш мекунад!>> (Гуфтори 32).

Ин маънои заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ ва рисолати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст.

2 . Аз инҷо дониста мешавад ки дар замони ҳеҷ як аз хулафоъи гузашта, каммият ва кайфияти мазкур бо ҳам ҷамъ нашудааст; Ба ин маъно ки ё даҳ ҳазор тан барои ҳимоят аз халифаи Худованд дар замин гирд наёмадаанд ва ё гирд омадаанд, вале воҷиди ҳаддиақалли сифоти лозим набудаанд ва аз ин ҷиҳат, мисдоқи «لَا يُسْمِنُ وَلَا يُغْنِي مِنْ جُوعٍ» (Ғошия/ 7) будаанд.

3 . Ҳамчунонки бо ин мабно, ишколи мавҷуд дар оморҳои шумо аз касоне ки пиромуни хулафоъи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам будаанд, ошкор мешавад; Чароки фиқдони ҳаддиақалли сифоти лозим дар онон маълум, балки шуҳраи офоқ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки шукуҳаҳои Алӣ ибни Абӣ Толиб аз сустӣ ва кӯтоҳии ёронаш ба тавотур расида ва бевафойии ёрони Ҳасан ибни Алӣ аз машҳуроти торих аст ва мондани ҳафтоду ду тан барои Ҳусейн ибни Алӣ пӯшида нест ва Абу Муслими Хуросонӣ аз доъиёни банӣ Аббос буд ва пешниҳодаш ба Ҷаъфар ибни Муҳаммад танҳо ҷанбаи озмойиши дошт то агар хоҳони ҳукумат аст кушта шавад ва маҷоли муъориза бо банӣ Аббосро пайдо накунад ва ба ҳамин далил, бо инкори ғализи он ҳазрат мувоҷеҳ шуд ва замони Сафавиён низ –бар хилофи пиндори аҷиб шумо– муносибате барои зуҳури Маҳдӣ надошт, балки ҳар балое буд дар замони Сафавиён буд ва инҳирофи шиъа дар он ба авҷи худ расид. Аз ин рӯ, ривоёти фаровоне аз аъиммаи аҳли байт расидааст ки дар онҳо фармудаанд агар шуморӣ кофӣ аз ёрони шойиста дар ихтиёр доштанд, қиём мекарданд ва рӯшан аст ки Маҳдӣ алайҳи салом аз ин қоъида мустасно нест ва бо ин васф, агар шуморӣ кофӣ аз ёрони шойисат дар ихтиёр дошта бошад, қиём мекунад, балки дар ин сурат, қиём бар ӯ воҷиб аст ва тарки воҷиб маъсият шумурда мешавад ва он Маҳдийе ки мо мешиносем, маъсияткор нест.

4 ва 5 . Акнун низ монанди гузашта, шуморӣ кофӣ аз ёрони шойиста барои Маҳдӣ вуҷуд надорад ва агар вуҷуд дошта бошад низ дар замин парокандаанд ва бо ин васф, қодир ба заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат нестанд; Чунонки заминасози зуҳури он ҳазрат, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (с 295 ва 296) ба ин нуктаи асафбор ишора карда ва фармудааст:

<<Акнун қотибаи мусалмонон, толиби ҳокимоне ҷуз Маҳдӣ ҳастанд ва ононро ба ҷои ӯ ҳифозат, иъонат ва итоъат мекунанд ва иддаи кофӣ дар миёни онон барои ҳифозат, иъонат ва итоъат аз Маҳдӣ нест ва агар иддаи кофӣ дар миёни онон барои ин кор вуҷуд дошта бошад, ҷудо аз якдигар дар атрофи замин парокандаанд ва рӯшан аст ки ҳар як аз онҳо ҷудо аз дигарон ва ба танҳоӣ, қодир ба ҳифозат аз саломатӣ ва озодии Маҳдӣ нест ва аз ин рӯ, иҷтимоъи онон барои ин кор зарурӣ аст, дар ҳоле ки касе нест то ононро барои ин кор гирд оварад ва ҳамин сабаби зоҳир нашудани Маҳдӣ агарчи дар ҳадди дастрасӣ ба ӯ шудааст. Бар ин поя аст ки ман рӯзгорӣ чанд, дар атрофи замин сайр мекунам ва дар пайи мардумонӣ шойиста мегардам то иддаи кофие аз ононро гирд оварам ва барои ҳифозат, иъонат ва итоъат аз Маҳдӣ омода гардонам, то чун Худованд аз гирдиҳамоӣ ва омодагии онон огоҳӣ ёбад, дастрасӣ ба Маҳдиро барои онон муяссар гардонад ва заминаи ҳокимияти ӯ пас аз онро фароҳам намояд, то тамҳиде барои зуҳури ӯ бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар имрӯз ин кор анҷом шавад, ба таври қатъ фардо ӯ зуҳур мекунад, балки имшаб дастрасӣ ба ӯ мумкин мешавад; Чароки Худованд ба қадри соъате зулм намекунад; Чунонки фармудааст: «فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ لَا يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً ۖ وَلَا يَسْتَقْدِمُونَ»; (Аъроф/ 34); <<Пас чун замонашон биёяд, соъате таъхир намекунанд ва пешӣ намегиранд>>; Вале то кунун ҳар чи бештар ҷустуҷӯ кардаам, камтар ёфтаам, то ҷойе ки дигар хаста ва сархурда шудаам; Чароки гӯйи замин аз мардумони шойиста холӣ аст!>>!

Ин шукуҳи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, бешабоҳат ба шукуҳи Алӣ ибни Абӣ Толиб ва шукуҳи Ҳасан ибни Алӣ ва шукуҳи Ҳусейн ибни Алӣ ва шукуҳи сойири аъиммаи аҳли байт нест, балки бегумон имдоди ҳамон шукуҳ аст ва бо ин васф, метавон гуфт ки тафовуте дар мардумони кунунӣ мавҷуд нест; Ҷуз онки мардумони кунунӣ бар хилофи мардумони гузашта, ҳанӯз мӯҳлат доранд ва метавонанд аз сустиҳо ва кӯтоҳиҳои онон ибрат бигиранд ва тафовутҳои лозимро дар худ падид оваранд ва ҳамин барои умедворӣ ва талоши мо кофӣ аст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки вазифаи мо дар ҳар ҳол, заминасозӣ барои ҳукумати Маҳдӣ аст, агарчи ба натиҷае наянҷомад; Зеро чизе ки дар тавони мост анҷоми вазива аст на ҳусули натиҷа, бал инсоф он аст ки ҳусули чунин натиҷае ҷуз бо имдодҳои ғайбии Худованд имкон надорад, то ҳадде ки агар наҳзати ҳазрати Мансур ба самар бинишинад ва шуморӣ кофӣ аз ёрони шойиста барои Маҳдӣ гирд оянд низ умеде ба комёбии он ҳазрат намеравад то он гоҳ ки Худованд фариштагони худро барои ёрии ӯ фуруд оварад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَمِعْتُ ٱلْمَنْصُورَ یَقُولُ: لا یَخْرُجُ ٱلْمَهْدِيُّ حَتّیٰ یَنْزِلَ ٱلْمَلائِکَةُ وَ لا یَنْزِلُونَ حَتّیٰ یَجْتَمِعَ ٱلْمُؤْمِنُونَ بِخُراسانَ وَ ٱلْمُنافِقُونَ بِٱلشّام»; <<Шунидам ҳазрати Мансур мефармояд: Маҳдӣ хуруҷ намекунад то он гоҳ ки фариштагон фуруд оянд ва онҳо фуруд намеоянд то он гоҳ ки мӯъминон дар Хуросон ва мунофиқон дар Шом гирд оянд>>.

Аз Худованд тавфиқи иҷтимоъи заминасозони зуҳур дар Хуросон ва пайвастани фариштагон ба онон барои ёрии Маҳдиро масъалат дорем ва ба ваъдаҳо ва башоратҳои Ӯ дил месупорем.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?