Шанбе 19 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 20 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 75
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми ҳиҷоб, никоҳ ва равобити ҷинсӣ

Нависандаи пурсиш: Ҳакимӣ Тарихи пурсиш: 19/11/2015

Мардӣ шиъа ки соҳиби фарзанд намешавад, сарпарастии як духтари дусоларо бо ризояти падари ӯ бар ӯҳда гирифта ва барои инки дар оянда ба ӯ маҳрам бошад, ӯро бо ризояти падари ӯ ба муддати як соъат ба ақди никоҳи падари худ даровардааст. Ҳол ки духтар ба синни булуғ расида, барои падархонда тардид пайдо шуда ки ақди никоҳи духтар бо падари ӯ саҳиҳ буда ва сабаби маҳрамият шудааст ё на? Ва агар сабаби маҳрамият нашуда, чигуна метавон духтарро ба ӯ маҳрам кард то ниёзе ба ҳифзи ҳиҷоб аз ӯ надошта бошад, бо таваҷҷуҳ ба инки духтар, ӯро падари худ медонад? Зимнан падари духтар ва падари падархонда ҳарду дар қайди ҳаёт ҳастанд ва ҳамсари падархонда, холаи духтар маҳсуб мешавад.

Лутфан назари ҳазрати аллома Хуросониро дар ин бора бифармойед.

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 21/11/2015

Духтархондаи мард ҳеҷ гоҳ духтари ӯ намешавад ва бо ин унвон аз ӯ ирс намебарад, агарчи ӯро падар биномад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَمَا جَعَلَ أَدْعِيَاءَكُمْ أَبْنَاءَكُمْ ۚ ذَٰلِكُمْ قَوْلُكُمْ بِأَفْوَاهِكُمْ ۖ وَاللَّهُ يَقُولُ الْحَقَّ وَهُوَ يَهْدِي السَّبِيلَ» (Аҳзоб/ 4); <<Ӯ фарзандхондагони шуморо фарзанди шумо қарор надода, он фақат сухани шумо бо даҳонҳотон аст, дар ҳоле ки Худованд ҳақро мегӯяд ва роҳро нишон медиҳад>>. Бо ин ҳол, духтаре ки ба ақди никоҳи падари падархондаи худ даромада, ба падархондаи худ маҳрам аст, машрут ба инки ақди никоҳи ӯ, мутаъораф ва ба манзури таматтуъ аз ӯ агарчи дар ҳадди назар ба ӯ барои лаззат буда бошад, на ғайри мутаъораф ва сирфан ба манзури маҳрам шудани падархонда ба ӯ; Чароки мақсуд аз ақди никоҳ дар шаръ ва урф, ҷавози таматтуъи завҷайн аз якдигар аст ва ҳусули маҳрамият аз осори он шумурда мешавад ва бо ин васф, ақди никоҳе ки қасди таматтуъи завҷайн аз якдигар бо ҳеҷ сурате дар он вуҷуд надорад, ғайри шаръӣ ва ғайри ақлонӣ аст ва табъан муҷиби маҳрамият намешавад; Хусусан дар мавриди мазкур ки таматтуъи завҷайн аз якдигар ақлан ё шаръан мутаъаззир аст ва ин зоҳири сухани Худованд аст ки мефармояд: «وَلَا تَنْكِحُوا مَا نَكَحَ آبَاؤُكُمْ مِنَ النِّسَاءِ إِلَّا مَا قَدْ سَلَفَ ۚ إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَمَقْتًا وَسَاءَ سَبِيلًا» (Нисоъ/ 22); <<Ва бо касоне аз занон ки падаронатон никоҳ карданд никоҳ накунед магар чизе ки гузашт; Чароки он корӣ зишт ва нописанд ва роҳӣ бад аст>>, бо таваҷҷуҳ ба инки мутабодир аз он заноне ҳастанд ки ба наҳви мутаъораф ва барои таматтуъ ба никоҳи падарон даровардаанд ва лафзи <<Нисоъ>> дар урф ва луғат аз духтаракони ноболиғ инсироф дора ва асли назар адами ҳусули маҳрамият аст ва адами маҳрамият истисҳоб мешавад ва бо ин васф, чунин никоҳе дар ҳукм лағв аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ ٱلْمَنْصُورَ عَنْ مُتْعَةِ ٱلنِّساءِ فَقالَ: أَقُولُ فِیها کَما قالَ ٱبْنُ عَبّاسٍ -یَعْنِي أَنَّها حَلالٌ، قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَزْعُمُونَ أَنَّها مَنْسُوخَةٌ! قالَ: إِنَّها مِنَ ٱلْقُرْآنِ وَ ٱلْقُرْآنُ لا یُنْسَخُ بِٱلسُّنَّةِ! أَما قَرَأْتَ قَولَهُ تَعالیٰ: <فَمَا اسْتَمْتَعْتُمْ بِهِ مِنْهُنَّ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ>؟! ثُمَّ قالَ: لا یُتَزَوَّجُ مُتْعَةً مَنْ لا یُسْتَمْتَعُ بِها لِصِغَرِها، قُلْتُ: أَرَأَیْتَ إِنْ تَزَوَّجَها لِتُحَرِّمَها عَلَی ٱبْنِهِ أَوْ أَبِیهِ أَیَحِلُّ لَهُ ذٰلِکَ؟ قالَ: لا تُحَرِّمُها حَتّیٰ یَتَزَوَّجَها لِیَسْتَمْتِعَ بِها»; <<Аз ҳазрати Мансур дар бораи мутъаи занон пурсидам, пас фармуд: Дар бораи он монанди чизеро мегӯям ки Ибни Аббос гуфт –яъне ҳалол аст, гуфтам: Онҳо мепиндоранд ки он насх шудааст! Фармуд: Он аз Қуръон аст ва Қуръон бо суннат насх намешавад! Оё сухани Худованди баландмартабаро нахондаи ки мефармояд: <<Пас заноне ки мутъа мекунед, маҳрашонро ба унвони як фариза ба онон бипардозед>> (Нисоъ/ 24)?! Сипас фармуд: Касе ки ба хотири хурдсолиаш аз ӯ таматтуъ бурда намешавад, никоҳи мутъа намешавад, гуфтам: Назаратон чист агар ӯро никоҳ кунад то ӯро ба писар ё падари худ маҳрам созад, оё ин кор барои ӯ ҳалол аст? Фармуд: Ӯро маҳрам намесозад то он гоҳ ки бо ӯ ба қасди таматтуъ аз ӯ никоҳ кунад>>.

Оре, дар сурате ки падари падархондаи духтарро бо изни валии ӯ, ба қасди таматтуъ аз ӯ бад аз расиданаш ба синни булуғ, давоман ё барои муддате ки одатан дар он болиғ мешавад никоҳ кунад, никоҳи ӯ саҳиҳ аст ва муҷиби маҳрамияти ӯ ба падархондааш мешавад, агарчипас аз расиданаш ба синни булуғ ва пеш аз таматуъ аз ӯ, талоқаш диҳад ё муддатеро ба ӯ бибахшад. Ҳамчунин, дар сурате ки падари падархонда, духтарро пас аз расиданаш ба синни камол, ба манзури таматтуъ аз ӯ никоҳ кунад, никоҳи ӯ саҳиҳ аст ва муҷиби маҳрамияти ӯ ба падархондааш мешавад, ҷуз онки дар ин сурат беҳтар аст таматтуъи мавриди назарро пеш аз ҷудоии ӯ анҷом диҳад ва масалан ба мӯйи ӯ бингарад ё дасти ӯро ламс кунад то аз никоҳи сурӣ ҷилавгирӣ шавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُهُ عَنِ ٱلرَّجُلِ یَعْقِدُ عَلَی ٱمْرَأَةٍ لِیُحَرِّمَها عَلَی ٱبْنِهِ أَوْ أَبِیهِ لا یُرِیدُ غَیْرَ ذٰلِکَ، قالَ: لَیْسَ لَهُ ذٰلِکَ حَتّیٰ یَنالَ مِنْها ما یَحِلُّ لِزَوجِها، قُلْتُ: أَیَکْفِیهِ أَنْ یَغْمِزَ یَدَها أَوْ یَنْظُرَ إِلیٰ شَعْرِها وَ بَدَنِها؟ قالَ: یَکْفِیهِ»; <<Аз он ҳазрат дар бораи марде пурсидам ки занеро ақд мекунад то ӯро бар писар ё падари худ маҳрам кунад ва қасде ҷуз ин надорад, фармуд: Ин барои ӯ нест то он гоҳ ки аз ӯ ба чизе бирасад ки барои шавҳари ӯ ҳалол аст, гуфтам: Оё барои ӯ кофӣ аст ки дасти ӯро бифишорад ё ба мӯй ва бадани ӯ бингарад? Фармуд: Барои ӯ кофӣ аст>>.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Ҳакимӣ
Тарихи
таълиқ:
21/11/2015

Бо таваҷҷуҳ ба назари ҳазрати Мансур, чанд сқъоли муҳим пеш омадааст ки истидъо дорам посух бифармойед:

Аввал инки оё падари падархондаи духтар метавонад ӯро бидуни иттилоъи худи духтар никоҳ кунад? Бо таваҷҷуҳ ба инки иттилоъи духтар дар ин синни булуғ, табаъотӣ руҳӣ ва отифӣ барои ӯ дорад.

Дуввум инки оё ҳузури падари ҳақиқии духтар барои никоҳи ӯ бо падари падархонда воҷиб аст бо таваҷҷуҳ ба инки муътод аст ва ҳузури ӯ мушкилоте эҷод мекунад?

Севвум инки фарзан ин маҳрамият ба тартибе ки ҳазарти Мансур фармудаанд ҳосил шавад, оё бо издивоҷи доъими духтар бо фардӣ дигар, маҳрамияти ӯ бо падархондааш аз байн меравад?

Чаҳорум инки баъд аз гузар аз ҳамаи ин мароҳил, духтар бояд дар оянда издивоҷ кунад. Оё барои издивоҷаш шаръан воҷиб аст ки падари ҳақиқиаш ҳозир бошад ё ҳузури падархондааш кифоят мекунад? Чун зоҳир шудани падари ҳақиқиаш бо таваҷҷуҳ ба эътиёд ва ҳолати номуносибе ки дорад, ба обурӯ ва ояндаи духтар садама мезанад.

Панҷум инки фарзан бишавад ҳамаи ин чизҳоро барои ҳамеша пинҳон нигаҳ дошт ва ҳатто номи фомили духтарро иваз кард ва шиносномаи ӯро ҳам тағйир дод. Оё асосан ин кор дуруст ва ҷойиз аст ва муҷиби иштибоҳ дар насл ва насаб намешавад? Ба таври куллӣ назари Ислом дар бораи фарзандхондагӣ бо лиҳози ин табаъоте ки дорад чист?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 21/11/2015

Посухи пурсишҳои шумо ба тартибе зер аст:

1 . Ақд иборат аз эҷоби як тараф ва қабули тарафи дигар аст ва бо ин васф, як тараф наметавонад ҳам эҷоб ва ҳам қабулро анҷом диҳад. Бинобарин, қабули духтар барои инъиқоди никоҳ, зарурӣ аст ва он бидуни огоҳии ӯ аз эҷоби падари падархонда имкон надорад. Оре, падари духтар дар сурате ки сафиҳ набошад ва маслиҳати духтар ташхис диҳад, метавонад эҷоби падари падархондаро аз тарафи духтар қабул кунад; Чунонки Худованд фармудааст: «قَالَ إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ إِحْدَى ابْنَتَيَّ هَاتَيْنِ عَلَىٰ أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمَانِيَ حِجَجٍ ۖ» (Қасас/ 27); <<(Шуъайб ба Мӯсо) гуфт ман мехоҳам яке аз ду духтарамро ба никоҳи ту дароварам дар изои онки ҳашт сол баро ман муздурӣ кунӣ>> Ва вармудааст: «إِلَّا أَنْ يَعْفُونَ أَوْ يَعْفُوَ الَّذِي بِيَدِهِ عُقْدَةُ النِّكَاحِ ۚ» (Бақара/ 237); <<Магар онки занон (маҳрро) бибахшанд ё марде ки ақди никоҳ ба дасти ӯст бибахшад>>; Ҷуз онки дар ин сурат, таматтуъи падари падархонда аз духтар бидуни огоҳии ӯ аз ақди никоҳ холӣ аз ҳарҷ нест, магар инки дар ҳадди назар ба мӯй ё рӯйи ӯ дар ҳийни ғафлат бошад.

2 . Барои никоҳи духтар, изни падари ӯ кофӣ аст ва ҳузураш дар макони ақд зарурат надорад.

3 . Маҳрамияти падархонда ба духтар, пас аз заволи завҷияти ӯ бо падари падархонда, аз байн намеравад.

4 . Барои никоҳи духтар, изни падараш зарурӣ аст ва изни падархондааш кифоят намекунад, вале агар таҳсили изни падараш –агарчи бидуни ҳузури ӯ дар макони ақд– уср ва ҳараҷ ё мафсадаи байни дошта бошад, ризояти духтар барои инъиқоди никоҳ кофӣ аст; Ҷуз онки дар ин сурат падар метавонад никоҳро пас аз огоҳӣ аз он, ҳаргоҳ бар хилофи маслиҳати духтар бошад, нақз кунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: هَلْ یَحِلُّ لِلْعَذْراءِ أَنْ تَتَزَوَّجَ بِغَیْرِ إِذْنِ أَبِیها؟ قالَ: لا و لا کَرامَةَ، قُلْتُ: وَ إِنْ کانَتْ رَشِیدَةً؟ قالَ: وَ إِنْ کانَتْ رَشِیدَةً، قُلْتُ: فَإِنْ تَزَوَّجَتْ بِغَیْرِ إِذْنِ أَبِیها فَتَریٰ أَنَّ زَواجَها باطِلٌ؟ قالَ: لا إِلّا أَنْ تَزَوَّجَتْ بِغَیْرِ کُفْوٍ وَ جاءَ أَبُوها یُخاصِمُها فَلَهُ أَنْ یَنْقُضَ ٱلنِّکاحَ»; <<Ба ҳазрати  Мансур арз кардам: Оё барои бокира ҳалол аст ки бидуни изни падараш издивоҷ кунад? Фаруд: На ва арзише надорад, гуфтам: Агарчи рашида бошад? Фармуд: Агарчи рашида бошад, гуфтам: Пас агар бидуни изни падараш издивоҷ кунад, издивоҷи ӯро ботил медонед? Фармуд: На, магар онки бо ғайри куфъ издивоҷ кунад ва падараш бояд ва бо ӯ мухосима кунад, пас (падараш) метавонад никоҳро нақз кунад>>.

Бо ин васф, никоҳи бокира бидуни изни падараш, дар сурате ки рашид бошад, ҳаром аст, вале ботил нест.

5 . Сарпарастӣ аз кӯдаке ки дорои падар ва модар аст, ваҷҳе надорад, магар инки падар ва модараш ба сабаби узре қодир ба сарпарастӣ аз ӯ набошанд ё ба сабаби айбе аҳлияти онро надошта бошанд ва дар ин сурат, бар сарпараст воҷиб аст ки кӯдакро пас аз расидан ба синни тамйиз, аз падар ва модараш огоҳ кунад; Чунонки Худованд фармудааст: «ادْعُوهُمْ لِآبَائِهِمْ هُوَ أَقْسَطُ عِنْدَ اللَّهِ ۚ» (Аҳзоб/ 5); <<Ононро ба номи падаронашон бихонед, он назди Худован одилонатар аст>> Ва бо ин васф, бехабар нигоҳ доштани кӯдак аз падар ва модараш ҷойиз нест; Ҳамчунонки мансуб кардани ӯ ба худ ҳаром аст ва барои ӯ маҳрамият ва саҳиме аз ирс эҷод намекунад. Албатта сарпарастӣ аз кӯдакони бесарпараст бо риъояти ин аҳком, ишколе надорад, балки кори бисёр писандидае аст; Чунонки Худованд фармудааст: «وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْيَتَامَىٰ ۖ قُلْ إِصْلَاحٌ لَهُمْ خَيْرٌ ۖ وَإِنْ تُخَالِطُوهُمْ فَإِخْوَانُكُمْ ۚ» (Бақара/ 220); <<Аз ту дар бораи ятимон мепурсанд, бигӯ сомондиҳӣ ба онон беҳтар аст агар бо онон (дар зиндагитон) омехта шавед, бародарон (ва хоҳарони динии) шумо ҳастанд>>.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
2
Нависандаи
таълиқ:
Муҳаммадзода
Тарихи
таълиқ:
05/12/2015

Бо арзи хаста набошед. Барои яке аз наздикони банда мушкилӣ шаръӣ пеш омадааст ва ба сабаби ошнойии эшон бо китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> аз ман хостаанд ки назари ҳазрати алломаро дар ин хусус бипурсам.

Хонандае ҳастам ки ба сабаби надоштани фарзанд, духтар бачаеро ба фарзандӣ қабул кардаанд, аммо аз онҷо ки синни кӯдак аз даврони ширхорагӣ гузаштааст ва ҳамчунин падари падархонда ҳам дар қайди ҳаёт намебошанд, ҳеҷ як аз роҳҳои фиқҳи барои маҳрам шудани духтар ба падархондааш вуҷуд надорад. Оё метавон дар ин маврид аз тариқӣ дигар мушкили маҳрамиятро ҳал намуд? Лутфан дар ин хусус бандаро роҳнамойи кунед.

Бо ташаккур

Посух ба таълиқи: 2 Тарихи посух ба таълиқ: 06/12/2015

Агар падархонда писаре медошт, метавонист духтарро бо риъояти шуруте ки дар боло зикр шуд, ба никоҳи писараш дароварад то бо ӯ маҳрам шавад; Чунонки Худованд дар зикри маҳорим фармудааст: «وَحَلَائِلُ أَبْنَائِكُمُ الَّذِينَ مِنْ أَصْلَابِكُمْ» (Нисоъ/ 23); <<Ва писаронатон ки аз пушти шумо ҳастанд>>, вале дар фарзи пурсиш ки падархонда фоқиди фарзанд аст ва падараш аз дунё рафтааст ва духтархонда дар синни ширхӯрдан нест, роҳе барои маҳрам шудан надорад ва бо ин васф, бар духтархонда пас аз булуғ воҷиб аст ки аз падархонда ҳиҷоб бигирад ва бар падархонда воҷиб аст ки аз ламси духтархонда ва назар ба ӯ ҷуз дар ҳадди даст ва рӯй ё дар мавориди зарурат бипарҳезад.

Аз инҷо дониста мешавад ки шойиста аст касоне ки мехоҳанд духтар ё писареро ба фарзандхондагӣ багиранд, нахуст дар бораи аҳком ва табаъоти он дар  Ислом иттилоъ ҳосил кунанд то худро аз рӯӣ бехабарӣ дар сахтӣ қарор надиҳанд ва агар шайтон ононро ба ғафлат андохт ва аз рӯӣ беиттилоъӣ дар сахтӣ қарор гирифтанд, бойиста аст ки бар он сабр пеш гиранд ва тақво пеша кунанд то Худованд ба онон подош диҳад; Чароки Худованд ба ҳар чи анҷом медиҳанд огоҳ аст ва бозгашташон ба сӯӣ Ӯст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?