Душанбе 9 декабр 2019 мелодӣ баробар бо 12 рабеъ-ул-сони 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 4 Коди пурсиш: 78
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми ҷиҳод, дифоъ ва ҳиҷрат

Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Ҷавод Тарихи пурсиш: 27/11/2015

Имрӯз ки асри даъвати муслмонон ба охарин ресмони Илоҳӣ ва халифаи мунтахаби Худованд ва танҳо робит миёни Аллоҳ ва инсонҳо ва танҳо имоми муваҳидони холис аст ки ҳокимияти ҳукумати Илоҳӣ бар инсонҳоро дар баробари тоғут таҷаллӣ мебахшад, иддае аз мустазъафон вориди наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> бо раҳбарии ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ гардидаанд ва дар ин дарёи тӯфонӣ бо чироғҳои худ, мусалмононро амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва даъват ба итоъат аз Аллоҳ ва дурӣ аз ширк мекунанд. Ҳол аз онҷойе ки эшон дар маърази таъоррузи тоғутиён ва ҷоҳилон ва каҷфаҳмон ва дилбастагони ба қудрат ва муқаллидони бемор қарор доранд, агар ҷону моли эшон аз байн биравд оё аҷри шаҳид доранд?

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 28/11/2015

Бегумон касоне ки бо молу ҷони худ дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон мекӯшанд, шаҳидони зиндаанд ва агар дар ин роҳ кушта шаванд беҳтарини шаҳидон шумурда мешаванд, балки дар асри кунуни шаҳиде ҷуз онон вуҷуд надорад; Чароки касе ҷуз онон дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон намекӯшад, балки ҳамагон аз ҳар гурӯҳ ва мазҳабе, дониста ё надониста дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти дигарон бар ҷаҳон мекӯшанд ва ин дар ҳоле аст ки шаҳодат танҳо дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон мумкин аст; Чунонки фармудааст: «الَّذِينَ آمَنُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ الطَّاغُوتِ» (Нисоъ/ 76); <<Касоне ки имон оварнданд дар роҳи Худованд меҷанганд ва касоне ки кофир шуданд дар роҳи тоғут меҷанганд>> Ва фармудааст: «وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَٰكِنْ لَا تَشْعُرُونَ» (Бақара/ 154); <<Ва ба касоне ки дар роҳи Худованд кушта мешаванд мурдагон нагӯйед, балки зиндагонанд вале шумо дар намеёбед>>. Бо ин васф, касоне ки дар роҳи эҷод ё ҳифзи ҳокимияти пешвои доъиш ё пешвони толибон ё пешвони Сурия ё пешвои Эрон ё пешвоёнӣ дигар дар ҷаҳон кушта мешаванд, мурдоранд ва шаҳид номидани онон фиребӣ беш нест; Зеро шаҳид дар Ислом касе аст ки дар роҳи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти халифаи Худо дар замин кушта мешавад, на эҷод ва ҳифзи ҳокимияти дигарон ва чунин касе дар даврони кунунӣ ҷуз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва ёрони мухлиси ӯ ки дар роҳи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти Маҳдӣ мекӯшанд, наметавонад бошад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَمِعْتُ ٱلْمَنْصُورَ یَقُولُ لِأَصْحابِهِ: أَلا تَتَعَجَّبُونَ مِنْهُمْ؟! یُسَمُّونَ قَتِیلَ هٰذا شَهِیداً وَ قَتِیلَ هٰذا شَهِیداً وَ ما هُما إِلّا جِیفَتانِ تَهُبُّ عَلَیْهِمَا ٱلرِّیاحُ! أَلا وَاللّهِ مَا ٱلشَّهِیدُ إلّا أَنا وَ أَصْحابِي وَ إِنْ مِتْنا عَلیٰ فُرُشِنا»; <<Шунидам ҳазрати Мансур ба ёрони худ мефармояд: Оё аз инон ба шигифт намеойед?! Куштаи инро шаҳид меноманд ва куштаи онро шаҳид меноманд, дар ҳоле ки он ду ҷуз мурдае ки бодҳо бар он мевазанд нестанд! Огоҳ бошед ки шаҳиде ҷуз ман ва ёронам нест агарчи бар бистарҳои худ бимирем>>.

Аз Худованд тавфиқи шаҳодати ҳақиқӣ дар роҳаш ва ҳамроҳи бо заминасози зуҳури халифаашро масъалат дорем.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Алӣ Розӣ
Тарихи
таълиқ:
28/11/2015

Дар мавриди ин суъол ва посухи он теъдоде аз мухолифон шубаҳотеро матраҳ кардаанд ки истидъо дорам ба онҳо посух дода шавад:

1 – Агар аллома Хуросонӣ бар ҳақ ҳастанд ва толиби шаҳодат, пас чаро изни ҷиҳод ва шаҳодат алайҳи муфсидоне мисли доъиш намедиҳанд? Чаро худ силоҳ ба даст намегиранд?

2 – Бисёрӣ аз уламои Ислом алайҳи муфсидони доъиш эъломи ҷиҳод кардаанд ки ба василаи он бисёри аз мафосиди онҳо дафъ шуда. Чаро аллома Хуросонӣ сукут кардаанд?

3 – Бархӣ мухолифон мегӯянд мавзеъи аллома Хуросонӣ дар муқобили қиём кунандагон мисли қоъидин дар муқобили муҷоҳидин аст ва бар тибқи Қуръони карим муҷоҳидин бар қоъидин фазилат доранд. Посухи аллома Хуросонӣ ба ин афрод чист?

4 – Иқдоми амалии мавриди назари аллома Хуросонӣ барои зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (а) чигуна ва ба чи шакл аст?

5 – Чи тавр мешавад афроде ки бо пайравии огоҳона аз уламо барои дафъи фасод ва дифоъ аз ҷону мол ва номуси мусалмонон бо муфсидоне мисли доъиш меҷанганд ва кушта мешавадн шаҳид набошанд? Агар чунин набошад ҳатто ҷони аллома Хуросонӣ ҳам дар хатар хоҳад буд.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 29/11/2015

Лутфан ба ин теъдод аз мухолифони эҳсосӣ ва бебасират ки бинобар қоъидаи яҳудӣ «إِنْ أُوتِيتُمْ هَٰذَا فَخُذُوهُ وَإِنْ لَمْ تُؤْتَوْهُ فَاحْذَرُوا ۚ» (Моъида/ 41), ҳаргоҳ чизе аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро меписанданд ба ӯ мегароянд ва ҳаргоҳ чизе аз он ҳазратро намепазиранд ба <<Теъдоде аз мухолифони ӯ>> табдил мешаванд, бифармойед:

Аввалан аҳкоми Ислом монанди ҷиҳод, на тобеъи аҳвоъи нафсонӣ ва қиёсҳои заннӣ ва ваҳмии ин Зайди маслакон аст ва на мубтанӣ бар эъломи <<Бисёрӣ аз уламо>> ки худ бо парастиши тоғут ва кетмони оёти Худованд дар гузашта, сабаби пайдоиши <<Муфсидонӣ мисли доъиш>> шудаанд ва акнун ба пайравӣ аз ҳокимони золими худ ва барои ҳифзи манофеъи онон, муқаллидони ҳаяҷонзада ва чашму гӯш бастаи худро ваъдаи шаҳодат медиҳанд ва равонаи ҷанг мекунанд, бал тобеъи амр ва наҳйи Худованд ва мубтанӣ бар китоби Ӯ ва суннати Паёмбари Ӯст ки дар сираи аҳли байти Паёмбараш таҷаллӣ ёфта ва танҳо мустамсаки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст.

Сониян иддаъои онки <<Аллома Хуросонӣ изни ҷиҳод ва шаҳодат алайҳи муфсидоне мисли доъиш намедиҳанд>> ё <<Дар баробари онон сукут кардаанд>>, кизби маҳз ва бӯҳтони мубин аст; Чароки эшон борҳо ва ба рӯшанӣ дар баробари доъиш мазеъ гирифта ва ҷиҳод бо муфсидоне монанди ононро воҷиб шумурда ва сазои аъмолашонро ин донистааст ки <<Кушта шаванд ё ба дор овехта шаванд ё дастҳо ва поҳошон ба хилофи ҳам бурида шавад ё аз замин ронда шаванд>> (Бозгашт ба Ислом, с314) Ва фармудааст: <<Ман агар дар замин тамаккун ёбам, ононро ба сазои аъмолашон хоҳам расонд>> (Ҳамон, с314), бо ин тафовут ки эшон ҷиҳодро на танҳои бо доъиш, балки бо ҳамаи муфсидон воҷиб медонад ва ҷиҳод бо бархӣ муфсидон дар зери парчами муфсидонӣ дигарро ҷойиз намедонад; Чунонки фармудааст: <<Салби ҳокимият аз золим барои вогузоштани он ба золимӣ дигар ҷойиз нест; Чароки ин кор мухолифат ва муқобила бо золим шумурда намешавад, балки ибқоъи ӯ дар суратӣ дигар аст>> (Ҳамон, с69). Аз инҷо дониста мешавад ки муроди он бузургвор аз некуҳиши ҷанг кунандагон бо доъиш дар зери парчами доъишиҳои дигар, найҳ аз ҷиҳод бо доъиш нест, бал амри ба ҷиҳоди машрӯъ бо онон аст ки ҷуз дар маъияти раҳбарӣ одил ва мустақил аз ҳокимони золим ва дар пайи заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, мумкин нест ва ин мубтанӣ бар мабнои он бузургвор дар боби <<Зарурати иқомаи кулли Ислом>> аст ки иқомаи ҷузъе аз Ислом будани иқомаи сойири аҷзоъи онро бефоида, балки хатарнок медонад, на ба ин маъно ки ҳамон ҷузъ низ бояд тарк шавад, бал ба ин маъно ки сойири аҷзоъ низ бояд иқома шаванд.

Солисан сираи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ҳамаи заминаҳо мушобеҳи сираи аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва бо ин васф, аҷиб нест ки ба иттиҳомотӣ мушобеҳи онон муттаҳам мешавад. Ба унвони намуна, муттаҳам шудани он ҳазрат ба тарки ҷиҳод ва пайвастан ба қоъидин, мушобеҳи муттаҳам шудани имом Алӣ ибни Ҳасан ба он аст; Чунонки ривоят шудааст Аббоди Басрӣ дар роҳи Макка ба он ҳазрат гуфт: «يَا عَلِيَّ بْنَ الْحُسَيْنِ! تَرَكْتَ الْجِهَادَ و صُعُوبَتَه و أَقْبَلْتَ عَلَى الْحَجِّ و لِينَتِهِ! إِنَّ اللَّه عَزَّ وجَلَّ يَقُولُ: <إِنَّ اللَّهَ اشْتَرَىٰ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ أَنْفُسَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ بِأَنَّ لَهُمُ الْجَنَّةَ ۚ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَيَقْتُلُونَ وَيُقْتَلُونَ ۖ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ وَالْقُرْآنِ ۚ وَمَنْ أَوْفَىٰ بِعَهْدِهِ مِنَ اللَّهِ ۚ فَاسْتَبْشِرُوا بِبَيْعِكُمُ الَّذِي بَايَعْتُمْ بِهِ ۚ وَذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ>»; <<Эй Алӣ ибни Ҳасан! Ҷиҳод ва сахтии онро тарк кардӣ ва ба ҳаҷ ва осонӣ рӯй овардаӣ, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: <Ҳароин Худованд аз мӯъминон ҷонҳо ва молҳояшонро харид дар изои инки барояшон Биҳиҳш бошад, дар роҳи Худованд меҷанганд, пас мекушан ва кушта мешаванд, ваъдаи ростин бар ӯ дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон ва чи касе аз Худованд ба аҳди худ вафодортар аст?! Пас ба доду ситаде ки бо Ӯ кардед шодмон бошед; Чароки он пирӯзии бузург аст> (Тавба/ 111)>>! Он ҳазрат фармуд: «أَتِمَّ الآيَةَ» <<Ояро комил кун>>! Аббод гуфт: «التَّائِبُونَ الْعَابِدُونَ الْحَامِدُونَ السَّائِحُونَ الرَّاكِعُونَ السَّاجِدُونَ الْآمِرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَالنَّاهُونَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَالْحَافِظُونَ لِحُدُودِ اللَّهِ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ»; <<Бозгашт кунандагон, ибодат кунандагон, ситойиш кунандагон, саёҳат кунандагон, рукӯъ кунандагон, суҷуд кунандагон, амр кунандагони ба маъруф ва наҳй кунандагон аз мункар ва нигоҳ дорандагони ҳудуди Худованд ва мӯъминонро башорат деҳ>> (Тавба/ 112)! Он ҳазрат фармуд: «إِذا ظَهَرَ هٰؤُلاءِ لَمْ نُؤْثِرْ عَلَى ٱلْجِهادِ شَيْئاً»; <<Ҳаргоҳ чунин касоне пайдо шаванд чизеро бар ҷиҳод тарҷиҳ намедиҳем>> (Ал-Кофӣ, ҷ5, с22; Таҳзибул аҳком, ҷ6, с134). Бадин сон сойири аъиммаи аҳли байт низ ба ҳамин иттиҳом муттаҳам шуданд; Чунонки ривоят шудааст Абдулмалик ибни Амр пас аз инки имом Ҷаъфар ибни Муҳаммад аз ҷиҳод бо кофирон дар лашкари золимон наҳй фармуд, ба он ҳазрат гуфт: «إِنَّ الزَّيْدِيَّةَ يَقُولُونَ لَيْسَ بَيْنَنَا و بَيْنَ جَعْفَرٍ خِلَافٌ إِلَّا أَنَّه لَا يَرَى الْجِهَادَ»; <<Зайдиҳо мегӯянд миёни мо ва Ҷаъфар ихтилофе вуҷуд надорад ҷуз инки ӯ мӯътақид ба ҷиҳод нест>>! Он ҳазрат бо таъаҷҷуб фармуд: «أَنَا لَا أَرَاه؟! بَلَى واللَّهِ إِنِّي لأَرَاهُ ولَكِنْ أَكْرَهُ أَنْ أَدَعَ عِلْمِي إِلَى جَهْلِهِمْ»; <<Ман мӯътақид ба ҷиҳод нестам?! На ба Худо савганд, ман мӯътақид ба он ҳастам, вале намехоҳам илми худро ба хотири ҷаҳли онон во гузорам>> (Ал-Кофӣ, ҷ5, с19; Таҳзибул аҳком, ҷ6, с127). Ин ҳамон рӯйкарди аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва рӯйкарди шогирдони аввали мактаби онон Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст ва бо ин васф, ҳар кас иттиҳоми Аббоди Басрӣ ба Алӣ ибни Ҳасан ва иттиҳоми Зейд ба Ҷаъфар ибни Муҳаммадро ба Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ворид мекунад, посухи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба ӯ ҳамин посухи Алӣ ибни Ҳасан ва Ҷаъфар ибни Муҳаммад аст.

Робиъан касоне ки дар лашкари золимон ва зери парчами ҳокимони гуногун бо доъишиён меҷанганд, тафовути чандоне бо доъишиён надоранд; Чароки агар доъишиён шаҳодатайн мегӯянд ва намоз мегузоранд ва рӯза мегиранд ва бо ангезаи ҷиҳод, аз бархӣ тоғутҳои минтақа фармон мебаранд ва барои тасбити ҳокимият ва таъмини манофеъи раҳбари худ мекушанд ва кушта мешаванд, касоне ки бо онон меҷанганд низ монанди онон шаҳодатайн мегӯянд ва намоз мегузоранд ва рӯза мегиранд ва бо ангезаи ҷиҳод, аз бархӣ тоғутҳои минтақа фармон мебаранд ва барои тасбити ҳокимият ва таъмини манофеъи раҳбари худ мекушанд ва кушта мешаванд. Бо ин васф, тафовуте миёни он ду дар назди Худованд ва авлиёъи Ӯ вуҷуд надорад, ҷуз инки доъишиён ибтидо ба ҷанг кардаанд ва дар замин фасод меангезанд ва бо ин васф, аз дигарон гумроҳтар ва ситамкортаранд, вале ин муҷаввизе барои ҷанг бо онон дар лашкари золимон ва зери парчами ҳокимони гуногун нест; Чароки чунин ҷанге агарчи бо тоғут аст, дар роҳи Худованд шумурда намешавад балки дар роҳи тоғут аст ва бо ин васф, касоне ки дар он кушта мешаванд, шаҳид нестанд. Оре, ҷанг бо доъишиён танҳо дар лашкари Мансур ва зери парчами сиёҳи ӯ ки парчами заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст ҷойиз аст ва ҳар ҷанге бо онон дар суфуфӣ дигар, ниҳоятан ба суди золимон тамом хоҳад шуд ва пояҳои ҳукумати тавоғитро маҳкам хоҳад кард.

Хомисан иқдоми амалии аллома Хуросонӣ барои сохтани заминаи зуҳури Маҳдӣ, тобеъӣ аз кайфият ва каммияти ҳимояти мусалмонон аз ин бузургвор аст. Тавзеҳ онки агар мусалмонон, монанди шумо ва дӯстонатон ба гуна ва андозаи кофӣ аз ин бузургвор ҳимоят накунанд, ба маънои он аст ки ҳанӯз барои зуҳури Маҳдӣ омодагӣ пайдо накардаанд ва бо ин васф, зуҳри он ҳазрат барои онон бар хилофи ҳикмат аст, вале агар онон бар хилофи шумо ва дӯстонатон, ба гуна ва андозани кофӣ аз ин бузургвор ҳимоят кунанд, эшон ҳамаи иқдомоти лозим барои сохтани заминаи зуҳури Маҳдиро мутобиқ бо мабно ва манҳаҷҷе ки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> табйин фармудааст, анҷом медиҳад ва умед меравад ки битавонад он ҳазратро барои зуҳурӣ ба мавқеъ ва муваффақ мутақоъид созад ва тавфиқашон танҳо аз ҷониби Худованд аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
2
Нависандаи
таълиқ:
Ёсин
Тарихи
таълиқ:
17/03/2016

Дар ҷавоби ин ҷуҳҳол ки чаро аллома изни ҷиҳод намедиҳанд?! Ҳар чанд ҷавобашон дода шуда, аммо гузашта аз инҳо банда дар Эрон байни мардум зиндагӣ мекунам ва монанди хеле аз мардум шоҳид ҳастам ки иддаи зиёде ки ба ҷиҳод мераванд аз рӯӣ фақр ва нодорӣ аст ки дар як моҳ масалан ҷиҳод, як сол ҳуқуқи коргарӣ насибашон мешавад ва агар дар ин роҳ кушта шаванд хонаводаяшон ба унвони хонаводаи шаҳид сабт шуда ва ҳар моҳ ҳуқуқе дарёфт мекунанд. Лизо ҷавонҳо аксаран ба тамаъ ва аз рӯӣ надорӣ ба ҷанг бо доъиш мераванд, на ба хотири инки ҳукумати Эрон бар ҳақ аст. Ҷавони бекор ва фақиреро мешиносам ки чаҳор нафарро бо дастфурӯшӣ идора мекунад ва аз Ислом танаффур дорад ва барои ҷанг дар Сурия сабти ном кардааст! Чаро? Чун ду се бор басоташро шаҳрдорӣ ҷамъ кард ва ҳар рӯз ӯро азият мекунад ва ҷарима мекунад ва дар нафрат аз Ислом ба ин ҷавон кӯмаки зиёде мерасонад. Бо таваҷҷуҳ ба инки агар як сол дар ҷанги Сурия бо доъиш тоқат биёварад онгоҳ даҳ сол дар Эрон дастфурӯшӣ бидуни музоҳимат карда ва агар аз ҳарҷ бар худам ва обурӯи бандаи Худо ҳаросе надоштам, бо мустанад каломамро ба даҳони мунтақидони аллома мезадам то дигар чунин ироди саросар мутаноқиз ва авомфиребонаеро бар алломаи бузургвор нагиранд ва то охирин дам аз ҷиҳод гап назананд. Агар ҷиҳоде вуҷуд дошта бошад, дар рикоби валии Худост ва халифаи Худо аввал бо касоне ҷиҳод менамояд ки мухолиф ва мункар, балки ғосиби ҷойгоҳи халифаи Худо ҳастанд на бо куфр ки худро мунтасаб ба  халифаи Худо намедонанд ва иддаъое ҳам надоранд.

Дар посух ба мудофеъони ҳарам ва касоне ки аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ирод мегиранд ки чаро эшон худ силоҳ ба даст намегиранд то ба ҷиҳод бо доъиш ва ба дифоъ аз ҳарам бираванд низ мегӯям:

Аввалан силоҳи илм ва далилиу бурҳони эшон ки аз Қуръон ва суннати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, бар ҳар кас ки гӯши шунаво ва чашми бино дорад аз хуршеди оламтоб фурузонтар аст ва пӯшида нест. Пас эшон мусаллаҳ аз ҳар мусаллаҳе ҳастанд. Магар дар назари касоне ки ивази синахез рафтан бар рӯӣ барфҳо ба ёрии ин бузургвор, сарашонро ҳамчунин кабк зери барф кардаанд ва намехоҳанд ҳақиқатро бубинанд ва ёриаш кунанд.

Сониян инки аллома Мансури Хуросонӣ дар ин қаҳатӣ, ёрони андаки худро фидои дару девори ҳараме бикунад ки бинобар бархӣ ривоёт, пас аз зуҳури мавлоямон Маҳдӣ арвоҳуно фидо, худи он ҳазрат дастури тахриби онҳоро медиҳад то тибқи аҳкоми Ислом ва хоста ва меъмории худи он ҳазрат таҷдид бино шавад, ба ҳеҷ ваҷҳ оқилона нест. Маълум аст ки эшон ҳифзи ҳарамро бартар аз ҳифзи ҷони мавлояш намедонад; Бар хилофи шахсияти аввали Эрон оқоӣ Хумайнӣ ки ҳифзи низомро бартар аз ҳифзи имом Маҳдӣ арвоҳуно фидо медонист!! Оё хуни мусалмонони Сурия ва сойири кишварҳо аз хуни имом Маҳдӣ рангдортар аст ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бихоҳад ба хотири дифъо аз хуни онҳо ба хуни халифаи Худо хиёнат бикунад ва ҷамъи қалили ёрони мудофеъи ҷони имом Маҳдиро барои дифоъ аз дару девори ҳарам ба хатар бияндозад?!! Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки зиёданд касоне ки бо ангезаҳои сиёсӣ ё иқтисодӣ ё бархӣ ангезаҳои дигар ба дифоъ аз хуни мусалмонони Сурия ё дифоъ аз дару девори ҳарам мепардозанд, вале ҷуз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва ёрони андакаш ҳеҷ кас нест ки ба фикри дифоъ аз хуни имом Маҳдӣ бошад.

Солисан чи тазмине ҳаст ки баъд аз шаҳодати Мансури Ҳошимӣ ва ёронаш дар ҷанг бо доъиш, мувоҷаъ ва бузургони мунҳарифашон ки дар андаруниҳои дафотир ва хонаҳояшон фақат фатво медиҳанд ва шамшери мардуми бечораро барои ҷиҳод бо доъиш тез мекунанд, бо ҳамин фатвоҳояшон шамшерҳоро бар алайҳи имом Маҳдӣ ки дигар Мансур ҳам надорад тез накунанд ва ғайбати он ҳазратро ба садҳо соли дигар ақаб наяндозанд?! Ҳамон гуна ки ин уламои мунҳариф дар расонаҳояшон аз фавойиди ғайбат сухан мегӯянд ва ивази бетобӣ ва дард аз набуди ҳазрат, мардумро ба баҳра берун аз ғайбати он ҳазрат ташвиқ мекунанд!

Ин уламо ки даъвати Мансур ба ёрии имом Маҳдиро кар шудаанд ва намешунаванд ва як калима дарборааш ҳарфе намезананд, забонашон барои ёрии давлати Сурия як метр дарозтар шудааст ва бо фатвои ҷиҳод дар роҳи низоми Эрон ва ҳампаймонони он аст, худро олим ва масъул дар баробари ҷаҳони Ислом тасаввур мекунанд! Дар ҳоле ки ҳамин уламо агар ҷиҳодеро ҳам воҷиб медонанд, бояд ҷиҳод барои ёрии имом Маҳдиро воҷибтар бидонанд ва мардуму муқаллидонашонро ба ёрии Мансур даъват бикунанд то бо таҳаққуқи зуҳури ҳазрат ба аҳаде на танҳо дар Сурия балки дар Офриқо, Амрико ва Ингилис ва тамоми кураи хокӣ зулме нашавад. Поёнпазирии зулмҳо фақат бо зуҳури таҳур имконпазир аст, на бо дифоъ аз дару девори ҳарами Зайнаби кубро саломуллоҳи алайҳо ё кохи Башорул Асад ва амсоли онҳо.

Дар охир ҳам мутазаккир мешавам ки чаро мардуми Сурия ва сойири билод, халифаи Худоро танҳо гузоштаанд то ба онҳо зулм бишавад?? Мусалламан ё падаронашон муқассиранд ё худашон ки ба роҳи падаронашон мераванд ва ҷони халифаи Худо, Башорул Асадҳоро бар сари кор овардаанд. Дар ҳар сурат муқассири зул ва ситам ва хунрезӣ дар билод, Мансури Хуросонӣ ва Маҳдии Фотима нестанд.

Ҳар чанд ман  ва мо то дар пешгоҳи Ҳақ Таъоло худро насохтаем ва қалби халифаи Ӯро хушнуд накардаем ва ба ёрии заминасози зуҳураш синахез бар рӯӣ барфҳо нашитофтаем, худро дар ҳар зулм ва ситам дар кураи замин шарик медонем ва бар худ меларзем ки накунад дар қиёмат моро ба хотири кӯтоҳӣ дар худсозӣ ва ёрӣ нарасондан ба халифаи Худо барои барпойии ҳукумати адли Илоҳӣ азоб кунанд ва шарики зули ҷабборон ба ҳисоб оваранд.

Аз ҳавсалаи шумо бузургворон бисёр сипосгузорам.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?