Сешанбе 22 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 23 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 3 Коди пурсиш: 76
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми ҷиҳод, дифоъ ва ҳиҷрат

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/11/2015

Суъолоти дигаре тақдим мегардад:

1- Оё куштани аносури доъиш бидуни изни шаръӣ ҷойиз аст?

2- Оё анҷоми амалиёти истишҳодӣ ҷиҳати муқобила бо амалиёти интиҳории доъиш ҷойиз аст?

3- Назари аллома Хуросонӣ дар мавриди ҳамалоти ахири доъиш ба кишварҳои ғайри мусалмон назири Фронса чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 23/11/2015

Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:

1 . Куштани ҳеҷ кас бидуни изни шаръӣ ҷойиз нест ва мурод аз изни шаръӣ, изни халифаи Худованд дар замин аст. Оре, дар срате ки золиме –хоҳ аз доъиш бошад ва хоҳ аз ғайри доъиш– ба милки мусалмоне дарояд то ҷон ё номуси ӯро бигирад, барои ӯ ҷойиз аст ки ба ҳар наҳви мумкин дифоъ кунад ва агар худаш ба танҳойи мутамаккин аз дифоъи вай набошад, барои соири мусалмонон ҷойиз аст ки ӯро дар ин кор ёрӣ кунанд, вале дар сурате ки золиме бар золимӣ дигар хуруҷ кунад то ҳукумати ӯро барандозад ва ҳукумати худро ҷойгузини он созад, барои мусалмонон ҷойиз нест ки якеро бар дигарӣ ёрӣ кунанд, магар онки ҳокими золим, мусалмон ва хуруҷ кунандаи бар ӯ ғайри мусалмон бошад; Чароки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَمِعْتُ ٱلْمَنْصُورَ یَقُولُ: إِذا رَأَیْتُمْ جَبّارَیْنِ یَقْتَتِلانِ بِرَمْلٍ فَذَرُوهُما یَحْثُو أَحَدُهُما عَلَی ٱلْآخَرَ حَتّیٰ یَهْلِکَ ٱلْأَعْجَز! قُلْتُ: أَرَأَیْتَ إِنْ کانَ أَحَدُهُما مِنَ ٱلشِّیعَةِ وَ ٱلْآخَرُ مِنَ ٱلسُّنَّة؟ قالَ: ذَرُوهُما! قُلْتُ: أَرَأَیْتَ إِنْ کانَ أَحَدُهُما مُسْلِماً وَ ٱلْآخَرُ یَهُودِیّاً؟ قالَ: إِذا کانَ ذٰلِکَ فَأَعِینُوا ٱلْمُسْلِمَ لِکَیْلا یَغْلِبَ عَلَیْکُمْ ٱلْیَهُودِيُّ فَیَسُبَّ نَبِیَّکُمْ وَ یُحْرِقَ کِتابَکُمْ وَ یَهْدِمَ مَساجِدَکُمْ»; <<Шунидам ҳазарти Мансур мефармояд: Ҳаргоҳ ду ҷабборро дидед ки рӯйи регҳо бо ҳам меситезанд раҳошон кунед ки бар рӯйи ҳам хок бипошанд то он гоҳ ки нотавонтар нобуд шавад! (Яъне дахолат накунед;) Гуфтам: Назаратон чист агар яке аз он ду шиъа ва дигарӣ суннӣ бошад? Фармуд: Раҳошон кунед, гуфтам: Назаратон чист агар яке аз он ду мусалмон ва дигарӣ яҳудӣ бошад? Фармуд: Агар ин гуна буд мусалмонро ёрӣ кунед то яҳудӣ бар шумо чира нашавад ки ба паёмбаратон иҳонат кунад ва китобатонро оташ занад ва масоҷидатонро вайрон намояд>>!

2 . Кушати худ ба ҳамроҳи куштани душман, амалӣ ҷоҳилӣ ва ғайри Исломӣ аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُهُ عَنِ ٱلْمُسْلِمِ یَحْمِلُ فِي جَیْبِهِ ناسِفَةً فَیَرْمِي حَتّیٰ إِذا نَفِدَتْ سِهامُهُ وَ قَرَبَ مِنْهُ ٱلْکافِرُ فَجَّرَها فَقَتَلَهُ وَ قَتَلَ نَفْسَهُ، قالَ: هٰذا مِنْ عَمَلِ ٱلْجاهِلِیَّةِ کانَ إِذا أُحِیطَ بِأَحَدِهِمْ فِي ٱلْحَرْبِ یُنادِي: ٱقْتُلُونِي وَ فُلاناً فَیَقْتُلُهُ وَ یَقْتُلُ نَفْسَهُ! فَمَکَثَ هُنَیْئَةً ثُمَّ قالَ: ما أَلْفٌ مِنَ ٱلْکُفّارِ بِرَجُلٍ مِنَ ٱلْمُسْلِمینَ فَلا تَفْعَلُوا»; <<Аз он ҳазрат дар бораи мусалмоне пурсидам ки дар геребони худ бамбе ҳамл мекунад, пас тир меандозад то он гоҳ ки тирҳояш ба поён мерасад ва кофир ба ӯ наздик мешавад, пас бамбро мунфаҷир мекунад ва ӯро мекушад ва худро низ (бо ӯ) мекушад, фармуд: Ин аз аъмоли ҷоҳилият аст, ҳангоме ки ба яке аз онон дар ҷанг иҳота мешавад овоз медод: Манро бо фалонӣ бикушед, пас ӯ ва худро бо ҳам мекушад! Дар ин ҳангом каме даранг кард ва сипас фармуд: Ҳазор тан аз кофирон ба як тан аз мусалмонон намеарзад, пас ин корро накунед>>!

3 . Ибтидо ба ҷиҳод ҷуз бо изни халифаи Худованд дар замин ҷойиз нест.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?